Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XVIII. АНДРЕА КАВАЛКАНТӢ
Граф Монте-Кристо ба меҳмонхонае даромад, ки Батистен кабудаш номида буд; он ҷо ӯро ин дам ҷавонмарди ниҳоят хушлибосе нигарон буд, ки ним соат қабл аз ин фойтуни дучархае оварда дами дарвозаи ҳавлӣ фуроварда будаш.
Батистен бе заҳмат шинохт ӯро; ин маҳз ҳамон ҷавонмарди қоматбаланди малламӯи ришаки сурхинамӯдору сияҳчашми пусти баданаш сап–сафеде буд, ки қиёфаи зоҳириашро ба Батистен хоҷааш тасвир карда буд. Дар ҳамон дақиқае, ки граф дохили меҳмонхона гардид, ҷавонмард рӯи дивани сербари пасте беэътино дороз кашида, бо хотири парешон бо асочаи заринқубба тап–тап ба попӯшаш мезад.
Даромадани Монте-Кристоро пай бурда, зуд аз ҷой бархост ӯ.
– Граф Монте–Крисо? – суол кард ӯ.
– Оре, – ҷавоб гардонд граф, – ман ҳам, аз афташ, шарафмандам, ки бо виконт Андреа Кавалкантӣ гуфтугӯ дорам?
– Бо виконт Андре Кавалкантӣ, – такрор кард ҷавонмард, лоқайдона таъзим намуда.
– Дар дасти шумо ба унвони ман бояд номае бошад? – пурсид Монте-Кристо.
– Ман аз барои имзояш ёд накардам аз он, ин имзо ба назарам хеле тааҷҷубовар намуд.
– Синдбоди Дарёгард, ҳамин тавр не?
– Комилан дуруст. Азбаски ман ба ҷуз Синдбоди Дарёгарди «Ҳазору як шаб» чунин ном доштани дигар касеро нашунидаам...
– Охир ин яке аз авлоди ҳамон Синдбод аст, дӯстам, сарватмандтарин шахсе, худаш ингилист аст, турфа одаме, қариб ки ақлбохта; номи воқеиаш лорд Уилмор.
– Ҳа, акнун ҳамааш фаҳмо, – гуфт Андера. – Акнун ҳамааш ба таври аҳсан рост меояд. Ин ҳамон марди ингилис аст, ки бо ӯ шинос шуда будам ман... дар,.. ҳа, бисёр хуб... Граф, ба хидмати шумо омадаам ман.
– Агар он чи аз шуниданаш шарафмандам ман, ба ҳақиқат рост ояд, – гашта гуфт бо табассум граф, – дар он сурат умед дорам, шумо хабар додани баъзе тафсилоти раҷеъ ба худ ва ақрабоятонро рад намекардагистед.
– Бо камоли майл, граф, – ҷавоб гардонд ҷавонмард бемалол, ки аз мустаҳкамии қувваи ҳофизааш шаҳодат медод. – Ман, чунон ки худатон гуфтед, виконт Андреа Кавалкантиам, писари майор Бартоломео Кавалкантӣ, аз насли ҳамон кавалкантиҳое, ки дар китоби зарини Флоренсия сабт ёфтааст. Хонадони мо ҳоло ҳам хеле сарватман аст, зеро падарам молики ниммиллиона даромади солона аст, вале дучори бисёр бадбахтиҳо шудааст, худи маро, даме ки панҷ, ё шашсола будам, мураббии хориҷии хоине дуздида будааст ва понздаҳ соли расо волиди худамро надидаам. Аз бозе, ки ба сини балоғат расидам, аз бозе, ки озодаму фақат ба худам вобастаам, ман дар ҷусуҷӯи ваям, аммо баръабас. Инак мактуби дӯсти шумо Синдбод ба ман иттилоъ дод, ки ӯ дар Париж аст ва ба ман иҷозат додааст ки барои дарак ёфтан аз ӯ ба шумо рӯ оварам.
– Дар воқеъ, ҳар он чи шумо гуфта истодаед, ниҳоят шавқангез аст, – гуфт граф, ба ҷавонмарди густохи ҳусни ҷамолаш ким–чӣ хел иблисвор бо қаноатмандии дардолуд нигариста. – Шумо кори хуб кардед, ки ба маслиҳати дӯсти ман Синдбод амал намудед, зеро падаратон ин ҷост ва шуморо ҷустуҷӯ дорад.
Граф, аз лаҳзае ки вориди меҳмонхона гардида буд, аз ҷавонмард чашм барнамедошт; ӯ аз нигоҳи мутмаини вай ва қатъияти овозаш ба шавқ омад, вале ҳангоми ба забон омадани алфози ниҳоят табиие чун «падаратон ин ҷост ва шуморо ҷустуҷӯ дорад» Андреа парида хесту нидо дардод:
– Падарам! Падари ман ин ҷост!
– Бадеҳист, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – падари шумо майор Бартоломео Кавалкантӣ.
Даҳшате ки дар чеҳраи ҷавонмард нақш баста буд, дар они воҳид барҳам хӯрд.
– Ҳа, дуруст, – гуфт ӯ, – майор Бартоломео Кавалкантӣ. Хӯш шумо мегӯед, граф, падари азизи ман ин ҷост?
– Бале, тақсир. Зиёда аз ин, ман навакак бо ӯ сӯҳбат доштам; ҳар он чи вай роҷеъ ба писари дилбандаш, ки муддатҳо пеш гум карда будааст, ҳикоят кард, маро ба риққат овард, ҳаққо ки азобу машаққати ӯ, ҳароси ӯ, орзую умеди ӯ метавонад як достони муассиреро ба амал оварад. Инак боре ба ӯ расондаанд, ки дуздони писараш ба ивази маблағи ҳангуфте баргардондани ӯ ё хабар додани ҷояшро пешниҳод кардаанд. Вале ҳеч чиз падари хушмеҳрро боздошта натавонистааст; ин маблағ ба сарҳадди Пйемонт ба онҳо фиристода мешавад ва ҳамроҳи маблағ шиносономаи қайднок барои Итолиё. Шумо, аз афташ, он вақт дар ҷануби Фаронса будаед?
– Оре, граф, – ҷавоб гардонд бо қиёфаи андаке хиҷолатомез Андреа, – оре, ман дар ҷануби Фаронса будам.
– Шуморо дар Ниттса фойтуне бояд нигарон мешуд?
– Комилан дуруст: фойтун маро аз Ниттса ба Генуя расонд; аз Генуя ба Турин, аз Турин ба Шамбери, аз Шамбери ба Пон–де–Бовуазен, аз Пон–де–Бовуазен ба Париж.
– Бисёр хуб! Ӯ доимо умедвор буд, ки дар роҳ ба шумо вомехӯрдагист; зеро низ бо ҳамон роҳ меомад, ана барои чӣ сафари шумо низ чунин тарҳ шуда буд.
– Лекин, – гӯшрас кард Андреа, – агар падари азизам ба ман рӯбарӯ мешад ҳам, гумон дорам, ки маро шинохта наметавонист; аз он даме ки мо аз дидори ҳам дур афтодем, ман хеле тағйир ёфтам.
– Лекин бӯи устухон чӣ! – гуфт Монте-Кристо.
– Ҳа, дуруст, – ҷавоб гардонд ҷавонмард, – бӯи устухон аз гумонам нагузаштааст.
– Лекин фақат як чиз боиси ташвиши маркиз Кавалкантӣ аст, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – мана чист он: дар давраи фурқат бо ӯ ба чӣ кор машғул будед? Ғосибонатон чӣ муомилае доштанд бо шумо? Оё он эҳтиромеро, ки насабатон тақозо мекунад, ба ҷо меоварданд ё не? Дар асари азобу шиканҷаи рӯҳонии шумо, ки аз азоби ҷисмонӣ сад карат сангинтар аст, оинаи истеъдоди фитриатон ки атои табиат аст, оё зангоре пайдо накардааст ва оё шумо худатонро ба ишғол кардани он мақоми олие, ки мустаҳиқ ҳастед, қодир медонед ё не?
– Ман умед дорам, тақсир, – ба саросемагӣ афтода ғурунгос зад ҷавонмард, – ки ҳеч гуна маълумотномаи бардурӯғ...
– Э не! Ман бори нахуст дар бораи шумо аз забони дӯстам Уилмори башардӯст чизе шунида будам. Ӯ ба ман гуфт, ки шуморо дар вазъи ноҳинҷоре ёфтааст, намедонам чӣ гуна вазъ; ман пурсу ҷӯ карда нашиштам, – одати кунҷковӣ надорам ман. Модом ки ба шумо раҳмаш омадааст, аз ин мебарояд, ки дар аҳволи шумо ягон ҷиҳати шоистаи дилсӯзӣ будааст. Ӯ гуфт, мехоҳад ба шумо дар ҷомиаи ашроф он мавқеъро барқарор кунад, ки маҳрум гаштаед ва падаратонро ҷустуҷӯ мекунад ва меёбад ӯро; ӯ ба ҷустуҷӯи он кас даромад ва, зоҳиран, ёфтааст, зеро ин ҷост падаратон: ниҳоят, дирӯз вай аз расидани шумо огоҳ кард маро ва роҷеъ ба амволи шумо баъзе супоришҳо дод – ҳамин вассалом. Ман медонам, ки дӯстам Уилмор ҷудо одами ғалатист, вале азбаски дар айни замон марди мӯътамад ва кони тилло барин пурсарват аст, аз ин мебарояд, ки имкони аз муфлис шудан натарсида худдонамӣ кардан дорад, бинобар ин ман қавл додам, ки тибқи фармудааш кор кунам. Акнун, тақсир, аз шумо хоҳиш мекунам, ки аз суолам наранҷед: азбаски ман вазифадор ҳастам андаке пуштибонӣ кунам ба шумо, мехостам бидонам, оё мусибатҳоятон – мусибатҳое, ки на ба айби худатон пеш омадааст ба шумо ва ҳаргиз эҳтироми маро нисбат ба шумо намекоҳонад, – шуморо аз он доирае, ки сарвату номатон ҳуқуқ медиҳад дар он мавқеи намоёне ишғол бикунед, андаке бегона накардаанд?
– Аз ин ваҷҳ комилан осуда бошед, тақсир, – ҷавоб гардонд ҷавонмард, ки то гапашро гуфта тамом кардани граф боварӣ ба худаш барқарор шуда буд, – Дуздон, аз афташ, мақсад доштаанд, чунон ки дар воқеъ ин корро карданд, минбаъд гашта ба ӯ фурӯшанд маро; онҳо тахмин доштаанд, ки барои манфиати бештаре ба даст овардан аз ман онҳо набояд қимати маро коҳонанд, балки, агар имкон дошта бошад, онро бияфзоянд. Бинобар ин, ман таълимоти кироӣ кирифтам ва ин дуздон аз кӯдакӣ бо ман тақрибан ҳамон тавре рафтор карданд, ки ғуломдорони Осиёи Сағир бо асиронашон мекарданд, то ки аз онҳо олимони наҳвӣ, пизишк ва файласуф ба воя расанду қиматтар бифурӯшандашон.
Монте-Кристо қаноатмандона табассуме кард: аз афташ вай аз Андреа Кавалкантӣ ин қадарашро умедвор набуд.
– Воқиан, – давом дод суханашро Андреа, – агар дар ман баъзе нуқсонҳои тарбия ё, аниқтараш, одатҳои дар хури аҳли ин ҷаҳон асар дошта бошад, ман умед дорам, ки мусибатҳои дар кӯдакию навҷавонӣ аз сар гузарондаи маро ба инобат гирифта, нисбат ба ман саҳлгирӣ хоҳанд кард.
– Хайр чӣ, – бепарво гуфт Монте-Кристо, – табъи дилатон рафтор мекунед, виконт, – ин кори шахсии шумо ва танҳо ба худатон дахл дорад. Лекин бовар кунед, агар дар ҷои шумо мебудам ман, аз ин ҳама саргузаштҳо ҳарфе ба забон намеовардам; зиндагии шумо ба романе шабоҳат дорад, лекин ҷомиаи аъён, ки дилбастаи романҳои муқовазарданд, ба онҳое, ки зиндагӣ ба муқоваи тару тозаашон дар кардааст, чандон бовар надоранд, агар чи он чун муқоваи шумо зарандуд бошад ҳам, виконт; ба ягон кас воқеоти муассири зиндагиатонро фурсати ҳикоят кардан наёфта, мибинед, ки он дар шакли таҳрифшуда саросари Парижро фаро гирифтааст. Ба шумо лозим меояд аз худ Антоние тарошед, вале замони ин гуна Антониҳо гузашта рафт. Шояд шумо ҳисси кунҷковии дигаронро бедор кунед. Вале ин як дараҷа муваффақият меоварад ба шумо, аммо ҳадафи гапу калоча шудан на ба ҳар кас мефорад. Ин метавонад ба назари шумо дилгиркунанда намояд.
– Ба гумонам, шумо ҳақ астед, граф, – гуфт Андреа, – аз нигоҳи синчакоронаи Монте-Кристо ғайри ихтиёр рангаш канда, – ин боиси ташвиши ҷиддист.
– Не, аз паша фил сохтан лозим нест, – гуфт Монте-Кристо, – ба иштибоҳ роҳ надиҳам гуфта, ягон кори беақлонае кардан мумкин. Не, фақат бамулоҳиза рафтор кардан даркор, барои шумо барин ҷавони баақл ин аз он ҷиҳат ҳам кори саҳл хоҳад буд, ки созгори манофеи худатон аст. Ҳар он чи мубҳамие дар гузаштаи шумо пеш омаданаш мумкин аст, бо далелҳои шаҳодати дӯстони мӯътабар рад бояд кард.
Андреа, аз афташ, дар хиҷолат афтода буд.
– Ман–ку бо майли тамом ба шумо кафил мешудам, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – вале ман одати ба беҳтарин дӯстон шубҳа кардан ва ким–чӣ хел як зарурати дар замири дигарон ҳам шубҳа барангехтан дорам; бинобар ин, ман дар нақши худам намебудам, чунон ки ҳунарпешагони театр мегӯянд ва худро дар маърази тамасхур қарор медодам, инаш бошад, аз ҳад зиёд аст.
– Лекин, граф, – тасмим гирифт Андреа дар ҷавоби гапи МонтеКристо бигӯяд, – аз эҳтироми ба лорд Уилмор, ки маро тавсия додааст ба шумо...
– Оре, бадеҳист, – гуфт Монте-Кристо, – аммо лорд Уилмор аз ман пинҳон надоштааст, ки шумо ҷавонии андак ноороме ба сар бурдаед. Не, не, – гӯшрас кард граф, беқарории Андреаро пайхас карда, – ман аз шумо розгӯиро талаб надорам; воқиан, барои ҳамин ҳам падаратонро аз Лукка даъват кардаанд, ки шумо ба ҳеч каси дигаре эҳтиёҷманд нашавед. Шумо ӯро ҳозир мебинед; ӯ як марди андак қоқина, рафтораш андак ғайри табиӣ, вале ин – аз боиси либоси низомиаш ва ҳар гоҳ фаҳманд, ки ӯ ҳаждаҳ сол ин ҷониб дар қушунҳои австрӣ хизмат карда меояд, ӯро маоф медоранд: мо умуман ба мардуми австрӣ серталаб нестам. Хулласи гап, ҳамчун падар ӯ комилан марди шоиста аст, бовар бикунед ба гапам.
– Шумо маро хотирҷамъ карда истодаед, граф; ман ин қадар барвақт аз ӯ ҷудо афтодаам, ки ҳеҷ дар ёд надорамаш.
– Ва ғайр аз ин, медонед, сарвати зиёд касро водор мекунад ба бисёр чизҳо саҳлгирона нигарад.
– Хӯш падари ман воқиан ҳам сарватманд аст?
– Ӯ миллионер... даромади солонааш панҷсад ҳазор ливр.
– Аз ин мебарояд, ки, – бо умед пурсид ҷавонмард, – аҳволи ман хеле.. хуб мешудагист?
– Ниҳоят хуб мешавад, азизам, ӯ ба шумо соле панҷоҳ ҳазор ливр муқаррар кардааст, дар тамоми муддате, ки шумо дар Париж истиқомат мекунед.
– Ин тавр бошад, ман як умр ин ҷо зиндагӣ мекунам.
– Ҳм! Ба оянда кӣ зомин шуда метавонад, виконти азиз? Инсон тахмин мекунаду Худо таъйи.
Андреа оҳ кашид.
– Аммо ба ҳар ҳол, – гуфт ӯ, – то даме ки ман дар Парижам ва... то даме ки вазъият маро ба рафтан водор намекунад, ҳамин пуле, ки шумо ёдовар шудед, барои ман таъмин будагист?
– Бадеист.
– Аз ҳисоби падарам? – хавотир кашида фаҳмиданӣ шуд Андреа.
– Оре, лекин бо кафолати лорд Уилмор, ки бо хоҳиши падаратон, дар бонки ҷаноби Данглар, яке аз мӯътабартарин бонкдорҳои Париж, ба номи шумо ҳармоҳа қарзи панҷҳазорфранка кушодааст.
– Падари ман дар Париж дуру дароз истоданӣ бошад?
– Фақат чанд рӯзе, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо. – Вай хидматашро бештар аз ду–се ҳафта фуру гузошта наметавонад.
– Оҳ, падари меҳрубонам! – гуфт Андреа, аз ин рафтани батаъҷил ошкоро хурсанд шуда.
– Бинобар ин, – гуфт Монте-Кристо, тарзе вонамуд карда, ки тобиши ин суханонро пай набурдааст, – ман намехоҳам мулоқоти шуморо дигар ягон дақиқа ақиб партоям. Оё шумо ба оғӯш кардани мӯҳтарам ҷаноби Кавалкантӣ тайёр ҳастед?
– Умед дорам, ки шумо ба ин шубҳа намекардагистед?
– Хайр, ин тавр бошад, ба ин меҳмонхона гузаред, дӯстам: он ҷо шумо падари худро хоҳед ёфт, вай интизор аст шуморо.
Андреа ба граф таъзим карду ба меҳмонхона гузашт.
Граф ӯро бо нигоҳаш гусел карду даме ки вай баромад, фанар – пружинае, ки дар яке аз лавҳаҳои тасвир таъбия шуда буд, пахш кард; фанар аз чаҳорчӯба берун ғеҷида тарқише пайдо шуд, ки ҳар он чи дар меҳмонхона ба вуқӯъ мепайваст, имкони дидан медод.
Андреа дарро аз пасаш басту ба майор наздик шуд, ки баробари шунидани шарфаи по аз ҷой бархоста буд.
– Оҳ, падари меҳрубонам, – бо овози баланд гуфт Андреа, ба тарзе, ки граф аз паси дари баста шунида тавонад, – наход, ки ин шумо бошед?
– Ассалому алайкум, писари азизам, – бо лаҳни ҷиддӣ ба забон овард майор.
– Чӣ хушбахтист баъди ин қадар солҳои фироқ боз ба дидори ҳам расидан, – гуфт Андреа, ҷониби дар назар андохта.
– Дар ҳақиқат фироқи тӯлоние буд.
– Канор гирем якдигарро? – таклиф кард Андреа.
– Бифармоед, писарам, – ҷавоб гардонд майор.
Ва онҳо якдигарро бӯсиданд, он тавре, ки дар театри фаронсавӣ мебӯсанд: рухсораҳояшонро ба ҳам расонда. – Инак боз мо бо ҳам! – гуфт Андреа.
– Мо боз бо ҳам, – такрор кард майор.
– То ки ҳаргиз дигар ҷудо нашавем?
– Баръакс, писари азиз: охир барои шумо, ба хаёлам, Фаронса ин дам ватани сонӣ шудагист?
– Бояд иқрор бикунам, – гуфт ҷавонмард, – ки бисёр навмед мешудам, агар Парижро тарк кардан ба ман лозим меомад.
– Ман бошам, аз Лукка дур умр ба сар бурда наметавонистам. Бинобар ин, бо аввалин имконият ба Итолиё бармегардам ман.
– Лекин пеш аз рафтанатон, падари азиз, шумо, албатта, ҳуҷҷатҳоеро ба ман медодагистед, ки дар асоси онҳо ман насабамро собит карда тавонам?
– Ин бадеҳист: охир ман маҳз барои ҳамин омадаам ва ба чӣ душвориҳое ёфтам шуморо, то инҳоро диҳам ба шумо, бори дигар кардани ин кор аз имкон берун. Бақияи умрам сарфи ин кор мешуд.
– Ва он ҳуҷҷатҳо...
– Мана онҳо.
Андреа бо шавқи тамом чанг ба хати никоҳи падарашу шаҳодатномаи таваллуди худаш зад ва онҳоро тамоман бо ношикебоии писарвори табиӣ боз карда, бо нигоҳи тезу одатӣ ба ҳар ду санад чашм давонд, ки ин далели хеле таҷриба доштан, ҳамчунин ниҳоят манфиатдор буданаш буд. Даме ки хонда фуровард, чеҳрааш ба таври баённопазир бишкуфт ва ӯ бо табассуми ғалатие ба майор нигарист.
– Ана ин кор! – гуфт ӯ ба лаҳҷаи софи тосканӣ. – Читу, дар Итолиё каторга дигар вуҷуд надорад?
– Ин ба чӣ муносибат? – гуфт ӯ.
– Ба муносибати он, ки дар он ҷо бемалол чунин коғазҳоеро тартиб дода беҷазо мемондаанд. Барои нисфи чунин ҳуққаҳо, падари азизам, дар Фаронса шуморо ягон панҷ сол ба Тулон мефиристоданд, ки шамол хӯрда оед.
– Шумо чӣ гуфтед? – пурсид майор, ба худаш қиёфаи маҳобатноке доданӣ шуда.
– Азизам ҷаноби Кавалкантӣ, – гуфт Андреа, аз оринҷи майор гирифт, – ба шумо чанд пул медиҳанд, ки падари ман бошед?
Майор хост ҷавоб диҳад.
– Шш, – гуфт Андреа, овозашро паст карда, – ман ба шумо ибрат нишон медиҳам, ки бовар дошта бошед: ба ман дар як сол панҷоҳ ҳазор франк медиҳанд, то ман худамро писари шумо рост кунам; ба ҳамин тариқ, оё мефаҳмед, ман ҳеч майли рад кардан надорам, ки шумо падари манед.
Майор бо парешонҳолӣ ба атроф нигарист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё