Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Барои модари бечорааш! – зери лаб гуфт мусофири луккӣ, саъй кара, ки бо зӯрӣ гиряашро оварад, то бо оби дидаи зӯракӣ чашмонаш тар бишаванд.
– Вай то ҷое, ки ман дар ёд дорам, ба яке аз хонадонҳои номвари Итолиё мансуб будааст?
– Вай аз ашрофзодагони фйезолӣ буд, граф!
– Ва номаш?..
– Шумо майли донистани номаш доред?
– Э Худо, – гуфт Монте-Кристо, – метавонед нагӯед; номаш ба ман маълум аст.
– Ба ҷанобашон ҳама чиз маълум аст, – гуфт таъзим намуда мусофири луккӣ.
– Олива Корсинарӣ; ҳамин тавр нест?
– Олива Корсинарӣ!
– Маркиза?
– Маркиза!
– Ва, сарфи назар аз муқобилати аҳли оила, ба шумо оқибат бо вай хонадор шудан муяссар гардид?
– Оқибат муяссар гардид.
– Шумо ҳамроҳатон ҷамеи ҳуҷчатҳои заруриро овардагистед? – давом дод пурсишро Монте-Кристо.
– Чӣ гуна ҳуҷҷатҳо? – пурсид мусофири луккӣ.
– Охир хати никоҳу шаҳодатномаи таваллуди писарро.
– Шаҳодатномаи таваллуди писар?
– Шаҳодатномаи таваллуди Андреа Кавалкантӣ, писаратонро; магар номи ӯ Андреа нест?
– Ба хаёлам ҳамин тавр, – гуфт мусофири лукки.
– Яъне чӣ тавр ба хаёлатон?
– Медонед, ман ба тасдиқ кардани ин ҷуръат намекунам; аз гум шуданаш ин қадар муддат гузашт.
– Гапатон ҳақ – гуфт Монте-Кристо. – Лекин ҳуҷҷатҳо ҳамроҳатон будагист?
– Граф, ман бо дарду алам бояд ба арзи шумо расонам, азбаски аз зарурати таҳияи ин ҳуҷҷатҳо пешакӣ огоҳӣ наёфта будам, ғами ҳамроҳ овардани инҳоро нахӯрдаам.
– Ҷин занад! – гуфт Монте-Кристо.
– Магар ин ҳуҷҷатҳо ин қадар лозиманд?
– Заруранд!
– Мусофири луккӣ ҷабин хорид.
– А, рer Bacco! – гуфт ӯ. – Заруранд!
– Бадеҳист, яке ин ҷо аз хусуси он баъзе шубҳаҳо ба миён ояд, ки оё завҷияти шумо рост аст, таваллуди писаратан оё қонунист? – Гапатон ҳақ, шубҳа пайдо шуданаш мумкин.
– Ба писари шумо ин ҷудо ҳам нохуш мебуд.
– Ин барои вай зарбаи ҳалокатовар мебуд.
– Аз барои ҳамин вай аз арӯси арзандае маҳрум шуданаш мумкин.
– О, peccato!
– Дар Фаронса, оё медонед, ба ин масъала ҷиддӣ назар мекунанд; ин ҷо, мисли Итолиё мумкин нест назди марди рӯҳоние рафта изҳор кардан, ки «мо якдигарро дӯст медорем, никоҳ кунед моро».
Дар Фаронса никоҳ калисоӣ не, лекин барои никоҳи шаҳрвандӣ асноде лозим астанд, ки шахсияти касро собит гардонанд.
– Ана ноомади кор, ин гуна аснод надорам ман.
– Нағз, ки ин гуна аснодро ман дорам, – гуфт Монте-Кристо.
– Шумо?
– Бале.
– Аснод доред шумо?
– Дорам.
– Ана ин, лекин, – гуфт мусофири луккӣ, ки дид адами коғазҳо сафари ӯро як кори бемаънӣ мебарорад, хавф бурд, ки мабодо ин тақсир дар масъалаи чилу ҳашт ҳазор мушкилоте пеш наоварад, – ана ин, лекин, омади кор: охир ман дар ин бобат андеша ҳам накарда будам.
– Ҳа, албатта, бовар мекунам ба гапатон; кас ҳама чизро андеша кардан намегирад. Лекин ба бахти шумо, аббат Бузонӣ ғами инро хӯрдааст.
– Ҳай марҳами ҷон будааст ин аббат!
– Марди оқибатандеш.
– Марди арзанда, – гуфт мусофири луккӣ, – ва ба шумо фиристодааст он ҳуҷҷатҳоро?
– Мана онҳо.
Мусофири луккӣ ба нишони тараб, мисле ки ибодат мекарда бошад, дастонашро рӯи ҳам гузошт.
– Шумою Оилва Корсинарӣ дар калисои ҳазрати Павел дар Монте– Каттини никоҳ шудаетон; мана шаҳодатномаи кашиш.
– Оре, дар воқеъ, ана вай, – гуфт майор, – бо ҳайрат ба коғаз чашм давонда.
– Мана инаш шаҳодатномаи ғусли таъмиди Андреа Кавалкантӣ, ки кашише дар Сараветтс додааст.
– Корҳо баҷо, – гуфт майор.
– Ин тавр бошад, бигиред ин коғазҳоро, инҳо ба ман лозим не; ба писаратон диҳед инҳоро, дар дасти вай маҳфуз мемонанд коғазҳо.
– Набошад чӣ!.. Агар вай инҳоро гум кунад...
– Хайр? Агар инҳоро гум мекард чӣ? – пурсид Монте-Кристо.
– Хайр, ба он ҷо навиштан рост меомад, – гуфт мусофири луккӣ, – ва то навишта гирифтан хеле фурсат мегузашт.
– Ҳа, ин мушкил коре мебуд, – гуфт Монте-Кристо.
– Қариб ки номумкин, – ҷавоб гардонд мусофири луккӣ.
– Ман хеле хурсандам, ки шумо пурарзиш будани ин ҳуҷҷатҳоро мефаҳмед.
– Ман чунин меҳисобам, ки инҳо бебаҳоянду бас.
– Акнун, – гуфт Монте-Кристо, – вале дар бораи модари ҷавонмард...
– Вале модари ҷавонмард бошад... – бо хотири парешон такрор кард майор.
– Вале Маркиза Корсинарӣ...
– Э худоҷон! – гуфт мусофири луккӣ, ки аз таги пояш то рафт монеаҳои наве бармеомаданд, – наход ӯ ҳам лозим бишавад?
– Не, – гуфт Монте-Кристо. – Воқиан, охир вай... – Ҳа, ҳа, вай...
– Ҷон ба ҷаҳонофарин супурд.
– Дореғо, ҳа, – лаб монд мусофири луккӣ.
– Ман инро медонистам, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – даҳ сол мешавад, ки мурдааст вай.
– Ман ҳам то ҳол акш мерезам ба маргаш, – гуфт мусофири лукӣ, рӯмолчаи чорхонаеро аз кисааш баровардаю аввал чашми чап, баъди ҳамин чашми росташро пок карда.
– Чӣ метавон кард, – гуфт Монте-Кристо, – мо ҳама мирандаем. Акнун шумо мефаҳмед, азизам ҷаноби Кавалкантӣ, ки дар Фаронса понздаҳ сол боз шумо дар фироқи писар будед гуфтан ҳоҷат надорад. Ҳамаи ин ҳикояти лӯлиҳое, ки бачаҳоро медузданд, дар мо расм нест. Писари шумо дар як коллеҷи музофотие тарбият ёфтааст, вале ин дам шумо мехоҳед, ки вай таҳсили худашро дар миёни аъёни Париж анҷом диҳад. Бинобар ин ҳам шумо Виа–Реҷоро, ки баъд аз вафоти занатон зиндагӣ доштед, тарк намудед. Ҳаминаш тамоман кифоят аст.
– Гумони шумо чунин аст?
– Албатта.
– Дар он сурат ҳамааш баҷо.
– Агар ягон вақте дар бораи ин фурқат овоза паҳн шавад... – Хӯш чӣ мегӯям ман дар он сурат?
– Мегӯед, ки мураббии хоини ба душманони хонадонатон забон як карда...
– Яъне ба ҳамин Корсинарӣ?
– Албатта... кӯдакро дуздидааст, то ки авлоди шумо суқут кунад.
– Дуруст, охир вай писари ягона аст.
– Акнун, ки мо дар ҳар бобат ба як қарор омадем ва шумо ёддоштҳоятонро аз нав варақ задед ва ин ёддоштҳо дигар шуморо ба иштибоҳ нахоҳанд андохт, умед аст, пай бурдагистед, ки ман ба шумо хабари ногаҳоне расонданӣ ҳастам?
– Хабари хуш? – пурсид мусофири луккӣ.
– Мебинам, – гуфт Монте-Кристо, – ки чашму дили падарро фиреб додан мумкин набудааст.
– Ҳм! – ғурунгос зад майор.
– Ягон кас алакай ба шумо пукид ё аниқтараш, шумо пай бурдагистед, ки ӯ ин ҷост?
– Кӣ ин ҷо?
– Фарзанди шумо, писаратон, Андреаи худатон.
– Ман пай бурдам, – ҷавоб гардонд мусофири луккӣ бо хунсардии тамом. – Хӯш вай ин ҷост?
– Ҳамин ҷо, дар паҳлуятон, – гуфт Монте-Кристо, – даме ки маҳрами ман ба ин ҷо омада буд, аз омадани ӯ ба ман хабар дод.
– Бисёр нағз! Бисёр нағз! – гуфт майор, ҳар бори нидо задан сӯрохи тукмаҳои нимтанаашро ҳамвор карда.
– Азизам ҷаноби Кавалкантӣ, – гуфт Монте-Кристо, – изтироби шумо фаҳмост ба ман. Ба шумо фурсат додан даркор, ки ба худ оед; ғайр аз ин, мехостам ҷавонмардро низ ба ин дидорбинии саодатмандона омода созам; ба гумонам, ӯро ҳам, мисли худатон, бесабрӣ безобита мекардагист.
– Шубҳае надорам ба ин, – гуфт Кавалкантӣ.
– Хӯш ҳамин тавр, баъди ягон рубъи соат дар пешатон ҳозир мешавем.
– Чӣ, шумо ӯро ба назди ман меоред? Илтифотатон ба ҳамн дараҷа аст, ки мехоҳед худатон муаррифӣ кунед ӯро ба ман?
– Не, ман намехоҳам, ки дар миёни падару писар истам; лекин шумо хотирҷамъ бошед: аз устухон бӯй набарояд ҳам, шумо иштибоҳ нахоҳед кард: аз ҳамин дар медарояд вай. Ин як ҷавонмарди хушсурати малламӯ, ҳатто ки аз ҳад малламӯи хулқаш хуш; боз худатон хоҳед дид.
– Воқиан, – гуфт майор, – ман, медонед, ҳамроҳи худам фақат ду ҳазор франк доштам, ки онро ҳам тавассути аббат Бузонии некхисол гирифта будам. Як қисмашро дар роҳ сарф кардам ва...
– Ва ба шумо пул лозим... ин комилан табиист, азизам ҷаноби Кавалкантӣ. Мана ба шумо, барои баробар шудани ҳисоб, ҳашт коғази ҳазорфранкӣ.
Чашмони майор ёқути сурх барин дурахшид.
– Яъне ки ман боз чил ҳазор франк қарздор, – гуфт Монте-Кристо.
– Шояд, ҷанобашон хоҳиши забонхат гирифтан дошта бошанд? – пурсид майор, пулро дар кисабағали нимтанааш руст карда.
– Чӣ ҳоҷат? – гуфт граф.
– Хайр ҳамчу санади тавҷеҳкунанда ҳангоми ҳисобу китоб карданатон бо аббат Бузонӣ.
– Вақте ки чил ҳазор франки боқимондаро гирифтед, якбора як забонхат навишта медиҳед. Миёни мардуми покдил ин чораҷӯиҳо кори барзиёд аст.
– Бале, дуруст, миёни мардуми покдил, – гуфт майор. – Боз як даҳон гап, маркиз.
– Иҷозат медиҳед, ки андак маслиҳате диҳам ба шумо? – Набошад чӣ! Бифармоед!
– Бад намебуд, агар шумо аз баҳри ҳамин камзӯлатон мебаромадед.
– Ҷиддӣ мегӯед? – гуфт майор, ба сару танаш чашм давонда, ки аз мағрурӣ холӣ набуд.
– Оре, дар Виа–Реҷо ин гуна либосро ҳоло ҳам пӯшида мегарданд, аммо дар Париж, сарфи назар аз ҳама базебиаш, пӯшида гаштани ин сару либос кайҳо аз расмият баромадааст.
– Ин аламовар аст, – гуфт мусофири луккӣ.
– Хайр, агар ин бисёр маъқул бошад ба шумо, ҳангоми бозгашт боз мепӯшедаш.
– Лекин чӣ мепӯшам ман?
– Он чи дар ҷомадонҳои шумо ёфт мешавад.
– Чӣ хел ҷомадонҳо? Ман ҳамроҳи худ фақат як борхалтаи сафарӣ дорам.
– Ҳамроҳи худатон, бадеҳист. Бо чизу чораи барзиёд заҳмат додани худ чӣ маънӣ дорад? Илова бар ин сипоҳии куҳансол бо либоси тунук гаштанро хуш дорад.
– Ана бинобар ҳамин ҳам...
– Лекин шумо одами эҳтиёткор астед ва чизу чораатонро пешакӣ фиристодаед. Чизу чораатон дирӯз ба меҳмонсарои Шоҳзодагон, воқеъ дар кӯчаи Ришелйе расидааст, ки шумо он ҷо барои худатон манзил гирифтаед.
– Пас, дар ҷомадонҳо?
– Ман гумон мекунам, шумо фармоиш кардагистед, ки маҳраматон ҳама чизҳои заруриро дар ҷомадонҳо таҳ карда монад: ҳам пӯшоки низомию ҳам ғайри низомиатонро. Дар лаҳзаҳои махсусан бошукӯҳтар либоси низомӣ дар бар мекунед, ин хеле таассурот мебахшад. Нишонҳоятонро фаромӯш накунед. Дар Фаронса ба нишон ришханд мезананд, лекин ба ҳар ҳол овехта мегарданд.
– Нағз, нағз, нағз! – гуфт майор, то рафт ҳайраташ афзун шуда.
– Мана акнун, – гуфт Монте–Криста, – даме ки дилатон ба ҳаяҷону изтироби амиқе тобовар шуд, ҷаноби Кавалкантӣ, ба дидани писаратон Андреа омода бошед.
– Ва бо табассуми дилфиреб ба майори қалбаш мамлу аз шавқу тараб таъзим намуда, дар паси парда аз назар ғоиб шуд Монте-Кристо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё