Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XVII. МАЙОР КАВАЛКАНТӢ
Ҳам граф, ҳам Батистен омадани майори луккиро ба Албер хабар дода истода, ки ба баҳонаи ҳамин боздид Монте-Кристо ба наҳор даъват шуданашро рад кард, дурӯғ нагуфта буданд.
Навакак занги саоти ҳафт фурӯ кӯфта шуд ва аз он даме, ки Бертуччо ба иҷрои фармоиши граф ба Отейл баромада рафт, ду соат гузашта буд, ки дами дарвоза фойтунчие таваққуф карда, музтар шудагӣ барин, шахсеро фуроварду бетаъхир равон шуд; каси фуромада як марди тақрибан панҷоҳсолаи дар танаш яке аз он камзулҳои мардонаи сабзи бандакҳояш сиёҳе буд, ки зоҳиран, ҳаргиз дар Аврупо маъмул намешаванд. Меҳмон инчунин боз дар бар дошт: шалвори моҳути кабуди кушод, мӯзаи соқбаланди рангаш хира шуда бошад ҳам, ҳоло хеле нави зерчармаш, лекин, ҷудо ғафс, дастпӯшакҳои замша, кулоҳи шабеҳ ба каллапӯши аҳли жандармерия, гиребони сиёҳи мағзиаш сафед, ки қилодаи оҳанӣ гумон бурданаш мумкин буд, агар соҳибаш ихтиёран ба гардан намеандохт онро. Шахсе бо чунин пӯшоки аҷибу ғариб аз дами дарича занг зад, ҷӯё шуд, оё дар ҳавлии рақами 30–и кӯчабоғи Заминҳои Елесей граф Монте-Кристо истиқомат дорад ё не ва баъди ҷавоби мусбат додани ҳоҷиб аз дарича даромада онро аз пасаш басту ҷониби айвончаи дами дари хона равон шуд.
Батистен, ки пешакӣ аз тасвири қиёфаи зоҳирии меҳмон иттилоъ ёфта буду дар миёнсарой ӯро интизор меистод, аз рӯи каллаи хурдакаки борик, мӯи сари ба сафедӣ расида ва бурутҳои ғафси сапсафедаш шинохт ӯро, – ва ӯ фурсати номашро ба маҳрами ҷусту чобук гуфтан наёфта буд, ки алакай омаданаш ба арзи Монте-Кристо расонда шуд.
Марди аҷнабиро ба яке аз меҳмонхонаҳои аз ҳама одӣ дароварданд. Граф ин дам дар он ҷо нигаронаш буд ва табассумкунон ба истиқболаш пеш рафт.
– Ҳа, майори меҳрубон, – гуфт ӯ, – хуш омадед. Ман интизоратон будам.
– Наход? – пурсид мусофири луккӣ. – Ҷаноби воломақомӣ интизор буданд маро?
– Оре, ман огоҳӣ ёфта будам, ки шумо имрӯз соати ҳафт ба назди ман ҳозир мешавед.
– Ки ман ба назди шумо ҳозир мешавам? Огоҳӣ ёфта будед?
– Оре, маҳз ҳамин тавр.
– Боз беҳтар; рости гап, ман бим доштам, ки пеш гирифтани чунин эҳтиёткориро фаромӯш мекунам. – Кадом эҳтиёткориро?
– Огоҳӣ додани шуморо.
– Оҳ, не!
– Лекин шумо итминон доред, ки иштибоҳ намекунед?
– Итминон дорам.
– Ҷаноби воломақомӣ имрӯз соати ҳафт маҳз маро интизор буданд? – Маҳз шуморо. Воқиан, мо метавонем тафтиш кунем.
– Не, агар шумо маро нигарон бошед, – гуфт мусофири луккӣ, – дар ин сурат ҳоҷат надорад.
– Аммо барои чӣ, хӯш? – гашта гуфт Монте-Кристо.
Мусофири луккӣ андак музтариб ба назар расид.
– Гӯш кунед, – гуфт Монте-Кристо, – охир шумо маркиз Бартоломео Кавалкантӣ будагистед?
– Бартоломео Кавалкантӣ, – шодикунон такрор кард мусофири луккӣ, – комилан дуруст.
– Майори мустаъфии артиши австрӣ.
– Магар ман майор будаам? – кебида фаҳмидан хост сарбози куҳансол.
– Оре, – гуфт Монте-Кристо, – шумо майор будед. Он рутбае, ки дар Итолиё доштед шумо, чунин меноманд дар Фаронса.
– Хуб шудаст, ҷавоб гардонд мусофи луккӣ, – ба ман–ку, худатон мефаҳмед, фарқ надорад.
– Воқиан, ба ин ҷо шумо на бо майли худатон омадаед, – давом дод суханашро Монте-Кристо.
– Хайр, набошад чӣ!
– Шуморо фиристоданд ба назди ман.
– Оре.
– Марди меҳрубон аббат Бузонӣ?
– Бале, бале, – бо тараб нидо зад майор.
– Ва шумо ҳамроҳи худатон номае овардаед?
– Мана вай.
– Хӯш, ана дидед! Ин ҷо диҳед!
Ва Монте-Кристо хатро гирифт, мӯҳрашро бардошту бихонд. Майор бо чашмони аз косахонааш баромадаи ҳайратзада ба граф менигарист; нигоҳи ӯ бо кунҷковӣ хонаро давр мезаду якзайл баргашта ба соҳибхона қарор мегирифт.
– Ҳамон гуфтагии худам... аббат менависад... «майор Кавалкантӣ, асилзодаи номдори луккӣ. Авлоди Кавалкантиҳои флоренсӣ, – давом дод хонданро ба нома чашм давонда, Монте-Кристо, – соҳиби ним миллион даромади солона...»
Монте-Кристо аз нома чашм бардошту хам шуда таъзим кард.
– Ним миллион! – гуфт ӯ, ҷин занад, азизам ҷаноби Кавалкантӣ!
– Магар он ҷо ним миллион навишта шудааст? – пурсид мусофири луккӣ.
– Сареҳ навиштагӣ: бешак, ҳамин тавр будагист; аббат Бузонӣ аз тамоми сарватҳои ҳангуфти мардуми Аврупо аз ҳар каси дигар беҳтар огоҳӣ дорад.
– Хайр чӣ, бигузор ним миллоин бошад, – гуфт мусофири луккӣ, – лекин, ба виҷдонам, ман гумон надоштам, ки рақам ин қадар бузург мешавад.
– Барои он ки мубоширатон шуморо ғорат мекунад; чӣ метавон кард, азизам ҷаноби Кавалкантӣ, қисмати ҳамаамон ҳамин!
– Шумо чашми маро кушодед, – ҷиддан гӯшрас кард мусофири луккӣ, – нобакорро пеш кардан рост меояд.
Монте-Кристо хонданро давом дод: – «Барои саодати комил ба ин кас фақат як чиз намерасад».
– Э худоҷон, оре! Фақат як чиз! – гуфт оҳ кашида мусофири луккӣ.
– «Писари дилбандашонро ёфтан».
– Писари дилбанд!
– «Ки дар кӯдакӣ душмани хонадони наҷибаш ё лӯлиён дуздидаанд». – Дар панҷсолагиаш, тақсир! – гуфт оҳи сард кашида мусофири луккӣ, чашмонашро сӯи осмон карда.
– Падари сарсахт! – гуфт Монте-Кристо. Сипас хонданашро давом дод:
– «Ман дар дилаш умед ҷо кардам, умри тоза бахшидам ба ӯ, граф, бо хабари худам, ки шумо ба ёфтани писараш ёрӣ мекунед, писаре, ки инак понздаҳ сол боз баръабас кофту ков дорад».
Мусофири луккӣ бо ким–чӣ хел бесариштагие ҷониби МонтеКристо назар кард.
– Ман ин корро карда метавонам, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо. Майор қомат рост кард.
– Ҳа, – гуфт ӯ, – пас ҳар он чи дар хат ҳаст, рост будааст?
– Наход шумо ба ин шубҳа карда бошед, азизам ҷаноби Батртоломео?
– Не, не, ягон дақиқа ҳам! Наход ҳамту гӯед! Ҳамин хел одами ҷиддӣ, дорои рутбаи рӯҳоният, мисли аббат Бузонӣ, чунин шӯхиро ба шаъни худаш раво намедид, лекин шумо ҳоло на ҳамаашро хондаед, ҷаноби воломақом.
– Оҳ, ҳа, – гуфт Монте-Кристо, – дар ҳошия илова ҳам доштааст.
– Ҳа... – такрор кард мусофири луккӣ, – дар ҳошия илова...
– «Барои он, ки бо таҳвили пул аз як бонк ба бонки дигаре майор Кавалкантиро ташвиш надиҳед, ман барои харҷи роҳ ба ин кас ба ду ҳазор франк чек мефиристам ва чилу ҳашт ҳазор франкеро, ки шумо аз ман қарздор будед, ба маблағи ин кас таҳвил медиҳам».
Майор бо изитроби ошкоро хондани ин иловаро назора мекард.
– Хӯш, – гуфт граф.
– Ӯ ба ман гуфт, – ғурунгос зад мусофири луккӣ. – Аз ин ҷо...
граф... – давом дод ӯ.
– Аз ин ҷо чӣ? – пурсид Монте-Кристо.
Аз ин ҷо иловаи ҳошия...
– Чӣ иловаи ҳошия?..
– Чун мӯҳтавиёти дигари нома хайрхоҳона пазироӣ мешудагист?
– Бадеҳист. Ману аббат Бузонӣ ҳисобамонро худамон медонем; ман аниқ дар ёд надорам, ки маҳз чилу ҳашт ҳазор ливр қарздорам аз ӯ ё не, аммо фарқи чанд пулаке ба фоидаи ин ҷониб ё он ҷониб маро ба ташвиш намеорад. Чӣ, шумо ба ин иловаи ҳошия аҳамияти зиёд додед магар, азизам ҷаноби Кавалкантӣ?
– Бояд ба шумо иқрор кунам, – ҷавоб гардонд мусофири луккӣ, – ки ба имзои аббат Бузонӣ комилан умед баста, ман дигар пуле нагирифтам ҳамроҳи худам; бинобар ин, агар умеди ман бар ин маблағ барбод мерафт, ман дар Париж ба вазъияти ногуворе меафтодам.
– Монеде, магар шумо барин кас дар ягон ҷо ба вазъияти ногувор афтоданаш мумкин аст? – гуфт Монте-Кристо.
– Лекин агар одам ҳеч касро нашиносад... – гӯшрас кард мусофири луккӣ.
– Лекин шуморо мешиносанд ҳама.
– Ҳа, маро мешиносанд, бинобар ин...
– Гӯшам ба шумо, азизам ҷаноби Кавалкантӣ.
– Бинобар ин шумо ин чилу ҳашт ҳазор ливрро ба ман таслим мекардагистед?
– Бо аввалин дархости шумо.
Аз ҳайрат чашмони майор аз косахонааш баромад.
– Э, марҳамат карда, шинед шумо, – гуфт Монте-Кристо, ростӣ намедонам чӣ шуд ба ман... Як рубъи соат боз рост дошта истодаам шуморо.
– Маъзур доред!
Майор курсии нармро пеш кашиду нишаст.
– Иҷозат фармоед ягон чиз пешниҳод кунам ба шумо, – гуфт граф, – як қадаҳ херес, портвейн, аликанте?
– Аликанте, агар малол наояд; ин майи дилхоҳи ман аст.
– Бисёр нағзашро дорам ман. Як тика бисквит ҳам, ҳамту не? – Як тика бисквит ҳам, модом ки исрор доред шумо. Монте-Кристо занг зад. Батистен ҳозир шуд.
Граф наздаш рафт.
– Хӯш, читу?.. – пастакак пурсид ӯ.
– Ҷавонмард дар ҳамин ҷо, – ҳамчунин паст ҷавоб гардонд маҳрам. – Бисёр хуб; ба куҷо даровардедаш?
– Ба меҳмонхонаи кабуд, чунон ки ҷанобашон фармуда буданд.
– Бисёр нағз. Як шиша аликантею бисквит биёред.
Батистен баромад.
– Ростӣ, тақсир, – гӯшрас кард мусофири луккӣ, – ман хеле дар хиҷолатам, ки ин қадар ташвиш овардам ба шумо.
– Хайр, наход ҳамту гӯед! – гуфт Монте-Кристо.
Батистен майу қадаҳ ва бисквит дар даст гашта омад.
Граф як қадаҳро пур карду ба қадаҳи дуюм фақат чанд қатра аз ҳамон лаъли музоб, ки шиша ҳовии он буд, бирехт; шиша саросар пур аз тори анкабут ва ғайра нишонаҳое буд, ки ба қидами май, возеҳтар аз он, ки ожанги рӯ синни инсонро нишон медиҳад, далолат доштанд.
Майор бидуни он ки иштибоҳ карда бошад, қадаҳи пурро бардошту тиккаи бисквитро.
Граф ба Батистен амр кард, лаълиро дар паҳлуи меҳмон гузорад; меҳмон аввал базӯр майро ба лаб бурду баъд ваҷоҳати таҳсинкоронае зоҳир кард ва бо эҳтиёт бисквитро бо майи қадаҳ тар кард.
– Ҳамин тавр, тақсир, – гуфт Монте-Кристо, – шумо дар Лукка истиқомат доштед, марди сарватманде будед, асилзодаед, дар миёни мардум обруе доштед, ҳама эҳтироматон мекарданд, барои саодатманд будан чор ишкели буд доштед, ҳамту не?
– Ҳамин тавр, ҷаноби воломақом, – ҷавоб гардонд майор, бисквитро фурӯ бурда, – бе каму кост.
– Ва барои саодати комил ба шумо фақат як чиз намерасад?
– Фақат як чиз, – ҷавоб гардонд мусофири луккӣ.
– Ёфтани писаратон?
– Оҳ, – гуфт майори иззатманд, бисквити дуюмро бардошта, – ана ҳамин чиз ҷудо ҳам намерасад ба ман.
Ӯ сар боло карда ба осмон нигаристу зӯр зад оҳ кашад.
– Акнун бигӯед, азизам ҷаноби Кавалкантӣ. – гуфт Монте-Кристо, – ин чӣ гуна писар будааст, ки шумо дар фироқаш ин қадар сӯхтан доред? Охир ба ман гуфта буданд, ки шумо муҷаррадед.
– Инро ҳама гумон мекарданд, – ҷавоб гардонд майор, – худи ман ҳам...
– Оре, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – худи шумо ҳам ин овозаро рад накардаед. Ҷурми ҷавоние, ки шумо хостед панаҳ доред.
Мусофири луккӣ дар рӯи курсии нарм қоматашро рост карда, қиёфаи орому иззатмандонае гирифт ва дар айни ҳол хоксорона чашм ба замин дӯхт – маълум набуд, ки барои худро мутмаинтар ҳис кардан бошад ё ба доди хаёлоташ расидан мехоста бошад; дар айни замон бо қирраи чашм ба граф менигарист, ки табассуми дар лабонаш нақшбаста далели ҳамон кунҷковии хайрхоҳонаи собиқаш буд.
– Оре, тақсир, – гуфт ӯ, – ман хостам ин ҷурмро панаҳ дорам.
– Барои худатон набудагист, – гуфт Монте-Кристо, – ин ба номи мардҳо иснод намеоварад.
– Не, албатта, барои худам не, – гуфт майор, бо табассум калла ҷунбонда.
– Лекин барои модараш будагист, – гуфт граф.
– Барои модараш! – нидо зад мусофири луккӣ; бисквити сеюмро гирифта. – Барои модари бечорааш!
– Э нӯшед, марҳамат карда, азизам ҷаноби Кавалкантӣ, – гуфт Монте-Кристо, ба қадаҳи меҳмон бори дуюм аликанте рехта. – Аз ҳаяҷон нафасатон гашта истодааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё