Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо имрӯз, ба гумонам, фароғат доред; рафтем дар хонаи мо наҳор мехӯрем; мо тамоман як худамон мешавем, шумо, модарам ва ман. Шумо графиняро як назар дида будед; ин дам аз наздиктар бо ӯ шинос мешавед. Як занаки бисёр аҷоиб он кас ва ман фақат аз он афсус мехӯрам, ки дуюм ин хел зани ягон бист сол ҷавонтаре ёфт намешавад дар олам; савганд мехӯрам, ки анқариб, ғайр аз графиня де Морсер, боз виконтесса де Морсер ҳам арзи вуҷуд мекард. Падарамро намебинед шумо; имрӯз комиссия дорад ва наҳорро дар хонаи референдар мехӯрад. Рафтем, аз сайру саёҳат сӯҳбат мекунем. Шумо рӯи оламро дидаед, – аз саргузаштҳоятон сӯҳбат мекунед, воқиан саргузашти ҳамон албандухтари соҳибҷамолро, ки ҳамроҳатон дар Опера буд ва шумо канизакатон меномедашу чун бо шаҳбону муомила мекунед бо ӯ, ҳикоят мекунед. Мо ба итолиёӣ ҳарф мезанем, ба испанӣ. Э розӣ шавед–е! Графиня аз шумо миннатдор хоҳад буд.

– Ман бисёр миннатдорам аз шумо, – ҷавоб гардонд граф, – пешниҳоди шумо айни муддаост бароям ва ман бисёр афсус мехурам, ки онро пазируфта наметавонам. Шумо беҳуда гумон мекунед, ки ман фориғам: маро, баръакс, як мулоқоти ниҳоят муҳим дар пеш аст.

– Эҳтиёт бошед, навакак ба ман таълим додед, ки ҳар чи мумкин аст, аз зиёфати нохуш барҳазар бошам. Ба ман далел лозим аст. Ман, хушбахтона, Данглар барин бонкдор нестам, вале огоҳ мекунам шуморо: ман ҳам, мисли ӯ, нобоварам.

– Хӯш ман ба шумо далел пеш меоварам, – гуфт граф.

Ва ӯ занг зад.

– Лекин ин дафъаи дуюм аст, ки шумо дар ҳузури модарам наҳор хӯрданро рад мекунед, граф, – гуфт Морсер. – Аз афташ, шумо ба ин асосе доред.

Монте-Кристо як қад парид.

– Ман умед дорам, – ки шумо ин тавр гумон намекардагистед, – гуфт ӯ, – воқиан, ана далели ман омада истодааст.

Ба хона Батистен даромаду дами дар бозистод.

– Охир ман аз омадани шумо огоҳӣ наёфта будам, ҳамин тавр нест? – Кӣ медонад! Шумо ҳамин хел шахси фавқулъодае ҳастед, ки ман ба ин зомин шуда наметавонам.

– Ба ҳар ҳол, ман пешбинӣ карда наметавонистам, ки шумо маро ба наҳор хӯрдан даъват мекунед.

– Хайр, инаш, лекин, дуруст.

– Бисёр нағз. Гӯш кунед, Батистен, ҳамин саҳар ман шуморо ба хонаи корам даъват карда чӣ гуфта будам?

– Ҳар ки баъди соати панҷ ба назди ҷанобашон ояд, касе ки бошад, қабул накунам.

– Баъд чӣ?

– Лекин, граф... – сухан сар кард Албер.

– Не, не, ман ҳар чӣ бошад ҳам, мехоҳам, ки аз он шӯҳрати пурасроре, ки шумо, виконти меҳрубон, ба ман барбаст кардаед, халосӣ ёбам. Аз худ Манфред сохтан ҳамеша бисёр ғамангез аст. Ман мехоҳам дар пеши назари ҳамагон зиндагӣ бикунам. Хӯш баъд?.. Давом диҳед, Батистен.

– Баъд танҳо ҷаноби майор Бартоломео Кавалкантию писарашро қабул кунам.

– Шумо мешунавед: майор Бартоломео Кавалканти, зуриёти яке аз қадимтарин хонадонҳои итолиёӣ, ки ба пажӯҳиши номааш марҳамат карда, худи Данте машғул шудааст... чунон ки шумо дар ёд доред, ё, шояд, дар ёд надошта бошед, дар суруди даҳуми «Дӯзах»; ва ғайр аз ин, писарашро, ҷавонмарди бисёр дӯстрӯи ҳамсолҳои шуморо, виконт, ки дорандаи ҳамчунин рутба аст; вай ба миллионҳои падараш такя карда, ба доираи ашрофи Париж дохил шуданист. Майор имрӯз писараш – континоро, чунон ки дар Итолиёи мо мегӯянд, ба назди ман меорад. Ба ман месупорад ӯро. Ман роҳ нишон медиҳад ба ӯ, агар ба ин сазовор бошад. Шумо ба ман мадад мекунед, ҳамту не?

– Бадеҳист! Хӯш ин майор Кавалканти дӯсти дерини шумост? – пурсид Албер.

– Асло не; ин бисёр як ҷаноби иззатманд, бисёр хушмуомила, бисёр хоксор, бисёр боадаб, инхелаҳо дар Итолиё ниҳоят зиёданд, инҳо авлоди хонадонҳои заифгардидаи қадимаанд. Ман чанд дафъа бо ӯ ҳам дар Флоренсия, ҳам дар Болоня, ҳам дар Лука вохурда будам ва ӯ аз омаданаш ба ин ҷо огоҳ карда буд маро. Ошноҳои роҳакӣ мардуми ҷудо серталаб меоянд: онҳо дар ҳама ҷо аз шумо он муносибати хайрхоҳонаеро чашмдор астанд, ки як замоне тасодуфан аз худ зоҳир кардаед, мисле ки одами маданиеро, ки бо ҳар тоифа мардум соатеро хуш гузаронда метавонанд, ангезаҳои ниҳоние набуда бошад! Майор Кавалкантии некдил дар андешаи бори дигар дидани Париж аст, ки дар аҳди Империя, дами сармо хурдан ҳангоми ба Маскав рафта истоданаш, сари роҳ як назар дида будааст. Ман ӯро бо наҳори хубе зиёфат мекунам; ӯ писарашро ба ман бовар карда месупорад, ман ваъда медиҳам нигоҳубинаш кунам ва имкон медиҳам, ки табъи дил вақтхушӣ кунад; ба ҳамин тариқ, ҳисобамон баробар мешавад.

– Бисёр нағз! – гуфт Албер. – Мебинам, ки шумо мураббии бебаҳо будаед. Ҳамин тавр, то боздид; мо рӯзи якшанбе гашта меоем. Воқиан, ман аз Франс мактуб гирифтам.

– Ҳамтуя! – гуфт Монте-Кристо. – Ӯ ҳамчунин аз Итолё розӣ бошад?

– Ба назарам, ҳа; вале ӯ аз набудани шумо афсус хурдааст... Гуфтааст, ки шумо офтоби Рим будед ва бе шумо осмони он ҷо абрнок будааст. Ман ҳатто кафолат дода наметавонам, оё вай итминон дошта бошад, ки он ҷо борон борида истода бошад ё не.

– Пас, ҷӯраи шумо ақидаашро дар боби ман тағйир додааст?

– Баръакс, ӯ ҳамчунин исрор дорад, ки шумо қабл аз ҳама вуҷуди пур аз аҷоиботе ҳастед; бинобар ин, ҳам аз набудани шумо афсус хӯрдааст.

– Каси ниҳоят хубе! – гуфт Монте-Кристо. – Ман дар шаби аввалини шиносоиамон, даме ки ӯ дар ҷустуҷӯи ғизои шом буду илтифоткорана ба ҳамроҳи ман хӯроки шом хӯрдан ризоият дод, нисбат ба ӯ ҳусни таваҷҷӯҳ эҳсос карда будам. Агар иштибоҳ накунам, вай писари генерал д’ Эпине аст?

– Комилан дуруст.

– Ҳамоне, ки дар соли як хазору ҳашт саду понздаҳум ин қадар разилона кушта будандаш?

– Оре, бонопартистҳо.

– Худи худаш! Ростӣ, вай ба ман хеле маъқул аст. Мабодо ӯро ҳам хонадор карданӣ нестанд–кӯ?

– Оре, вай ба мадемуазел де Вилфор хонадор мешавад.

– Ин масъала ҳал шудагӣ аст?

– Ҳамчуноне ки хонадор шудани ман ба мадемуазел Данглар, – хандакунон ҷавоб гардонд Албер. – Оё шумо ханда мекунед?

– Бале.

– Барои чӣ?

– Зеро ман гумон дорам, ки дар ин завҷият ҳамон қадар майлу рағбати дуҷонибаест, ки дар завҷияти ману мадемуазел Данглар ҳаст. Лекин, ростӣ, ману шумо дар бораи занҳо ҷоғ зада истодаем, айнан мисли он, ки занҳо дар бораи мардҳо мелаққанд; ин нобахшиданист!

Албер бархост.

– Шумо алакай меравед?

– Нағз! Ду соат боз аз ҷонатон безор карда истодааму шумо ин қадар илтифот доред, ки боз суол мекунед, оё меравам чӣ. Ба ростӣ, граф, шумо баодобтарин одами ҷаҳон астед! Хидматгоронатонро намегӯед, чӣ хуштарбиятанд онҳо! Хусусан Батистен. Ман ҳеч ин хелашро ёфта натавонистам. Хидматгорони ман мисле ки ба нӯкарони театрҳои Фаронса тақлид мекарда бошанд, ки як даҳан гапе дошта бошанд, ҳатман онро дар саҳна гуфтанӣ мешаванд ба ман. Бинобар ин, агар аз Батистен ҷудо шуданӣ бошед, ба ман вогузоред ӯро.

– Ин масъала ҳал шудагӣ, виконт.

– Сабр кунед, ҳоло ин тамом не. Марҳамат карда салому дуруди маро ба меҳмони хоксори луккиатон, синор Кавалкантию писарашон бирасонед ва, гуфта намешавад, агар он кас майли писарашонро хонадор кардан дошта бошанд, кӯшиш намоед ба писарашон як зани хеле сарватманд, ниҳоят асилзода, ақаллан аз тарафи модараш ва баронесса аз ҷониби падараш пайдо бикунед. Дар ин кор ман ба шумо ёрӣ мекунам.

– Лекин, – нидо зад Монте-Кристо, – наход кор ба ҳамин оид шуда бошад?

– Оре.

– Ин тавр нагӯед, кӣ медонад, оқибати кор чӣ мешавад.

– Оҳ, граф, – хитоб кард Морсер, – чӣ хидмати бебаҳое мекардед шумо ба ман! Меҳрам ба шумо як бар сад афзун мешуд, агар, аз баракати иқдоми шумо, ақаллан ягон даҳ соли дигар муҷаррад мемондам!

– Ҳама кор имкон дорад, – ба лаҳни ҷиддӣ ҷавоб гардонд МонтеКристо.

Ва, бо Албер хайру хуш карда, ӯ ба манзили худаш баргашту се бор занг зад.

Бертуччо даромад.

– Бертуччо, – гуфт ӯ, – дар хотир дошта бошед, ки рузи шанбе ман дар чорбоғи Отейлам меҳмондорӣ мекунам.

Бертуччо хаёле ба худ ларзид.

– Ба чашм, ҷаноби воломақом, – гуфт ӯ.

– Шумо заруред ба ман, то ҳама корҳо ба таври бояду шояд сомон дода шавад, – давом дод суханашро граф. – Ин як ҳавлии бисёр хуб аст, ё, ба ҳар ҳол, имкон ҳаст бисёр хуб бишавад.

– Барои ин саросар нав кардан даркор онро, ҷаноби воломақом; ранги рӯкаши девор хеле паридагӣ.

– Ин тавр бошад, ҳамаҷоя дигар кунед онро, ба ғайр аз хонаи хоб, ки рӯкаши девораш матоъи сурх аст; онро дар ҳамон шакли пешинааш монед истодан гирад.

Бертуччо таъзим кард.

– Ҳамчунин дар боғ низ ба ҳеч чиз кордор нашавед; лекин рӯи ҳавлиро ҳар коре, ки мехоҳед, бикунед; ба ман хеле хуш меояд, агар ба таври шинохтаношуданӣ тағйир ёбад.

– Ҳар чӣ аз дастам ояд, мекунам, то ҷанобашон розӣ бишаванд аз ман, аммо хотирам ҷамътар мебуд, агар ҷаноби воломақом марҳамат карда аз ваҷҳи наҳор супорише медоданд.

– Ростӣ, Бертуччои меҳрубон, аз бозе ки мо дар Парижем, ба худ нестед шумо, исту бистатон шаку гумон; кай боз маро намефаҳмидагӣ шудед?

– Лекин, шояд, ҷанобашон, ақаллан маро огоҳӣ диҳанд, ки киро даъват карданиянд?

– Ҳоло худам ҳам намедонам, донистани шумо низ ҳоҷат надорад. Лукулл дар хонаи Лукулл наҳор мехурад вассалом.

Бертуччо таъзим намуду аз дар баромад.

пешина
аз 99
навбатӣ