Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XVI. БУРДУ БОХТИ БИРЖА

Баъди чанд рӯзи ҳамон мулоқот Албер де Морсер барои боздиди граф Монте-Кристо ба ҳавлии Заминҳои Елесеяш рафт, ҳавлие, ки ин дам намуди қаср пайдо карда буд; граф ба туфайли сарвати беандозааш ҳатто маскани муваққатии хуро низ орою торо медод. Албер омада буд аз номи хонуми Данглар бори дигар ба граф миннатдорӣ изҳор кунад, миннатдорие, ки алакай як дафъа дар номаи худи ӯ бо имзои баронесса Данглар баён ёфта буд, баронесса Дангларе, ки аз рӯзи таваллудаш Эрмина де Сервйер ном дошт.

Алберро дар ин боздид Лусен Дебрэ ҳамроҳӣ мекард; ӯ ба суханони дӯсташ чанд калимаи диловезе барафзуд, каломе, ки албата, хусусияти расмӣ надошт, вале сарманшаи он суханон аз нигоҳи мушоҳидакори граф барканор монда наметавонист. Ба назари ӯ ҳатто чунин расид, ки Лусен ба таҳрики кунҷковии дуҷонибае ба хонаи ӯ омадааст ва як нимаи ин эҳсос аз бошандагони кӯчаи Шоссе д’ Антен сар задагист. Дарвоқеъ, вай бе он, ки аз иштибоҳ кардан ҳарос дошта бошад, ба суҳулат ҳадс зада метавонист, ки хонуми Данглари маҳрум аз имконияти ба чашми худаш дидани тарзи зиндагии шахсе, ки аспони сӣ ҳазор франк арзиш доштаро ҳадя мекунаду бо канизаке ба театр меравад, ки сар то қадамаш пур аз бриллиант аст, инро ба чашми касе ҳавола кардааст, ки одати ба вай бовар кардан дорад, то аз рӯзгори хонадони ӯ баъзе иттилоот ба даст оварад.

Аммо граф зоҳир накард, ки иртиботи ин боздиди Лусен бо кунҷковии баронесса ба вай маълум аст.

– Оё шумо бо барон Данглар зад–зад вохӯрда меистед? – пурси ӯ аз Албер.

– Албатта, граф; охир шумо дар ёд доштагистед, ман ба шумо гуфта будам–ку.

– Пас, пештара барин?

– Аз ҳарвақта бештар, гуфт Лусер, – ин кор ҳал шудагӣ.

Ва, аз афти кор, ба гумонаш, ки дар сӯҳбат ба дараҷаи кофӣ иштирок кардагист, Лусен дурбини сангпуштиро ба чашм гузошту ба қуббаи тиллоии чубдасташ дандонзанон, чашм ба аслиҳаву суратҳо давонда, хонаро давр задан гирифт.

– Лекин аз рӯи гуфтаҳои худатон, ба назари ман чунин расид, ки қарори қатъӣ ҳоло чандон наздик нест, – гуфт Монте-Кристо ба Албер.

– Чӣ метавон кард? Корҳо чунон зуд ҷараён доранд, ки худи кас пайхас намекунад онро; худат дар бораи онҳо фикр намекунӣ, онҳо дар бораи ту фикр мекунанд; як вақт гашта назар мекунию ҳайрон мешавӣ, ки ба куҷо расидааст кор. Падари ману ҷаноби Данглар дар Испониё ҳамроҳ хизмат кардаанд, падарам дар сафи кӯшуну ҷаноби Данглар дар идораи озуқа. Маҳз дар ҳамон ҷо падари инқилобчии бенавогардидаам ба пешрафти табъи дили сиёсиву ҳарбиаш ибтидо гузоштаасту ҷаноби Данглар, ки ҳеч гоҳ каси осудаҳоле набудааст, – ба пешрафти ҳайратбахши сиёсиву молияш...

– Дарвоқеъ, – гуфт Монте-Кристо, – ба ёдам расида истодааст, ки ҷаноби Данглар, ҳангоми дар хонааш буданам, дар ин бора ҳикоят карда буд ба ман. – Ӯ ба Лусен назар кард, ки албомеро варақ мезад ва барафзуд: – Лекин вай дӯстрӯяк, ҳамон мадемуазел Эженӣ! Ба хаёлам, номаш Эженӣ буд, ҳамин тавр не?

– Ниҳоят дӯстрӯяк, ё, аниқтараш, хеле хушрӯ, – ҷавоб гардонд Албер, – вале ман қадрдони ин қабил ҳусн нестам. Ман нолоиқ!

– Шумо дар ин бора тарзе сухан меронед, ки гӯё вай алакай занатон бошад!

– Оҳ, – оҳ кашид Албер, дар навбати худ назар карда, ки Лусен ба чӣ кор машғул аст.

– Ба назарам, – гуфт Монте-Кристо, овозашро паст карда, – ки шумо ба ин издивоҷ он қадар бо шавқ муносибат накарда истодаед.

– Мадемуазел Данглар, ба назарам, аз ҳад сарватманд, ин маро ба ҳарос меоварад.

– Ана баҳона! – ҷавоб гардонд Монте– Кристо. – Магар худи шумо сарватманд нестед?

– Падари ман тақрибан ягон панҷоҳ ҳазор ливр даромади солона дорад ва, даме ки ман хонадор мешавам, ӯ, эҳтимол, ягон даҳ ё дувоздаҳ ҳазорашро ба ман ҷудо кунад.

– Албатта, ин хеле кам аст, – гуфт граф, – хусусан барои Париж, вале сарват ҳоло кам аст, – номи шӯҳратёр ва дар ҷомиа мақоме доштан низ аз аҳамият холӣ набудагист. Шумо номи машҳур ва мавқеи ҷамъиятии бисёр хуб доред; илова бар ин граф де Морсер – сарбоз ва дидани он хуш аст, даме ки садоқату устувории Байяр бо қашшоқии Дугесклен ба ҳам меояд. Бетамаъӣ – он шӯълаи хуршед аст, ки шамшери наҷобат дар он тобонтар медурахшад. Ман, баръакс, чунин меҳисобам, ки ин завҷият аз ҳар чӣ ҳам арзандатар аст; Мадемуазел Данглар ба шумо сарват меоварад, шумо бошед, ба ӯ – номи нек!

Албер андешамандона калла ҷунбонд.

– Як ҷиҳати дигаре ҳаст, – гуфт ӯ.

– Рости гап, – давом дод суханашро граф, – аз духтари сарватманду соҳибҷамол ҳазар доштани шуморо фаҳмидани ман душвор аст.

– Медонед, – гуфт Морсер, – агар инро ҳазар номидан мумкин бошад, дар он сурат на як худи ман ҳазар дорам.

– Хӯш боз кӣ? Охир шумо гуфта будед–ку, падаратон хоҳони ин издивоҷ аст.

– Модарам, ӯ чашмони тез дораду он чашмон бехато мебинанд. Ана ба модарам ин издивоҷ маъқул нест; ӯ дар ҳаққи Дангларҳо кимчӣ хел бадгумоние дорад.

– Хайр, ин фаҳмо – гуфт граф ба лаҳни андак зӯракие, – графиня де Морсер, ки айни зарофату наҷобат ва назокати ботинист, аз ламси дасти сангину дурушти авомуннос ҳарос дорад, ин табиист.

– Ростӣ, намедонам, ҳамин тавр бошад ё не, – ҷавоб гардонд Албер, – вале ман медонам, ки агар ин завҷият ба амал ояд, боиси хушбахтӣ нахоҳад шуд. Яку ним моҳ пеш аз ин қарор шуда буд барои ҳаллу фасли ҷиҳати расмии масъала як ҷо фароҳам оянд. Аммо маро чунон дарди нимсаре ҳодис шуд, ки хаёл кардам сарам метаркад.

– Нимсари воқеӣ буд? – пурсид табассумкунон граф.

– Нимсари рафта истодагӣ, – эҳтимол, аз тарс буд... барои ҳамин шуда машваратро ду моҳ ақиб партофтанд. Мефаҳмед шумо, ҳоҷат ба шитоб нест: ман ҳанӯз бистуякро пур накардаам, вале Эженӣ нав ба ҳабдаҳ даромад, аммо ҳафтаи оянда мӯҳлати думоҳа ба охир мерасад. Ӯҳдадориро ба ҷо овардан лозим. Шумо тасаввур кардан наметавонед, графи меҳрубон, ки то чӣ дараҷа маро ба изтироб овардааст ин... Оҳ, чӣ хушбахте ҳастед шумо, ки марди озодед!

– Охир ба озодии шумо кӣ монеъ шуда метавонад?

– Барои падарам ноумедии азиме мебуд, агар ман ба мадемуазел Данглар хонадор нашавам.

– Хайр, ин тавр бошад, хонадор шавед ба ӯ, – гуфт граф, як навъ махсус китф паронда.

– Ҳа, – гашта гуфт Албер, – вале барои модарам ин дигар ноумедӣ не, балки мусибат хоҳад буд.

– Дар он сурат хонадор нашавед, – гуфт граф.

– Ман фикр мекунам, кӯшиш менамоям; шумо ба ман маслиҳат доданро дареғ намедоштагистед, ҳамту не? Шояд шумо маро аз ин вазъият халос карда тавонад? Медонед, барои он ки модарам хафа нашавад, ман, равед, ки аз ҷанҷол кардани бо падарам сар наметобам.

Монте-Кристо рӯяшро ба дигар сӯ гардонд; вай мисле ки дар изтироб буд.

– Ин шумо ба чӣ коре машғулед? – ба Дебрэ рӯ овард ӯ, ки дар гӯшаи дигари хона, ба курсии нарми чуқуре нишаста буд, дар дасти росташ қаламу дар дасти чапаш дафтарчаи қайд, – аз рӯи тасвири Пуссен нусхабардорӣ карда истодаед чӣ?

– Нусхабардорӣ карда истодаам? Нусхабардорӣ куҷо! – осуда ҷавоб гардонд ӯ. – Дилбастагии ман ба рассомӣ роҳ намедиҳад ба ин кор! Не, ман акси ин корро карда истодаам, ҳисоб дорам ман.

– Ҳисоб доред?

– Оре, ман ҳисобу китоб карда истодаам; ин бевосита набошад ҳам, ба шумо дахл дорад, виконт; ман ҳисоб карда истодаам, ки дар болоравии охирини Гаитӣ бонки Данглар чӣ қадар даромад кардааст; дар се рӯз нархи саҳмияҳо аз ду саду шаст то чор саду нӯҳ боло рафт, вале бонкдори оқибатбин ба миқдори зиёд саҳмияҳои ду саду шастӣ харид. Аз рӯи ҳисоби ман вай бояд сесад ҳазор даромад карда бошад.

– Бобарортарин савдои ӯ фақат ҳамин не, – гуфт Албер, – дар муомилаи вомбаргҳои испанӣ ҳамин сол як миллион даромад карда буд–ку. – Гӯш кунед, азизам, – гӯшрас кард Лусен, – граф Монте-Кристо метавонистанд бо итолиёвиҳо ҳамовоз шуда ба шумо ҷавоб гардонанд:

Ин ҳам аз ҳад зиёд аст. Бинобар ин ҳар гоҳ ба ман аз ин қабил чизҳо ҳикоят мекунанд, ман китф дар ҳам мекашаму бас.

– Лекин охир худи шумо аз хусуси Гаитӣ сухан рондед–ку, – гуфт Монте-Кристо.

– Гаитӣ – гапи дигар; Гаитӣ – ин экартеи биржа. Ба булот дил бастан, бо вист саргарм шудан, бостонро2 парастидан мумкин, лекин ба ҳар ҳол, оқибат дили кас хунук мешавад; аммо экарте ҳаргиз нафосаташро гум намекунад – ин хуриш аст, забуда аст. Ҳамин тавр, Данглар дирӯз аз рӯи чор саду шашӣ фурӯхту сесад ҳазор франкро ба киса андот; агар то имрӯз сабр мекард, қурби коғазҳо боз то ду саду панҷоҳ паст мефуромад ва ба ҷои он ки сесад ҳазор франк барад, вай ягон бист – бисту панҷ ҳазорро бой медод.

– Хӯш барои чӣ қурби онҳо аз саду нӯҳ то ду саду панҷ паст шудааст? – пурсид Монте-Кристо. – Хоҳиш мекунам маъзур доред маро, вале ман дар ин ҳама моҷароҳои биржа каси аз дунё бехабарам.

– Барои он, – хандакунон ҷавоб дод Албер, – ки хабарҳо паиҳам мерасанду ба якдигар рост намеоянд.

– Сабил монад! – нидо зад граф. – Хуш ҷаноби Данглар таваккалан дар як рӯз сесад ҳазор франк ё мебарад ё бой медиҳад гӯед? Пас сарвати вай беҳисоб аст?

– Ҳаргиз на ӯ мебозад, балки хонуми Данглар, – бо рӯҳбаландӣ нидо зад Лусен, – вай беҳад зани ҷасур аст.

– Лекин охир шумо каси оқилед, Лусен ва дар саргаҳи иттилоот қарор доред, ростию дурӯғии хабарҳоро нағз медонед; шуморо мебояд боздошт ӯро, – гӯшрас кард Албер.

– Ман чӣ тавр метавонам, даме ки ин кор ба шавҳараш муяссар намешавад? – пурсид Лусен: – Шумо хислати баронессаро медонед: вай гапи ҳеч касро гӯш намекунад ва танҳо он кореро мекунад, ки дилаш хоҳад.

– Хайр, агар дар ҷои шумо мебудам ман... – гуфт Албер. – Чӣ кор мекардед?

– Даво мекардам ӯро; ин хидмати бузурге мебуд ба домоди ояндааш. – Ба чӣ тариқ?

– Хеле осон. Ман ба ӯ сабақ медодам.

– Сабақ?

– Оре. Мартабаи дабири вежаи вазорат буданатон дар бобати ҳар гуна ахбор обрӯи шуморо ин қадар мебардорад, ки даҳон кушоданатон кофист, то ҳар як суханатонро аҳли биржа ба оби зар нависанд; ӯро водор кунед, ки болоиҳам ягон сад ҳазор франкро бой диҳад, баъди ҳамин эҳтиёткор мешавад.

– Ман шуморо нафаҳмида истодаам, – ғурунгос зад Лусен.

– Ҳол он ки ин бисёр возеҳ аст, – ҷавоб гардонд бо софдилии самимӣ Албер, – як саҳар хезеду ягон хабари гӯшношунидеро ба вай расонед, – фаразан телеграммаеро, ки мазмунаш фақат ба шумо маълум буда метавонад; хайр, масалан, гӯед, ки як рӯз пеш Генрихи Чорумро дар назди Габриэл дидаанд, – ин боиси дар биржа боло рафтани нарх мегардад, вай мехоҳад аз ин истифода барад ва... бой медиҳад, даме ки рӯзи дигар Бошан дар рӯзномааш чоп мекунад:

«Гӯфтаи ҳолдонҳо, ки гӯё шоҳ Генрихи Чорумро се рӯз пеш дар назди Габриэл дидаанд, ба ҳақиқат рост намеояд; ин гап тамоман ботил аст; шоҳ Генрихи Чорум Пули навро тарк накардааст».

Лусен рӯ турш карда писханд зад. Монте-Кристо, ки ҳини ин гуфтугӯ бо қиёфаи бепарвоёна нишаста буду ягон ҳарфашро, аммо, фурӯ нагузошта буд, хиҷолати ниҳонии дабири вежа аз нигоҳи борикбинаш пӯшида намонд.

Дар асари ҳамин хиҷолат, ки Албер тамоман пайхас накарда буд, Лусен дар тараддуди рафтан шуд. Вай ошкоро ба худ набуд. Ӯро гусел карда истода, граф овозашро паст карда чанд калимае гуфт ба ӯ ва Лусен ба вай ҷавоб гардонд:

– Бо камолима майл, граф, ман розӣ.

Граф ба назди Морсери ҷавон баргашт.

– Шумо бо ин тафаккури комил оё гумон намекунед, – гуфт граф ба ӯ, – ки дар ҳузури ҷаноби Дебрэ намебоист дар ҳаққи модарарӯсатон чунин суханон гӯед?

– Хоҳиш мекунам, граф, – гуфт Морсер, – пеш аз фурсат калимаи модарарӯсро ба кор набаред.

Воқиан ҳам, бе муболиға, графиня оё то ҳамин дараҷа ба ин завҷият муқобил аст?

– То ҳамин дараҷа, ки баронесса ниҳоят кам меояд ба хонаи мо, вале модари ман гумон мекунам, ки дар умраш ду маротиба ҳам ба хонаи хонуми Данглар нарафтааст.

– Дар ин сурат, – гуфт граф, – ман бемалол рӯирост гап мезанам ба шумо: ҷаноби Данглар – бонкдори ман, ҷаноби де Вилфор дар ҷавоби хидмате, ки ба мусоидати тасодуфи хушбахтона ман ба ӯ карда будам, лутфу марҳамати зиёде ибороз дошт ба ман. Бинабар ин ман ба як гала базму зиёфатҳо даъват шуданро чашмдор астам. Лекин барои он ки гумон набаранд, гӯё ман ҳавобаланд астаму ба ҳамаи ин беэътиноӣ дорам ва ҳатто агар хоҳед, аз дигарон пешдастӣ кунам, ман ҷаноб ва хонуми Данглар, ҷаноб ва хонуми Вилфорро ба чорбоғи воқеъ дар Отейлам даъват мекунам. Агар ман ба ин наҳор шумо, ҳамчунин графу графиня де Морсерро низ даъват кунам, дар он сурат ин меҳмонӣ оё ба як навъ мулоқоти пеш аз ҷашни арӯсӣ шабоҳат пайдо намекарда бошад? Ақаллан ба назари графиня де Морсер чунин намерасида бошад, хусусан ки, агар барон Данглар маро сарафроз карад духтарашро ҳамроҳ биёварад? Графиня дар ин сурат ба ман нафрат пайдо карданаш мумкин, ман бошам, ба ҳеч ваҷҳ хоҳони ин нестам; баръакс, – ва хоҳиш мекунам дар ягон мавриди мувофиқ ӯро ба ин бовар кунонед, – ман ақидаи неки ӯро дар ҳаққи худам хеле қадршиносӣ мекунам.

– Бовар бикунед, граф, – ҷавоб гардонд Морсер, – ман барои рӯирост гап заданатон хеле миннатдорам аз шумо ва розӣ ҳастам, ки дар меҳмонии шумо ҳузур надошта бошам. Шумо мегӯед, ки ақидаи модарамро қадршиносӣ мекунед, – охир вай нисбат ба шумо ҳусни таваҷҷӯҳ дорад!

– Чунин гумон доред шумо? – бо шавқи зиёде суол кард МонтеКристо.

– Ман итминон дорам ба ин. Баъд аз он ки шумо дар хонаи мо будед, мо як соати тамом дар бораатон сӯҳбат кардем; вале ба сӯҳбати худамон бармегардем. Хӯш ки бошад, агар модарам нисбат ба худаш ҳусни таваҷҷӯҳ доштани шуморо мефаҳмид, – вале ман ҷуръат карда инро ба вай мегӯям, – ман аминам, ки модарам аз шумо хеле миннатдор мебуд. Дуруст аст, ки падарам дар ғазаб мешудагист.

Граф ханда кард.

– Хӯш ки бошад, – гуфт ӯ ба Албер, – акнун шумо аз таги гап бохабар шудед. Воқиан, на фақат падари шумо дар ғазаб хоҳад шуд: ҷаноб ва хонуми Данглар ба ман чун ба каси ниҳоят беодоб назар хоҳанд кард. Онҳо медонанд, ки ману шумо бетакаллуф ба якдигар мулоқот карда меистем ва дар Париж шумо шиноси аз ҳама дерини ман астеду яке дар наҳори хонаи ман ҳузур надоред; онҳо аз ман хоҳанд пурсид, ки чаро шуморо даъват накардаам. Саъй бикунед, ки ақаллан ягон даъвати қаблиеро далел нишон диҳед ва бо руқъае аз ин хусус маро огоҳ гардонед. Охир шумо медонед, ки барои бонкдорҳо фақат далели хаттӣ аҳамият дорад.

– Ман, граф, аз ин беҳтар коре мекунам, – гуфт Албер. – Модари ман мехоҳад ба ягон ҷо рафта аз ҳавои баҳр нафас бигирад.

– Меҳмонии шумо ба кадом рӯз таъйин шудааст?

– Ба рӯзи шанбе.

– Бисёр хуб. Имрӯз сешанбест. Мо фардо бегоҳ ба сафар мебароему пасфардо ба Трепор мерасем. Медонед, граф, аз ҷониби шумо ин бисёр кори нағз аст, ки ба мардум имкон медиҳед изо накашанд.

– Ростӣ, шумо дар боби ман муболиға карда истодаед; ман ҳамту хостам ба шумо як некӣ кунам.

– Шумо даъватномаҳоятонро кай фиристодед?

– Ҳамин рӯз.

– Бисёр хуб! Ман худи ҳозир ба хонаи Данглар рафта хабар медиҳам, ки ману модарам пагоҳ Парижро тарк мекунем. Ману шумо ҳамдигарро надидаем, яъне ки аз меҳмонии шумо хабар надорам.

– Ҳушатонро бо худатон монед! Дебрэ, ки навакак шуморо дар хонаи ман дида буд, чӣ?

– Ҳа, рост.

– Баръакс, ман шуморо дидам ва дар ҳамин ҷо, бидуни ҳар гуна такаллуфот, хабар кардам, вале шумо бо дили соф ҷавоб гардондед, ки меҳмон шудан наметавонед, зеро ба Трепор рафта истодаед.

– Ана ҳамин тавр, масъала ҳал. Лекин, шояд, пеш аз сафари мо ба дидори модарам бирасед?

– Пеш аз сафари ӯ ин корро кардан хеле душвор; ғайр аз ин, ман ба тадорукоти сафари шумо халал мерасонам.

– Хайр, дар он сурат аз ин беҳтар коре мекунед! То ин дам шумо фақат каси дилпазире будед, ихлоси моро соҳиб шавед.

– Чӣ кор бояд кунам ман, ки ба ин камолот бирасам?

– Чӣ кор бояд кунед?

– Оре, ман мехоҳам бидонам.

пешина
аз 99
навбатӣ