Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шояд, – гуфт Албер, – Воқиан, ин собиқ нишемани сафири русро кӣ ишғол карда бошад?

– Кадом нишеман? – пурсид графиня.

– Нишемани табақаи якум, мобайни сутунҳо; ба хаёлам, онро тамоман аз нав зебу оро додаанд.

– Дар воқеъ, – гӯшрас кард Шато–Рено. – Ҳангоми намоиши якум оё он ҷо касе буд?

– Куҷо?

– Дар ҳамон нишеман.

– Не, – ҷавоб гардонд графиня, ман касеро пайхас накардаам; яъне ки шумо гумон доред, – давом дод ӯ суханашро, ба гуфтугӯи аввалаашон баргашта, – ҳамин граф Монте-Кристои шумо ҷоизаро бурдааст?

– Ман ба ин итминон дорам.

– Ва ҷомро ҳам ӯ фиристодааст ба ман?

– Бешубҳа.

– Лекин охир бо вай шинос нестам, – гуфт графиня, – хеле мехостам ҷомро ба вай баргардонам.

– Ин корро накунед; вай ҷоми дигари аз ёқути кабуд ё аз лаъл тарошида шудаеро мефиристад ба шумо. Вай доимо ҳамин тавр мекунад, лозим меояд бо ҳамин муросо кунед.

Дар ҳамин дам занг оғози намоиши дуюмро эълом кард. Албер бархост, ки ба ҷои худаш равад.

– Ман боз медида бошам шуморо? – пурсид графиня.

– Ҳангоми танаффус, агар иҷозат фармоед, омада аз шумо хабар мегирам, то бифаҳмам дар Париж ба муроди шумо коер карда метавониста бошам ё не.

– Ҷанобон, – гуфт графиня, – рӯзҳои шанбе, ҳар бегоҳ, барои дӯстонам ман дар хонаам, кӯчаи Риволӣ, рақами бисту ду. Меҳмон шаветон.

Ҷавонмардҳо таъзим карданду аз нишеман баромаданд.

Дохили партер гардида, диданд, ки халоиқ рост истода, ба як нуқтаи толор нигоҳ доранд; онҳо низ ба ҳамон сӯ нигаристанд ва нигоҳашон ба собиқ нишемани сафири рус карор гирифт. Ба нишеман навакак ҷаноби пӯшокаш сиёҳи сию панҷ – чилсолае бо мушояати ҷавондухтари ба тарзи аҳли шарқ либос пӯшидае даромада буд. Духтарак ҳайратовар хушрӯ буда, сарутанаш ба дараҷае бошукӯҳ буд, ки тавре қаблан гуфтем, нигоҳи ҳамагон дар як он ба вай мутаваҷҷеҳ гардид.

– Э ин Монте-Кристо бо албандухтари худаш–ку, – гуфт Албер. Воқиан ҳам инҳо графу Гайда буданд.

Аз миён чанд дақиқае нагузашта буд, ки Гайда на фақат диққати аҳли партер, балки саросари толорро ба худ ҷалб кард: хотунҳо аз нишеманҳояшон сар бароварда назар мекарданд, то дар зери шаъшаъаи чилчароғон ситора задании фаввораи алмоспораҳоро тамошо кунанд.

Тамоми пардаи дуюм дар зери шавшуви ботамкин, ки бозгӯи ҳайрату ҳаяҷони издиҳоми тамошогарон буд, ба поён расид. Касе парвои он надошт, ки хомӯшӣ барқарор карда шавад. Ин духтараки ин қадар ҷавон, ин қадар соҳибҷамол, ин қадар фаттон худ як тамошои ҳайратафзо буд.

Ин дафъа ишорате, ки ба Албер нигаронда шуда буд, ба сароҳат хабар дод, ки хонуми Данглар хоҳиши дар танаффуси оянда дар нишемани худаш дидани ӯро дорад.

Албер ба тарзе тарбият ёфта буд, ки ба вай маҷол намедод дигаронро маҳтал кунад, агар ба вай бо сароҳат вонамуд мекарданд, ки ӯро нигаронанд. Бинобар ин, нав намоиш поён ёфта буд, ки вай ба сӯи нишемани бо ҳарф ишорат шуда боло шитофт.

Ӯ ба ҳар дуи хотунон таъзим намуду дасти Дебрэро фишурд.

Баронесса ӯро бо табассуми дилпазире истиқбол кард, вале Эженӣ бо дилсардии одатиаш.

– Дӯси азиз, – гуфт ба ӯ Дебрэ, – шумо дар рӯбарӯи худ касеро дида истодаед, ки ба навмедии том афтодааст ва аз шумо ёрӣ таваққӯъ дорад. Баронесса маро аз ваҷҳи граф суолборон карда истодаанд ва талаб доранд, ки ман бифаҳмонам, кист ӯ, аз куҷост, ба куҷо равон аст. Ба ҳурмати виҷдон, Калиостро наям ман ва барои он, ки аз ин вазъият берун оям, гуфтам:

«Инро аз Морсер бипурсед, ӯ Монте-Кристоро панҷ ангушташ барин медонад». Инак шуморо ба ёрӣ хондем.

– Ин аз ақл берун, – гуфт баронесса, – кас ба ганҷинаи ниммиллионаи махфӣ соҳиб бошаду то ба ин дараҷа аз олам бехабар бошад!

– Бовар бикунед, баронесса, – ҷавоб гардонд Лусен, – агар ман соҳиби ним миллион мебудам, ман онро ба ягон кори дигар сарф мекардам, на ба гирдоварии маълумот роҷеъ ба Монте-Кристо, ки ба назари ман, эътибораш фақат ин аст, ки чун ду наввоб сарватманд аст; вале ман ҷоямро ба дӯстам Морсер вомегузорам: ба ин кас муроҷиат кунед, ин дигар ба ман дахл надорад.

– Гумон аст, ки наввоб ба ман як ҷуфт аспи сӣ ҳазор франк арзишнок мефиристод, аспоне, ки дар гушҳояшон чорто бриллианти арзиши ҳар кадоме аз онҳо панҷ ҳазор франк.

– Бриллиант – асбоби дилхушии ӯ, – ханда кард Албер. – Ба хаёлам, мисли Потёмкин кисаҳои ӯ доимо пури бриллиант аст ва ӯ ҳар ҷо бриллиант нисор мекунад, чунон ки нахудаки қаҳрамони афсонае сангча мепошад.

– Вай аз ягон ҷо кони алмос ёфтагист, – гуфт хонуми Данглар. – Оё шумо медонед, ки дар бонки барон эътибори номаҳдуд дорад ӯ?

– Не, ман хабар надорам аз ин, – ҷавоб гардонд Албер, – вале ин боиси тааҷҷуб нест.

– Ӯ ба ҷаноби Данглар гуфтааст, ки дар Париж як сол истоданист ва дар ин муддат нияти шаш миллион харҷ кардан дорад.

– Гумон бояд кард, ки ин шоҳи кишвари Форс аст, ки пинҳонӣ ба саёҳат баромадааст.

– Лекин чӣ соҳибҷамолест ин занак! – гуфт Эженӣ. – Шумо пайхас кардед, ҷаноби Лусен?

– Ростӣ, аз ҷамеи занон шумо, то ҷое ки ман медонам, ягона касе ҳастед, ки ба қадри дигар занон мерасед.

Лусен дурбинро ба чашм бурд.

– Дилрабо, – изҳор кард ӯ.

– Оё медонед, ҷаноби де Морсер, ки ин зан кист?

– Чун ҳар он чи ба ин шахсияти пурасроре, ки аз бобаш гап зада истодаем, фақат ба тақриб медонам, – гуфт Албер, ба ин суоли исроркорона ҷавоб гардонда. – Ин зан – албанӣ.

– Ин аз либосаш ошкор аст ва он чи шумо ба мо иттилоъ дода истодаед, алакай ба ҷамеи мардум маълум гардида.

– Хеле афсус, ки чунин раҳнамои аз олам бехабарам ман, – гуфт Албер, – вале бояд иқрор бикунам, ки иттилои ман бо ҳамин поён меёбад; фақат боз як чизро медонам, ки вай мутриба аст: як дафъа, даме ки дар хонаи граф субҳона мехӯрдем, ман садои чангро шунидам, ки ба ҷуз ӯ он ҷо дигар каси менавохтагӣ набуд.

– Пас графи шумо дар хонааш меҳмон пазироӣ мекардааст–дия? – пурсид хонуми Данглар.

– Хеле бошукӯҳ ҳам, бовар бикунед ба гапам.

– Дангларро водор бояд кард, ба шарафи ӯ наҳор барпо кунад ё базме биёрояд, то ӯ низ дар ҷавоби ин моро даъват бикунад.

– Чӣ, даъват кунад, шумо мерафтед? – гуфт хандакунон Дебрэ.

– Чаро наравам? Ҳамроҳи шавҳарам меравам–ку!

– Лекин охир вай муҷаррад–ку, ҳамон графи пурасрор.

– Шумо дида истодаед ки, не, – дар навбати худ баронесса ҳам ба албандухтари соҳибҷамол ишоракунон ханда кард.

– Ин зан – канизак; ёд доред, Морсер, худи ӯ дар сари субҳонаи шумо инро гуфта буд ба мо.

– Розӣ шавед ба гапам, Лусени азиз, – гуфт баронесса, – қиёфаи ӯ ғолибан шаҳбонуро мемонад.

– Шаҳбонуе аз «Ҳазору як шаб», – лаб монд Албер.

– Розӣ, лекин шаҳбонуҳоро чӣ ба вуҷуд меорад, азизам? Бриллиант, ба вай бошад, бриллиант нисор кардаанд.

– Бриллианташ аз ҳад зиёд, – гуфт Эженӣ, – бе он вай боз ҳам зеботар мебуд, зеро дар он сурат гардану дастонаш дилработар ба назар меомаданд.

– Оҳ, ин рассомаҳо! – гуфт хонуми Данглар. – Бинед, дар як он шайдо шуд.

– Ҳар он чи зебост, хуш дорам ман, – ҷавоб гардонд Эженӣ.

– Ин тавр бошад, аз хусуси граф чӣ мегӯед? – пурсид Дебрэ. – Ба фикрам, афту башараи вай ҳам беҷо не.

– Граф? – гуфт Эженӣ, мисле ки то ин дам ба хаёлаш нарасида бошад, ки ҷониби ӯ назар кунад. – Граф аз ҳад рангпарида.

– Ҳа–дия, – гуфт Морсер, – диққати моро ҳам маҳз ҳамин ранги паридааш ба худ кашид. Медонед, графиня Г. итминон дорад, ки ӯ вампир аст.

– Чӣ, магар графиня Г. гашта омадааст? – пурсид баронесса.

– Вай дар нишемани паҳлӯӣ нишастааст, оча, – гуфт Эженӣ, – қариб ки дар рӯбарӯи мо. Мебинед, ҳо он занаки мӯяш тиллогуни зеборо – ин вай аст.

– Оре, мебинам, – гуфт хонуми Данглар. – Медонед, – чӣ кор кардани шумо лозим аст, Морсер?

– Амр кунед, баронесса.

– Ба шумо лозим аст рафта граф Монте-Кристои худатонро бибинед ва гирифта назди мо оредаш.

– Чӣ лозим ин? – пурсид Эженӣ.

– Хайр ҳамроҳаш сӯҳбат кунем; магар ту ба диданаш шавқманд нестӣ?

– Ҳаргиз не.

– Ғалатӣ духтараке! – ғурунгос зад баронесса.

– Вай, аз афташ, худаш ҳам омада истодааст, – гуфт Албер. – Ана вай шуморо дид, баронесса ва таъзим мекунад ба шумо.

Баронесса, бо табассуми ширине ҷавоб гардонд ба таъзими граф.

– Хуб шудааст, – гуфт Албер, – ман худамро қурбон мекунам: шуморо тарк мекунаму мебинам, ки бо вай гуфтугӯ кардан мешавад ё не. – Нишеман, ба наздаш равед; аз ин осонтар коре нест.

– Лекин ман муаррифӣ нагардидаам.

– Ба кӣ?

– Ба нозанини албанӣ.

– Лекин худатон гуфтед–ку, вай канизак будааст.

– Оре, лекин шумо итминон доред, ки вай шаҳбонуст... Аммо, шояд, рафтани маро дида, ӯ низ барояд.

– Имкон дорад. Биравед.

– Меравам.

Албер таъзим намуду баромад. Дарвоқеъ, даме ки ӯ аз канори нишемани граф мегузашт, дари он боз гардиду Монте-Кристо баромад; ӯ ба арабӣ чанд калимае гуфт ба Алӣ, ки дар роҳрав истода буд ва аз зери бағали Албер гирифт. Алӣ дарро басту дар пеши он рост истод; дар атрофи марди нубӣ дар роҳрав як тӯда мардум ҷамъ омаданд.

– Ростӣ, – гуфт Монте-Кристо, – Парижи шумо бисёр шаҳри аҷоиб будаасту шаҳриёнаш ҳам мардуми ғалатӣ. Метавон гумон бурд, ки марди зангиро бори аввал дида истодаанд. Нигоҳ кунед, дар гирди Алии бечора, ки намефаҳмад чӣ гап аст, чӣ миқдоре аз инҳо ғун шудаанд. Бо итминон метавонам ба шумо бигӯям, ки агар як нафар Парижие ба Тунис, Қустантания, Бағдод ё Қоҳира ояд, ҷое дар гирдаш мардум ғун намешаванд.

– Ин аз он, ки мардуми Шарқ бамулоҳизаанд ва танҳо ба он чи назар мекунанд, ки кирои дидан аст, – лекин, бовар бикунед, Алӣ фақат аз он мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, ки ба шумо мансуб аст, шумо бошед, ин дам дар Париж машҳуртарин касед.

– Наход–е? Ин саодат аз баракати чӣ бошад?

– Аз баракати худатон–дия. Шумо аспу аробае ҳадя мекунед, ки ҳазор луидор арзиш дорад; зани додситони подшоҳиро аз марг наҷот медиҳед; бо исми майор Блэк аспони зотию чобуксавори чени маймуни уиститиро ба пойга меандозед; ниҳоят, ҷоми тиллоро бурдаву ба занҳои хушрӯ мефиристед он ҷомҳоро.

– Ин ҳама маталҳоро кӣ ҳикоят кард ба шумо?

– Якумашро – хонуми Данглар, ки мурданак шуморо дар нишемани худаш дидан мехоҳад, ё, аниқтараш дигарон шуморо дар он ҷо бинанд; дуюмашро – рӯзномаи Бошан; сеюмаш бошад – зиракии худам. Чаро аспатонро Вампа меномед, агар худатонро ошкор карданӣ набошед?

– Ҳа, воқиан, – гуфт граф, – ин беэҳтиётӣ буд. Лекин бигӯед, оё граф Морсер опера тамошо намекунад? Ман бо диққат назар кардам, аммо дар ҳеч ҷо надидам ӯро.

– Вай имрӯз меояд.

– Дар куҷо мешинад?

– Гумон мекунам, ки дар нишемани баронесса.

– Ҳамон духтараки дӯстрӯи дар паҳлӯяш буда, эҳтимол, духтараш бошад?

– Оре.

– Иҷозат диҳед табрик кунам шуморо.

Албер табассум кард.

– Мо аз ин хусус дафъаи дигар батафсилтар сӯҳбат хоҳем кард. Оё мусиқӣ маъқул шуд ба шумо?

– Кадом мусиқӣ?

– Охир ҳамоне, ки ҳамин ҳоло гӯш кардем.

– Мусиқии бисёр хуб, агар ба эътибор гирем, ки онро, чунон ки шодравон Диоген мегуфт, инсон эҷод кардаасту мурғони дупои бебол иҷро мекунанд.

– Ана гап, графи меҳрубон? Метавон гумон бурд, ки аз рӯи майл шумо метавонед аз навою хониши дастаи ҳафтгонаи фариштагон лаззат баред?

– Қариб ки ҳамин тавр, виконт. Ҳар гоҳ дилам хоҳад, ки навои дилпазире бишнавам, ҳамин хел навое, ки ҳаргиз ба гӯши бандаи хокӣ нарасидааст, ман ғанаб мекунам.

– Хӯш, ин тавр бошад, ба ҷои мувофиқ афтодед шумо; роҳат карда бихобед, графи меҳрубон, опера ҳам барои ҳамин офарида шудааст.

– Не, рӯирост бигӯем, оркестри шумо хеле сермағал аст. Барои хобидан он тавре, ки ба шумо гуфтам, барои ман оромию хомӯшӣ лозим ва ғайр аз ин, як дараҷа омодагӣ...

– Ҳашиши овозадор?

– Маҳз ҳамон. Виконт, ҳар гоҳ дилатон мусиқӣ шунидан кашад, ба хонаи ман шом хӯрдан оед.

– Ман алакай он мусиқиро гӯш кардаам, даме ки дар хонаи шумо субҳона хурда будам.

– Дар Рим?

– Оре.

– Ҳа, ин чанги Гайда буд. Оре, ғарибаи бечора гоҳо дилхушиаш ин аст, ки навоҳои диёрашро иҷро мекунад.

Албер ба пурсуҷӯ надаромад, граф ҳам хомӯш монд. Дар ҳамин ҳин садои занг баланд шуд.

– Маро маъзур медоштагистед? – гуфт граф ҷониби нишемани худ равон шуда.

– Афв фармоед.

– Хоҳиш мекунам ба графиня Г. дуруди вампирашро бирасонед.

– Ба баронесса чӣ?

– Бирасонед, ки агар он кас иҷозат фармоянд, ман дар тӯли ин бегоҳ эҳтиромашонро ба ҷо оварда шарафёб хоҳам шуд.

Пардаи сеюм оғоз ёфт. Дар давоми ин парда граф де Морсер, тибқи ваъдааш, дар нишемани хонуми Данглар пайдо шуд.

Граф аз он касоне набуд, ки тамошогоҳро ба ҳаяҷон меоваранд, бинобар ин, ҳеҷ кас, ба ғайр аз онҳое, ки дар ин нишеман ҷой гирифта буданд, омадани ӯро пайхас накард.

Монте-Кристо ба ҳар ҳол пайхас карда буд ва андак табассуме давид дар лабонаш.

Аммо Гайда бошад, ӯ, бо андаке бардошта шудани парда, дар атроф дигар ҳеч чизро намедид. Ба одати ҷамеи касони бетакаллуф ҳар он чи бобати шунидану дидан буд, ба худ мекашид варо.

Пардаи сеюм чун ҳарвақта сипарӣ шуд; раққосагони балет Нобле, Жулиа ва Леру ба ҳаво ҷастану по ба ҳам задании одатиашонро ба ҷо оварданд; Роберт–Марио ба шаҳзодаи гренадӣ довталаб шуд; ниҳоят шоҳи ҷалолатмаоб аз дасти духтараш дошта, бо виқор аз саҳна убур кард. То ки абои махмалиашро ба тамошобинон намоиш бидиҳад; баъди ҳамин парда фурӯ афтоду мардум дар пештолору роҳравҳо пароканда шуданд.

Граф аз нишемани худаш берун омаду баъди чанд сонияе дар нишемани баронесса Данглар пайдо шуд.

Баронесса аз нидои ҳайрати хушҳолона худдорӣ карда натавонист.

– Оҳ, граф, чӣ шодам аз дидоратон! – нидо зад ӯ. – Ин қадар дилам мехост ҳар чи зудтар миннатдории шифоҳиамро ба он руқъае барафзоям, ки ба шумо фиристода будам.

– Наход ин муҳаққарро ҳоло ҳам дар хотир дошта бошед, баронесса? Ман тамоман аз ёд баровардаам онро.

– Оре, лекин фаромӯш кардан лозим нест, ки рӯзи дигараш шумо дӯсти азизи ман, хонуми де Вилфорро аз хатаре, ки аз ҳамин аспон ба вай расида буд, наҷот додед.

– Барои ин ҳам ман шоистаи миннатдории шумо нестам, хонум; саодати ин хидмат, ки ба хонуми ед Вилфор расонда шуд, насиби Алии нубии ман аст.

– Хӯш, писари маро аз дасти роҳзанони Рим низ Алӣ наҷот дод? – пусрид граф де Морсер.

– Не, граф, – гуфт Монте-Кристо, дасти ба сӯяш дароз кардаи генералро фишуда истода, – не; ин дафъа миннатдориро қабул дорам ман, лекин охир шумо инро ба ман пеш аз ин изҳор карда будед–ку, ман онро то ба охир гӯш карда истодам ва, ростӣ, ба ман айб аст, ки шумо аз он боз ёдовар мешавед. Марҳамат карда маро шарафманд гардонед, баронесса ва муаррифӣ кунед маро ба духтаратон.

– Ин шуморо медонад, ақаллан аз рӯи номатон, зеро, чанд рӯз мешавад, ки мо фақат гапи шуморо мегӯем. Эженӣ, – давмо дод суханашро баронесса, ба духтараш рӯ оварда, – ин кас граф Монте Кристо!

Граф таъзим намуд; мадемуазел Данглар хаёле кала зад.

– Бо шумо дар нишеман нозанини олиҷанобе нишастааст, граф, – гуфт Эженӣ, – вай духатри шумост?

– Не, мардемуазел, – гуфт Монте-Кристо, аз ин содалавҳии беҳудуд ё худбоварии ҳайратовар ба тааҷҷуб афтода, – вай як албандухтари сарсахтест; ман васии ӯям.

– Чӣ ном дорам?

– Гайда, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

– Албандухтар! – ғурунгос зад граф де Морсер.

– Оре, граф, – гуфт ба ӯ хонуми Данглар, – ва бигӯед, ягон вақте дар боргоҳи Алӣ–Тебелин, ки ин қадар нағз хизматашро ба ҷо овардаед, пӯшоки ин барин либоси фохирро дидаед?

– Хӯш шумо дар Янин хизмат кардаед, граф? – пурсид МонтеКристо.

– Ман генерал – бозраси кӯшуни пошо будам, – ҷавоб гардонд Морсер, – ва пинҳон намекунам, андак сармояе, ки дорам, аз файзу баракати султони албан аст.

– Э як назар кунед ба вай, – исрор кард хонуми Данглар.

– Канӣ вай? – ғурунгид Морсер.

– Ана! – гуфт Монте-Кристо.

Ва дасташро ба китфи граф гузошта, вай аз болои девораи нишеман ҳамроҳи ӯ хам шуд.

Дар ҳамин дақиқа Гайда, ки бо нигоҳаш графро меҷуст, чеҳраи рангпаридаи ӯро дар паҳлуи Морсер пайхас кард, ки ӯро аз китфаш оғӯш карда дошта меистод. Ин манзара ба ҷавондухтар он тавр таассуроте бахшид, ки гирифтем, агар вай каллаи Медузаро медид; Гайда каме ба пеш хам шуд, мисле ки чашм ба онҳо медӯхта бошад, баъд якбора худашро ақиб кашида, пастакак фиғон кард, ки ҷамеи ҳамсоягони наздикаш бишниданд, аз ҷумла Алӣ ҳам, ки бетаъхир дарро боз кард.

– Нигоҳ кунед, – гуфт Эженӣ, – ба дастпарварди шумо чӣ ҳодиса рӯй дода бошад, граф? Мисле ки ҳолаш бад шудааст.

– Воқиан ҳам, – ҷавоб гардонд граф, – лекин шумо натарсед. Гайда хеле асабонист, бинобар ин ҳам, ба ҳар гуна бӯю таф ҳассос аст: бӯе, ки ба машомаш кареҳ мерасад, боиси мадҳушиаш мегардад, аммо, – давом дод суханашро граф, шишачаеро аз кисааш бароварда истода. – маро доруе ҳаст аз ин дард.

Ва ба баронессаю духтари ӯ таъзим намуда, бори дигар ӯ дасти графу Дебрэро фишурдаву аз нишемани хонуми Данглар баромад.

Ба нишемани худаш баргашта, ӯ Гайдаро ҳанӯз хеле рангпарида ёфт; граф фурсати дармадан наёфта буд, ки Гайда аз дасташ қапид.

Монте-Кристо пайхас кард, ки дасти ҷавондухтар ях барин сарду намнок аст.

– Вай кӣ буд, ки ҳамроҳаш гап задӣ, хоҷаам? – пурсид ӯ.

– Граф де Морсер, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – ӯ дар дасти падари диловари ту хизмат кардааст ва мегӯяд, ки барои дороиаш миннат аз ӯ дорад.

– Нобакор! – нидо зад Гайда. – ӯ буд, ки падари маро ба турҳо фурӯхт ва дороии ӯ – баҳои хиёнаташ. Наход ту хабар надошта бошӣ, хоҷаи меҳрубонам?

– Ман дар Эпир аз ин хусус ким–чие шунида будам, – гуфт МонтеКристо, – вале тамоми тафсилоти ин воқиаро намедонам. Рафтем, фарзандам, ту ба ман ҳамаашро ҳикоят мекунӣ, ки бояд хеле аҷоиб бошад.

– Ҳа, ҳа меравмем, ба назарам, ки дар қарибии ин шахс биистам, мемурда бошам.

Гайда зуд бархост, худашро ба абои кашмирии сафеди марвориду марҷондӯзӣ дарпечиду батаъҷил, дар лаҳзае аз нишеман берун рафт, ки парда бардошта шуд.

– Нигоҳ кунед, – гуфт графиня ба Албер, ки боз гашта назди вай омада буд, – ин шахс ягон чизро тавре намекунад, ки дигарон мекунанд! Ӯ пардаи сеюми «Роберт»-ро ба иззату икром гӯш карду маҳз дар ҳамон дақиқае, ки пардаи чорумаш сар мешавад, баромада рафт.

пешина
аз 99
навбатӣ