Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XV. РОБЕРТИ ИБЛИ
Далел овардани опера аз он ҷиҳат ҳам ваҷҳнок буд, ки ин бегоҳ дар академияи мусиқии подшоҳӣ шукуҳи бузурге бояд барпо мешуд. Левассер, бори аввал баъди бемории дуру дароз дар нақши Бертрам баромад мекард ва асари бастакори овозадор чун ҳарвақта, гулҳои сари сабади ҷомиаи Парижро ҷалб карда буд.
Албер, чун аксари ҷавонони сарватманд, дар оркестр курсие дошт; ғайр аз ин, барои вай ҳамеша дар даҳҳо нишемани шиносони наздикаш ҷой пайдо мешуд, ба ҷуз ҷое, ки ба он дар нишемани ашрофзодагон вай ҳаққи дахлнопазире дошт.
Курсии ҳамшафат аз они Шато–Рено буд.
Бошан, чунон ки боистаи рӯзноманигорон аст, шаҳаншаҳи кулли толор буд ва ҳар ҷо хоҳад, нишаста метавонист.
Ин бегоҳ нишемани вазорат дар ихтиёри Лусен Дебрэ буд ва онро ба граф де Морсер пешниҳод кард, ва ӯ ба сабаби рад кардани Мерседес онро ба Данглар вогузошт, лекин ба иттилои ӯ расонд, ки баъдтар аз баронессаю духтараш хабар хоҳад гирифт, агар хотунҳо пазируфтани нишеманро раво бинанд. Хотунҳо, бадеҳист, ки рад накарданд. Ҳеч кас ба нишемани атоӣ ба мисоли миллионерҳо ҳарис нест.
Худи Данглар бошад, изҳор дошт, ки ақоиди сиёсиву мавқеаш ба сифати намояндаи мухолифин ба ӯ изн намедиҳад, ки дар нишемани вузаро ҷой гирад. Бинобар ин баронесса ба Лусен руқъа фиристода, таманно кард, ки омада барадаш, – охир вай наметавонист, ки ҳамроҳи Эжени танҳо ба Опера равад.
Дарвоқеъ, агар хотунҳо дар нишеман ҳар ду танҳо қарор мегирифтанд, инро, аҷаб не, айб медонистанд, лекин агар мадемуазел Данглар ҳамроҳи модарашу маъшуқи ӯ ба театр равад, ба ҳеч кас эрод намегиранд, – бо авҳоми ҷомиа созиш мебояд кард.
Парда, чун ҳарвақта, дар ҳоли қариб холӣ будани толор, бардошта шуд. Ин ҳам аз ҷумлаи таомули ашрофу аъёни мост – ба театр баъди саршавии намоиш омадан; ба ҳамин тариқ, ҳангоми намоиши якум онҳое, ки саривақт омадаанд, намоишро дидан ва суханронии ҳунарпешагонро шунидан наметавонанд: онҳо фақат ба тамошо ояндагонро дидан ва садои кушодаву пӯшида шудани дарҳову гуфтугӯи одамонро шунидан метавонанду бас.
– Ана гап! – гуфт Албер, кушода шудани дари яке аз нишеманҳои паҳлуи поёнро дида. – Ана гап! Графиня Г.
– Чӣ касест графиня Г.? – пурсид Шато–Рене.
– Лекин, барон, чӣ суоли афвнопазирест ин? Шумо намедонед, ки графиня Г. чӣ касест?..
– Э, ҳа, – гуфт Шато–Рено, – ин, эҳтимол, ҳамон зани венетсиягии дилрабо бошад?
– Ҳа–дия.
Дар ҳамин ҳин графиня Г. Алберро пайхас карду бо табассум кала зада, ба таъзимаш ҷавоб гардонд.
– Шумо бо ӯ шиносоӣ доред? – пурсид Шато–Рено.
– Оре, – ҷавоб гардонд Албер, – Франс дар Рим маро ба ӯ муаррифӣ карда буд.
– Оё ҳамон хидматеро, ки дар Рим Франс дар ҳаққатон кардааст, дар Париж шумо дар ҳаққи ман ба ҷо намеоваред?
– Бо майли тамом.
– Хомӯш! – садое баромад аз миёни издиҳом.
Ҷавонмардҳо сӯҳбаро идома доданд, зарае ба майли мусиқишунавии аҳли толор эътибор надода.
– Ӯ дар пойгаи Дашти Марс ҳозир буд, – гуфт Шато–Рено.
– Имрӯз?
– Оре.
– Воқиан, имрӯз пойга буд. Шумо гарав мондед?
– Кирои гап не, ба панҷоҳ луидор.
– Хӯш кӣ бурдид?
– «Наутилус». Ман ба болои он гарав монда будам.
– Охир пойга се давра дошт–ку?
– Оре. Мукофоти Бошгоҳи чобуксаворон буд, ҷоми тилло. Ҳатто як ҳодисаи ғалатӣ рӯй дод.
– Чӣ гуна ҳодиса?
– Э хомӯш! – боз дод заданд ба онҳо.
– Чӣ гуна ҳодиса? – такрор кард Албер.
Ин пойгаро як аспи тамоман ношиносе бо чобуксавори номаълуме бурд.
– Ба чӣ тариқ?
– Ана ин тариқ. Ба аспе, ки зери унвони «Вампа» – ву чобуксаворе, ки бо исми Иов номнавис шуда буданд, касе эътибор намедод, ки яке бодпои тӯруқи аҷоибеву чобуксавори хурдакакеро диданд; ин тӯруқ аз «Ариел»-у «Барбаро», ки бо вай паҳлу ба паҳлу метохтанд, се қади асп пеш гузашт.
– Аспи кӣ буданашро надонистанд, ки надонистанд?
– Не.
– Шумо гуфтед, ки ба қайд гирифта шуда буд зери номи...
– Вампа.
– Ин тавр бошад, – гуфт Албер, – ман нисбат ба шумо огоҳтар астам; ман медонам ба кӣ тааллуқ дошт он асп.
– Э бас кунед–е! – бори сеюм садо заданд аз толор.
Ин дафъа эътироз ба дараҷае қавӣ буд, ки ҷавонмардҳо, оқибат дарёфтанд, ки садоҳо ба худашон нисбат доштаанд. Онҳо баргашта дар миёни издиҳом касеро меҷустанд, ки масъули ин густохист; аммо касе батакрор садо набаровард ва онҳо боз рӯ ҷониби саҳна гардонданд.
Ҳамин дам дари нишемани вазир боз гардиду хонуми Данглар, духтараш ва Лусен Дебрэ ҷойҳои худашонро ишғол карданд.
– Ана шиносҳои шумо ҳам, виконт, – гуфт Шато–Рено. – Чаро шумо ҷониби рост нигоҳ доред? Шуморо мекованд.
Албер баргашта назар кард ва дарвоқеъ чашмаш ба баронесса Данглар афтод, ки бо ҳаракати бодбезан ба вай дуруд мефиристод. Вале мадемуазел Эжени базӯр чашмони сиёҳи шаҳлояшро ҷониби курсиҳои аҳли оркестр поён карда, миннат ниҳод.
– Ростӣ, азизам, – гуфт Шато–Рено, – агар завҷияти нобаробарро сарфи назар кунем, – лекин ман гумон надорам, ки ин вазъият шуморо нороҳат мекарда бошад, – ҳеч фаҳмида наметавонам, ки шумо ба мадемуазел Данглар чӣ иддао дошта бошед; вай хеле зебост.
– Бадеҳист, ки хеле зебост, – гуфт Албер, – лекин, рости гап, аз назари зебоӣ дили ман ягон чизи андаке латифтар, андаке нармтар, хуллас, андаке бонафосаттареро афзал медонад.
– Ҷавонони инзамона ҳамин–дия, – гашта гуфт Шато–Рено, ки аз дидгоҳи марди сисола бо Албер падарвор муносибат кард, – инҳо ҳеч гоҳ аз чизе розӣ намешаванд. Инсоф диҳед, азизам, ба шумо арӯсеро пешниҳод карда истодаанд, ки ба мисоли Дианаи сайёд халқ шудаасту шум обоз шиква доред!
– Маҳз барои ҳамин ҳам, дили ман Венераи Милосӣ ё Капуанӣ барин вуҷудеро мехоҳад. Ин Дианаи сайёд, ки доимо дар иҳотаи париҳост, андаке ба ҳарос меоварад маро; метарсам, ки қисмати Актеон пеш наояд маро.
Дар воқеъ, ба ин духтарак назар карда, ростӣ, эҳсосеро, ки Албер ба он эътироф овард, пай бурдан мумкин буд. Мадемуазел Данглар хушрӯ буд, аммо, чунон ки Албер гуфт, дар ҳусни ӯ ким–чии нофораме эҳсос мешуд; ҷингилаи мӯи сари сип–сиёҳаш табиӣ буд, аммо дар ҳалқаҳои он мисле ки муқобилати дасти ромгари мӯяш эҳсос мешуд; чашмони ба мисоли он мӯйҳо сиёҳаш дар зери абрувони базеб ки ягона камбудиашон гоҳ–гоҳе дар онҳо афтодани чин буд, бо тазоҳури иродаи матин, ки хоси нигоҳи зан нест, касро дар ҳайрат мегузоштанд; биниаш айнан тавре буд, ки муҷассамасоз дар офаридани Юнона эҷод мекард; фақат даҳонаш як дараҷа калонтар буд; даҳонаш аз меъёр калонтар намояд ҳам, дандонҳои назаррабояш шаъшаъаи лабонашро, ки дар чеҳраи рангпаридааш ҷудо шуда меистод, аз будаш зиёд карда нишон медод; ниҳоят, холи сиёҳи модарзодии кунҷи лабаш, ки нисбат ба чунин падидаи одатии табиат андаке бузургтар ҷилва мекард, қатъияти чеҳраашро, ки як дараҷа ба рамидани Албер боис гардида буд, ҳароси ӯро қавитар мекард.
Илова бар ин андоми Эженӣ ба сурати қиёфааш, ки мо саъй намудем тавираш бикунем, мос афтода буд. Ӯ, чунон ки Шато–Рено гуфт, Дианаи сайёдро ба ёд меовард, аммо дар ҳусни ҷамолаш қатъияту қудрат боз ҳам бештар буд.
Дар донишҳое, ки ӯ андӯхта буд, агар нуқсоне пайдо кардан имкон медошт, он нуқсон ин буд, ки чун баъзе ҷиҳатҳои сурати зоҳираш, таҳсилоташ ба шахсияти ғайри зан созгор буд. Ӯ ба чанд забоне ҳарф мезад, базеб сурат кекашид, шеър менавишту мусиқӣ эҷод мекард; ба ин санъат бо шавқи тамом саргарм мешуд ва онро бо яке аз дугонаҳои ҳаммактабаш, духтараки бенавое меомӯхт, ки ба итминони ҳамагон, барои сурудхони беҳамтое шудан ҳамагуна падидаҳои боистаро соҳиб буд. Кадом як бастакори номдор, аз рӯи овозаҳо, ғамхории падарворе зоҳир кардаву ба умеде ӯро таълим медодааст, ки ягон вақт овози хушаш ба вай сарвате меоварад. Эҳтимоли он, ки Луиза д’ Армилла – чунин ном дошт он ҷавондухтар – минбаъд дар саҳна ҳунарнамоӣ хоҳад кард, монеи ҳамроҳаш дар миёни табақаи аъён пайдо шудани мадемузале Данглар мегардид, агар чи вай духатракро дар хонадони худашон мепазируфт. Лекин Луиза дар хонаи бонкдор мавқеи мустақил надошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол нисбат ба муаллимаи муқаррарӣ бештар мартабае дошт.
Баъди чанд дақиқаи дар нишеман пайдо шудани хонуми Данглар парда фурӯ афтод: дар муддати танаффуси нимсоата дар пештолор гардиш кардан ё ба нишемнҳо рафта аз шиносҳо хабар гирифтан мумкин буд, бинабар ин курсиҳои оркестр қариб ки холӣ монданд.
Албер ва Шато–Рено аз ҷумлаи аввалин касоне буданд, ки ҷойҳои худашонро тарк карданд. Дақиқае хонуми Данглар аз дил гузаронд, ки Алберро хоҳиши ба дуруди худаш шитофтан ба ин иқдом водоштагист ва ӯ тарафи духтараш хам шуд, ки ӯро аз ин қазия огоҳ гардонад, вале Эжёнӣ фақат кала ҷунбонду табассуме кард; айнан дар ҳамин лаҳза, мисле ки нобоварии Эжениро тақвият доданӣ бошад, Албер дар нишемани паҳлуии табақаи якум пайдо шуд. Ин нишемани графиня Г. буд.
– Ҳа, инак шумоед, ҷаноби сайёҳ! – гуфт графиня, ба ифодаи дуруди шиноси дерин даст ҷониби ӯ дароз карда. – Хеле хуш аст аз ҷониби шумо, ки маро шинохтед, вале муҳиммаш ин, ки аввал ба дидани ман омаданро афзал донистед.
– Бовар бикунед, графиня, – ҷавоб гардонд Албер, – агар дар Париж будани шуморо медонистам ва агар суроғаатон ба ман маълум мебуд, ман ин қадар дуру дароз нигарон намеистодам. Вале иҷзозат фаромед, дӯстам, барон Шато–Рено, яке аз кам аъёни дар Фаронса боқӣ мондаро ба шумо муаррифӣ бикунам; ин кас ҳамин ҳоло ба ман хабар доданд, ки шумо дар пойгаи Дашти Марс ҳузур доштаед.
Шато–Рено таъзин намуд.
– Шумо дар пойга оё ҳозир будед? – бо рағбат аз ӯ суол кард графиня. – Оре, хонум.
– Дар ин сурат оё метавонед ба ман бигӯед, – бо эҳтирос давом дод ӯ, – ки аспи ҷоизаи Бошгоҳи чобуксаворонро бурда ба кӣ тааллуқ дошт? – Намедонам, – давом дод Шато–Рено, – ман навакак айни ҳамин суолро ба Албер дода будам.
– Оё ин хеле муҳим аст барои шумо, графиня? – пурсид Албер.
– Чӣ?
– Донистани номи соҳиби асп?
– Беҳад. Тасаввур бикунед... Лекин, шояд, шумо ӯро шиносед, виконт?
– Графиня, шумо ким–чие ҳикоят карданӣ будед. «Тасаввур бикунед» – гуфтед шумо.
– Оре, тасаввур бикунед, ин тӯруқи бодпои зебо ва ин чобуксавори хурдакаки пӯшоки гулобиранг дар бар кардаи дилрабо аз нигоҳи аввал чунон меҳре ба дилам талқин кард, ки ман аз таҳи дил ба вай комёбӣ хостам, мисли ин ки нисфи дороии худамро ба ҳар ду гарав монда бошам ва даме дидам, ки дигаронро як қадди асп ақиб гузошту, якум ба пила расиданд, чунон шодӣ кардам, ки чун ақлбохтае ба кафкӯбӣ даромадам. Ҳайрати маро тасаввур бикунед, ки ба хона баргашта, ман дар сари зинапояи хонаи худ ба чобуксавори хурдакаки либоси гулобӣ пӯшида рӯбарӯ задам! Ман гумон кардам, ки ғолиб, эҳтимол, бо ман дар як бино истиқомта дошта бошад, аммо даме ки дари хонаи меҳмонпазироиамро боз кардам, ҳамон дам ҷоми зарине ба чашмам хурд, ки ҳамин рӯз аспи ношиносу чобуксавори маҷҳул бурда будандаш. Даруни ҷом хатчае буд: «Ба графиня Г. лорд Рутвен».
– Гумонам рост баромад, – гуфт Албер.
– Яъне ки чӣ тавр? Шумо чӣ гуфтанӣ ҳастед?
– Ман гуфтаниям, ки ин худи ҳамон лорд Рутвен.
– Кадом лорд Рутвен?
– Охир вампири шумо, ки мо дар театри Арҷентина дида будемаш.
– Наход? – нидо зад графиня. – Магар вай ин ҷост?
– Албатта.
– Ва ҳар ду вомехӯретон? Ӯ ба хонаи шумо омаду рафт дорад? Шумо аз ҳолаш хабар гирифта меистед?
– Ин як дӯсти қарини ман аст ва ҳатто ҷаноби Шато–Рено шарафи шиносоии бо ӯро дорад.
– Барои чӣ шумо гумон мекунед, ки маҳз ӯ ҷоизаро бурдааст?
– Аспи ӯ зери номи Вампа сабт ёфтааст.
– Аз ин чӣ хулоса?
– Магар шумо роҳзани номдореро, ки маро асир гирифта буд, дар ёд надоред?
– Ҳа, рост.
– Ки аз дасташ ба як тарзи ҳайратовар граф маро халос карда буд? – Ҳа, ҳа.
– Исми ӯ Вампа буд. Акнун худатон дида истодаед, ки ин ӯст.
– Лекин чаро ин ҷомро ба ман фиристодааст?
– Аввалан, графиня, барои он, ки ман, метавонед тафтиш бикунед, ба ӯ дар бораи шумо бисёр чизҳо ҳикоят кардаам, сониян, эҳтимол, аз он бошад, ки аз дидани ҳамватанаш хеле шод шудагист ва аз таваҷҷӯҳе, ки ҳамватанаш ба вай зоҳир кардааст, саодатманд гардидагист.
– Умед дорам, ки шумо аз он бадгапиҳое, ки дар ҳаққаш ҳар ду манаҳ зада будем, чизе нагуфтагистед!
– Рост гап, ба ин итминон надорам ман, вале он ки вай ин ҷомро аз номи лорд Рутвен ба шумо пешкаш кардааст...
– Охир ин даҳшатовар аст! Вай ба ман адоват доштагист! – Магар рафтори ӯ далели авдоват аст?
– Рост гап, не.
– Ана дидед!
– Пас, аз ин мебарояд, ки вай дар Париж будааст–дия!
– Оре.
– Хӯш, чӣ таассуроте барангехт?
– Хайр, чӣ гӯям, – гуфт Албер, – ягон ҳафта аз бобаш гуфтугӯ рафт, баъд маросими тоҷгузории маликаи ингилис ба миён омада, ба ғорат рафтани бриллиантҳои мадемуалзел Марс ҳодис шуд, – дигар аз ин хусус ҳарф намезадагӣ шуданд.
– Азизам, – гуфт Шато–Рено, – мапа–маълум, ки граф дӯсти шумост, муомилаатон ҳам нисбат ба ӯ созгори ҳамин аст. Ба ҳарфаш бовар накунед, графиня, дар забони аҳли Париж агпи граф Монте-Кристосту бас. Ӯ корро аз он сар кард, ки ба хонуми Данглар як ҷуфт аспи қиматаш сиҳазорфранка ҳадя кард; баъд хонуми де Вилфорро аз марг наҷот дод; баъд, зоҳиран, ҷоизан Бошгоҳи чобуксаворонро ба даст овардааст. Морсер ҳар чӣ гӯяд ҳам, ман, баръакс, таъкид мекунам, ки ҳоло ҳам ҳушу ёди ҳама пеши граф аст ва боз як моҳи расо гуфтугӯяшон аз боби ӯ хоҳад буд, агар вай ӯъҷубакориашро давом додан гирад; воқиан, аз афташ, ин шуғли одатии ӯст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё