Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ана гап! – гуфт хонуми де Вилфор, ки ҳини ин гуфтугӯ чашмонаш ғалатӣ шарарбор шуданд.

– Оре, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – тамоми фоҷиаи Шарқ бо нӯшдоруи ишқ оғоз мегардаду бо гиёҳе ё нӯшобаи марговаре ки дар назари инсон табақоти афлокро боз мекунад, бо ошомидане ба анҷом мерасад, ки ӯро саранҷом ба ҷаҳаннам мебарад. Дар ин ҷо ҳар қадар тобишҳои мухталифе бошад, ҳамон қадар ҳавою ҳавас ва дар табиати ҷисмонию рӯҳонии инсон ҷиҳатҳои сарбастае дорад; аз ин бештарашро мегӯям, санъати ин кимиёиҳо дарду даворо бо шавқи ишқу ҳирси интиқом ба таври аҳсан омезиш дода метавонад.

– Лекин, граф, – гашта гуфт ҷавонзан, – ин мафҳуми шарқиён ки шумо як ҳиссаи умратонро дар миёни ишон ба сар бурдаед, аз афташ, чун афсонаҳои аҷоиби онҳо, пур аз тахайюлот аст. Ва он ҷо бидун ҳарос доштан аз ҷазо метавон одамро нобуд кард? Пас, аз ин мебарояд, ки Бағдоду Басраи тасвир кардаи Галлан1 воқиан ҳам мавҷуд будаанд? Аз ин мебарояд, ки ҳамон султону вазирҳое, ки зимоми ин ҷомиаро дар каф доштаанду шахсиятҳое будаанд, ки дар Фаронса ҳукуматашон меноманд, воқиан ҳам Ҳорунаррашиду Ҷаъфарҳое будаанд: онҳо нафақат аз гуноҳи заҳрдиҳанда дармегузаштаанд, балки нахуствазирашон бармедоштаанд, агар ҷинояташ ҳилагаронаву ҳунармандона ба ҷо оварда шуда бошад ва амр мекардаанд қиссаи ин ҷиноятро ба оби тилло сабт бикунанд, то дар соати малолат асбоби дилхушиашон бишавад?

– Не, хонум, замони хориқулъода дар Шарқ низ паси сар шудааст; он ҷо ҳам, бо номи дигар ва дар либоси дигар низ комиссарони политсия, муфаттишон, додситонҳои подшоҳӣ ва коршиносон мавҷуданд. Он ҷинояткоронро устокорона ба дор кашидан, сар аз тар ҷудо кардан, ба сари мех шинондан метавонанд; аммо ин ҷинояткорон фиребгарони чирадастеанд, ки аз адлияи одамӣ бадар рафтаву ба туфайли нақшҳои айёронаашон дурри мақсуд ба даст оварда метавонанд. Дар ҷомиаи мо шахси бехирад ба василаи иблиси адоват ё ҳирс бо мақсади тамом кардани кори ҳарифаш ё беҷон кардани хешованди солхӯрдааш назди доруфурӯше рафта, худро ба номи сохтае арза медиҳад, ки бад–ин васила ӯро назар ба он ки агар номи воқеиашро мегуфт, осонтар дармеёбанд; ҳамин шахс аз доруфурӯш, ба баҳонаи он ки калламушҳо маҷоли хобидан намедиҳандаш, панҷ–шаш грамм марги муш харидорӣ мекунад; агар ин шахс ниҳоят эҳтиёткор бошад, ба панҷ–шаш дорухонае даромада мебарояд, ки дарёфт карда шуданашро панҷ–шаш маротиба осонтар мегардонад. Ӯ чунин василаи маргро ба даст оварда, ба рақиб ё хешованди солхӯрдааш ба чунин вояе марги муш мехӯронад, ки мамонт ё мастодонтеро ҷо ба ҷо мекушт ва аз хӯрдани ин заҳр қурбоншуданиаш бе сабабе зоҳир чунон доду фиғон хоҳад бардошт, ки тамоми аҳли кӯча ба по мехезанд. Он гоҳ як дунё одамони политсияю жандармҳо гирд омада, духтур даъват мекунанд, ки духтур майитро ташреҳ карда, аз меъдаву рудаҳояш марги муш берун меоварад. Рӯзи дигараш дар ягон сад рӯзнома тафсилоти воқиа бо номи қурбоншудаву қотил ба табъ мерасад. Бегоҳии ҳамон рӯз як ё чанд доруфурӯше ҳозир шуда ба иттилоъ мерасонанд, ки «Ҳамин кас аз ман марги муш харида буд»; барои онҳо аз байни ягон бист нафар харидорон ташхис додани қотил як пула гап аст; ин дам ҷинояткори аблаҳро даст мегиранд, ба маҳбас меандозанд, истинтоқ мекунанд, чорбарӯ мегардонанд, гуноҳашро дайн мекунанд, маҳкум намудаву сар аз танаш ҷудо мегардонанд, ё, агар вай хотуни олитаборе бошад, ба ҳабси якумрӣ меҳкумаш мекунанд. Ана, аҳли шимоли шумо чӣ муомилате мекунанд бо кимиё. Воқиан, Деру, эътироф мебояд кард, боақлтар буд.

– Чӣ мехоҳед шумо, граф, – гуфт хандакунон, хонуми де Вилфор, – мардум он кореро мекунанд, ки аз дасташон меояд. На ҳама аз рози Медичӣ ё Борҷиа баҳра доранд.

– Акнун, – давом дод граф, китф дарҳам кашида, – мехоҳед, ба шумо бигӯям, ки аз чӣ сабаб ин корҳои бемаънӣ ба амал меоянд? Аз он ки дар театрҳои шумо, то ҷое ки ман намоишномаҳои шуморо хонда, қазоват карда метавонам, намоишномаҳоеро, ки ба саҳна гузошта мешаванд, одамон ҳар гоҳ мӯҳтавиёти шишачаеро лоҷуръа нӯш мекунанд ё заҳреро, ки дар нигинхонаи хотамест, фурӯ мебаранду дармеафтанд; баъди дақиқае панҷ парда фурӯ меафтаду мардум хона ба хона пароканда мешаванд. Натиҷаи куштор маҷҳул мемонад: шумо ҳаргиз на комиссари политсияи гарданпеч дар гирди миён бастаеро мебинеду на капрали дар иҳотаи чор тан сарбозро, бинобар ин ҳам, касони беақл бовар мекунанд, ки гӯё дар зиндагӣ маҳз чунин воқиае рӯй медода бошад. Аммо аз марзи Фаронса берун шуда ба Ҳалаб, ба Қоҳира ё ақаллан ба Неапол ё Рим биравед, дар кӯча шумо одамони хушқаддубасти ранги рӯяшон тозаи чеҳраашон шукуфонеро хоҳед дид, ки ҳар як девсимои ланге, ки нохост аз каноратон гузаро мешавад, дар боби ӯ ба шумо хоҳад гуфт: «Ин ҷаноб се ҳафта мешавад, ки масмум гардидааст ва баъд аз як моҳ қолаб тиҳӣ хоҳад кард».

– Пас, аз ин мебарояд, – гуфт хонуми де Вилфор, – ки онҳо сирри аква–тофанаи овозадореро ёфта будаанд–дия, ҳамоне ки дар Перуҷа ба ман гуфта буданд, ки гӯё гум шудааст?

– Э дар олам магар ягон чиз гумм мешавад? Ҳунар сайр мекунад, гирди ҷаҳон мегардад; чизҳо номи дигар мегиранд ба худ, вассалом, авом пай намебарад инро, аммо натиҷааш доимо як аст: заҳрҳо ба ягон узв осеб мерасонанд, – якаш ба меъда таъсир мекунад, дигараш ба майна, сеюмаш ба рӯда. Инак заҳр сулфаро ба миён меоварад, сулфа ба ориз шудани илтиҳоби шуш боис мешавад ё ба ягон дарди дигар, ки аз хусусаш дар кутуби илм омадааст, ки ҳатмӣ нест боиси марг бигардад ва агар вай марговар набошад ҳам, ба туфайли доруҳо ҳатман марговар мешавад: пизишкони содадили мо аксаран кимиёиҳои одмиёнаанд ва давою дармони онҳо дардро зоил мекунад ё шиддат медиҳад – ин ба амри тасодуф аст. Ҳамин тавр, одамро ба камоли ҳунармандӣ мекушанд, қонун бошад, оҷиз аст, чунон ки яке аз дӯстони ман, аббати некӯхисол Аделмонтеи таорминӣ, ҳунарвартарин кимиёии Ситсилия мегуфт, ки ин зуҳуроти миллиро хуб омӯхта буд.

– Ин мудҳиш, вале бисёр хуб аст, – гуфт ҷавонзан, ки ба тамоми аъзо гӯш шуда ноҷунбон меистод. – Рости гап, ман ин ҳама ҳикоётро бофтаи мардуми асрҳои миёна гумон мебурдам.

– Оре, ҷои шубҳа нест, аммо дар рӯзгори мо онҳо боз мукаммалтар гардидаанд. Барои ҳамин ҳам мурури вақт вуҷуд дорад, ҳар гуна тадбирҳои муҷозот, ордену медал, ҷоизаҳои Монтионовӣ барои ба дараҷаи олии камолот расондани ҷомиа набуда барои чӣ буданд? Инсон бошад, фақат даме ба дараҷаи камолот мерасад, ки мисли маъбуде ба ҳавои дили худ офаридаву нобуд карда битавонад; нобуд карданро ӯ ин дам ёд гирифтааст – пас нисфи роҳ тай шудааст.

– Ба ҳамин тариқ, – гуфт хонуми де Вилфор, суботкорона ба сари мақсад баргаштанӣ шуда, – заҳрҳои Борҷиа, Медичӣ, Рене, Руҷйери ва шояд, минбаъд аз они барон Тренк низ, дар асарҳои саҳнавию романҳо ин қадар суиистифода гардидаанд...

– Осори санъат буданд, – ҷавоб гардонд граф. – Наход шумо гумон дошта бошед, ки олими ҳақиқӣ ба суҳулат даст ба каси дилхоҳ мезада бошад? На, ҳаргиз. Илм асари ӯъҷубаву хориқаи одат ва тахайюлро хуш дорад, агар чунин таъбирҳо ҷоиз бошад. Ҳамин тариқ, масалан, аббати дилпазир Аделмонте, ки дар борааш ҳикоят карда будам ба шумо, дар ин боб таҷрибаҳои ҳайратбахше гузаронда буд.

– Ҳамту–я?

– Оре, ман ба шумо мисол меоварам. Ӯ боғи олиҷаноби пур аз гулу сабзавот ва мева дошт; аз байни ин сабзавот ягонто аз ҳама зебарарашро ҷудо мекард – гирифтем, як калла карамро; дар зарфи се рӯз ба ин каллаи карам маҳлули марги муш мепошид; дар рӯзи сеюм карам иллат пайдо мекарду зард мешуд, вақти канданаш фаро мерасид; дар назари ҳама пухтагӣ ва ҳарвақта барин безарар метофт; фақат аббат Аделмонте медонист, ки вай заҳролуд шудааст. Он гоҳ ҳамин каллаи карамро ба хона мебурду харгӯшеро пеш меовард, – албатта Аделмонте як тӯда харгӯшу гурбаву кӯрмуши обӣ дошт, ки аз маҷмӯи сабзавоту гулҳову меваҷоташ ҳеч монданӣ надошт, – хӯш ки бошад, аббат Аделмонте харгӯшро пеш меоварду як барги он карамро ба хӯрди ӯ медод, харгӯш мемурд. Кадом муфаттише дар ин амр ягон рафтори ношояме пайдо карда метавонист? Аз болои Маженди ё Флуранс парвандаи ҷиноӣ боз кардан ба хаёли кадом додситони подшоҳие мерасид? Парвандаи ҷиноӣ боз кардан аз ваҷҳи харгӯшу гурбаву кӯрмушҳои обиро куштанашон. Ба хаёли ҳеч як додситоне. Ба ҳамин тариқ харгӯш мемирад, бе он ки диққати аҳли адлияро ба худ кашад. Сипас аббат Аделмонте ба таббохаш мефармояд, ки харгӯшро чок карда дарунашро тоза кунад ва аҳшояшро ба мазбала андозад: Дар ин мазбала мурғи хонагие гашту гузор дорад; мурғ аҳшои харгушро минқор зада, низ дардманд мешавад ва фардои он рӯз мимирад. Ҳине ки дар талвосаи ҷон пар–пар мезанад, аз он қарибиҳо пайғуе парвозкунон дармегузарад (дар кишвари аббат Аделмонте пайғу зиёд аст), худро ба лоша меандозаду бардошта сари сахрае мебарад ва тӯъмаи хеш мегардонад. Баъди се рӯз пайғум бечора, ки аз дами мурғ хӯрданаш, якзайл нотоб аст, нохост сараш чарх мегардаду аз зери абрҳо якрост ба толоби шумо фурӯ меафтад; мормоҳӣ, шуртан ё дигар моҳии баднафс, ки дар толоби худ нигаҳдориаш мекунед, ба лошаи пайғу дармеафтад. Ана ҳамин тавр, тасаввур бикунед, ки рӯзи дигар ҳамин мормоҳӣ, шуртан ё он моҳии дигарро, ки дар навбати чорум сам бардоштааст, таббохатон ба хони шумо пеш меоварад; меҳмони шумо дар навбати панҷум заҳролуд мешавад, – ва баъди ҳашт ё даҳ рӯз аз дарди гурда, рӯда, аз ғаши дил, аз ҷароҳати меъда мемирад.

Пас аз ташреҳ духтур хоҳад гуфт: «Марг дар натиҷаи варами ҷигар ё дар асари домана фаро расидааст».

– Аммо, – гуфт хонуми де Вилфор, – ин ҳама силсилаи рӯйдодҳо ки гуфтед, ба осонӣ метавонад гусаста бишавад: пайғу метавонад охир дар лаҳзаи лозим накунад ё сад қадам канортар аз толоб биафтанд.

– Санъат ҳам дар ҳамин–дия. Дар Шарқ барои кимиёии номвар будан, тасодуфотро идора кардан лозим аст, – ва аз ӯҳдаи ин кор мебароянд он ҷо.

Хонуми де Вилфор андешамандона гӯш карда меистод.

– Лекин, – гуфт ӯ, – осори марги муш барҳам намехӯрад: ба ҳар василае, ки ба тани одам ворид бишавад, вай зоҳир мегардад, агар дар тани кас ба андозае бошад, ки боиси марг бишавад.

– Бале, бале, – нидо зад Монте-Кристо, – ман ҳам ана ҳаминро гуфта будам ба Аделмонтеи некном.

Ӯ ба андеша рафт, табассум кард ва бо зарбулмасали ситсилӣ ҷавоб гардонд, ки ба хаёлам дар забони фаронсавӣ муодиле дорад: «Писарам, ин ҷаҳон дар як рӯз не, балки дар ҳафт рӯз офарида шудааст; рӯзи якшанбе наздам оед».

Рӯзи якшанбе боз наздаш рафтам; ба ҷои он ки ба бехи карам маҳлули марги муш резад, онро бо намакоби заҳрноке об дод, ки дар илм strychnos colubrina меноманд. Ин дафъа карам ҳаргиз иллатнок наметофт ва дар замири харгӯш ҳеч гуна шубҳае пайдо нашуд, баъди панҷ дақиқа бошад, харгӯш бимурд; мурғи хонагӣ каме нӯл зада хӯрду рӯзи дигар ҷон дод. Он гоҳ мо пайғувор мурғро бардошта ба хона бурдему ташреҳаш кардем. Ин дафъа тамоми аломатҳои хос нопадид гардида буду аломатҳои умумӣ зоҳир. Дар ягон узви мурғ ҳеч гуна нишонаҳои махсусе пайдо набуд: фақат таъсири силсилаи асаб буду осори ғалаёни хун ба мағзи сар; мурғ на аз заҳр бимурда буд, балки аз сактаи майна. Ба мурғон ин ба нудрат рӯй медиҳад, ман медонам, аммо барои одамон ин ҳодисаи муқаррирарист.

Хонуми де Вилфор то рафт андешамандтар мегардид.

– Чӣ хушбахтист, – гуфт ӯ, – ки ин гуна доруҷотро фақат аҳли кимиё тайёр карда метавонанд; вагарна, ростӣ, як ҳиссаи одамон ҳиссаи дигарашонро заҳр дода мекуштанд.

– Кимиёиён ё касоне, ки ба кимиё таваҷҷӯҳ доранд, – беэътиноёна ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

– Ва, ғайр аз ин, – гуфт хонуми де Вилфор, ба зӯрӣ аз гирдоби андешаҳояш берун омада, – ҷиноят ҳар қадар ҳунармандона ба ҷо оварда шуда бошад ҳам, ҷиноят асту бас ва ҷинояткор аз адлияи инсонӣ ҷон ба саломат барад ҳам, аз назари худованд пинҳон нахоҳад монд. Мардуми Шарқро виҷдон мисли мо ҳассос нест, онҳо дурандешона дӯзахро бекор кардаанд; ҳама гап дар ҳамин аст.

– Дар дили поке, чун дили шумо, табиист, ки бояд чуни шубҳаҳо ба миён оянд. Аммо мулоҳизаи пухта водоратон мекунад, ки ин ҳамаро бартараф кунед. Ҷиҳати торики тафаккури инсон камо янбағӣ дар хориқаи одати маъруфи Жан–Жан Руссо ифода ёфтааст – оё медонед шумо? – «Мандарине, ки бо як ҳаракати нӯки ангушт дар масофаи панҷ ҳазор мил мекушандаш». Зиндагии инсон яксара аз чунин кирдорҳо саршор аст ва ақли ӯ муттасил чунин орзуҳоро ба миён меоварад. Шумо кам касонеро меёбед, ки осуда ба дили абнои ҷинси худ корд мезада бошад ё барои аз миён бардоштани ӯ он миқдор марги муше бидиҳад, ки ману шумо гуфтем. Ин, воқиан ё найрангбозӣ мебуд ё беақлӣ. Барои ин зарур аст, ки хун ба ҷуш ояд, то набз бехудона задан гирад, то рӯҳи кас аз эътидол берун ояд. Лекин, агар, калимаро чунин, ки аҳли адаб мекунанд, бо муродифи нармтаре бадал кунад, дар он сурат якеро аз миён мебардореду бас; агар, ба ҷои он ки даст ба куштори нангине бизанед, шумо фақат аз сари роҳатон онеро мебардоред, ки ба шумо халал мерасонад ва ин корро хомӯш, бе зӯроварӣ ба ҷо меоваред, бе он, ки азобу шиканҷае ба кор бурда шавад, азобу шиканҷае, ки аз қурбоншуда риёзаткаш, вале аз шумо – ба маънои пуррааш дарандаи хунхоре месозад; агар на хунрезӣ бошаду на нолиш, на ташаннуҷ, на, аз ҳама асосиаш, ин лаҳзаи вопасини даҳшатбори шубҳаангез, дар он сурат, шумо аз муҷозоти қонунҳои инсоние ҷон ба саломат мебаред, ки амраш ин аст: «Осоиши ҷомиаро халалдор макунед!» Ана ба ҳамин тариқ дар Шарқ амал кардаву ба мақсади худ ноил мегарданд, дар кишваре, ки мардумаш ҷиддиву хунсарданд ва ҳар гоҳ кор ба ягон амри муҳим оид шавад, фурсатро дареғ намедоранд.

– Виҷдон чӣ? – бо ҳаяҷон пурсид хонуми де Вилфор, оҳашро фурӯ нишонда.

– Оре, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – оре, хушбахтона, виҷдон мавҷуд аст, вагарна хеле бадбахт мебудем мо. Баъди ҳар гуна кирдори худхоҳона моро виҷдонамон наҷот медиҳад; виҷдон ба мо ҳазор узру маъние ёфта медиҳад, ки довараш худи моем; ва агар чи ин далоил осуда хобидани моро таъмин доранд ҳам. Лекин ҷони моро аз ҳукми маҳкамаи ҷиноӣ раҳонда наметавонанд. Эҳтимол, Ричарди III–ро баъди куштори ҳар ду писари Эдуарди IV виҷдонаш ба таври аҳсан тасалло дода бошад; дар воқеъ, ӯ ба худ гуфтагист: «Ин фарзандони шоҳи бераҳми таъқибгар нуқсони падари худро мерос гирифта буданд, ки ин чизро дар табиати ҷавони онҳо ба ҷуз ман касе пай набурда буд; ин бачаҳо дар густариши беҳбудии мардуми ингилис, ки онҳо ҳатман боиси бодбахтиаш мешуданд, ба ман монеъ мегардиданд». Ҳамчунин ба леди Макбет виҷдонаш тесало бахшида буд, ки мехост, Шекспир ҳар чӣ гуфта бошад ҳам, писарашро ба тахт нишонад, ҳаргиз на шавҳарашро. Оре, меҳри модар – ин ҳамин хел некӯкории азимест, ҳамин хел нерӯи муқтадири пешбар аст, ки бисёр чизҳоро ҳақ мебарорад; ва баъд аз марги Дункан леди Макбет бисёр бадбахт мебуд, агар виҷдонаш набудӣ.

Хонуми де Вилфор ин натиҷагириҳои мудҳишу таноқузи беҳаёёнаро, ки граф бо кинояҳои содадилонаи хоси худаш ба забон меовард, ҳарисвор мениюшид.

– Медонед, граф, далелҳои шумо мудҳишанд ва шумо ба олам дар равшании ниҳоят тирафом назар мекунед! Ё шумо аз боби табиати одамӣ аз он ин тавр қазоват доред, ки ба одамон аз миёни обгинаҳои гуногуншакл менигаред? Охир шумо воқиан ҳам кимиёии мумтозе ҳастед ва ҳамон иксире, ки ба писари ман дода будеду ин қадар зуд эҳёяш намуда буд...

– Ин қадар умед набандед ба он, хонум, – гуфт Монте-Кристо, – як қатраи он иксир кофӣ буд, ки ба кӯдаки дами марг ҳаёт ато кунад, аммо се қатрааш хуни шуши ӯро чунон ба ҷӯш меовард, ки дилаш ба тапиш медаромад; шаш қатрааш нафасро қатъ карда, мадҳушии хеле ҷиддитаре аз он, ки гирифтор шуда буд, ба миён меовард; ниҳоят, даҳ қатрааш ҷо ба ҷо мекушт. Ёд доред, чӣ тавр ман аз назди шишача дур карда будам ӯро, даме ки даст ба он расонданӣ шуд?

– Пас вай хеле заҳри баланд аст?

– Ҳаргиз не! Пеш аз ҳама муқаррар мекунем, ки заҳрҳо ба сари худ вуҷуд надоранд: тиб аз баландтарин заҳрҳо фоида мебарад, лекин, агар онҳоро кас устокорона ба кор барад, ба давоҳои наҷотбахш табдил меёбанд.

– Пас вай чӣ буд?

– Вай давое буд, ихтироъкардаи дӯсти ман, аббати некхисол Аделмонте, ки истифода бурданашро ҳам ба ман ёд дода буд.

– Беҳтарин давои барҳамзанандаи ихтилоҷ будагист он! – гуфт хонуми де Вилфор.

– Аълотарин даво, шумо фурсат ёфтед, ки ба ин итминон ҳосил кунед, – ман ҳар гоҳ истифода мекунам инро; бо эҳтиёти тамом, албатта, – барафзуд ӯ табассумкунон.

– Ҳа–дия, – бо ҳамон лаҳн гашта гуфт хонуми де Вилфор. – Лекин ана ба ман барин каси асабию зуд–зуд аз ҳуш раванда духтур Аделмонте барин кас даркор аст, ки ягон давое ёфта диҳад, то бемалол бӯ кашаму аз нафасгардон шуда мурдан натарсам. Лекин азбаски дар Фаронса ин гуна духтурро пайдо кардан осон несту аббати шумо гумон аст барои ман шуда сафари Парижро пеш гирад, бояд ба дорую дармони ҷаноби Планш қаноат бикунам; ман одатан арақи наъною гофманиро истеъмол мекунам. Нигоҳ кунед, мана қурсҳое, ки тибқи фармоиши махсус барои ман тайёр мекунанд: вояи дучанда доранд инҳо.

Монте-Кристо ҷаъбаи сангпӯштиро, ки ҷавонзан ба вай дароз карда буд, гирифта боз карду бо қиёфаи шахси ҳавасманде, ки қадри чуни доруҷотеро медонад, қурсҳоро бӯ кашид.

– Инҳо бисёр нағзанд, – гуфт ӯ, – вале инҳоро фурӯ бурдан зарур аст, ки на ҳамеша имкон дорад, масалан, даме ки кас мадҳуш аст. Ман доруи худамро афзал медонам.

– Хайр, бадеҳист, ман ҳам онро афзал медонистам, хусусан ки таъсирашро худам дидаам, вале аҷаб не, ин сир бошад, ман ҳам чандон беназокат нестам, ки пурсуҷӯ кунам аз ин боб.

– Лекин ман чандон рамузфаҳмӣ дорам, – гуфт, бархоста, Монте Кристо, – ки гуфтани инро ба худ фариза медонам.

– Оҳ, граф!

– Лекин фақат дар ёд дошта бошед: вояи андакаш – даво, вояи бештараш – заҳр. Як қатрааш ҷон мебахшад, чунон ки худатон итминон ҳосил кардед; панҷ ё шаш қатрааш ҳатман боиси марг мешавад, хусусан марги муфоҷан, ки дар қадаҳе май ҳалшудааш таъми онро ҳеч тағйир намедиҳад. Аммо зорӣ мекунам, хонум, метавон гумон бурд, ки ман ба шумо маслиҳат медода бошам.

Занги соати шашуним фурӯ кӯфта шуд; расидани дугонаи хонуми де Вилфорро, ки бояд дар манзилаш наҳор мехӯрд, ба арз расонданд.

– Агар бори сеюм ё чорум, на бори дуюм ба дидори шумо расидан мояи ифтихор мегардид ба ман, – гуфт хонуми де Вилфор, – агар шарафи дӯсти шумо будан ба ман насиб мешуд, на ин ки саодати қарздор будан аз шумо, ман ба он исрор мекардам, ки шумо ин ҷо монда, ҳамроҳи ман наҳор бихӯред ва рад кардани шуморо қабул намедоштам.

– Ниҳоят миннатдорам, – гашта гуфт Монте-Кристо, – вале ман вазифаеро ӯҳдадор ҳастам, ки иҷро накарда наметавонам. Ман як шоҳзодадухтари юнониеро, ки шиноси ман асту то ба ҳол операро надидааст ва умед дорад, ки бо ман равад, ваъдаи ба театр бурдан додаам.

– Ин тавр бошад, то боздид, граф, лекин доруи маро фаромӯш накунед.

– Ҳаргиз, хонум; барои ин кор соатеро ба фаромӯшӣ бояд дод, ки ман дар сӯҳбати шумо гузарондам, вале ин ҳеҷ имкон надорад.

Монте-Кристо таъзим намуду аз дар баромад.

Хонуми де Вилфор ба андеша рафт.

– Чӣ марди ғалатие, – гуфт ӯ ба худ, – ба назарам чунин мерасад, ки номаш Аделмонтест.

Лекин барои Монте-Кристо натиҷаи сӯҳбаташ бо ин хонум аз он чи чашмдор буд, боло омад. «Аммо, – ба дил гуфт, аз хона баромада истода, – ин замин пурсамар аст; итминон дорам, ки тухми бар он афшонда баръабас нахоҳад рафт».

Фардои он рӯз, ба қавлаш устувор монда, ӯ нусхаи давои ваъдагиро ба хонуми де Вилфор фиристод.

пешина
аз 99
навбатӣ