Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XIV. ТОКСИКОЛОГИЯ

Ин дар воқеъ граф Монте-Кристо буд, ки бо нияти боздиди додситони подшоҳӣ назди хонуми де Вилфор омада буд ва ин тамоман як кори маълум буд, ки номи ӯро шунида, ҳамаи аҳи хонадон ба ҳаяҷон омада буданд.

Хонуми де Вилфор, ки ҳини расидани меҳмонро ба ӯ арз додан дар меҳмонхона буд, ҳамонзамонӣ аз паси писараш кас фиристод, то писарак бори дигар ба граф миннатдорӣ баён карда тавонад. Эдуард, ки дар зарфи ин ду рӯз ҳадиси шахсияти олитабор аз гӯшаш дур намерафт, зуд тохта омад, на ин ки аз итоаткорӣ ба модараш, на ин ки ба граф миннатдорӣ баён кунад, балки аз кунҷковӣ, аз майли дарҳол ягон чизе пайдо кардану ба сӯҳбат ҳамроҳ шудану ягон гапи бемаъние гуфтан, ки ҳар дафъа ба чунин хитоб кардани модараш боис мегардад: «Оҳ, чӣ хел бачаи шум–а! Лекин ман аз ин хафа шудан наметавонам, ин қадар доност кӣ!»

Баъд аз салому алайки маъмулӣ граф аз ҳоли ҷаноби де Вилфор ҷӯё шуд.

– Шавҳари ман ин дам дар хонаи вазири адлия наҳор мехӯрад, – ҷавоб гардонд ҷавонзан, – вай навакак рафт, ман аминам, хеле афсус мехӯрад, ки аз дидорбинии бо шумо шарафёб нашудааст.

Ду нафаре, ки дар меҳмонхона дидашону ҳар ду бе он ки чашм аз ӯ кананд, бархостанд ва дами аз дар баромадан дақиқае чанд на чандон аз риояти одоб, балки ғолибан, аз кунҷковӣ даранг карданд.

– Воқиан, хоҳарат Валентина чӣ кор карда истодааст? – пурсид аз Эдуард хонуми де Вилфор. – Бигзор ҷеғ занандаш, то ман битавонам ба граф муаррифӣ бикунам ӯро.

– Шумо духтаре доред, хонум? – пурсид граф. – Лекин вай ҳоло кӯдак будагист?

– Ин духтари ҷаноби де Вилфор аз завҷияти аввалашон, духтари қадраси соҳибҷамоле.

– Вале маъюс, – лаб монд Эдуарди кӯдак, аз думи тӯтии бошукӯҳ барои туғи кулоҳ кардан пар канда истода, ки фиғони ҷонкоҳи мурғ аз сари ходаи зарандудаш ба фалакя печид.

Хонуми де Вилфор бо ҳамин гуна як эроде иктифо кард:

– Хомӯш, Эдуард!

Сипас ӯ барафзуд:

– Гапи ин бачаи шӯх аз ҳақиқат дур нест, вай он чиро такрор кард, ки ман дар ҳузураш борҳо ба забон оварда будам: мадемуазел де Вилфор, сарфи назар аз саъйу кушиши мо, ки мехоҳем аз ғаму ғусса фориғ доремаш, якзайл ғамгину дамдузд аст, ки ин як дараҷа малоҳати ҷамолашро мекоҳонад. Лекин аз чӣ бошад, ки наомада истодааст; Эдуард, бифаҳм, чӣ гап бошад.

– Ин аз он ки ӯро дар ҷое мекобанд, ки нест.

– Хӯш дар куҷо мекобандаш?

– Дар хонаи бобои Нуартйе.

– Чӣ, ту гумон дорӣ, ки вай дра он ҷо нест?

– Нест, нест, нест, нест вай дар он ҷо нест, – бо замзама ҷавоб гардонд Эдуард.

– Хӯш вай дар куҷост? Агар донӣ, бигӯ.

– Вай дар назди шаҳбулутони азим, – давом дод суханашро бачаи бадхӯ, ба итоби модараш эътибор надодаву ҳамчунин ба тӯтӣ пашшаи зинда хӯронда, ки зоҳиран вай иштиёқманди ин ғизо будааст.

Хонуми де Вилфор акнун даст ба занг бурда истода буд, ки чӯриро бифармояд Валентинаро ҷеғ занад, ки худи ӯ вориди хона гардид.

Маълум шуд, ки воқиан ӯ ғамгин будааст ва чашми дақиқбин пай мебурд, ки андак пештар ашк рехтааст.

Валентина, ки дар шитобкорона ривоят кардани достони худ мо бидуни тасвири қиёфаи зоҳириаш ба хонандагон муаррифӣ карда будем, як духтараки қоматбаланди хушқаддубасти нуздаҳсолаи муи сараш хурмоии кушоду чашмонаш кабуди моил ба сиёҳию хиромиданаш пурхумори саршор аз малоҳати беқиёсе буд, ки ин сифатҳоро аз модараш мерос гирифтааст; дастони байзои нафис, гардани ба мисоли марворид сафедтоб, ду бари рӯи лолагуни дилкашаш дар назари аввал ӯро шабеҳ ба он нозанинони ингилисӣ гардонда буданд, ки ин қадар шоирона ташбеҳ ба қувон мекунандашон, қувоне, ки чашм ба сатҳи оби оинагун дӯхтаанд.

Ӯ вориди хона гардиду марди хориҷиеро, ки дар борааш то ин дам бисёр чизҳо шунида буд, дар паҳлуи моиндараш дида, ба ҳеҷ гуна ишвагарии ба духтарон хос, чашм аз ӯ наканда, вале бо чунон малоҳате таъзим намуд, ки граф бо диққати бештаре ҷонибаш назар кард.

Ӯ аз ҷой бархост.

– Мадемуазел де Вилфор, духтандари ман, гуфт хонуми де Вилфор, такя ба болиши диван кардаву бо даст Валентинаро ба граф нишон дода.

– Ва граф Монте-Кристо, шоҳи Чин, императори Кохинхина, – гуфт бачаи баду бало, дуздида ба хоҳараш нигариста.

Ин дафъа қути хонуми де Вилфор канд ва тайёр буд ғазаб гирад ба фарзандаш – ба ин офати хонадон; вале граф, баръакс, табассум кард ва ба назар чунин мерасид, ки навозишкорона нигарист ба кӯдак ва ин чиз дили модарро лабрези шодии беандоза кард.

– Лекин хонум, – гуфт граф, риштаи гусехтаи суҳбатро дарпайваста ва банавбат тарафи хонуми де Вилфору Валентина нигариста, – мисли ин ки пеш аз ин дар ҷое ман аз дидори шумою мадемуазел де Вилфор шарафёб шудаам? Ин фикр пештар дар майнаи ман пайдо шуда буд, вале даме ки мадемуазел даромаданд, қиёфаи ин кас ба мисли як даста нур хотироти тираамро равшан кард, агар ба ифодаи чунин таъбир ҳад дошта бошам.

– Гумон аст, ки чунин бошад; мадемуазел де Вилфор маҳфилу маъракаро хуш надорад ва банудрат аз хона берун меравем мо, – гуфт ҷавонзан.

– Ман мадемуазел де Вилфорро на дар маҳфилу маърака дидаам, чунон ки шуморо низ ва ин шайтончаи дӯстрӯро ҳам. Ғайр аз ин ҷомиаи Париж барои ман комилан ноошност, зеро, чунон ки, ба хаёлам, гуфта будам ба шумо, ҳамагӣ чанд рӯз мешавад, ки дар Парижам ман. Не, агар шумо иҷозат фармоед, ки саъй карда ба ёд оварам... сабр кунед...

Граф дасташро ба ҷабин расонд, мисле ки ба хотироташ ғутавар шуданӣ бошад.

– Не, ин дар ҳавои кушод буд... ин дар... намедонам... маро аз чӣ бошад, ба ин муносибат рӯзи беғубори офтобие ба ёд меояд ва ҷашни калисоӣ барин чизе... Дар дасти мадемуазел де Вилфор гулдастае буд; писарак дар боғ аз паси товуси зебое тохтан дошт ва мо зери чавкандие менишастем, чавкандие, ки токи ангур фаро гирифта будаш... Охир ёрӣ диҳед ба ман, хонум! Наход он чи гуфтам, ҳеҷ чизро ба ёдатон наоварад?

– Не, ростӣ, ҳеч чизро, – ҷавоб гардонд хонуми де Вилфор, – ҳол он ки, ман аминам, граф, агар ман дар ҷое бо шумо вомехӯрдам, симои шумо аз лавҳи хотирам сутурда намегардид.

– Мумкин аст, граф моро дар Итолиё дида бошанд? – кебида гуфт Валентина.

– Воқиан ҳам дар Итолиё... Шояд, – гуфт Монте-Кристо. – Шумо ягон вақте дар Итолиё будаед, мадемуазел?

– Ману хонуми де Вилфор ду сол пеш дар он ҷо будем. Пизишкон аз ваҷҳи шуши ман бим доштанд ва ба ман маслиҳат доданд, ки як муддат дар Неапол иқомат бикунам. Мо сари роҳ дар шаҳрҳои Болоня, Перуҷа ва Рим будем.

– Ана нагуфтам! – нидо зад Монте-Кристо, мисле ки ин ишорати одӣ ба ёфтани сарҳисоби хотироташ мададгор шуда бошад ба вай. – Дар Перуҷа, рӯзи ҷашни пайкари худованд, дар чорбоғи Меҳмонсарои чопор, ки тасодуф моро ба ҳам расонда буд – шуморо, хонум, мадемуазед де Вилфор, писаратон ва маро, ана ҳамон вақт ман ба дидани шумо шарафёб шуда будам.

– Ман Перуҷаро нағз дар ёд дорам, инчунин Меҳмонсарои чопору ҷашнеро, ки шуо гуфта истодаед, граф, – гуфт хонуми де Вилфор, аммо ҳар қадар ёддоштҳоямро тагурӯ кунам ҳам ва ҳар қадар худамро барои сустии қувваи ҳофизаам маломат кунам ҳам, ҳеч ба хотир оварда наметавонам, ки аз дидори шумо шарафёб шуда бошам.

– Аҷоиб ки ман ҳам, – гуфт Валентина, чашмони зебояшро тарафи Монте-Кристо боло карда.

– Лекин ман нағз дар ёд дорам, – изҳор кард Эдуард.

– Ман ҳозир ба шумо мадад мекунам, – давом дод суханашро граф. – Рӯз рӯзи хеле гарм буд; шумо интизори аспоне будед, ки ба сабаби ҷашн ба муҳайё карданаш шитоб надоштанд. Мадемуазел ба дарунтари чорбоғ рафта буду писаратон аз ақиби товус тохта аз назар ғоиб шуд.

– Ман онро дошта будам, оча, ёд дорӣ, – гуфт Эдуард, – ва аз думаш се пар кандам.

– Шумо, хонум, дар чавкандии зери токи ангур ҳамчунин менишастед. Наход дар ёд надошта бошед, ки рӯи хараки сангӣ менишастеду даме ки духтару писаратон, чунон ки ман гуфтам, дар пешатон набуданд, хеле муддат бо шахсе сӯҳбат мекардед?

– Ҳа, рост, – гуфт хонуми де Вилфор, сурх шуда, – ба ёдам омада истодааст, вай шахсе буд борони пашмини дарозе дар бар... духтур, ба хаёлам...

– Комилан дуруст. Ана ҳамон шахс ман будам; ман ду ҳафта боз дар ҳамон меҳмонсаро истиқомат доштам; ман маҳрами худамро аз табларза муолиҷа карда будаму соҳиби меҳмонсароро аз заъфарма, бинобар ин маро духтури номдоре гумон мебурданд. Ману шумо дар мавзӯъҳои мухталифе хеле муддат сӯҳбат карда нишастем; роҷеъ ба Перуҷино, роҷеъ ба Рафаэл, роҷеъ ба ҳулқу атвор, роҷеъ ба сару либос, роҷеъ ба аква–тофанаи овозадор, ки сиррашро, чунон ки ба шумо гуфтаанд, ин дам дар Перуҷа баъзе касон медонистаанд.

– Ҳа, ҳа, – гуфт зуд ва як дараҷа бо хавотир хонуми де Вилфор, ба ёдам омада истодааст.

– Ман ин дам ҳамаи гуфтаҳои шуморо мукаммал дар ёд надорам, – давом дод граф суханашро тамоман ба оромӣ, – лекин нағз дар хотирам ҳаст, ки шумо иштибоҳи ҳамагонро бо ман дар миён гузошта, роҷеъ ба саломатии мадемуазел де Вилфор аз ман маслиҳат пурсида будед.

– Лекин шумо охир воқиан ҳам пизишк будагистед, модом ки чанд беморро муолиҷа карда бошед, – гуфт хонуми де Вилфор.

– Молйеру Бомарше мебуданд, ба шумо ҷавоб медоданд, ки ин маҳз аз он аст, ки ман пизишк набудам, – на ман муолиҷа кардам беморонамро, балки онҳо сиҳат шуданд вассалом; худи ман ҳамин қадар ба шумо гуфта метавонам, ки ман ба кимиёю улуми таббӣ сахт машғул будам, лекин фақат чун ҳаваскоре, шумо мефаҳмед...

Ин дам соат занги шашро фурӯ кӯфт.

– Аллакай соат шаш шудааст, – гуфт, зоҳиран, ба изтироб афтода, хонуми де Вилфор, – шояд шумо рафта бифаҳмед, Валентина, ки оё бобоятон майли наҳор хӯрдан надорад?

Валентина бархосту таъзими графро ба ҷо оварда, хомӯш аз хона бадар рафт.

– Э худоҷон, хонум, наход аз барои ман шуда мадемуазел де Вилфорро бадар ронда бошед шумо? – суол кард граф, даме ки Валентина аз дар баромад.

– На хайр, граф, – шитобкорона ҷавоб гардонд ҷавонзан, – вале дар ин соат мо андак ғизое ба хӯрди ҷаноби Нуартйе медиҳем, ки ҳастии берун аз гӯрашро боқӣ медорад. Ба шумо оё маълум аст, ки чӣ аҳволи ҳузноваре дорад падари шавҳари ман?

– Ҷаноби де Вилфор инро ба ман гуфта буд; вай, ба хаёлам, гирифтори фалаҷ аст?

– Оре, бадбахтона. Пирамарди бечора ҳеҷ гуна ҷунбише зоҳир намекунад аз худ, фақат рӯҳи нотавонаш дар колбади инсонӣ ба мисоли забонаи чароғи ҳолати фурӯ мурдан ларзише дораду бас. Лекин, бубахшед, граф, ки ман мусибати хонадони худамонро бо шумо дар миён монда истодаам; ман дар он лаҳзае сухани шуморо буридам, ки ба ман гуфтан доштед, ки кимиёии ҳунарманде ҳастед.

– Ман ин гапро нагуфтаам, – ҷавоб гардонд бо табассум граф, – баръакс, ман барои он кимиёро биёмӯхтам, ки нияти асосан дар Шарқ иқомат кардан доштам, хостам аз шоҳ Митридат ибрат бигирам.

Mitridates, ex Ponticys, – гуфт бачаи шум, суробҳоро аз авроқи албоми зебое қайчӣ карда истода, – ҳамоне, ки ҳар субҳ як ҷом заҳрро бо широба меошомид.

– Эдуард, бачаи манфур! – хитоб кард хонуми де Вилфор, китоби абгорро аз дасти писараш кашида гирифта. – тоқати кас тоқ мешавад, ба диламон задӣ. Рав аз ин ҷо, бирав назди апаат ба хонаи бобои Нуартйе.

– Албом... – гуфт Эдуард.

– Чӣ албом?

– Оре, албом мехоҳам...

– Чаро суратҳоро қайчӣ кардӣ?

– Чун ки ин кор ба ман маъкул аст. – Бирав аз ин ҷо! Бирав!

– Намеравам, агар албомро нагирам, – изҳор кард писарак, ба курсии нарми чуқур фурӯ нишаста, аз рӯи одати ҳамешагиаш, ки ҳеҷ гузашт намекард.

– Бигиру моро ба ҳоламон гузор, – гуфт хонуми де Вилфор.

Ӯ албомро ба Эдуард доду то пеши дар бурдаш.

Граф аз хонуми де Вилфор чашм намеканд.

– Мебинем, аз паси вай дарро мебаста бошад ё не, – ғурунги кард ӯ.

Хонуми де Вилфор дарро аз паси кӯдак дурусттар маҳкам кард; граф худро тарзе нишон дод, ки инро пайхас накардааст.

Сипас, бори дигар ба атроф нигариста, ҷавонзан гашта ба рӯи диванча нишаст.

– Иҷозат диҳед бигӯям, – изҳор кард граф бо ҳамон қиёфаи софдилонаи ба мо шиносаш, – ки шумо ба ин шайтончаи дилрабо аз ҳад сахтгирӣ карда истодаед.

– Дигар илоҷе нест, – гашта гуфт хонуми де Вилфор бо худбоварии ба модарон хос.

– Эдуард аз шоҳ Митридат сухан ронда истода, ба мо аз Корнелӣ Непот меовард, – гуфт граф, – ва шумо дар миёни иқтибос суханашро буридед; ин собит мекунад, ки муаллимаш фурсатро беҳуда намегузарондааст ва писари шумо дар қиёси синнаш хеле инкишофёфта будааст.

– Гапатон дуруст, граф, – ҷавоб гардонд модари сараш ба осмон расида, – зеҳнаш бисёр тез, ҳар чиро хоҳад, ҳифз мекунад. Фақат як камбудӣ дорад: ниҳоят худсар аст... лекин баргардем ба он чи вай гуфт, граф, оё шумо бовар доред, ки Митридат ин тадбирҳои эҳтиёткориро пеш гирифта будааст ва онҳо воқеӣ будаанд?

– Ман ба ин он қадар бовар дорам, ки худам ин тадбирро пеш гирифта будам, яъне дар се маврид, ки агар чунин тадбирро пеш намегирифтам, аз зиндагӣ даст бояд мешустам.

– Ва ин кор мадад кард?

– Комилан.

– Оре, дуруст; ба ёдам омад, ки шумо ба ин монанд ким–чие ҳикоят карда будед дар Перуҷа.

– Наход? – гуфт граф, устокорона худашро ҳайратзада вонамуд карда. – Ман ҳаргиз дар ёд надорам инро.

– Ман аз шумо суол карда будам, оё заҳрҳо ба аҳли шимолу ҷануб як хел таъсир мекунанд, шумо ҳатто ҷавоб гардонда будедед, ки мизоҷи сарду савдоии мардуми шимол ба таъсири заҳр камтар қодир аст, назар ба табиати серҳаракативу тундмизоҷии аҳли ҷануб.

– Ин дуруст, – гуфт Монте-Кристо, – ба ман дидани он воқеъ шудааст, ки мардуми рус набототеро бидуни зиён кардан ба саломатиашон бемалол мехӯранд, ки марди неаполитание ё араберо ҳатман мекушт.

– Ва ба пиндошти шумо дар диёри мо нисбат ба Шарқ дури мақсуд аниқтар ба даст меояд ва одам ки назар ба иқлими ин ҷо бештар дар миёни туману боронҳо умр ба сар мебарад, нисбат ба мардуми иқлимаш гармтар ба фурӯ бурдани ҳар гуна заҳр осонтар хӯ мегирад?

– Бешак; лекин ин тадбир ӯро фақат аз он заҳр масун медорад, ки тану ҷонашро ба таъсираш одат кунондааст.

– Оре, ман мефаҳмам; хайр масалан, шумо мебудед, чӣ тавр худатонро одат кунонданӣ мешудед?

– Ин бисёр осон. Фараз кунед, ки шумо пешакӣ медонед, чӣ гуна заҳре доданиянд ба шумо... фарз кунед, ки ин заҳр... масалан, брутсин хоҳад буд...

–Брутсинро,бахаёлам,азпӯстлохиангустуридурӯғии ҳосилмекунанд, – гуфт хонуми де Вилфор.

– Комилан дуруст, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – лекин мебинам, ки ҳоҷат ба ёд додани ман набудааст; иҷозат диҳед табрик кунам шуморо: ин қадар дониш андӯхтани зан хеле кам воқеъ мешавад.

– Бояд иқрор бикунам, – гуфт хонуми де Вилфор, – ки ман илми симиёро, ки чун шеър хаёли касро ба ҳаяҷон оварда, ба мисоли муодилаҳои алҷабр ба василаи ададҳо ҳал карда мешавад, ба ҷон дӯст дорам; вале, илтимос мекунам, давом диҳед: он чи шумо гуфта истодаед, бисёр мароқангез аст ба ман.

– Ин тавр бошад гӯш кунед! – давом дод суханашро Монте-Кристо. – Фараз кунед, ки ин заҳр, масалан, брутсин хоҳад буд ва шумо дар рӯзи аввал аз он як миллиграмм истеъмол мекунед, дар рӯзи дуюм ду миллиграмм; баъди даҳ рӯз, шумо бад–ин тариқ, то ба як тсентиграмм мерасед; баъди бист рӯз, ҳар рӯз якмиллииграммӣ афзуда, шумо то ба се тсентиграмм мерасед, яъне ки бе ҳеч гуна оқибати нохуш вояи хеле зиёдашро фуру мебаред, ки барои ҳар каси дигари қаблан чунин чораҷӯӣ накарда ниҳоят хатарнок хоҳад буд; ниҳоят, баъди як моҳ, аз машраба як стакан оби заҳрнокеро гардонда менӯшед, ки каси бо шумо ҳамроҳ нӯшидаро мекушт, шумо бошед, худатонро андаке ноҷур ҳис хоҳед кард, ки дар об моддаи заҳрноке омехта гардидааст.

– Шумо оё подзаҳри дигареро намедонед?

– Не, намедонам.

– Ман ин ҳикояти роҷеъ ба Митридатро борҳо гаштаву баргашта хондаам, – гуфт андешамандона хонуми де Вилфор, – вале ман онро афсона гумон бурда будам.

– Не, бар хилофи одати муаррихон ин рост аст. Аммо, мебинам, ки мавзӯи сӯҳбатамон бароятон ҳавою ҳаваси тасодуфе нест; ду сол пеш аз ин шумо ба ҳамин монанд суолҳое дода будед ва худатон гуфта истодаед, ки ҳикояти роҷеъ ба Митридат хеле вақт боз таваҷӯҳи шуморо ба худ кашидан дорад.

– Ин рост аст, граф; дар ҷавониям ман беш аз ҳама ба набототу маъданшиносӣ шавқ доштам; аммо даме фаҳмидам, ки тадқиқи тарзҳои ба кор бурда шудани гиёҳони доруӣ аксар вақт мифтоҳи дарёфти кулли таърихи халқҳои шарқиву тамоми зиндагии мардуми шарқро пеш меовардааст, мисли он, ки гулҳои мухталиф ифодаи фаҳмиши онҳо доир ба ишқ будааст, ман афсус хӯрдам, ки на марде ба дунё омадаам, то ки кадом–як Фламел, Фонтана ё Кабинисе бишавам.

– Хусусан, хонум, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – ки дар Шарқ аз заҳр нафақат, чун Митридат, барои худашон ҷавшане дуруст мекунанд, балки аз он барои худ онҳо ханҷаре ҳам муҳайё месозанд; илм дар дасташон на фақат ба яроқи муҳофизат табдил меёбад, инчунин силоҳи ҳуҷум низ мешавад; бо яке худро аз азоби ҷисмонӣ ҳимоят мекунанд, бо дигаре алайҳи душманонашон муборизат мебаранд; ба ёрии тарёқ, белладонна (шобезак), ангустураи дурӯғин, ужовая тселибуха, лавровишня (тафлон) онеро ба хоб андар мекунанд, ки бедорашон карданӣ буд. Ягон зани мисрӣ, турк ё юноние, аз ҷумлаи он заноне, ки ин ҷо шумо кампиракони беозорашон меномед, ёфт намешавад, ки дар бобати дониши кимиёвиашон ҳар гуна пизишкро дар ҳайрат нагузоранду аз огоҳ буданашон дар боби рӯҳшиносӣ ҳар як марди рӯҳониеро ба даҳшат наоваранд.

пешина
аз 99
навбатӣ