Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XIII. ПИРАМ ВА ФИСБА

Агар кас аз се ду ҳиссаи маҳаллаи Сент_Онореро тай кунад, он гоҳ дар қафои иморати муқарнасе, ки ҳатто дар миёни ҳавлиҳои бисёр зебои ин маҳаллаи пуршукӯҳ ҷудо шуда меистад, боғи калонеро дида метавонад; шаҳбулутони анбӯҳи боғ дар болои деворҳои азамати қариб қурғоносо қомат кашида, ҳар баҳор шукуфаҳои сафеду гулобигунашонро дар ду гулдони ҷӯякдори сангин фурӯ мерехтанд, гулдонҳое, ки рӯи сутунҳои чорқирра қарор гирифта, ба ин сутунҳо панҷараи оҳании давраҳои Лудовики XIII гузаронда шуда буд.

Агар чи дар ин гулдонҳо буттаҳои анҷибари назаррабое рӯида гулҳои арғувонию баргони хол–холашонро дар вазиши бод ҷилва медоданд, аз ин даромадгоҳи мӯҳташам хеле вақт боз истифода намебурданд, аз ҳамон давраҳое, ки соҳибони иморат тасмим гирифта буданд барои худашон фақат худи хонаву ҳавлии пур аз дарахти аз ҷониби маҳалла ва боғ дари дарою бароноки гирдаш панҷарадореро боқӣ гузоранд; як замоне дар паси панҷараи он замини обчакории хубе мавҷуд буд, ки ба ин работ нисбат дошт. Аммо ифрити эҳтиёткору манфиатҷӯӣ ба миён омаду дар канори замини обчакорӣ кӯчае баркашид, ки бо ранги шараёни азими Париж, ки маҳаллаи Сент–Оноре ном дошт, бояд рақобат меҷуст. Ва азбаски ин кӯчаи нав ба туфайли лавҳачаи оҳании худ қалб аз тавлид гардиданаш ном касб карда буду он бояд пур аз иморат мешуд, замини обчакориро бифурӯхтанд.

Аммо ҳар гоҳ кор ба эҳтикору манфиатҷӯӣ оид шавад, инсон тахмин мекунаду сармоя таҳаккум меронад. Кӯча ба мисли тифли тозаном дигар дар аҳди маҳд ба ҳалокат расид.Он ки замини обчакориро харидаву баҳояшро бе каму кост пардохта буд, натавонист онро ба маблағи дилхоҳ бифурӯшад ва дар интизори боло рафтани нарху наво, ки зуд ё дер мебоист маблағи сарф кардаву зоеъ рафтаашро барзиёд ҷуброн бикунад, вай иктифо ба он кард, ки заминро ба обчакорон соле панҷсад франк ба иҷора диҳад.

Ба ҳамин тариқ, вай аз пулаш фақат ним фоиз ба даст меоварад, ки ба қиёси муомилоти имрӯза, хеле ночиз аст, дар ҳоле ки бисёриҳо панҷоҳфоизӣ ба даст меоваранду боз чунин меангоранд, ки пулашон даромади қашшоқонае медиҳад.

Ҳар чӣ бошад ҳам, дарвозаи як замоне тарафи замини обчакорӣ бозшавандаи боғ баста аст ва ошиқмаъшуқҳояшро занг хурдан дорад; ин ҳам кам: барои он ки обчакорони разил аз ҳаддашон гузашта бо нигоҳи густохонаашон андаруни боғи ашрофманишонро макрӯҳ нагардонанд, дарвозаро то баландии шаш фут аз сатҳи замин тахтакӯб карданд. Ростӣ, тахтаҳо на он қадар ба якдигар ҷафс карда шуда буданд, ки аз байни онҳо як назар нигаристан номумкин бошад, аммо ин хона–хонаи одами мӯътабар аз нигоҳи беҳаёён бим надорад.

Дар ҳамин замин ба ҷои карам, сабзӣ, шалғамча, нахӯд ва харбуза юнучқаи баланд сабзидан дошт – ин ягона далелест, ки кадом як нафаре ин мавзеи бесамарро аз ёдаш набурдааст. Даричаи пастакаке, ки ба тарафи кӯчаи тахминшуда боз мегардид, ба сифати даромадгоҳ ба ин қитъаи чор тарафаш деворбанд хидмат мекард, қитъае, ки ба сифати ҳосилхез набуданаш иҷоракорон ба ҳамин қарибиҳо аз баҳраш баромада буданд; аз ҳамин ҷиҳат як ҳафта боз ин замин ба ҷои ним фоизи пешинааш ягон пашиз даромад намедод.

Аз самти иморат дар болои девор шаҳбулутоне, ки зикрашон гузашт, шохаҳояшонро хам карда меистоданд, ки ин ҳол ба дигар дарахтони шукуфону анбӯҳ монеъ намешуд навдаҳои дар иштиёқи ҳавояшонро аз миёни онҳо берун баранд. Дар як гӯшае, ки аз байни баргҳои ғулӣ андаке равшанӣ метаровид, хараки сербари сангию чандто курсии боғӣ ба назар мерасид; хараку курсиҳо, ки дар масофаи ягон сад қадам воқеъ гардидаву дар миёни анбӯҳи дарахтон базӯр пайхас мешуданд, далолат ба он дошт, ки ин мавзеъ ҷои мулоқоте ё ҷои дилпазири кадоме аз бошандагони иморат будааст. Хуллас, интихоб гардидани ин ҷояки хилватро ҳам барканор будан аз шуои офтоб, ҳам якзайл, ҳатто дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ салқину пур аз чаҳ–чаҳи мурғон будану ҳам якбара буданаш чи аз хонаву чи аз кӯча–яъне барканор буданаш аз ташвиши рӯзгору аз ғалмағал боис гардида буд.

Бегоҳирӯзии яке аз тафсонтарин айёме, ки ин баҳор насиби сокинони Париж гардида буд, дар рӯи ҳамин хараки сангӣ китоб, чатр, сабадчаи корӣ ва дастрӯмолаки ҳарири нав ба гулдӯзиаш даст задаи чеваре гузошта шуда буд; вале андак дуртар аз харак дар назди дарвозаи тахтакӯб ҷавондухтаре ҷониби роғ хам шудаву ба замини обчакории холӣ назар мекард.

Тақрибан дар ҳамин дақиқа даричаи замини обчакорӣ бесадо боз гардиду ҷавонмарди қоматбаланди далере даромад, ки дар бар куртаи катони дурушту дар сар кулоҳи махмал дошт; бояд гуфт, ки ин пӯшоки авомуннос бо мӯисару сиблат ва риши сиёҳи ҷавони нозпарвард чандон созгор набуд; ӯ шитобкорона, то ин ки итминон ҳосил бикунад, касе назорааш дорад ё не, ба гирду пеш нигарист, даричаро баст ва зуд–зуд қадам зада ҷониби дарвоза рафт.

Бо дидани касе, ки нигаронаш буду вале, зоҳиран, ӯ набояд чунин пӯшок медошт, духтарак бо ҳарос як қад парид.

Аммо каси омада бо нигоҳи тунди ҷавони ошиқпеша аз миёни роғи тахтабаст тобиши пероҳани сафеду камарбанди осмониранги дарозро дар як он пайхас кард. Ӯ худро ба дарвоза расонду лабонашро ба роғи тахтаҳо ҷафс кард.

– Натарс, Валентина, – гуфт ӯ, – ин манам.

Духтарак наздиктар омад.

– Чаро ин қадар дер кардед имрӯз? – гуфт ӯ. – Охир шумо медонед, ки соати наҳор қариб аст ва маро бисёр тадбиру эҳтиёткорӣ мебояд, то аз моиндарам, ки ҳар қадами ман зери назорааш қарор дорад, аз чӯризанак, ки аз паси ман ҷосусӣ карда мегардад, аз бародарам, ки маро безор кардааст, халос хӯраму кори дастамро ҳамроҳ гирифта ба ин ҷо оям; тарс дорам, ки на ба ин қарибиҳо ба анҷом мерасонам кори дастамро. Вале ҳар гоҳ ба ман фаҳмонед, ки барои чӣ таъхир кардед, шумо боз ба ман хоҳед гуфт, ки ин пӯшок чӣ маъно дорад; аз барои ҳамин сару тан ман аввал нашинохтам шуморо.

– Ҷонакам Валентина, – ҷавоб гардонд ҷавонмард, – шумо барои ишқи ман ин қадар дастнорасед, ки ман ҷуръат намекунам дӯстатон медорам бигӯям, вале бо вуҷуди ҳамин, ҳар гоҳ шуморо бинам, аз он худдорӣ карда наметавонам, ки бигӯям, парастиш мекунам ман шуморо. Ва акси садои суханони худам баъд, ҳини фироқи шумо, тасалло мебахшад ба ман. Лекин ин дам барои маломат карданатон ташаккур ба шумо; маломати шумо дилфиреб аст ва собит мегардонад, ки шумо, ман ҳад надорам, ки инро ба забон оварам, нигарон будаед маро ва дар ёди ман будаед. Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки чаро ман таъхир кардам ва чаро ин тур либос пӯшидаам? Ман инро ҳозир мегӯям ба шумо ва умед дорам, баъд маъзур медоред маро: ман ба худ пешае интихоб кардам.

– Пешае!.. Бо ин чӣ гуфтаниед шумо, Максимилиан? Магар ману шумо ин дам то ҳамин дараҷа саодатманд шудаем, ки дар он чи ба ҳар дуямон дахл дорад, ҳазлу шӯхӣ бикунем?

– Худо нигаҳ дорад, ки ман дар сари он чи аз ҷонам азизтар аст, ҳазлу шӯхӣ бикунам, – гуфт ҷавонмард, – вале аз давр задани ҷойҳои ноободу девор паридан хаста шудам ва аз андешаи он ҷиддан ба тарс афтодам, ки падари шумо ягон рӯз чун дузд корамро ба маҳкама месупорад, – ин нанги тамоми артиши Фаронса мебуд! – ва ҳамзамон аз он бим дорам, ки якзайл дар ин ҷойҳо пайдо шудани капитани спагист, ки ягон хурдтарин ҳисори муҳосира шудаеву ягон истеҳкоми эҳтиёҷ ба муҳофизате надорад, боиси шубҳа гардиданаш мумкин аст. Бинобар ин ман худамро обчакор рост кардаму мувофиқи пешаам либос пӯшидам.

– Чӣ беақлие!

– Баръакс, ба гумони худам, ин дар умрам ақлонатарин рафтори пеш гирифтаи ман аст, ки амнияти ҳар дуямонро таъмин мегардонад.

– Хӯш бифаҳмонед, ки чӣ гап шуд.

– Марҳамат! Ман назди соҳиби ин замин рафтам; мӯҳлати қарордоди иҷоракори пешина ба поён расидааст ва заминро худам иҷора гирифтам. Тамоми ин юнучқа акнун аз они ман аст; ҳеҷ чиз ба ман монеъ шуда наметавонад, ки дар миёнҷои ин алафзор козае барпо кунаму аз имрӯз эътиборан дар масофаи ду қадам аз шумо буду бош карда гардам! Ман хушбахтам, ман шодиямро пинҳон доштан наметавонам! Ва тасаввур бикунед, Валентина, ки ҳамаи инро ба пул харидан мумкин будааст. Ғайри қобили тасаввур, ҳамту не? Ҳол он ки ҳамаи ин роҳату саодату суруре, ки ман розӣ будам дар ивазаш даҳ соли умрамро бидиҳам, ба ман – ёбед, ки чанд пул афтод?.. – Панҷсад франк дар як сол, бо се пардохт! Бинобар ин, дида истодаед, ки дигар ҷои тарс нест маро. Ман ин ҷо дар маъвои худам қарор дорам, ман метавонам ба девор нардбон гузораму ба боғи шумо нигарам ва бе он ки аз ягон гаштие бим дошта бошам, ҳақ дорам аз боби ишқам бо шумо ҳарф бизанам, фақат агар ғурури шумо аз он лат нахӯрад, ки ин суханон аз даҳони чоряккори бенавои куртаву кулоҳи муздур пӯшидае берун меояд.

Аз ҳайрати сурурбахш Валентина базӯр шунаво нидое дардод; сипас нохост, мисле ки абрпораи ҳасадпеша шӯълаи офтоби аз даричаи дилаш воридшударо ногаҳон дарбаста бошад, ӯ бо лаҳни андӯҳбор гуфт:

– Акнун мо аз ҳад озод хоҳем буд, Максимилиан. Метарсам, ки хушбахтии мо васваса аст ва агар мо аз амнияти худ суиистифода кунем, ин нобуд мекунад моро.

– Чӣ тавр забонатон мегардад ба ин! Охир аз он даме ки шуморо медонам, ҳамарӯза ба шумо собит кардан дорам, ки андешаву зиндагии худамро ба зиндагии шумою ба андешаҳои шумо тобеъ кардаам. Чӣ ба шумо мадад кард, ки ба ман бовар бикунед? Виҷдони ман. Ҳамин тавр нест магар? Шумо ба ман гуфтед, ки эҳсосоти қаблии лобаёни хатари анқариб ба изтироб меоварад шуморо, – ва ман ёрию садоқатамро пешниҳод кардам ба шумо, бе он ки мукофоте талаб дошта бошам аз шумо, ба ҷуз саодати хидмат кардан ба шумо. Магар аз он дам ин ҷониб бо ягон ҳарфе, бо ягон ишорате ба шумо баҳонае додам, ки аз ташхис доданатон маро дар миёни ҳамаи онҳое, ки аз ҷон фидо кардан ба шумо худашонро саодатманд меҳисобиданд, пушапймон бишавед? Шумо, бечорек, ба ман гуфтед, ки бо ҷаноби д Эпине фотиҳа шудаед ва ба ин издивоҷ падари шумо тасмим гирифтаанд, яъне ки ин амри ногузир аст, зеро қарори ҷаноби де Вилфор қатъист. Оқибат чӣ, ман ноаён мондам, тамоми умедамро ба иродаи худаму ба иродаи шумо ҳавола накардам, балки ба мурури вақт умед бастам, ба сарнавишт, ба мадади худованд...ҳол он ки шумо дӯст медоред маро, Валентина, ба ҳоли ман раҳматон меояд ва инро гуфта будед ба ман; миннатдорам аз шумо барои ин суханони бебаҳо ва танҳо як илтимос дорам, ки ақаллан гоҳе– гоҳе ҳамин суханонро такрор кунед бароям, ин ба ман қувват мебахшад, ки дигар дар андешаи ҳеҷ чиз набошам.

– Ана ҳамин ба шумо ҷуръат бахшид, Максимилиан, ҳамин чиз зиндагии маро ҳам сурур бахшиду ҳам навмедам кард. Ман ҳатто ҳар гоҳ аз худам пурсон мешавам, ки чӣ беҳтар аст бароям: мусибате, ки аз сахтгирии мояндару меҳри кӯр–кӯронаи вай нисбат ба писараш мерасад ба ман, ё саодати пур аз хатаре, ки аз ҳузури шумо эҳсос мекунам?

– Хатар! – нидо зад Максимилиан. – Чӣ тавр метавонед чунин калимаи дурушту дур аз адолатро ба забон биёваред! Магар ман на аз мутеътарин бандагонам? Шумо ба ман изн додед, ки гоҳ–гоҳе ҳамгап шавам бо шумо, Валентина, аммо мулоқот ҷустанамро манъ кардед; ман сар фуровардам ба амратон. Аз он даме ки барои гузаштан ба ин замину бо шумо аз паси дарвоза ҳарф задан василае пайдо кардам – хуллас, бо шумо ин қадар наздик бошам, бе он ки худатонро бубинам, – бигӯед, оё ягон дафъа таманно кардам, ки изн диҳед аз миёни ҳамин панҷара ба як гӯшаи пероҳанатон даст бирасонам? Оё ягон дафъа кӯшиш кардам, ки аз болои ин девори барои марди ҷавону бақувват хандаовар бе монеае бигзарам? Магар боре ҳам ба сангдилӣ маломат кардам шуморо, хоҳиши диламро изҳор доштам ба шумо? Ман чун ҷавонмарди замонҳои пеш пойбанди қавли худ будам. Ақаллан ҳаминро иқрор кунед, то дур аз адолат ҳисоб накунам шуморо.

– Ин рост аст, – гуфт Валентина, нӯги ангушташро аз роғи ду тахта гузаронда, ки Максимилиан лабашро ба он ҷафс кард, – ин рост аст, ки шумо дӯсти бавиҷдонед. Лекин охир дар ниҳояти кор шумо тибқи манфиати худатон рафтор кардед, Максимилиани азизам: охир шумо нағз медонед, ки ҳар гоҳ ғулом чизе талаб бикунад, аз ҳама чиз маҳрум мегардад. Шумо ба ман дӯстии бародарвор ваъда карда будед, – ба мане, ки бе дӯстам, мане, ки падарам аз ёд баровардаасту моиндарам таъқиб дорад, – мане, ки ягона тасаллои дилам–пирамарди ноҷунбон, лол, сард, – ӯ даст ҷунбонда наметавонад, то дасти маро бияфшорад, ӯ фақат ба имои чашм ҳарф мезанад бо ман ва дар қалбаш, бояд, андак меҳре барои ман боқӣ монда бошад. Оре, қисмат ришханди сахте зад ба ҳолам, ӯ маро душману қурбони ҳар касе кард, ки зӯртар аз ман аст ва ҷасадеро дӯсту пуштибони ман қарор дод! Ростӣ, Максимилиан, ман хеле бадбахтам ва шумо кори хуб мекунед, ки маро дӯст дошта истода, дар гами манед, на дар ғами худ!

– Валентина, – ҷавоб гардонд Максимилиан дар ниҳояти изтироб, – ман намегӯям, ки фақат як худи шуморо дӯст медорам дар олам, – ман хоҳари худам ва язнаамро низ дӯст медорам, вале ин меҳри самимию ором аст, ҳеҷ ба он эҳсосе, ки нисбат ба шумо дар дилам ҷой дорад, шабеҳ нест. Даме ки аз боби шумо андеша меронам, яксара хунам ба ҷӯш меояд, тамоми ғайратам, тамоми қуввати фавқулбашариамро ман дар ишқи нисбат ба шумо доштаам ба кор мебарам. Вале ҳамон рӯзе, ки шумо ба ман гӯед, ман ин ҳамаро барои саодати шумо сарф мекунам. Мегӯянд, ки Франс д Эпине боз як соли дигар дур аст аз ин ҷо: вале дар як сол чӣ қадар рӯйдодҳои хуш, чӣ қадар ҳолатҳои мусоид пеш омаданаш мумкин аст. Умед мебандем, – ин қадар хубу ин қадар гуворост умед! Шумо ба худхоҳӣ маломат мекунед маро, Валентина, лекин худи шумо чӣ гуна будед нисбат ба ман? Муҷассамаи зебову сарди Зӯҳраи афифа. Дар ивази садоқат, гапдароӣ ва таҳаммулкории ман чӣ ваъдае додед? Ҳеҷ. Чӣ чизе бахшидед ба ман? Резае. Бо ман аз хусуси ҷаноби д Эпине, номзади худатон ҳарф зада, дар сари андешаи он ки ягон вақт ба ӯ тааллуқ хоҳед дошт, оҳ мекашед. Гӯш кунед, Валентина, наход он чи дар дил доред, аз ҳамин иборат бошад. Ҳа–дия! Ман ҳаётамро, ҷонамро мебахшам ба шумо, фақат ба ёди шумо метапад дилам, инак даме ки ман камо янбағӣ ба шумо тааллуқ дорам, даме дар дил ба худ мегӯям, ки мемирам, агар шуморо аз даст диҳам, – шуморо ҳатто андешаи он ба даҳшат намеоварад, ки ба каси дигаре тааллуқ хоҳед дошт! Не, агар ман дар ҷои шумо мебудам, агар ҳис мекардам, ки маро тарзе дӯст медоштаанд, ки ман шуморо дӯст медорам, ман ягон сад маротиба аз миёни симҳои ин панҷара даст дароз мекардам ва дасти Максимилиани берӯзиро бо чунин алфоз мефишурдам: «Ман аз они шумо мешавам, фақат аз они шумо, Максимилиан, ҳам дар ин дунёву ҳам дар он дунё».

Валентина ҷавобе нагардонд, вале Максимилиан бишнид, ки вай оҳ мекашаду гиря дорад. Ӯ якбора ба худ омад.

– Валентина, Валентина! – нидо зад ӯ. – Он чи гуфтам, фаромӯш кунед, агар боиси малоли хотиратон шуда бошам!

– Не, – гуфт ӯ, – ҳар чи гуфтед, дуруст аст, аммо намебинед магар, ки чӣ бадбахту танҳоям ман. Ман қариб ки дар хонаи бегонае умр ба сар мебарам, зеро падарам қариб ки бегонааст ба ман; инак даҳ сол боз маро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа майли якзайли фармонравоёнам поймол кардан дорад. Азобу кулфати маро ҳеҷ кас намебинад, фақат ба шумо гуфтам ман инро. Гӯё ҳама хайрхоҳи мананд, ҳама дӯст медоранд маро; дар воқеият ҳама бадхоҳи мананд. Мардум мегӯянд: ҷаноби де Вилфор шахси бисёр ҷиддиву сахтгир аст, то ин ки ба духтараш аз ҳад бисёр меҳр зоҳир бикунад, вале ҳамту бошад ҳам, духтараш бояд хушбахт бошад, ки дар шахси хонуми де Вилфор модари сонӣ пайдо кардааст. Лекин мардум иштибоҳ мекунанд: падарам нисбат ба ман тамоман бепарвост, моиндарам бошад, адовати беинтиҳое дорад ба ман ва тоқатфарсоии адоваташ боз ин аст, ки вай онро якзайл бо табассумаш пардапӯш карда мегардад.

– Ба шумо адоват дорад? Чӣ тавр метавон ба шумо адоват варзид?

– Ҳабибам, – гуфт Валентина, – ман бояд иқрор бикунам, ки адовати ӯро нисбат ба ман боисест хеле одӣ. Вай писари худаш Эдуардро парастиш мекунад.

– Хайр парастиш кунад чӣ?

– Ростӣ, ба назари ман, масъалаи пулро ба ин аралаш кардан, чӣ хел ки тааҷҷубовар барин, вале бо вуҷуди ҳамин, ба хаёлам, адовати ӯро боис маҳз ҳамин аст. Худи вай ҳеҷ гуна сармояе надорад, ман бошам, баъд аз сари модарам, мероси зиёде гирифтам ва ин сарват бо он ду чанд мегардад, ки як рӯз не як рӯз аз ҷаноб ва хонуми де Сен–Меран меросе мерасад ба ман; ана ҳамин тавр, ба гумонам, ки вай ҳасад мебарад. Э худоҷон, агар ман нисфи сармояамро ба вай дода метавонистам, то ин ки худамро дар хонаи падарам духтари зоида ҳис кунам, ман, албатта, бе истиҳола мекардам ин корро.

– Бечора Валентинаи ман!

– Оре, ман худамро пой дар занҷир мебинам ва дар айни замон чандон бефараҳам, ки ба хаёлам, гӯё муттакои ман занҷиру завлонаи ман аст ва метарсам аз инҳо ҷудо бишавам. Илова бар ин падари ман на аз он касонест, ки яке гапашро ду кунаду беҷазо монад; ӯ ба ман таҳаккум дорад, ба шумо ҳам ҳукмфармоӣ мекард, ҳатто ба худи шоҳ ҳам, зеро вай бо гузаштаи беолоишаш ва бо мақоми қариб ки дастнорасаш соҳибқудрат аст. Савганд ба номатон, ман даст ба мубориза намезанам, чун ки метарсам бо ин кор, мабодо, шуморо якҷоя бо худам нобуд накунам.

– Бо вуҷуди ҳамин, Валентина, – гашта гуфт Максимилиан, – навмед шудану ин қадар рӯҳафтода нигаристан ба оянда чӣ лозим?

– Ҳабибам, ман ояндаро дар қиёси гузашта қазоват мекунам.

– Лекин гӯш кунед, агар аз нигоҳи ашрофона ман ҷуфти зебанда набошам ҳам, ба ҳар ҳол аз бисёр ҷиҳатҳо ман ба он доирае мансубам, ки шумо дар он умр ба сар мебаред. Гузашт замоне, ки дар Фаронса ду Фаронса вуҷуд дошт: аъёни аҳди давлати мутлақа бо аъёни Империя даромехт, ашрофи шамшерзан бо ашрофи тӯпу туфанг қаробат ёфт... Ман бошам, ба ҳамин тоифаи сонӣ мансубам: дар артиш ояндаи дурахшон нигарон аст маро; зиёд набошад ҳам, сарвати мустақиле дорам; ниҳоят, дар тарафҳои худамон падари маро ба сифати яке аз бошарафтарин бозаргононе, ки замоне арзи вуҷуд кардаанд, дар хотир доранду ба некӣ ёд мекунандаш. Ман барои он «дар тарафҳои худамон» мегӯям, Валентина, ки шумо ҳам қариб марселиед.

– Номи Марселро ба ёдам наёваред, Максимилиан, ҳамин як калима ҳавои модарам, ин фариштаеро, ки ҳамагон ба маргаш ашк рехтаанд, ба сарам меоварад ва муддати қалиле дар рӯи замин духтарашро нигаҳбонӣ кардааст ва – итминон дорам ман – дар манзили абадаш чашм аз ӯ наканда ҳамчунин нигаҳбонӣ мекунад! Оҳ, Максимилиан, агар модари бечораам зинда мебуд, ҷои тарс надоштам ман; дар он сурат ба модарам мегуфтам, ки дил ба шумо додаам ва ӯ, Максимилиан, ҳимоят мекард моро.

– Агар ӯ зинда мебуд, – гашта гуфт Максимилиан, – шиносоӣ бо шумо муяссар намегардид ба ман, зеро худатон гуфтед, ки дар он сурат хушбахт мебудед, лекин Валентинаи хушбахт нузул ба сӯи ман намекард.

– Ҳабибам, – хитоб кард Валентина, – ин дам нисбат ба ман одил нестед шумо... Лекин бигӯед...

– Чӣ мехоҳед, ки гӯям ба шумо? –пурсид Максимилиан дудилагии ӯро дида.

– Бигӯед ба ман, – давом дод ҷавондухтар суханашро, – оё ягон вақте дар Марсел миёни падари шумою падари ман, мабодо, суитафоҳуме наафтода буд?

– Не, ман ҳаргиз аз ин хусус чизе нашунидаам, – ҷавоб гардонд Максимилиан, – агар ҳаминро ба ҳисоб нагирем, ки падари шумо аз ҳад тарафдори боэҳтимоми Бурбониён буду падари ман содиқ ба император. Ман гумон мекунам, ки ягона ихтилофи онҳо дар ҳамин метавонист буда бошад. Лекин шумо чаро аз ин хусус пурсон шудед?

– Ҳозир мефаҳмонам, – гуфт ҷавондухтар, – шуморо мебояд ҳама гапро донист. Ин қазия дар ҳамон замон рӯзе ба миён омада буд, ки ба рутбаи дорандаи Легиони фахрӣ уруҷ ёфтани шуморо дар рӯзномаҳо чоп карда буданд. Мо ҳама дар ҳузури бобои Нуартйе будем, он ҷо боз Данглар ҳам буд, – ин бонкдорро медонед, аспонаш се рӯз пеш моиндару додари маро қариб кушта буданд. Ман ба бобом рӯзнома мехондам, дигарҳо бошанд, никоҳи мадемуазел Дангларро муҳокима доштанд. Даме ман ба ҷое расидам, ки ба шумо дахл дошту ман онро пеш аз ин медонистам, зеро як рӯз қабл саҳар шумо ин хушбахтиро расонда будед ба ман, – хӯш ки бошад, даме то ҳамон ҷо расидам, ман худамро хеле саодатманд ҳис кардам... ва ман хеле ба ҳаяҷон омада будам, зеро боист номи шуморо шунаво ба забон меовардам, – ман, албатта, онро фурӯ мегузоштам, агар тарс аз он намедоштам, ки аз хомӯш истодани ман гумони бад намебаранд, – аз ҳамин сабаб ман ҳама ғайратамро муҷтамеъ сохта онро бихондам.

– Азизам Валентина!

– Хӯш, ҳамин ки номи шумо ба забон омад, падарам рӯ ба ман овард. Итминонам ба дараҷае қавӣ буд, ки номи шумо ба ҳама чун наъраи раъд асар кард (дидед, чӣ гуна ҷунунрасидае ҳастам ман); ҳатто, ба назарам, мисле ки як қад парид падарам, ҳамчунин ҷаноби Данглар низ (инаш лекин, шак надорам, маҳсули хаёли ман асту бас).

«Марсел, – гуфт падарам, сабр кунед, сабр кунед! (Ӯ абрӯ чин кард). Аз авлоди ҳамон Моррелҳои марселии бонопартпарасти ашадие набошад, ки дар соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум ин қадар саргардон карда буд моро?»

«Оре, – ҷавоб гардонд Данглар, – ба хаёлам, ин писари соҳибкор аст».

– Ана гап! – ба забон овард Максимилиан. – Хӯш падаратон чӣ гуфт?

– Гапи бисёр баде, ман ҳатто ёрои ба шумо такрор карданашро надорам.

– Бигӯед ба ҳар ҳол, – табассум дар лаб илтимос карда Максимилиан.

«Императорашон, – давом дод ӯ суханашро, чин дар абрӯ андохта, – ҳамаи он мутаассибҳоро дар ҷои ба худашон сазовор гузошта тавонист; вай гӯшти дами тир ном дод ба онҳо, ки номи бисёр мувофиқ буд. Ман ба шодмонӣ дида истодаам, ки ҳукумати ҷадид аз нав ҳамон усули наҷотбахшро пеш гирифтааст. Агар ин ҳукумат фақат ба хотири ҳамин Алҷазоирро боқӣ медошт, ман дуруд мегуфтам ба ҳукумат, агар чи Алҷазоир ба мо гарон афтад ҳам».

– Ин дар воқеъ сиёсати хашин аст, – гуфт Максимилиан. – Аммо он чи ҷаноби де Вилфор гуфтааст, бигузор шуморо ба хиҷолат наёварад: дар ин бобат падари ман ҳам аз ӯ монданӣ надошт ва якзайл такрор мекард: «Ба фаҳмам намегунҷад, чаро императоре, ки ҳамеша рафтораш айни муддаост, аз додгустару додрасҳо полке фароҳам намекунад, ки то ҳар дафъа ба мавзеъҳои пешсаф фиристонадашон?» Чунон ки мебинед, дӯсти азиз, ҳар ду ҷониб ҳам дар рангинбаёнии таъбирҳову раҳмдилиашон аз якдигар монданӣ надоштаанд. Хӯш Данглар ба ин ҳамлаи додситони подшоҳӣ чӣ ҷавоб гардонд?

– Ӯ аз рӯи одаташ бо тамасхури туршрӯёнаи худ, ки ба назари ман сангдилона ҳам буд, ришханде зад; дақиқае пас ҳар ду бархостанду аз дар баромаданд. Фақат он дам пайхас кардам, ки бобоям дар изтироб аст. Бояд, Максимилиан, ба шумо бигӯям, ки ба изтироб омадани мафлуҷи сарсахтро танҳо ман пайхас мекунам. Воқиан, ман пай бурда будам, ки ин сӯҳбат боист ба вай таассуроти ногувор мебахшид. Охир ба бобои бечораам касе дигар эътибор намедиҳад; императори ӯро мазаммат мекарданд, вай бошад, зоҳиран, мутассибвор ба ӯ содиқ буд.

– Номи вай ба сифати яке аз машҳуртарин шахсиятҳои аҳди империя маъруф буд, – гуфт Максимилиан, – вай рутбаи сенаторӣ дошт ва, чунон ки медонед, Валентина, ё ки, аҷаб не, надонед, вай қариб ки дар тамоми суиқасдҳои бонопартии давраи Реставратсия иштирок кардааст.

– Оре, гоҳо зери лаб аз ин хусус гап задани касонро мешунавам ва ин ба назари ман хеле тааҷҷубовар менамояд: бобоям бонопартисту падарам роялист; ғалатӣ. ҳамту не?.. Хӯш ки бошад, ман гашта тарафаш назар кардам. Ӯ бо нигоҳаш рӯзномаро нишон дод ба ман.

«Ба шумо чӣ шуд, бобо? – пурсидам ман. – Шумо қаноатмандед?» Ӯ бо чашмонаш ишорат кард, ки оре.

«Аз он чи падарам гуфт?» – пурсидам ман.

Ӯ ишорат кард, ки не.

«Аз он чи ҷаноби Данглар гуфт?»

Ӯ боз ишорат кард, ки не.

«Хӯш, яъне, аз он, ки ҷаноби Моррел, – ман наёристам «Максимилиан» бигӯям, – ба мартабаи дорандаи Легиони фахрӣ уруҷ кардааст?»

Ӯ ишорат кард, ки оре.

– Андеша кунед, Максимилиан, ӯ хушҳол буд, ки шумо дорандаи Легиони фахрӣ шудаед, ҳол он ки шуморо намешиносад. Шояд ин аломати беақлиаш бошад, чун ки, мегӯянд, вай кӯдак барин шуда истодааст, аммо бо ҳамин «оре» – яш димоғи маро чоқ кард.

– Ин аҷоиб–ку, – гуфт андешамандона Максимилиан. –Пас, падари шумо чашми дидан надоштааст маро, дар ҳоле ки, баръакс, бобоятон...Аҷоиб чизе будааст ин ҳусни таваҷҷӯҳу адовати инсониаш!

– Хомӯш! – хитоб кард ногаҳон Валентина. – Пинҳон шавед, бигурезед, ин ҷо омада истодаанд!

Максимилиан белро гирифту бераҳмона ба побел кардани юнучқа даромад.

– Мадемуазел! Мадемуазел! –садо медод овози касе аз пушти дарахтон, – хонуми де Вилфор даъват доранд шуморо, дар меҳмонхона меҳмоне нишастааст.

– Меҳмон? – пурсид Валентинаи ба ҳаяҷон омада. – Кӣ бошад вай?

– Меҳмони номдор! Мегӯянд, ашроф, граф Монте-Кристо.

– Меравам, меравам, – бо овози баланд гуфт Валентина.

Шахси дар пушти дарвоза истода, ки барояш «меравам, меравам» гуфтани Валентина чун нидои падруди баъд аз ҳардафъаина мулоқот садо медод, ин номро шунида як қад парид.

– Ана гап! – ба дил гуфт Максимилиан, андешамандона ба бели оҳан такя намуда. Аз куҷо граф Монте-Кристо бо Вилфор шинос бошад?»

пешина
аз 99
навбатӣ