Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XII.ХОНАДОНИ МОРРЕЛ
Баъди чанд дақиқа граф ба кӯчаи Меле, No 7 расид.
Хона сафеди зебо буд ва гулзорҳои на чандон калон рӯи ҳавлиашро зинат медоданд.
Граф дар шахси ҳоҷибе, ки дарвозаро ба рӯяш кушод, Коклеси солхӯрдаро шинохт. Вале азбаски ҳоҷиб, тавре ки хонандагон дар ёд доштагистанд, якчашма буду нури чашми солимаш дар ин нӯҳ сол хеле коҳиш ёфта, Коклес графро нашинохт.
Барои расидан ба таги дар каретаро лозим буд фаввораи на чандон калонеро давр зада гузарад, фаввораеро, ки обаш аз ҳавзи тагаш гӯшмоҳию санг чида шуда ҷӯшида мебаромад ва мавриди рашку тааби ҳамсоягон гардида буду бад–он боис шуда, ки ҳавлиашон «Версали хурдакак» лақаб ёбад. Он ки даруни ҳавз моҳичаҳои беҳисоби сурху зарде беист дар гашту гузор буданд, ҳоҷат ба таъкид надорад.
Воқиан, ғайр аз ошёнаи якум, ки дар он матбаху сардобаҳо ҷо гирифта буданд, иморат боз ду ошёнаи дигар ва зершервоние дошт. Хоҷаҳои ҷавон онро якҷоя бо устохонаи калону боғ ва ду сарочааш харида буданд. Эммануел зуд дарёфт, ки аз чунин тарзи иморат ёфтани ҳавлӣ андак манфиате бардоштан мумкин аст. Ӯ иморат ва нисфи боғро ба ихтиёри худаш гузошту ин ҳамаро ҷудо кард, яъне ки ба миёни тамликоти худу устохона, ки якҷоя бо сарочаҳову як қисми боғаш ба иҷора дода буд, деворе баркашид; ба ҳамин тариқ, вай хароҷотро зиёд накарда, чун нуктачинтарин бошандаи маҳаллоти Се–Жермен, низ алоҳида тарҳи иқомат афканд.
Ошхона аз чӯби булут буд; хонаи меҳмонпазироӣ – аз чӯби сурхи рӯкашаш махмали кабут; хонаи хоб–аз чӯби лимугуну рӯкашаш шоҳии сабзи гулдор; ғайр аз ин як дар хона чун хонаи кори Эммануел ихтисос дошт, гарчи вай ба коре машғул набуд, ҳамунин хонаи мусиқӣ барои Жули, ки ягон олати мусиқиро машқ намекард.
Тамоми ошёнаи сеюм дар ихтиёри Максимилиан буд; ин айнан такрори манзили хоҳараш буд,фақат дари меҳмонхонааш аз тарафи билярдхона буд, ки вай дӯстонашро ба он ҷо меовард. Даме ки каретаи граф омада дами дарвоза қарор гирифт, ӯ назди даромадгоҳи боғ рост истода қишав кардани аспашро назора мекарду сигор мекашид.
Коклес, чунон ки пеш аз ин гуфтем, дарвозаро мекушод, Батистен бошад, аз кузла ҷаста фуромаду пурсид, ки оё граф Монте-Кристо ҷанобу хонуми Эрбо ва ҷаноби Максимилиан Моррелро дидан метавонад.
– Граф Монте-Кристо! – нидо зад Моррел, сигорро партофтаву ба истиқболи меҳмон шитофта. – Наход мо аз дидори он кас шод набошем. Ташаккур ба шумо, граф, ҳазорон ташаккур, ки ваъдаатонро фаромӯш накардаед.
Ва афсари ҷавон дасти графро ҳамчунон аз таҳи дил фишурд, ки ӯ ба самимияти пазироӣ шак оварда наметавонист ва ба чашми муояна дид, ки ӯро бесаброна нигарон будаанду хушҳолона истиқболаш карданд.
– Рафтем, рафтем, – гуфт Максимилиан, – ман худам муаррифӣ мекунам шуморо; расидани шумо барин касро набояд, ки нӯкар ба арз расонад; хоҳарам дар боғ, садбаргҳои аз гул фуромадаро буридан дорад; язнаам шаш қадам дуртар аз ӯ ба хондани рӯзномаҳояш «Матбуот» ва «Мунозира» машғул аст, зеро, ҳар ҷо, ки хонуми Эрбо бошад, шумо метавонед пешакӣ итминон дошта бошед, ки дар доираи назари на канортар аз чаҳор метр Эммануелро ҳам мебинед ва баръакс, чунон ки дар мактаби Политехникӣ мегӯянд.
Ҷавонзан, ки яктаҳи шоҳӣ дар бар, гулбаргҳои хазонрасидаи садбарги зардро бо ҳавсалаи тамом қайчӣ мекард, шарфаи пои онҳоро шунида, сар боло кард.
Ин ҷавонзан Жулии хурдакаки шиноси мо буд, ки тибқи пешгӯии намояндаи ширкати Томсон ва Френч ба хонуми Эммануел Эрбо табдил ёфтааст. Марди номаҳрамеро дида нидо зад ӯ. Максимилиан қоҳ– қоҳи хандаро бардошт.
– Натарс, хоҳарак, – гуфт ӯ, – агар чи граф ҳамагӣ чанд рӯз боз дар Парижанд, ин кас алакай медонанд, ки судхӯрзани Марэӣ будан чӣ гуфтанӣ гап аст, лекин агар то ҳол бехабар бошанд, ин дам мебинанд.
– Оҳ, тақсир, – гуфт Жулӣ, – бе гапу ҳарф овардани шумо – ин ғадрест аз ҷониби бародарам; ин ҳеҷ парво надорад, ки хоҳари бечорааш чӣ афту башарае дорад... Пенелон!.. Пенелон!..
Пирамарде, ки бехи садбаргҳои банголиро мулоим мекард, бели дасташро ба замин халонду фуражкаро аз сараш бардошта, назди онҳо рафт; сақичеро, ки хоидан дошт, дар як он ба лунҷаш чуқуртар тела дод. Дар миёни мӯи сари ҳанӯз ғулиаш чанд тӯқи симгун сафедча метофт, чеҳраи гандумгуни ҷасурона, нигоҳи ҳассос аз маллоҳи собиқадор буданаш, ки дар зери офтоби минтақаи истиво сухтаву бисёр бӯрону тӯфон дидааст, дарак медод.
– Шумо маро ҷеғ задед, мадемуазел Жулӣ? – пурсид ӯ. – Чӣ коре кунам?
Пенелон аз рӯи одати дерин духтари хоҷаашро мадемуазел Жулӣ меносид ва ба хонуми Эрбо гуфтан ҳеҷ хӯ намегирифт.
– Пенелон, – гуфт Жулӣ, – ба ҷаноби Эммануел бигӯед, ки ба хонаи мо меҳмони азиз омадааст, вале Максимилиан графро ба хонаи меҳмонпазироӣ мушаяат мекунад.
Баъд ӯ ба Монте-Кристо рӯ овард.
– Шумо, умед дорам, ба ман иҷозат медодагистед, дақиқае танҳо гузораматон?
Ва, ризоияти графро нигарон нашуда, гулзорро давр зада гузашту аз роҳрави паҳлуӣ ҷониби хона ҳаво хӯрд.
– Гӯш кунед, азизам ҷаноби Моррел, – гуфт Монте-Кристо, – ҳайфо, мебинам, ки осоиши хонадонатонро халалдор карда истодаам.
– Нигоҳ кунед, нигоҳ кунед, – ҷавоб гардонд хандакунон Максимилиан, – ана шавҳараш ҳам таъҷил дорад, ки рафта нимтанаашро ба камзӯл бадал кунад! Охир аҳли кӯчаи Меле мешиносанд шуморо, интизоратон буданд, бовар кунед ба ҳарфам.
– Аҳли хонадони шумо, ба хаёлам, хушбахтанд, – гуфт граф, – мисле, ки ба андешаи худаш ҷавоб мегардонда бошад.
– Бешак, граф. Хайр чӣ, ҳар он чи барои хушбахт будан лозим аст, муҳайёст онҳоро: Ҳар ду ҷавон, зиндадил, якдигарро дӯст медоранд ва агарчи дороии беҳисобе доштан насибашон нагардидааст, ҳар ду бо даромади бист ҳазор франкашон худро ба мисоли Ротшилд сарватманд ба ҳисоб медиҳанд.
– Ҳол он ки даромади бист ҳазор франк – ин андак аст, – гуфт Монте-Кристо ва гуфтораш ҳовии ин қадар навозише буд, ки дар қалби Максимилиан чун овози падари меҳрубон аксандоз гардид, – лекин охир ин барои ҷуфти ҷавони мо ҳадди охир набудагист, инҳо ҳам миллионер мешудагистанд. Язнаи шумо адвокат ё духтур будагист?..
– Вай тоҷир буд, граф, ва кори шодравони падарамро идома медод. Ҷаноби Моррел вафот карду сармояи панҷсад ҳазор франк мерос гузошт; аз ин маблағ нисфаш ба ман расиду нисфаш ба ҳамшираам, зеро аз падару модар мо фақат ду тан будем. Шавҳари хоҳарам, даме ки бо ӯ ақди никоҳ устувор кард, ба ҷуз дили поку ақли расо ва номи нек ҳеҷ чиз надошт. Ӯ ирода кард ҳамин миқдор пул дошта бошад, ки занаш дорад; ӯ то даме машғули кор шуд, то даме ки ду саду панҷоҳ ҳазор франк андӯхт; ба ҳусули ин муддао шаш сол сарф шуд. Қасам ба номатон, граф, ки ба онҳо назар карда ба риққат меомад кас–то ҳамин дараҷа меҳнатдӯст ва ба якдигар хушмеҳр буданд инҳо, ҳар ду, бо қобилияте ки доштанд, хеле сарват ба даст оварданашон мумкин буд, вале дар таомули ширкати падар ягон чизро тағйир додан нахостанд ва шаш солро ба он коре сарф карданд, ки барои мардуми ба усули нав корбаранда ду–се сол басанда буд. Аҳли Марсел аз фидокории мардонавори инҳо то ба ҳол ба ваҷд меоянд. Оқибат, боре Эммануел пеши занаш, ки пардохтӣ ӯҳдадориҳояшро анҷом медод, рафта гуфтааст:»Жулӣ, – рӯ меоварад Эммануел ба ӯ, – мана бастаи охирин сад франке, ки навакак Коклес ба ман дод ва ин маблағ ба он дусаду панҷоҳ ҳазор франке афзуда мешавад, ки мо барои худамон ҳадди охир қарор дода будем. Оё ту бо ҳамин андаке қаноат мекарда бошӣ, ки акнун бо ҳамин иктифо карданамон рост ояд? Гардиши солонаи ширкати мо ба як миллион баробар аст ва метавонад чил ҳазор франк фоида диҳад. Агар бихоҳед, баъди як соат мо метавонем муштариёнамонро ба сесад ҳазор франк бифурушем: инак номаи ҷаноби Делоне, вай ин маблағро дар ивази ширкатамон ба мо пешниҳод кардааст, то онро ба ширкати худаш бипайвандад. Тасмим бигир, моро чӣ мебояд кард».
«Ҳабибам, – ҷавоб гардондааст хоҳари ман, – кори ширкати Моррелро фақат Моррел пеш бурда метавонад. Магар даст кашидан аз сесад ҳазор франк кирои онро дорад, ки номи падари худро ба як бор аз гапу калоча пешгирӣ бикунем, гапу калочае, ки дар асари ноҳамвориҳои зиндагӣ пеш омаданаш мумкин аст?» «Андешаи ман ҳам ҳамин буд, – мегӯяд Эммануел, – лекин ман хостам ақидаи туро бидонам».
«Хуш, ин тавр бошад, гап ҳамин. Ҳар он чи мебоист, гуфтем мо, он чи дар ӯҳда доштем, бипардохтем; метавонем ҷамъбаст бикунему сандуқро бибандем; хуш ки бошад, ҷамъбаст мекунему мебандем».
Ва онҳо бетаъхир ин корро анҷом доданд. Ин дар соати се буд; як рубъ аз се гузашта буд, ки муштарие омад, то ду киштиро суғурта кунад; ин кор понздаҳ ҳазор франк фоидаи соф меовард.
«Барака ёбед, – гуфтааст ба вай Эммануел, – бо ин ҳадиси суғурта ба ҳампешаи мо ҷаноби Делоне муроҷиат бикунед, вале мо кори худро файсал додам».
«Кай боз?» – суол кардааст муштарии ҳайратзада. «Як рубъи соат пеш аз ин».
– Ана ба чӣ тариқа, – давом дод суханашро Максимилиан табассумкунон, – хоҳару язнаи ман фақат соҳиби бисту панҷ ҳазор даромади солона шуда мондаанд.
Максимилиан ҳикояташро нав ба поён расонда буд, ҳикояте, ки ба дили граф то рафт бештар сурур мебахшид, Эммануел худро бо камзӯлу кулоҳ оро дода пайдо шуд. Ӯ бо ваҷоҳати шахсе, ки ташрифи меҳмонро ниҳоят қадршинос аст, таъзим карду сипас, ҳамроҳи граф боғи шукуфонашро давр зада, ӯро ба хона ҳидоят намуд.
Фазои меҳмонхона аз накҳати садбаргони гулдони ҷопонии калон муаттар буд. Жулӣ, ки либоси мувофиқ пӯшидаву назаррабо мӯй шона карда буд (аҷаб, ки ба ин кор на бештар аз даҳ дақиқа вақт сарф кардааст!), сари остона ба дуруд гуфтани граф рост меистод.
Даруни қафас мурғон шодона чуқур–чуқур доштанд; шохаи дарахтони хонагии партовусию ақоқиёи гулобӣ бо хӯшаҳои пургулашон дами тирезаҳо аз паси пардаҳои махмалин сар бароварда меистоданд, дар ин гӯшаи дилкаш ҳама чиз дам аз тифоқӣ мезад – аз хониши мурғону аз чеҳраи хандони худовандони манзил.
Ба хона ворид шудан баробар граф ҳис кард, ки саодати ин касон ба рӯяш расид; вай сукут варзидаву ба андеша рафт, фаромӯш карда буд, ки риштаи сӯҳбати дар асари дуруд гуфтанҳои зану шавҳар гусастаашро мебоист дарпайваст.
Нохост хомӯшии ноҳинҷори ба миён омадаро пайхас карду зӯр зада аз олами фикру хаёл берун омад.
– Хонум, – гуфт ӯ, ниҳоят, – ҳаяҷони маро бар ман бибахшоед. Ин чиз шояд ба назари шумо тааҷҷубовар намуда бошад, – шумо ба ин осоишу саодат одат кардагистед, аммо барои ман дидани чеҳраҳои аз худ розӣ ин қадар нав аст, ки наметавонам аз шумою ҳамсаратон чашм биканам.
– Мо воқиан ҳам хеле хушбахтем, – гуфт Жулӣ, – лекин ба мо хеле муддат ҷафо дидан рост омад ва гумон аст ба касе саодаташ ин қадар гарон афтода бошад.
Дар чеҳраи граф аломати кунҷковӣ тарҳ афканд.
– Ин, чунон ки пеш аз ин Шато Рено ба шумо гуфт, воқиаи дуру дарози хонадонист, – гуфт Максимилиан. – Шумо, граф, ба дидани садамаҳои азиму хушиҳои беандоза одат кардагистед, барои шумо ин манзараи хонадонӣ он қадар мароқангез набудагист. Вале Жулӣ рост мегӯяд: мо азобу шиканҷаи бисёре дидаем, агар чи ин ҳама аз доираи хонадон берун нарафтааст.
– Ва худованд, чун ҳамеша, дар азобу шиканҷаатон тасалло фиристодагист ба шумо? – пурсид Монте-Кристо.
– Оре, граф, – ҷавоб гардонд Жулӣ, – мо бояд иқрор кунем ба ин, зеро худованд бо мо чун бо бандаи баргузидааш рафтор кард, ӯ фариштаи худашро фиристод ба назди мо.
Граф суп–сурх даргирифт ва барои ниҳон доштани изтиробаш гулӯ равшан карду рӯймолчаро ба лабаш бурд.
– Он ки дар абои шоҳӣ ба дунё омадаасту ҳаргиз майли чизе надоштааст, – гуфт Эммануел, – саодати зиндагиро намедонад, чунон ки ба қадри осмони соф намерасад ҳар он кас, ки дар баҳри пурталотум ҳаргиз ҷонашро дар паноҳи чаҳор тахта нагузоштааст.
Монте-Кристо ҷавобе нагардонда, аз ҷой бархост, зеро ларзидани овозаш метавонист ҳаяҷони қалбашро фош бикунад; вай рӯ–рӯи хона ба тааннӣ пешу қафо қадам задан гирифт.
Шуморо, эҳтимол, таҷаммули мо ба ханда оварад, граф, – гуфт Максимилиан, ки ду чашмаш ба Монте-Кристо буд.
– Не, не, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо бо ранги сахт канда як дасташро ба дили сахт тапандааш пахш кардаву дасти дигарашро ҷониби қоби булӯрине нигаронда, ки дар зераш рӯи болиши махмали сиёҳ ҳамёни кашбофии абрешимие бо эҳтиёт гузошта шуда буд. –Ман ҳамту нигоҳ дорам, ин чӣ хел ҳамён бошад, ки дар як тарафаш гӯё ким–чӣ хел коғазе истодаасту дар тарафи дигараш–алмоспораи хубе.
Қиёфаи Максимилиан ҷиддӣ гардиду ҷавоб гардонд:
– Ин ҷо, граф, гаронбаҳотарин ганҷи хонадони мост.
– Воқиан ҳам, алмоси бисёр зебо будааст, – гуфт Монте-Кристо.
– Не, бародарам арзиши онро дар назар надорад, гарчанд баҳои онро сад ҳазор франк муқаррар карда бошанд ҳам, вай гуфтанист, ки чизҳои даруни ин ҳамён барои мо азизанд: инҳоро ҳамон фариштаи даргузар гузошта рафта буд, ки гуфтем мо ба шумо.
– Ман гапи шуморо нафаҳмида истодаам, хонум, вале дархости шарҳ доданашро ҳам ба худ эб намебинам, – таъзим намуда ҷавоб гардонд Монте-Кристо. – Бубахшед, ки нахостам беназокатӣ бикунам.
– Беназокатӣ мегӯед, граф? Баръакс, мо шод мешавем аз ҳикоят кардани ин! Агар рафтори олиҳимматонаеро, ки ин ҳамён ёдрас мекунад, пинҳон доштанӣ мешудем, ин гуна ба намоиш намегузоштем онро. Не, мехостем имкон дошта бошем ба тамоми олам аз ин хусус ҷор бизанем, то валинеъмати ғайбии мо ақаллан ба василаи болафшониаш худро ошкор кунад.
– Ана гап! – ба забон овард Монте-Кристо бо овози баста.
– Граф, – гуфт Максимилиан қоби булӯринро андаке бардошта ва бо камоли эҳтиром лаб ба ҳамёни кашбофӣ расонда, – инро касе дар дасташ дошта меистод, ки падари моро аз марг наҷот доду худи моро аз муфлис гардидан, хонадонамонро бошад, аз бадномӣ, – шахсе, ки ба туфайли ӯ мо, фарзандони сарсахти маъхуз ба рӯзи сахту бенавоӣ ин дам аз чор тараф аз бахту рӯзии худ бо шавқ сухан рондани одамонро мешунавем. Ин мактуб, – ва Максимилиан аз ҳамён руқъаеро бароварду ба граф дароз кард, – ин мактуб ба дасти ӯ дар ҳамон рӯзе навишта шуда буд, ки падарам тасмими навмедонае гирифта буд, вале ин алмосро марди ношиноси олиҳиммат бисоти хоҳари ман муқаррар карда буд.
Монте-Кристо руқъаро кушода бо эҳсоси шодмонии беандозае бихонд; ин ҳамон руқъаи ошно ба хонандагони мост, ки ба унвони Жулӣ ба дасти Синдбоди Дарёгард навишта шуда буд.
– Марди ношинос, мегӯед шумо? Ба ҳамин тариқ, касе, ки ин гуна эҳсоне кардааст ба шумо, кӣ буданаш маълум нагардид?
– Оре, саодати дастфишуриаш насиб нагардид ба мо, – ҷавоб гардонд Максимилиан, – ва на аз он, ки мо баҳри ин лутфу марҳамат зорӣ накардаем ба худо. Аммо дар ин ҳама рӯйдод ин қадар асроре буд, ки мо то ба ин дам сарҳисобашро ёфта наметавонем: ба ҳамааш дасти аз назар ниҳоне, дасти муқтадире, ба мисоли дасти соҳир раҳнамун буд.
– Вале ман то ба ҳол умеди ягон вақт ба дастбӯсиаш расиданро гум накардаам, чунон ки ҳамёни ба дасташ расидаро мебӯсам, – гуфт Жулӣ. – Чор сол пеш аз ин Пенелон дар Триест будааст; Пенелон, граф, ин ҳамон маллоҳи куҳансолест, ки шумо бел дар дасташ дидед ва ин дам аз раҳнамои киштӣ ба боғбон мубаддал шудааст. Дар Триест вай дар лаби соҳил марди ингилисеро мебинад, ки дар тараддуди яхтасавор ба шино рафтан будааст ва дар симои ӯ шахсеро шинохтааст, ки панҷуми июни соли як ҳазору ҳашт саду бисту нӯҳум ба манзили падарам омадаву панҷуми сентябр ҳамин руқъаро ба ман фиристода буд. Ин шахс, бе шак, ҳамон шахси ношинос будааст, чунон ки таъкид кард Пенелон, вале ӯ ҷуръат накардааст бо вай ҳамгап шавад.
– Марди ингилис! – андешамандона ба забон овард Монте-Кристо, ки ҳар як нигоҳи Жулӣ ба изтиробаш меовардаш. – Марди ингилис, гуфтед шумо?
– Оре, – гуфт Максимилиан, – марди ингилисе, ки ба сифати гумоштаи ширкати воқеъ дар Рими Томсон ва Френч дар манзили мо пайдо шуда буд. Ана барои чӣ ман як қад парида будам, даме ки дар хонаи Морсер шумо гуфтед, Томсон ва Френч бонкдорони шумоянд. Ин воқиа, чунон ки мо ба шумо гуфтем, дар соли як ҳазору ҳашт саду бисту нӯҳ ба вуқӯъ пайваста буд; бемалол бошад, бигӯед, граф, оё мешиносед шумо ин марди ингилисро?
– Аммо шумо гуфта будед, гӯё ширкати Томсон ва Френч ба шумо чунин хидмате карданашро баисрор рад кардааст?
– Оре.
– Дар ин сурат, шояд, ҳамон марди ингилис барои кадом–як рафтори неке аз ҷониби падари шумо, ки худашон фаромӯш кардагистанд, аз он кас ҳамту миннатдор будаасту барои хидмате кардан ба он кас аз маврид истифода карда бошад?
– Дар ин боб ҳар чӣ гумон бурдан мумкин аст, ҳатто мӯъҷизае.
– Чӣ ном дошт? –пурсид Монте-Кристо.
– Ӯ исми дигареро ба забон наёвард, – ҷавоб гардонд Жулӣ, ки бо диққат чашм дӯхта меистод ба граф, – ҷуз оне ки дар поёни руқъа сабт карда буд: Синдбоди Дарёгард.
– Лекин ин, охир, маълум, ки ном не, балки тахаллус аст.
Боз ҳам бодиққаттар ба худаш чашм дӯхтану ба лаҳни овозаш гӯш андохтани Жулиро дида, граф барафзуд:
– Гӯш кунед, мабодо ӯ бо ман тақрибан ҳамқад, шояд хаёле баландтар, андаке борикандом, гиребонаш баланд, галстукаш таранг бастагӣ, камзӯлаш ба тан часпидаю тукмаҳояш таг то боло гузарондагӣ, доимо қаламе дар дасташ набуд–ку?
– Пас шумио ӯро мешиносед? – хитоб кард Жулӣ бо чашмони аз шодӣ шарарбор.
– Не, – гуфт Монте-Кристо, – ман фақат изҳори тахмин кардам. Ман фақат лорд Уилмор ном касеро мешинохтам, ки ба чунин хайру эҳсон ҳиммат дошт.
– Кӣ буданашро зоҳир накарда?
– Ин як шахси ғалатие буд, ки ба мавҷудияти миннатдорӣ эътиқод надошт.
– Худоё, – нидо зад Жулӣ, бо ваҷоҳати баённопазире ангушти ҳайрат газида, – пас ба чӣ эътиқод доштааст, бечора?
– Ба ҳар ҳол, ҳине ба он эътиқод надошт, ки ману ӯ бо ҳам вохӯрда будем, – гуфт Монте-Кристо, аз ин нидои аз қаъри дил берун омада беҳад ба изтироб афтода. – Шояд аз он дам баъд худаш ҳам итминон пайдо карда бошад, ки миннатдорӣ мавҷуд будааст.
– Ва шумо бо ин шахс шиносоӣ доред, граф? – бипурсид Эммануел.
– Агар шумо бо ӯ шиносо бошед, – нидо зад Жулӣ, – бигӯед, моро бо ӯ рӯбарӯ кардан, ӯро ба мо нишон додан, ҷояшро ба мо гуфтан метавонед? Гӯш кун, Максимилиан, гӯш кун, Эммануел, охир агар ягон вақте мо бо ӯ вохӯрем, ин накукориро ба ёдаш оварданӣ шавем, мункир намешудагист–ку!
Монте-Кристо ҳис кард, ки дар чашмаш ашк давр зада истодааст; ӯ боз рӯ–рӯи хона ба қадам задан даромад.
– Аз барои худо, граф, – гуфт Максимилиан, – агар шумо аз ҳоли он кас хабар дошта бошед, ҳар чӣ медонед, бигӯед ба мо!
– Ҳайфо, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, зӯр зада ҳаяҷонашро, ки дар овозаш садо медод, пинҳон доштанӣ шуда, – агар валинеъмати шумо воқиан ҳамон лорд Уилмор бошад, дар он сурат бим дорам, ҳеҷ гоҳ вохӯрдани бо ӯ ба шумо муяссар намешавад. Ман ягон се сол пеш аз ин дар Палермо бо ӯ видоъ карда будам ва ӯ дар тараддуди сафари ғарибтарин кишварҳое буд, бинобар ин гумон надорам, ки ягон вақте гашта ояд.
– Чӣ бемурувватист, он чи шумо мегӯед! – нидо зад Жулӣ дар ниҳояти навмедӣ ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
– Агар лорд Уилмор он чи ман дида истодаам, медид, – гуфт МонтеКристо аз сидқи дил, ба дурдонаҳои шаффофе, ки аз рухсораҳои Жулӣ фурӯ мерехтанд, чашм дӯхта, – ӯ аз нав ба зиндагӣ дил мебаст, зеро, ашке, ки аз дидагони шумо ҷорист, ӯро бо банӣ–Одам оштӣ медод.
Ӯ дасташро ҷониби Жулӣ дароз кард; Жулӣ ҳам, дар банди сеҳри нигоҳу овози граф афтода, ба вай даст дод.
– Лекин охир ин лорд Уилмор, – гуфт ӯ, ба охирин умед чанг зада, – диёр, аҳли хонадон, хешу табор доштагист, охир ягон касе ӯро мешинохтагист? Магар мо наметавонем, ки...
– Ҳоҷати кофтан нест, – гуфт граф, – аз суханоне, ки нохост аз даҳони ман баромад, ба орзуи ширин дода шудан нашояд. Гумон аст, ки лорд Уилмор ҳамон каси кофта гаштаи шумо бошад; ману вай бо ҳам дӯст будем, ман аз ҳама рози ӯ хабар доштам, – ӯ инро ҳам ҳикоят карда буд ба ман.
– Лекин вай ҳеҷ чиз нагуфтааст ба шумо? – хитоб кард Жулӣ.
– Ҳаргиз сухане нагуфтааст, ки аз он шумо битавонед тахмин кунед, ки...
– Ҳаргиз.
– Лекин шумо зуд номи ӯро ба забон гирифтед.
– Медонед... чиҳое ки ба хаёли кас намеояд.
– Ҳамшира, – гуфт Максимилиан, ба граф ёрӣ расонданӣ шуда, – меҳмони мо ҳақанд. ба ёд ор, ки падарамон ҳар гоҳ чӣ мегуфтанд: на марди ингилис овардааст ин саодатро ба мо.
Монте-Кристо як қад парид.
– Падари шумо, ҷаноби Моррел, ба шумо гуфта буд, ки?.. – беистиҳола нидо зад ӯ.
– Падарам ба ин рӯйдод чун ба мӯъҷизае менигарист. Вай имон дошт, ки валинеъмати мо аз гӯр бархостааст. Ин чунон имони муасире буд, ки худи ман ба он шарику ҳамфикр набошам ҳам, намехостам онро дар дили наҷиби ӯ ботил гардонам! Ҳар замон номи дӯсти дилбанди нобуд шудаашро зери лаб ба забон оварда, ба андеша мерафт! Дар сари остонаи марг, даме ки фаро расидани абадият ба андешаҳояш рӯшании охират бахшида буд, ин тахмин ба итминон мубаддал гардид ва каломи вопасинаш, ки дар сари сакарот ба забон овард, ин буд: «Максимилиан, ин Эдмон Дантес буд!»
Рангпаридагӣ, ки то рафт чеҳраи графро фаро мегирифт, ҳини ба забон омадани ин суханон ҳолати даҳшат гирифт. Хун дар дилаш ба туғён омад, ӯ натавонист ҳарфе бигӯяд; ба соат нигарист, мисле ки вақт ба ёдаш расида бошад, кулоҳашро гирифт, ким–чӣ хел ногаҳониву мушавваш бо хонуми Эрбо хайру хуш кард ва дасти Эммануелу Максимилианро бифушурд.
– Хонум, – гуфт ӯ, – иҷозат фармоед гоҳ–гоҳ аз ҳоли шумоён хабар гирам. Дар хонадони шумо табъам хуш шуд ва аз ҳусни истиқболатон муташаккирам, зеро дар манзили шумо бори аввал дар чандин сол гузашти вақтро ҳис накардам.
Ва ӯ бо қадамҳои чуст аз дар баромад.
– Чӣ каси ғалатиест ин граф Монте-Кристо, – гуфт Эммануел.
– Оре, – ҷавоб гардонд Максимлиан, – лекин ба гумонам, дили наҷибе дорад ӯ ва итминон дорам, ситораи мо ба вай рост омад.
– Овозаш ба қаъри дилам роҳ ёфт, – гуфт Жулӣ, – ва ҳатто ба назарам чунин тофт, ки на бори аввал мешунавам ин овозро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё