Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
ХI. ГАЙДА
Хонанда дар ёд доштагист, киҳо буданд шиносони нав ё аниқтараш, шиносони дерини граф Монте-Кристо, ки дар кӯчаи Меле истиқомат доштанд, – инҳо Максимилиан, Жули ва Эммануел буданд.
Нигаронии ин мулоқоти дилпазир, ки чанд дақиқаи саодатасар, ин шӯълаи биҳиштие, ки дӯзахро мунаввар мекунад, дӯзахеро, ки вай ихтиёран худро ба он афканда буд, баробари рафтани Вилфор ба чеҳраи Монте-Кристо равшанӣ бахшид. Алӣ ин чеҳраи аз масаррат нур гирифтаро дида, дам ба дарун, нӯг–нӯги по аз дар баромад, гӯё метарсид, ки андешаҳои гуворои ӯро нарамонад, андешаҳое, ки ба гумони худаш, ҳолавор хоҷаашро фаро гирифта буданд.
Рӯз ба қиём расида буд; граф барои худаш як соат вақти холӣ ҷудо кард, то ҳамроҳи Гайда ба сар барад онро; шодмонӣ на ҳамонзамонӣ фаро гирифт ин дили абгорро, дилеро, ки лозим буд ба эҳсосоти гуворо ба наҳве омодагӣ бигирад, чунон ки ба дилҳои дигар нисбат ба эҳсосоти қавӣ омодагие зарур аст.
Юнондухти ҷавон, чунон ки пеш аз ин гуфта будем, дар хонаҳое маскан дошт, ки аз манзили граф тамоман барканор буданд. Ҳамаи хонаҳои ӯ ба усули шарқӣ оро ёфта буданд: рӯи фарш қолинҳои серпати туркӣ густурда шуда, ба деворҳо саросар зарбафт кашида ва дар қадди девори ҳар як хона дивани сербаре гузошта шуда буд бо як тӯда болишҳои рӯиҳам афканда.
Гайда се хизматгорзани фаронсавию як юнонӣ дошт. Ҳар се фаронсавӣ дар хонаи якум ҷо гирифта, тайёр буданд бо аввалин садои зангӯлачаи зарин тохта оянду фармоишоти юнондухти канизакеро, ки забони фаронсавиро хеле хуб медонист, ба ҷо оваранд, то муддаои хонуми худашонро ба се тан духтархонаи маҳрамаш бирасонанд, ки Монте-Кристо ба онҳо таъйин карда буд, бо Гайда ба ҳадде эҳтиромкорона муомила бикунанд, ки ба шаҳбону воҷиб аст.
Ҷавондухтар дар хонаи аз ҳама дурдасташ, яъне дар хонаи меҳмонпазироии мудаввараш буд, ки рӯшноии рӯз фақат аз боло, аз шишаҳои гулобиранг гузашта ба он ҷо роҳ меёфт. Ӯ дар фарши хона, рӯи болишҳои атласи осмониранги симдӯзӣ, андаке пушташро ба диван такя дода дароз кашида буд; дасти росташро болои сар хаёле ҳалқа дода, бо дасти чап найчаи марҷонии ба лӯлаи чандири қалён шинонда шударо ба лаб мебурд, то дуди тамоку фақат баъди омезиш ёфтан бо оби бензоӣ ба даҳонаш роҳ меёфт, ки нафаси нозуки духтарак водораш мекард, аз миёни он бигузарад.
Тарзи фароғаташ, ки барои зани шарқие комилан табиӣ буд, агар дар ҷои ӯ фаронсавизане мебуд, ишвагарии сохтакоронае менамуд.
Дар танаш пӯшоки муқаррарии зани эпирие буд: шалвори атласи сафеди ба ранги гулобӣ гулдузӣ шудаи то ба рӯи пойҳои кӯдаквораш фуроварда, пойҳое, ки ба назари бинанда муҷассамаи аз мармари паросӣ тарошида шуда метофтанд, агар ин пойҳо дуто шипакчаи бо зару марворид гулдӯзӣ шудаи нӯккаҷро алвонҷ дода намеистоданд; пероҳани тасмаҳои кундалангии сафеду осмонидори остинҳояш васеи бозшавандаи чокакҳояш симини тукмаҳояш марворид, ки дастон дарунаш озод меистаданд; ва, ниҳоят, синабанд барин чизе, ки се тукмаи бриллиантӣ мазбуташ дошта, чоки сегӯшааш ба дида шудани гардану болодасти сари синнааш имкон медод. Суринашро камарбанди хушранги шилшилаи дарози абрешимидор дарпечида буд, ки мӯдпарастони парижии мо дар ҳасрати он буданд.
Дар сараш кулоҳаки зарини марвориддӯзӣ дошт, ки андак яктарафа ғеҷида буд ва дар мӯи сари сиёҳи кабудчааш якто садбарги суп–сурхи тару тозае халондагӣ буд.
Агар гап аз хусуси малоҳати ин чеҳра равад, ин ҳусну ҷамоли юноние буд бо мукаммалии бе каму косташ: чашмони шаҳлои махмалӣ, мустақимбинӣ, марҷондаҳон, дурдандон.
Баҳори навҷавонӣ ин ҳама ҳусну малоҳатро бо ҳама атру сафояш шаъшаъапошӣ дошт: синни Гайда на болотар аз нуздаҳ ё бист буд.
Монте-Кристо ходимаи юнониро ҷеғ заду фармуд аз Гайда барои наздаш рафтан иҷозат бипурсад.
Гайда ба ҷои ҷавоб бо ишорат ходимаро фармуд пардаи дами дарро бардорад ва дар чорчӯбаи мураббаи дар, ба мисоли лавҳи тасвири дилрабо ҷавондухтари хуфта пайдо шуд.
Монте-Кристо вориди хона гардид.
Гайда бе он ки қалёнро аз даст фурӯ гузорад, ба оринҷаш такя намуда, нимхез шуд ва табассум дар лаб дасти озодашро ҷониби граф дароз кард.
– Чаро, – гуфт ӯ ба забони гӯшнавози занони Спартаю Афина, – чаро ту барои пеши ман даромадан иҷозат мепурсӣ? Магар ту дигар хоҷаи ман нестӣ, магар ман дигар канизи ту нестам?
Монте-Кристо низ табассум кард.
– Гайда, – гуфт ӯ, – медонед...
– Чаро ту ба ман чун ҳарвақта «ту» гуфта муроҷиат намекунӣ?— сухани ӯро бурид юнонидухти ҷавон.—Магар аз ман айбе гузашт? Ин тавр бошад, маро ҷазо мебояд дод, на ин ки «шумо» гуфта муроҷиат кардан.
– Гайда, – давом дод граф суханашро, – ту медонӣ, ки мо дар Фаронсаем, яъне ки ту озод ҳастӣ.
– Озод дар чӣ бобат?
– Дар ин ки маро тарк бикунӣ.
– Туро тарк кунам?.. Хӯш барои чӣ туро тарк бикунам?
– Кӣ медонад? Мо бо мардум мулоқот мекунем...
– Ман касеро дидан намехоҳам.
– Хӯш агар дар миёни он ҷавонмардони зебое, ки ҳамроҳашон сӯҳбат кардан ба ту иттифоқ афтад, ягон касе ба ту маъқул ояд, ман чандон ситамгор нахоҳам буд...
– Ман ҳаргиз бо зеботаре аз ту во нахӯрдаам ва ба ҷуз падари худаму ту касеро дӯст надоштаам.
– Фарзанди бечора, – гуфт Монте-Кристо, – охир ту ба ғайр аз падари худату ман ҳаргиз бо касе ҳамгап нашудаӣ.
– Бошад будан гирад! Ман дигар бо ҳеҷ кас ҳамгап шуданӣ ҳам нестам. Падари худам маро «мояи шодмониам» мегуфт, ту маро «меҳри дилам» меномӣ ва ҳар ду «фарзандам» гуфта ном мегиред маро.
– Ту ҳоло ҳам падаратро дар ёд дорӣ, Гайда?
Духтарак табассум кард.
– Вай ин ҷосту ин ҷост, – гуфт ӯ, даст ба чашму ба дилаш ниҳода.
– Хӯш ман дар куҷоям? – табассум дар лаб пурсид Монте-Кристо.
– Ту, – ҷавоб гардонд ӯ, – ту дар ҳама ҷо.
Монте-Кристо дасти Гайдаро гирифту хост бӯса диҳад, аммо духтараки содадил дасташро ақиб кашиду ҷабинашро пеш бурд.
– Ин дам ту медонӣ, Гайда, – гуфт ӯ, – ки ту озод ҳастӣ, ту бонуе ҳастӣ, ту шаҳбонуӣ; ту метавонӣ пештара барин либосатро пӯшида гардӣ ва метавонӣ аз баҳраш бароӣ; агар хоҳӣ, дар хона ист, агар хоҳӣ– савор шаву гардиш кун; барои ту ҳамеша карета муҳайёст; Алию Мирто дар ҳама ҷо туро ҳамроҳӣ мекунанд ва фармоишоти туро ба ҷо меоваранд, вале аз ту фақат як чизро илтимос дорам... – Гӯшам ба ту.
– Ҳадиси таваллудатро пинҳон дор, аз гузаштаат ҳарфе ба забон наёр, ба ҳеҷ ваҷҳ номи падари шӯҳратманду модари сарсахтатро ба забон нагир.
– Ман гуфтам–ку, хоҷаам, ман бо касе мулоқот намекунам.
– Гӯш кун, Гайда, шояд, ки чунин канораҷӯии ба шарқиён хос дар Париж имконнопазир шавад, ҳамчунин урфу одати кишварҳои шимолиро омӯхта гард, чунон ки дар Рим, Флоренсия, Милан ва Мадрид мекардӣ, дар ин ҷо иқомат мекунӣ ё ба Шарқ бармегардӣ, ин барои ту манфиатбахш хоҳад буд.
Ҷавондухтар чашмони ашколудашро боло карда ба граф нигаристу ҷавоб гардонд.
– Ё ба Шарқ бармегардем мо, ҳамин тавр гуфтан мехоҳӣ, хоҷаам?
– Оре, фарзандам, – гуфт Монте-Кристо, – охир худат медонӣ, ки ман ҳаргиз тарк нахоҳам кард туро. На дарахт аз шукуфааш ҷудо мешавад, балки шукуфа ҷудо мешавад аз дарахт.
– Ман ҳаргиз тарк намекунам туро, хоҷа, – гуфт Гайда, – ман медонам, ки бе ту зиндагӣ ба сар бурда наметавонам.
– Фарзанди бечора! Баъди даҳ сол ман дигар пир мешавам, ту бошӣ, баъди даҳ сол ҳамчунин ҷавон хоҳӣ буд.
– Падари ман риши дарози сафед дошт, Ин ба дӯст доштани ман ӯро монеъ набуд; падари ман шастсола буду аз ҷамеи ҷавонмардоне, ки ман дида будам, зеботар метофт ба назарам.
– Лекин бигӯ, ба гумонат, оё ту ба ин мамлакат одат мекарда бошӣ? – Ман туро медида бошам?
– Ҳар рӯз хоҳӣ дид.
– Ин тавр бошад, хоҷа, чаро пурсон шудӣ?
– Метарсам, ки дил бой медиҳӣ.
– Не, хоҷа, охир пагоҳон аз он фикр мекунам, ки ту меоӣ, бегоҳон бошад, аз он ки ту омадаӣ; ғайр аз ин, ҳар гоҳ танҳо бошам, ба ёд меоварам, лавҳаҳои калонро мебинам, фазои бепоёнро, аз Пиндому Олимп дуртарро; дар дили ман бошад, эҳсоси сегонае маскан дорад, ки бо чунин эҳсосот дил бой намедиҳад кас: ғам, ишқ ва миннат.
– Ту духтари арзандаи Эпир астӣ, Гайда, нозукандому дилрабоӣ ва бешак аз дудмони худозанҳое ҳастӣ, ки сарзамини ту ба дунё овардааст. Осуда бош, фарзандам, ҳар он чи мебояд, мекунам ман, то ҷавониат баръабас наравад, зеро агар ту маро чун падар дӯст дорӣ, ман ҳам чун фарзанд дӯстат хоҳам дошт.
– Иштибоҳ мекунӣ ту, хоҷа; ман падарамро на он тавре дӯст медоштам, ки туро; ишқи ман нисбат ба ту–ишқи дигар аст; падари ман мурду ман зинда мондам, лекин агар ту бимирӣ – ман ҳам хоҳам мурд.
Бо табассуми саршор аз меҳр граф даст ҷониби духтарак дароз кард; ӯ чун ҳарвақта онро ба лабонаш бурд.
Граф, ба ҳамин тариқ дар тадоруки мулоқот бо аҳли хонадони Моррел байти Пиндарро зери лаб такроркунон блерун рафт.
«Ҷавонӣ шукуфа асту ишқ онро самар... Чӣ хуш гар ба фурсат боғбонаш хурад бар!» Карета, чунон ки ӯ фармуд, нигарон будаш. Ӯ нишасчту аспон чун ҳарвақтиа ба ҳукм пеш тохтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё