Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Х.ФАЛСАФА

Агар граф Монте-Кристо дар доираи аъёну ашрофи Париж ошноии бештаре медошт, ин рафтори ҷаноби де Вилфорро сазовор қадр мешинохт. Вилфор, ки дар дарбори шоҳон хуб пазируфта мешуд – бидуни тафовут, ки тахтнишин аз ҷумлаи шоҳони шохаи калонӣ буд ё хурдӣ, нахуствазир оинпараст буд, озодфикр ё кӯҳнапараст – ҳамчун шахси кордон ҳама ҳурматаш мекарданд, ки ин неъмат одатан ба касе насиб мегардад, ки ҳаргиз ба нокомии сиёсие дучор наомадаст ва бисёр касон бадаш мебинанд, вале баъзеҳо сахт тарафгириаш мекунанд, агар чи ҳеҷ кас дӯсташ надорад ҳам – дар идораи маҳкама мақоми баланде дошт ва дар ин мақом мисли кадом–як Арлэе ё Молее устувор меистод. Даргоҳи ӯ, агар чи бо ҳузури зани ҷавонашу духтари ҳаждаҳсолааш аз никоҳи якум ҷӯшу хурӯше дошт, яке аз он хонадонҳои сахтгири Париж буд, ки парастиши суннатҳову оини одоби муошират таҳаккум дошт. Риояти сарди одоб, садоқати бе чуну чаро ба шартҳои ҳукумат, сахт мутанаффир будан нисбат ба назариёт ва назарияофаринҳо, адовати оштинопазир доштан ба ҳар гуна фалсафабофиҳо – аз ҳамин иборат буд моҳияти ба назар намоёни зиндагии хусусию ҷамъиятии ҷаноби де Вилфор. Вилфор на фақат ходими маҳкама, балки қариб ки дипломат буд. Муносибаташ ба аҳли дарбори собиқ, ки ӯ ҳамеша бо қадршиносиву эҳтиромкорона ёдовариашон мекард, аҳли дарбори кунуниро ба он вомедошт, ки нисбат ба ӯ бо эҳтиром муносибат кунанд ва ӯ ин қадар чизҳое медонист, ки на ин ки раъяшро ба инобат мегирифтанд, инчунин баъзан барои маслиҳат ба вай муроҷиат мекарданд. Шояд корҳо тарзи дигар сурат мегирифтанд, агар имконияти аз Вилфор халос гардидан пайдо мешуд; вале ӯ, мисли ҳукмфармоёни феодалие, ки ба сарвари худ итоат надоштанд, дар қалъаи мазбуте ҷо шуда буд. Мақоми додситони подшоҳӣ ба манзилати ҳамон қалъа буд, ки аз афзалиятҳояш хеле хуб истифода мебурду фақат ба хотири курсии вакил аз он дил меканд ва мақоми вакилӣ ба вай имкон медод, ки бетарафиро ба мухолифат бадал кунад.

Одатан Вилфор ба боздиди кам касон мерафт. Инро ба ҷои вай занаш ба ҷо меовард; дар ҷомиаи аъён ба ин одат карда буданд ва он чиро ба корҳои зиёду муҳимми ходими маҳкама ҳамл мекарданд, ки дар воқеият аз ҳавобаландии дурандешона, аз ашрофияти таъкидкорона пеш гирифта мешуд, ки аз чунин бадеҳиёт бармеомад: «Бинмой, ки ба худ эҳтиром дорӣ, – дигарон туро эҳтиром хоҳанд кард»; ин бадеҳа дар ҷаҳони мо нисбат ба «Худро дарёб» гуфтани юнониён манфиатбахш аст, ин дам бо ҳунари хеле камзаҳматтару бештар манфиатбахштари дарёфтани дигарон бадал карда шудааст. Вилфор барои дӯстони худаш пушту паноҳи муқтадире буд; барои бадхоҳонаш душмани ниҳонӣ, вале оштинопазире; барои бепарвоён – ғолибан пайкаре, ки қонунро таҷассум медод, на ин ки одами зиндаро; башараи ҳавобаландона, чеҳраи беҳис, нигоҳи хираи беранг ё тези густохвору озмоишгар – чунин буд ин шахс, ки пояи ҳайкалашро аввал барпо карда буданду баъд чор инқилоби бомуваффақият рӯи ҳам чида шуда мустаҳкамаш гардонда буд.

Вилфор ба сифати каси аз ҳама камтар кунҷкову аз ҳама камтар забонзадшудае дар Фаронса ном бароварда буд; ӯ ҳар сол базм барпо мекард, ки худаш дар он фақат як рубъи соат пайдо мешуд, яъне чил дақиқа камтар аз он ки, шоҳ дар базмҳои дарбор иштирок мекард; ӯро ҳаргиз на дар тамошои театре дидаанду на дар консерте – хуллас ки дар ягон ҷои ҷамъиятие пайдо нашудааст; аҳёнан ягон навбат чоркаса қартабозӣ мекард ва дар ин сурат кӯшиш мекарданд ба вай ҳарифони арзандае пайдо кунанд: кадом–як президенте ё ҳеҷ набошад ягон герсогинаи беваеро.

Ана чӣ касе буд оне, ки каретааш дами дари граф Монте_Кристо бозистод.

Маҳрам расидани ҷаноби Вилфорро дар лаҳзае ба арз расонд, ки граф болои мизи калоне сархам аз харита роҳи аз Санкт–Петербург ба Хитойро меомӯхт.

Додситони подшоҳӣ бо ҳамон қадамҳои бовиқору муназзам ба хона даромад, ки вориди толори маҳкама мегардид; ин ҳамон шахсе буд, ки мо як замоне дар Марсел ба сифати ёвари додситон мешинохтемаш. Табиат, ки ҳамеша якзайл аст, дар мурури худ барои ӯ ҳам ҳеҷ чизро тағйир надодааст. Аз борикандом ба лоғару аз қутканда ба зардобранг бадал шудааст; чашмони чуқураш ба дараҷае чукида буданд, ки айнаки тиллочанбараш бо косаи чашмонаш даромехта, як ҷузъи чеҳрааш метофт; ба истиснои галстуки сафед пушокаш саросар сиёҳ буд ва ин ранги мотамиро тасмачаи сурхи хаёле пайхасшавандаи сӯрохи тукмаи сари гиребонаш халалдор мекард, ки як бор бо мӯқалам молида шудани хунро ёдрас мекард.

Монте-Кристо ҳар қадар худашро ба даст гирифта бошад ҳам, бо вуҷуди он, ба таъзимаш ҷавоб гардонда, бо кунҷковии ошкорое ба додситон назар кард. Аз дигар ҷониб Вилфор, ки аз рӯи одаташ бадгумон буду хислати ба ӯъҷубаҳои рӯзгори ашрофу аъён кур–кӯрона волаву шайдо шудан надошт, ғолибан мутамоил буд ба аҷнабии олитабор – чунин лақаб дода буданд ба Монте-Кристо алакай, – чун ҷинояткори фирорие, ки на ин ки ба шоҳзодаи маснади папа ё султоне аз «Ҳазору як шаб».

– Ҷаноби бокарам, – гуфт Вилфор бо ҳамон овози вингосиаш, ки додситонҳо дар муқаддимоти гуфтори нотиқонаашон пеш мегиранд ва аз ин тарзи гуфтор дар суханронии муқаррарӣ низ даст кашида наметавонанд, – ҷаноби бокарам, ёрмандии фавқулъодае, ки дирӯз шумо ба зану писари ман кардаед, дар гардани ман вазифае мегузорад, ки ба ифояш ҳозир шудаам. Иҷозат фармоед ба шумо сипосгузорӣ кунам.

Ва ҳини ба забон овардани ин суханон аз нигоҳи бемеҳри Вилфор ҳавобаландии ҳамешагиаш басароҳат зоҳир шуда меистод. Ӯ ин гуфторро ба лаҳни одатии додситони кул адо кард, бо ҳамон гардану китфони шах шуда мондааш, ки хушоматгӯёнашро водор мекард таъкид бикунанд, ки вай ҳайкали зиндаи қонун аст.

– Ҷаноби бокарам, – ҷавоб гардон бо айни ҳамон лаҳни сард дар гуфтор граф, – ман хушбахтам, ки ба маҳфуз доштани кӯдак ба модараш муваффақ шудам, зеро меҳри модар, чунон ки мегӯянд, муқаддастарин эҳсос аст; ва ин хушбахтӣ, ки ба ман насиб гардид, шуморо аз зарурати ба ҷо овардани он чизе озод карда, ки вазифааш меномед ва сарфи назар аз ин иқдоми шумо барои ман мояи шараф аст ва ман, бадеҳист, хеле гаронқадр медонам онро, зеро медонам, ки ҷаноби де Вилфор банудрат касеро бо он сарфароз мекунад, аммо ҳар қадар ман арҷашро боло бурда бошам ҳам, қадраш дар назарам аз ризои қалб камтар арзиш дорад.

Вилфор, аз ин ҳамлаи барояш ғайри чашмдошт, як қад парид, чун размие, ки зарбаи аз ҷавшан узаштаро эҳсос мекунад ва дар канори лабонаш чини нафрат пайдо шуд, ҳовӣ бар он, ки ҳаргиз граф МонтеКристоро ба қатори мардуми хушадаб дохил ҳам накарда буд. Ӯ мавзӯи дигаре пайдо карданӣ шуда ба хона чашм давонд, то риштаи гусастаи сӯҳбатеро, ки ба назараш абадан дарканда буд, пайванд бикунад. Чашмаш ба харитае афтод, ки ҳини ба хона ворид шуданаш Монте-Кристо онро омӯхтан дошт.

– Шумо ба ҷуғрофиё ҳавас доред? Ин як соҳаи доманадорест, хусусан барои шумо, ки ба исрор талқин мекунанд, ин қадар кишварҳоеро наваштаед, ки дар ин харита нақш ёфтаанд.

– Оре, – ҷавоб гардонд граф, – ман дар пеши худ мақсад гузоштаам дар боби инсоният ба таври умда он чиро ба ҷо оварам, ки шумо ҳамарӯза дар боби шахсони ҷудогона иҷро мекунед, – яъне ки тадқиқоти психологӣ мегузаронам. Ман ҳисоб кардам, ки минбаъд барои ман аз кул ба ҷузъ расидан осон мешавад, нисбат ба он ки аз ҷузъ ба кул бирасам. Бадеҳиёти алҷабрӣ талаб мекунад, ки аз маъруф маҷҳул бароварда шавад, на ин ки аз маҷҳул маъруф...Хӯш биёед шинед, хоҳиш мекунам.

Ва Монте-Кристо бо имо курсии нармро нишон дод ба додситони подшоҳӣ, ки ӯ маҷбур буд онро ба дасти худаш ба миз наздик кашад, худи граф бошад, ба ҳамон курсие фурӯ нишаст, ки ҳангоми ба хона даромадани Вилфор зонуяшро ба он такя дода меистод; ба ҳамин тариқ, граф акнун ҷониби меҳмон якпаҳлу менишаст, пушташ тарафи тирезаю оринҷаш дар рӯи харитаи ҷуғрофие, ки аз хусусаш сухан мерафт, такя мондагӣ. Гуфтугӯ айнан мисли он сӯҳбате сурат гирифт, ки дар хонаи Морсеру Данглар ҷараён дошт; фарқ танҳо дар муҳити он буд.

– Э шумо фалсафа бофтан доред–ку, – ба гап сар кард Вилфор баъди таваққуфе, ки дар ин миён вай қувват меандӯхт, ба мисоли варзишгаре, ки ба ҳарифи хатарноке дучор омадааст. – Ба виҷдонам, агар ман мисли шумо кори ба ҷо меовардагӣ намедоштам, шуғле пеш мегирифтам, ки он қадар дилгиркунанда набошад.

– Гапатон ҳақ, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – агар кас табиати инсонро дар равшании офтоб тадқиқ бикунад, хеле манфур метобад он. Лекин шумо, ба хаёлам, марҳамат карда гуфтед, ки ман кори ба ҷо меовардагӣ надорам? Лекин бигӯед, воқиан, худи шумо, ба гумонатон, кореро ба ҷо меоваред? Содатар карда гӯем, оё худатон чунин ҳисоб мекунед, ки он чӣ шумо ба ҷо меоваред, кирои он дорад, ки кор биномемаш?

Ҳайрати Вилфор аз ин ҳамлаи беамони ҳарифи ғалатӣ ду боло шуд; кайҳо боз додситон чунин суханони аз ақл берунро нашунида буд, – аниқтараш бори аввал мешунид онро.

Додситони подшоҳӣ тасмим бигирифт ҷавоб гардонад.

– Шумо марди хориҷиед, – гуфт ӯ, – ва шумо, ба хаёлам, худатон гуфта будед, ки як қисми зиндагиатон дар шарқ ҷараён гирифтааст; пас, шумо донистан наметавонед, ки адлияи одамии дар кишварҳои барбарӣ ин қадар басуръат ҷараёнкунанда дар мо ботаанниву муназзам амал мекунад.

– Ҳа, набошад чӣ: ин pede claudo –и қадимиён. Ман ҳамаи инро медонам, чунки дар ҳар кишваре ман беш аз ҳама ба адлия таваҷҷӯҳ мекардам ва фаъолияти маҳкамаи ҷиноятии ҳар миллатро бо адлияи табиӣ қиёс мегирифтам; ва ман бояд бигӯям, ки қонуни халқҳои ибтидоӣ, қонуни муҷозот, ба пиндошти ман, аз ҳама ба худо мақбултар аст.

– Агар ин қонун дар амал ҷорӣ карда мешуд, – гуфт додситони подшоҳӣ, – худованд маҷӯи қонунҳои роҷеъ ба ҷазои моро хеле сода мегардонд ва дар ин сурат ба ходимони маҳкамаи мо, чунон ки шумо гуфтед, воқиан ҳам коре боқӣ намемонд.

– Ба ин, шояд рӯзе бирасем мо, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо. – Шумо охир медонед, ки ихтирооти одамӣ аз мураккаб ба сода мерасад; сода бошад, ҳамеша мукаммал аст.

– Лекин ҳолӣ ҳозир, – гуфт додситон, – қонунҳои мо бо моддаҳои пурихтилофашон мавҷуданд, ки аз таомулоти галлӣ, аз ҳуқуқи римӣ, аз суннатҳои франкӣ ахз шудаанд; ва шумо бояд розӣ бишавед, ки донистани ҳамаи ин қонунҳо чандон осон нест ва заҳмати тӯлоние зарур аст, то кас ин донишро ҳосил кунад ва қобилияти ақлии зиёде мебояд, то кас ин илмро омӯхта, аз ёд набарорад онро.

– Ман низ дар ҳамин ақидаам, вале ҳар он чӣ ки аз боби қонунҳои фаронсавиён шумо медонед, ман аз боби ҷамеи милал медонам: қонуни ингилисҳо, туркон, ҷопонҳо, ҳиндувон ба ман маълуманд, чунон ки қонунҳои фаронсавиён; бинобар ин ман ҳақ астам, вақте мегӯям, ки дар қиёси он чи ман ба ҷо овардаам, шумо кам кореро ба субут мерасонед ва дар қиёси он чи ман омӯхтаам, шумо кам чиз медонед, ҳоло бисёр чизҳоро омӯхтан мебояд шуморо.

– Аммо барои чӣ омӯхтаед шумо ин ҳамаро? – пурсид Вилфори ҳайратзада.

Монте-Кристо табассум кард.

– Медонед, – гуфт ӯ, – ман мебинам, ки қатъи назар аз чун одами ғайри одӣ ном бароварданатон, шумо ба ашё аз назари ҷамъиятӣ, моддӣ ва рӯзмарра будани он менигаристаед, ки бо инсон сар мешаваду бо инсон ба поён мерасад, яъне бо маҳдудтарину тангтарин назаре, ки барои идроки одам имконпазир аст.

– Шумо бо ин чӣ гуфтаниед? –гашта пурсид, торафт ба ҳайрат афтода Вилфор. – Ман шуморо... он қадар нафаҳмида истодаам.

– Ман гуфтаниям, ки бо назари мутаваҷҷеҳ ба сохти иҷтимоии халқҳо шумо фақат аҷзои дастгоҳро мебинед, на он корфармои мукаммалеро, ки ин дастгоҳро ба ҳаракат меоварад; шумо дар атрофи худатон фақат амалдоронеро пайхас мекунед, ки аз тарафи вазирон ё шоҳ ба мансабашон таъйин гардидаанд, вале мардуме, ки худованд аз амалдорон, вазирону шоҳон боло гузоштасташону иҷрои супоришеро ба онҳо вогузоштааст, на ин ки ба ҷо овардани мансабро, – ин мардум аз назари кӯтоҳбини шумо барканор мемонад. Ин хосияти оҷизию ҳақирии инсон аст бо аъзои номукаммалу заифаш. Товия малакро, ки расида буд, басораташро барқарор кунад, ҷавони муқаррарие пин дошта буд. Халоиқ Аттиларо, ки расида буд онҳоро несту нобуд кунад, ҷаҳонгире пин дошта буданд, чун ҷаҳонгирони дигар. Ба ҳар дуи инҳо лозим омада буд, маъмурияти малакутиашонро ошкор бикунанд, то бишносонандашон, ба якеш лозим омад бигӯяд; «Ман малаки худовандам, вале ба дигараш: «Ман путки худовандам», то моҳияти малакутиашон ошкор бишавад.

– Ва шумо, – гуфт Вилфор, ҳайратзада, ба гумони ин, ки вай ба мутаассибе ё ақлбохтае сӯҳбат дорад, – магар шумо худатонро яке аз ин мавҷудоти фавқулъодае меҳисобед, ки ҳамин ҳоло аз хусусашон сухан рондед?

– Чаро не бошад? – бо дили сард бипурсид Монте-Кристо.

– Маъзарат мехоҳам, – гашта гуфт Вилфори сари калобаашро гумкарда, – лекин ба назди шумо омада истода, ман намедонистам, ки бо шахсе шинос мешавам, ки ақлу донишаш аз ақлу дониши марди одӣ ба маротиб баланд аст. Дар мо, мардуми сарсахти тамаддун аз роҳ бурда, расм нашудааст, ки шумо барин касони обрӯманди молик ба сарвати ҳангуфт – ба ҳар ҳол чунин мегӯянд: дида истодаед, ки ман аз ин хусус чизе намепурсам, фақат аз рӯи овоза мегӯям, – хӯш ки бошад, дар мо расм нашудааст, ки ин мардуми хуштолеъ фурсатро сарфи масоили иҷтимоӣ, хаёлоти фалсафӣ бикунанд, ки ин чизҳо, магар барои он тоифа касонест, ки сарнавишт аз неъматҳои дунявӣ бенасибашон гардондааст.

– Бигӯед, – ҷавоб гардонд граф, – наход ки шумо ба мартабаи кунуниатон расидаву боре ба андеша нарафта ва надида бошед, ки истисное ҳам имкон дорад; ва наход бо нигоҳи худатон, ки боист ин қадар сареҳу дақиқбин бошад, ҳаргиз саъй накардаед ба ниҳонхонаи дили инсон бингаред, ниҳонхонае, ки нигоҳатон ба он роҳ ёфтааст? Магар ходими маҳкама, довар на ин ки фақат беҳтарин корбасткунандаи қонун, маккортарин муфассири моддаҳои сарбастаи он, балки мисмору пармае баҳри ковиши қалби одамон, санги маҳак барои он заре нест, ки ҳар гуна рӯҳе бо кам ё беш омехтаи филизот таркиб ёфтааст?

– Шумо, рости гап,ба кӯчаи сарбастае андохта истодаед маро, – гуфт Вилфор, – ман ҳаргиз нашунидаам, ки касе мисли шумо суханронӣ карда бошад.

– Ин барои он, ки шумо ҳеҷ гоҳ аз доираи шароити зиндагии муқаррарӣ берун набаромадаед ва ҳаргиз ҷуръат намекардед ба табақоти олие бар шавед, ки худованд офаридаҳои аз назар ниҳону фавқулъодаеро маскун гардондааст.

– Ва шумо гумон мекунед, чунин табақоте вуҷуд доранд, мавҷудоти фавқулъодаву аз назар ниҳоне фаро гирифтаанд моро?

– Хӯш чаро не бошад? Магар шумо ҳавоеро, ки нафас мекашеду бе он вуҷуд дошта наметавонед, мебинед?

– Лекин дар он сурат мо онҳоеро, ки шумо аз хусусашон сухан меронед, намебинем.

– Не, шумо онҳоро мебинед, ҳар гоҳ худо хоҳад, ки онҳо таҷассум биёбанд; шумо бо онҳо тамос мегиред, рӯбарӯ мезанед, ҳамроҳашон сӯҳбат мекунед ва онҳо ба гапатон ҷавоб мегардонанд.

– Рости гап, – гуфт, табассумкунон, Вилфор, – бисёр мехостам, ки маро огоҳ бикунанд, даме ки яке аз чунин офаридаҳо ба ман рӯбарӯ мезанад.

– Орзуи шумо амалӣ гардид: шуморо алакай огоҳ карданд ва ман бори дигар огоҳ мекунам шуморо.

– Яъне ки худи шумо...

– Оре, ман яке аз он офаридаҳои фавқулъодаам, ки то ба ҳол касе дар олам дар чунин вазъияте набудааст, ки ман ҳастам. Қаламрави шоҳон маҳдуд аст – ё бо кӯҳҳо, ё бо рӯдҳо, ё бо урфу одати бегонаашон, ё бо забони ғайрашон. Вале кишвари ман чун ҷаҳон бекарон аст, зеро ман на итолиёвиям, на фаронсавӣ, на ҳиндуям, на амрикоӣ, на испонӣ – ломаконам ман. Ҳеҷ як кишвар худро ватани ман ҳисобида наметавонад ва танҳо худованд медонад, ки дар кадом мамлакате мемирам ман. Ман ҳама таомулро қабул дорам, ба ҳама забонҳо ҳарф мезанам. Ба гумони шумо, ки ман фаронсавиям, ҳамин тавр нест, зеро ман ба фаронсавӣ ҳамчунин озоду ҳамчунин тоза сухан меронам, ки шумо ҳарф мезанед? Лекин Алии ғуломи нубии ман маро араб гумон мебарад; Бертуччо, мубошири ман – сокини Рим меҳисобад; Гайда, чӯрии ман, хаёл мекунад, ки юнониям. Ман ба ягон кишваре мансуб нестам, аз ягон ҳукмфармое ҳимоят намеҷӯям, ягон шахсеро бародари худам намеҳисобам, – бинобар ҳамин ҳам ягонтои он шубаҳоте, ки муқтадирҳоро побанд мекунад ва ягонтои он монеоте, ки заифонро бозмедорад, маро побанд намекунад ва бознамедорад. Маро танҳо ду душман аст, ман намегӯям фотеҳ, чун ки бо матонати худ ман бар онҳо пирӯз мешавам, – инҳо фурсат ва масофат. Сеюм ва аз ҳама хатарнокаш, – ин миранда будани ман аст. Фақат марг аз роҳам боздошта метавонад маро, пеш аз он ки ман ба мақсади худ ноил бишавам; дигар ҳамаашро ба ҳисоб гирифтаам. Он чиро, ки мардум гардиши фалак ё хости қисмат номидаанд, – бенаво шудан, табдили ҳол, тасодуфот, – ҳамаи инро пешбинӣ кардаам ман; баъзе аз ин ҳолатҳо рух доданаш мумкин ба ман, вале маро аз пой фиканда наметавонанд. То даме ки намирам, бар як қарор хоҳам монд, ки ин дам ҳастам; ана барои чӣ ба шумо чунин чизҳое гуфта истодаам ман, ки шумо ҳаргиз нашунидаед, ҳатто аз забони шоҳ, чун ки шоҳон ба шумо эҳтиёҷ доранд, вале дигар касон метарсанд аз шумо. Охир дар ҷомиаи ин қадар музҳик таркиб ёфтаи мо кӣ ба худ намегӯяд, ки: «Мумкин аст ягон вақт ба ман ҳам корафтод шудан ба додситони подшоҳи рост ояд!»

– Магар ба худи шумо ин дахл надорад? Охир модом ки шумо дар Фаронса истиқомат доред, шумо, табиист, ки ба қонунҳои ин кишвар итоат мекардагистед.

– Ман инро медонам, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо. – Лекин ҳар гоҳ ман сафари ягон мамлакатеро пеш гирифтанӣ шавам, корро аз он сар мекунам, ки бо роҳҳои ба худам маълум кӯшиш ба харҷ медиҳам, ҳамаи он касонеро даромӯзам, ки аз ягон ҷиҳат ба ман муфид ё хатарнок буда метавонанд ва дар ниҳояти кор ман онҳоро ба дараҷае хуб шинохтагӣ мешавам, ё мумкин аст, ҳатто беҳтар аз он бишиносам, ки худашон худашонро мешиносанд онҳо. Ин ба он боис мегардад, ки додситони подшоҳие, ки корам ба вай афтоданаш мумкин аст, чӣ касе ки бошад, нисбат ба ман дар вазъияти душвортаре қарор мегирад.

– Шумо гуфтанӣ ҳастед, – дар ҷавоби гапи ӯ бигуфт Вилфор як дараҷа дудила шуда, – ки, азбаски табиати инсон нотавонӣ дорад, лоҷарам, ҳар гуна кас, ба ақидаи шумо, дар умраш...иштибоҳе мекунад?

– Иштибоҳ...ё ҷиноят, – бепарво ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

– Ва шумо аз ҳама касон ягона касе ҳастед, ки, ба қавли худатон, эътино ба бародарон надоред, – давом дод бо овози каме тағйирёфта Вилфор, – ягона каси комил шумоед?

– На ин ки комил, – ҷавоб гардонд граф, – балки нуфузнопазир, ҳамин вассалом. Вале ин сӯҳбатро бас мекунем, агар ба табъи шумо созгор набошад; адлияи шумо ба ман на он қадар хатар дорад, ки борикбинии ман ба шумо.

– Не, не, – бе истиҳола гуфт Вилфор, ошкоро ба таҳлука афтода, ки мабодо граф гумон накунад, ки вай аз ин мавзӯъ канораҷӯӣ карданист, – барои чӣ! Шумо бо сӯҳбати гуворою қариб ки илҳомбахшатон маро аз сатҳи муқаррарӣ боло бурдед; мо дигар сӯҳбат не, балки муҳокима дорем. Ҳол он ки фуқаро аз манобири Сорбона ё фалосифа дар мунозираҳояшон, худатон медонед, баъзан ба якдигар ҳақиқати талхро мегӯянд; гирифтем, ки мо ба фиқҳи иҷтимоӣ ё фалсафаи фиқҳ машғулем; ва ман ба шумо, ҳар чанд талх бошад ҳам, чунин ҳақиқатро мегӯям:»Додарам, кибр бар шумо муставлӣ шудааст; шуо аз дигарон баландтаред, аммо аз шумо баландтар худост».

– Аз ҳама баландтар, – ба забон овард Монте-Кристо ба ҳадде сидқӣ, ки Вилфор беихтиёр як қад парид, – ғурури ман – барои одамон, ин хабисоне, ки доимо тайёранд ба муқобили оне бархезанд, ки аз худашон болост ва оне, ки ишонро бо пояш пахш намекунад. Вале ман ғурурамро паст мекунам, дар пеши худованде, ки маро аз хориву зиллат бароварда, оне кард, ки ин дам ҳастам.

– Ин тавр бошад, граф, ман мафтуни шумо, – гуфт Вилфор, бори аввал дар тӯли ин сӯҳбати ғалатӣ мусоҳибашро ба ин рутба ном гирифта. – Оре, агар шумо воқиан соҳибқудрат бошед, агар офаридаи олиед, агар шахси муқаддас ё нуфузнопазире бошед, – ҳақ астед шумо; ин аслан қариб, ки айни як чиз аст, – дар ин сурат ғурури шумо фаҳмост: ҳокимият бар ҳамин асос меёбад. Лекин ягон чизе будагист, ки шумо дар талоши онед?

– Оре, буд.

– Вай чӣ будааст?

– Ман ҳам, чунон ки ба ҳар кас дар умраш як бор воқеъ мешавад, бо мадади иблис ба рафеътарин кӯҳи олам баромада будам, аз сари ҳамон кӯҳ вай дунёро ба ман намуд ва чунон ки як замон ба Масеҳо гуфа буд, бигуфт: «Бигӯ ба ман, эй зодаи инсон, чӣ талабе дорӣ, то ба ман саҷда бикунӣ?» Он гоҳ ман дуру дароз ба андеша рафтам, зеро муддате боз орзуе аз дилам берун намерафт. Баъд ба суолаш ҷавоб гардондам: «Гӯш кун, ман ҳамеша мешунидам, ки қазо мавҷуд аст, ҳол он ки ҳаргиз на онро дидааму на чизеро шабеҳ ба он ва дар андеша будам, ки ин қазо вуҷуд надоштагист; ман мехоҳам қазо бишавам, зеро дар ҷаҳон аз мукофоту муҷозот олитару дилпазиртар ва мукаммалтар чизеро намедонам». Аммо иблис сар хам карду оҳ кашид. «Ту иштибоҳ мекунӣ;– гуфт ӯ, – қазо мавҷуд аст, фақат ту онро намебинӣ, зеро, офаридаи парвардигор, қазо ҳам ба мисоли холиқаш аз назар ниҳон аст. Ту ягон чизи ба он шабеҳеро надидаӣ, чун ки худи қазо ҳам бо муҳаррикҳои ниҳоние ҳаракат мекунад ва бо ҷодаҳои торик роҳ мепаймояд; ҳар он чи ба муроди ту карда метавонам, – ба яке аз василаҳои қазо мубаддал кардани туст». Қарордоди мо ақд ёфт; шояд, ман ба ҷонам ҷабр карда бошам. Лекин ҳар чӣ ҳам бошад, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – агар аз нав аҳд бастан рост меомад, ман онро аз сари нав мебастам.

Вилфор моту мабҳут назар мекард ба Монте-Кристо. – Граф, – суол кард ӯ, – хешу таборе доред шумо?

– Не, дар олам якаву танҳо ман.

– Инаш боз бадтар!

– Чаро? – пурсид Монте-Кристо.

– Зеро, мумкин аст ба шумо гувоҳ гардидан ба дидани манзарае рост меомад, ки ғуруратонро бишканад. Шумо гуфтед, ки фақат марг ба даҳшат меорадатон, ҳамин тавр нест?

– Ман намегӯям, ки марг ба даҳшат меорадам; ман мегӯям, ки фақат марг монеъ мешавад ба ман.

– Пирӣ чӣ?

– Маъмурияти ман пеш аз он поён меёбад, ки пириам фаро бирасад. – Ҷунун чӣ?

– Ман алакай дар ҳадди ҷунун қарор доштам, вале шумо аз қоидае хабар доред: non bis idem1, ин қоидаи ҳуқуқи ҷиноист, пас, дар ҳудуди салоҳияти шумост.

– Даҳшатовар на фақат марг, пирӣ ё ҷунун аст, – гуфт Вилфор, – масалан, мафлуҷӣ гуфтанӣ чизе ҳаст – ин ғурриши раъд аст, аз пой мефиканад шуморо, вале нобуд намекунад, валекин, баъди ин ҳама чиз тамом. Ин ҳамоно шумоед ва дигар на шумо; шумое, ки ба мисоли Ариел, қариб ки малак будеду ба як вуҷуди беҳаракат мубаддал мешавед, ки чун Калибан, дигар қариб, ки ҷонваре ҳастед; ба забони одамӣ инро, чунон ки пеш аз ин гуфтам ба шумо, мафлуҷ мегӯянд вассалом. Хоҳиш мекунам аз шумо, ягон вақт як сари қадам ба манзили ман дароед, граф, то ин сӯҳбатро давом диҳем, агар дар замиратон рағбати мулоқот бо ҳарифе пайдо шавад, ки ба фаҳмидани шумо қодир асту ташнаи такзиб кардани шумост ва ман падари худ, ҷаноби Нуартйе де Вилфор, яке аз муҷаллотарин якобиёни аҳди инқилоби аввалро нишон медиҳам ба шумо, тавъам афтодани ҷасорати беназиру пайкари қавиро; ин мард, мисли шумо, ҷамеи кишварҳои оламро надида бошад ҳам, дар вожгун сохтани яке аз муқтадиртарин шахсиятҳо саҳм гирифтааст; ӯ ҳам, шумо барин, худро яке аз фиристодагони худованд набошад ҳам, вуҷуди олие меҳисобид, қазо набошад ҳам дасти тақдир медонист; саранҷом чӣ – кафидани ранги хунгарди даруни майна ҳамаи инро нобуд кард ва на дар як рӯз, на дар як соат, балки дар як сония. Ҳанӯз рӯзе пеш Нуартйеи якобӣ, сенатор, карбонарӣ, ки на парвои гилотина дошт, на тӯпу на ханҷар, Нуартйеи инқилоббоз, Нуартйее, ки Фаронса барояш тахтаи паҳновари шатранҷе буд, ки мебоист аз сатҳи он пиёадаҳову тураҳо, аспону шаҳбонугон якояк ғоиб шаванд, ба хотири он, ки ба шоҳ киш дода шавад, – ин Нуартйеи пурҳайбат рӯзи дигар ба «Нуартйеи бечора» табдил ёфт, ба пири ноҷунбоне, ки зери таҳаккуми заифтарин узви хонадон, набераи худаш Валентина лолу ҷасади карахте қарор ёфт, ки бе азобу шиканҷа умр ба сар мебарад, фақат ба хотири он, ки фурсат диҳад ҷисм батадриҷ то ба таназзули куллӣ бирасад.

Мутаассуф, – гуфт Монте-Кристо, – дар ин манзара на барои бинишу на барои фаҳмиши ман ягон чизи наве нахоҳад буд: ман каме пизишк ҳастам ва ман ҳам ба мисли абнои ҷинси худам чандин бор дар ҷисми зинда ҷон ҷустаам ё дар ҷисми мурда; аммо, чун қазо аз чашми ман ниҳон мондааст, агар чи қалбам онро эҳсос мекард. Садҳо қаламбадаст бар асари Суқрот, бар асари Сенека, бар асари ҳазрати Августин ё Галл дар назму наср ҳамин қиёсро овардаанд, ки шумо овардед; вале ман медонам, ки азобу кулфати падар тарзи тафаккури писарро сахт тағйир дода метавонад. Азбаски шумо маро шарафманд гардонда даъват карда истодаед, ман барои ибрат гирифтан аз он манзараи ғамангез, ки бояд хонадони шуморо ин қадар маҳзун карда бошад, ба манзилатон меоям.

– Ин, бешубҳа, ҳамин тавр ҳам мебуд, агар худованд дар ивазаш сахои бештаре ато намекард ба ман. Дар паҳлуи ин пир, ки ба тааннӣ сӯи гӯр рафтан дорад, дар сари остонаи зиндагӣ ду фарзанде қарор доранд: Валентина, духтари ман аз завҷияти аввал бо мадемуазел Рене де Сен– Меран ва Эдуард, писарам, ки шумо аз марг наҷоташ додед.

– Хӯш аз ин ато чӣ натиҷае мегиред шумо? – пурсид Монте-Кристо.

– Натиҷа ҳамин, – ҷавоб гардонд Вилфор, – ки падари ман, пойбанди шавқу рағбат гардида, ба иртикоби яке аз он ғалатҳое афтод, ки аз адлияи одами ҷон ба саломат мебарад, вале аз маҳкамаи худованд ҷои гурез надорад!.. Ва худованд, ба нияти сазо додани фақат як кас, танҳо як худи ӯро маъхуз ба ғазабаш гардонд.

Монте-Кристо, ҳамчунин табассум дар лаб, аз қаъри дилаш чунон наърае баркашид, ки агар Вилфор қудрати овози ӯро шунидан медошт, бадар мерафту ба ақибаш назар накарда метохт.

– Хуш бошед, тақсир, – давом дод суханашро додситони подшоҳӣ, ки чанд лаҳза пеш аз ин аз рӯи курсии нарм бархоста буду рост истода гап мезад, – бо қалби саршор аз эҳтиром аз манзили шумо берун меравам, эҳтироме, ки умед дорам, ба шумо хуш меомадагист, ҳар гоҳ аз наздиктар бо ман шинос бишавед, чунки ман, ба ҳар ҳол, одами дилбазан нестам. Илова бар ин шумо дар симои хонуми ден Вилфор дӯсти якумрие ба даст овардаед.

Граф таъзим намуду Вилфорро фақат то дами дари хонаи кораш гусел кард; додситони подшоҳӣ тарафи каретаашг фуромад, ки ду нафар нӯкари пеш–пешаш раванда, бо ишораташ, ба кушодани дари он шитофтанд.

Даме ки додситони подшоҳӣ аз назар ғоиб шуд, Монте-Кристо зӯр зада нафас рост карду табассум намуд.

– Не, – гуфт ӯ, – не, бас аст заҳр; инчунин, модом, ки қалби ман аз он моломол аст, подзаҳр меҷӯем.

Ӯ занги ҷарангосиро якто зад.

– Ман дар ҳузури хонум мешавам, – гуфт ӯ ба Алии вориди хона гардида, – баъд аз ним соат бигзор карета омода бошад.

пешина
аз 99
навбатӣ