Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Граф бо ваҷоҳати шахсе таъзим намуд, ки исми шахси тамоман ношиносеро ба вай ном бурдаанд.

– Ҷаноби де Вилфор то чӣ дараҷа аз шумо миннатдор хоҳад буд! –давом дод суханашро Элоиза. –Охир шумо ҷони ҳар дуи моро раҳондед; шумо ба вай зану писарашро баргардондед. Агар хидматгори диловари шумо намебуд, мо ҳар ду ҳалок шуда будем.

– Хонум, аз дил гузаронданаш даҳшатовар аст, ки чӣ хатареро аз сар гузарондед шумо.

– Аммо ман умед дорам, шумо иҷозат медодагистед ин марди ҷонфидоро ба тарзи шоиста силае бахшам?

– Не, илтимос мекунам аз шумо, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – на бо таърифу тавсиф, на бо силаву ато Алиро аз роҳ набароред; ман намехоҳам, ки хӯ гирад вай ба ин. Алӣ ғуломи ман аст, ҷони шуморо раҳонда истода, хидмати маро ба ҷо меоварад ӯ, – вале хидмат кардан ба ман – вазифаи ӯст.

– Аммо вай ҷонашро дар хатар гузошт! – гашта гуфт хонуми де Вилфор, аз лаҳни омиронаи граф маъюс гардида.

– Ин ҷонро ман ато кардаам ба вай, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – пас ҷонаш ба ман тааллуқ дорад.

Хонуми де Вилфор хомӯш монд; шояд вай аз боби он ба андеша рафта бошад, ки чаро ин мард ба як назар дар замири атрофиён ин қадар таассуроти амиқе боқӣ мегузошта бошад.

Дар ин миён граф ба кӯдак, ки модараш бӯсаборон мекардаш, синчакорона назора дошт. Вай бачаи хурдакаки наҳифҷуссаи сафедпӯсте буд, ки ин гуна ранги пӯст одатан бачаҳои сурхинамӯро хос аст, ҳол он ки вай мӯисари сиёҳи ғулие дошт, ки пешонии ҷаста баромадаашро панаҳ карда меистод; мӯисаре, ки қобили ҷингила набуду чеҳраашро ҳолавор фаро гирифта, то ба сари китфаш поён хамида буд ва чашмони шӯхашро, ки аз онҳо андаке пархошҷӯиву инҷиқӣ ҳувайдо буд, аз назарҳо пинҳон медошт; даҳони фароху лабони нафисе дошт, ки андак сурхие дамида буд ба онҳо. Ин кӯдаки ҳафт–ҳаштсоларо аз тарҳи рӯяш ақаллан дувоздаҳсола тахмин кардан мумкин буд. Баробари ба худ омадан вай бо як ҳамла аз бағали модараш ҷаста хесту тохта рафта қуттии хурдакакеро боз кард, ки граф аз он иксиро гирифта буд; баъд, бе он ки аз касе изн бипурсад, чун кӯдаки ба амали ҳавои дил хӯ гирифта, ба кушодани даҳони шишачаҳо сар кард.

– Ба ин нарас, ҷӯра, – беистиҳола бигуфт граф, – баъзеи ин моеъҳоро на ин ки ошомидан, балки ҳатто бӯидан хатаре дорад.

Ранги хонум де Вилфор парид ва дасти писарашро ақиб кашида ӯро ба худаш ҷафс кард; аммо, хотирҷамъ шуда, ӯ ба ҳар ҳол зуд ва маънидор ба қуттича нигарист, ки аз назари граф пинҳон намонд ин рафтораш.

Дар ҳамин лаҳза Алӣ ба хона даромад.

Хонуми де Вилфор навозишкорона ҷонибаш нигаристу боз сахттар кӯдакро ба худаш ҷафс кард.

– Эдуард, – гуфт ӯ, – ба ин хидматгори арзанда назар кун; ин кас бисёр шуҷоатманд будааст, ҷонашро дар хатар андохт, то аспони тавсани моро, ки анқариб буд каретаро бишкананд, боздошт. Миннатдорӣ кун ба ин кас, агар ин кас намебуд, ҳар дуи мо, эҳтимол, ин дам зинда намебудем.

Писарак лаб дӯр карду бо танаффур рӯй тофт.

– Чӣ бадафте! –гуфт ӯ.

Граф табассум кард, гӯё кӯдак тарзе рафтор карда бошад, ки вай нигаронаш буд; хонуми де Вилфор писарашро маломат кард, аммо чунон ба мулоиматӣ, ки гумон буд ба табъи Жан Жак Руссо рост меомад, агар Эдуарди хурдакак Эмил ном медошт.

– Дидӣ, – гуфт граф ба забони арабӣ Алиро, – ин хотун аз писараш хоҳиш дорад, ки ба ту миннатдорӣ баён кунад, ки ҷони ҳар дуро раҳондӣ, вале кӯдак мегӯяд, аз ҳад бадафт ҳастӣ ту.

Алӣ чеҳраи оқилонаашро баргардонду ба кӯдак нигарист, бе он ки тарҳи рӯяш тағйир ёфта бошад; аммо аз ларзиши почакҳои биниаш Монте-Кристо дарёфт, ки марди араб ба ҷон ранҷидааст.

– Граф, – гуфт хонуми де Вилфор, аз ҷой бархоставу дар тараддуди рафтан шуда, – шумо оё ҳамеша дар ҳамин хона истиқомат доред?

– Не, хонум, – ҷавоб гардонд граф, – ман гоҳ–гоҳе ба ин ҷо меоям; ман дар Заминҳои Елесей, ҳавлии рақами сездаҳ зиндагӣ мекунам. Лекин мебинам, ки шумо комилан ба худ омадаед ва дар тараддуди рафтан астед. Ман фармоиш кардам, ки худи ҳамин аспонро ба каретаи ман банданд ва Алӣ, ҳамин хидматгори бадафт, – гуфт ӯ, ҷониби писарак табассум карда, – шуморо ба хона мебарад, фойтунчии шумо бошад, ин ҷо мемонад, то ба тармими каретааш назорат кунад. Ҳамин ки буд шуд, яке аз ҷуфти аспу афзори ман рост бурда ба хонаи хонуми Данглар мерасонад.

– Лекин ман ҳаргиз ҷуръати бо ин аспон рафтан надорам, – гуфт хонуми де Вилфор.

– Шумо мебинед, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – ки дар дасти Алӣ инҳо бара барин ёвош мешаванд.

Дар ин миён Алӣ ба аспон наздик шуд, ки бо заҳмати зиёде ба по рост карда будандашон. Дар дасти ӯ исфанҷи хурдакаке буд, ба сиркои хушбӯ тар карда шуда; вай бо он почакҳои бинию чаккаҳои кафколуду арақшори аспонро пок кард, ҳар ду асп ҳамонзамонӣ баланд–баланд ба фуруқос задан даромаданд ва сонияе чанд саропояшон биларзид.

Сипас, дар пеши назари издиҳоми пеши хона ғун шуда, ки манзараи каретаи шикаставу овозаи ин воқиа ҷалб карда будашон, Алӣ фармуд аспонро ба каретаи граф қӯш кунанд, ҳар ду сарнӯхтаро ба даст гирифту дар сари кузла нишаст. Ба ҳайрати билониҳояи ҳозирон, ҳар он ки дида буд, навакак ин аспон бод гирифта меомаданд, ба вай лозим омад зӯр зада қамчинкориашон кунад, то водорад аз ҷой биҷунбанд, баъди ҳамин аз ин аспони ашҳаби таърифии тамоман карахту як ҷо шах шудаву беҳавсала кебида–кебида андаке резачорпо роҳ гаштанро ба даст овардан муяссар шуду бас; ба хонуми де Вилфор қариб ду соат лозим омад, то ба маҳалли Сент–Оноре, ки он ҷо истиқомат дошт, бирасад.

Ҳамин ки ба хона баргашту изтироби аввал дар хонадон фурӯ нишаст, ба хонуми Данглар номаи зерро бинавишт ӯ:

«Эрминаи азиз!

Ману писари маро ҳамин ҳоло ба тариқи мӯъҷизаосое аз марг ҳамон граф Монте-Кристо наҷот дод, ки ин қадар аз хусусаш дина бегоҳ сӯҳбат доштем мо ва ман ҳаргиз чашмдор набудам, ки имрӯз мебинамаш. Дирӯз шумо аз боби ӯ бо ҳавас сухан мерондеду ман бо ҳама ҳозирҷавобие, ки аз дастам меомад, ба ҳолаш механдидам, вале имрӯз дарёфтам, ки волаву шайдо гардидани шумо барои баҳо додан ба касе, ки ин қадар шавқу ҳавас талқин кардааст, ҳаргиз кифоят нест. Дар Ранелаг аспони шумо бод гирифтанд ва мо, бе шак, ба аввалин дарахт ё суфаи дар деҳа рост омада бархӯрда якмарг мешудем, агар нохост кадом–як араб, зангӣ, марди нубие–хуллас кадом–як сиёҳпӯсте, аз афташ хидматгори граф, намебуд, ки бо амри граф ҷони худашро дар хатар андохта, аспонро боздошт ва ростӣ, мӯъҷизае буд, ки худаш саломат монд. Ин дам граф даррасид, моро бардошта ба хонааш бурд ва ба Эдуарди ман ҷон ато кард. Моро дар каретаи худи граф ба хона расонданд; каретаи шуморо пагоҳ ба худатон бармегардонанд.Аспони шумо баъди ин воқиаи нохуш хеле беҳол гардиданд, мисле ки гаранг шуда бошанд; кас гумон мекунад, онҳо ҳеҷ бар худ намебахшоянд, ки якеро мондаанд, мутеъ гардондасташон. Граф ба ман супурд ба шумо расонам, ки агар аспон ду рӯзро осуда дар саисхона гузаронда, фақат ҷав хӯранд, дар он сурат боз мисли аввала шукуфон мешаванд, яъне ки дирӯза барин намуди бадвоҳима мегиранд.

То боздид! Ман барои сайру гашт ба шумо миннатдорӣ баён намекунам; лекин ба ҳар ҳол хафа шудан аз шумо барои саркашии аспонатон носипосӣ мебуд, зеро шиносоии ман бо граф Монте-Кристо ба туфайли ҳамин саркашии аспон иттифоқ афтод, вале ин аҷнабии номдор, ба назари ман, ҳатто агар кас миллионҳояшро сарфи назар кунад ҳам, ба ҳайси муаммои сарбастае боқӣ мемонад, ки ман саъй мекунам бикшоямаш, ҳатто барои ин ба ман агар бори дигар савори аспони шумо дар ҷангали Булон сайр кардан рост ояд ҳам.

Эдуард ба ин ҳодиса бо мардонагии ҳайратбахш тоб овард. Вай, рост, ки аз ҳуш рафт, вале то он лаҳза боре оҳ нагуфт, баъд ҳам ягон қатра ашк нарехт. Шумо боз ба ман мегуфтагистед, ки меҳри модарӣ пеши чашмамро мегирад, аммо дар ин тани наҳифу нозук руҳи қавие макон дорад.

Валентина ба Эжени нозанин саломи самимӣ мефиристад, вале худам бо дилу ҷон мебӯсам шуморо.

Элиоза де Вилфор.

P.S. Ба ман имконият диҳед ба ягон васила дар хонаатон бо ҳамин граф Монте-Кристо вохӯрам, ман ҳатман бори дигар ӯро дидан мехоҳам. Воқиан, маро муяссар шуд ба ҷаноби де Вилфор итминон бахшам, ки ба назди ӯ равад; ман умед дорам, ки вай ин корро ба ҷо меоварад».

Дар воқеъ рӯйдоди Отейл дар забони хосу ом буд: Албер онро ба модараш ҳикоят карда буд, Шато–Рено – дар Бошгоҳи чобуксаворон, Дебрэ–дар меҳмонхонаи вазир; ҳатто Бошан ба граф таваҷҷӯҳ зоҳир карда, дар рӯзномаи худаш дар ҳаққи ӯ дар бахши рӯйдодҳо бист сатре ба табъ расонд, ки аҷнабии наҷибро дар чашми ҷамеъи занони ашрофу аъён қаҳрамоне ҷилва дод. Бисёре аз онҳо таоруфномаашонро дар дасти хонуми де Вилфор гузоштанд, то имкон дошта бошанд, ки агар мавриде пеш ояд, такроран ба боздид раванду аз забони худи Элиоза дар бораи ин воқиаи ғайри муқаррарӣ ҳикояти саҳеҳ бишнаванд.

Вале ҷаноби де Вилфор, чунон ки Элиоза навишта буд, фраки сиёҳ пӯшида, дастпӯшакҳои сафед ба даст карда, ба нӯкаронаш беҳтарин хидматҷомаҳояшро пӯшондаву ба каретаи идонааш нишаста, худи ҳамон бегоҳ роҳи хонаи рақами 30–и воқеъ дар Заминҳои Елисейро пеш гирифт.

пешина
аз 99
навбатӣ