Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

IX. ҶУФТИ АШҲАБИ ТАНГА–ТАНГА

Барон ҳамроҳи граф қатори тӯлонии хонаҳоро, ки зебу зинати гаронбору дур аз нафосате доштанд, гузашту то ба меҳмонхонаи хосаи хонуми Данглар расид: ин як дар хонаи ҳаштгӯшае буд, деворҳояш бо атласи гулобӣ рӯкаш шудаву пардаҳояш аз ҳарири ҳиндӣ. Он ҷо курсиҳои нарми зарандуди қадимае истода буданд, ба рӯяшон зарбафти қадимае кашида; дар болои дарҳо саҳначаҳои чӯпоние ба сабки Буше тасвир ёфта буданд; ду рахти хоби назаррабое дар шакли медалон бо дигар асосияи хона мувофиқ афтодаву ба ин хонаи хурдакак, ягона ҷое дар саросари иморат, баъзе ҷиҳатҳои ба худ хос бахшида буд; ростӣ, саодатмандии ин хона дар он буд, ки аз нақшаи умумии тарҳ кардаи Данглару меъмораш, яке аз машҳуртарин шахсиятҳои Империя эмин монба буд, – ба ороиши он худи баронессаву Лусен Дебрэ камар баста буданд. Бинобар ин Данглар, шайдоии ашёи атиқа, тавре ки ин чизро дар замони Директория мефаҳмиданд, ба ин гӯшаи пур аз нозу ишва хеле беэътиноёна муносибат мекард, гӯшае, ки воқиан ӯро фақат ба он шарте мепазируфтанд, ки ӯ, ягон касеро ҳамроҳаш оварда, ҳузури худашро талофӣ мекард; тавре ки дар ҳақиқати ҳол на Данглар дигаронро муаррифӣ мекард, балки баръакс, ӯро хуб ё бад пазируфтанашон аз рӯи он буд, ки то чӣ дараҷа афту башараи меҳмон ба баронесса хуш меомад ё хуш намеомад.

Хонуми Данглар, ки ҳуснаш ҳанӯз кирои он буд, ки ба забон гирандаш, агар чи ба сию шаш даромада буд, дар сари рояли хотамкоришуда–ӯъҷубаи хурдакаки санъат–қарор дошт, вале Лусен Дебрэ дар сари мизаки корӣ нишаста буду албомеро варақ мегардонд.

Ҳанӯз пеш аз он ки граф Монте-Кристо бирасад, Лусен фурсат ёфта дар бораи ӯ ба баронесса хеле чизҳо ҳикоят карда буд. Хонандагон қаблан медонанд, ки Монте-Кристо дар сари субҳонаи Албер ба меҳмонони ӯ чӣ таассуроти амиқе бахшида буд; ва қатъи назар аз он ки Дебрэро бо ягон чизе қоил кардан душвор буд, ин таассурот аз дилаш берун намерафт ва дар иттилое, ки ба баронесса расонд, низ ҳамин таассурот инъикос ёфт. Ба ҳамин тариқ, кунҷковии хонуми Данглар, – ки ҳикоятҳои аз ин пеши Морсеру тафсилоти нави аз Лусен шунидааш ба миён оварда буданд, ба ҳадди интиҳо расид. Ҳам роял ва ҳам албом барои ниҳон доштани изтироби воқеӣ найранги ашрофонае буду бас. Дар асари ҳамаи ин баронесса Дангларро бо табассуме истиқбол кард, ки ин чиз аз рӯи одати ӯ набуд. Ба граф, дар ҷавоби таъзимаш такаллуфомез, вале дар айни замон бо таннозӣ дуруд гуфта шуд.

Лусен низ ба граф, ҳамчун касе, ки ба тозагӣ бо ӯ шинос шудааст, дуруд гуфт, ба Данглар бошад, дӯстона салом дод.

– Баронесса, – гуфт Данглар, – иҷозат фармоед граф МонтеКристоро, ки номанависони римиам баисрор ба ман тавсия мекунанд, ба шумо муаррифӣ намоям; худам шахсан фақат як чизро илова карданиям, вале ин чиз дар як он ӯро мавриди парастиши ҷамеи хотунҳои нозанини мо мегардонад: ин кас ба Париж бо нияте омадаанд, ки ин ҷо як сол бимонанд ва дар ин муддат шаш миллионро харҷ бикунанд; ин ба як силсила базму зиёфатҳо умед мебахшад; дар ин маврид умед ҳаст, ки граф моро ҳам фаромӯш намекардагистанд, ҳамчунин мо низ ҳангоми ягон андак ҷашну шукӯҳе дар хонадонамон ин касро аз ёд намебароварем.

Агар чи ин тарзи муаррифӣ кардан аз тамаллуқкории ночаспон холӣ набуд, лекин дидани шахсе хеле ба нудрат иттифоқ меафтод, ки бо нияти дар зарфи як сол дороии шоҳзодавореро харҷ кардан ба Париж меомада бошад; ин чиз боис шуд, хонуми Данглан бо нигоҳе саропои графро аз назар гузаронад, ки як дараҷа аз таваҷҷӯҳ гуморидани ӯ дарак медод.

– Ва шумо, граф, кай боз... – пурсид ӯ. – Дина пагоҳӣ омадам, баронесса.

– Ва, бино бар одататон, ки ман алакай шунидам, аз он сари дунё омадед?

– Ин дафъа буду шуд аз Кадикс.

– Лекин шумо дар номусоидтарин фасли сол омадед. Тобистон Париж дилбазан аст: на базм дорад, на ҷашну зиёфат. Операи итолиёвӣ ба лондон рафт, операи фаронсавӣ худо медонад дар куҷоҳое гаштааст; вале театри фаронсавӣ, чунон ки ба шумо маълум аст, дигар вуҷуд надорад. Мояи дилхушӣ дар диёри мо фақат пойгаҳҳои одмиёнае дар Дашти Марсу дар Сатори мондаанд. Оё аспони шумо, граф, дар ин пойгаҳҳо иштирок мекунанд?

– Ман ба ҳар коре, ки дар Париж расм бошад, шуғл меварзам, – гуфт Монте-Кристо, – агар бахтам тобаду ба касе вохӯрам, ки аз расму одати фаронсавиён таълими лозим бидиҳад ба ман.

– Шумо ба аспон дилбастагие доред?

– Ман як қисми умрамро дар Шарқ ба сар бурдаам, баронесса, мардуми Шарқ дар олам ба қадри фақат ду чиз мерасанд: асолати аспу ҳусни зан.

– Шумо мебоист, барои илтифот, нахуст занро ба забон мегирифтед.

– Ана дидед, баронесса, чӣ ҳақ будаам ман, даме ибрози хоҳиш кардам, ки мураббие дошта бошам, то маро урфу одати фаронсавиён даромӯзад.

Дар ҳамин ҳин чӯрии баронесса вориди хона гардиду назди хонумаш омад, зери лаб сухане чанд ба гӯши ӯ гуфт.

Ранг аз рӯи хонуми Данглар парид.

– Имкон надорад! – гуфт ӯ.

– Ин ҳақиқати воқеист, хонуми арҷманд, – гашта гуфт чӯрӣ.

Хонуми Данглар ҷониби шавҳараш баргашт.

– Наход ин рост бошад?

– Чиро дар назар доред? – пурсид Данглари аломати изтироб дар чеҳрааш пайдошуда.

– Он чӣ ба ман гуфт чӯрӣ...

– Хӯш чӣ гуфт вай ба шумо?

– Мегӯяд, ки фойтунчӣ рафтааст абзол бар аспони ман ниҳад, онҳоро дар саисхона пайдо накардааст; ин чӣ маъно дорад, иҷозат фармоед бипурсам аз шумо?

– Хонуми арҷманд, – гуфт Данглар, – ба гапам гӯш диҳед.

– Оре, гӯшам ба шумост, тақсир, зеро дар иштиёқи онам, ки чӣ мегуфта бошед шумо ба ман; бигузор ин ҷанобон моро довар бишаванд, ман бошам, гапро аз он сар мекунам, ки тафсилоти воқиаро аз як лаб ҳикоят кунам ба инҳо. Ҷанобон, – давом дод суханашро баронесса, – барон Дангларро дар саисхона даҳ сар асп ҳаст; аз ин даҳ сар дутоаш ба ман тааллуқ дорад, аспоне, ки ҳаваси кас меояд, беҳтарин ҷуфте дар Париж; э шумо онҳоро медонед, Дебрэ, аспони ашҳаби танга–тангаи ман. Инак дар айни рӯзе, ки хонуми де Вилфор хоҳиш кардааст ман каретаамро ба ӯ вогузорам, даме ки ман барои бо ин карета фардо дар ҷангали Булан сайру гашт кардани ба ӯ ваъда додаам, ҳамин ҷуфти асп ғоиб мегардад! Ба ҷаноби Данглар аз афташ, мавриди аз савдои инҳо чанд ҳазор франке фоида кардан пеш омадаасту ӯ аспонро фурӯхтааст. Э худо, чӣ мардуми манфуранд ин ҷаллобон!

– Хонуми арҷманд, – ҷавоб гардонд Данглар, – аспон бисёр тавсани тез буданд, охир чорсоланд онҳо ва ман аз ваҷҳи шумо доим дар ҳарос будам.

– Шумо нағз медонед, – гуфт баронесса, – ки як моҳ боз беҳтарин фойтунчии Париж дар хидмати ман аст, агар ӯро ҳам якҷоя бо аспон нафурӯхта бошед.

– Азизам, ман ҳамин гуна ҷуфте пайдо мекунам, аз ин беҳтар, агар имкон дошта бошад ин кор; вале аспони явошу ороме, ки аз ваҷҳашон, чун ин ҷуфт, дар таҳлука набошам.

Баронесса бо нафрати саршоре китф дар ҳам кашид.

Данглар ин ҳаракати ба шаъни шавҳар зиллатоварро нодида гирифту ба Монте-Кристо рӯ овард.

– Ростӣ, граф, ман афсӯс мехӯрам, ки пештар шинос нашудаам бо шумо, – гуфт ӯ, – охир шумо ҳозир дар тараддуди ба сомон овардани корҳоятон будагистед?

– Албатта, – гуфт граф.

– Ман ин аспонро ба ихтиёри шумо мегузоштам. Тасаввур би кунед ки ман онҳоро ба ройгон додам; вале, чунон ки пеш аз ин гуфтам, ман аз халос шудани аз онҳо хурсанд будам; ин гуна аспон фақат ба марди ҷавон ба кор меоянд.

– Ман аз шумо беҳад миннатдорам, – гашта гуфт граф, – ман имрӯз як ҷуфт аспи кироӣ харидам ва чандон қимат не. Ана, нигоҳ кунед, ҷаноби Дебрэ, шумо, ба хаёлам, шайдоии асп?

Ҳине ки Дебрэ ҷониби тиреза мерафт, Данглар ба занаш наздик шуд.

– Медонед, гуфт ӯ ба вай зери лаб, – барои ин аспон баҳои аз ақл беруне пешниҳод карданд ба ман. Намедонам, ин беақли ба муфлис шудан тан дардода кӣ бошад, ки назди ман имрӯз мубошири худашро фиристод, вале ман аз ин савдо шонздаҳ ҳазор франк ба даст овардам; хафа нашавед, ман чор ҳазорашро ба шумо медиҳаму ду ҳазорашро ба Эжени.

Хонуми Данглар нигоҳи саршор аз таҳқире андохт ба шавҳараш.

– Э худоҷон! –нидо зад Дебрэ.

– Чӣ гап? –пурсид баронесса.

– Не, ман иштибоҳ накардаам, ҳар ду аспи шумо, аспони шумо ба каретаи граф баста шудаанд.

– Ҷуфти ашҳаби танга–тангаи ман! – нидо зад хонуми Данглар.

Ва ӯ ҷониби тиреза тохт.

– Дар воқеъ ин ҳамон аспон, – гуфт ӯ.

Данглар дар ҳайрат монд.

– Наход! – худро ҳайратзада вонамуд карда гуфт Монте-Кристо.

– Аз ақл берун! –ғурунгос зад бонкдор.

Баронесса ба гӯши Дебрэ ду калима гап зад ва ӯ назди Монте-Кристо рафт.

– Баронесса аз шумо хоҳиш дорад бигӯед, ки шавҳараш барои аспони ӯ чанд пул гирифтааст аз шумо?

– Ростӣ, намедонам, – гуфт граф, – ин ҳадяи мубошири ман аст ба ман...ва... ҳадя, ба хаёлам, ки ягон сӣ ҳазор франк афтод ба ман. Дебрэ рафт, ки ин ҷавобро ба баронесса расонад.

Данглар чунон рангпаридаву табъаш хира буд, вале граф тарзе вонамуд кард, ки ба ҳоли ӯ раҳмаш омадааст.

– Ана дидед, – гуфт ӯ ба вай, – чӣ қадар носипосанд занон: илтифоткории шумо заррае таъсир накард ба баронесса; носипосанд гуфтан кам аст, бешууранд – мебоист гуфт.Лекин чӣ метавон кард! Ҳар чизи хатарнок–дилпазир аст; бовар бикунед, барони меҳрубон, аз ҳама осонаш– монед, ки ҳар он чи мехоҳанд, бикунанд; агар балое ба сарашон биёваранд, фақат аз худ гиламанд шуда метавонанду бас.

Данглар ҷавобе нагардонд; вай пешакӣ ҳис мекард, ки дар ояндаи наздик манзараи мудҳише нигарон аст ӯро: миёни абрувони баронесса чин афтод ва ба мисоли ҷабини Юпитери Барқандоз дарак аз тундар медод. Дебрэ ҳис кард, ки чӣ балое расиданист, кору борашро баҳона карду бирафт. Монте-Кристо, ба умеди халалдор накардани мавқее, ки ишғол карданӣ буд, тасмим гирифт дигар даранг накунад, таъзими хонуми Дангларро ба ҷо оварду аз дар баромад ва баронро ба ҳукми ғазаби занаш вогузошт.

«Бисёр нағз! – ба дил гуфт, рафта истода, Монте-Кристо. –Маҳз он чи ба вуқӯъ омад, ки мехостам, акнун барқарор кардани осоиши хонадон дар ҳукми ман аст ва ба як бор ҳам дили шӯро ба даст меовараму ҳам дили занро. Чӣ омади кор! Аммо, – барафзуд дар дил, – ман ба мадемуазел Эжени Данглар муаррифӣ нашудам, ки дар иштиёқи шинос шудани бо вай будам. Боке нест, – давом дод ӯ андешаашро бо табассуми одатии худ, – мо дар Париж астем, фурсат кофист... Вай аз дасти мо халосӣ надорад!..»

Бо ҳамин андешаҳо граф ба каретааш нишасту ба хона расид.

Пас аз ду соат хонуми Данглар аз номи граф Монте-Кристо номаи диловезе гирифт; ӯ навишта буд: ба умеди он, ки иқомати парижиаш бо малоли хотири зани зебое сар нашавад, зорӣ мекунад, баронесса аспонашро аз ӯ гашта гирад.

Аспон дар ҳамон созу афзоре буданд, ки баронесса рӯзона онҳоро дида буд, фақат дар ҳар кадоме аз тавқи гӯши аспон граф яктоӣ алмос овехта буд.

Данглар низ нома гирифт. Граф аз ӯ хоҳиш карда буд баронессаро рухсат диҳад ин ҳавои дили марди миллионерро ба ҷо оварад ва ин одати шарқиро, ки ба тақозояш аспонро баргардондааст, бар вай бахшояд.

Шомгоҳ Монте-Кристо бо ҳамроҳии Алӣ ба Отейл рафт.

Фардои он рӯз, қарибиҳои соати сеи рӯз, садои зангро шунида Алӣ ба хонаи кори граф даромад.

– Алӣ, – гуфт граф, – ту ҳар гоҳ ба ман мегуфтӣ, ки дар камандандозӣ маҳорат дорӣ.

Алӣ калла заду бо ғурур қомат афрохт.

– Бисёр хуб!..Ба ҳадде, ки ба ёрии каманд гови нарро боздошта метавонӣ?

Алӣ боз калла зад.

– Бабрро чӣ?

Алӣ калла зад.

– Шерро ҳам?

Алӣ ҳаракати марди каманд андохта истодаеро нишон доду хафа– хафа наъра кашиданро вонамуд кард.

– Оре, фаҳмидам, – гуфт Монте-Кристо, – ту шер сайр кардаӣ.

Алӣ бо ғурур калла зад.

– Ин тавр бошад, гӯш кун, – гуфт Монте-Кристо, – анқариб аз пеши хонаи мо каретаи ду аспи тавсан ба он баста шудае пуршаст дархоҳад гузашт, аспони ашҳаби танга– танга, ҳамон ду аспе, ки дирӯз дар ихтиёри ман буданд. Бигзор туро маҷақ кунанд, вале ту бояд каретаро дами дарвозаи ман боздорӣ.

Алӣ ба кӯча баромаду пеши дарвоза роҳро миёнбур хате кашид, сипас ба хона гашта даромаду хатро ба граф, ки чашм аз ӯ барнамедошт, нишон дод.

Граф секин тап–тап ба китфи ӯ зад; бо ҳамин вай ҳар гоҳ миннатдориашро ба Алӣ ифода мекард. Баъд аз ҳамин марди нубӣ боз аз хона бадар рафт, дар як гӯша рӯи пояе нишасту чубуқ гиронда кашид, дар ин миён Монте-Кристо хотирҷамъ шуда, ба манзили худаш рафт.

Аммо қариби соатҳои панҷ, даме ки граф каретаро нигарон буд, дар рафтори ӯ андак нишонаҳои бесабрӣ пайдо шуд; ӯ рӯ–рӯи хона пасу пеш мерафт, хонае, ки тирезааш аз тарафи кӯча буд, ҳар замон гӯш фаро доштаву ба тиреза наздик мешуд; вай аз тиреза Алиро медид, ки муназзам дуд сар медод; ин нишонаи он буд, ки марди нубӣ яксара ба ин шуғли муҳим дода шудааст.

Нохост аз дур тақ–тақи чарх ба гӯш расид, ки барқвор пеш меомад; сипас каретае намоён шуд, ки фойтунчиаш баръабас аспони таги обу арақро, ки ба ҳукм чорхез гирифта меомаданд, боздоштанӣ мешуд.

Дар фойтун ҷавонзаневу кӯдаки ягон ҳафтсолае нишаста буданд; онҳо ба якдигар ҷафс шудаву аз даҳшати беандоза ҳатто қобилияти дод заданро аз даст дода буданд; карета шиқир–шиқир дошт; чархи он агар ба санге мерасид ё ба дарахте бармехӯрд, он бе шак, майда–майда мешуд. Карета дар миёнҷои роҳ паррон пеш метохт ва аз ҳар тараф садоҳои муҳиб ба гӯш мерасиданд.

Ин дам Алӣ чубуқашро як сӯ мегузораду камандеро аз киса берун меоварад, ҳаво медиҳад ва ҳалқаи сеқабатаи он ба ҳар ду дасти аспи тарафи чап банд меафтад; асп боз чанд қадаме ӯро аз паси худ кашола карда мебарад, баъд, ба каманд дарпечида, фурӯ меафтад, шоту мешиканаду ба пеш рафтани он аспе, ки ба пой истода буд, монеъ мешавад. Фойтунчӣ аз ин таваққуф истифода бурду аз кузла фурӯ ҷаст; аммо Алӣ фурсатро аз даст надода ангуштони гирояшро ба почаки бинии аспи дуюм андохта зер карда буд ва асп аз дард шиҳа кашида, бо ташаннуҷ такон хӯрда, дар паҳлуи аспи дигар дарафтод.

Ба ин ҳама на бештар аз он фурсат сарф шуд, ки барои ба ҳадаф расидани тир лозим аст.

Лекин ҳамин қадар фурсат кифоят кард, ки аз хона, аз хонае, ки ин ҳама дар рӯбарӯяш ба вуқӯъ омада буд, марде дар иҳотаи чанд тан хидматгор дартоз барояд. Фойтунчӣ дарро кушода буд, ки мард хотунро бардошта баровард, хотунеро, ки бо як дасташ ҳоло ҳам болишро дошта меистоду дасти дигараш писараки мадҳуши худро ба сандуқи дилаш пахш мекард. Монте-Кристо ҳар дуро рӯи даст бардошта ба хонаи меҳмонпазироӣ бурду рӯи диван гузошт.

– Дигар ҳоҷати тарс нест шуморо, хонум, – гуфт ӯ, – наҷот ёфтед.

Занак ба худ омаду ба ҷои ҷавоб бо имои чашм писарашро нишон дод; нигоҳи ӯ аз ҳар гуна ҳарф басароҳаттар зорӣ дошт.

Дар воқеъ, кӯдак ҳанӯз ҳам мадҳуш буд.

– Мефаҳмам, хонум, – гуфт граф, кӯдакро муоина карда, – аммо хавотир нашавед, ҳеҷ воқиа не, ин ҳамту аз тарс.

– Аз барои худо, – нидо зад модар, – шояд шумо, фақат осуда карданӣ бошед маро? Бинед, чӣ хел рангаш паридагӣ! Писаракам! Эдуард! Овоз барор! Зудтар духтур ҷеғ занед. Ман барои наҷот додани писарам ҳеҷ чизро дареғ намедорам!

Монте-Кристо, ӯро тасалло доданӣ шуда, бо дасташ ишорате кард, сипас кадом–як қуттиеро кушода, шишачаи аз булӯри богемии бо тилло хотамкорӣ шудаи пур аз моеъи хун барин суп–сурхеро бароварду як қатра аз он ба лабони кӯдак чаконд.

Писарак, ки ҳоло ҳам рангаш сап–сафед кандагӣ буд, ҳамонзамонӣ чашмонашро кушод.

Инро дида, модар қариб буд, ки аз ақл бегона шавад.

– Э ман дар куҷоям? – нидо зад ӯ. – Ва барои ин саодати баъд аз даҳшат миннат аз кӣ дорам?

– Шумо дар хонаи шахсе ҳастед, ки саодатманд аст шуморо аз ғаму андӯҳ бираҳонд, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

– О, кунҷковии сабилмонда! – гуфт хотун. – Ҳадиси аспони таърифии хонуми Данглар дар забони хосу оми Париж, мани беақл ҳам савори онҳоро ҳавас кардам.

– Наход? –нидо зад граф бо маҳорати устокора худро ҳайратзада вонамуд карда. –Магар инҳо аспони баронессаанд?

– Оре, тақсир; оё шумо бо он кас шинос ҳастед?

– Бо хонуми Данглар?.. Ман бо он кас шарафи шиносоӣ дорам ва ман ду чанд шодам, ки шумо аз ин хатар раҳо ёфтед, ки боисаш ин аспон буданд, зеро дар бадбахтии худ шумо маро гунаҳкор кара метавонистед; ин аспонро дирӯз ман аз барон харида будам, вале баронесса чунон малул шуд, ки ман худи дина гашта фиристодам онҳоро ва хоҳиш кардам, ки аз ман қабул доранд.

– Пас шумо граф Монте-Кристо ҳастед, ки аз хусусатон Эрмина ин қадар гап зада буд?

– Оре, хонум, – ҷавоб гардонд граф.

– Маро ном Элоиза де Вилфор аст.

пешина
аз 99
навбатӣ