Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Граф рост истода нусхаи лавҳаҳои тасвири Албанию Фатореро тамошо мекард, ки асли сурат гуфта ба бонкир фурӯхта буданд, лекин фақат нусха бошад ҳам, ин лавҳаҳои тасвир ба ҳеҷ ваҷҳ ба хатҳои каҷу килеби зарини дағале, ки сақфро зинат медоданд, мувофиқат надоштанд.

Шарфаи пои Дангларро шунида, граф баргашта назар кард.

Данглар хаёле калла заду андаке имо кард, ки рӯи курсии нарми чӯбаш зарандуд матои рӯкашаш атласи сафеди бо нахи зарин гулдӯзӣ шуда нишинад. Граф нишаст.

– Оё шарафманд ҳастам, ки бо ҷаноби Монте-Кристо ҳамсӯҳбат мешавам?

– Оё ман, – ҷавоб гардонд граф, – аз ҳамсӯҳбат шудани бо ҷаноби барон Данглар, дорандаи нишони Легионӣ фахрӣ, узви Маҷлиси вакилон?

Монте-Кристо ҳама унвонҳоеро, ки дар таоруфномаи барон сабт ёфта буданд, такрор кард.

Данглар ришхандро дарёфту лаб газид.

– Маъзарат мехоҳам, – гуфт ӯ, – агар шуморо бо он рутбае, ки ба арзи ман расонда буданд, ном нагирифта бошам; аммо, чунон ки худатон медонед, мо дар аҳди ҳукумати демократие умр ба сар мебарем ва ман намояндаи манфиатҳои мардум мебошам.

– Бинобар ҳамин, одати барон номида шудани худро маҳфуз дошта, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо, – бо унвони граф ном гирифтани дигаронро аз ёд бурдаед.

– Оҳ, худи ман ҳам ба ин парво надорам, – беэътиноёна ҷавоб гардонд Данглар, – баъзе хидматҳоямро ба инобат гирифта, ба ман рутбаи баронӣ додаанду дорандаи нишони Легиони фахрӣ гардондаанд, аммо...

– Аммо шумо аз унвонҳоятон рӯ тофтед, чунон ки як замоне Монморанси ва Лафайет рӯ тофта буданд? Ин ибратест, шоистаи тақлид.

– На чандон, албатта, – гашта гуфт Данглари хиҷолатзада, – шумо медонед, барои хидматгорон шуда...

– Оре, хидматгоронатон шуморо «ҷаноби илтифоткор» гуфта ном мегиранд; барои рӯзноманигорон шумо – ҷаноби бокарам, барои интихобкунандагонатон бошед–шаҳрванд. Ин таъбирҳо дар аҳди сохтори машрута хеле маъмуланд. Ман шуморо нағз мефаҳмам.

Данглар лаб фишурд; вай итминон ҳосил кард, ки дар ин замина Монте-Кристо қавитар аст ва қарор дод ҷилави сӯҳбатро ба соҳаи як дараҷа одатие бикашад.

– Граф, – гуфт ӯ таъзим намуда, – ман аз бонкирхонаи Томсон ва Френч иттилоъномае гирифтам.

– Бисёр хуш аст, барон. Иҷозат фармоед шуморо бо рутбае номбарам, ки нӯкаронатон ном мегиранд; ин одати бад дар кишварҳое расм шудааст, ки баронҳо мавҷуданд маҳз барои он, ки он ҷо баронҳои нав ба рӯи кор намеоваранд. Хӯш, такрор мекунам, барои ман бисёр хуш аст, – ин маро аз зарурати худамро муаррифӣ кардан раҳо мегардонад, ки ҳамеша хеле ноқулай аст. Аз ин мебарояд, ки иттилоъномаро гирифтаед шумо?

– Оре, – гуфт Данглар, – вале бояд эътироф бикунам, ки мӯҳтавиёташро ба сароҳат маълум карда натавонистам.

– Не–е!

– Ва ман ҳатто шарафёб шуда будам, назди шумо биравам, то аз шумо баъзе тафсиротеро таваққӯъ дошта бошам.

– Бифармоед, гӯшам ба шумост.

– Иттилоънома, – гуфт Данглар, – ба гумонам бо ман аст, – ӯ ба кисаковӣ даромад, – оре, мана вай; ин иттилоънома ба номи граф МонтеКристо дар бонки ман эътибори номаҳдуд мекушояд.

– Чӣ шудааст, барон? Чияш барои шумо нофаҳм?

– Ҳеҷ чияш; фақат калимаи «номаҳдуд»...

– Магар ин нодуруст ифода ёфтааст? Шумо мефаҳмед, инро ингилисҳо навиштаанд...

– Не, не, аз ҳайси сарфу наҳв ҳамааш дуруст, аммо аз боби муҳосиба ин кори чандон саҳл нест.

– Магар бонкирхонаи Томсон ва Френч, ба ақидаи шумо, барон, чандон мӯътамад нест? –пурсид Монте-Кристо, то ҷое, ки метавонист, ба оҳанги соддалавҳонатаре. –Ҷин занад, ин хеле боиси нохушӣ мебуд, ман он ҷо як миқдор пул дорам.

–Не, ин бонкирхонаи комилан мӯътамад аст, – ҷавоб гардонд Данглар қариб ки ришхандомез, – аммо маънои калимаи «номаҳдуд», дар нисбати молия, ин қадар сарбаста аст, ки...

– Ки ҳудуд надорад, ҳамин тавр? –гуфт Монте-Кристо.

– Маҳз ҳаминро гуфтанӣ будам ман. Ҳар чизи норавшан шубҳае ба миён меоварад, аз чизҳои шубҳанок, гуфтааст ҳакиме, худдорӣ кунед.

– Хулоса ҳамин, – давом дод суханашро Монте-Кристо, – ки агар бонкирхонаи Томсон ва Френч сабуксарона рафтор кунад, дар он сурат ширкати Данглар майли аз он ибрат гирифтан надорад.

– Яъне ба чӣ тариқ?

– Хеле осон; ҷанобони Томсону Френч пойбанди ҳудуди маблағ нестанд; лекин барои ҷаноби Данглар ҳадде мавҷуд аст;ӯ шахси хирадманд аст, чунон ки ҳамин ҳоло гуфт.

– Ҷаноби граф, – бо виқор ҷавоб гардонд Бонкир, – ҳеҷ кас ҳанӯз хазинаи маро ба ҳисоб наёвардааст.

– Дар ин сурат, – ба лаҳни сарде гашта гуфт Монте-Кристо, – аз афташ, ман аввалин касе хоҳам буд, ки ин корро бояд бикунам.

– Чаро ин тавр гумон доред шумо?

– Зеро тафсире, ки шумо аз ман талаб доред, хеле ба дудилагӣ шабеҳ аст.

Данглар абрӯ чин кард, бори дуюм аст, ки ин шахс ӯро мағлуб мекунад ва ин дафъа дар чунин соҳае, ки вай худашро кордон меҳисобид. Боадабии ришхандомези ӯ сохтакорона буду ба акси табиати худаш паҳлӯ мезад, яъне ки густохона буд. Монте-Кристо, баръакс, бо кушодатарин чеҳрае табассум дошт ва агар хоҳад, қиёфаи соддалавҳонае мегирифт, ки ба ӯ хеле афзалият медод.

– Хуллас, тақсир, – гуфт Данглар, каме хомӯш истода, – ман мехостам, ки шумо маро бифаҳмед ва хоҳиш мекунам, маблағеро таъйин бикунед, ки хоҳиши аз ман гирифтан доред.

– Аммо, тақсир, – гуфт Монте-Кристо, ки тасмим гирифта буд, дар ин баҳс як сари мӯ гузашт накунад, – агар ман дархости қарзи номаҳдуд карда бошам, ин маҳз барои он аст, ки ман пешакӣ донистан наметавонам, чӣ миқдор пуле ба ман лозим шуданаш мумкин аст.

Ба назари бонкдор чунин тофт, ки лаҳзаи тантанааш фаро расидааст; бо табассуми ҳавобаландона дар курсии нарм такя зад ӯ.

– Баҷуръаттар гап задан гиред, – гуфт ӯ, – шумо боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки нақдинаи ширкати Данглар, маҳдуд бошад ҳам, ба қонеъ гардондани баландтарин талабот қодир аст ва агар ҳатто шумо як миллион дархост кунед ҳам...

– Бубахшед, чӣ гуфтед? –пурсид Монте-Кристо.

– Як миллион мегӯям, – такрор кард Данглар дар ниҳояти кибру ғурур.

– Миллион ба чӣ кор ояд маро? –гуфт граф. –Э худои меҳрубон! Агар ба ман фақат як миллион лозим мебуд, дар он сурат ман аз барои ҳамин як пула гап ҳарфи эътиборро ба миён намеовардам. Миллион–а! Доимо ман ҳамроҳи худам дар ҳамёнам ё дар кӯлвори сафариам як миллион дорам.

Монте-Кристо аз даруни дафтарчае, ки таоруфномаҳояш дар он буд, ду варақаи қарзаи хазинагиеро баровард, ки ҳар кадомаш панҷсадҳазорфранкӣ буда, пешниҳодкунандааш ҳаққи гирифтан дошт.

Данглар барин касро маҳз мӯҳраи табар ба сараш фуровардан лозим буд, на ин ки сӯзан халонд. Зарби мӯҳраи табар таъсирашро нишон дод: бонкдор такон хӯрду гирд гаштани сарашро эҳсос кард; вай ҳангу манг ба Монте-Кристо чашм дӯхт ва мардумаки чашмонаш аз ҳарос васеъ шуд.

– Гӯш кунед, – гуфт Монте-Кристо, – иқрор кунед, ки шумо ба бонкирхонаи Томсон ва Френч бовар надоред. Хайр чӣ, ман инро пешбинӣ карда будам ва агар чи аз муомилот чандон огоҳ нестам, вале ба ҳар ҳол баъзе чораҳои эҳтиётро дидаам; мана ин ҷо боз дуто ҳамин хел иттилоънома ҳаст, мисли он ки ба унвони шумо расидааст; яктааш аз номи бонкирхонаи дар Вена будаи Арштейн ва Эсколес ба унвони барон Ротшилд, дигараш, аз номи бонкирхонаи Беринг воқеъ дар Лондон, ба унвони ҷаноби Лаффит. Як даҳан гапи шумо кифоя аст, ки ман аз ҳар гуна ташвиш раҳо кунаматон ва ба яке аз ин бонкҳо муроҷиат кунам.

Ин масъаларо ҳал кард: Данглар мағлуб шуда буд. Ӯ иттилоъномаҳои Венаю Лондонро, ки граф бо кароҳат ҷонибаш дароз карда буд, бо изтироби назаррасе боз карду синчакорона воқеӣ будани имзоҳоро тарзе тафтиш кард, ки ба назари Монте-Кристо зилатовар намуданаш мумкин буд, агар вай инро ба саросемагии бонкдор ҳамл намекард.

– Оре, ин се имзо ба чандин миллион меарзанд, – гуфт Данглар аз ҷояш бархоста, мисле ки ба иқтидори зар, ки дар симои шахси дар пешаш нишаста таҷассум ёфта буд, сари таъзим фуруд меоварда бошад. – Се ҳуҷҷати эътибори номаҳдуд. Бубахшед, граф, лекин шубҳаро аз миён бардошта, ба ҳар ҳол дар ҳайрат мондани кас мумкин аст.

– Оҳ, бонкирхонаи шуморо кас бо чизе дар ҳайрат мононда наметавонад, – гуфт Монте-Кристо, то он ҷое, ки имкон дошт, боадабона. – Хӯш, яъне ки шумо ба ман як миқдор пул фиристода метавонед?

– Ҳар қадар ки бигӯед, граф, ман ба хидмат тайёрам.

Хайр майлаш, – ба забон овард Монте-Кристо, – модом ки байнамон мувофиқат ҳосил шуд, – охир байнамон мувофиқат ҳосил шудагист, ҳамту не?

Данглар калла зад.

– Ва шумо дигар шубҳа надоред? –Давом дод Монте-Кристо.

– Наход ҳамту гӯед, граф, – нидо зад бонкдор. –Ман ҳаргиз шубҳа надоштам.

– Не, шумо фақат хостед далели собикунандае дошта бошед, на бештар. Инак, – такрор кард граф, – модом ки байнамон мувофиқат ҳосил шуд, модом ки шумо дигар шубҳа надошта бошед, агар хоҳед, барои соли аввал ягон маблағи умумие таъйин мекунем: гирифтем, шаш миллион.

– Шаш миллион? Бисёр хуб! –ба забон овард, нафасаш гашта, Данглар.

– Агар ба ман зиёдтар лозим шавад, – беэътиноёна давом дод МонтеКристо, – мо зиёдтар таъйин мекунем; лекин ман нияти дар Париж аз як сол зиёдтар истодан надорам ва гумон намекунам, ки дар ин як сол аз ин миқдор бештар харҷ кунам...Хайр, он тарафашро мебинем...Дар ибтидои кор, марҳамат карда, фармоиш кунед фардо панҷсад ҳазор франк ба ман расонанд, ман то чошт дар хона мешавам; лекин, воқиан, агар ман набошам, ба дасти мубоширам забонхат мегузорам.

– Пул дар соати даҳи пагоҳ ба дастатон мерасад, граф, – ҷавоб гардонд Данглар. –Чӣ хелашро мехоҳед, тилло бошад, пули коғазӣ ё нуқра?

– Марҳамат карда, нисфӣ–тиллову пули коғазӣ.

Ва граф аз ҷой бархост.

Бояд ба шумо эътироф оварам, граф, – гуфт Данглар, – ки ман гумон доштам роҷеъ ба ҳама дороиҳои азими Аврупо маълумоти саҳеҳ дорам, ҳол он ки аз дороии шумо, ки зоҳиран, хеле зиёд аст, тамоман бехабар будаам; оё ин дороӣ ба қарибӣ пайдо шудааст?

– Не, тақсир, – гашта гуфт Монте-Кристо, – баръакс, пайдоишаш хеле қадима аст; ин мисли ганҷи хонадонӣ барин сарватест, ки беҷо карданаш манъ будааст, бинобар ин андухтани фоизаш сармояро се чанд кардааст; мӯҳлати таъйин кардаи васиятгар фақат чанд сол пеш ба сар омад, аз ҳамин сабаб ба қарибӣ ман аз он истиода мекардагӣ шудам, бинобар ин шумо аз он хабар надоред; воқиан, ба қарибӣ аз наздик бо он шинос хоҳед шуд.

Ҳини гуфтани ин суханон граф бо он тарзи мурдаворе табассум кард, ки дар дили Франс д Эпине ин қадар даҳшат ҷо карда буд.

– Бо ин завқу нияте, ки доред, – давом дод суханашро Данглар, – дар пойтахти мо шумо чунон таҷаммуле барпо мекадагистед, ки ҳамаи мо миллионерҳои ҳақирро таҳтушшиоъ қарор хоҳед дод; лекин, азбаски шумо, зоҳиран, санъатдӯст будаед, – ёдам ҳаст, вақти даромаданам, шумо суратҳои маро тамошо мекардед, – бинобар ин, ба ҳар ҳол, иҷозат фармоед нигорхонаамро нишон диҳам ба шумо: ҳама лавҳаҳои тасвирии қадимаи рассомони машҳуранд, бо кафолати он ки нусхаи асланд; ман навашро хуш надорам.

– Шумо комилан ҳақ астед, ҳамаи ин суратҳо як камбудии ҷиддӣ доранд: ҳанӯз барои қадима шудан фурсат наёфтаанд.

– Ман чанд муҷассамаи Торвалдсен, Бартолони, Кановаро ба шумо нишон медиҳам–ҳама ҳайкалтарошони хориҷианд. Чунон ки мебинед, ман ҳаводори рассомони фаронсавӣ нестам.

– Шумо ҳақ доред нисбат ба онҳо беадолатӣ кунед, охир онҳо ҳамватанони шумоянд.

– Лекин ҳамаи инро то он даме мавқуф мегузорем, ки аз наздиктар шинос бишавем; имрӯз бо он қаноат мекунам, ки шуморо, агар изн бидиҳед, ба баронесса Данглар муаррифӣ бикунам; шитобкории маро бар ман бубахшоед, граф, аммо муштарие чун шумо, ба манзилати узви хонадон аст.

Монте-Кристо ба нишони он таъзим намуд, ки пешниҳоди дилписанди соҳиббонкро қабул дорад.

Данглар занг зад; нӯкари хидматҷомаи бошукӯҳ пӯшидае вориди хона гардид.

– Баронесса дар манзили худ аст? –суол кард Данглар. – Оре, ҷаноби барон.

– Як худаш танҳост?

– Не, баронесса меҳмон доранд.

– Умед дорам, аз хоксорӣ дур набудагист, агар ман шуморо дар ҳузури дӯстон муаррифӣ бикунам? Шумо дар нияти пинҳон доштани номи худ набудагистед?

– Не, барон, – гуфт бо табассум Монте-Кристо, – ман худро ба ин ҳақдор ҳис намекунам.

– Дар ҳузури баронесса кӣ бошад? Ҷаноби Дебрэст? –пурсид содадилона Данглар, ки Монте-Кристоро ба ботинан табассум кардан водошт, шахсеро, ки аз рози бепардаи ҳаёти оилавии Данглар пештар аз ин иттилоъ ёфта буд.

– Оре, ҷаноби барон.

Данглар калла зад. Сипас ба Монте-Кристо рӯ овард.

– Ҷаноби Лусен Дебрэ, – гуфт ӯ, – ин дӯсти деринаи мост, дабири вежаи вазири умури дохила; вале зани ман аз хонадони хеле собиқадорест: аз рӯзи таваллуд–де Сервйер, вале аз рӯи завҷияти якумаш– бевазани маркиз де Наргон; бо вуҷуди қидами хонадониаш ба ман расиданӣ шуда, ба ин никоҳи нобаробар ризоият дод.

– Ман шарафи шиносоӣ бо баронесса Дангларро надорам, аммо бо ҷаноби Лусен Дебрэ пеш аз ин вохӯрда будам.

– Ҳамтуя! –гуфт Данглар. –Дар куҷо вохурдаетон?

– Дар хонаи ҷаноби де Морсер.

– Шумо бо виконт шиносоӣ доред?

– Ману ӯ дар Рим ҳангоми карнавал вохӯрда будем.

– Э, ҳа, – гуфт Данглар, – ман аз хусуси ким–кадом рӯйдоди ғайри муқаррарие бо роҳзанону ғоратгарон дар ким–чӣ хел харобаҳое ким– чие шунида будам. Ӯ бо ким–кадом тариқаи ғалатие наҷот ёфта будааст. Вай мисли ин ки ба зану духтари ман ин воқиаро ҳикоят карда будааст, дами аз Итолиё баргаштанаш.

– Баронесса хоҳиш доранд, ки марҳамат мекардаед, – ба арз расонд нӯкар.

– Ман пеш мегузарам, то ба шумо роҳ нишон диҳам, – гуфт бо таъзим Данглар.

– Аз пасатон меравам, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо.

пешина
аз 99
навбатӣ