Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
VIII. ЭЪТИБОРИ НОМАҲДУД
Фардои он рӯз, қариби соати дуи зуҳр, каретае, ки як ҷуфт аспи ингилисии бисёр зебо мекашидандаш, назди дарвозаи Монте-Кристо бозистод. Марде, ки дар тан фраки кабуд дошта, тукмаҳои абрешимиаш низ ба ҳамин ранг буданд, камзулчаи сафедашро занҷири калони тиллое миёнбур карда мегузашту шалвори чормағзиранге пӯшида буд, мӯи сараш ба ҳадде сиёҳу болои ҷабинаш ин қадар поён хамида меистод, ки ба ғайри табиӣ буданаш кас ба осонӣ гумонбар мешуд, хусусан ки ин мӯ ба чинҳои амиқи пешониаш ҳеҷ мувофиқат надошту онҳоро ҳаргиз панаҳ дошта наметавонист, – сухан кӯтоҳ, як марди панҷоҳу панҷсолае, ки мехост худашро чиҳилсола ҷилва диҳад, аз тирезаи карета сар бароварда назар кард, каретае, ки дар рӯи дарҳояш тоҷи баронӣ тасвир ёфта буд; мард нӯкарбачаеро фиристод аз ҳоҷиб бипурсад, ки граф МонтеКристо оё дар хона аст.
Ба ҷавоби суолаш интизор истода мардак бо кунҷковие, ки аз беадабӣ холӣ набуд, ҳавлиро, ки як қисми боғу хидматҷомаи нукарони соҳиби манзил аз паси девор ба чашм метофт, аз назар мегузаронд. Чашмонаш шӯх буданд, вале ғолибан айёрона, на ин ки оқилона. Лабонаш чунон нафис буданд, ки ба ҷои андаке баромада истодан ба дарун фурӯ хамида буданд; ниҳоят, устухони паҳну хеле барҷастаи рухсораҳояш–нишонаи бешаки маккорӣ, пешонаи танг, пушти сари ҷаста баромадааш, гӯшҳои барзангии ба табақаи ашроф ниҳоят бегонааш ҳар гуна қиёфашиносро водор мекард хислати ин шахсро қариб ки манфур биномад, шахсеро, ки бо аспу каретаи бошукӯҳаш, бриллианти калони ба ҷои тукма ба судра гузарондааш ва тасмаи сурхи нишони аз як сӯрохи тукма то дигар сӯрохи тукма кашида шудааш ба касони номутталеъ таассуроти зиёде мебахшид.
Нӯкарбача тирезаи ҳоҷибро кӯфту пурсид:
– Оё граф Монте-Кристо ҳамин ҷо зиндагӣ дорад?
– Оре, ҷаноби воломақом ҳамин ҷо зиндагӣ доранд, – ҷавоб гардонд ҳоҷиб, – аммо...
Ӯ суоломез ба Алӣ нигарист.
Алӣ бо ишорат ҷавоби рад дод.
– Чӣ аммо?.. – суол кард нӯкарбача.
– Аммо ҷаноби воломақом қабул намекунанд, – ҷавоб гардонд ҳоҷиб.
– Ин тавр бошад, мана ба шумо таоруфномаи хоҷаи ман барон Данглар. Инро ба Монте-Кристо бирасонед ва бигӯед, ки сари роҳи Маҷлис хоҷаи ман ба ин ҷо омада буданд, то ба дидори граф шарафёб шаванд.
– Ман ҳуқуқи бо ҷаноби воломақом ҳамгап шудан надорам, – гуфт ҳоҷиб, – супориши шуморо маҳрам ба ҷо меоварад.
Нӯкарбача ба назди карета баргашт.
– Хӯш, читу? –пурсид Данглар.
Писараки аз сабақи гирифтааш хиҷолатманд ҷавоби ҳоҷибро ба хоҷааш расонд.
– Оҳо, – гуфт ӯ, – маълум мешавад, андак–мундак касе набудааст ин мусофир, ки воломақомаш меномидаанд, модом ки фақат маҳрамаш ҳуқуқи бо вай ҳамгап шудан доштааст; хоҳ–нохоҳ, модом ки ба номи бонки ман ваколат доштааст, ҳар гоҳ ба вай пул лозим шавад, рӯбарӯ задани ҳар дуямон лозим меояд.
Ва Данглар ба пешгоҳи карета такя заду он тавре, ки овозашро аз он сӯи кӯча бишнаванд, ба сари фойтунчӣ дод зад:
– Ба Маҷлиси вукало!
Монте-Кристо, ки сари вақт огоҳи ёфта буд, аз миёни чиғпардаи иморати фаръиаш баронро медид ва имкони бо дурбини бисёр хубаш назора кардани ӯро дошт, ҳатто ки на камтар аз худи ӯ кунҷковӣ ба харҷ дод, даме ки Данглар ҳавлӣ, боғ ва хидматҷомаи нӯкаронро синча мекард.
– Бе шак, – гуфт ӯ бо танаффур, лӯлаи дурбинро дубора тоб дода ба ғилофаш андохта истода, – бе шак ин шахс разил аст; ҳеҷ мумкин нест, ки кас ӯро бинаду бо як назар аз рӯи пешонаи пачақ мору аз рӯи косаи сари ҷаста баромада калхот ва аз рӯи минқори тезаш қирғӣ будани ӯро муқаррар карда натавонад!
– Алӣ, – садо кард ӯ, баъд занги мисини лаълишаклро данги зад. Алӣ даромад. – Бертуччоро ҷеғ зан, – гуфт Монте-Кристо.
Ҳамон лаҳза Бертуччо вориди хона гардид.
– Ҷанобашон маро суроғ кардаанд? – гуфт ӯ.
– Бале, – ҷавоб гардонд граф. – Аспонеро, ки ҳамин ҳоло дами дарвозаи ман меистоданд, оё дида будед шумо?
– Албатта, ҷаноби воломақом ва ман аспони зебое дарёфтам онҳоро. – Ба чӣ тариқ, – пурсид Монте-Кристо абрӯ чин карда, – даме ман талаб карда будам, ки беҳтарин ҷуфти аспи Парижро бароям бихаред, дар Париж боз ҷуфти дигаре ёфт шуд, ки ба аспони ман баробар асту ин аспон на дар саисхонаи ман қарор доранд?
Абрувони гиреҳ афтодаи графро дидаву овози қатъии ӯро шунида, Алӣ сар хам кард.
– Ба ту ин дахл надорад, Алии меҳрубонам, – гуфт ба арабӣ граф бо чунон лаҳни навозишомезу ваҷоҳате, ки аз ӯ чашм доштан муҳол буд, – ту охир қадри аспони ингилисиро чӣ медонӣ.
Чеҳраи Алӣ боз кушода шуд.
– Ҷаноби воломақом, – гуфт Бертуччо, – аспоне, ки шумо гуфта истодаед, ба фурӯш наёмаданд.
Монте-Кристо китф дар ҳам кашид.
– Медонед чӣ, ҷаноби мубошир, чизе нест, ки ба фурӯш наояд, агар кас нархи дилхоҳ пешниҳод карда тавонад.
– Ҷаноби Данглар ин аспонро ба шонздаҳ ҳазор франк харида будааст, ҷаноби воломақом.
– Хӯш сию ду ҳазор пешниҳод кардан лозим буд; ӯ бонкдор аст, бонкдор бошад, ҳаргиз аз ду чанд кардани сармояаш рӯ наметобад.
– Ҷаноби воломақом оё ҷиддӣ гап зада истодаанд? – суол кард Бертуччо.
Монте-Кристо ба мубошир ба нигоҳи шахсе нигарист, ки дар ҳайрат аст, дар ҳайрат аз он, ки ҷуръат кардаанд ба вай суол бидиҳанд.
– Ин бегоҳ, – гуфт ӯ, – ман бояд ба боздиди касе биравам; ман мехоҳам, ки ин аспон дар каретаи ман баста шуда бошанд ва созу афзорашон ҳам нав бошад.
Бертуччо таъзим намуду дур шуд; дами дар бозистод ӯ.
– Дар соати чанд ҷанобашон ба боздид рафтаниянд? – пурсид ӯ.
– Дар соати панҷ, – ҷавоб гардонд Монте-Кристо.
– Ман ба худ изн медиҳам гӯшрас бикунам, ҷаноби воломақом, ки ҳамин ҳоло соат ба ду расидааст, – беҷуръатона гуфт мубошир. – Медонам, – мухтасар ҷавоб гардонд Монте-Кристо.
Баъд ӯ ҷониби Али баргашт.
– Ҷамеи аспонро аз назари хонум бигзарон, бигузор он аспу аробаеро хуш кунад, ки ба худаш маъқул аст; бифаҳм, майли ҳамроҳи ман наҳор хӯрдан дорад ё не: агар розӣ бошад, бигзор наҳорро ба хона и ӯ баранд. Бираву маҳрамро назди ман бифирист.
Ҳамин ки Алӣ бирафт, маҳрам вориди хона гардид.
– Батистен, – гуфт граф, – як сол шуд, ки шумо дар хидмати ман астед; ин мӯҳлатро одатан ман барои имтиҳони нӯкарони худ таъйин мекунам; шумо барои хидмати ман мувофиқ меоед.
Батистен таъзим намуд.
– Фақат донистани як чиз боқӣ мемонад, оё ман ҳам мувофиқ меомада бошам ё не.
– О, ҷаноби воломақом!
– То ба охир гӯш кунед, – давом дод суханашро граф. – Шумо дар як сол яку ним ҳазор франк мегиред, яъне ки ротибаи афсари хуби диловаре, ки ҳар рӯз ҷонашро дар маърази хатар мегузорад; шумо хӯроке мехӯред, ки бисёр сарварони идоранишин–хидматгузорони сарсахти хеле серкортару серташвиштар аз шумо ҳасад бурда метавонанд. Шумо хидматгоред, вале хидматгороне доред, ки дар ғами бистару пӯшоки шумоянд. Илова бар яку ним ҳазори маошатон, шумо ҳангоми харид кардани сару либоси ман соле тақрибан яку ним ҳазори маро ба ғорат мебаред.
– О, ҷаноби воломақом!
– Ман гила надорам, Батистен, ин кирои гап не; вале ман мехостам, ки шумо аз ин маблағ нагузаронед. Аз ин мебарояд, ки шумо дар ҳеҷ макон ҳамин ҷоеро, ки аз тобиши бахт дарёфтаед, пайдо карда наметавонед. Ман ҳеҷ гоҳ нукаронамро шаллоқ намедиҳам, ҳеҷ гоҳ ҳақорат намекунам, ҳеҷ гоҳ бар онҳо хашм намегирам, ҳамеш аз тақсирашон дармегузарам ва ҳеҷ гоҳ беэътиноиву фаромӯшхотириашонро намебахшоям. Фармоишоти ман мухтасаранд, аммо возеҳу аниқ; ба ман хуштар аст ду бор ё ҳатто се бор ин фармоишотро такрор бикунам, назар ба он, ки бинам нафаҳмидаанд онро. Ман ба дараҷаи кофӣ сарватмандам, то бидонам ҳар он чиро, ки ба он рағбат дорам, вале ман бисёр кунҷков астам, огоҳ мекунам шуморо. Бинобар ин, агар ман ягон вақте бифаҳмам, ки шумо аз боби ман чизе гуфтаед, – фарқ надорад, ки гапи хуб гуфтаед ё бад, – кирдори маро муҳокима кардаед, рафтори маро ба назора гирифтаед, ҳамонзамонӣ маъзул хоҳед шуд. Ман нӯкаронамро фақат як бор огоҳ мекунам; шумо огоҳ карда шудед, биравед!
Батистен таъзим намуд ва чанд қадаме тарафи дар рафт.
Воқиан, – давом дод граф суханашро, – фаромӯш кардаам ба шумо бигӯям, ки ҳамасола ман маблағи муайяне ба номи хидматгоронам мегузорам. Ҳар он касеро, ки ман аз хидмат маъзул мекунам, табиист, ки ин пулро ба манфиати дигар хидматгороне, ки баъди вафоти ман хоҳанд гирифт, аз даст медиҳад. Шумо як сол аст, ки ба ман хидмат мекунед; ибтидои дороии шумо гузошта шудааст; афзуда шуданаш ба худи шумо вобаста аст.
Ин суханон ки дар ҳузури Алӣ ба забон оварда шуданду ӯ авзоашро дигар накарда рост меистод, зеро ки ба фаронсавӣ ягон ҳарфе намедонист, ба Батистен таассуроте бахшиданд, ки ба ҳар каси бо руҳияи хидматгори фаронсавӣ ошно фаҳмо буд.
– Ман кӯшиш мекунам дар ҳар кор ба ҳавои хоҳиши ҷанобашон рафтор кунам, – гуфт ӯ. – Баъд ман аз ҷаноби Алӣ ибрат мегирам.
– Ҳаргиз ин корро накунед, – ба лаҳни сарде гашта гуфт граф. – Алӣ бо ҳама муҳассаноташ нуқсони зиёде дорад; аз вай ибрат нагиред, зеро Алӣ– мустасност; вай маош намегирад; ин хидматгор нест, ин ғуломи ман аст, саги ман; агар ин ба вазифааш хилоф кунад, намеронам, балки мекушамаш.
Чашмони Батистен аз косахонааш баромад.
– Бовар надоред шумо? – пурсид Монте-Кристо.
Ва ӯ ба Алӣ он чиро, ки лаҳзае пеш ба фаронсавӣ барои Батистен гуфта буд, ба арабӣ такрор кард.
Алӣ гуфторашро бишнид, табассуме кард, ба хоҷааш наздик рафт, як зонуяшро таҳ карду бо камоли эҳтиром дасти ӯро бӯсид.
Ин сабақи аёнӣ Батистенро комилан бовар кунонд.
Граф ба ӯ ишорат кард, ки биравад.Алӣ аз паси хоҷааш равон шуд.
Онҳо ба дафтари кор гузаштанд ва муддате он ҷо гуфтугӯ карданд.
Дар соати чор граф се бор зангро кӯфт. Бо як бораш Алиро даъват кард, бо ду бораш Батистенро, бо се бораш Бертуччоро.
Мубошир ҳозир шуд.
– Аспҳоро! – гуфт Монте-Кристо.
– Аспҳо омодаанд, – ҷавоб гардонд Бертуччо. – Оё шуморо ҳамроҳӣ кардани ман лозим аст?
– Не, фақат фойтунчӣ, Батистен ва Алӣ.
Граф дами дар баромаду каретаи худашро дид бо ҳамон аспоне, ки ҳавасаш рафта буд, ҷуфти аспе, ки каретаи Дангларро мекашиданд.
Аз канори аспон гузашта истода, ӯ як назар нигарист ба онҳо.
– Воқиан аспони бисёр зебо, – гуфт ӯ, – кори хуб кардед, ки инҳоро харидед; дуруст аст, ки ин кор дер ба субут расид.
– Ҷаноби воломақом, – гуфт Бертуччо, – барои ба даст овардани инҳо хеле заҳмат кашидам ва аспон хеле гарон афтоданд ба ман.
Граф китф дарҳам кашид.
– Магар аспон аз ин зарар диданд?
– Агар ҷанобашон розӣ бошанд, – гуфт Бертуччо, – ҳама корҳо хуб аст. – Ба куҷо мефармоед ҳай кунад?
– Ба кӯчаи Шоссе д Антен, ба хонаи Данглар.
– Ҳа, воқиан, Бертуччо, – барафзуд граф. – Ба ман дар соҳили баҳр як қитъа замин лозим, хайр гуфтем, дар Нормандия, миёни Гавру Булон. Ман, чунон ки мебинед, шуморо дар интихоб маҳдуд намекунам. Зарур аст, ки дар қитъаи мехаридаи шумо бандаре, лангаргоҳе ё халиҷи хурдакаке бошад, ки киштичаи ман таваққуф карда тавонад; қисми ба об ғӯтандаи он ҳамагӣ понздаҳ фут аст. Киштӣ бояд, ки дар ҳар лаҳзаи рӯзу шаб омодаи ба баҳр баромадан бошад. Аз ҷамеи маъмурони сабти аснод роҷеъ ба қитъае, ки ба ҳамин шартҳо мувофиқ бошад, маълумот мегиред; даме ки маълумот ба даст омад, рафта мебинед, агар маъқул ёбед, ба номи худатон мехаред. Киштӣ, эҳтимол, ҳамин ҳоло дар роҳи Фекан бошад.
– Ҳамон бегоҳе, ки мо Марселро тарк кардем, ман ба баҳр баромаданашро дида будам.
– Сафина чӣ?
– Ба сафина фармон дода шуд, ки дар Мартиг истодан гирад.
– Хеле хуб! Сари чанд гоҳ аз ҳар ду нохудо хабар гирифта меистед, то хобашон набарад.
– Киштии буғиро чӣ кор кунем?
– Оне, ки дар Шалон истодааст?
– Оре.
– Ҳамон фармоише, ки ба ҳар ду киштии бодбонӣ тааллуқ дорад. – Итоат.
– Ҳамин ки қитъаро харидед, ғами инро ҳам бихӯред, ки дар роҳи самти шимолу ҷануб дар ҳар даҳ лё аспҳои чопорӣ гузошта шаванд.
– Ҷаноби воломақом метавонанд аз ман дилпур бошанд.
Граф калла зад, хез карда ба карета даромад, аспони нозанин ба пеш ҳаво хӯрданду фақат дар пеши хонаи бонкдор қарор гирифтанд.
Данглар ба маҷлиси машварати комиссияи роҳи оҳан сарварӣ мекард, даме ки омадани граф Монте-Кристоро ба ӯ хабар доданд. Воқиан маҷлис ба охир расида истода буд.
Номи графро шунида Данглар аз ҷой бархост.
– Ҷанобон, – гуфт ӯ ба ҳампешагонаш, ки баъзеашон аъзои соҳибэътибори Маҷлисҳои Болоӣ ва Поёнӣ буданд, рӯ оварда, – маъзур доред, ки ба тарк кардани шумо маҷбур астам; лекин тасаввур бикунед, ширкати Томсон ва Френчи Рим граф Монте-Кристо ном касеро ба назди ман фиристода, ба номи ӯ эътибори номаҳдуде кушодааст. Ин гуна ҳазли бемаъниро то ба ҳол ягон нафаре аз номанависони ман ба худ раво надида буданд. Бадеҳист, ки кунҷковиам боло гирифт; ҳамин пагоҳӣ ман ба назди ин графи дурӯғин рафтам. Агар вай графи ҳақиқӣ мебуд, аз худатон гап намемонад, вай ин қадар сарватманд намебуд. Шон пазируфтани маро ба худ эб надиданд. Шумо ба ин чӣ мегӯед? Охир фақат шахсиятҳои олитабор ё занони соҳибҷамол ба мардум ин ҷаноби Монте-Кристо барин муомила мекунанд! Гуфтагӣ барин, ҳавлии ӯ дар Заминҳои Елесей дар воқеъ ба ӯ тааллуқ дорад ва, гӯё он қадар беҷо не. Аммо эътибори номаҳдуд, – давом дод Данглар бо табассуми манфураш лабханд карда, – талаботи он бонкдореро хеле баланд мегардонад, ки чунин эътибор дар бонкаш кушода шудааст. Бинобар ин ман бесаброна дар иштиёқи дидори ин ҷаноб астам. Зоҳиран, маро фанд доданиянд. Вале онҳо дар Рим истода намедоданд, ки бо кӣ сару кор доранд; мебинем, оқибат кӣ ба кӣ ришханд мезанад.
Бо чунин ваҷоҳате, ки ҳатто почакҳои биниаш ба шину хез даромаданд, ин суханонро ба забон оварда, ҷаноби барон меҳмононашро тарк гуфт ва ба меҳмонхонаи сафеди тиллокориаш гузашт, ки дар саросари кӯчаи Шоссе д Антен шӯҳрат дошт. Меҳмонро ана ба ҳамон ҷо амр кард дароваранд, то якбора моту мабҳуташ кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё