Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Ин лозим нест, – гуфт ӯ, – ман корсикоиҳоро медонам ва дӯст дорам онҳоро; мана ба шумо тавсиятнома».

Ва ӯ чанд сатре бинавишт, ки ман ба шумо додам ва дар асоси он ҷанобашон маро ба хидмат гирифтанд. Акнун ман бо сари баланд метавонам бипурсам, оё ҷанобашон ягон вақт барои норозӣ будан аз ман асосе доштанд?

– Не, – ҷавоб гардонд граф, – ман бо камоли майл эътироф меоварам, ки шумо хидматгори хубе ҳастед, Бертуччо, агар чи ба ман чандон бовар надоред.

– Ман, ҷаноби воломақом?

– Оре, шумо. Ин чӣ тавр шудааст, ки шумо янгаву писархонде доштаеду дар ин бобат ҳаргиз ба ман чизе нагуфтед?

– Афсӯс, ҷаноби воломақом, ба ман ҳаминаш мондааст, ки ғамангезтарин пораи зиндагиамро ба шумо ҳикот кунам. Ман ба Корсика рафтам. Худатон мефаҳмед, ки ман шитоб доштам янгаи бечораамро бибинам ва дилдориаш диҳам; аммо дар Роляно маро бадбахтие пеш омад; дар хонаи мо чунин як воқиаи мудҳише ба амал омадааст, ки то ба ҳол ҳамсоягон ёд доранд онро. Тибқи маслиҳати ман, янгаи бечораам дархостҳои Бенедетторо, ки муттасил пул талаб мекард, рад мекунад. Боре як саҳар вай ба сари янгаам дуғу даранг карда, як рӯзи дароз гум мешавад. Ассунтаи бечора, ки он нобакорро ба мисоли фарзанди худаш дӯст медошт, зор–зор гиристаст. Рӯз бегоҳ мешавад; вай ӯро нигарон шуда, хоб намеравад. Соати ёздаҳи шаб вай ҳамроҳи ду рафиқаш, ки шарики одатии кору кирдораш будаанд, гашта меояд; янгаам хостааст ӯро оғӯш кунад, вале онҳо дастонашро медоранд ва якашон–метарсам, ки ин маҳз ҳамон писараки лаънатӣ будааст, – хитоб кардааст:

«Мо шиканҷабозӣ мекунем ва ба ин лозим меояд бигӯяд, ки пулҳояшро дар куҷо пинҳон кардааст».

Ҳамсояи мо Василио ба Бастия рафтаасту дар хона фақат занаш монда будааст. Ғайр аз ӯ, он чиро, ки дар хонаи янгаам ба амал омадааст, касе на дидан метавонистаасту на шунидан. Дутоаш Ассунтаро маҳкам медоранд, Ассунтаеро, ки имкон доштани чунин ҷинояте дар доираи тасаввураш намегунҷид ва ҷониби ҷаллодони бегумонаш бо меҳр табассум карда меистод; сеюмаш дару тирезаҳоро танба монда сахт маҳкам мекунад, баъд ба назди шариконаш баргашта, ҳар сеяшон, бо саъйи тамом садоҳои муҳиберо, ки аз дидани манзараи ин тадорукоти бераҳмона аз гулӯи Ассунта берун меомадааст, фурӯ нишонданӣ шуда, пойҳояшро ҷониби бухории оташаш фурӯзон бурдаанд.

Онҳо чашмдор буданд, ки ин водораш мекунад, вай ҷои пулҳои моро барояшон ошкор кунад; вале, ҳине ки вай бо онҳо кашу паркаш мекардааст, пӯшокаш дармегирад; Он гоҳ онҳо занаки сарсахтиро, аз бими он, ки оташ ба худашон нарасад, сар медиҳанд. Саропо даргирон ӯ худро ба дар мезанад, вале дар баста будааст. Ӯ ҷониби тиреза ҳаво мехӯрад, аммо он ҳам маҳкам карда шуда будааст.

Ба ҳамин тариқ, овози даҳшатборе ба гӯши занаки ҳамсоя мерасад: ин овози Ассунта будааст, ки ба ёрӣ мехондааст. Баъд овозаш паст шудан мегирад; аз чиррос ба нолиш мегузарад. Рӯзи дигар, баъди як шаби дарози пур аз даҳшату изтироб, зани Василио, оқибат, ҷуръат карда аз хонааш берун меояд ва аҳли маҳкама, ки ӯ қазияро ба онҳо хабар дода будааст, дари хонаи моро шикаста даромадаанд. Ассунтаро нимсӯхта, вале ҳанӯз ҷондор меёбанд, ҷевонҳо шикастагӣ будаанду аз пул ному нишоне намондааст. Бенедетто бошад, баякбор аз Роялно ғоиб шуд; аз ҳамон дам ин ҷониб ман ӯро надидаам ва номашро ҳам нашунидаам.

– Қиссаи ин рӯйдоди ғамангезро шунида, – давом дод суханашро Бертуччо, – ман ба назди ҷаноби шумо равон шудм. Дигар на дар бораи Бенедитто, ки ғоиб шуда буд, на дар бораи янгаам, ки мурда буд, ҳикоят карданам ҳоҷат надошт.

– Хӯш шумо ин рӯйдодро чӣ гумон бурдед? – пурсид Монте-Кристо.

– Ки ин ҷазои ҷиноятҳои ман аст, – ҷавоб гардонд Бертуччо. – Оҳ, ин Вилфорҳо, хонадони наҳсанд онҳо!

– Ман ҳам чунин гумон дорам, – туршрӯёна гуфт зери лаб граф.

– Акнун, – давом дод Бертуччо суханашро, – ҷанобашон дарёфтагистанд, барои чӣ ин ҳавлӣ, ки аз он дам ин ҷониб ман қадам ба ин ҷо нагузоштаам, ин боғ, ки ғайри чашмдошт, ман дар ин ҷо пайдо шудам, ин ҷой, ки ман одам куштаам, дар қалби ман изтироби пуразобе бедор карда метавонист, ки шумо хостед сабабашро бифаҳмед; рости гап, ман бовар надорам, ки ин ҷо, дар пеши пои ман, дар ҳамон гӯре, ки вай барои тифли худаш карда буд, худи ҷаноби де Вилфор хобида бошад.

– Чӣ аҷаб, ҳар чӣ имкон дорад, – гуфт Монте-Кристо, бархоста истода, – ҳатто он ҳам, – илова кард ӯ андаке шунаво, – ки додситони подшоҳӣ ҳоло зинда аст. Аббат Бузони кори хуб кардааст, ки шуморо назди ман фиристодааст. Шумо ҳам кори хуб кардед, ки саргузашти худатонро ба ман ҳикоят кардед, зеро ман акнун дар ҳаққи шумо гумони бад намебарам. Хуш, ин Бенедиттои ин қадар номуносиб номгузорӣ шуда чӣ? Шумо дигар саъй накардед, ки изашро пайдо кунед, ба чӣ расидани ҳолашро фаҳмидан нахостед?

– Ҳаргиз. Агар дар куҷо буданашро мефаҳмидам ҳам, ба диданаш саъй намекардам, балки аз ӯ, чун аз махлуқи бадҳайбате гурезон мешудам. Не, хушбахтона, даракашро аз касе нашунидаам; умед дорам, ки зинда набудагист.

– Умед набандед, Бертуччо, – гуфт граф. – Бадкирдорон ба осонӣ намемиранд: парвардигор нигаҳбонӣ мекунадашон, то барои интиқоми худаш васила гардонад онҳоро.

– Бигузор чунин бошад. – гуфт Бертуччо. – Ман фақат ба худо зорӣ мекунам, ки рӯбарӯ шудани бо ӯро насиб нагардонад ба ман. Акнун, – давом дод, сарашро хам карда, мубошир, – шумо ҳамаашро медонед, ҷаноби воломақом; дар рӯи замин шумо довари ман астед, чунон ки парвардигор–дар осмон; оё ба тасаллои дили ман ягон чиз мегӯед?

– Оре, шумо ҳақ астед ва ман он чиро такрор карда метавонам, ки аббат Бузони мегуфт ба шумо; ин Вилфоре, ки шумо ба сараш мушт кашидаед, барои кирдоре, ки дар ҳаққи шумо содир кардааст, мустаҳиққи ҷазост ва шояд, барои баъзе корҳои дигараш ҳам; агар Бенедетто зинда бошад, дар он сурат вай, чунон ки ба шумо гуфтам, василаи кайфари худованд қарор меёбад, сипас худаш низ ба ҷазо хоҳад расид. Шумо бошед, зотан метавонед фақат дар як масъала худро маломат бикунед: аз худатон бипурсед, чаро, ин тифлро аз марг наҷот дода истода, ба модараш барнагардондед ӯро; ана дар чист гуноҳи шумо, Бертуччо.

– Оре, ҷаноби воломақом, дар ин кор гунаҳкорам ман, буздилие рафт аз ман. Даме ки ҷони кӯдакро раҳондам, ман бояд, чунон ки шумо гуфтед, ӯро ба модараш бурда медодам. Аммо барои ин кор ба ман лозим буд баъзе иттилоот ҳосил мекардам, диққати касонро ба худ ҷалб мекардам, шояд худамро баста медодам. Ман мурдан намехостам, янгаам ва ҳубби нафси модарзодии корсикоиям, ки мехост музаффарона ва то ба охир интиқом ситонад, маро пойбанди зиндагӣ карда буданд ва, ниҳоят, ман дилбастаи зиндагӣ будаму бас. Ман он қадар диловар нестам, ки бародари бечораам буд!

Бертуччо ба ҳар ду даст рӯяшро пӯшонд, вале Монте-Кристо нигоҳи тӯлонию мармузие бар вай дӯхт.

Сипас, баъди хомӯшии якдақиқаина, ки замону макон мутантании бештаре бар он ато карда буданд, граф бо лаҳни ғайри одатие дар тарзи гуфтораш ба забон овард:

– То ин ки охирин гуфтугӯямро дар боби ин ҳама рӯйдодҳо сазовор ба поён расонда бошем, аз ёд набароред, Бертуччо, ин суханонеро, ки ҳар гоҳ аз аббат Бузони мешунидам ман: «Ҳар гуна аноеро ду чиз давост–вақту соат ва хомӯшӣ». Мана акнун ман мехоҳам дар сатҳи боғ гардиш кунам. Он чи барои шумои иштирокчии рӯйдодҳои даҳшатбор гаронӣ дорад, дар замири ман ғолибан эҳсосоти гуворое бармеангезад ва қимати ин милкро дуболо мекунад. Оё медонед, Бертуччо, хубии дарахтон фақат дар он аст, ки соя медиҳанд, лекин хубии худи соя фақат дар он аст, ки ба хаёлу орзу кардан вомедорад. Ана ман боғе харидам ба гумони ин, ки фақат ҷои иҳотадоре ба даст меоварам, – лекин ин ҷои иҳотадор яке боғе мебарояд, ки дар он ашбоҳе гашту гузор доранд берун аз қарордод. Вале ман хушдори ашбоҳам, ҳаргиз нашунидаам, ки мурдагон дар зарфи шаш ҳазор сол ин қадар бадӣ карда бошанд, ки дар як рӯз зиндаҳо мекунанд. Ба хона баргардед, Бертуччо, ва осуда бихобед. Агар дар соати вопасин пиратон мисли аббат Бузонӣ он қадар бараҳму шафқат набошад, маро даъват кунед, агар то он вақт зинда бошам ман, ва ман суханоне пайдо мекунам, ки рӯҳатонро шод мегардонад, даме ки рӯх ба сафари роҳи мушкиле озим мегардад, ки абадият ном дорад.

Бертуччо бо эҳтиром сар пеши граф хам карду оҳи бадарде кашида дур шуд.

Монте-Кристо танҳо монд; ӯ чанд қадам роҳ гашт.

– Ин ҷо, пеши ҳамин чинор гӯр аст, ки тифл ниҳода шуда буд, – зери лаб гуфт ӯ, – он ҷо – дарича, ки аз он боғ даромадаанд; дар он гӯша зинапояи пинҳонӣ, ки ба хонаи хоб мебарад; гумон намекунам, ки дар дафтарчаи қайд сабт кардани ҳамаи ин зарур бошад, зеро ин ҷо дар пеши назари ман, зери по атроф – нақшаи табии возеҳ.

Граф бори дигар боғро давр зада, ҷониби карета рафт. Бертуччо, ба андеша фурӯ рафтани ӯро дида, хомӯш дар паҳлӯи фойтунчӣ нишаст.

Карета роҳи Парижро пеш гирифт.

Худи ҳамон бегоҳ ба хонаи воқеъ дар Заминҳои Елисеяш баргашта, граф Монте-Кристо тамоми хонаҳои биноро давр зада баромад, чунон ки касе ин корро карда метавонист, ки солҳо боз ин манзилро медонист; ва гарчи ӯ пеш–пеши дигарон мерафт, ягон бор дареро ғалат накард ва зинапоя ё роҳраверо монда ба дигар самт нарафт, ки ғайри муддаову дилхоҳаш бошад. Дар ин муоянаи шабона Алӣ ҳамроҳи ӯ буд. Граф ба Бертуччо роҷеъ ба зебу ороиш ва таъйиноти хонаҳо баъзе фармоишҳо кард ва ба соат нигариста, ба Алӣ, ки бо диққати тамом гӯш дода меистод, гуфт:

– Соат ёздаҳу ним шудааст. Гайда ҳамин замон бояд омада расад. Оё хидматгордухтарони фаронсавӣ огоҳ карда шудаанд?

Алӣ бо даст он ҳиссаи хонаро нишон дод, ки барои нозанини албанӣ таъйин гардида буд; ин ҳиссаи хона ба ҳадде аз назар ниҳон буд, ки агар ба рӯи дараш қолие фурӯ меовехтанд, тамоми хонаро давр задану пай набурдан мумкин буд, ки он ҷо боз як меҳмонхонаю ду дар утоқи иқоматие ҳаст; Алӣ, чунон ки пеш аз ин гуфтем, бо дасташ ин дарро нишон дода, се ангушти дасти чапашро бардошту сарашро рӯи кафи ҳамин дасташ гузошта, чашмонашро пӯшонд, яъне ки он ҷо хобидаанд онҳо.

– Мефаҳмам, – гуфт Монте-Кристо, ки ба ин тарзи гуфтугӯ одат карда буд, – сеяшон дар хонаи хоб интизори ваянд, ҳамту не?

– Оре, – гуфт Алӣ.

– Хонум хаста шуда меояд имрӯз, – давом дод суханашро МонтеКристо, – ва, шояд зуд майли хоб кунад; бо вай ҳамгап шудан лозим не; хидматгордухтарони фаронсавӣ бояд ба хонуми навашон фақат дуруд гӯянду дур шаванд; бохабар шав, ки хидматгордухтарони юнонӣ бо фаронсавидухтарон ҳамгап нашаванд.

Алӣ таъзим кард.

Дере нагузашта овозе ба гӯш расид, ки ҳоҷибро садо мекард; дарвоза боз гардид, ба гулгашт каретае ворид гардиду назди дари даромад бозистод.

Граф поён фуромад; даричаи карета алакай боз буд; ӯ ба ҷавондухтари сар то қадамаш ба сарандози абрешимии сабзи яксара зардӯзӣ шуда фурӯ печидае даст дароз кард.

Духтарак дасти сӯяш дароз шударо бигирифт, бо меҳру эҳтироми саршор бӯса ба он дод ва чанд калимаи диловезе ба забон овард, ки граф бо ҷиддияти меҳрогин ба ҳамон забоне ҷавоб гардонд, ки пирамард Ҳомер дар афвоҳи худоёнаш ниҳода буд.

Сипас, пеш–пеши Алӣ, ки шамъи мумии гулобӣ дар даст дошт, духтарак–ҳамон нозанини албание, ки дар Итолиё ҳамроҳи Монте-Кристо буд, – ба он ҳиссаи хона гузашт, ки барои худаш таъйин шуда буд, баъди ҳамин граф бозгашта ба манзили худаш рафт.

Соати дувоздаҳу ним кулли чароғони хона фурӯ кушта шуданд ва гумон бурдан мумкин буд, ки ҳама осуда хобидаанд.

пешина
аз 99
навбатӣ