Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
VII. ХУНБОРОН
Гавҳарӣ аз дар даромада, санҷишкорона хонаро аз назар гузаронд, вале он ҷо чизе надид, ки шубҳае ба миён оварад, ё гумонашро тақвият диҳад.
Кадрусс ҳоло ҳам болои қапчуқу зарҳояшро бо даст пӯшонда меистод, Карконта, то метавонист, бо чеҳраи кушод ҷониби меҳмон табассум кард.
«Аҳа, – гуфт гавҳарӣ, – аз афташ, ҳоло ҳам бим доред, ки дар ҳисоб ғалат накарда бошед, модом ки баъд аз рафтани ман боз ба ҳисоб кардани дороиатон даромадаед».
«Э не, – гуфт Кадрусс, – лекин худи мавриди инро ба мо ато карда ин қадар ғайри чашмдошт буд, ки мо ҳеҷ ба хандидани бахтамон бовар кардан наметавонем ва агар далели шайъӣ дар пеши назарамон намебуд, ҳоло ҳам ба назарамон хобу хаёл метобад ин».
Гавҳарӣ табассум кард.
«Дар хонаи шумо ягон кас шаб хоб меравад?» – пурсид ӯ.
«Не, – ҷавоб гардонд Кадрусс, – дар мо ин хел расм нашудааст; то шаҳр он қадар дур нест ва ҳеҷ кас шаб ин ҷо намемонад».
«Аз ин мебарояд, ки ман ба шумо боиси ташвиш мешудаам–дия?» «Наход ҳамту гӯед, тақсир! –бо илтифот гуфт Карконта. – Зарае ташвиш намедиҳед, бовар кунед ба гапам».
«Дар куҷо ба ман ҷой меандозед?»
«Дар хонаи боло».
«Охир вай ҷои хоби худатон–ку?»
«Аҳамият надорад; дар хонаи ҳамшафати он мо кати дигаре дорем». Кадрусс бо ҳайрат тарафи занаш назар кард.
Гавҳарӣ кадом–як навоеро замзамакунон, дар назди бухорие, ки Карконта ба он як қабза шохчаи хушк партофта буд, то меҳмон пӯшокашро хушк кунад, гарм шудан гирифт.
Дар ин миён кадбону дар як гӯшаи миз дасторчаеро паҳн карду боқии андак наҳору тухмбирёнро рӯи он гузошт.
Кадрусс бори дигар пулҳои коғазиро дар қапчуқу сиккаҳоро дар халта ҷо кард ва ҳамаашро даруни ҷевон гузошт. Ӯ ғарқи андешаи мағмум рӯ–рӯи хона пасу пеш қадам мезад, гоҳ–гоҳе ба гавҳарӣ, ки дар миёни фағонаи ҳавр пеши бухорӣ истодаву як паҳлуяшро хушк кардаву паҳлуи дигарашро тарафи алов мегардонд, назар меафканд.
«Мана! –гуфт Карконта, як шиша майро рӯи миз гузошта. – Агар майл дошта бошед, ба сарфи хӯроки шом бипардозед».
«Шумо чӣ?» – пурсид Жоаннес.
«Ман хӯрок намехӯрам», – ҷавоб гардонд Кадрусс.
«Мо бемаҳал наҳор хӯрда будем», – шитобан барафзуд Карконта. «Пас як худам танҳо мехурдаам–дия!» – пурсид гавҳарӣ.
«Мо хидмати шуморо ба ҷо меоварем», – ҷавоб гардонд Карконта бо омодагие, ки ҳаргиз ба муштариёни пулакӣ ҳам намекард ин корро. Гоҳ–гоҳе Кадрусс ҷониби занаш нигоҳи чун шӯълаи барқ зудгузаре меандохт.
Раъду барқ ҳоло ҳам басанда нашуда буд.
«Ана, мешунавед? – гуфт Карконта. – Кори хуб кардед, ки гашта омадед, ҳамту не?»
«Лекин агар, то хӯрокро хӯрдани ман тӯфон басанда шавад, ман ба ҳар ҳол меравам», – гуфт гавҳарӣ.
«Ин тӯфони мемондагӣ не, – гуфт, калла ҷунбонда, Кадрусс, – ин то саҳар давом мекунад».
Ва ӯ оҳи бадард кашид.
«Хайр, чӣ метавон кард, – гуфт гавҳарӣ, сари миз нишаста, – ин тавр бошад, аҳволи касони дар сафар боз ҳам бадтар аст».
«Оре, – гуфт Карконта, – шабро бад мегузаронанд онҳо».
Гавҳарӣ ба хӯрдан даромад, Карконта бошад, чунон ки кадбонуи ғамхорро мебояд, ҳамчунин дилҷӯию дастёрӣ мекард; ӯ ки доимо як зани шаттоҳу инҷиқе буд, ин дам дар хушмуомилагию баодобӣ ангуштнамо мерасид ба назар. Агар пеш аз ин ҳам гавҳарӣ ӯро мешинохт, ин гуна тағйироти назаррас дар хулқу атвораш, албатта боиси ҳайрат мешуд ва дар замираш шубҳае ба вуҷуд наоварда наметавонист. Лекин Кадрусс ҳамчунин хомӯш рӯ–рӯи хона қадам мезад ва ба назари кас, ки аз нигаристан ба рӯи меҳмон ибо мекард.
Вақте ки ӯ аз хӯрок хӯрдан фориғ шуд, Кадрусс рафт дарро кушояд. «Тӯфон басанда мешудагӣ барин» – гуфт ӯ.
Дар ҳамин лаҳза, мисле ки иштибоҳ кардани ӯро намоиш доданӣ бошад, валвалаи гӯшхароши тундар хонаро ба ларза овард; вазиши бод боронро гардонда ба дар зад; занаш аз ахгари даруни бухорӣ шамъро фурӯзон кард.
«Шумо, эҳтимол, хаста шуда бошед, – гуфт занак ба гавҳарӣ, – ман ҷойпӯшҳои тоза андохтам, боло раведу бароҳат хоб кунед».
Жоаннес боз андак таваққуф кард, то бингарад, тӯфон паст мешуда бошад ё не, ва, боварӣ ҳосил кард, ки тӯфону борон, баръакс, қувват гирифта истодааст, ба соҳибони хона шаби хӯш хоста, боло рафт.
Ӯ бо зинапояи болои сари ман мебаромад ва ман дар зери қадамҳояш ғарчос задани поғундаҳоро мешунидам.
Карконта ӯро бо нигоҳи ҳарисаш гуселонд, ҳол он ки Кадрусс, баръакс, пушт ба ӯ гардонда меистод ва ҳатто ба тарафаш нигоҳ намекард.
Тафсилоти ин ҳама воқиаҳое, ки ман онҳоро баъдтар ба ёд овардам, то даме, ки ҳама дар пеши назарам ба амал меомаданд, зарае маро ба ҳайрат наоварда буданд; умуман, ҳар он чи ба амал меомад, як амри табиӣ буд ва агар кас воқиаи алмосро, ки ба назари ман хеле аз воқеият дур намуда буд, ба ҳисоб нагирад, дигар ҳама алоқамандона ба якдигар ҷараён мегирифт.
Ман сахт хаста шуда будам, вале ният доштам, аз аввалин дақиқаҳое, ки борон ором мегираду тӯфон фурӯ менишинад, истифода барам, бинобар ин қарор додам чанд соате бихобам ва нисфишабӣ аз ин ҷо бадар равам.
Мешунидам, ки дар боло гавҳарӣ дар тараддуди бароҳат хобидан буд. Дере нагузашта ғарчоси кат баромад; ӯ ба хоб рафт.
Ҳис кардам, ки чашмонам пӯшида шуда истодаанд ва азбаски дар дилам зарае шубҳа набуд, кӯшиши ба хоб муқобилат варзидан ҳам накардам; охирин бор ба хонаи шафат назар андохтам. Кадрусс назди миз, рӯи хараке нишаста буд, ки дар трактирҳои деҳот ба ҷои курсӣ буд; вай ба ман пушт гардонда менишаст, бинобар ин ман чеҳраашро дидан наметавонистам ва агар нишасташ тарзи дигар мебуд ҳам, ман рӯяшро дидан наметавонистам, зеро сарашро рӯи дастонаш хам карда мешишт.
Карконта муддате ӯро назора мекард, баъд китф дарҳам кашиду дар рӯбарӯяш нишаст.
Дар ҳамин лаҳза оташ ба як чӯбаи хушке, ки то ба ҳол насӯхта меистод, расиду он аланга гирифт; хонаи торик андаке равшан гардид. Карконта аз шавҳараш чашм намеканд ва азбаски Кадрусс вазъашро дигар накарда менишаст, вай ангуштони тобпартофтаашро дароз карду даст ба пешонии ӯ расонд.
Кадрусс як қад парид. Ба назарам чунин тофт, ки лабони Карконта биҷунбиданд; лекин ё вай бисёр паст гап зад, ё хоб эҳсоси маро карахт карда буд, ки садои овозаш ба гӯшам нарасид. Пеши чашмонам ғубор гирифт, намедонам, ки инро дар бедорӣ медидам ё дар хоб. Оқибат, пилки чашмонам ба ҳам омаду аз олам бехабар гардидам.
Дар хоби маст будам, ки ногоҳ садои тир бедорам кард, баъд овози муҳибе ба гӯшам расид. Дар болои сарам шарфаи қадамҳои ноустувор баромад ва ким–чии вазнин гурси карда ба рӯи поғундаҳо афтод, айнан дар ҳамон ҷои зинапоя, ки ман дар зераш нишаста будам.
Ман ҳанӯз на тамоман ба худ омада будам. Садои нолише ба гӯшам мерасид, баъд хафа–хафа дод гуфтане, мисле ки дар ҷое заду хӯрд ба амал меомад.
Вопасин садои фиғоне, ки аз дигарҳояш тӯлонитар буду баъд он ба нолиш табдил ёфт, ба як бор маро аз ҳолати карахтӣ берун овард.
Ман ба оринҷам такя карда нимхез шудам, чашм боз кардам, вале дар торикӣ чизеро дидан натавонистам ва даст ба пешониам расондам, ки ба хаёлам, аз миёни тахтаҳои зинапоя чак–чак қатраҳои борони гарм фурӯ мечакид ба он.
Аз паси шавқуне, ки маро аз хоб бедор карда буд, хомӯшии томе ба миён омад. Ман дар болои сарам садои қадамҳои мардеро шунидам; зинапоя ғачарос зад. Мард ба хонаи поён фуромад, назди бухорӣ рафту шамъро даргиронд.
Ин Кадрусс буд; рангаш паридагиву куртааш хунолуд.
Шамъро даргиронда, вай зуд аз зина мебаромад ва ман боз шарфаи қадамҳои батаъҷилу пуризтиробашро шунидам.
Баъди ягон дақиқа боз поён фуромад. Қоб дар дасташ буд; ба дарунаш будани алмос итминон ҳосил карда, вай онро гоҳ ба ину гоҳ ба он кисааш тиқондан гирифт; баъд, аз афташ, қарор дод, ки киса чандон ҷои боэътимоде нест, онро ба рӯмолчаи сурхаш печонду рӯмолчаро ба гарданаш баст.
Баъд тарафи ҷевон ҳаво хӯрд, тиллову пулҳои коғазиро аз он баровард, дар кисаҳои шалвору нимтанааш ҷо кард, ду–се курта гирифту хез зада аз дар баромад. Он гоҳ ҳама чиз бароям равшан шуд; ман барои он чи ба вуқӯъ омада буд, худамро коҳиш мекардам, мисле ки дар ин кор айбдор бошам. Аз хаёлам гузашт, ки касе нолиш дорад; шояд, гавҳарии сарсахт ҳоло зинда буд; шояд, ба вай ёрӣ карда, фалокатеро, ки ман нахезонда бошам ҳам, монда будам рух диҳад, як дараҷа ба ислоҳ оварда метавонистам. Ман пуштамро ба тахтаи амонат кӯфта шудае, ки ҳамин хонаи иловагии ман хобидаро аз хонаи ошёнаи якум ҷудо мекард, такя дода тира кардам; тахтаҳо ҷудо шуданд ва ман ба хона даромадам.
Ман шамъро гирифтаму бо зинапоя боло тохтам; дар сари роҳ ҷасади касе афканда мехобид; ин мурдаи Карконта буд.
Тире, ки садояш ба гӯши ман расида буд, ҳадафаш занак будааст; тир ба гарданаш расида, сӯрох кардааст онро, аз ҳар ду ҷароҳат хун мечакиду аз даҳонаш фахос зада берун мерафт.
Ӯ мурда буд.
Ман аз болои ҷасад қадам монда гузаштаму боло тохтам.
Хонаи хоб сахт дарҳаму барҳам шуда буд. Баъзе ашёи асосия чапагардон; ҷойпӯшҳое, ки гавҳарии сарсахт бо ташаннуҷ чанг ба онҳо зада буд, дар рӯи хона паҳну парешон буданд; Худаш рӯи фарш афтода буд, сараш ҷониби девор, даруни кӯлмаки хуне, ки аз се захми чуқури сари синааш берун меомад.
Аз захми чорум дастаи корди калони таббохӣ баромада меистод.
Тапончаи дуюм ба поям бархӯрд, аз он тир холӣ накардаанд, эҳтимол аз он бошад, ки боруташ тар шудагист.
Ман назди гавҳарӣ рафтам, ӯ ҳанӯз зинда буд; аз шарфаи пои ман, лекин асосан аз ларзиши фарш, вай чашмони бенурашро боз карда, ба ман дӯхт чашмонашро, лаб ҷунбонд, мисле ки ягон чиз гуфтанӣ буд ва ҷон дод.
Аз ин манзараи даҳшатбор ман қариб ки ақламро бохта будам; модом ки ба касе ёриам намерасид, фақат як чиз мехостам: бигрезам. Ман сарамро доштаму бо ваҳшат дод зада ҷониби зинапоя тохтам.
Дар хонаи поён як–шаш нафар тафтишгарони гумруку ду–се жандарм будаанд, – як дастаи мусаллаҳи тамом.
Маро дастгир карданд; ман ҳатто кӯшиши муқобилат ҳам накардам, дигар қудрате надоштам, ки худро ба даст гирам... Кӯшиш кардам чизе бигӯям, вале нимғурма садое аз даҳонам берун омаду бас.
Медидам, ки аҳли гумруку жандармҳо бо ангушт ба ман ишорат доранд; ман ба сару рӯям назар кардам – ҳама пури хун буд.. Ҳамон борони гарме, ки аз миёни тахтаҳои зинапоя фурӯ мечакид, хуни Карконта будааст.
Ман бо ангушт ҳамон ҷоеро нишон додам, ки руст шуда будам.
«Ин чӣ гуфтан мехоҳад?» – пурсид яке аз жандармҳо.
Яке аз аҳли гумрук он ҷоро хабар гирифт.
«Гуфтан мехоҳад, ки аз он ҷо гузаштааст», – ҷавоб гардонд ӯ. – Ва рахнаеро нишон дод, ки ман воқеан аз он гузашта будам.
Он гоҳ ман дарёфтам, ки маро қотил гумон бурдаанд. Овозам барқарор шуд, ба танам мадор омад; ман аз дасти касоне, ки маро дошта меистоданд, хато хӯрдаму дод задам:
«Ин на манам! Ман не!»
Ду жандарм туфангҳояшонро ҷонибам рост карданд.
«Агар биҷунбӣ, – гуфтанд онҳо, – корат тамом».
«Охир ман ба шумо гуфта истодаам, – нидо задам ман, – ки ин на манам!»
«Ҳамаи инро ту метавонӣ дар Ним ба доварон ҳикоят кунӣ, – ҷавоб гардонданд онҳо. – Ҳоли ҳозир аз паси мо биё; ва маслиҳати мо ба ту ин ки муқобилат накун».
Ман ҳам андешаи муқобилат надоштам; ба даҳшат афтода будам ман, маъюсу манкуб шуда. Завлона ба дастам заданд, ба думи асп дарбастанду ба Ним бурданд.
Маълум мешавад, ки яке аз одамони гумрук дар паи ман афтода будааст; дар қарибии трактир вай маро аз назар гум карда, гумон бурдааст, ки ман шабро он ҷо мегузаронам ва рафтааст, рафиқонашро огоҳ кунад; онҳо айнан ҳине ба трактир ҳозир шудаанд, ки садои тир баромадааст ва маро дар чунин вазъе дастгир карданд, ки ман дар як он пай бурдам собит кардани бегуноҳиам ниҳоят душвор хоҳад буд.
Он гоҳ ман фақат ба як чиз зӯр задам: пеш аз ҳама аз муфаттиш илтимос кардам, ки бифармояд Бузони гуфтани аббатеро, ки ҳамон рӯз ба трактири «Пули Гар» омада будааст, кофта ёбанд. Агар Кадрусс ҳамаи инро бофта бошад, агар ин аббат вуҷуд надошта бошад, – пас нобуд шудам ман, магар ки худи Кадруссро дастгир кунанду вай ба ҳамааш иқрор кунад.
Аз байн ду моҳ гузашт, ки дар ин муддат, бояд инро ба некномии муфаттиши ман бигуфт, барои ҷустуҷӯи аббат тамоми чораҳо дида шуд. Ман акнун ҳар гуна умедро канда будам. Кадруссро наёфтанд. Маро бояд дар наздиктарин иҷлосия муҳокима мекарданд, ки нохост ҳаштуми сентябр, яъне баъди се моҳу панҷ рӯзи куштор, аббат Бузони дар маҳбас пайдо шуд, ки ман дигар интизораш набудам ва гуфт ки шунидааст гӯё яке аз маҳбусон хоҳиши бо ӯ гуфтугӯ кардан доштааст. ӯ, аз рӯи гуфти худаш, инро дар Марсел шунидаасту шитобидааст, ки ба салои ман ҳозир шавад.
Шумо метавонед тасаввур бикунед, ки бо чӣ шодие ман ӯро пазиро шудам; ҳар он чи дидаву шунида будам, ба вай ҳикоят кардам; бо изтироб ба ҳикоят кардани қазияи роҷеъ ба алмос пардохтам; бар хилофи ҳар гуна чашмдошти ман, қиссаи алмос воқиан рост будааст; ва, боз ҳам бар хилофи ҳар гуна чашмдошти ман, ӯ ба ҳар он чи ман ҳикоят кардам, комилан бовар кард.
Ман асири нармдилию шафқати ӯ шудам, дидам, ки хулқу атвори диёри ман ба вай хеле ошно будааст, – он гоҳ ба умеде, ки, шояд, аз даҳони ин марди мушфиқ дар муқобили ягона ҷиноятам омӯрзише биёбам, он чи дар Отейл ба вуқӯъ омада буд, бо тавбаю тазаррӯъ ҳамаро бо ҷузъиёташ ҳикоят кардам. Он чи ба амри дил карда будам, ҳамин гуна натиҷае дод, ки агар ин корро бо мақсаде пеш мегирифтам; иқрор карданам ба куштори аввал, ки ҳеҷ чиз маро ба қоил омадан водор накарда буд, ба ӯ итминон бахшид, ки куштори дуюмро пеш нагирифтаам ман ва, ӯ, аз наздам рафта истода ба ман фармуд умед бандам ва ваъда кард ҳар он чи аз дасташ меояд, бикунад, то ба доваронам аз ваҷҳи бегуноҳии ман итминон бахшад.
Ман дарёфтам, ки ӯ ба кори ман пардохтааст, даме дидам, ки муомилаи аҳли маҳбас дар боби ман батадриҷ нармтар шуда истодааст ва фаҳмидам, ки муҳокимаи парвандаи ман то иҷлосияи оянда мавқуф гузошта шудааст.
Дар ин миён иқтизои қисмат чунин буд, ки дар хориҷа Кадруссро дастгир кардаву ба Фаронса овардаанд. Ӯ ба ҳамааш иқрор омадааст ва қасди ҷинояту таҳрики онро билкул ба гардани занаш партофтааст. Ӯро ба ҳабсу меҳнати шоқаи якумра маҳкум карданду маро ҷавоб доданд.
– Ва он гоҳ, – гуфт Монте-Кристо, – шумо бо тавсияномаи аббат Бузони назди ман омадед.
– Оре. ҷаноби воломақом, ӯ дар раҳоии ман иштироки фаъол кард.
«Пешаи аҳли қочоқ нобуд мекунад шуморо, – гуфт ӯ ба ман. – Агар аз ҳабс халос шавед, партоед ин корро».
«Лекин, падари бузургвор, – пурсидам ман, – ба чӣ тариқ зиндагӣ кунаму ротибаи янгаи сарсахтамро муҳайё гардонам».
«Яке аз фарзандони рӯҳонии ман, – ҷавоб гардонд ӯ, – ба ман эҳтироми хос дорад ва ба ман фармудааст, ки барояш шахси мӯътамаде пайдо кунам. Оё мехоҳед, ки чунин шахсе бошед? Ман шуморо ба ӯ тавсият медиҳам».
«Падари бузургвор! – нидо задам. – Чӣ меҳрубоне ҳастед шумо!»
«Лекин ба ман қавло дода метавонед, ки ман ҳаргиз аз карда пушаймон намешавам?»
Ман даст бардоштам, ки савганд ёд кунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё