Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Рутвен – лорд Рутвен – қаҳрамони романи даҳшатҳои нависандаи фаронсавӣ Шарл Нодйе (1780–1844) «лорд Рутвен» ё «Вампирҳо» (1820).
Руҷйерӣ – Козимо Руҷйерӣ (вафоташ 1615), ситорашиноси итолёӣ, ки бо даъвати Екатерина Медичӣ ба Фаронса омада, дар дасисаҳои ӯ ширкат доштааст.
Сад рӯз – давраи бори дигар (баъди фирор аз ҷазираи Элба) ба императорӣ нишастани Наполеони I Бонопарт, ки бо ҳуҷуми артиши иттиҳоди давлатҳои аврупоӣ (дар қарибии Ватерлоо) ӯ торумор гардида, бори дуюм аз ҳокимият даст кашида буд.
Салватор Роза (1615–1673), рассоми итолиёӣ.
Санитар – корманди хурди тиб; парстор.
Сардинӣ – лаҳҷаи сардинӣ – лаҳҷаи гуфтори аҳли ҷазираи Сардиния – ҷазирае дар баҳри Миёназамин, дар ҳайати давлати Итолиё.
Сантим – тангаи майда ва воҳиди ҳисобу китоб дар Фаронса ва чанд кишвари Аврупо; ба I/100 франк баробар аст.
Саутҳемптон – шаҳр ва бандар дар Бритониёи Кабир, дар соҳили гулӯгоҳи Ла–Манш.
Саҳрои Кабир – калонтарин биёбони ҷаҳон, ки дар китъаи Африқо воқеъ аст; дар адабиёти русизабон «Сахара» ном дорад.
Сезар Борҷиа – писари папаи Рим Александрии Шашум, ҳокими Рим, ки чун падараш ҳариси сарват ва дасисабоз буд.
Секундант – миёнҷӣ ва шоҳиди ҳар кадом аз иштирокдорони дуэл.
Сена – даре дар Фаронса, ки асосан дар ҳавзаи Париж ҷорист.
Сенатор – узви сенат, ки органи олии ҳокимият аст.
Сенека – Сенека Лутсий Анне (04–65), нависанда ва файласуфи римӣ. Септимий Север (146–24–и пеш аз милод), императори Рим, асосгузори сулолаи Севериҳо.
Сизиф – дар асотири юнониҳо шоҳи Коринф, ки барои фанд додани худоён ба азоби сахт гирифтор шудааст; таъбири «меҳнати сизифӣ» ба маънои кори сахти бесамар машҳур аст.
Синайӣ – мансуб ба Синай, ки нимҷазираест дар Миср миёни халичи Суэтсу Акаба.
Синор – ба итолиёӣ – ҷаноб.
Сиракуза – шаҳр ва бандар дар Итолиё, дар ҷазираи Ситсилия. Ситсилиҳо – аҳли Ситсилия, ки калонтарин чазира дар баҳри Миёназамин ва ба ҳайати давлати Итолиё дохил аст.
Скудо – тангаи нуқраю тиллои қадимаи итолиёӣ; номи скудо дар тангаи 5–лираӣ боқӣ мондааст.
Сорбонна – коллеҷи фиқҳ ва хобгоҳи умумии донишҷӯёну омӯзгорон дар солҳои 1257–1554 дар маҳаллаи Лотинии Париж; дар солҳои 1554–1792 – факултаи илоҳиёти донишгоҳи Париж дар ҳамон маҳалла; аз асри XVIII Донишгоҳи Париж ном бародошт.
Спагӣ – дар ибтидо корпуси кавалерияи номунтазами туркӣ. Пас аз ишғоли Алҷазоир аз ҷониби фаронсавиён қисмҳои кавалерияи фаронсавии Алҷазоир чунин ном гирифтанд, ки бештари ҳайаташ фарансавиён буд.
Сперонар – зоҳиран навъе аз киштиҳои хурд.
Спиноза – Спиноза Бенедикт (1632–1677), файласуфи бузурги нидерландӣ.
Стилос – тири устухонӣ ё филизӣ барои хат навиштан дар рӯи тахтачаҳои мум молида шуда.
Страда – Страда Фамиано (1572–1649) – муаррихи итолиёӣ. Стосипиони Африқоӣ – ду нафар лашкаркаши римӣ; Калонӣ (тақррибан 235 – тақрибан 183–и пеш аз милод) дар ҷанги 2–юми Пунӣ кӯшунҳои Ганнибалро торумор карда; Хурдӣ (тақрибан 185–139–и пеш аз милод) дар соли 146 Карфагенро хароб карда, ҷаги 3–юми Пуниро ба поён расондааст.
Сфинкс – дар асотири юнониҳо як вуҷуди болдори нимазану нимашере, ки ба роҳгузарон чистони сарбастае гуфта, ҷавобе наёфта онҳоро мехӯрд; ва ба чистонаш ҷавоби Эдипро шунида худро аз шах ба зер афкандааст. Таркиби чистонро ниг: Эдип.
Су – танга, пули майдае дар Фаронса то соли 1799, ки арзишаш ба 1/20 ливр баробар буд.
Суқрот (470–399–и пеш аз милод) – файласуфи юнонӣ.
Суллӣ – Суллӣ Максимилйен де Бетун, барон Ронӣ (1560–1641), арбоби давлатии фаронсавӣ, гугенот; гугенотҳо муқобилони протестантҳоанд, ки бо ишон дар ҷангу кушокушӣ қарор доштанд.
Там–там – номи дигари гонг, ки як олати мусиқии баландовоз аст. Тантал – дар асотири юнонӣ писари Зевс, шоҳи шаҳри Сипили Лидия. Азбаски мағруру золим буд, худоёнро таҳқир кард ва мустаҳиққи азоб гардид: то глулӯ даруни об истода, меваҳои аз шохаҳо овезонро дида, хӯрдану ҳалқ тар карда наметавонист, зеро об шохаҳоро дур меандохт.
Тартана – навъе аз киштӣ, ки дорои як сутун (тир) буда, дар баҳри Миёназамин аз он хеле зиёд истифода мекарданд.
Тараск – махлуқи ӯъҷубаи афсонавӣ.
Татсит – Татсит Публий (ё Гай) Корпелий (қариби 55 қариби 120), муаррихи барҷастаи Рим.
Термидор – номи моҳи ёздаҳуми тақвими ҷумҳурияти фаронсавӣ, ки 19– 20–уми июл – 17–18–и августро дар бар гирифта, аз соли 1793 то 18 давом кардааст; нӯҳуми термидор – рӯзи суқути тартиботи инқилобӣ. Террор – дар матни роман ба маънои замони ҳукмравоии Наполеони I омадааст.
Тибр – дарё дар Итолиё, ки шаҳри Рим дар канори он воқеъ аст.
Тит Ливий (59–17–и пеш аз милод), муаррихи римӣ.
Титсиан – Титсиан (Титсиано Вечеллио, қариби 1476–1477 ё 1489–1490– 1576), рассоми чеҳранигори итолиёӣ.
Товия – Писари Товит, ки ҳар ду персонажи «Китоби Товит» – анд (таълифаш ба забони оромӣ дар асри II–и пеш аз милод). Аммо дар асл шахси малакро ҷавони муқаррарӣ пидошта, ки дар роман омадаат, на Товия, балки падари ӯ – Товит аст.
Токсикология – як соҳаи илми тиб, ки хусусиятҳои физикию кимиёии заҳрҳоро дармеомӯзад: тарзи таъсир кардани заҳрҳо ба организм зинда; нишонаҳои заҳролудшавӣ; раҳои аз таъсири заҳрҳо, инчунин шаклҳои истифодаи манфиатбахши заҳрҳо ва ғайра.
Торвалдсен – Торвалдсен Бертел (1768–1844), офарандаи барҷастаи ҳайкалҳои кӯдакона.
Тоскана – давлате дар Итолиёи Марказӣ дар асрҳои XVI–XIX.
Тосканӣ – мансуб ба Тосканаи вилояти кунунии Итолиё, ки ба ғайр аз давлати Тосканаи таърихист.
Трактир – ошхонае, ки дар он ҷо май ҳам мефурӯшанд.
Тренк – Фридрих барон де Тренк (1726–1794), моҷароҷӯи олмонӣ. Труфел – навъе аз занбуруғ, ки дар зери хок мерасад.
Тсентиграмм – сантиграмм, яъне садяки грамм.
Тсеримониймайстер – назоратгари тартиботи пазироиҳои бошукӯҳ. Тсехин – тангаи тилло, ки аз соли 1282 дар Венетсия сикка задаанд ба вазни 3,4 г.
Тсиртсея – Кирка, дар асотири юнониҳо соҳирае аз ҷазираи Эя, ки ҳамсафарони Одиссеяро ба хук табдил дода, Одиссеяро як сол дар ҷазираи Эя боздошта будааст.
Туилрӣ – қасре дар Париж, ки яке аз қароргоҳҳои шоҳони Фаронса буд. Тулон – шаҳр ва бандар дар Фаронса, дар канори баҳри Миёназамин. Тулуза – шаҳре дар Фаронса, маркази маъмурии департаменти Гаронни боло.
Турин – шаҳре дар Итолиёи Шимолӣ, маркази вилояти Пйемонт.
Улисс – шакли лотинии номи Одиссей, ки мувофиқи асотири юнониҳо шоҳи Итака буда, дар муҳосираи Троя иштирок дошта ва ҷасуру фарзона ва маккор будааст.
Уститса – навъе аз ҷонварони беустухони баҳрии ғизоӣ.
Уэлсӣ – шоҳзодаи Уэлсӣ; аз соли 1301 ворисони тахти шоҳии Ингилистон ба худ «шоҳзодаи Уэлсӣ» унвон гирифтаанд.
Фаромӯшхона – ниг.Масонӣ.
Фаустина – маъбади Фаустина; ин маъбад ба шарафи зани императори Рим Антонин Пий – Фаустина дар соли 141 бино ёфтааст.
Фаторе – Ҷованнӣ – Франческо Пеннӣ (ё Фаторе, 1488–1528), рассоми итолиёӣ, шогирд, ёвар ва мубошири Рафаэл) 1483–1520).
Фаянсӣ – мансуб ба Фаэнс – шаҳре дар Итолиё, ки маснуоти фаянсӣ бори аввал дар он ҷо истеҳсол шудааст; фаянс – навъе аз маснуоти кулолӣ, аз қабили чинӣ, вале нисбат ба чинӣ пастсифаттару камарзиштар аст.
Ферада – иди провансалиҳо ба муносибати доғ кардан (тамға задан)–и говҳои нар.
Филиппи Август – Филиппи II (1165–1223), шоҳи Фаронса аз соли 1180; дар солҳои 1189–1191– яке аз пешоҳангони юриши 3–юми салибдорон будааст.
Филоктет – дар асотири юнониҳо – дӯсти Ҳеракл. Ҳамроҳи юнониҳо ба соҳилҳои Троя рафта, бояд қурбонигоҳро дар ҷазираи Хрис ба онҳо нишон медод, ки онҳо ба парии муваккали ҷазира қурбонӣ мекарданд. Дар ин сафар Филоктетро мор мегазад. Юнониҳо ӯро дар ҳамон ҷазира фурӯ мегузоранд. Даҳ сол дарду азоб мекашад, то ин ки баъди ишғол шудани Троя аз ҷониби юнониҳо, ҷароҳаташ ба ҳам меояд.
Флавий Веспасион – императори Рим дар асри I.
Фламел – Фламел Никола (1330–1418), кимиёгари машҳури фаросанвӣ. Флоренсия – шаҳрест дар Итолиёи Марказӣ, яке аз марказҳои иқтисодию фарҳангии мамлакат.
Флориан – Флориан Жан–Пйер–Кларӣ (1755–1794), шоир ва нависандаи фаронсавӣ, муаллифи қиссаву романҳои пасториалие, ки дар онҳо зиндагии чӯпонҳоро орому саодатманд тасвир кардааст.
Флот – нерӯ, новигон; флоти тиҷоратӣ – киштиҳои тиҷоратӣ, новигони тиҷоратӣ.
Флуране – Флуране Пйер–Жан–Марӣ (1794–1867), физиологи маъруфи фаронсавӣ, узви Академияи тибби Фаронса.
Фонтана – Фонтана Феличе (1730–1805), кимиёшинос ва табиатшиноси машҳури итолиёӣ.
Фонтенбло – шаҳре дар Фаронса, дар самти ҷануб аз Париж.
Форум – дар Рими Қадим майдон, бозоре, ки маркази ҳаёти сиёсӣ гардида буд.
Фрак – навъе аз либоси мардона, ки пеши доманаш кӯтоҳу ақиби доманаш миёнчоки дароз.
Франк – воҳиди пули Фаронса, ки соли 1799 ба ҷои ливр ҷорӣ шудааст.
Як франк баробари 100 сантим аст.
Франсиски I (1494–1547), шоҳи Фаронса аз соли 1515, аз сулолаи Валуа. Фригӣ – мансуб ба Фригия, ки кишвари бостоние буд дар қисми шимоли ғарбии Осиёи Сағир; кулоҳи фригӣ (фригийский колпак) – каллапӯши фригиҳои қадим, ки барои кулоҳакҳои иштирокчиёни Инқилоби кабири Фаронса ба ҳайси амсила (модел) хидмат мекард.
Фрина – занаки сабукпои маъруфи юнонӣ (асри IV–и пеш аз милод). Фукидид (қариби солҳои 460–396–и пеш аз милод), – муаррихи машҳури юнонӣ.
Фунт – андозаи вазн, ки дар забонҳои аврупоӣ аз 307,3 то 453,6 г калавиш дорад.
Фут – андозаи дарозӣ, ки баробари 30,48 см аст.
Херес – майи сафеди баланд.
«Хирс ва Пошо» – водевил – намоишномаи хурди ҳаҷвии драманависи фаронсавӣ Э.Скриб (1791–1861).
Хайдн – Хайдн Франс Йозеф (1732–1809), бастакори австрӣ.
Хартвел – бадарғашудаи Хартвел – Лудовики XVIII дар назар аст, ки дуюмбора ба подшоҳии Фаронса расида буд.
Ҳафт модагови фарбеҳу ҳафт лоғар – ишора ба қиссаи ҳазрати Юсуф, ки хоби фармонравои Миср – ҳафт соли фаровонию ҳафт соли қаҳти пайдарпайро – таъбир кардааст.
Ҳомер – шоири достонии ҳамосасарои Юнони Қадим, ки таълифи «Илиада» ва «Одиссея»-ро аз аҳди атиқа ин ҷониб ба ӯ мансуб медонанд; «ба ҳамон забоне ҷавоб гардонд, ки пирамард Ҳомер дар афвоҳи худоёнаш ниҳода буд», гуфтани Дюма чунин маъно дорад, ки Монте Кристою Гайда ба юнонии қадим ҳарф мезаданд.
Ҳофман – Ҳофман Эрнст Теодор Амадей (1776–1822), нависанда, рассом ва бастакори олмонӣ. Осори Ҳофман дар руҳияи мармузию романтикӣ эҷод шуда, пур аз персонажҳои таҳайюлианд ва дар онҳо воқеият ҳамчун муҳити тираи қувваҳои ғайритабиӣ пеш меояд.
Чандарнагор – занҳои чандарнагорӣ – занҳои ҳунармани ҳиндӣ. Чемборазо – вулқони хомӯшшудае дар нишебии шарқии Кордилйераи Ғарбии Анди Эквадор.
Червон – червонетс – номи тангаҳои тиллои кишварҳои хориҷӣ.
Чоруми апрел – рӯзи суқути империяи наполеонӣ ва бадарға шудани император ба ҷазираи Элба.
Ҷентелмен – дар ҷомиаи Ингилистон – «одами дупа дуруст», яъне касе, ки дастури ахлоқро пурра ба ҷо меоварад.
Ҷотто – Ҷотто ди Бондоне (1266 ё 1267 – 1337), рассоми машҳури итолиёии ибтидои давраи Эҳё.
Шамберӣ – шаҳрест дар Фаронса, маркази маъмурии департаменти Савой.
Шнетс – Шнетс Жан–Виктор (1789–1870), рассоми фаронсавӣ.
Эдип – дар асотири юнониҳо писари Фиви худо. Эдип ба чистони сфинкс: «Кист, ки саҳар дупоя, зуҳр чорпоя, шом сепоя роҳ мегардад?», ҷавоб гуфтааст: «Инсон дар тифлӣ, миёнсолӣ ва пирӣ». Сфинкс мағлуб шуда худашро нобуд мекунад.
Эдуарди IV (1442–1483) – шоҳи Ингилистон аз соли 1461, ки амакаш – Ричари III – аз тахт фуроварда худаш ба таҳт нишастааст ва фарзандони ӯ Эдуарди V ва бародари хурдашро куштааст.
Эку – тангаи фаронсавии аввал ба тилло, то соли 1653 баъд ба нуқра, то соли 1793, сикка зада мешуд.
Эол – дар асотири юнониҳо – ҳукмфармои шамолҳо.
Эпир – вилояти таърихию ҷуғрофие дар Юнони Қадим.
Эпирӣ – мансуб ба Эпир, ки номи вилоят аст.
Эскулап – худои муолиҷату табобат дар асотири римиён. Маҷозан ба маънои пизишк кор фармуда мешавад.
Этрурия – шоҳигарии тобеъ ба Фаронса дар Итолиё, ки дар солҳои 1801– 1807 аз ҷониби Наполиони Бонопарт дар хоки Тоскана ташкил дода шудааст.
Юнона – дар асотири римиён яке аз худозанҳои баландпоя, ҳамсари Юпитер.
Юпитер – дар асотири мисриён худои осмон, равшании рӯз ва раъду барқ; лақабаш – Барқандоз. Ҳамтои юнониаш Зевс.
Якови Дуюм (1633–1701) – шоҳи Ингилистон дар солҳои 1625–1658; дар рафти табадуллоти давлатӣ – 1888 – 1889 аз тахт афтодааст.
Яхта – сафинаи бодбондори таъйиноти саёҳати баҳрӣ дошта.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё