Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
VI. ВЕНДЕТТА
– Аз чӣ мефармоед, ҷаноби воломақом, ки сар кунам.
– Э аз ҳар чӣ ки мехоҳед, – гуфт Монте-Кристо, – охир ман умуман ҳеҷ чизро намедонам.
– Лекин ба назари ман, ки аббат Бузони ба шумо гуфта бошад..
– Бале, тафсилоти баъзе чизҳоро; вале аз байн ҳафт–ҳашт сол гузашт ва ҳамааш аз ёдам рафтааст.
– Хӯш ман метавонам аз дилбазан шудани ҷанобашон натарсида...
– Ҳикоят кунед, Бертуччо, ҳикоят кунед, ҳикояти шумо ҷои шомномахониро мегирад.
– Ин воқиа соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум сар шуда буд.
– Ҳамту–я! – гуфт Монте-Кристо. – Ин воқиаи кӯҳна будааст–дия.
– Оре, ҷаноби воломақом, ҳол он ки тафсилоти ин рӯйдод чунон дар лавҳи хотирам сареҳ нақш бастааст, ки гӯё дирӯз ба вуқӯъ пайваста бошад. Ман бародари аз худам калоне доштам, ӯ дар урдуи император хизмат мекард ва дар хизмат то ба рутбаи поручик расид, дар полке, ки яксара аз корсикоиҳо иборат буд. Ҳамин бародарам ягона пушту паноҳи ман буд; мо даме ятим монда будем, ки вай ҳаждаҳсола буду ман – панҷсола; вай маро фарзандаш барин ба воя расонд. Дар соли як ҳазору ҳашт саду чордаҳум, дар аҳди бурбонҳо, ӯ хонадор шуд. Император аз ҷазираи Элба баргашта омад, бародарам ҳамонзамонӣ гашта ба хизмати сарбозӣ рафт, дар набарди Ватерлоо андак маҷрӯҳ гардид ва ҳамроҳи урду дар н сӯи дарёи Луар ақибнишинӣ кард.
– Э шумо ба ман тафсилоти воқиаи Сад рӯзро ҳикоят карда истодаед, Бертуччо, – сухани ӯро бурид граф, – тафсилоти ин воқиа, агар иштибоҳ накунам, кайҳо навишта шудааст.
– Маъзарат мехоҳам, ҷаноби воломақом, лекин ин тафсилот барои оғози кор зарур аст ва худатон ваъда додед, ки ботаҳаммул ба ҳикоятам гӯш медиҳед.
– Хайр, машлаш, ҳикоят кунед. Ман қавл дода будам ва қавламро ба ҷо меоварам.
– Боре мо нома гирифтем, – бояд ба шумо бигуфт, ки мо дар деҳкадаи хурдакаки Роляно мезистем, дар худи канори димоғаи Корс, – нома аз бародарам буд, ӯ ба мо навиштааст, ки урду пароканда гардид ва ӯ аз роҳи Шатору, Клермон–Ферран, Пуи ва Ним ба хона бармегардад ва хоҳиш кардааст, ки агар ман пул дошта бошам, барои вай ба трактирчии шиносе, ки ман бо ӯ баъзе корҳоро ба сомон мерасондам, бифиристам.
– Корҳои доир ба қочоқ, – лаб монд Монте-Кристо.
– Ҷаноби воломақом, охир рӯз гузарондан лозим–ку.
– Бадеҳист; давом диҳед.
– Ман пеш аз ин гуфтам, ки бародарамро ниҳоят дӯст медоштам;
ман қарор додам пулро нафиристам, балки худам барам. Ман қариби ҳазор франк доштам; панҷсадашро ба Ассунта, ба янгаам мондаму боқиашро гирифта ба Ним равон шудам. Ин кори душвор набуд: ман заврақ доштам, ба ман лозим буд дар баҳр борро қабул кунам, – ҳамааш бамурод буд. Аммо даме ки борро қабул кардам, шамол самташро дигар кард ва чор рӯз мо ба Рону баромада натавонистем. Оқибат ин ба мо муяссар шуд ва мо то Арли баромадем; ман заврақро миёни Белгарду Бокер мондам, вале худам ба Ним равон шудам.
– Мо ба моҳияти масъала расида истодаем, ҳамту не?
– Оре, ҷаноби воломақом; маъзарат мехоҳам, вале чунон ки худи ҷанобашон итминон ҳосил хоҳанд кард, ман фақат заруртарин лаҳзаҳоро ҳикоят карда истодаам. Дар ҳамон давра дар ҷануби Фаронса кушокушӣ мерафт. Он ҷо се тан роҳзанон буданд, номашон Тресталон, Труфеми ва Граффан, – онҳо дар кӯчаҳо ҳар онеро, ки ба бонопартпарастӣ гумонбар мешуданд, мекуштанд. Ҷанобашон аз ин кушторҳо хабар доштагистанд?
– Баъзе чизҳо шунида будам; Ман он вақтҳо аз Фаронса дур будам. Давом диҳед.
– Дар Ним кас қариб ки рӯрӯи кӯлмаки хун қадам мезад; сари ҳар қадам мурдае афканда буд; қотилон даста–даста гаштугузор доштанд, мекуштанд, ғорат мекарданд, оташ мезаданд.
Ин хунрезиро дида ларза ба андомам афтод: на аз барои худам, – маро, моҳигири одии корсикоиро ҷои тарс набуд, баръакс, барои мо, қочоқчиҳо, ин айёми тиллоӣ буд, – вале ман ба ҷони бародарам метарсидам: вай сарбози император аз урдуи Луар дар либоси низомию бо сардӯшиҳои зардӯзӣ бармегашт ва ӯро ҷои хатар буд.
Ман ба наздики трактирчии худамон тохтам. Ҳиссиёти пешакиам дурӯғ набаромад. Бародарам як рӯз пеш ба Ним расидааст ва дар сари остонаи ҳамон хонае, ки гумон кардааст сарпаноҳ меёбад, кушта шудааст.
Ман хуб зӯр задам бифаҳмам, ки кушандаҳо кӣ бошанд, вале ҳеҷ кас ҷуръат намекард номи онҳоро ба забон гирад, ба ҳамин дараҷа ҳама аз онҳо метарсиданд. Он гоҳ ман адлияи таърифии фаронсавиро, ки аз ҳеҷ кас наметарсидааст, ба ёд овардам ва ба назди додситони подшоҳӣ рафтам.
– Ва додситони подшоҳӣ Вилфор ном доштааст? – пурсид бепарвоёна Монте-Кристо.
– Оре, ҷаноби воломақом, вай аз Морсел омада буд, ки он ҷо ёвари додситон бадааст. Барои ҷидду ҷаҳд дар хидмат ба мартабаи баландтаре расидааст. Ӯ, ба қавли одамон, яке аз аввалинҳо шуда ба соҳил фуромадани Наполеонро ба Бурбонҳо хабар дода будааст.
– Ҳамин тавр, шумо ба назди ӯ рафтед, – сухани Бертуччоро бурид Монте-Кристо.
– Ҷаноби додситон, – гуфтам ман ба ӯ, – бародари ман дина дар кӯчаи Ним кушта шудааст; кушанда кист –намедонам, вале ёфтани қотил вазифаи шумост. Шумо дар ин ҷо сарвари адлия ҳастед ва адлия бояд интиқоми онҳоеро бигирад, ки ба ҳимоят карданашон фурсат наёфтааст».
«Чӣ касе буд бародари шумо?» – пурсид додситони подшоҳӣ. «Поручики баталони корсикоиҳо».
«Яъне ки сарбози ғосиб?».
«Сарбози урдуи Фаронса».
«Хайр чӣ? – гашта гуфт ӯ. – Ӯ шамшер кашидааст ва аз шамшер ҳалок гардидааст».
«Шумо иштибоҳ мекунед, тақсир; вай аз зарби ханҷар ҳалок шудааст».
«Хӯш аз ман чӣ мехоҳед? – пурсид додситон.
«Ман пеш аз ин ба шумо гуфтам: то ки интиқомашро бигиред».
«Аз кӣ?».
«Аз қотилонаш».
«Оё ман онҳоро медонам?»
«Фармоед онҳоро кофтукоб кунанд».
«Хӯш барои чӣ? Бародари шумо, эҳтимол, бо ягон кас арбада кардаву дар дуэл ҷангида бошад. Ҷанҷол дар гиребони ҳамаи ин арбадаҷӯёни деринасол бастагӣ; дар аҳди император онҳо беҷазо мемонданд, вале ин дам – масъала ранги дигар гирифтааст, ҷанубиёни мо бошанд, на ҷанҷолро хуш доранд, на арбадаро».
«Ҷаноби додситон, – гуфтам ман, – ман на барои худам илтимос мекунам. Ман ғусса мехӯрам ё интиқом мегирам – ин кори ман аст. Аммо бародари берӯзии ман зан дошт. Агар ба ман ҳам ҳодисае рӯй диҳад, занаки бечора аз гуруснагӣ мемирад: вай фақат бо заҳмати шавҳари худаш рӯз мегузаронд. Ақаллан андак нафақае таъйин кунед ба вай».
«Ҳар як инқилоб қурбоние бор меоварад, – ҷавоб гардонд Вилфор. – Бародари шумо дар асари табаддулоти вопасин қурбон шуд, – ин бадбахтист, аммо ҳукумат вазифадор нест, ки ба хонадони шумо чизе бипардозад. Агар ҳамаи ҳаводорони ғосибро, ки ҳангоми сари қудрат будан ба роялистҳо кин меварзиданд, ба маҳкама кашидани мо лозим меомад, дар он сурат, шояд, ин дам бародари шумо ба марг маҳкум мегардид. Он чи ба вуқӯъ омадааст, комилан табиист, – ин аст қонуни муҷозот».
«Ин чӣ гап аст? – хитоб кардам ман. – Муҳокима рондани шумо ҳам, ба сифати намояндаи адлия, чунин аст!..»
«Ба ҳурмати виҷдон, ҳамаи ин корсикоиҳо–девонаанд ва хаёл мекунанд, ки ҳамдиёрашон ҳанӯз ҳам император аст, – ҷавоб гардонд Вилфор. – Шумо фурсатро аз даст додед, мӯҳтарам; боист ба ин лаҳн ду моҳ пеш аз ин ҳарф мезадед бо ман. Акнун хеле дер шуд. Дафъ шавед аз ин ҷо вагарна, мефармоям, ки шуморо аз дар берун кунанд».
Ман ба вай нигариста, ба дил мегуфтам, ки оё илтимосу зории нав суд мекарда бошад ё не.
Аммо ин одам не, санг буд. Ман ба ӯ наздик рафтам.
«Майлаш, – гуфтам ба овози паст, – агар шумо корсикоиҳоро ин қадар хуб медониста бошед, бояд низ донед, ки чӣ гуна ба қавлашон устуворанд онҳо. Ба ақидаи шумо, қотилон хуб кардаанд, ки бародари маро куштаанд, зеро вай бонопартист будаасту шумо роялист. Бисёр хуб! Ман ҳам бонопартистам ва шуморо огоҳ мекунам: мекушам ман шуморо. Аз ҳамин лаҳза ман ба шумо вендетта – хунхоҳӣ эълон мекунам, бинобар ин, эҳтиёт бошед: дар нахустин рӯзе, ки ҳар ду рӯбарӯ мезанем, умратон ба сар меояд».
Ва, пеш аз он, ки ӯ фурсати ба худ омадан ёбад, ман дарро кушода бигрехтам.
– Эҳ–ҳа, Бертуччо, – гуфт Монте-Кристо. – Шумо бо ин башараи софдилона ба гуфтани чунин чизҳо қодир будаед–дия, боз ба додситони подшоҳи–я. Хуб не! Вай ақаллан медониста бошад, ки вендетта чӣ маъно дорад?
– Ҳамин қадар нағз медонист, ки аз ҳамон дақиқа танҳо намебаромад ва дарро баста дар хона менишасту фармуд дар ҳама ҷо маро ҷустуҷӯ кунанд. Хушбахтона, ман чунон камингоҳи хубе доштам, ки вай маро ёфта наметавонист. Дигар ба воҳима афтод; аз мондан дар Ним метарсид, хоҳиш кард, ки ба ҷои дигаре гузаронандаш ва азбаски шахсияти бонуфузе буд, ба Версал гузарондандаш; аммо, чунон ки ба шумо маълум аст, барои корсикории савганди интиқом ёд карда, масофат вуҷуд надорад. Ҳар қадар батаъҷил тозад ҳам, каретаи ӯ ягон дафъа на бештар аз нимрӯза роҳ пеш гузаштааст аз ман, агарчи пиёда роҳ тай мекардам ман.
Фақат куштани ӯ муҳим набуд – ман сад маротиба имкон доштам ин корро бикунам, – ӯро тарзе куштан лозим буд, ки маро пайхас накунанду даст нагиранд. Охир ман дигар тааллуқ ба худам надоштам: ман бояд янгаамро мехӯрондам. Се моҳи расо Вилфорро поида гаштам; дар ин се моҳ ӯ ягон қадаме барнадоштааст, ки аз назари ман панаҳ монда бошад. Оқибат ман фаҳмидам, ки ӯ пинҳонӣ ба Отейл равуо мекардааст; ман назоратро давом додаму дидам, ки вай ба ҳамин хонаи ҳоло дар рӯи ҳавлиаш истодаи мо меомадааст; фақат ӯ мисли дигарон аз дарвозаи асосӣ намедаромад; ӯ аспсавор ё бо карета меомад, асп ё каретаро дар корвонсаро мегузошту ҳо аз он дарича медаромад, оё мебинед шумо онро?
Монте-Кристо ба аломати он, ки дар торикӣ даромадгоҳи нишон додаи Бертуччоро дида истодааст, калла зад.
– Ман дар Версал дигар коре надоштам, ба Отейл омадаму маълумот ҷамъ кардан гирифтам. Яқинан, агар ӯро ба даст афтонданӣ бошам, маҳз дар ҳамин ҷо дом гузоштанам лозим буд.
Ҳавлӣ, чунон ки ҳоҷиб ба ҷанобашон гуфт, ба маркиз де Сен–Меран, падарарӯси Вилфор тааллуқ дошт. Маркиз дар Марсел истиқомат мекард, ин ҳавлии берунишаҳрӣ ба ӯ лозим набуд; маркиз аз рӯи овозаҳо, онро ба ҷавонзани бевае иҷора монда буд, ки дар ин ҷо бо номи баронесса медонистандаш.
Як дафъа шомгоҳон, аз паси девор назар карда, дар боғ зане дидам, худаш танҳо сайр дошту ҳар гоҳ ба дарича менигарист. Даме вай ба дараҷае ба ман наздик омад, ки ман дар торикӣ тарҳи рӯяшро пайхас карда метавонистам, дидам, ки зани ҷавону зебои ягон ҳаждаҳсолаи мавзунқомату малламӯе будааст. Дар танаш яктаки одию миёнаш яла буд ва ман пайхас кардам, ки ҳомила будааст ва зоҳиран моҳаш даромадагӣ.
Баъди чанд дақиқа дарича боз гардиду марде даромад; ҷавонзан чандон ки метавонист, ба истиқболи ӯ шитофт, ҳар ду якдигарро оғӯш карданд, бо меҳр бибӯсиданд ва бо ҳам вориди хона гардиданд.
Ин мард Вилфор буд; ман тахмин кардам, ки ҳангоми бозгашт, хусусан шабона, вай бояд аз миёни боғ бигзарад.
– Хӯш баъд номи он занро фаҳмидед ё не? – пурсид граф.
– Не, ҷаноби воломақом, – ҷавоб гардонд Бертуччо, – ҳозир худатон хоҳед дид, ки ман ба ин кор фурсат надоштам.
– Давом диҳед.
Ҳамон бегоҳ ман, эҳтимол, додситони подшоҳиро кушта метавонистам, вале ман ҳоло боғро бо тамоми ҷузъиёташ наёмӯхта будам. Тарсидам, ки ӯро ба як зарба кушта наметавонам ва агар овозашро шунида ба ёрӣ оянд, пинҳон шуда наметавонам. Ман тасмим гирифтам ин корро то мулоқоти оянда мавқуф гузорам ва барои он, ки назора муқаррар карда тавонам, як дар хонаеро, ки аз тирезаҳояш роҳи паси девори боғ бемалол намоён буд, иҷора гирифтам.
Баъди се рӯз, қариби соатҳои ҳафти бегоҳ, дидам, ки нӯкаре савора аз ҳавлӣ берун омад ва ҷониби роҳи Севр асп ронд; аз дилам гузашт, ки ӯ ба Версал рафтагист ва гумонам рост баромад. Пас аз се соат супоришро ба ҷо оварда, гашта омад ӯ. Аз байн боз ягон даҳ дақиқа гузашта буд, ки марди пиёдаи худро ба боронӣ дарпечидае даричаро боз карда ба боғ даромаду аз дарун баст онро.
Ман аз хона берун тохтам. Чеҳраи Вилфорро надида будам, вале аз рӯи тапиши дилам бишнохтамаш. Ман аз кӯча гузашта ба назди пояе расидам, ки дар пеши гардиши девори боғ буд ва аз болои он бори аввал ба даруни боғ назар кардам.
Ин дафъа бо назора иктифо накардам, балки кордро аз ҷайбам берун овардаму бисанҷидам, то ба ҳадди кофӣ тез ҳаст ё не ва хез зада аз девор гузаштам.
Пеш аз ҳама ҷониби дарича тохтам; ӯ калидро дар қуфл фурӯ гузошта, фақат барои эҳтиёт ду бор тоб гардондааст.
Ба ҳамин тариқ, чизе ба тохта баромадани ман аз ин роҳ монеъ намешуд. Ман ба атроф чашм давондам. Дар миёнҷои боғ алафзори ҳамворе буд, ки дар гӯшаҳои он дарахтони сербаргу буттаҳои гулҳои тирамоҳие руставу қомат кашида буданд. Барои аз хона ба дарича омадан ё аз дарича ба хона рафтан Вилфорро лозим буд аз пеши ин дарахтон бигзарад.
Охирҳои тирамоҳ буд, шамоли шадиде вазидан дошт; моҳи камнурро ҳар гоҳ абрҳои сиёҳи дар шино панаҳ мекарданд; моҳтоб фақат реги роҳраверо, ки ба сӯи хона мебурд, равшан мекарду бас, сояи зери дарахтон ба дараҷае ғафс буд, ки одам аз дида шудан хавф набурда, бемалол руст шуда метавонист.
Ман дар ҷое пинҳон шудам, ки Вилфор бояд аз қарибтари он мегузашт; нав фурсати панаҳ шудан ёфта будам, ки аз миёни сафири шамоли дарахтонро хаму росткунанда садои нола ба гӯшам расид. Аммо шумо медонед, ҷаноби воломақом, ё беҳтараш бигӯем, шумо намедонед, ки он ки дар тараддуди одам куштан аст, доимо хаёл мекунад, ки бонги норавшане мешунавад. Аз байн ду соат гузашт ва дар ин муддат чанд дафъа ҳамон садои нолиш маро ба гӯш мерасид. Занги соати нисфишабӣ фурӯ кӯфта шуд.
Ҳанӯз танини ҳузновару ҷарангосии охирин зарбаи занг фурӯ нанишаста буд, ки дар тирезаҳои ҳамон хонаи зинапояи махфидоре, ки навакак ману шумо аз он фуромада будем, нури хирае дидам ман.
Дар боз гардиду аз нав шахси боронипӯш пайдо шуд.
Дақиқаи мудҳише фаро расид, вале ман ин қадар муддате омодагиаш медидам, ки рагам наҷунбид; ман кордро берун овардам, бикушодам ва ҳозиру нозир истодам.
Шахси боронипӯш рост тарафам меомад; ҳоло ки дар фазои кушод пеш меомад, ба назарам чунин тофт, ки дар дасти росташ силоҳест; ман хавф бурдам–на аз набард, балки аз бебарорӣ. Вале чун ба масофаи чанд қадаме аз ман расид, нигоҳ карда дидам, ки ин силоҳ не, балки бели оҳан будаасту бас.
Ҳанӯз фурсат наёфта будам бияндешам, белро чӣ кор мекарда бошад, ки Вилфор дар худи канори дарахтон таваққуф карда, ба атроф чашм давонду ба чоҳ кофтан даромад. Фақат ин дам дидам, ки дар зери бороние, ки Вилфор халал нарасонад гуфта, рӯи алаф гузошта будаш, ким–чие руст карда шудааст.
Ин дам, рости гап, ба адовати ман кунҷковие якҷоя шуд: дилам мехост бидонад, ки вай дар чӣ андеша аст. Ман наҷунбида, нафас ба дарун кашида, рост меистодам; интизор будам ман.
Баъд фикре ба сарам зад; вақте додситони подшоҳӣ қуттии хурдакаки қадаш ду футу бараш ягон ҳафт дюмро аз зери боронӣ берун овард, фикри ба сарам омада боз ҳам таҳким ёфт.
Мондам ки қуттиро ба чуқурӣ фурӯ гузорад; баъд аз мондани қуттӣ ба болояш хок андохт, баъд хоки тозаро бо пояш зер кардан гирифт, то изи амали шабонааш кӯр шавад. Он гоҳ ман ба вай ҳамла бурдаму корд ба синааш задам. Гуфтамаш:
«Ман Ҷованно Бертуччо! Дар бадали марги бародарам худи ту ба марг мерасӣ, ганҷи ту насиби зани беваи ӯ мегардад; дидӣ, интиқоми ман хубтар аз он анҷом ёфт, ки ман умед доштам».
– Намедонам, ӯ суханони маро шунида бошад ё не; гумон надорам; ӯ ҳатто садое набароварда бияфтод; ман ба дасту рӯям пош хӯрдани хуни гармро эҳсос кардам; вале ман маст шуда будам, девона гардида будам, ин хун тароват мебахшид ба ман, на ин ки месӯзондам. Дар як дақиқа бо бел боз кардам қуттиро; баъд, то ин ки баровардани қуттиро пай набаранд, ман боз чуқуриро хок пур кардам, белро аз девор берун партофтам, аз дарича тохта баромадам, аз берун қуфл кардам, калидро бошад, бо худ бурдам.
– Ана гап, – гуфт Монте-Кристо, – мебинам, ки ин куштори омехта бо мушкилоти дуздӣ будаасту бас.
– Не, ҷаноби воломақом, – гашта гуфт Бертуччо, – ин хунталабӣ буд бо пардохти қарз.
– Ақаллан маблағ хеле будагист?
– Ин пул набуд.
– Эҳ, ҳа, – гуфт Монте-Кристо, – шумо аз хусуси тифл ким–чие гуфта будед.
– Ҳа–дия, ҷаноби воломақом. Ман ҷониби дарё тохтам, дар лаби об нишастаму дар иштиёқи он ки бинам дар қуттӣ чӣ бошад, қуфлро бо корд шикастам.
– Дар қуттӣ, даруни парпечи гардӣ тифли навзоде хобида буд; рӯяш суп–сурх, дастонаш кабуд гардидагӣ, – маълум, ки ба сабаби ба гарданаш печидану нафасгардон кардани ноф мурдааст. Лекин баданаш ҳанӯз хунук нашуда буд ва ман ҷуръат накардам, ки ба дарёи дар пеши поям ҷорӣ партоямаш. Баъди як дақиқа ба назарам чунин расид, ки дилаш паст–паст метапад. Нофи ба гарданаш печидаро кушодаму азбаски як замоне дар бемористони ҳарбии Бастия санитар будам, ман он чиро ба ҷо овардам, ки дар чунин ҳол пизишке мекард: ба шушаш ҳаво дамидан гирифтам; як рубъи соат аз байн гузашта буд, ки баъд аз ниҳоят зӯр задани ман кӯдак ба нафаскашӣ даромаду якбора дод зад. Ман ҳам аз шодӣ дод задам. «Пас, худованд бар ман хашм нагирифтааст, – ба дил гуфтам, – модом ки бар ман изн медиҳад ба офаридааш ҷон бахшам, ҷоне, ки аз дигаре ситондаам!»
– Хӯш бо тифл чӣ кор кардед? – пурсид Монте-Кристо. – Ин гуна бор барои касе, ки гурехтанаш зарур аст, он қадар созгор нест.
– Ана бинобар ҳамин ҳам ман ягон дақиқа пеши худ нигоҳ доштанӣ набудам онро; лекин ман медонистам, дар Париж Тарбиятхонае ҳаст, ки ин гуна тифлони берӯзиро қабул мекунанд. Дами дарвозаи шаҳр эълом доштам, ки кӯдакеро аз сари роҳ ёфтам ва пурсидам, ки Тарбиятхона дар куҷост. Қуттӣ суханони маро тасдиқ мекард; парпечӣ гардӣ бозгӯи он буд, ки тифл ба хонадони сарватманде мансуб аст; хуне, ки сару рӯи маро олуда карда буд, ба ҳамон итминоне хуни тифл буда метавонист, чунон ки метавонист хуни ҳар каси дигаре бошад. Ҳикояти ман ба ҳеҷ гуна эътирозе боис нагардид; ба ман тарбиятхонаеро нишон доданд, ки дар худи пойгоҳи кӯчаи Анфер воқеъ будааст. Ман парпечро тарзе ду тақсим кардам, ки яке аз ду ҳарфи дар он ишорат шуда бо кӯдак монду дигараш дар дасти ман, баъд бори дастамро дами остона монда, занг задам ва то пое доштам, бигрехтам. Пас аз ду ҳафта ман дигар дар Роляно будам ва ба Ассунта гуфтам:
«Тасалло биёб, ҳамшира; Израэле бимурд, вале ман интиқомашро ситондам».
Он гоҳ вай аз ман пурсид, ки ин чӣ маъно дорад ва ман ҳамаашро ҳикоят кардам ба ӯ.
«Ҷованнӣ, – гуфт ба ман Ассунта, – ту бояд кӯдакро ҳамроҳ меовардӣ; мо дар ивази падару модараш мебудем, ки ин маҳрум шудааст аз онҳо; мо ба вай Бенедетто1 ном мемондем ва барои ин кори хайр худованд ба назари нек менигарист ба мо».
Ба ҷои посух нимаи парпечеро додам ман ба ӯ, ки дар дасти худ нигоҳ дошта будам, то ҳар гоҳ бадавлаттар шавем, даъво карда тавонем.
– Хӯш дар парпеч чӣ ҳарфҳое ишорат шуда буданд? –пурсид МонтеКристо.
– Н ва N дар зери тоҷи баронӣ.
– Э шумо, аз афташ аз гербшиносӣ хабар доред–ку, Бертуччо? Шумо ин гербшиносиро, ҷин занад, дар куҷо ёд гирифтед?
– Дар хидмати шумо, ҷаноби воломақом, ҳама чизро ёд гирифтан мумкин.
– Давом диҳед; ман ду чизро донистан мехоҳам.
– Кадом чизҳоро, ҷаноби воломақом?
– Ҳоли он писарак ба чӣ раид? Шумо, ба хаёлам, гуфта будед, ки вай писар аст.
– Не, ҷаноби воломақом, ман ёд надорам, ки инро гуфта бошам.
– Пас нодуруст шунидаам. Ман иштибоҳ кардаам.
– Не, шумо иштибоҳ накардаед, вай дар ҳақиқат ҳам писар буд. Лекин ҷанобашон мехостанд ду чизро бидонанд: дуюмаш чӣ бошад?
– Ман мехостам боз бидонам, ба чӣ гуноҳ айбдор карда буданд шуморо, даме ки марди рӯҳонӣ дархост кардеду дар маҳбаси Ним аббат Бузони ба наздатон омад.
– Ҳикояти ин қисса, эҳтимол, вақти бисёре гирад, ҷаноби воломақом.
– Хайр чӣ? Ин дам соат фақат даҳ аст; шумо медонед, ки ман андак хоб меравам, худи шумо ҳам, ба гумонам, ин дам парвои хоб надоред. Бертуччо таъзим карду ҳикояташро давом дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё