Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Қисман барои фаромӯш кардани ёддоштҳое, ки ҳеҷ оромам намегузоштанд, қисман барои он, ки ба таъмини рӯзгузаронии бевазани берузӣ музде ба даст оварам, ман боз ба қочоқ пардохтам; ин кор он дам осон буд, зеро, қонунҳо саҳл гардида буданд, чунон ки ҳамеша баъди инқилоб пеш меояд. Аз сабаби норизоиҳои пайдарҳами умум, ки гоҳ дар Авинон, гоҳ дар Ним, гоҳ дар Юзес рух дода меистоданд, аз ҳама бадтар соҳилҳои ҷанубӣ посбонӣ мешуданд. Мо аз ин танаффусе, ки ҳукумат пеш оварда будамон, истифода мебурдем ва бо сокинони тамоми қадди соҳил дар иртибот шудем. Аз бозе, ки бародарамро дар Ним кушта буданд, ман дигар ба шаҳр баргаштан намехостам. Бинобар ин, трактирчие, ки мо бо вай сару кор доштем, чун дид, ки мо ӯро тарк кардаем, худаш пайдо шуду як бахши трактирашро кушод (дар сари роҳи аз Белгард ба Бокер, зери лавҳаи «Пули Гар»). Мо дар сари роҳҳои ба Эг–Морт Мартиг ва Бук ягон даҳ борхонае доштем, ки амволамонро ҷо мекардем, вале дар ҳоли зарурат аз дасти гумруку жандармҳо панаҳ мебурдем. Пешаи қочоқчӣ, агар кас бомияю ғайратмандона аз он истифода барад, кори бисёр судманд аст. Ман дар кӯҳҳо зиндагӣ доштам, – акнун ман аз жандармҳову тафтишгарони гумрук ду карат бештар эҳтиёт мекардам, чун ки, агар маро ба даст меафтонданд, дар он сурат, тафтиш сар мешуд; ҳар гуна тафтиш ба гузштаи кас таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, вале дар гузаштаи ман аз сигорҳои боҷ надода гузаронда шудаву чалакҳои спирти қочоқӣ дида муҳимтар чизҳое ёфт шуданаш мумкин буд. Бинобар ин, маргро аз ҳабс гардидан ҳазор бор афзал дониста, ман боҷуръат амал мекардам ва борҳо мутмаин ба он гардидам, ки аз ҳад зиёд дар ғами ҷон будан дар анҷоми бомуваффақияти корҳое, ки ҳалли батаъҷилу диловарӣ мехоҳанд, аз ҳар чи бештар халал мерасонад. Дар ҳақиқат ҳам, агар кас дар ғами ҷон набошад, дар ин сурат ба дигар касон шабеҳ намешавад, ё беҳтар, ки бигӯем, дигар касон ба ту шабеҳ намешудаанд; ҳар ки чунин тасмим гирифт, ҳамонзамонӣ эҳсос мекунад, ки қувваташ зиёд шудаасту доираи фаъолияташ тавсиа пайдо кардааст.
– Шумо ба фалсафа дода шуда истодаед, Бертуччо, – сухани ӯро бурид граф. – Шумо, зоҳиран, дар зиндагӣ ба ҳар коре андак даст задаед.
– Маъзарат мехоҳам, ҷаноби воломақом.
– Марҳамат, марҳамат, лекин фақат дар соати даҳуними шаб ба фалсафа дода шудан – андаке бемаҳалтар. Воқиан, дигар эътирозе надорам ман, зеро фалсафаи шуморо комилан аз рӯи адолат медонам, ҳол он ки инро дар боби ҳар гуна системаи фалсафие наметавон гуфт.
– Сафарҳои ман то рафт дурдасттар мешуданду ба ман то рафт бештар даромад меоварданд. Ассунта кадбонуи хубе буд ва дороии андаки мо афзоиш меёфт. Як дафъа, даме ки дар тараддуди сафар шудам, ӯ гуфт: «Бирав, вале то гашта омадани ту ман бароят тӯҳфае тайёр мекунам».
Ҳар қадар пурсуҷӯ карда бошам ҳам, вай ба ман чизе гуфтан нахост ва ман бирафтам.
Ман зиёда аз якуним моҳ дар хона набудам; мо дар Лукка равған гирифтем, вале дар Ливорно – матоъҳои пахтагини инглисӣ. Борро бобарор фуровардем, ҳамаашро бо фоидаи зиёде фурӯхтем, ҳама хурсанд ба хонаҳоямон баргаштем.
Нахустин чизе, ки ба хона даромада, дар ҷои аз ҳама намоёни утоқи Ассунта дидам, тифли ягон ҳаштмоҳае буд, дар гаҳвораи ба қиёси дигар асосияи хона фохире. Ман аз шодӣ нидо задам. Аз бозе ки додситони подшоҳиро кушта будам, фақат андешаи як чиз азоб медод маро – андешаи тифли партофта омадаам. Бояд бигуфт, ки аз худи куштор заррае пушаймон набудам ман.
Ассунтаи берӯзӣ ҳамаашро пай бурдааст; ӯ аз набудани ман суистифода карда ва он нимаи парпечро гирифтаву барои он ки аз ёдаш наравад, рӯзу соати дами остонаи Тарбиятхона гузошта шудани кӯдакро навишта, барои гирифтанаш ба Париж меравад. Бе қилу қол кӯдакро ба ӯ додаанд.
Бояд ба шумо, ҷаноби воломақом, иқрор кунам, ҳангоме, ки ин кӯдаки сарсахтро дар гаҳвора хобида дидам, ҳатто ашк рехтам.
«Асунта, – гуфтам, – ту зани хубе ҳастӣ ва худованд хайрат диҳад».
– Ана ин, ба мисли фалсафаатон, чандон аз рӯи адолат нест, – гӯшрас кард Монте-Кристо. – Дуруст аст, ки ин дигар масъалаи имон аст.
– Гапатон ҳақ, ҷаноби воломақом, – оҳ кашид Бертуччо. – Парвардигор ин тифлро воситаи ҷазои ман қарор дод. Ман амсолашро ёд надорам, ки хӯи бад ин қадар бармаҳал зоҳир шавад, чунон ки дар ӯ зоҳир шуд, ҳол он ки наметавон гуфт ӯро бад тарбият дода бошанд, зеро янгаи ман чун шоҳзодае тааҳҳудаш мекард. Ин як писарчаи дӯстрӯи чашмонаш чун рангубори чинивори хитоӣ обии равшане буд ва ба ранги андоми ширгунаш ниҳоят созгор афтода; фақат мӯи тиллогуни аз ҳад баланди ӯ ба қиёфааш андак намуди ғалатие мебахшид, хусусан ҳини нигоҳи зираконаю табассуми айёронааш. Мақоле ҳаст, ки мардуми сурхинамӯ ё бисёр хуб меоянд ё бисёр бад; мутаасифона, ин мақол дар ҳаққи Бенедетто рост омад ва аз ҳинни кӯдакӣ хислатҳои бадаш зоҳир шудан гирифт. Дуруст аст, ки нармдилии модархондааш ҳам ба тағофул варзидан аз ин хислатҳои фитрии ӯ боис мегардид; кӯдаке, ки янгаи бечораи ман аз барои ӯ шуда ҳар гоҳ масофаи панҷ лёро тай карда ба харидани меваҳои тезпазаку лазизтарин хуришҳои гаронбаҳо бозор мерафт, чалғузаи шаҳбулути аз боғи ҳамсоя ё киштаҳои аз зери шервонии боми ӯ дуздидаашро бар афлесуни паливу хушкмеваҳои генуӣ тарҷеҳ медод, агар чи шаҳбулуту себи боғи худамон дар ихтиёраш буд.
Як дафъа, даме ки синни Бенедетто аз шаш боло набуд, ҳамсояамон Василио шикоят кард, ки аз ҳамёнаш як луидор ғоиб гардидааст. Аз рӯи одати мо корсикоиҳо Василио ҳеҷ гоҳ на ҳамёну на чизҳои қиматбаҳояшро руст намекард, зеро чунон ки ба ҷанобашон маълум аст, дар Корсика дуздӣ нест. Мо гумон кардем, ки вай пулашро дуруст ҳисоб накардааст, вале ӯ ба таъкид мегуфт, ки иштибоҳ накардааст. Ҳамон рӯз Бенеддетто пагоҳи бармаҳал аз хона баромада рафта буд ва мо хеле хавотир будем, ки яке бегоҳӣ пайдо шуд, маймунеро кашола карда овард; гуфт, ки онро бо занҷир ба дарахте баста ёфтааст. Як моҳ мешуд, ки бачаи бадхӯ, ки доимо ягон нағма бароварда меистод, дар иштиёқи маймун буд. Мумкин ин хаёлҳои бемаъниро шӯъбадабозе ба вай талқин карда бошад, ки ба Роляно омада рафта буд, – вай чанд маймуни бозигаре дошт, ки кору рафтори онҳоро дида Бенедетто ба ваҷд меомад.
«Ҷангалҳои мо маймун надорад, – гуфтам ман ба ӯ, – хусусан маймуни даштӣ. Иқрор кун, аз куҷо ёфтӣ инро?»
Бенедетто ба гапаш истод ва ин қадар чизҳое ҳикоят кард, ки аз ростгӯӣ дида ба қобилияти эҷодкории ӯ бештар далолат мекард; ман аз эътидол баромадам, вай бихандид; ман ба сараш дӯғ задам, вай қафорӯ рафта дур шуд аз наздам.
«Ту ҳад надорӣ, ки маро занӣ, – гуфт ӯ, – ҳақ надорӣ ба ин; ту ба ман падар нестӣ».
Мо то ба ҳол намедонем, ки ин рози фалокатборро кӣ ба вай ошкор кардааст, розеро, ки ин қадар бо эҳтиёти тамом ниҳон медоштем аз ӯ. Ҳар чӣ бошад ҳам, ин ҷавоб, ки кулли хислатҳои кӯдак дар он ифода ёфта буд, қариб ки ба ҳарос овард маро ва дастам, бе он ки ба вай расида бошад, ғайри ихтиёр поён фуромад. Ӯ пирӯз шуд ва ин пирӯзӣ ба ӯ ҷасорат бахшид. Аз ҳамин дақиқа сар карда ҳамаи пули Ассунта, ки ҳар қадар ӯ ба дил бастан камтар меарзид, ҳамон қадар бештар дӯсташ медошт, ба қонеъ гардондани ҳавою ҳаваси Бенедетто сарф шудан гирифт, ҳавою ҳавасе, ки Ассунта ба он муқобилат кардан наметавонисту ёрои рад кардани хоҳишҳои бемаъниашро надошт. Даме ки ман дар Роляно истиқомат доштам, як гапе буд, вале ҳамин ки ба ягон тараф мерафтам, ҳамон дам Бенедетто сарвари хонадон мегардиду ҳама корҳо расво мешуд. Вай нав ба ёздаҳ қадам монда буду аз байни ҷавонписарони ҳаждаҳсола безоритарин касони Бастияю Кортаро ба худаш ёру рафиқ мегирифт; барои баъзе кирдорҳое, ки метавон ба онҳо номи ҷиддитаре дод, то ин дам чанд дафъа аз ҷониби ҳукуматдорон ба мо ҳушдор расида буд.
Ман ба ташвиш афтодам: ҳар гуна тафтишот бо сангинтарин натиҷаҳое ба анҷом расиданаш мумкин буд. Ҳол он ки дар ҳамин ҳин маро сафари муҳимме дар пеш буд.
Ман муддате андеша рондаму бо эҳсоси қаблие, ки шод бад–ин васила аз мусибати эҳтимолӣ пешгирӣ карда тавонам, тасмим гирифтам, Бенедетторо бо худ барам. Умед доштам, ки рӯзгори сахту сертараддуди қочоқчиён, интизоми беамони аҳли киштӣ ба ин вуҷуди агар аз дараҷаи ислоҳ нагузашта бошад ҳам, ба ҳар ҳол пурфасод таъсири пурфайзе мерасондагист.
Ман Бенедетторо ба наздам хондаму таклифи ҳамсафарӣ кардам, ва ин таклифро бо ҳар гуна ваъдаҳое, ки писарбачаи дувоздаҳсоларо мафтун карда тавонад, тақвият додам.
Ӯ ба гуфтори ман гӯш дода истоду даме, ки гапамро ба охир расондам, қоҳ–қоҳ зада хандид.
«Э шумо ақлатонро хӯрдаед, амак! (Ҳар гоҳ табъаш чоқ бошад, амак мегуфт маро.)– Мехоҳед, ки ман рӯзи хушамро, фароғати дилпазирамро ба корубори тоқатфарсои шумо бадал кунам! Шабҳо дар сармою рӯзҳо дар гармо бошам, як умр сар панаҳ карда гардам, кас андаке сар боло карда гардад, ҳадафи тир қарор бигирад ва ин ҳама ба хотири он, ки кас андаке пул ба даст оварда боша! Пул бошад, чандон ки дилам хоҳад, Ассунта ба як ишорат медиҳад ба ман. Худатон дида истодаед, ки аблаҳе мебудам, агар бо шумо биравам!
Ман аз ин берӯӣ моту мабҳут гардидам. Бенедетто ба назди рафиқонаш баргашт ва ман аз дурӣ медидам, ки ӯ маро ба онҳо нишон дода ба ҳолам механдид.
– Кӯдаки дилпазире! – зери лаб гуфт Монте-Кристо.
– Оҳ, агар аз они худам мебуд, – давом дод Бертуччо суханашро, – агар писари худам ё ақаллан додарзодаам мебуд, ман ба роҳи дуруст бармегардондамаш, зеро эҳсоси ҳуқуқ қудрат мебахшад ба кас. Аммо андешаи он, ки ман писари касеро хоҳам зад, ки ӯро куштаам, аз ҳар гуна имконоти ба ислоҳ оварданаш маҳрум мекард маро. Ман ба янгаам, ки ҳангоми баҳсу мунозираи мо доиман писараки шӯрбахтро тараф мегирифт, маслиҳатҳои хайрхоҳона медодам; азбаски вай борҳо ба ман иқрор карда буд, ки маблағи зиёде аз пулаш нопадид шуда меистад, ман ҷоеро ба вай нишон додам, ки дороии нокирояамонро баҷо карданаш мумкин аст. Лекин худам бошам, тасмим гирифта будам, Бенедетто нағз хондан, навиштан ва ҳисоб кардан метавонист, зеро агар ба омӯзиш рағбат пайдо мекард, дар он сурат он чиро, ки ба таҳсилаш дигаронро як ҳафта мебоист, дар як рӯз ёд мегирифт. Чунон ки гуфтам, ман тасмим гирифта будам: хостам дар ягон киштии сафарҳои дур мирзо монамаш ва бе он ки огоҳаш бикунам, як саҳар гираму ба киштӣ барам; ман ӯро ба дасти тааҳҳуди нохудо месупурдам ва бад–ин тариқ чӣ гуна сурат г ирифтани зиндагии минбаъдааш билкул вобаста ба саъйи худаш мебуд.
Бо чунин тасмим ман ба Фаронса рафтам.
Ин дафъа ҳам кори мо бояд дар халиҷи Лион ба поён мерасид; корҳо ин дам хеле мушкилу хатарнок шуда буданд, зеро акнун соли як ҳазору ҳашт саду бисту нӯҳум ҷараён дошт. Осоиш комилан барқарор гардида буд ва назорати соҳил аз ҳарвақта дида дурусту ҷиддитар ба роҳ монда шуд. Ин назорат ба туфайли ин дам дар Бокер таъсис гардидани ярмарка муваққатан боз ҳам бештар тақвият ёфта буд.
Аввал корҳо хуб ҷараён дошт. Заврақи худамонро, ки таҳти дуқабатае дошта, молҳои мамнӯъро он ҷо панаҳ мекардем, дар миён заврақҳои сершумори дигаре мегузоштем, ки омада дар ҳар ду соҳили Рона, аз Бокер то Арли қарор мегирифтанд. Ба манзил расида, мо шабона ба фуровардани бори қочоқиамон шурӯъ мекардем ва онро ба василаи касоне, ки бо мо дар иртибот буданд, ё соҳиби трактирҳое, ки дар коргоҳашон анбор доштем, ба шаҳр мефиристодем. Намедонам, ки омади корҳо моро ба фаромӯщ кардани эҳтиёт водор карда буд, ё касе ба мо хиёнат кард, ки як дафъа қариби соатҳои панҷи бегоҳ даме ки дар тараддуди хӯроки шом будем, маллоҳбачаи хурдакаки мо бо изтироб тохта омаду хабар дод, ки як даста тафтишгарони гумрукро дидааст, назди мо омадан доранд. Аслан на худи даста моро ба ҳарос оварда буд – дар соҳилҳои Ронда, хусусан дар он айём рота–рота гашту гузор мекарданд онҳо, – балки он эҳтиёткорие, ки ба гуфти маллоҳбача, даста пеш гирифта буд, то ки варо пайхас накунанд. Мо ҳамонзхамонӣ парида хестем, вале алакай дер шуда буд: заврақи мо, ки бешак ҳадафи кофтуков қарор дошт, аз чор тараф иҳота шуда буд. Дар байни тафтишгарони гумрук чанд тан жандармро пайхас кардам ман, башараи онҳо ҳамеша ба ҳарос меовард маро, ҳол он ки ба сифати сарбоз ҳеҷ тарс надоштам, бинобар ҳамин зуд ба бордони заврақ фуромадам ва аз даричаи он ғеҷида гузаштаму худро ба дарё афкандам. Ман тан–таги об шино мекардам, фақат гоҳ–гоҳе нафас гирифта, бинобар ин, бе он ки маро касе пайхас кунад, шинокунон ба хандақи ба ҳамин қарибиҳо кофта шудае, ки Ронаро бо наҳр мепайваст, расидам; хандақ аз Бокер ҷониби Эг–Морт мерафт. Ҳамин ки то ба ин ҷо расидам, худро наҷотёфта ҳис кардам, зеро қад–қади хандақ ноаён шино карда метавонистам. Ба ҳамин тариқ, ман бе ҳеҷ гуна фалокате то ба наҳр расидам. Ин роҳро интихоб кардани ман ба амри тасодуф набуд: ман аз хусуси як трактирчии нимӣ, ки дар сари роҳи аз Белгард ба Бокер меҳмонсарои хурдакаке дошт, ба ҷанобашон ҳикоят карда будам.
– Нағз дар ёдам ҳаст, – гуфт Монте-Кристо. – Ин марди мӯътабар, агар иштибоҳ накунам, ҳатто бо шумо шарик буд.
– Ана ҳамту! Лекин ягон ҳафт сол пеш аз ин ӯ коргоҳашро ба як дарзии собиқи марселии дар пешаи худ бенаво гардидае, ки бахташро дар кори дигаре озмуданӣ шудааст, дода буд. Бадеҳист, ки иртиботе, ки ману соҳиби аввалаи трактир ва меҳмонсаро доштем, бо ин каси дигар ҳам идома ёфт; ана дар хонаи ҳамин кас ман сарпаноҳ ёфтанӣ шудам.
– Хӯш чӣ ном дошт ӯ? – пурсид граф, ки зоҳиран боз ҳикояти Бертуччо таваҷҷӯҳи ӯро ба худ кашида буд.
– Гаспар Кадрусс, вай ба зане аз деҳаи Карконта хонадор шуда буд ва мо ҳама Карконта ном мебурдемаш; ин зани рангпарида ба вараҷаи ботлоқӣ гирифтор буд ва аз лоғарӣ батадриҷ фано мешуд. Худи Гаспар бошад, марди тандурусти ягон чилупанҷсолае буда, пеш аз ин чандин карат дар лаҳзаҳои барои мо душвор одами кордону ҷасуре буданашро собит гардонда буд.
– Ва ин воқиа кай ба амал омада буд мегӯед? – пурсид МонтеКристо.
– Дар соли як ҳазору ҳашт саду бисту нӯҳум, ҷаноби воломақом. – Кадом моҳ?
– Моҳи июн.
– Дар аввал ё дар охири моҳ?
– Ин бегоҳи сиюми июн буд.
– Хӯш! – гӯшрас кард Монте-Кристо, – сеюми июни соли як ҳазору ҳашт саду бисту нӯҳум... Давом диҳед.
– Хӯш ки бошад, ман ният доштам дар хонаи ана ҳамин Кадрусс сарпаноҳ ёбам, лекин, азбаски, ҳатто дар вазъияти осуда ҳам мо ҳаргиз аз дари ҷониби роҳ ба хонаи ӯ намедаромадем, тасмим гирифтам, одатамонро тағйир надиҳам; ман аз тавораи боғча ҷаста фуромадаму аз таги дарахтони пастаки зайтуну анҷирҳои ёбоӣ ғеҷида гузаштам ва аз бими он, ки мабодо дар трактири Кадрусс ягон мусофире набошад, худро ба иморати фаръие расондам, ки борҳо дар он ҷо шабро на бадтар аз хоб дар бистари бароҳат ба рӯз оварда будам.
Ин иморатро аз хонаи ошёнаи якум фақат девори тахтагине ҷудо мекард, ки дар он қасдан барои мо роғе гузошта буданд, то битавонем лаҳзаи мусоиде ёфта, бифаҳмонем, ки мо дар хонаи шафатем. Ман тахмин карда будам, ки агар дар манзили Кадрусс касе набошад, омаданамро ба вай хабар медиҳам, хӯроки шоми бо расидани тафтишгарони гумрук нотамом мондаро ба охир мерасонам ва аз раъду барқи анқариб фарорасанда истифода бурда, ба соҳили Рона бармегардаму мефаҳмам, ки ҳоли заврақу онҳое, ки дар заврақ монда буданд, ба чӣ расидааст. Ба ҳамин тариқ, ноаён худамро даруни он хона гирифтам; ин корам бисёр бамаврид баромад, зеро дар ҳамин дақиқа Кадрусс ба хона баргашт, ки ҳамроҳаш як каси ношинос буд.
Ман дам назада нигарон истодам, на аз он, ки аз сирри трактирчӣ хабар ёбам, балки аз он, ки тарзи дигар рафтор кардан наметавонистам; хусусан ки пеш аз ин ягон даҳ маротиба чунин ҳол рӯй дода буд.
Шахсе, ки ҳамроҳи Кадрусс омада буд, бе шак, аз ҷумлаи сокинони Ҷануби Фаронса набуд; ин яке аз он тоҷироне буд, ки ба ярмаркаи Бокер барои хариду фурӯши ҷавоҳирот ва маснуоти заргарӣ меояд ва дар тӯли як моҳе, ки ярмарка давом мекунад, ярмаркае, ки дар он харидорону фурӯшгорон аз тамоми гӯшаю канори Аврупо гирд меоянд, онҳое, ки муомилотеро ба арзиши сад–саду панҷоҳ ҳазор франк анҷом медиҳанд.
Кадрусс аввал ба хона даромад, бо қадамҳои чусту чолок. Баъд дид, ки хонаи ошёнаи якум, чун ҳарвақта, холисту фақат саг онро посбон аст, занашро ҷеғ зад.
«Эй, Карконта, – садо зад ӯ, – марди рӯҳонӣ моро фанд накардааст: алмос ҳақиқӣ будааст».
Нидои шодонае ба гӯш расид ва поғундаҳои зинапоя дар зери қадамҳои аз бефараҳӣ ва дардмандӣ ноустуворе ба ғачарос даро маданд.
«Ту чӣ гуфтӣ?» – пурсид Карконта.
«Мегӯям, ки алмос ҳақиқӣ будааст ва мана ин ҷаноб, яке аз нахустин гавҳаршиносони Париж, тайёр аст ба ивазаш панҷоҳ ҳазор франк бидиҳад. Вале ин кас мехоҳанд итминони комил дошта бошанд, ки ин чиз воқиан моли мост: хӯш ту ба ин кас ҳикоят кун, чунон ки ман ҳикоят кардам, ки ба чӣ тариқаи дилпазире ин ба дасти мо расид. Лекин ҳоли ҳозир, тақсир, бишинед шумо: ин дам ҳаво ҷудо ҳам дим, ман ба шумо ягон нӯшокии салқинибахш меоварам».
Гавҳарӣ даруни трактиру бенавоии чашмраси одамонеро бо диққат аз назар гузаронд, ки барои фурӯш алмоси арзишаш ба сандуқчаи шоҳзодае баробарро ба ӯ пешниҳод карда буданд.
«Ҳикоят бикунед, хонум» – гуфт ӯ, зоҳиран, ба умеди ин ки аз ғиёбати шавҳари ӯ истифода барад, то ин ки вай ба занаш таъсир расонда натавонад ва то ин, ки бибинад, ҳикояти ҳар ду то чӣ дараҷа ба ҳам мувофиқ меоянд.
«Оҳ худоҷоне, – бидирос зад занак, – ин атои парвардигорӣ буд, мо ба чизе умед надоштем. Тасаввур бикунед, ҷаноби меҳрубон, ки шавҳари ман дар соли як ҳазору ҳашт саду чордаҳум ё ҳазору ҳашт саду понздаҳум бо маллоҳе дӯстӣ дошт, ки Эдмон Дантес ном дошт; ин ҷавони бечора, ки Кадрусс тамоман фаромӯшаш карда буд, ӯро дар ёд доштаасту ҷон дода истода, ҳамон алмосро, ки шумо дидед, ба вай васият кардааст».
«Хӯш ин алмос ба чӣ тариқ ба дасти ӯ афтодааст? – пурсид заргар. – Ё ки вай пеш аз ҳабс гардидани Дантес дар дасти ӯ будааст?» «Не, тақсир, – ҷавоб гардонд занак, – лекин вай дар ҳабсхона бо як марди ингилиси сарватманде шиносо шудааст; марди ингилис бемор мешавад, вале Дантес чун бародари худаш нигоҳубин мекунад ӯро; барои ин ғамхориаш марди ингилис, дами ба озодӣ баромадан, ҳамин алмосро ба вай медиҳад. Бахт ба рӯи Дантеси бечора намехандад, вай дар ҳамон маҳбас мемирад, вале алмосро пеш аз мурданаш ба мо васият мекунад ва ба аббати мӯътабаре, ки ҳамин саҳар дар хонаи мо буд, фармудааст, ки онро ба мо расонад».
«Ин ҳам ҳамонро мегӯяд, – зери лаб ба забон овард гавҳарӣ. – Дар ниҳояти кор, шояд ҳамин тавр ҳам бошад, гарчи дар назари аввал аз ҳақиқат дур барин менамояд. Ин тавр бошад, – гуфт ӯ бо овози баланд, – гап дар сари нархаш, ки мо ҳоло ба як қарор наомадаем».
«Чӣ хел ба як қарор наомадаем! – хитоб кард Кадрусси аз дар даромада. – Ман дилпур будам, ки шумо бо нархи гуфтаи ман розӣ ҳастед».
«Яъне ки, – гашта гуфт гавҳарӣ, – ман барои ин ба шумо чил ҳазор франк пешниҳод карда будам».
«Чил ҳазор! – барошуфт Карконта. –Эҳа, мо ҳаргиз ба ин нарх намедиҳем онро. Аббат гуфта буд, ки ин, ғайр аз нигинхонааш, ба панҷоҳ ҳазор меарзад».
«Хӯш чӣ ном дошт он аббат?» «Аббат Бузони».
«Чӣ, вай марди хориҷист?» Ӯ итолиёвӣ, аз гирду атрофи Мантуи, ба хаёлам».
«Алмосро нишон диҳед ба ман, – давом дод суханашро марди гавҳарӣ, – мехоҳам бори дигар бингарам, баъзан кас дар назари аввал дар шинохтани ҷавоҳирот ба иштибоҳ роҳ медиҳад».
Кадрусс қоби хурдакаки сиёҳи кемухтиро аз кисааш бароварда кушоду ба гавҳарӣ дод. Баробари дидани алмос, ки ба андозаи ҷавзи на чандон калоне буд (ман онро гӯё ки ҳозир ҳам дида истодаам), аз ҳарисӣ чашмони Карконта оташ гирифт.
– Хӯш аз хусуси ин ҳама чӣ гумон кардед шумо, ҷаноби гӯшандоз? – пурсид Монте-Кристо. – Шумо ба ин афсона бовар кардед?
– Оре, ҷаноби воломақом; ман Кадруссро одами бад намешумурдам ва ба дил гуфтам, ки ӯ ба ҷиноят содир кардан ё дуздӣ қодир нест.
– Ин аз таҷрибаи рӯзгор дида ба қалби поки шумо зебандатар аст, ҷаноби Бертуччо. Лекин ҳамон Эдмон Дантесро, ки аз хусусан сухан рафт, худатон мешинохтед?
– Не, ҷаноби воло мақом, на пештар, на баъди он, ман ҳаргиз аз хусуси ӯ чизе нашунидаам; фақат як дафъа аз забони худи аббат Бузонӣ шунида будам, даме ки ӯ дар маҳбаси Ним ба наздам омада буд.
– Хуб шудаст, давом диҳед.
– Гавҳариӣ аз дасти Кадрусс хотамро гирифту аз кисааш анбурчаи пӯлодину тарозуи зарабаркаши мисинеро баровард; баъд дандонаҳои тиллоии нигинхонаро, ки алмосро дошта меистоданд, рост карду алмосро аз нигинхона берун овард ва эҳтиёткорона рӯи паллаи тарозу гузошт.
«Чилу панҷ ҳазор франк медиҳам, – гуфт ӯ, – дигар як пашиз ҳам зиёд не: баландтарин нархи алмос ҳамин ва пуле, ки бо худ овардаам, низ ҳамин қадар аст».
«Ин аҳамият надорад, – гуфт Кадрусс, – барои панҷ ҳазори боқимонда ман ҳамроҳатон гашта ба Бокер меравам».
«Не, – ҷавоб гардонд гавҳарӣ, нигинхонаву алмосро ба Кадрусс дода истода, – не, ин нархи ниҳоӣ ва ман пушаймонам, ки чунин маблағро пешниҳод кардам ба шумо, зеро алмос нуқсе дорад, ки дар ибтидо ман пайхас накардаам; лекин илоҷи дигар нест, ман аз қавлам намегардам, чилу панҷ ҳазорро ба забон овардам ва аз ин адад барнамегардам».
«Ақаллан нигинро гашта дар ҷояш гузоред», – бо хашм гуфт Карконта.
«Гапатон ҳақ», – гуфт гавҳарӣ.
Ва ӯ алмосро дар нигинхона гузошт.
«Боке надорад, – ғурунгос зад Кадрусс, қобро дар киса ҷо карда, – ба ягон каси дигар мефурӯшем».
«Албатта», – ҷавоб гардонд гавҳарӣ, – фақат каси дигар ман барин гапдаро нахоҳад буд; каси дигар бо он маълумоте, ки шумо ба ман расондед, қонеъ намешавад; ин тамоман ақлгир нест, ки шахсе дар вазъияти шумо соҳиби хотами панҷоҳҳазорфранка бошад; вай ба ҳукуматдорон хабар медиҳад, аббат Бузониро ҷустуҷӯ кардан лозим меояд, лекин ҷустуҷӯ кардани аббатҳое, ки алмосҳои ду ҳазор луидор арзишнокро ба касон мебахшида бошанд, кори осон нест, аҳли адлия аввал алмосро ба даст меоваранд, шуморо ҳабс мекунанд, лекин ошкор гардад, ки шумо айб надоштаед, баъди се ё чор моҳ озод мекунанд шуморо, он гоҳ маълум мешавад, ки хотам дар ягон идорахонае нопадид шудааст, ё ба ҷои алмоси панҷоҳ–панҷоҳу панҷ, ҳазор франк арзишноке, ки харидаш, бовар бикунед, як дараҷа хатарнок аст, ягон санги қалби нархаш бисёр бошад сефранкаро ба кафатон мегузоранд».
Кадруссу занаш ба якдигар нигаристанд.
«Не, – изҳор кард Кадрусс, – мо он қадар бадавлате нестем, ки панҷ ҳазор франкро аз даст диҳем».
«Ихтиёр доред, дӯсти меҳрубон, – гуфт гавҳарӣ, – ҳол он ки ман, чунон ки мебинед, пулро бо худ нақд овардаам».
Ва ӯ аз як кисааш муште сиккаҳои тилоро берун овард, ки дар пеши назари пур аз ҳирсу тамаъи трактирчӣ ҷило дод, вале аз кисаи дигараш – як даста пули коғазиро.
Дар ботини Кадрусс муборизаи сахте ба амал омад: ошкор буд, ки қоби хурдакаки кемухтие, ки вай дар дасташ давр мезанонд, ба гумонаш бо ин маблағи ҳангуфт, маблағе, ки чашмашро бурда истодааст, аз ваҷҳи арзиш мувофиқат надорад.
Ӯ ҷониби занаш баргашт.
«Ту чӣ мегӯӣ? – пастакак пурсид аз ӯ.
«Те,те, – гуфт ӯ, – агар бе алмос гашта ба Бокер равад, аз болои мо хабар мекашад; аз тарафи дигар, гапаш ҳам рост: кӣ медонад, кофта ёфтани аббат Бузонӣ ягон вақте муяссар мешуда бошад ба мо ё не».
«Хайр майлаш, чунин бошад! – гуфт Кадрусс. –Гиред ба чилу панҷ ҳазор франк, лекин дили зани ман занҷираки тилло мехоҳаду дили худам – як ҷуфт сагаки нуқра».
Гавҳарӣ қуттичаи дарози мусаттаҳеро аз киса баровард, ки дарунаш чанд намуна аз ашёи номбурдаи Кадрусс мавҷуд буд.
«Бигиред, – гуфт ӯ, – дар муомилот хурдагир нестам ман, хуш кунед».
Занаш занҷираки тиллоеро интихоб кард, ки эҳтимол, ягон панҷ луидор арзиш дошт, вале шавҳар як ҷуфт сагакеро, ки нархаш ягон понздаҳ франк буд.
«Ба гумонам, акнун розӣ будагистед?» – гуфт гавҳарӣ.
«Аббат гуфта буд, ки баҳояш панҷоҳ ҳазор франк», – ғурунгос зад Кадрусс.
«Хайр, хайр, шуд! Ана одами инҷиқ, – давом дод гапашро гавҳарӣ, хотамро аз дасти ӯ гирифта истода, – ман ба ин чилу панҷ ҳазор франк дода истодаам, дуним ҳазор ливри даромади солона, яъне сармояе, ки худам аз он рӯ наметофтам, вале ин боз розӣ нест!»
«Канӣ чилу панҷ ҳазор франк? – пурсид Кадрусс бо овози хиррӣ. – Дар куҷост ин пули шумо?»
«Мана, бифармоед», – гуфт гавҳарӣ.
Ва ӯ дар рӯи миз понздаҳ ҳазор франки тиллоро баршумурду сӣ ҳазор пули коғазиро.
«Сабр кунед, ман чароғро даргиронам, – гуфт Карконта, – торик шуд, кас ба осонӣ иштибоҳ мекунад».
Дарвоқеъ, то файсал ёфтани баҳсу мунозираи онҳо шаб даромада буд, ҳамвора бо ин, раъду барқ ҳам, ки ним соат боз буру дӯз дошт, дарпайваст. Аз кадом гӯшаи дурдаст наъраи тундар баромад; аммо на гавҳарӣ, на Кадрусс, на Карконта, ки яксара ба ҳукми ифрити ҳирс афтода буданд, ба он зарае эътибор надоданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё