Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

V. ҲАВЛИЕ ДАР ОТЕЙЛ

Монте-Кристо пайхас кард, ки Бертуччо аз зинапояи айвончаи дари баромад фуромада истода, ба урфи корсикоиҳо салиб кашид, яъне бо ангушти калонаш дар ҳаво салибро тасвир кард ва ба карета нишаста истода зери лаб мухтасар дуое хонд. Ҳар як каси дигари ғайри кунҷков ба танаффури ғалатие, ки мубошири мӯътабар ба саёҳати берунишаҳрии андешидаи граф зоҳир карда буд, раҳмхӯрӣ мекард, аммо аз афташ, Монте-Кристо аз ҳад кунҷков будааст, ки Бертуччоро аз ин сафар озод накард.

Баъди бист дақиқа онҳо алакай дар Отейл буданд. Ҳаяҷони мубошир то рафт меафзуд. Вақте ки ба деҳа дохил гардиданд, Бертуччо, ки дар як гӯшаи карета ҷафс шуда менишаст, бо як изтиробу ошуфтагие ба ҳар як хонае, ки аз канораш мегуштанд, назар духтан гирифт.

– Бифармоед дар кӯчаи Фонтен, назди рақами бисту ҳашт боздоранд, – амр кард граф, – бераҳмона ба мубошир нигариста.

Дар ҷабини Бертуччо арақ пайдо шуд, вале ӯ итоат намуда, аз карета сар бароварду фойтунчиро садо кард:

– Кӯчаи Фонтен, рақами бисту ҳашт.

Ин ҳавлӣ дар худи поёни деҳа воқеъ гардида буд. То онҳо рафта расиданд, ки ҳаво тамоман торик шуд. – аниқтараш абри сиёҳи оташакбор рӯи осмонро фаро гирифта ба манзараи фоҷиаасари ин соати ғуруби пеш аз вақт як мутантание бахшид.

Карета бозистод ва нӯкар ба кушодани дар шитофт.

– Хӯш, Бертуччо, – гуфт граф, – шумо намефуроед? Ё даруни карета истоданиед? Э чӣ шуд ба шумо?

Бертуччо аз карета ҷаста фуромаду китфашро пеш дошт, то граф ба он такя карда, ба тааннӣ аз се зинаи помонак поён омад.

– Дарро кӯбед, – гуфт граф, – ва бигӯед, ки ман омадам.

Бертуччо тақ–тақ ард, дар боз гардид ва ҳоҷиб пайдо шуд.

– Чӣ гап? – гуфт ӯ.

– Хоҷаи наватон расид, – гуфт нукар.

Ва ӯ шаҳодатномаи додаи маъмури сабти аснодро ба ҳоҷиб пешниҳод кард.

– Пас хонаро фурӯхтаанд? – пурсид ҳоҷиб. – Ва ин ҷаноб ҳамин ҷо зиндагӣ карданист?

– Оре, дӯстам, – ҷавоб гардонд граф, – ва ман кӯшиш мекунам, шумо аз боби хоҷаи пешинаатон афсӯс нахӯред.

– Рости гап, тақсир, – гуфт ҳоҷиб, – аз боби ӯ афсӯс хӯрдани ман ҳоҷат надорад, зеро мо ӯро қариб ки ҳеҷ гоҳ намедидем. Инак тақрибан панҷ сол мешавад, ки вай ба назди мо наомадааст ва ӯ кори хуб кардааст, ки хонаро фурӯхтааст, хонаеро, ки ба вай ҳеҷ гуна даромаде намеовард.

– Хоҷаи пешинаи шумо чӣ ном дошт? – пурсид Монте-Кристо.

– Маркиз де Сен–Меран. Ман боварӣ дорам, ин хона пули харидашро набаровардагист.

– Маркиз де Сен–Меран, – такрор кард Монте-Кристо. – Ин ном ба назарам шинос барин; маркиз де Сен–Меран...

Ва ӯ тарзе вонамуд кард, ки кӯшиш дорад ба ёд орад.

– Ашрофзодаи дерин, – давом дод ҳоҷиб, – хидматгори содиқи Бурбонҳо. Ӯ якаву ягона духтаре дошт, он духтарро ба ҷаноби де Вилфор дод, ки аввал дар Ним, баъд дар Версал вазифаи додситони подшоҳиро ба ҷо меовард.

Монте-Кристо ҷониби Бертуччо назар кард: ранги вай аз ранги деворе сафедтар буд, ки наафтам гуфта ба он такя дода меистод.

– Ва духтараш мурд, ҳамту не? – пурсид граф. – Ба ёдам расид, ки ман инро шунида будам.

– Оре, тақсир, аз ин воқиа бисту як сол гузашт ва аз ҳамон дам ин ҷониб маркизи бечораро мо се дафъа ҳам надидаем.

– Хӯш ташаккур ба шумо, – гуфт Монте-Кристо, Бертуччои ҳолаташ дигаргун шударо дида, аз дил гузаронд, ки торро дигар таранг кардан лозим набудагист, мабодо ки канда нашавад, – ташаккур ба шумо. Акнун ба мо ягон рӯшноие диҳед.

– Мефармоед, ки шуморо раҳнамо шавам?

– Не, лозим нест. Бертуччо чироғ медорад ба ман.

Ва Монте-Кристо ба ин суханон ду сиккаи зар ҳамроҳ кард, ки дуою санои беҳисоб ва оҳ кашиданҳое ба миён овард.

– Тақсир, – гуфт ҳоҷиб дунгии болои бухорӣ ва рӯи рафҳоро кову чов карда, – ман ин ҷо ягон шамъе надоштаам.

– Бертуччо, фонуси каретаро гиреду рафтем хонаҳоро бинем, – гуфт граф.

Мубошир хомӯш итоат кард, аммо аз рӯи ларзидани фонуси дасташ маълум буд, ки ин хомӯшӣ ба чӣ арзише афтодааст ба ӯ.

Онҳо ошёнаи якуми хеле васеъро давр зада баромаданд, баъд ошёнаи дуюмро, ки аз меҳмонхона, хонаи шустушӯ ва ғусл ва ду дар хонаи хоб иборат буд. Яке аз ин хонаҳои хоб зинапояи морпече дошт, ки ба боғ мебаровард.

– Нигоҳ кунед, ана баромадгоҳи алоҳида, – гуфт граф, – ин хеле қулай будааст. Чироғро ин ҷо доред, Бертуччо. Пеш гузаред, ҳозир мебинем, ин зинапоя ба куҷо мебурда бошад.

– Ба боғ, ҷаноби воломақом, гуфт Бертуччо.

– Хӯш кани гап занед, инро аз куҷо медонед шумо?

– Ман гуфтанӣ, ки ин бояд ба боғ барад.

– Хайр майлаш, тафтиш мекунем.

Бертуччо оҳи бадарде кашиду пеш гузашт. Зинапоя дар ҳақиқат тарафи боғ мебурд.

Дами дари баромад мубошир бозистод.

– Э ба шумо чӣ шуд? – гуфт граф.

Вале он ки граф ба ӯ муроҷиат карда буд, афсурдаву ҳайрон ва моту мабҳут гардида беҳаракат рост меистод. Чашмони чалақ–палақаш мисле ки дар атроф аз гузаштаи даҳшатбор асаре меҷустанд, вале дастони бо ташаннуҷ фишурда шудааш гӯё кадом–як хотироти пурхатареро ақиб тела медоданд.

– Хӯш? – батакрор пурсид граф.

– Не, не, – нидо зад Бертуччо, фонусро фурӯ гузоштаву пушт ба девор дода, – не, ҷаноби воломақом, ман мадори рафтан надорам, ин аз имкон берун аст!

– Ин чӣ маъно дорад? – ба забон овард бо овози қатъӣ МонтеКристо.

– Охир худатон дида истодаед, ҷаноби воломақом, – нидо зад мубошир, – ки ин ҷо ким–чӣ бурду балое ҳаст; дар Париж хона хариданӣ шуда, маҳз дар Отейл мехаред онро ва дар Отейл маҳз ба рақами бисту ҳашти кӯчаи Фонтен меафтед. Оҳ, барои чӣ дар хона ҳамаашро нагуфтам ба шумо! Шумо, албатта, исрор намекардед, ки ҳамроҳатон оям ман. Вале ман умед доштам, ки ба ҳар ҳол на ин хонаро мехаридагистед. Гӯё дар Отейл ба ҷуз ҳавлие, ки дар он куштор ба амал омадааст, хонаи дигаре набошад!

– Чӣ қабоҳате гуфта истодаед шумо! – гуфт Монте-Кристо, якбора бозистода. – Ина бинеду! Ана инро корсикоӣ мегӯянд. Доимо ким–чӣ хел асрору хурофот! Фонусро гиреду рафтем боғро бинем: умед дорам, ки бо ман дилатон бим намекардагист.

Бертуччо фонусро бардошту сар фуровард. Дар боз гардид, осмони тира, ки қурси моҳ бо тарокуми абрҳо баръабас набард дошт, намоён шуд.

Мубошир хост тарафи чап тоб хӯрад.

– Не, не, – гуфт Монте-Кристо, – аз гулгашт рафтани мо чӣ ҳоҷат? Ана марғзори зебо; рост меравем.

Бертуччо арақи рӯяшро пок кард, вале ба амри граф сар фуровард; лекин ба ҳар ҳол худро ба тарафи чап мекашид.

Монте-Кристо, баръакс, ба самти рост равон шуд; ба назди як тӯда дарахтон расида, ӯ бозистод.

Мубошир дигар таҳаммул кардан натавонист.

– Дур шавед аз ин ҷо, ҷаноби воломақом, – хитоб кард ӯ, – дур шавед аз ин ҷо, барака ёбед, охир шумо маҳз дар ҳамин ҷо истодаед!

– Дар кадом ҷо?

– Дар ҳамон ҷое, ки вай афтода буд.

– Бертуччои азиз, – гуфт граф хандакунон, – ба худ оед, илтимос аз шумо; охир мо ин ҷо дар Сартен ё Корт нестем. Ин ҷо ҷангали кӯр нест, балки боғи ингилисӣ, дуруст аст, ки хеле бе нигоҳубин мондагӣ, вале ба ҳар ҳол барои ин бадгӯӣ кардан ҳоҷат надорад.

– Ин ҷо наистед, тақсир, наистед ин ҷо, илоҳӣ барака ёбед!

– Ба хаёлам, ки шумо ақлатонро бохта истодаед, устод Бертуччо. – сард ҷавоб гардонд граф. – Агар ҳамин тавр бошад, бигӯед ва ман ба шифохона мефиристам шуморо, ҳоло ки ягон нохушие рӯй надодааст.

– Оҳ, ҷаноби воломақом, – гуфт Бертуччо, сарашро такон додаву бо афсурдаҳолие ангушти ҳайрат газида, ки эҳтимол хандаи граф меомад, агар ин дам дар сараш андешаҳои ҷиддитаре намебуданд, – нохушӣ барвақттар рӯй дода буд...

– Бертуччо, – гуфт граф, – ман огоҳ кардани шуморо вазифаи худ мешуморам, ки шумо бехудвор дастафшонӣ доред ва ҷунунрасида барин чашмонатонро тагурӯ карда истодаед, ки ин бегап нест; ман кайҳо пайхас кардаам, ки инодкортарин ифрит – ин рози пӯшида аст. Ман медонистам, ки шумо корсикоиед, ман шуморо ҳамеша дарундору аз боби ким–кадом хунталабӣ – вентетта сар ба ҷайби тафаккур кашида медонистам, аммо дар Итолиё ман ба ин чиз эътибор намедодам, чун ки дар Итолиё ин қабил корҳо ҷоизанд; аммо дар Фаронса одамкушӣ маъмулан рафтори ниҳоят нописанд ба ҳисоб меравад; дар ин ҷо жандарм мавҷуд аст, ки ба ин корҳо диққат мегуморад, маҳкамае ҳаст, ки ба ин ҷазо муқаррар мекунад, дастгоҳи қатл ҳаст, ки ин гуна касро ба ҷазо мерасонад.

Бертуччо бо илтиҷо дастонашро рӯи ҳам гузошт ва азбаски ҳоло ҳам фонусро дошта меистод, нури чироғ ба рӯи аз тарс тарҳаш вайрон шудаи ӯ афтод.

Монте-Кристо бо ҳамон нигоҳе ба вай нигарист, ки дар Рим қатли Андреаро мушоҳида мекард; баъд зери лаб сухан ба гуфтор кушод, ки аз нав ларза ба андоми мубошири бечора афтод:

– Хӯш, аз ин мебарояд, ки аббат Бузони ба ман дурӯғ гуфта будааст, даме ки баъди сафараш ба Фаронса дар соли як ҳазору ҳашт саду бисту нуҳум шуморо бо тавсияномае назди ман фиристода, ин қадар болобардор карда буд? Хайр майлаш, ман ин қазияро ба аббат навишта мефиристам; ӯ барои тавсияномаи худ бояд масъул буда бошад ва ман, эҳтимол, мефаҳмидагистам, ки сухан аз хусуси кадом кушторе меравад. Лекин фақат шуморо огоҳ мекунам, Бертуччо, ки, ҳар гоҳ ман дар ягон кишваре умр ба сар мебарам, одате дорам қонунҳои он ҷоро ҳурмат кунам ва ҳаргиз намехоҳам, ки аз барои шумо шуда бо адлияи фаронсавӣ сарбасар занам!

– Ин корро накунед, ҷаноби воломақом! – дар навмедӣ нидо зад Бертуччо. – Магар аз рӯи имону ҳақиқат хидмат накардаам ба шумо? Ман ҳамеша одами поквиҷдон будам ва саъй мекардам, то он ҷое, ки аз дастам меояд, ба мардум некӣ кунам.

– Ман шак надорам ба ин, – ҷавоб гардонд граф, – вале ин тавр бошад, ҷин занад, аз чӣ ин қадар дар изтиробед? Ин аломати хуб нест; агар сидқ соф бошад, ранги кас ин қадар кандаву дастонаш ба ин сиёқ намеларзанд...

– Аммо, ҷаноби воломақом, – бо дили нохоҳам гашта гуфт Бертуччо, – шумо ба ман гуфта будед–ку, гӯё аббат Бузони, ки ман дар ҳабсхонаи Ним пешаш савганд ёд карда будам, маро ба назди шумо фиристода истода, огоҳатон карда будааст, ки гуноҳи азимест дар гардани ман.

– Ҳа, албатта, вале азбаски вай шуморо ба сифати мубошири хубе тавсия карда буд, ман гумон доштам, ки гап аз хусуси кадом–як дуздие мерафтагист, вассалом.

– Наход ҳамту гӯед, ҷаноби воломақом! – нидо зад Бертуччо бо танаффур.

– Ё ки шумо, ба тақозои одати корсикоиҳо, таҳаммулро аз даст дода, «пӯсткашӣ кардаед»1, чунон ки аҳли ин сарзамин мегӯяндщ ҳар гоҳ пӯст аз тани яке канданӣ шаванд?

– Оре, ҷаноби воломақом, оре, гап ҳам дар ҳамин–дия! – нидо зад Бертуччо, худро ба пои граф афканда. – Ин интиқом буд, савганд ба номатон, интиқом буду бас.

– Ман инро мефаҳмам; фақат ҳаминашро намефаҳмам, ки чаро маҳз ин ҳавлӣ шуморо ба чунин ҳол меовардааст.

– Лекин ин табиист, ҷаноби воломақом, – ҷавоб гардонд Бертуччо, – охир маҳз дар ҳамин ҳавлӣ ҳамааш ба амал омада буд.

– Чӣ хел, дар ҳамин ҳавлӣ?

– Охир он вақт ин аз они шумо набуд, – содалавҳона гашта гуфт Бертуччо.

– Хӯш аз они кӣ буд? Ҳоҷиб, ба хаёлам, аз они маркиз де Сен–Меран гуфта буд? Охир барои чӣ, ҷин занад, шумо аз маркиз ден Сен–Меран интиқом мегирифтаед?

– Ҷаноби воломақом, ман на аз вай, балки аз каси дигар интиқом гирифтам.

– Чӣ тасодуфи ғаманангезе, – гуфт Монте-Кристо, зоҳиран, ҳамту шунаво андеша ронда, – ки шумо мана ҳамин тавр, нохост, маҳз дар ҳавлие пайдо шудаед, ки воқиае рӯй дода ва он воқиа ин дам шуморо ба чунин надомати азиятбахше мубтало кардааст.

– Ҷаноби воломақом, гуфт мубошир, – ин қисмат, ман медонам. Корро аз он сар кардан, ки шумо маҳз дар Отейл хона мехаред ва ин хона ҳамоне мебарояд, ки ман дар он одам куштаам; шумо маҳз бо ҳамон зинапояе ба боғ мефуроед, ки ӯ фуромада буд; шумо дар ҳамон ҷое бозмеистед, ки ман корд зада будам; ду қадам дуртар аз ин ҷо, дар зери ин чинор, чуқурие буд, ки вай кӯдакро гӯр мекард; не, ҳамаи ин тасодуф нест, чун ки дар он сурат воқиа ба қазо аз ҳад монанд мебуд.

– Хайр майлаш, ҷаноби корсикоӣ, гирифтем, ки ин қазост; ман ҳамеша бар онам, ки ба ҳар фарзияе розӣ бишавам, хусусан ки ба касони ақлашон халалдида гузашт мебояд кард. Вале акнун ҳушатонро ба худатон монеду ҳамаашро ҳикоят кунед ба ман.

– Ман инро дар умрам як маротиба ҳикоят карда будам, ки ҳамон ҳам ба аббат Бузони буд. Ин гуна чизҳоро, – барафзуд, калла ҷунбонда, Бертуччо, – фақат дар омӯрзишталабӣ ҳикоят мекунанд.

– Ин тавр бошад, азизам, гуфт граф, – ман шуморо гашта ба назди пири рӯҳониятон мефиристам; шумо метавонед мисли ӯ картезианӣ ё бернардӣ бишаведу розатонро бо вай гӯеду гардонед. Вале ман аз мубошири савдозадаи чунин хаёлотӣ хавф дорам; ба ман намефорад, ки хидматгоронам аз шабонгоҳ гаштугузор кардан дар боғи ман битарсанд. Ғайр аз ин, рости гап, ман ҳаргиз намехоҳам, ки комиссари политсия аз ман ҷӯё бишавад; зеро, аз хотир набароред, ҷаноби Бертуччо: дар Итолиё ходимони адлия барои бефаъолиятӣ пул мегиранд, вале дар Фаронса баръакс, – даме ки, агар фаъол бошанд. Ман шуморо қисман корсикоию қисман қочоқчӣ, вале мубошири ниҳоят пурҳунар пин дошта будам, ин дам мебинам, ки шуғли шумо, ҷаноби Бертуччо, хеле доманадортар аз ин будааст. Шумо дигар лозим нестед ба ман.

– Ҷаноби воломақом, ҷаноби воломақом! – хитоб кард мубошир аз ин таҳдид ба даҳшат афтода. – Агар шумо фақат барои ҳамин маро аз кор ронданӣ бошед, ман ҳамаашро ҳикоят мекунам, ҳамаашро иқрор мекунам; ба дор кашида шуданам беҳтар аз он аст, ки аз шумо ҷудо шавам;

– Ин гапи дигар, – гуфт Монте-Кристо, – аммо дурусттар фикр кунед: агар дурӯғ гуфтанӣ бошед, беҳтараш, ки ҳеҷ чиз нагӯед.

– Қасам ба ҷонам, ҳамаашро ҳикоят мекунам ба шумо! Охир ҳатто аббат Бузонӣ ҳам фақат як қисми сиррамро медонист. Лекин пеш аз ҳама зорӣ мекунам, аз ин чинор дур равед. Ҳамин замон моҳ аз зери абр берун меояд, вале шумо ин ҷо худро дар боронӣ печонда рост истодаед, вай суроби шуморо панаҳ медорад ва борониатон чунон ба боронии ҷаноби де Вилфор монанд ки...

– Чӣ тавр, – нидо зад Монте-Кристо, – магар вай Вилфор... – Ҷанобашон ӯро мешиносанд?

– Вай додситони подшоҳии Ним буд?

– Оре.

– Ва ба духтари маркиз де Сен–Меран хонадор шуда буд?

– Оре.

– Ва ҳамчун каси аз ҳама бавиҷдонтар, аз ҳама сахтгиртар ва аз ҳама ҳақпарасттар ба некномӣ шӯҳрат ёфта буд?

– Хӯш ки бошад, ҷаноби воломақом, – нидо зад Бертуччо, – ҳамин каси ба некномӣ шӯҳратёфта... – Хӯш?

– ...нобакор буд.

– Ин аз имкон берун, – гуфт Монте-Кристо.

– Бо вуҷуди ҳамин ин рост аст.

– Наход ҳамту бошад! – гуфт Монте-Кристо. – Ва шумо далел доред ба ин?

– Ба ҳар ҳол доштам.

– Ва шумои бефаҳм гум кардед онро?

– Ҳа, лекин, агар кас дурусттар биҷӯяд, онро ёфтан мумкин аст.

– Ҳамту–я! –гуфт граф. – Кани ҳикоят кунед инро ба ман, Бертуччо.

Ин дар воқеъ ғалатӣ барин.

Ва граф навоеро аз «Лучий» замзамакунон, тарафи харак рафту нишаст; Бертуччо аз паси ӯ равон шуда, кӯшиш дошт сарҳисоби ёддоштҳояшро пайдо кунад.

Ӯ дар пеши граф рост меистод.

пешина
аз 99
навбатӣ