Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

IV. ҶАНОБИ БЕРТУЧЧО

Дар ин миён граф ба манзили худ расид; дар роҳ шаш дақиқа сарф шуд. Ҳамин шаш дақиқа кифоят буд, ки ягон бист нафар ҷавонмард ба вай диққат диҳанд, ҷавонмардоне, ки ба чӣ арзидани ин аспонро медонистанд ва худашон ба харидани онҳо қудрат надоштанд. Онҳо аспонашонро чорхез мегиронанд, то кибори олимақомеро як назар бингаранд, киборе, ки харидорӣ кардани инчунин аспонеро ба худ раво дидааст, ки арзиши ҳар кадоме даҳ ҳазор франк аст.

Хонае, ки Алӣ барои манзили шаҳрии Монте-Кристо хуш кардааст, дар самти рости Заминҳои Елисей воқеъ гардида буд, агар кас рӯ ба ҷониби кӯҳ равад ва ин хона дар мобайни ҳавлию боғ ҷой гирифта буд. Як тӯда дарахтони анбӯҳе, ки дар миёнҷои ҳавлӣ қомат кашида буданд, қисме аз намои иморатро панаҳ медоштанд; дар самти росту чапи ин тӯдаи дарахтон ду гулгаште ба мисоли ду дасти қулочкаш бозгардидае ба ду тараф тӯл кашида буд, ки имкон медод фойтун аз дарвоза ворид шуда, рост ба назди айвончаи даромадгоҳи дугонаи иморат биравад, айвончае, ки дар сари зинааш аз ду тараф гулдонҳои чинии пур аз гул истода буданд. Хона дар соҳати кушоди миёнаи ҳавлӣ яккаву танҳо меистод ва ғайр аз айвончаву зинапояи асосӣ боз дари даромаде дошт, ки аз ҷониби кӯчаи Понтйе буд.

Дарвозаи гаронбори ҳавлӣ, пеш аз он ки фойтунчӣ фурсати ба ҳоҷиб садо задан ёбад, боз гардид; графро аз дур дида буданд; дар Париж ҳам, чун дар Рим умуман дар ҳама ҷо хидмати ӯро ба суръати барқосо ба ҷо меоварданд. Бинобар ин, фойтунчӣ, този аспонро суст накарда, ба ҳавлӣ даромаду ба шакли нимдоирае тоб хӯрд, дарвоза аз паси карета қабл аз он ки садои чархҳо дар реги гулгашт фурӯ нишинад, баста шуд.

Карета дар тарафи чапи зинапояи дами дари вурудгоҳ бозистод ва дар пеши дари он ду кас пайдо шуданд: яке аз онҳо Алӣ буд, ки ҷониби хоҷааш бо шодии самимие табассум карда меистод; ин ҳамаро мукофот як нигоҳи Монте-Кристо буду бас; дуюмӣ бо эҳтироми тамом таъзим намуду даст дароз кард, мисле ки ба фуромадани граф аз карета майли ёрӣ кардан дошта бошад.

– Ташаккур ба шумо, Бертуччо, – гуфт граф, аз се зинаи помонак сабук ҷаста фуромада, – маъмури сабти аснод – нотариус канӣ?

– Дар меҳмонхонаи хурд нигарон аст, ҷаноби воломақон, – ҷавоб гардонд Бертуччо.

– Хӯш, канӣ таоруфномаҳое, ки шумо баробари маълум кардани рақами хона бояд фармоиш мекардед?

– Ҷаноби воломақом, ҳама тайёранд; ман ба назди беҳтарин ҳаккоки Поле–Роял рафта будам ва ӯ таоруфномаҳоро дар ҳузури худам тайёр кард; аввалин таоруфномае, ки тайёр гардид, тибқи фармоишатон, ҳамонзамонӣ ба ҷаноби барон Данглари вакили Маҷлис, ба кӯчаи Шоссе д Антен, рақами ҳафт, расонда шуд, боқӣ ҳама дар хонаи хоби ҷанобашон, рӯи бухорӣ истодаанд.

– Хуб. Соат чанд аст?

– Чор.

Монте-Кристо дастпӯшакҳо, кулоҳ ва чӯбдасташро ба ҳамон нӯкари фаронсавие дод, ки аз даҳлези граф де Морсер барои даъват кардани фойтун ҳаво хӯрда баромада буд, баъд граф аз паси Бертуччо, ки ба ӯ роҳ нишон медод, ба меҳмонхонаи хурд гузашт.

– Чӣ ҳайкалҳои нокироие дар ин даҳлез, – гуфт Монте-Кристо. – Умед дорам, ки аз ин ҷо мегирифтагистанд инҳоро.

Бертуччо хомӯш таъзим намуд.

Чунон ки мубошир гуфт, маъмури сабти аснод дар меҳмонхонаи хурд нигарон буд.

Ин як марди қиёфаи зоҳириаш зеби идоранишинони марказӣ то ба мартабаи маъмури сабти асноди ҳаволии шаҳр рушд кардае буд.

– Оё ба шумо аз хусуси гуфтугӯ кардан роҷеъ ба фурӯши ҳавлии берунишаҳрие, ки ман нияти харидан дорам, супорише шуда буд? – пурсид Монте-Кристо.

– Оре, ҷаноби граф.

– Васиқа тайёр аст?

– Оре, ҷаноби граф.

– Онро бо худ овардаед?

– Оре, ҷаноби граф. Мана васиқа.

– Бисёр хуб. Хӯш, он ҳавлие, ки ман хариданиям, дар куҷо будааст?

– беэътиноёна суол кард Монте-Кристо, маълум не суолаш ба Бертуччо нигаронда шуда буд ё ба маъмури сабти аснод.

Мубошир ба аломати намедонам ишорате кард.

Маъмури сабти аснод бо тааҷҷуб тарафи Монте-Кристо нигарист.

– Чӣ тавр? – гуфт ӯ. – Оё граф дар куҷо будани хонаеро, ки хариданиянд, намедонанд?

– Рости гап намедонам, – ҷавоб гардонд граф.

– Граф хонаро надидаанд?

– Чӣ тавр онро дида метавонистам? Ман худи ҳамин рӯз субҳ аз Кадикс омадам, пеш аз ин ҳаргиз дар Париж набудам ва ҳатто Фаронсаро бори аввал мебинам.

– Ин гапи дигар, – гуфт маъмури сабти аснод. – Ҳавлие, ки граф нияти харидан доранд, дар Отейл аст.

Аз шунидани ин калима ранг аз рӯи Бертуччо парид.

– Ин Отейл дар куҷост? – пурсид граф.

– Ду қадамакак аз ин ҷо, граф, – ҷавоб гардонд маъмури сабти аснод.

– Мана ҳамин ҷо дар ақиби Песси; ҷойгоҳи зебое, дар мобайни ҷангали Булон.

– Ҳамин қадар наздик? – гуфт Монте-Кристо. Чӣ хел ҳавлии берунишаҳрӣ будааст ин? Чӣ ҷин зад шуморо, Бертуччо, ки аз худи назди дарвоза хона интихоб кардед барои ман?

– Ман! – ба шитобкории ғайри одат нидо зад Бертуччо. – Тараҳҳум кунед! Ҷанобашон ҳаргиз ба ман супорише надодаанд, ки барояшон ҳавлии берунишаҳрие интихоб бикунам; шояд, ҷанобашон ба хотир биёваранд.

– Ҳа, дуруст, – гуфт Монте-Кристо, – акнун ба ёдам расид; ман дар рӯзнома эълоне хондам ва алфози фиребои «ҳавлии берунишаҳрӣ» маро мафтун карда буд.

– Ҳоло дер нашудааст, – рӯҳ гирифта лаб ба сухан кушод Бертуччо, – ва агар ҷанобашон майли он дошта бошанд, ки аз ҷои дигаре ҳавлӣ ёфтанро ба ман фармоянд, ман ё дар Ангел, ё дар Фонтенэ–Роз, ё дар Белву ягон ҳавлии беҳтаре пайдо мекунам.

– Аслан ин аҳамият надорад, – бепарво гашта гуфт Монте-Кристо, – модом ки ҳавлӣ алакай пайдо шудааст, майлаш ҳамин шудан мегирад.

– Ва ҷанобашон комилан ҳақ астанд, – лаб монд маъмури сабти аснод, ки метарсид аз ширинкома маҳрум шавад, – ин як работи дилрабоест: оби равон, дарахтони анбӯҳ, хонаи бароҳат, агарчи муддате бенигоҳубин мондааст, аз хусуси асосияаш ҳоҷати гап ҳам не; ҳарчад асосияаш нав нест, аммо арзиши баланд дорад, хусусан дар замони мо, ки мардум ба ашёи қадима ҳавас доранд. Маъзарат мехоҳам, лекин ба гумонам, ки ҷанобашон ҳам аз завқи инзамона бебаҳра набудагистанд.

– Давом додан гиред, бемалол, – гуфт Монте-Кристо. – Хуш ин хонаи дуруст гӯед?

– Граф, хона на ин ки дуруст, балки кори калон асту бас.

– Хайр, ин тавр бошад, фурсатро аз даст намедиҳем, – гуфт МонтеКристо. – Васиқаро ин ҷо диҳед, ҷаноби нотариус.

Ва ӯ бетаъхир ба коғаз имзо гузошта, фақат ба он банди санад як назар андохт, ки ҷои иморату номи соҳибонаш қайд шуда буд.

– Бертуччо, – гуфт ӯ, – ба ҷаноби нотариус панҷоҳ ҳазор франк биоваред.

Мубошир бо гардани баста аз дар баромаду як бандча пули коғазӣ дар даст гашта омад; маъмури сабти аснод бо дақиқкории шахсе, ки медонад ба ин маблағ ҳаққулхидмати худаш дохил аст, пулро бишмурд.

– Акнун, – пурсид граф, – мо ҳама расмиятҳоро файсал додагистем? – Ҳамаашро, ҷаноби граф.

Калидҳо дар дасти шумост?

– Калидҳо дар дасти ҳоҷиб аст, ки нигаҳбони ҳавлист; лекин мана фармоне, ки вай гирифта дарҳоро ба рӯятон боз мекунад.

– Бисёр хуб, – гуфт Монте-Кристо ва тарафи маъмури сабти аснод калла зад, ки маънояш ин буд: «Шумо ба ман дигар лозим нестед, метавонед биравед».

– Лекин ба хаёлам, – тасмим гирифт бигӯяд маъмури сабти асноди поквиҷдон, – ҷаноби граф иштибоҳ кардаанд; ҳаққи ман якҷоя бо тамоми хароҷот, фақат панҷоҳ ҳазор аст.

– Подоши хидмататон чӣ?

– Ба ҳамин маблағ дохил аст, ҷаноби граф.

– Лекин шумо аз Отейл омадагистед?

– Ҳа, албатта.

– Хӯш ҳаққуззаҳматро боист пардохт, – гуфт граф.

Ва бо ҳаракати даст ӯро рухсат дод.

Маъмури сабти аснод қафорӯ рафтаву дуқат шуда таъзимкунон аз дар баромад; вай аз бозе, ки ба рӯихати маъмурони сабти аснод дохил шуда буд, бори аввал ба чунин муштарие рӯбарӯ мешуд.

– Ҷаноби нотариусро гусел кунед, – гуфт граф ба мубошир. Бертуччо аз хона баромад.

Граф як худаш танҳо монда, ҳамонзамонӣ ҳамёни қуфлдорро аз киса берун оварду бо калиде, ки дар гарданаш овехта мегашту ҳаргиз аз он ҷудо намешуд, бикшод онро.

Ҳамёнро кову чов карда, дар сари як варақ коғазе, ки дар он баъзе қайдҳо сабт ёфта буд, таваққуф намуду онро бо васиқаи рӯи миз боз истода муқоиса кард, мисле, ки қувваи ҳофизаашро имтиҳон мекарда бошад.

– Отейл, кӯчаи Фонтен, рақами бисту ҳашт; худи худаш–гуфт ӯ. – Масъалаи дигар: ба иқрор кардане, ки дар зери таъсири ҳароси динӣ ё тарси азоби ҷисмонӣ ба забон омадаст, то кадом дараҷа бовар метавон кард? Воқиан, баъди ягон соат ҳамаашро мефаҳмад.

– Бертуччо! – овоз баровард ӯ, бо ким–чии монанд ба болғачаи дастааш қатшаванда ба зангӯла зада, ки садои ҷарангосии танинноки шабеҳ ба садои там–там баровард.

– Бертуччо!

Дар сари остона мубошир пайдо шуд.

– Ҷаноби Бертуччо, – гуфт граф, – шумо як замоне ба ман гуфта будед, ки дар Фаронса будаед.

– Оре, ҷаноби олиқадр, дар баъзе ҷойҳояш будам.

– Шумо, эҳтимол, бо гирду атрофи Париж ошноӣ дошта бошед?

– Не, ҷаноби воломақом, не, – ҷавоб гардонд мубошир, бо раъшаи асаб, ки Монте-Кристои аз чунин ҳолатҳо хуб огоҳ бе хато онро ба изтироби амиқ ҳамл кард.

– Афсус ки шумо дар гирду атрофи Париж набудаед, – гӯфт ӯ, – зеро ман худи ҳамин бегоҳ ба дидани милки навам рафтаниям ва бо ман ҳамроҳӣ карда, аҷаб не шумо маслиҳатҳои пурарзише медодед.

– Ба Отейл! – нидо зад Бертуччо, ранги рӯи сабзинааш мурдавор канда. – Ман–ба Отейл равам!

– Чӣ ҷои тааҷҷуб ба рафтани шумо ба Отейл, кани аз рӯи инсоф бигӯед? Даме ки ман дар Отейл тарҳи иқомат афкандам, ба он ҷо равуо кардани шумо лозим меояд, модом ки дар хидмати манед.

Дар зери нигоҳи омиронаи хоҷааш Бертуччо сар хам карду ноҷунбон ва хомӯш биистод.

– Ин чӣ маъно дорад? Чӣ шуд ба шумо? Мефармоед, ки ду бор занг зананд, то барои ман карета пеш оваранд? – гуфт Монте-Кристо бо ҳамон лаҳне, ки Лудовики XIV фиқраи машҳури «Қариб буд, ки ман нигарон истам» – ашро ба забон оварда буд.

Бертуччо аз меҳмонхона ба даҳлез ҳаво хӯрду бо овози баста садо кард:

– Карета барои ҷаноби воломақом!

Монте-Кристо чанд нома навишт; даме ки вай сари номаи охиринро мебаст, мубошир сари остона ҳозир шуд.

– Каретаи ҷанобашон омода аст, – гуфт ӯ.

– Бисёр нағз! Кулоҳу дастпӯшакҳоро бигиред, – гуфт Монте-Кристо. – Хӯш ман ҳам бо ҷанобашон меравам? – нидо зад Бертуччо.

– Бадеҳист, охир ба шумо зарур аст баъзе фармоишҳо бикунед,модом ки ман нияти он ҷо истиқомат кардан дорам.

Боре нашудааст, ки гапи графро ду карда бошанд ва мубошир бе қилу қол аз паси ӯ равон шуд; граф дар карета нишасту ба Бертуччо имо кард, ки низ савор шавад.

Мубошир бо риояи одоб дар нишастгоҳи пеш ҷо гирифт.

пешина
аз 99
навбатӣ