Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XVII. ПАЙМОН

Рӯзи дигар Албер аз бистари хоб бархоста аввалин кораш ин шуд, ки ба Франс пешниҳод кард ба боздиди граф раванд; вай рӯзи гузашта ба ӯ изҳори миннатдорӣ карда буд, вале пай мебурд, ки хидмати барояш адо кардаи граф ибрози миннати дукаратаро тақозо дорад.

Франс, ки нисбат ба граф рағбати омехта ба ваҳме дошт, бо ҷӯрааш ҳамроҳ рафт, онҳоро ба хонаи меҳмонпазироӣ дароварданд; баъди ягон панҷ дақиқа граф пайдо шуд.

– Тақсир, – гуфт Албер, ба вай наздик шуда, – иҷозат фармоед имрӯз он чиро такрор кунам, ки дирӯз чандон возеҳу равшан баён накарда будам: ман ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам, ки дар кадом вазъияте шумо ба ёриам расида будед ва ҳамеша ёдовар хоҳам шуд, ки барои бақои умрам, ё ки қариб бақои умрам, миннат аз шумо дорам.

– Ҳамсояи азизам, – хандакунон ҷавоб гардонд граф, – шумо хидмати маро муболиға карда истодаед; ман ягон бист ҳазор франки шуморо эмин доштам, тамом вассалом; худатон дида истодаед, ки ин кирои гап надорад. Аммо иҷозат диҳед ман ҳам шавқамро нисбат ба шумо изҳор кунам: ба хештандории бетакаллуфи шумо ҳавасам омад.

– Ман, граф, дигар чӣ кор карда ҳам метавонистам? – гуфт Албер. – Ман тасаввур кардам, ки дар натиҷаи муноқишае корам ба дуэл афтодааст ва хостам ба он роҳзанон нишон диҳам, ки агар чи дар ҳама кишварҳои олам дуэл роиҷ аст, вале фақат фаронсавиён ханда ба лаб набард мекунанд. Лекин ин ҳаргиз миннатдории маро нисбат ба шумо коста намекунад ва ман омадам аз шумо бипурсам, ки оё худи ман шахсан ё ба василаи дӯстонам, ки ба туфайли иртиботу алоқамандӣ ман дӯстоне дорам, ба шумо ягон кори муфиде карда метавониста бошам ё не. Падари ман, граф де Морсер, аслан испонист, ҳам дар Фаронса, ҳам дар Испониё хеле нуфуз дорад; шумо метавонед итминон дошта бошед ва ман ва ҳар он касе, ки дӯстдори ман аст, комилан дар ҳукми ихтиёри шумоем.

– Бояд иқрор бикунам, ҷаноби де Морсер, – ҷавоб гардонд граф, – ки ман чунин пешниҳодеро аз ҷониби шумо чашмдор будам ва аз дилу ҷон қабул медорам инро. Худи ман ҳам мехостам илтифоти зиёдеро аз шумо таваққӯъ бикунам.

– Чӣ коре будааст?

– Ман ҳаргиз Парижро надидаам; тамоман намедонам Парижро...

– Наход? – нидо зад Албер. – Парижро надида чӣ хел зиндагӣ кардан тавонистед? Ин аз ақл берун!

– Бо вуҷуди ин ҳол чунин аст; вале шумо барин, ман ҳам гумон мекунам, ки вақти он расидааст маркази олами маърифатро бубинам. Аз ин бештарашро мегӯям ба шумо: шояд кайҳо ман ин сафарро пеш мегирифтам, агар медонистам, ки ягон вақт каси маро ба ҷомиаи ашроф раҳнамун мешудагӣ пайдо мегардад, ҷомиае, ки бо аҳлаш ҳеч гуна шиносоие надорам.

– Шумо барин шахсе! – хитоб кард Албер.

– Илтифоти шумо зиёд аст; вале азбаски дар шахси худам ба ҷуз рақобат карда тавонистан бо ҷаноби Агуадо ё ҷаноби Ротшилд ба миқдори миллионҳоям, дигар шоистагиеро намедонам ва на барои он Париж меравам, ки дар биржае саҳм бигирам, маҳз ҳамин ҷиҳат бозмедошт маро. Аммо баъд аз пешниҳоди шумо кор ранги дигар мегирад. Оё шумо, азизам ҷаноби де Морсер, ба зимма мегиред (ҳангоми ба забон овардани ин суханон дар лабони граф ғалатӣ як табассуме пайдо шуд), ки агар ман ба Фаронса равам, дари ҷомиаро ба рӯям мекушоед, ҷомиае, ки ман ба аҳлаш чун гурон ё кохинхиние ин қадар бегона хоҳам буд?

– Оҳ, гап дар сари ҳамин бошад, граф, ман бо камоли масаррат ва аз дилу ҷон ба зимма мегирам инро! – ҷавоб гардонд Албер. – Ва аз он ба камоли масаррат мегӯям (Франси меҳрубон, хоҳиш мекунам хандаи маро наоваред), ки маро бо мактубе ба Париж хонда истодаанд, ки худи ҳамин рӯз гирифтам; дар мактуб сухан аз хусуси ба духтаре аз хонадони обрӯманде хонадор шудани ман меравад, ки ин хонадон бо табақаи аъёну ашроф иртиботи қавӣ дорад.

– Пас шумо хонадор мешавед? – пурсид, табассумкунон, Франс.

– Ҳамин хел барин. Бинобар ин, даме ки ба Париж гашта меоед, маро кадхудо меёбед ва, шояд, падари хонадон ҳам. Бо ҷиддияти азиме, ки ман дорам, ин ба ман бисёр зебанда аст. Ба ҳар ҳол, граф, батакрор мегӯям: ман ва тамоми наздиконам, тайёрем руҳан ва ҷисман дар хидмати шумо бошем.

– Ман розӣ, – гуфт граф, – ва далертар шуда шуморо бовар мекунонам, ки барои ба субут расондани баъзе нақшаҳоям, ки муддатест дар ин андешаам, ҳамин гуна як мавриде намерасид.

Франс ягон дақиқае шак надошт, ки ин ҳамон нақшаҳое будагист, ки граф дар ҷазираи Монте-Кристо ишорат ба он карда буд ва ӯ синчакорона ба граф нигарист, дилаш мехост доир ба ин нақшаҳо дар чеҳраи ӯ ақаллан ягон чизе пай барад, нақшаҳое, ки ӯро ба сафари Париж водоштаанд; аммо ба макнуни дили ин мард роҳ ёфтан осон коре набуд, хусусан ки вай дар паси табассуми боадабонааш панаҳ медошт андешаҳояшро.

– Лекин, граф, шояд, – гуфт Албер, аз он ба шавқ омада, ки ба ҷомиаи ашрофи Париж раҳнамун шудани чунин одами ғалатие чун граф Монте-Кристо ӯро дар пеш будааст, – шояд нияти шумо аз қабили он ниятҳое бошад, ки нақш ба рег дорад – ва бо аввалин вазидани бод нишоне аз он боқӣ намемонад?

– Не, бовар бикунед, ин тавр нест, – гуфт граф, – ман дар ҳақиқат ҳам мехоҳам дар Париж бишавам, ба ман ин ҳатто бисёр зарур аст.

– Хӯш чӣ вақт?

– Худи шумо кай дар он ҷо мешавед?

– Ман? – гуфт Албер. – Хайр баъди ягон ду ҳафта, зиёдаш се ҳафта, – чӣ қадаре, ки дар роҳ сарф шавад.

– Хайр майлаш, гуфт граф, – ба шумо се моҳ мӯҳлат медиҳам, дидед, ман хасисӣ намекунам.

– Ва баъди се моҳ шумо дар манзили ман мешавед? – бо сурур нидо баровард Албер.

– Мехоҳед рӯзу соати аниқи мулоқотро бидонед? – гуфт граф. – Огоҳатон мекунам, ки ман ниҳоят дақиқкор астам.

– Рӯзу соаташ! – гуфт Албер. – Бисёр хуб!

– Ҳозир мебинем.

Граф даст ба тақвиме дароз кард, ки дар назди оина овехтагӣ буд.

– Имрӯз бисту якуми феврал аст, – гуфт ӯ ва ба соат назар кард, – ҳозир соат даҳу ним. Оё розӣ ҳастед, ки маро бисту якуми май дар соати даҳу ними саҳар нигарон бишавед?

– Бисёр хуб! – нидо зад Албер. – Субҳона рӯи хон хоҳад буд.

– Хӯш шумо дар куҷо истиқомат доред?

– Кӯчаи Элдер, рақами бисту ҳафт.

– Шумо танҳо истиқомат мекунед, муҷаррадона? Ман шуморо ташвиш намедиҳам?

– Ман дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам, вале дар бинои алоҳида, дар канори ҳавлӣ. – Хеле хуб.

Граф дафтарчаи бағалиашро бароварду дар он навишт: «Кӯчаи Элдер 27, 21 май, дар соати даҳу ними саҳар».

– Мана акнун, – гуфт ӯ, дафтарчаро ба киса андохта, – осуда бошед, ман ба мисоли ақрабаки соататон аниқкор хоҳам буд.

– Ман шуморо то сафарам боз медида бошам?

– Ин вобаста ба он аст, ки шумо кай меравед.

– Ман фардо соати панҷи бегоҳ меравам.

– Ин тавр бошад, ман бо шумо видоъ мекунам. Маро ба Неапол рафтан зарур аст ва на барвақттар аз рӯзи шанбе бегоҳ ё рӯзи якшанбе пагоҳ гашта меоям. Шумо чӣ, – ба Франс рӯ овард ӯ – шумо ҳам меравед, барон?

– Бале.

– Ба Фаронса?

– Не, ба Венетсия. Ман боз як ё ду сол дар Итолиё мемонам.

– Пас мо якдигарро дар Фаронса намедидаем-дия?

– Метарсам, ки аз ин шараф бенасиб мемонам.

– Хайр, ҷанобон, ин тавр бошад, роҳи сафед ба шумо, – гуфт граф ҳар ду дасташро ба Франсу Албер дароз карда.

Франс, ки аввалин маротиба дасташ ба дасти ин шахс мерасид, беихтиёр як қад парид; дасти ӯ чун дасти мурда сард буд.

– Пас, гап ҳамин, – гуфт Албер, – шумо қавл додед. Кӯчаи Элдер бисту ҳафт, бисту якуми май, соати даҳу ними саҳар, кӯчаи Элдер бисту ҳафт, – такрор кард граф.

Баъди ҳамин ҷавонмардҳо таъзим карданду аз дар баромаданд.

Ба шумо чӣ шуд? – пурсид Албер аз Франс, ба хонаи худаш баргашта. – Ин қадар мушавваш менамоед.

– Оре, – гуфт Франс, – бояд иқрор бикунам, ки граф – одами аз ҳад ғалатӣ ва аз ин мулоқоте, ки вай бо шумо дар Париж таъйин кард, дар ташвиш астам.

– Дар ташвиш астед?.. Аз ин мулоқот?.. Э шумо ақлатонро хӯрдаед! – хитоб кард Албер.

– Чӣ метавон кард? – гуфт Франс. – Шояд ман ақламро хӯрда бошам, лекин чунин аст, ки гуфтам.

– Гӯш кунед, – давом дод Албер суханашро, – ман хурсандам, ки мавриде пеш омад, ақидаамро гӯям ба шумо; ман дер боз нисбат ба граф кина доштани шуморо пай бурдаам, ӯ бошад, баръакс, ҳамеша бо мо ниҳоят меҳрубон буд. Шумо барои хуш надоштани ӯ ягон сабабе пеш оварда метавонед?

– Шояд.

– Шумо пештар бо вай дучор омада будед?

– Гап ҳам дар ҳамин-дия.

– Дар куҷо?

– Оё шумо ба ман ваъда медиҳед, ки аз он чи ба шумо ҳикоят мекунам, ба ҳеч кас ҳеч чиз намегӯед? – Ваъда медиҳам.

– Ба ҳурмати виҷдон?

– Ба ҳурмати виҷдон.

– Хуб шудаст. Хӯш гӯш кунед.

Ва Франс дар бораи сафараш ба ҷазираи Монте-Кристо ва дар бораи он, ки вай он ҷо қочоқчиҳову дар байни онҳо ду тан роҳзани корсикоиро дидааст, ба Албер ҳикоят кард. Вай меҳмоннавозии афсонавореро, ки граф дар ғори аз «Ҳазору як шаб»-аш ба вай пешниҳод карда буд, батафсил ҳикоят кард; дар бораи хӯроки шом, ҳашиш, муҷассамаҳо ҳикоят кард, дар бораи он чи дар хобу дар бедорӣ рӯй дод ва чӣ тавр пагоҳӣ аз ҳамаи ин фақат яхтаи хурдакаке дар уфуқ боқӣ монда буд, ки тарафи Порто-Векко мерафт. Баъд вай ба воқиоти Рим гузашт, ба шабе расид, ки дар Колизей ба сӯҳбати графу Луиҷӣ расида буд, сӯҳбате ки вай тасодуфан шунида буд онро ва ҳини сӯҳбат граф ба афв карда шудани Пеппино мусоидат карданашро ваъда дода буд, ки вай ин ваъдаашро чунон ки хонандагони мо диданд, ба ҷо овард.

Ниҳоят, вай тафсилоти воқиоти шаби сипарӣ шударо пеш овард, ҳикоят кард, ки ба чӣ ҳоли душворе афтода буд, даме дид, ки то ба маблағи фидя ҳафтсад пиастр намерасид ва чӣ тавр аз хаёлаш гузашт, ки ба граф рӯ оварад, ки муроҷиат карданаш ба чунин натиҷаи дилхоҳ расонд. Албер ба тамоми аъзо гӯш шуда, ҳикояти Франсро мешунид.

– Хайр чӣ? – гуфт ӯ, вақте Франс суханашро ба поён расонд. – Хӯш шумо дар ҳамаи ин чӣ чизи ношоистае мебинед? Граф саёҳат карданро дӯст медорад, вай сарватманд аст ва мехоҳад яхтаи хосе дошта бошад. Биравед ба Портсмут ё Саутҳемптон ва шумо хоҳед дид, ки бандаргоҳ пур аз яхтаҳои ингилисҳои сарватманд аст, ки чунин шукӯҳу ҷалолро ба худашон изн медиҳанд. Граф ин корро аз он кардааст, то ки ҳамеша сарпаноҳе дошта бошад, то ки ин ғизои расвоеро, ки аз истеъмолаш мо меъдаамонро заҳролуд мекунем, ман – инак чор моҳ мешавад, шумо бошед – чор сол боз, нахӯрад, то ки дар бистарҳои нобоб, ки хоби кас намебарад, хоб наравад, вай дар Монте-Кристо барои худаш манзиле муҷаҳҳаз мекунад; онро ҷиҳознок карда истода, хавф мебарад, ки ҳукуматдорони Тоскана аз вай кашида нагиранд ва хароҷоташ барбод наравад; он гоҳ вай ҷазираро мехарад ва номи онро ба худ мегирад. Азизам, ба хотир овареду бигӯед ба ман, магар кам шиносоне доред, ки номашон номи маҳалле бошад, ки ҳаргиз молики он набудаанд?

– Ба роҳзанони корсикоие, ки аз надимони ваянд, чӣ мегӯед? – гуфт Франс.

– Чӣ ҷои тааҷҷуб дорад ин? Шумо нағз медонед, ки роҳзанони корсикоӣ ғоратгар нестанд, балки фирориҳое мебошанд, ки интиқоми авлодӣ аз шаҳру деҳоташон бадар рондааст; ҳамроҳи онҳо будан ба номи неки кас зиён намеоварад. Вале худи ман изҳор медорам, ки агар ягон вақт ба Корсика рафтанам рост ояд, дар он сурат пеш аз он ки ба губернатору префект муаррифӣ карда шавам, хоҳиш мекардам маро ба роҳзанони Коломба шинос кунанд, фақат агар пайдо кардани онҳо имкон дошта бошад: ман чунин меҳисобам, ки онҳо дилкашанд.

– Хӯш Вампаю дастаи таррораш чӣ? – гашта гуфт Франс. – Инҳо дигар роҳзанони воқеиянд, ки корашон ғоратгарист; дар ин боб умед дорам, ки баҳс намекардагистед. Аз хусуси таъсир доштани граф ба ин қабил одамон чӣ мегӯед шумо?

– Мегӯям, азизам, ки азбас, ба эҳтимоли қавӣ, зинда монданам аз баракати ҳамин таъсир аст, хурдагирӣ кардан ба ман зебанда нахоҳад буд. Бинобар ин, ман ба монанди шумо, инро ба ҷинояткор будани граф ҳамл карданӣ нестам ва акнун шумо ба ман иҷозат фармоед, ҳамсояамонро маоф дорам, маоф барои он ки агар маро аз марг нараҳонда бошад ҳам, – ин, шояд, як дараҷа муболиға бошад, – ба ҳар ҳол чор ҳазор пиастри маро эмин дошт; ин ба пули мо, каму беш не, ақаллан бисту чор ҳазор франк мешавад – ба ин маблағ гумон аст, дар Фаронса ба ман баҳо медоданд, ки ин далели он аст, – барафзуд Албер, хандакунон, – ки кас пайғамбар нест дар ватани худаш.

– Воқиан, аз хусуси ватан: куҷост ватани граф? Забони модариаш кадом аст? Василаи зиндагиаш чист? Сарвати беҳисобаш аз куҷост? Ҳиссаи якуми пурасрори аз назар ниҳони зиндагиаш чӣ гуна аст, ки ба ҳиссаи дуюмаш сояи нохуши одамбезорӣ афкандааст? Ана чиро фаҳмидан мехостам ман, агар дар ҷои шумо мебудам.

– Франси азиз, – ҷавоб гардонд Албер, – вақте ки шумо мактуби маро гирифтед ва дидед, ки мо ба граф эҳтиёҷ дорем, шумо рафтеду ба вай гуфтед: «Ҷӯраи ман Албер де Морсер дар хатар аст ёрӣ диҳед халос кунам ӯро». Ҳамту не?

– Бале.

– Лекин вай оё аз шумо пурсид, ки Албер де Морсер чӣ кас аст? Номашро аз куҷо гирифтааст? Дороиаш аз куҷо пайдо шудааст? Василаи зиндагиаш чист? Ватанаш куҷост? Дар куҷо ба дунё омадааст? Бигӯед, вай ин чизҳоро пурсид аз шумо?

– Не, рости гап, напурсидааст.

– Вай бе гапу ҳарф хесту ҳамроҳатон бирафт. Вай маро аз дасти синор Луиҷӣ, ки сарфи назар аз, чунон ки худатон гуфтед, қиёфаи осуда доштанам, ман худамро, рости гап, хеле ногувор ҳис мекардам, кашида гирифт. Мана акнун, барои чунин хидмате вай аз ман хоҳиш мекунад, он чиро бикунам, ки кас ҳамарӯза, барои ҳар як шоҳзодаи рус ё итолиёвии ба Париж омада мекунад, яъне ки хоҳиш мекунад, ки ман ӯро бо аҳли ҷомиаи Париж ошно бикунам, дили шумо мехоҳад, ки ман аз ин сар битобам! Бас кунед, Франс, шумо ақлатонро хӯрдаед!

Бояд эътироф кард, ки ин дафъа, хилофи одат, мантиқи гуфтори Албер қавитар буд.

– Хуллас, ҳар чӣ мехоҳед, бикунед, виконти азиз, – ҷавоб гардонд оҳ кашида Франс. – Ҳар он чи шумо мегӯед, хеле итминонбахш аст; вале бо вуҷуди ҳамин граф Монте-Кристо – одами ғалатӣ.

– Граф Монте-Кристо – одами накӯкор. Вай ба шумо нагуфт, ки барои чӣ Париж меравад; хӯш гӯш кунед: барои он, ки дар мусобиқа баҳри ҷоизаи Монтион иштирок варзад; ва агар, барои дарёфтани он раъйи ману мусоидати он шахси нокироие лозим афтад, ки дарёфти ҷоиза ба вай вобаста бошад, дархости якум, яъне раъйи худамро ба вай медиҳам, барои дархости дуюм, яъне мусоидати он шахс кафил мешавам. Бо ҳамин, дӯстам, сӯҳбатро хотима медиҳему сари дастархон мешинем, баъд меравем охирин бор ҷомеи ҳазрати Пётрро бубинем.

Барномаи Албер иҷро шуда буд, фардои он рӯз бошад, соати панҷи баъд аз зӯҳр, ҷӯраҳо якдигарро падруд гуфтанд. Албер де Морсер ба Париж баргашт, Франс д' Эпине бошад, дуҳафтаина ба Венетсия рафт.

Аммо Албер, ки мабодо меҳмон вақту соати ваъдагиашро фаромӯш накунед гуфта метарсид, ҳини ба карета савор шуданаш таоруфномаи худро барои ба граф Монте-Кристо расондан ба нӯкар дод, ки дар зери калимаҳои «Виконт Албер де Морсер» ба қалам навишта буд:

21 май, соати даҳу ними саҳар, кӯчаи Элдер 27.

пешина
аз 99
навбатӣ