Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Кадом аҳдро ман фаромӯш кардаам, граф? – пурсид роҳзан ба лаҳни гуфтори касе, ки тайёр аст бетаъхир тақсирашро ислоҳ кунад.
– Магар мо аҳд накарда будем, – гуфт граф, – ки нафақат худи ман, балки тамоми дӯстонам барои шумо дар доираи масуният хоҳанд буд?
– Бо кадом рафторам ман ин аҳдро риоя накардаам, ҷаноби воломақом?
– Шумо имрӯз виконт де Морсерро дуздидаед ва ба ин ҷо овардаед; вале ин ҷавонмард, – давом дод граф бо чунин лаҳне, ки Франс ғайри ихтиёр як қад парид, – аз ҷумлаи дӯстони ман аст; вай бо ман дар як меҳмонсаро иқомат дорад, вай як ҳафтаи тамом аст, ки савори каретаи ман дар Корсо сайр дорад, ҳол он ки, ба такрор мегӯям, шумо ӯро дуздида ба ин ҷо овардаед ва, – номаро аз кисааш бароварда барафзуд граф, – барояш фидя талаб кардаед, гӯё вай кадом-як роҳгузари тасодуфан дучор омадае бошад!
– Барои чӣ инро ба ман нагуфтетон? – ба забон овард саркарда, ба одамони худаш рӯ оварда, ки ба нигоҳи ӯ тоб наёварда, пуштнокӣ қафо мерафтанд, – барои чӣ маро водор кардетон, ки қавли ба граф барин шахсе додаамро хилоф кунам, ки ҷони ҳар кадоми мо дар кафи кифояти ӯст? Савганд ба хуни Масеҳо! Агар ман гумон мекардам, ки ягон касе аз шумо дӯсти ҷанобашон будани ин ҷавонмардро медонистааст, ба дасти худам мепарондамаш!
– Ана дидед, – гуфт граф ба ҷонибе, ки Франс истода буд, рӯ оварда, – ман ба шумо гуфта будам-ку, ин суитафоҳум аст.
– Магар шумо танҳо нестед? – пурсид Вампа бо изтироб.
– Ҳамроҳи ман он касест, ки ин нома ба унвонаш рафта буд. Ман хостам ба ин кас собит кунам, ки Луиҷӣ Вампа ҳеч гоҳ қавлашро хилоф намекунад. Пештар оед, барон, – гуфт ӯ ба Франс, – худи Луиҷӣ ба шумо мегӯяд, ки аз иштибоҳи рӯй дода пушаймон аст.
Франс наздик омад; саркарда ба истиқболи ӯ чанд қадам пеш рафт.
– Хоҳиш мекунам ба ман меҳмон шавед, ҷаноби олиқадр, – гуфт ӯ. – Шунидед, ки граф чӣ гуфту ман ба ӯ чӣ ҷавоб додам; ман метавонам фақат илова бикунам, ки бо рағбати тамом чор ҳазор пиастри арзиши фидяро медодам, то ин воқиа рӯй намедод.
– Лекин асир куҷост? – пурсид Франс, бесаришта ба атроф назар карда. – Ман ӯро намебинам.
– Бо вай, умед аст, ки воқиае рӯй надодагист? – пурсид граф, абрӯ чин карда.
– Асир дар он ҷо, – ҷавоб гардонд Вампа, ба чуқурие ишорат карда, ки дар пешаш посбон қадам мезад, – ва худам меравам ба вай эълом диҳам, ки озод аст.
Саркарда тарафи зиндони Албер равон шуд. Франсу граф аз ақибаш рафтанд.
– Асир чӣ кор карда истодааст? – пурсид Вампа аз посбон.
– Ростӣ, намедонам, сардор, – ҷавоб гардонд ба вай посбон, – зиёда аз як соат шуд, ки намеҷунбад.
– Бифармоед, ҷаноби воломақом, – гуфт Вампа.
Графу Франс, ки саркарда пеш-пешашон мерафт, аз поғундаҳо баромадан гирифтанд. Вампа ғалақаро кашиду дарро кушод.
Ин дам, дар рӯшноии чароғе, ки ба чароғи дар дахма рӯшноидиҳанда шабоҳате дошт, онҳо Алберро диданд. Ӯ худро ба бороние, ки яке аз роҳзанҳо ба вай дода буд, печонда осуда мехобид.
– Лекин! – гуфт граф бо табассуме, ки ба як худи ӯ хос буд. – Барои касе, ки соати ҳафти саҳар бояд паронандаш, бад нест.
Вампа ба Албери хобида тарзе нигарист, ки аз шавқ холӣ набуд; маълум буд, ки мардонагии ҷавон ба вай таассуроте бахшидааст.
– Шумо дуруст гуфтед, граф, – ба забон овард ӯ, – ин кас, бе шак, дӯсти шумост.
Сипас ба Албер наздик рафта, даст ба китфи ӯ расонд.
– Ҷаноби олиқадр! – гуфт ӯ. – Оё майли аз хоб бедор шудан надоред? Албер хамёза кашид, чашмонашро молиш доду баъд кушод.
– Ҳа, ин шумоед, саркарда? – гуфт ӯ. – Ҷин занад, барои чӣ маро бедор кардед; хоби бисёр хубе дида истода будам; хоб медидам, ки дар хонаи Торлониа бо графиня Г. галоп рақсида истодаам.
Вай соатро аз кисааш баровард, ки онро бо худаш нигоҳ дошта буд, то мурури вақтро худаш назорат кунад.
– Яку ним, – гуфт ӯ. – Барои чӣ дар чунин соате бедор кардед маро? – То ба ҷанобашон гӯям, ки озодед шумо.
– Азизам, – гашта гуфт Албер бо хунсардии томе, – барои минбаъда гуфтори ҳикматогини Наполеони Кабирро дар ёд дошта бошед: «Фақат дар ҳоли даррасидани хабарҳои нохуш маро бедор кунед». Агар маро бедор намекардед, ман галопро то ба охир мерақсидаму як умр аз шумо миннатдор мебудам... Хӯш барои ман алакай фидя оварданд магар?
– Не, ҷаноби олиқадр.
– Дар ин сурат чӣ гуна озодам ман?
– Барои гирифта бурдани шумо касе омад, ки ман ба вай ҳеч чизро дареғ намедорам. – Ба ин ҷо?
– Ба ин ҷо.
– Ҳурмати виҷдон, бисёр каси илтифоткоре будааст он кас!
Албер ба атроф нигаристу Франсро дид.
– Наход! – ба вай рӯ овард Албер – Ҳамин шумо чунин садоқате зоҳир кардед?
– Ман не, балки ҳамсояи мо, граф Монте-Кристо, – ҷавоб гардонд Франс.
– Оҳ, граф, – бо тараб гуфт Албер, галстуку саростинҳояшро ба тартиб оварда. – Шумо воқиан каси бебаҳоед ва ман як умр аз шумо қарздор мемонам, аввалан, барои каретаатон ва сониян, барои озод гардиданам! – ва ӯ ҷониби граф даст дароз кард.
Ӯ як қад парид, вале ба ҳар ҳол даст дод ба вай.
Луиҷӣ Вампа бо тааҷҷуб ба ин саҳна назар мекард; вай ба дидани он одат карда буд, ки асирон дар пешаш ба ларза меафтоданд; инак касе ёфт шуд, ки табъи ҳазлкашиаш зарае тағйир наёфтааст; аммо Франс аз шавқ меболид: Албер ҳатто ҳини дар дасти роҳзанон буданаш ҳам шарафи миллаташро ба замин назада буд.
– Албери азиз, – гуфт ӯ, – агар шумо зиёд ҳаял накунед, мо шабхушии хонаи Торлониаро ҳоло дармеёбем; шумо галопи нотамоматонро ба охир расонда метавонед ва синор Луиҷиро, ки ба ростӣ, дар ин ҳама кор ниҳоят шоиста рафтор кард, маоф доред.
– Гапатон маъқул, – ҷавоб гардонд Албер, – мо то соати ду ба он ҷо мерасем. Синор Луиҷӣ, – давом дод ӯ суханашро, – пеш аз он, ки бо ҷанобашон хайру хуш бикунам, боз кадом расмиятҳоеро бояд ба ҷо оварам?
– Ҳеч гуна расмияте, – ҷавоб гардонд роҳзан, – шумо ба мисоли шамол озод астед.
– Ин тавр бошад, ба шумо зиндагии саодатмандонаву хушҳолонае таманно дорам; меравем, ҷанобон!
Ва Албер, ба иттифоқи Франсу граф аз хонаи калони мураббаъ бигзашт; ҷамеи роҳзанон бо сари бараҳна рост истода буданд.
– Пеппино! – гуфт саркарда. – Машъалро ба ман деҳ.
– Шумо чӣ кор карданиед? – пурсид граф.
– Мехоҳам шуморо гусел бикунам, – ҷавоб гардонд саркарда. – Ин камтарин эҳтиромест, ки ба ҷанобашон базл карда метавонам.
Ва, машъали фурӯзонро аз дасти Пеппино гирифта, на чун нӯкаре, ки вазифаашро ба ҷо меоварад, балки чун шоҳе, ки сафирон аз ақибаш мераванд, вай аз меҳмононаш пеш гузашта равон шуд.
Ба роҳи баромад расида, ӯ таъзим кард.
– Граф, – гуфт ӯ, – бори дигар узр пеш меоварам ба шумо; умед ҳаст, ки барои он чи ба вуқӯъ пайваст, шумо дигар аз ман гиламанд намешудагистед.
– Не, Вампаи азиз, – гуфт граф, – шумо ин қадар илтифоткорона иштибоҳи худатонро ислоҳ карда метавонед, ки дил мехоҳад барои чунин иштибоҳ ба шумо миннатдорӣ баён кунад.
– Ҷанобон, – давом дод роҳзан суханашро ба ҷавонмардҳо рӯ оварда, – шояд даъвати ман ба назаратон чандон ҳавасангез нанамояд, лекин агар ягон вақт ёди ман кунетон, дар ҳар ҷо ки бошам, аз дидоратон шод мешавам.
Франсу Албер таъзим карданд. Граф нахуст баромад. Аз паси ӯ Албер; Франс даранг кард.
– Ҷанобашон майли аз ман ягон чиз пурсидан доранд? – гуфт табассумкунон Вампа.
– Бояд иқрор бикунам, ки ҳа, – ҷавоб гардонд Франс. – Ман мехостам бидонам, дами даромадани мо, шумо ин қадар бо шавқ чӣ китоберо мехондед?
– «Қайдҳои Сезар», – гуфт роҳзан, – ин китобест, ки дӯсташ медорам ман.
– Чӣ гап шуд, Франс? – пурсид Албер.
– Меравам, меравам, – ҷавоб гардонд Франс.
Ва ӯ ҳам аз сӯрох берун шуд.
Онҳо чанд қадам роҳ тай карданд.
– Маъзур доред, – гуфт Албер, гашта ақиб рафта, – оё мумкин аст? Ва ӯ сигорашро аз оташи машъали Луиҷӣ даргиронд.
– Мана акнун, граф, – гуфт ӯ, – фурсатро аз даст намедиҳем. Дилам бисёр мехоҳад, ки бақияи шабро дар хонаи герсог Браччано гузаронам. Карета онҳоро дар ҳамон ҷое нигарон буд, ки монда рафта буданд.
Граф ба Алӣ ким-чие гуфт ба арабӣ ва аспҳо ба ҳукм пеш тохтанд.
Расо соати ду дӯстон ба толори рақс ворид шуданд.
Пайдо шудани онҳо ҳангомае барангехт; вале азбаски онҳо ҳар ду омада буданд, изтиробе, ки боисаш ғайбати Албер буд, аз миён бардошта шуд.
– Графиня, – гуфт виконт де Морсер, ба назди графиня Г. рафта, – дирӯз шумо чунон меҳрубон будед, ки бо ман галоп рақсиданро ваъда додед; ман андак бемаҳалтар аз ваъдаи дилпазири шумо ёдовар мешавам, аммо ҷӯраам, ки ростқавлиаш ба шумо маълум аст, тасдиқ хоҳад кард, ки ин на бо айби ман аст.
Ва азбаски дар ҳамин дақиқа садои мусиқӣ баланд гардид, Албер дасташро ба миёни графиня ҳалқа карда, миёни ҷуфтҳои рақсон ба чархидан даромад.
Дар ин миён ҳушу ёди Франс ба он банд буд, ки ҳангоми хоҳу ноҳоҳ даст додан ба Албер граф Монте-Кристо чи ғалатӣ як қад парида буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё