Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚИСМИ САВУМ

I. МЕҲМОНИ АЛБЕР

Дар ҳавлии воқеъ дар кӯчаи Элдер, ки виконт де Морсер ҳангоми дар Рим буданаш ба граф Монте-Кристо мулоқот таъйин карда буд, саҳарии 21 май тадорук мерафт, ки меҳмононро сазовор пешвоз бигиранд.

Албер дар бинои алоҳидаи як гӯшаи ҳавлии кушод, дар рӯбарӯи иморате истиқомат мекард, ки идораҳо ҷой гирифта буданд. Фақат ду тирезаи ин бинои фаръӣ рӯ ба ҷониби кӯча буд; сетои дигараш аз тарафи ҳавлӣ, вале дутои боқимондааш тарафи боғ кушода мешуданд.

Дар миёни ҳавлию боғ маъвои барҳавою бошукӯҳи графу графиня де Морсер қомат афрохта буд, ки ба салиқаи пасти давраҳои Наполеон бино ёфта буд.

Дар саросари паҳнои милк, дар қадди кӯча деворе кашида шуда буд, ки гулдонҳои пури гул зинатафзои он буданд ва аз мобайни гулдонҳо дарвозаи калони аз найзаҳои зарандуд ба ҳам омадае гузошта буданд, ки даромадгоҳи асосии ҳавлӣ буд; даричаи паҳлуи бошишгоҳи ҳоҷиб барои дарою барои соҳибони даргоҳ таъйин шуда буд, агар ишон ҳар гоҳ пиёда аз ҳавлӣ берун мерафтанд ва пиёда ба хона бармегаштанд.

Дар интихоби бинои фаръӣ, ки барои Албер муқаррар шуда буд, дурандешии пурмеҳри модар пай бурда мешуд, модаре, ки намехост аз писараш ҷудо бошад, лекин ба ҳар ҳол инашро ҳам мефаҳмид, ки ҷавонмарде дар синни ӯ ба озодии комил эҳтиёҷ дорад. Аз дигар ҷониб, ин ҷо худпарастии дурандешонаи виконт, ки ҳавохоҳи он тарзи зиндагонии бекорхӯҷавори озоде буд, бетаъсир намондааст, ки писарони абавайни доро ба сар мебурданд, онҳое, ки манзилашонро чун қафаси мурғи дастомӯз зарандуд карда буданд.

Аз тирезаҳои тарафи кӯча Албер олами берунро назора карда метавонист; охир ҷавонҳоро зарур аст, ки дар мадди назарашон занҳои хушрӯяк пайдо шуда истанд, агарчи чашмандози ӯ фақат кӯча буду бас. Сипас, агар чизи диданбоб ба таҳқиқи амиқтаре зарурат дошта бошад, Албер де Морсер аз даре хориҷ шуда метавонист, ки дар баробари даричаи ҳоҷиб қарор дошт; ин дар шоистаи он аст, ки махсус ёдовариаш бикунем.

Ба назар чунин мерасид, ки ин дарро аз рӯзи иморат ёфтани хона фаромӯш карда, биттамом аз баҳраш баромадаанд: ҳамин хел ноаён гардидаву зери чанг монда буд; аммо қулфу ошиқмаъшуқи ғамхорона равған карда шудааш далолат ба он дошт, ки зуд–зуд ва ниҳонӣ аз он истифода мебурдаанд. Ин дари пинҳонӣ бо ду даромадгоҳи дигар рақобат меварзид ва аз чашми ҳозиру нозири ҳоҷиб хато хӯрдаву ӯро гӯл зада боз мегардид, ба мисоли ғори «Ҳазору як шаб», ба мисоли «сим–сим»-и Алибобо ба ёрии ду–се калимаи мармузие, ки бо гӯшнавозтарин овозаке талаффуз меёфт ё тақ–тақи шартие, ки нозуктарин ангуштаке дар олам дармедод онро.

Дар интиҳои роҳрави васеи ором, ки ин дар ба он мебурду вазифаи як навъ даҳлезеро ба ҷо меовард, аз тарафи рост–хонаи таомхӯрии Албер воқеъ шуда буд, хонае, ки тирезаҳояш ба тарафи ҳавлӣ кушода мешуданд, вале аз тарафи чап – хонаи меҳмонпазироии ӯ ҷо гирифта буду тирезаҳояш аз тарафи боғ буд. Баргу навдаи буттаҳо ва рустаниҳои печон, ки бодбезаквор пеши тирезаҳоро фаро гирифта буданд, даруни ин ду дар хонаро аз нигоҳи афроди беҳаё панаҳ медоштанд; фақат аз рӯи ҳавлию аз боғ ба ин хонаҳо назар афкандан имкон дошт, зеро ҳар ду хона дар ошёнаи якум ҷой гирифта буданд.

Дар ошёнаи дуюм низ дари хонаҳо айнан чунин буданд ва боз дар сеюм, ки дар болои роҳрав воқеъ гардида буд. Дар ин ҷо меҳмонхона, хонаи хоб ва хонаи махсуси пазироии занони олитабор –будуар ҷой гирифта буд.

Меҳмонхонаи ошёнаи якум аз истироҳатгоҳи дивандори алҷазоирӣ барин манзиле иборат буд, ки барои чилимкашон таъйин гардида буд.

Будуари ошёнаи дуюм аз даруни хонаи хоб роҳ дошт ва дари ниҳонии он рост ба сӯи зинапоя мебурд. Хуллас, ҳама гуна тадбирҳои эҳтиёткорӣ пешбинӣ шуда буд.

Тамоми ошёнаи сеюмро коргоҳе ишғол карда буд – буткадаи маълум нест рассом бошад ё олуфтае. Он ҷо ҳар гуна аҷоиботи Албер тӯда гардидаву рӯиҳам фурӯ рехта шуда буданд: буқҳои шикорӣ, як оркестри тамом найу контрабас, зеро Алберр як замоне ба мусиқӣ дилбастагӣ набошад ҳам, як дараҷа ҳавас пайдо карда буд; сеопя, лавҳи наққошӣ, рангҳои хушк, зеро ҳаводори мусиқӣ дере нагузашта дағ–дағаи рассомӣ кард; ниҳоят шамшер, дастпӯшакҳои бокс ва гурзу амудҳои мухталиф, зеро тибқи анъаноти ҷавонони табақаи ашрофи он замон, ки мо ривоят кардан дорем, Албер де Морсер бо ҷидду ҷаҳди қиёснопазир, на ин ки ба мусиқию рассомӣ, балки асосан ба се санъат, санъатҳое, ки тарбияти шербачаи ашроф бо он камол меёфт, машғул мешуд; ин се санъат– шамшерзанӣ, бокс ва тасарруфи гурзу амуд буд ва дар ин коргоҳ, ки барои ба ҷо овардани ҳар гуна машқҳои ҷисмонӣ таъйин гардида буд, Албер Гризйе, Кукс ва Шарл Лебушеро банавбат пазиро мешуд.

Ҷузъи дигари асосияи ин хонаро ҷевонҳои қадимии аҳди Франсиски 1 ташкил медоданд, ки дар онҳо чинивори хитоӣ, гулдону қанддонҳои ҷопонӣ, зуруфи фаянсии Лукка делла Роббиа ва табақу табақчаҳои Бернар де Палисси чида шуда буданд; курсиҳои нарме, ки шояд дар инҳо муддате Генрихи IV ё Сулли, Лудовики XVIII ё Ришелйе нишаста бошанд, бешак аз анборҳои Лувр баромадаанд ё дар ҳар сурат аз ягон қасри шоҳии дигаре берун омадагистанд, зеро аз ин курсиҳои нарм дутоаш бо герби кандакоришуда оро ёфтааст, ки дар заминаи лоҷувардӣ се савсани фаронсавии зинатафзои тоҷи шоҳӣ ҷило медод. Дар рӯи ин курсиҳои дабдабаноку тирафом матоъҳои гаронбаҳои хушранге бетартибвор партофта шуда буданд, ки аз хуршеди Эрон бархурдор шудаанд ё ба дасти занҳои Калкатта ё Чандарнагор нақшу нигор ёфтаанд. Ин матоъҳо ин ҷо барои чӣ афканда шудаанд, ҳеҷ кас ҷавоб дода наметавонист: ин матоъҳо лаззатбахши нигоҳи бинанда буда, таъйиноти худро интизорӣ доштанд, таъйиноте, ки моликашон ҳатто хабар надошт аз он, аммо то он соат бо шаъшаъаи зару абрешими худ ба хона нуру сафо мебахшиданд.

Дар ҷои аз ҳама ба назар намоён рояле меистод аз чӯби гулобӣ; роял сохти Роллер ва Бланше буда, аз рӯи андозааш ба меҳмонхонаҳои хурдакаки мо мувофиқат дошт, вале бо вуҷуди ҳамин дар батни тангу ҷарангосиаш як оркестри тамом гунҷоиш меёфт ва дар зери бори шоҳкориҳои Бетҳовен, Вебер, Мотсарт, Ҳайдн, Гретри ва Порпора ба фиғон меомад.

Ва дар ҳама ҷои деворҳо, болои дарҳо, дар шифт–шамшерҳо, ханҷарҳо, ҳар гуна корд, гурзу шашпар, табарзин, либосу аслиҳаи ҷангии зарандуду саводкории заркӯбишуда; маҷмӯи набототи хушкондашуда, порае аз маодин, хӯсаи мурғоне, ки болҳои оташгуни ба парвози беҳаракат омодаву минқорҳояшон барои ҳамешагӣ боз гардида.

Он ки ин хонаи дилпазири Албер буд, ҳоҷат ба шарҳу баён нест.

Аммо аз рӯзе, ки мулоқот таъйин гардида буд, Албер пӯшоки субҳона дар бар карда, дар меҳмонхонаи хурдакаки ошёнаи поён қарор гирифт. Рӯи мизи пеши дивани васеи нарм дар хурмаи фаянси финӣ тамоми анвои тамокуҳои маъруф аз тамокуи зарди петербургӣ то сиёҳи синайӣ–ҳама ба намоиш гузошта шуда буданд; ин ҷо мэриленд ҳам буду порторико ва латакӣ ҳам. Дар паҳлуи инҳо, дар қуттиҳои чӯби хушбӯ аз рӯи дарозию эътиборашон пуросҳо, регалияҳо, гаванаҳо ва манилаҳо қатор чида шуда буданд. Ниҳоят дар ҷевони дараш боз анвои найҳои тамокукашии олмонӣ, чубуқҳои муштукашон қаҳрабоии бо марҷон зинатёфта ва қалёнҳои зарбкубишудаи гарданаашон сахтиёнии ба мисоли мор печида хобидае, ки ҳама ба ҳавою ҳавас ё майли чилимкаш нигарон буданд. Албер ин парешониҳои муназзамро шахсан худаш фармоиш карда буд, ки меҳмонони инзамонӣ баъд аз субҳонаи дилхоҳ ва як пиёла қаҳва аз миёни дуди ба як тарзи ғалатӣ ҳалқа–ҳалқа ба сақф раванда назар дӯхтанро хуш доранд.

Дар соати понздаҳта кам даҳ маҳрам даромад. Ин, агар нӯкарбачаи понздаҳсола Ҷонро, ки фақат ба инглисӣ ҳарф мезад, ба ҳисоб нагирем, ягона хидматгори Морсер буд. Бадеҳист, ки дар рӯзҳои муқаррарӣ таббохи абавайн, вале дар мавридҳои мутантан инчунин нӯкари падараш ҳам дар ихтиёри ӯ буданд.

Маҳрам Жермен ном дошт. Вай ба боварии томи хоҷаи ҷавони худ ноил шуда буд. Вориди хона гардида, ӯ як даста рӯзномаҳоро рӯи миз гузошту як қабза номаҳоро ба Албер дод.

Албер бепарво ҷониби номаҳо назар андохту ду лифофаи ба рӯяшон хушбӯӣ пошида шудаеро, ки навиштаи болояшон ба хати зебое адо шуда буд, ҷудо карда гирифт, ҳар дуро боз кард ва хеле бо диққат бихонд.

– Чӣ тавр расиданд ин номаҳо? –пурсид ӯ.

– Якаш ба воситаи почта, дигарашро маҳрами хонуми Данглар овард.

– Фармоед ба хонуми Данглар бирасонанд, ки ба нишемани худаш даъват кардани ӯро қабул дорам ман... Сабр кунед... Сипас ба назди Роза меравед; ба вай гӯед, ки баъди опера ба манзилаш медароям ва шаш шиша беҳтарин майҳои кипрӣ, хересӣ ва малагаию як қуттӣ садафаки осендӣ баредаш...Садафакро аз Борели мегиред ва гуфтани ин нуктаро фаромӯш накунед, ки садафак барои ман аст.

– Соати чанд субҳонаро мефармоед пеш оваранд? – Ҳозир соат чанд бошад?

– Понздаҳ дақиқа кам даҳ.

– Расо соати даҳуним пеш оваред. Дебрэ, эҳтимол, ба вазорат шитоб дошта бошад... Ва, ғайр аз ин (Албер ба дафтарчаи қайдаш назар кард), ман ҳам ба граф чунин таъйин карда будам: бисту якуми май, дар соати даҳуним, ва гарчанде ба ваъдаи ӯ чандон эътимод надошта бошам ҳам, ман мехоҳам, пухтакор бошам. Воқиан, оё намедонед, графиня бархоста бошанд ё не?

– Агар ҷаноби виконт майл дошта бошанд, рафта хабар мегирам.

– Хуб шудаст... аз он кас як яхдонча ликёр пурсед, аз они ман пур не. Бигӯед, ки ман соати се наздашон меравам ва барои ба он кас муаррифӣ кардани як ҷаноб изн мехоҳам.

Даме ки маҳрам баромад, Албер рӯи диван дароз кашиду рӯзномаҳоро боз кард, ба эълонномаи театрҳо назар андохт, абру чин кард, ки опера медодаанд, на балет, баръабас вай дар байни эълонҳо васоили нави чақ–чақ меҷуст, ки ба вай гуфта буданд, пай дар пай ҳар се рӯзномаи дар Париж ниҳоят мунташир гардидаро як сӯ ҳаво доду хамёзаи бардавоме кашида, ғурунгос зад:

– Ба ростӣ, рӯзномаҳо рӯз аз рӯз дилгиртар шуда истодаанд.

Дар ҳамин ҳин дами дарвоза фойтуни сабуке таваққуф кард ва баъди як дақиқа маҳрам омадани Лусен Дебрэро ба арз расонд. Ба хона хомӯш, бе табассум, бо ваҷоҳати нимрасмӣ ҷавонмарди қоматбаланди малламӯи рангпаридае даромад, нигоҳи чашмони ашҳабиаш худбоварона, лабони нафиси баҳамфишурдааш бовиқор, дар танаш фраки кабуди тукмаҳои тиллои мазрубидор, галстукаш сафед, як чашма айнаки косаи сангпуштие ба риштаи ниҳоят борики абрешимӣ ҳамоил буд, сари чанд гоҳ ба ёрии ҷуфти мушаки абрӯ ин айнакро ба чашми рост насб кардан ба вай муяссар мешуд.

– Салом, Лусен! –гуфт Албер. –Шумо бо ин аниқкории аз ҳад гузароятон маро ба даҳшат меовареду бас! Ман аз дигарон ақибтар омадани шуморо чашмдор будам, лекин шумо дар панҷта кам даҳ ҳозир шудед, ҳол он ки субҳона дар соати даҳуним таъйин шудааст! Аҷабо! Мабодо девони ҳукумат суқут накардааст–ку?

– Не, азизам, – ҷавоб гардонд ҷавонмард, рӯи диван нишаста, – метавонед осуда бошед, мо доимо мекалавем, аммо ҳаргиз суқут намекунем ва ман дар фикри онам, ки мо воқиан абадӣ гардида истодаем, дар бораи он, ки корҳо дар нимҷазира билкул мавқеи моро устувор мекардагист, ҳоҷати гап ҳам нест.

– Э, ҳа, охир шумо дон Карлосро аз Испания ронда истодаетон–ку.

– Ҳаргиз чунин нест, аралаш накунед. Мо дар ин сӯи сарҳад ирсол доштанием ӯро ва ба вай дар Бурж меҳмоннавозии шоҳонае карданӣ ҳастем.

– Дар Бурж?

– Бале. Вай барои шиква кардан ваҷҳе надорад, ҷин занад! Бурж– пойтахти Карли Ҳафтум аст. Чӣ тавр! Шумо инро намедонистед? Аз дина боз ин ба тамоми аҳли Париж маълум, аммо се рӯз боз ин ҷониб ин овоза алакай ба биржа ҳам роҳ ёфт. Данглар (намефаҳмам, ба чӣ тариқ ин кас аз ахбори нав баробари мо бохабар мешуд бошад) дар бозии биржа иштирок карду як миллион ба даст овард.

– Лекин шумо, аз афташ, тасмачаи наве? Дар ҳалқаи камарбандатон рахи осмониранге пайдо шудааст, ки аз ин пеш набуд.

– Ҳа, ба ман ситораи Карли Сеюмро фиристоданд, – беэътиноёна гуфт Дебре.

– Худатонро бепарво нагиред, иқрор кунед, ки гирифтанаш мефорад ба шумо.

– Пинҳон намекунам, хеле форид. Ҳамчун ҷузъи таркибии сару либос ситора ба фраки тукмаҳояш гузаронда шуда ҷудо ҳам мезебад; ин бисёр зебо.

– Ва кас ба шоҳзодаи Уэлсӣ ё ба герсоги Рейхштадтӣ монанд мешавад, – гуфт бо табассум Морсер.

– Ана барои чӣ ман ин қадар ба наздатон бармаҳал ҳозир шудам, азизам.

– Яъне барои он ки шумо ситораи Карли Сеюмро гирифтаед ва дилатон хост ин хабари хушро расонед ба ман?

– Не, на барои ин. Ман шаби дарозро ба номафиристӣ гузарондам: бисту панҷ номаи таъҷилии дипломатӣ. Субҳидам ба хона баргаштаму хостам хоб равам, аммо сарам ба дард даромад; он гоҳ бархостаму тасмим гирифтам каме аспсаворӣ кунам. Дар ҷангали Булон ман малолату гуруснагӣ ҳис кардам. Ин ду эҳсос рақиби якдигаранд ва банудрат якҷоя зоҳир мешаванд, аммо ин дафъа ҳар ду бар зидди ман муттаҳид гардида, иттифоқи карловистию ҷумҳурӣ барин чизе ташкил доданд. Он гоҳ маро ба ёд омад, ки мо ин пагоҳ дар хонаи шумо зиёфат мехӯрем ва инак ман ин ҷоям. Ман гуруснаам, сер кунед маро; ман малолат дорам, ин кудуратро аз дил бароред.

– Ин вазифаи мизбонии ман аст, дӯсти азиз, – гуфт Албер, занг задаву маҳрамро даъват карда, ки дар ин миён Лусен бо нӯки асочаи заринқуббаи сараш бо фирӯза зинатёфтааш рӯзномаҳои бозро рӯгардон мекард. – Жермен, як қадаҳ хересу бисквит. Ҳоли ҳозир Лусени азиз, мана сигор, бадеҳист, ки қочоқӣ; кашида диданашро маслиҳат медиҳам ба шумо, инчунин ба вазиратон пешниҳод мекунам, ба ҷои барги чормағз, ки ба марҳамати он кас кашиданаш ба шаҳрвандони бечора рост меояд, ҳаминхелашро ба мо фурӯшанд.

– Ҳамтуя, ин ба гуфтан рост! Ҳамин ки ин чизҳо нишони қочоқӣ буданашонро гум карданд, шумо аз инҳо рӯй метобед ва манфурашон меёбед. Воқиан, ин ба вазорати умури дохила алоқае надорад, ин вазифаи вазорати молия аст; ба ҷаноби Юман, департаменти андозҳои ғайри мустақим, роҳрави А, рақами бисту шаш.

– Шумо бо корогоҳии худ маро ба ҳайрат мегузоред, – гуфт Албер. – Хайр сигор гиред!

Лусен манилаеро аз шамъи гулобиранги шамъдонаш зарандуд оташ дода кашиду ба диван такя зад.

– Чӣ хушбахте ҳастед, ки ба ягон коре банд нестед, – гуфт ӯ, – растӣ, шумо саодатмандии худатонро пай намебаред!

– Худи шумо чӣ кор мекардед, э оромибахши давлати шоҳӣ, агар ба ягон коре банд намебудед? – бо андаке ришханд гашта гуфт Морсер. – Шумо дабири хоси вазиред, ҳамзамон ба тамоми мураккаботи сиёсати доманадори аврумоию хурдтарин дасисаҳои дохилипарижӣ алоқа доред. Шумо шоҳон ва аз ин ҳам хуштар, шаҳбонуҳоро ҳимоят мекунед, аҳзобро таъсис медиҳед, ба интихобот раҳбарӣ мекунед, дар дафтари кори худатон, ба ёрии қаламу телеграф ба бештар чизе ноил мегардед, ки Наполеон ба мадади шамшер дар майдони набард ва зафарҳояш ба даст меовард. Шумо молики бисту панҷ ҳазор ливр даромади солонаед, маблағи ротибаатон аз ин ҳисоб берун, аспе доред, ки дар баҳояш Шато–Рено ба шумо чорсад луидор пешниҳод кард, ки шумо онро ба вай надодед. Дар ихтиёри шумо дарзиест, ки ягон шиматонро ботил накардааст. Опера, Бошгоҳи чобуксаворон – Жокей–клуб ва театри Варйете – бо вуҷуди ҳамаи ин боз шумо василаи дилхушӣ надоштаед? Хайр майлаш, ман малолати хотиратонро дур карда метавонам.

– Бо чӣ мекардаед инро? – Бо шиносоии наве.

– Занак будааст ё мардак? – Мардак.

– Ман бе ин ҳам беҳисоб мешиносам мардонро. – Аммо ин хелашро намешиносед шумо.

– Аз куҷо будааст вай? Аз он сари дунё не–ку? – Шояд аз он ҳам дуртар бошад.

– Арвоҳ занад! Умед мебандам, ки субҳонаи шуморо на ӯ меовардагист?

– Не, осуда бошед; субҳона ин ҷо, дар хона, омода шуда истодааст. Аммо шумо, мебинам, ки гурусна барин?

– Оре, иқрор мекунам, ҳарчанд ин зиллатовар бошад ҳам. Лекин ман дирӯз дар хонаи ҷаноби де Вилфор наҳор хӯрда будам; вале шумо оё пайхас кардаед, ки дар манзили ин ходимони маҳкама ҳеҷ гоҳ ғизои хуб намехӯрад кас? Метавон гумон бурд, ки азоби виҷдон ором намедиҳад ба онҳо.

– Наҳори дигаронро наҳ задан гиред, наҳ задан гиред, лекин дар хонаи вазирони шумо чӣ гуна хӯрок мехӯрда бошанд?

– Оре, вале мо, ақаллан, одамони дурустро даъват мекунем ва агар мардуми табақаи поёнии некандешу ба мо раъйдиҳандаро муроот кардан лозим намеомад, ҷуръат намуда шуморо бовар кунонданӣ мешудам, ки қади аҷал аз наҳор хурдани дар хонаамон метарсидем.

– Ин тавр бошад, боз як қадаҳ херест нӯшеду бисквит гиред.

– Бо камоли рағбат, майи испании шумо олиҷаноб будааст; шумо дидед, ки дар ин мамлакат осоиштагӣ барқарор карда истода, чӣ ҳақ будаем мо.

– Ҳа, вале дон Карлос чӣ?

– Хайр ҳеҷ қисса не! Дон Карлос майи сурх – бордо менӯшад, баъди даҳ сол бошад, мо писари ӯро бо маликаи хурдакак никоҳ мекунем.

– Пӯсти Тиллоро барои чӣ хоҳед гирифт, агар то он вақт дар ифои хидмат бошед.

– Мебинам, ки шумо, Албер имрӯз тасмим гирифтаед, бо гапҳои пурташвиш сер кунед маро.

– Хайр чӣ, розӣ шавед, ки ин меъдаро аз ҳар чӣ беҳтар андармон мекунад; Лекин ман овози Бошанро шунида истодаам; шумо бо вай дар баҳс мешавед ва ҳамин шуморо машғул медорад.

– Аз чӣ хусус баҳс кунем?

– Аз хусуси чизҳое, ки рӯзномаҳо менависанд.

– Э магар ман рӯзномаҳоро мехонам? – бо танаффур ба забон овард Лусен.

– Ин тавр бошад, барои баҳс ваҷҳи бештаре будааст.

– Ҷаноби Бошан! – ба арз расонд маҳрам.

– Дароед, дароед, э соҳибқалами даҳшатбор! – гуфт Албер, аз ҷой бархоставу ба истиқболи меҳмони нав рафта истода. – Ана Дебрэ мегӯяд, ки тоби дидори шумо надоштааст, агар чи, ба қавли худаш, ҳатто мақолаҳои шуморо намехондааст.

– Ин кас тамоман ҳақ аст, – ҷавоб гардонд Бошан, – ман ҳам ин касро сарзаниш мекунам, агар чи ба чӣ коре машғул буданашро ҳам намедонам. Салом, командор.

– Ҳа, шумо алакай медонед? – гуфт дабири вежаи вазир, табассум кардаву дасти рӯзноманигорро фишурда.

– Набошад чӣ!

– Дар ин хусус аҳли ҷомиа чӣ мегӯянд?

– Аҳли кадом ҷомиа? Дар тобистони соли як ҳазору ҳашт саду сию ҳашт аз мавлуди Масеҳ ҷомиа зиёд аст.

– Аҳли ҷомиаи танқиду сиёсат, ки шумо яке аз шербачаҳои онед.

– Мегӯянд, ки ин комилан сазовор аст ва шумо ба дараҷаи кофӣ тухми сурх коридаед, то ки андаке кабуд бирӯяд.

– Беҷо не, – гӯшрас кард Лусен. – Барои чӣ шумо аз мо нестед, Бошани азиз? Бо ин ақле ки шуморост, дар се–чор сол ба мартабае мерасидед.

– Ман ҳам чашмдори мавриде ҳастам, ки аз рӯи маслиҳати шумо кор кунам: дар вазорате, ки ним сол тоб меовардагист. Акнун як даҳан гап, Албер, хусусан ки ба Лусени бечора имкон бояд дод, нафас рост кунад. Мо наҳор мехӯрем ё субҳона? Охир ба Маҷлис рафтан лозим. Чунон ки мебинед, дар пеши мо на ҳамеша гулҳои муаттар пеш меояд.

– Мо фақат субҳона мехӯрем ва боз ду каси дигарро нигаронем; ҳамин ки онҳо омаданд, сари дастархон менишинем.

– Хӯш маҳз киро нигаронед шумо? – пурсид Бошан.

– Як нафар аъёну як касаш дипломат, – ҷавоб гардонд Албер.

– Хӯш, ин тавр бошад, аъёнро ягон ду соат интизор шудан рост меояду дипломатро аз ин ҳам зиёдтар. Ман ҳини шираворхӯрӣ гашта меоям. Ба ман қулфинай монетону қаҳваю сигор. Ман дар Маҷлис ягон чиз мехӯрам.

– Монед, Бошан; ҳатто агар марди аъён Монморансию дипломат Меттерних ном дошта бошад ҳам, фарқ надорад, мо расо дар соати даҳу ним ба наҳор хӯрдан мешинем; ҳоли ҳозир аз Дебрэ ибрат бигиред – хересу бисквит хӯрда истед.

– Хуб шудааст, ман меистам. Имрӯз ба ман комилан дилхушӣ кардан зарур аст.

– Хӯш, ана, шумо ҳам Дебрэ барин! Лекин ман гумон мекунам, ки вазорат ношод бошад, тарафи мухолифаш бояд дилхушӣ бикунад.

– Оре, аммо шумо намедонед, ки чӣ хатаре маро дар пеш аст. Имрӯз вақти зӯҳр дар Маҷлиси намояндагон ман нутқи Дангларро мешунавам, бегоҳ бошад, дар ҳузури завҷааш – фоҷиаи пэри Фаронсаро. Ҷин занад ҳамин сохтори машрутаро! Охир мегӯянд, ки мо имкони интихоб кардан доштем, пас чӣ шуд, ки Дангларро интихоб кардем?

пешина
аз 99
навбатӣ