Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
IV. ТАВТИА
Данглар аз Эдмону Мерседес чашм намеканд, то ин ки онҳо аз дижи ҳазрати Николай хам хӯрданд; баъд ӯ боз ҷониби ҳамқадаҳони худаш баргашт. Фернан бо ранги паридаву тани ларзон наҷунбида мешишт, вале Кадрусс матни кадом–як суруди майгусоронро ғурунг–ғурунг дошт.
– Ба хаёлам, – гуфт Данглар ба Фернан, – ин арӯсӣ на ба ҳама бахт илқо мекунад.
– Маро ба навмедӣ мерасонад, – ҷавоб гардонд Фернан. – Шумо Мерседесро дӯст медоред?
– Ман ӯро мепарастам.
– Кай боз?
– Аз даме, ки якдигарро мешиносем; ман як умр ӯро дӯст медоштам.
– Ва ба ҷои он ки барои ба дардатон даво ёфтан тадбире ҷӯед, ин ҷо нишастаеду мӯи саратонро кандан доред! Ҷин занад! Ман гумон доштам, ки каталониҳо ин тавр набудагистанд.
– Ба фикри шумо ман чӣ кор кунам? – пурсид Фернан.
– Аз куҷо донам ман?Магар ин кори ман аст? Охир, ба хаёлам, на ман ошиқам ба хонума Мерседес, балки шумо, чунон ки дар Инҷил омадааст, дар ҷустани салоҳи коред, тадбир мехоҳед.
– Ман–ку алакай ёфта будам.
– Вай чӣ тадбир будааст?
– Ман хостам ханҷаре ба ӯ занам, вале Мерседес гуфт, ки агар ба вай ягон ҳодисае шавад, худашро мекушад.
– Монед инро! Ин гуна чизҳоро мегӯянд, вале намекунанд.
– Шумо Мерседесро намедонед. Агар вай таҳдид кунад, ҳатман ба иҷро мерасонад.
– Каллаварам! – зери лаб гуфт Данглар. – Бигузор худашро кушад, маро чӣ ғам, Дантес нохудо нашавад, шудааст.
– Лекин пеш аз он ки Мерседес бимирад, – давом дод Фернан бо қатъияти том, – ман мемирам.
– Ана инро ишқ мегӯянд! – дод зад Кадрусс бо овози мастона. – Ишқ гуфта ана ҳаминро мегӯянд, ё ки ман дар ин бобат ҳеҷ чизро намефаҳмам!
– Гӯш кунед, – гуфт Данглар, – шумо ба назарам, ҷавони хуб менамоед, ва дилам мехоҳад, ҷин занад маро, ба дарди шумо дармон ёбам, вале...
– Оре, – лаб монд Кадрусс, – гап зан.
– Ҷонам, – гапи ӯро бурид Данглар, – ту алакай қариб мастӣ, шишаро тамом кунӣ, тапа–тахт мешавӣ. Нӯшу ба кори мо халал нарасон. Барои кори мо фикри равшан мебояд.
– Ман мастам! – нидо зад Кадрусс. – Ана ёфтӣ мастатро! Ман ҳоло чорта ин хел шишаро нӯшида метавонам: инҳо охир шишачаи атргирианд! Дадаи Памфил, май биёред! Ва Кадрусс истаконро туқӣ ба рӯи миз зад.
– Хӯш шумо мегӯед, ки... гуфт Фернан ба Данглар, ҳарисвор давоми гапи нотамом мондаи ӯро шуниданӣ шуда.
– Ман ин дам дар ёд надорам, чӣ гуфта будам. Ин майзада андешаҳои маро дарҳаму барҳам кард.
– Майзада бошам будан гирам; боз бадтар, барои онҳое, ки аз май метарсанд; онҳо, аҷаб не, андешаи носавоб дошта бошанд, ва онҳо метарсанд, ки мабодо май андешаи носавобашонро зоҳир нагардонад.
Ва Кадрусс сурудакеро замзама кард, ки дар он давра хеле маълум буд:
Ҳама бадандешон обнӯш астанд, Ки исботи ин тӯфони об аст.
– Шумо гуфта будед, – давом дод Фернан, – ки мехостед дар мусибати ман ёр бишавед, вале шумо илова кардед, ки...
– Оре. Вале барои он ки кас дар мусибати шумо ёр шавад, бояд ба арӯсии Дантес бо оне, ки шумо дӯсташ медоред, халал расонад, тӯй ба ақидаи ман, бидуни марги Дантес ҳам ба осонӣ метавонад барпо нагардад.
– Фақат марг онҳорро аз ҳам ҷудо карда метавонад, – гуфт Фернан.
– Муҳокимаронии шумо як пула мазза надорад, дӯстам, – суханони ӯро бурид Кадрусс, – вале Данглари мо бошад, доно, маккор, хондагӣ, исбот мекунад, ки шумо иштибоҳ карда истодаед. Исбот кун, Данглар. Ман барои ту кафолат додам. Исбот кун, ки мурдани Дантес ҳоҷат надорад; ғайр аз ин ҳайф мешавад, агар Дантес бимирад. Вай бачаи меҳрубон, ман Дантесро дӯст медорам. Ба саломатии ту, Дантес.
Фернан бо алам даст афшонда, аз сари миз бархост.
– Ба вай кордор нашав, – гуфт Данглар, ҷавони каталониро боздошта, – маст бошад ҳам, он қадар аз ҳақиқат дур нест. Фироқ на бадтар аз марг аз ҳам ҷудо мекунад касонро; тасаввур кунед, ки байни Дантесу Мерседес девори маҳбас пайдо шуд; ин девор онҳоро айнан мисли санги гӯр аз ҳам ҷудо мекунад.
– Оре, лекин аз маҳбас мебароянд, – гуфт Кадрусс, ки бо андак идроки дар бисоташ боқимонда зӯр зада ба гап ҳамроҳ мешуд, – ҳар гоҳ одам, агар ин одам Эдмон Дантес ном дошта бошад, аз маҳбас барояд, интиқом мегирад.
– Бигузор! – гуфт зери лаб Фернан.
– Ғайр аз ин, – гӯшрас кард Кадрусс, – барои чӣ кас Дантесро ба маҳбас меандохтааст? Вай чизеро надуздидааст, касеро накуштааст, ба касе корд назадааст...
– Хомӯш бош! – сухани ӯро бурид Данглар.
– Хомӯш будан намехоҳам! – гуфт Кадрусс. – Ман мехоҳам, ки ба ман гӯянд, барои чӣ Дантес бояд ҳабс шавад. Ман Дантесро дӯст медорам. Ба саломатии ту, Дантес!
Ва ӯ боз як истакон майро холӣ кард.
Данглар бо чашмони тамоман роғ–роғ рафта истодаи дарзӣ назар карду ҷониби Фернан баргашта гуфт:
– Акнун шумо фаҳмидед, ки куштани ӯ ҳоҷат надорад?
– Албатта, ҳоҷат надорад, ба шарте, ки чунон ки шумо гуфтед, барои ба маҳбас андохтани Дантес василае пеш ояд. Вале канӣ ин васила?
– Агар кас дурусттар кобад, васила пайдо мешудагист, – гуфт Данглар. – Лекин воқиан, – давом дод ӯ, – барои чӣ ман ба ин кор қатӣ шавам? Охир ин ба ман дахл надорад–ку.
– Намедонам, ки ин ба шумо дахл дорад ё не, – дод зад Фернан, аз дасти ӯ дошта, – вале медонам, ки барои шуморо бад дидани Дантес сабабе ҳаст. Касе ки худаш бад мебинад, он кас дар эҳсосоти каси дигар ҳам иштибоҳ намекунад.
– Дантесро бад дидани ман сабаб дорад? Ҳеҷ гуна сабабе, қавл медиҳам ба шумо. Ман дидам, ки шумо нокомед, ва мусибати шумо тараҳҳуме барангехт дар дили ман нисбат ба шумо, тамом вассалом. Лекин агар шумо гумон дошта бошед, ки ман барои худам ҷон меканам, дар он сурат хуш бошед, дӯсти азиз, роҳи аз ин бало халос шуданро худатон ёбед.
Данглар чунин вонамуд кард, ки бархостанист.
– Не, истед! – гуфт Фернан, ӯро боздошта. – Дар ниҳояти кор барои ман чӣ фарқ дорад, ки шумо Дантесро бад мебинед ё не. Ман ӯро бад мебинам ва пинҳон намедорам инро. Василаро пайдо кунед ва ман ҳамаашро ба ҷо меоварам, фақат марг набошад, зеро Мерседес гуфт, ки мемирад, агар Дантесро кушанд.
Кадрусс, ки сарашро рӯи миз хам карда буд, онро бардошту бо нигоҳи баазобу бематлаб ба Фернану Данглар назар кард.
– Дантесро мекушанд! – гуфт ӯ. – Кӣ мекуштааст Дантесро? Намехоҳам, ки ӯро кушанд. Вай дӯсти ман аст, худи ҳамин рӯз ӯ ба ман таклиф кард, ки пулашро бо ман ба ҳам бинад, чунон ки ман бо ҳам дида будам бо вай. Намехоҳам, ки Дантесро кушанд!
– Э кӣ ба ту гуфт, ки ӯро куштаниянд, аблаҳ! – бурид гапи Кадруссро Данглар. – Мо ҳамту шӯхӣ карда истодаем. Ба саломатии ӯ бинӯшу, – давом дод ӯ, истакони Кадруссро пур карда истода, – моро ба ҳоламон гузор.
– Бале, бале, ба саломатии Дантес! – гуфт Кадрусс майро нӯшида истода. – Ба саломатии ӯ!.. Ба саломатии ӯ!.. Ана!..
– Лекин... васила?.. васила?.. – ба исрор мепурсид Фернан.
– Хӯш шумо ҳоло наёфтаед онро?
– Не, охир шумо ба ӯҳда гирифтед, ки...
– Ин рост, – гуфт Данглар. – Афзалияти фаронсавиён аз испониҳо дар ин аст, ки испониҳо ба андеша мераванд, фаронсавиён бошанд, илоҷи корро меёбанд.
– Хӯш, ин тавр бошад, илоҷи корро ёбед! – бесаброна дод зад Фернан.
– Ҳой мардак! – овоз дод Данглар. Қалам, давот ва коғаз биёр.
– Қалам, давот ва коғаз? – ғурунгос зад Фернан.
– Оре, ман муҳосибам: қалам, давот ва коғаз – олоти шуғли ман аст, бе инҳо ман ҳеҷ корро ба сомон расонда наметавонам.
– Қалам, давот ва коғаз биёр! – овоз баровард ин дафъа Фернан низ. – Дар болои ҳо он миз, – гуфт хидматгори трактир, бо дасташ нишон дода.
– Хуш ин ҷо биёред.
Хидматгор қаламу давот ва коғазро гирифта ба зери соябон овард.
– Ба гумони кӣ меояд, – гуфт Кадрусс, дасташро ба коғаз зада, – ки мана бо ҳамин яқинтар одамро куштан мумкин, назар ба он ки, кас дар канори ҷангал поида истад! Беҳуда нест, ки ман ҳамеша аз қаламу давот ва коғаз зиёдтар метарсидам, нисбат ба шамшер ё туфангча.
– Ин масхарабоз ҳанӯз он қадар масте нест, ки менамояд, – гӯшрас кард Данглар. – Май резед ба ӯ, Фернан.
Фернан истакони Кадруссро пур кард ва ӯ ҳамчун майзадаи воқеӣ дасташро аз коғаз бардошту ҷониби истакон дароз кард.
Ҷавони каталонӣ сабр карда истод, то ин ки Кадрусс бо ин лоҷуръа бардоштани нав қариб аз пой фитода, истаконро рӯи миз гузошт ё аниқтараш аз даст афтонд.
– Хӯш? – гуфт ҷавони каталонӣ, ба истакон фурӯ рафтани охирин пораи боқимондаи хиради Кадруссро дида.
– Хӯш, – давом дод Данглар, – агар, масалан, баъд аз чунин баҳрнавардие, ки Дантес карда, зимни он ба Неапол ба ҷазираи Элба даромадааст, ягон кас ин хабарро ба додситони подшоҳӣ мерасонд, ки вай гумоштаи бонопартиён аст.
– Ман мерасонам! – бо шавқ нидо зад каталонӣ.
– Оре, лекин ба шумо лозим меояд ба маълумотномаи махфӣ имзо гузоред, шуморо бо он касе, ки дар борааш хабар додаед, чорбарӯ мекунанд. Ман, маълум гап, бо ҳама маълумоти зарурӣ таъмин мегардонам шуморо, то айбномаро тасдиқ карда тавонед, лекин Дантес як умр дар маҳбас намемонад. Ягон вақт мебарояд аз он ҷо ва он гоҳ ҳар ки ӯро ҳабс кунондааст, рӯзаш сиёҳ мешавад.
– Ба ман ҳамин қадар баҳонае кифоят аст, ки вай бо ман арбада барпо кунад.
– Лекин Мерседес чи? Мерседесе, ки ба Дантеси дилдодааш ангушт расонданатон бас аст, ки ба душмани ҷонаш табдил ёбед шумо!
– Гапатон дуруст, – гуфт Фернан.
– Не,не, – давом дод Данглар, – агар кас ба чунин кор иқдом мекарда бошад, дар он сурат беҳтараш ки ин кас парқаламро гираду мана ин тавр, ба ранг тар кунаду бо дасти чап ба мазмуни зер маълумотномаи махфии хурдакаке нависад, то ки ҳусни хаташро нашиносанд.
Ва Данглар, барои бо аёният таъкид кардани насиҳаташ, ба дасти чап бо ҳарфҳои каҷу килеб, ки ҳеҷ гоҳ ба хати одатиаш монандие надошт, ҳуҷҷати зеринро сабт карду ба Фернан дод.
Фернан бо овози паст хонд:
– «Мухлиси тахту дин ҷаноби додситони подшоҳиро аз он огоҳ мегардонад, ки ёвари нохудои киштии «Фиръавн» Эдмон Дантес имрӯз аз Смирна расид, ки сари роҳ ба Неапол ва Порто–Феррайо даромада буд, аз Мурат ба номи ғосиб номае дошт ӯ, аз ғосиб бошад, номае ба унвони кумитаи бонопартӣ ба Париж.
Агар вай дастгир шавад, номаи ӯро фошкунанда аз ҷайбаш ёфт мешавад, ё аз дасти падараш ва ё аз ҳуҷрааш дар «Фиръавн»».
– Ана ҳамин, – гуфт Данглар, – ин кори дуруст барин, чун ки ин гуна маълумотномаи махфӣ ҳаргиз ба худи шумо зарар оварда наметавонист ва ҳама корҳо худ ба худ ҳал мешуд. Фақат мана ин хел қат кардани мактуб мемонаду дар рӯяш навиштан ки: «Ба ҷаноби додситони подшоҳӣ». Ва ҳамааш ҳал мешуд.
Ва Данглар, хандакунон, матни суроғаро навишт.
– Оре, ҳамааш ҳал мешуд, – нидо баровард Кадрусс, ки охирин бақияи хирадашро ғун карда, ба хондани нома диққат дод ва ба савқи табиӣ ҳис кард, ки чӣ оқибати мудҳише бор оварда метавонист ин гуна маълумотномаи махфӣ, – оре, ҳамааш ҳал мешуд, лекин ин разилӣ мебуд! Ва ӯ даст дароз кард, ки номаро бигирад.
– Маҳз барои ҳамин ҳам, – ҷавоб гардонд Данглар, номаро аз назди вай дур тела дода, – ҳар он чи ман мегӯям, ва ҳар он чи ман мекунам, ин фақат шӯхист ва ман якум шуда сахт хафа мегардидам, агар ба Дантеси номвари мо ягон воқиае мешуд. Нигоҳ кун! Ӯ хатро гирифту дар кафаш лунда кард ва ба як гӯшаи соябон партофт.
– Ана ин кор! – гуфт Кадрусс. – Дантес дӯсти ман аст ва ман намехоҳам, ки ба вай осебе расонанд.
– Э кӣ ба вай осеб расонданист! Ҳаминаш аниқ, ки на ман ва на Фернан! – гуфт Данглар, бархоставу ба ҷавони каталонӣ назар карда, ки бо қираи чашм ба коғази ба як гӯшаи соябон ҳаво дода шуда, нигоҳ мекард.
– Ин тавр бошад, – давом дод Кадрусс, – боз май биёред! Ман мехоҳам ба саломатии Эмону Мерседеси соҳибҷамол нӯшам.
– Туи майпараст, бе ин ҳам аз ҳад зиёд нӯшидӣ, – гуфт Данглар, – ва агар боз нӯшӣ, дар он сурат лозим меояд, ки ҳамин ҷо хоб равӣ, чунки ту ба по рост истодан наметавонӣ.
– Ман? – бо ман–мании мастона гуфт Кадрусс, аз ҷой хеста истода. – Ман ба по рост истода наметавонам? Гарав мебандем, ки ба сари ноқусхонаи Аккул мебарояму ҳатто намекалавам.
– Хуб шудааст, – гапи ӯро бурид Данглар, – гарав мебандем, лекин фақат пагоҳ. Имрӯз бошад, вақти хона рафтан шуд. Дастатро ба ман тею хез рафтем.
– Рафтем, – ҷавоб гардонд Кадрусс, – лекин дасти ту лозим не ба ман. Ту ҳам меравӣ, Фернан? Ҳамроҳи мо Марсел меравӣ?
– Не, – гуфт Фернан, – ман хона меравам, ба Каталонҳо.
– Беҳуда; рафтем ҳамроҳи мо ба Марсел, рафтем.
– Ман дар Марсел коре надорам, ман ба он ҷо рафтан намехоҳам.
– Чӣ гуфтӣ ту? Намехоҳӣ?.. Хайр, майлаш, ихтиёр дорӣ! Ихтиёр ба дасти бахтиёр... Рафтем, Данглар, ин ҷаноб бигузор ба Каталонҳо рафтан гирад, агар дилаш кашол бошад.
Данглар аз гапдароии Кадрусс истифода карду ӯро ба роҳи Марсел гирифта бурд. Аммо барои он, ки роҳи кӯтоҳу қулайро ба Фернан вогузорад, вай на қад–қади соҳили Рив–Нев рафт, балки ба сӯи дарвозаи Сен–Виктор. Кадрусс калавида–калавида, вазнашро ба дасти ӯ андохта, аз дунболаш ба роҳ афтод.
Ягон бист қадам рафта, Данглар баргашту дид, ки Фернан худашро ба сӯи номаи маҷақ карда шуда андохт, онро бардошту аз соябон хез зада баромаду, ҷониби шаҳр тохт.
– Вай чӣ кор карда истодааст? – гуфт Кадрусс. – Дурӯғ гуфт: гуфт, ки ба Каталанҳо меравад, худаш бошад, роҳи шаҳрро пеш гирифт. Ҳой Фернан! Ту роҳро гум кардӣ, ошно!
– Ин чашмат сиёҳӣ задагист, – гапи ӯро бурид Данглар, – вай рост ҷониби Беморхонаи Кӯҳна рафта истодааст.
– Ҳамтуя? – гуфт Кадрусс. – Ман қариб қасам хӯрданӣ будам, ки вай тарафи рост тоб хӯрд... Дуруст мегуфтаанд, ки май – хоин.
– Кор пухтагӣ барин, – зери лаб гуфт Данглар, – акнун бемалол пеш рафтан мегирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё