Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

V. ҶАШНИ ФОТИҲА

Рӯзи дигар саҳар гарму беғубор омад. Офтоб пурнуру шаъшаъапош талӯъ кард, ва нахустин шӯълаҳои сурхи он ба мисоли лаъл дар ёли мавҷҳо гул карданд.

Зиёфат дар ошёнаи дуюми ҳамон «Резерв» таъин гардида буд, ки бо соябонаш мо пеш аз ин шиносоӣ доштем. Ин як толори калоне буд, дорои шаш тиреза ва дар болои ҳар як тирезааш (худо медонад барои чӣ) номи яке аз калонтарин шаҳрҳои фаронсавиён сабт ёфта буд.

Дар қадди ин тирезаҳо долоне тӯл кашида буд чӯбин, ба мисоли тамоми бино.

Агар чи наҳор ба нисфи рӯз таъйин гардида буд, бо вуҷуди он аз соати ёздаҳ дар долон меҳмонони носабур гашту гузор доштанд. Инҳо маллоҳони «Фиръавн» буданду чанд сарбоз, дӯстони Дантес. Ҳамаи инҳо аз эҳтироми нисбат ба домоду арӯс бо либосҳои идона худро оро дода буданд.

Дар миёни меҳмонон овоза паҳн шуд, ки соҳибони «Фиръавн» бо мақдами худ зиёфати арӯсиро шӯҳрат медодаанд, вале ин барои Дантес чунон шарафи бузурге буд, ки ҳеҷ кас ёрои ба ин бовар кардан надошт.

Аммо Данглар, ҳамроҳи Кадрусс омада, ҳамчунин тасдиқ карданд ин хабарро. Пагоҳӣ вай худаш ҷаноби Моррелро дидааст ва ҷаноби Моррел ба вай гуфтааст, ки дар «Резерв» наҳор мехӯрад.

Воқиан ҳам баъди чанд дақиқа ба толор Моррел ворид шуд. Маллоҳон бо кафкӯбиҳои якдилона ӯро дуруд гуфтанд. Ҳузури соҳибкор ба онҳо чун тасдиқи овозаи кайҳо гӯшзадшудаи он хидмат кард, ки Дантес нохудо таъйин хоҳад шуд. Онҳо Дантесро хеле дӯст медоштанд ва ба хоҷаи худ барои он изҳори миннатдорӣ карданд, ки ақалан як бор интихобаш бо хоҳиши онҳо мувофиқ омад. Нав ҷаноби Моррел аз дар даромада буд, ки бо талаби муттафиқона ҳозирон Данглар ва Кадруссро бо супорише назди домод фиристоданд, омадани соҳибкорро ба вай хабар диҳанд, ки пайдо шуданаш боиси шодии ҳамагон гардида буд ва ба вай гӯянд, ки каме шитоб кунад. Данглар ва Кадрусс ба давидан даромаданд, вале сад қадам ҳам натохта буданд, ки ба домоду арӯс рӯбарӯ заданд.

Чор нафар каталонидухтар, дугонаҳои Мерседес, арӯсро гусел мекарданд; Эдмон аз зери бағали ӯ дошта меомад. Дар паҳлӯи арӯс пирамард Дантес қадам мезад, вале Фернан аз ақиби ӯ. Табассуми ғазаболуд лабони ӯро каҷу килеб мекард.

На Мерседес ва на Эдмон ин табассумро пайхас намекарданд. Онҳо чунон саодатманд буданд, ки фақат худашон ва осмони беабрро медиданд, осмонеро, ки ба назарашон, фотиҳаи сафед медод ба ҳар дуяшон.

Данглар ва Кадрусс супориши ба ӯҳдаашон гузошташударо ба ҷо оварданд, дасти Эдмонро сахту уствор фишурда, дар ҷои худашон қарор гирифтанд, – Данглар дар паҳлуи Фернан, вале Кадрусс дар паҳлуи пирамард Дантес, ки мавриди назари ҳамагон қарор ёфта буд.

Пирамард камзӯли абрешимини тугмаҳои пӯлодини қирранокдорашро пӯшида буд. Пойҳои лоғар, вале сермушакаш даруни ҷӯлобҳои пахтагини хеле зебо назаррабоӣ доштанд, ки моли қочоқии ингилисӣ буданд; ин ҷӯлобҳо аз як чақрим намудор шуда меистоданд. Аз кулоҳи сегӯшааш як даста тасмаи сафеду кабуд овезон буд. Вай ба чӯбдасти тоб–тоби чун асои антиқаи саркаҷ такя мекард. Хуллас, ки аз олуфтаҳои соли 1796 дар боғҳои нав ифтитоҳ гардидаи қасрҳои Луксембургу Туирлӣ гаштугузоркунанда ҳеҷ фарқе надошт.

Ба ӯ, чунон ки алакай гуфтем мо, Кадрусс ҳамроҳ шуд, Кадруссе, ки умеди наҳори лазиз бо Дантесҳо оштӣ дода будаш, Кадруссе, ки дар зеҳнаш ёди хирае боқӣ монда буд аз он чи як рӯз пеш ба вуқӯъ пайваста буд, чунон ки баъзан рӯй медиҳад, даме кас саҳар бедор шуда, аз хоби шабона дидааш баъзе лаҳзаҳо аҳёнан ба ӯ ёдрас мешаванд.

Данглар назди Фернан рафта, бо диққат ба ин дилдодаи иззати нафсаш латёфта назар андохт. Фернан, ки аз паси завҷайни ояндаву Мерседеси дар ҳаловати ишқи навафтод комилан ӯро аз ёд бурдаву ба ҷуз Эдмони худаш ҳеҷ чизро набинанда қадам зада, гоҳ ранг аз рӯяш мепариду гоҳ суп–сурх мешуд. Гоҳе–гоҳе ҷониби Мерседес нигоҳ мекарду ҳамвора ҳар дафъа беихтиёр як қад мепарид. Ба назар чунин мерасид, ки Фернан кадом як рӯйдоди муҳиммеро нигарон аст ё ҳеҷ набошад пешбинӣ кардааст.

Дантес содда либос пӯшида буд. Дар флоти тиҷоратӣ хизмат карда вай либоси хизматие пӯшида мегашт, ки миёни мундири ҳарбию пӯшоки ғайри низомӣ буд ва чеҳраи кушодаи ба нури саодат мунаввар гардидааш хеле дилнишин буд.

Мерседес бо чашмони сиёҳу лабони ба ранги марҷон сурхаш чун юнонидухтарони сокини Кипр ё Хиос дилрабо буд. Ӯ озодвору соҳибихтиёр қадам мезад, чунон ки духтарони арлезианию андалусӣ роҳ мераванд. Духтари шаҳрие, шояд, кӯшиш мекард, хурсандии худро зери бурқаи ҳарираш ё ҳеҷ набошад махмали мижагонаш панаҳ дорад, аммо Мерседес табассум мекарду ба ҳама атрофиён менигарист ва табассуму нигоҳаш ҳамчунин кушоду равшан арзи ҳол мекарданд, чунон ки лабонаш метавонистанд бигӯянд: «Агар шумо дӯсти ман бошед, ҳамроҳи ман шод бошед, зеро ки ман воқиан ҳам хеле хушбахтам!»

Даме ки домод, арӯс ва мушояаткунандагон тарафи «Резерв» равон шуданд, ҷаноби Моррел ба истиқболашон рафт; соҳибкорро маллоҳону сарбозоне иҳота карда буданд, ки ӯ ваъдаи ба Дантес додаашро ба онҳо такрор кард, ки вай ба ҷои марҳум Леклер нохудо таъйин хоҳад шуд. Ӯро дида, Дантес дасти Мерседесро раҳо карду ҷояшро ба ҷаноби Моррел дод. Соҳибкор ва арӯс ба меҳмонон ибрат нишон дода, бо зинапоя ба ошхона баромаданд ва боз расо панҷ дақиқа поғундаҳои чӯбин дар зери қадами меҳмонон ғаричос задан гирифт.

– Падар, – гуфт Мерседес, дар миёнҷои миз таваққуф карда, – аз тарафи дасти рости ман бишинед, илтимос мекунам, аз тарафи дасти чап бошад, он касеро мешинонам, ки ба ҷои бародарам мебошад, – илова кард ӯ бо лаҳни навозишкоронае, ки ханҷарвор ба дили Фернан халид. Лабони ӯ каб–кабуд шуданд ва баръало ошкор буд, ки чӣ тавр аз таги пӯсти офтобхӯрдаи рӯяш якбора хун гурехта ба дилаш фурӯ рафт.

Дантес дар паҳлӯи худаш ҷаноби Моррелу Дангларро шинонд; аввалиро дар тарафи росту сонавиро дар тарафи чап; баъд бо ишораи даст дигаронро даъват кард, ҳар кас мувофиқи табъ ҷой интихоб карда шинанд.

Алакай дар гирди миз ҳасибҳои суп–сурхи хушбӯи аралӣ, лангустҳои ҷавшанашон чашмхиракунанда, венеркаҳои гӯшмоҳии гулобипӯш, хорпуштакҳои баҳрии бо пӯсти пурхорашон шабеҳ ба меваи шаҳбулут, кловиссҳое, ки дар гастрономҳои ҷануб бемалол ҷои устритсаҳои шимолиро мегиранд, давр задан гирифтанд; Хуллас, ҳамаи он хуришҳои латифе, ки мавҷ ба соҳили регпӯш мебароварду моҳигирони миннатпазир бо номи умумӣ «самари баҳр» – ашон меноманд.

– Чӣ хомӯшие! – гуфт пирамард Дантес майи чун забарҷад заб– зарди худи соҳиби манзил оварда пеши Мерседес гузоштаро ҷуръа– ҷуръа нӯшида истода. – Кӣ мегӯяд, ки дар ин ҷо сӣ касанд, сӣ касе, ки барои як каме ҳазлу шӯхӣ кардан фурсат поида истодаанд.

– Домод чандон хушҳол наменамояд – гӯшрас кард Кадрусс.

– Оре, – тасдиқ кард Эдмон, аз ҳад зиёд хушбахт будан ба хушҳолии ман имкон намедиҳад. Агар шумо, ҳамсоя, ҳаминро гуфтан хоста бошед, дар он сурат шумо комилан ҳақ ҳастед. Шодӣ баъзан таъсири ғалатие мебахшад, вай ба мисоли андӯҳ рӯхафтода мекунад касро.

Данглар ҷониби Фернан назар андохт, ки дар чеҳраи ӯ ҳар як тағйироти рӯҳияш инъикос меёфт.

– Бас аст ғам хӯрдан! Ё шумо аз ягон чиз тарс доред? – пурсид ӯ. – Ба назари ман, баръакс, чунин намуда истодааст, ки шумо ба ҳама муродатон мерасед.

– Тарси ман ҳам аз ҳамин, – ҷавоб гардонд Дантес. – Ба назари ман, ки инсон барои чунин бахти осон муяссаршаванда офарида нашудааст! Бахт ба қасрҳои афсонавие монанд аст, ки дар дами дараш аждаҳо посбон аст. Барои соҳиб шудан ба он қасрҳо мубориза мебояд, ман бошам, ба ростӣ, намедонам, ки бо чӣ ба саодати шавҳари Мерседес будан мушарраф гардидаам.

– Шавҳар!.. – гуфт бо ханда Кадрусс. – Не ҳоло, нохудо, кани як худатро шавҳар нишон деҳ чи, он дам хоҳӣ дид, ки чӣ тавр қабул медорандат.

Мерседес аз хиҷолат сурх шуд.

Фернан дар рӯи курсӣ ба худ печид, бо андак садое як қад мепарид, ҳар дам донаҳои арақеро, ки дар ҷабинаш медамид, пок мекард, мисле ки нахустин қатраҳои борони тундарӣ бошад.

– Ҳар як майда–чуйда кирои баҳс надорад, ҳамсоя, – ҷавоб гардонд Эдмон ба Кадрусс, – Мерседес ҳоло зани ман нест, ин рост...

Ӯ ба соат нигарист.

– Лекин баъди якуним соат занам мешавад!

Ҳама аз ҳайрат нидо бароварданд, ба ҷуз пирамард Дантес, ки даҳон инҷ карда, дандонҳои ҳанӯз мустаҳкамашро нишон дод. Мерседес табассум кард, вале акнун дар хиҷолат набуд. Фернан беихтиёр даст ба қабзаи кордаш бурд.

– Баъди якуним соат! – гуфт Данглар, низ рангаш канда. – Чӣ тавр?

– Оре, дӯстонам, – ҷавоб гардонд Дантес, – аз баракати мусоидати ҷаноби Моррел, ки баъди падарам, дар олам аз ҳар кас зиёдтар бар ман ҳақ доранд, тамоми мамониатҳо бартараф гардид. Мо маблағе пул пардохтем, то корамон бе овоза буд шавад ва дар соати дую ним мэри Марсел моро дар бинои шаҳрдорӣ нигарон аст. Ва азбаски занги соати яку понздаҳ дақиқа ин дам зада шуд, гумон аст ман иштибоҳ кунам, агар бигӯям, ки баъди як соату сӣ дақиқа Мерседес хонуми Дантес ном хоҳад гирифт.

Фернан чашмонашро пӯшонд: ғубори оташин пилки чашмашро сӯзонд; вай оринҷашро ба рӯи миз такя дод, то наафтад ва сарфи назар аз саъйи ҳарҷонибааш аз нолиш худдорӣ карда наметавонист, нолише, ки дар қоҳ–қоҳу нидоҳои пурғулғулаи меҳмонон фурӯ рафт.

– Ана ин кор, – чӣ мегӯяед шумо ба ин? – гуфт пирамард Дантес. – Ин аз даст надодани фурсат ном дорад! Дина саҳар омад. Имрӯз дар соати се соҳиби зан! Фақат баҳрнавардон қодиранд ба ин!

– Вале ҳар гуна расмиятҳо чӣ, – беҷуръатона гап ҳамроҳ кард Данглар, – чунончи қарордод, коғазпуркунӣ?..

– Қарордод! – гуфт Дантес ханда карда. – Қарордод тайёр. Мерседес чизе надорад, ман ҳам! Ҳама чизи мо умумӣ... Навиштани ин вақти зиёд нагирифт, баъд он қадар қимат ҳам не.

Ин ҳазл таркиши нави қоҳ–қоҳу кафкӯбиҳоро ба миён овард.

– Пас мо дар маъракаи фотиҳа не, – гуфт Данглар, – балки дар ҷашни арӯсӣ ҳузур доштаем–дия.

– Не, – гашта гуфт Эдмон, шумоён ҳеҷ чиз гум намекунед, осуда бошед. Фардо саҳар ман Париж меравам. Чор рӯз барои рафтан, чор рӯз барои гашта омадан, як рӯз барои иҷрои супорише, ки бар ӯҳдаи ман аст ва нӯҳуми март ман ин ҷо мешавам, рӯзи даҳум бошад, ҷашни арӯсии ҳақиқӣ барпо мешавад.

Умеди зиёфати нав хурсандии умумро ду боло кард, бинобар ин пирамард Дантес, ки дар оғози наҳор аз хомӯшӣ шиква дошт, акнун дар миёни ғалоғулаи умум баръабас кӯшиш дошт, ки барои бахту саодати ҷуфти наварӯс ҷоми шодбош таклиф кунад.

Дантес нияти падарашро пай бурда, бо табассуми саршор аз меҳр ҷавоб гардонд ба ӯ. Мерседес ба соати девор назар афканду тарафи Эдмон калла зад.

Дар сари дастархон он шодмонии пурғалоғулаву холӣ аз такаллуфе ҳукмфармо буд, ки ҳамеша дар поёни зиёфати мардуми оддӣ пеш меояд. Касоне аз ҷои нишасти худ норозӣ аз сари миз бармехостанду назди дигар ҳамсӯҳбатони дилхоҳашон рафта менишастанд. Ҳама баробар гап мезаданд, касе ба суоли касе дигар ҷавоб намегардонд, ҳама ба фикру андешаи худ банд буданд.

Данглар низ қариб мисли Фернан рангпарида буд; хусусан Фернан, базӯр нафас мекашид ва ба мисоли муҷриме намудор мешуд, ки ба кӯли оташин фурӯ гузошта бошанд. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда бархосту дар рӯи толор қадам зада, аз миёни ғалоғулаи овозҳову садои ба ҳам бархӯрдани ҷомҳо гӯш фаро медошт.

Кадрусс назди Фернан рафт ва ҳамонзамонӣ ба онҳо Данглар ҳамроҳ шуд, ки аз вай гӯё Фернан канораҷӯӣ мекард.

– Он чи ҳақ асту рост, – гуфт Кадрусс, дар замираш шодмонии Эдмону майи хушсифати пирамард Памфил ҳасадеро, ки ҳангоми дидани бахти ногаҳонии Дантес дар дилаш хутур карда буд, биттамом фурӯ нишонд. – Дантес – бачаи олиҷаноб, чӣ тавр бо арӯси худ нишастани ӯро мебинаму ба дил мегӯям: он нағмаи номардонаеро, ки дӣ рӯз шумоён ёфта бароварда будед, дар ҳаққаш раво дидан аҷаб кори нохубе мебуд.

– Хайр охир худат дидӣ, ки мо онро ба кор набурдем–ку, – гуфт Данглар, – Фернани бечора чунон ба ҳоли зор афтода буд, ки ҳамон дам дилам ба ҳолаш сӯхт; вале, модом ки ба қисматаш тан дод, ҳатто ба падарвакили ҳарифи худ шудан ризомандӣ дод, дигар ҳоҷати гап нест.

Кадрусс ба Фернан нигоҳ кард. Ранги ӯ мурда барин кандагӣ буд.

– Қурбонӣ хусусан аз он ҷиҳат бузург аст, ки арӯс воқиан ҳам соҳибҷамол будааст, – давом дод Данглар. – Ҷин занад! Нохудои ояндаи ман аҷаб хушбахт аст! Мехостам ақалан як рӯзаке Дантес ном дошта бошам.

– Меравем? – овози форами Мерседес баланд шуд. – Ана, алакай занги соати дуро зада истодаанд, моро бошанд, дар соати дую понздаҳ дақиқа нигаронанд.

– Бале, бале, меравем, – гуфт Дантес зуд бархоста.

– Меравем! – бо як овоз гуфтанд меҳмонон.

Ҳамон лаҳза Данглар, ки Фернани рӯи пештахтаи тиреза нишастаро бо диққат назорат мекард, дид, ки ӯ бо даҳшат чашмонашро аз косахона бароварда, парида хесту аз нав рӯи пештахта гашта нишаст. Аз берун садоҳои маҷҳул баромад; гурс–гурси қадамҳои вазнин, овозҳои мубҳам ва шақар–шуқури аслиҳа шавқуни хушҳолонаи меҳмононро фурӯ нишонд; ҷои онро сукунати пуризтироб фаро гирифт.

Ғалоғула наздик мерасид; дарро се маротиба кӯфтанд. Меҳмонон бо ҳайрат ба якдигар нигаристанд.

– Бо номи қонун! – шунида шуд овози баланде; касе ҷавоб нагардонд.

Ҳамонзамонӣ дар боз гардид ва комиссари политсияи гарданпеч дар камар бастае дар иҳотаи чор сарбози мусаллаҳу як капрал вориди толор шуд.

Изтироб ба даҳшат табдил ёфт.

– Чӣ гап шуд? – пурсид соҳибкор, ба назди комиссар рафта, ки бо вай шиносоӣ дошт. – Дар ин кор эҳтимол, иштибоҳе рафта бошад.

– Агар дар ин кор иштибоҳе рафта бошад, ҷаноби Моррел, – ҷавоб гардонд комиссар, – дар он сурат хотирҷамъ бошед, ки ба зудӣ маълум мешавад, вале ин дам дар бораи ба ҳабс гирифтан дар дасти ман фармон ҳаст ва ҳарчанд, ки аз иҷро карданаш таассуф дорам, бо вуҷуди ҳамин бояд ба ҷо оварам онро. Кадоме аз шумо, ҷаноби, Эдмон Дантес аст?

– Ман. Чӣ мехоҳед?

– Эдмон Дантес, – гуфт комиссар, – бо номи қонун ман шуморо ба ҳабс мегирам!

– Ба ҳабс мегиред? – гашта пурсид Эдмон, андаке рангаш канда. – Барои чӣ шумо маро ҳабс мекардаед?

– Намедонам, вале дар аввалин бозпурсӣ ҳамаашро мефаҳмед. Моррел дарёфт, ки ҳеҷ кор кардан намешавад: комиссари гарданпеч дар камар баста, одам нест; ин ҳайкалест, ки қонунро таҷассум медиҳад,

сард аст, гунг аст.

Аммо пирамард Дантес ҷониби комиссар ҳаво хӯрд; чизҳое ҳаст, ки дили падар ё модар фаҳмидан наметавонад. Вай илтимос кард, зорӣ кард. Ашк ва илтиҷояш баръабас буд. Вале навмедии ӯ чунон беинтиҳо буд, ки дар дили комиссар тараҳҳум пайдо шуд.

– Ором шавед, тақсир! – гуфт ӯ. – Шояд писари шумо ягон фармоишоти карантин ё гумрукро ба ҷо наоварда бошад ва даме ки шарҳи лозим медиҳад, ӯро, эҳтимол, ҳамонзамонӣ ҷавоб диҳанд.

– Ин чӣ маъно дорад? – пурсид, чин бар абрӯ андохта, Кадрусс аз Данглар, ки худро ҳайратзада вонамуд мекард.

– Ман чӣ донам? – ҷавоб гардонд ӯ. – Ман ҳам, ту барин чӣ кор шуданашро дида истодаам, ҳеҷ чиз намефаҳмам ва ҳайронам.

Чашмони Кадрусс Фернанро меҷустанд, вале ӯ ғайб зада буд.

Он гоҳ тамоми саҳнаи дирӯза бо сароҳати мудҳише дар мадди назараш пайдо шуд: фоҷиаи иҷро шуда истода гӯё пардаеро, ки мастигарии дирӯза ба рӯи хотираш кашида буд, фурӯ афканд.

– Мабодо ин натиҷаи ҳамон шӯхие набошад, ки аз хусусаш дирӯз гап мезадетон шумо? – гуфт ӯ хиррос зада. – Дар он сурат вой бар ҳоли касе, ки сар кардааст, – ҷои дилхушӣ надорад ин.

– Не охир! – нидо зад Данглар. – Ту медонӣ–ку, ман онро даронда будам.

– Ту онро надарондӣ, – гуфт Кадрусс, – балки ба як гӯша ҳаво додӣ вассалом.

– Хомӯш, ту ҳеҷ чизро надидаи, маст будӣ ту.

– Фернан канӣ? – пурсид Кадрусс.

– Чӣ донам ман? – ҷавоб гардонд Данглар. – Аз паси кораш рафтагист. Лекин то ба кори беҳуда машғул шудан, беҳтараш рафта ба мӯйсафеди сарсахт ёрӣ диҳем.

пешина
аз 99
навбатӣ