Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Чӣ фарқ дорад ба ман, Мерседес! Туи бенавою бепарастор аз духтари мағруртарин соҳибкор ё сарватмандтарин бонкдори Марсел азизтар астӣ барои ман! Ба мо бечорагон чӣ мебояд? Зани покизаю кадбонуи хуб. Аз ту беҳтарашро аз куҷо меёбам?
– Фернан, – ҷавоб гардонд Мерседес, сар ҷунбонда, – кадбонуи бад шудан мумкин, вале кас итминон дода наметавонад, ки зани покиза мешавад, агар шавҳарашро нею каси дигареро дӯст дорад. Бо дӯстии холисонаи ман қаноат кун, чун ки, такрор мекунам, ин ягона чизест, ки ба ту ваъда дода метавонам, вале ман фақат он чиро ваъда медиҳам, ки аниқ ба ҷо оварда метавонам.
– Мефаҳмам, – гуфт Фернан, – ту ба камбағалии худат босаброна тоб меоварӣ, вале аз бенаво будани ман метарсӣ. Лекин дониста мон, Мерседес, агар ту ба ман дил бандӣ, ман бахтамро меозмоям. Ту ба ман барори кор меоварӣ ва ман бадавлат мешавам. Ман як умр моҳигир намемонам; ба кори идора медароям ман, метавонам худам ҳам ба тиҷорат машғул шавам.
– Ту ягонтои ин корҳоро кардан наметавонӣ, Фернан; ту сарбозӣ, ва агар ин дам дар Каталонҳо бошӣ, фақат барои он, ки ҷанг нест. Ба моҳигириат мондан гир, дар деги сарат хаёли хом напаз, ки баъди чунин хаёлҳо зиндагӣ ба назарат боз мушкилтар менамояд ва бо дӯстии холисонаи ман қаноат кун. Дигар ҳеҷ чиз ваъда дода наметавонам ба ту.
– Оре, гапат маъқул, Мерседес, ман маллоҳ мешавам; ба ҷои либоси бобоӣ, ки ту ба он нафрат дорӣ, ё кулоҳи локию нимтанаи рах–раху камзулчаи тугмаҳояш тасвири лангардор мепӯшам. Охир шахсе, ки ба ту маъқул шуда битавонад, бояд чунин либос дошта бошад, ҳамин тавр не?
– Ту бо ин чӣ гуфтан мехоҳӣ? – пурсид Мерседес, бо кибр довталабона ба ӯ нигариста, – чӣ муддао дорӣ? Ман туро нафаҳмида истодаам.
– Ман гуфтан мехоҳам, Мерседес, барои он ту ин қадар нисбат ба ман бераҳму сангдил астӣ, ки каси ба тарзи тасвир кардаи ман либос пӯшидаро интизорӣ. Яке нохост оне, ки чашм ба роҳаш нишастаӣ, устувор набошад–чӣ, хайр ӯ нею баҳр ба як маром наистад чӣ?
– Фернан, – дод зад Мерседес, – ман гумон доштам, ки ту некдил астӣ, вале ман ғалат кардаам. Ту бадтинат будаӣ, агар ба мадади рашки худат ғазаби парвардигорро мехонда бошӣ! Оре, ман пинҳон намедорам; ман онеро нигаронам ва дӯсташ медорам, ки ту дар назар дорӣ ва агар ӯ барнагардад, ман ӯро барои ноустувориаш таъна намезанам, балки мегӯям, ки вай ишқи ман дар дил бимурд.
Ҷавони каталонӣ бо ғазаб мушт бияфшурд.
– Ман мақсади туро пай бурдам, Фернан: ту мехоҳӣ барои туро дӯст надоштани ман аз вай интиқом гирӣ. Ту мехоҳӣ корди каталонии худатро бо ханҷари ӯ ба ҳам занӣ! Хайр чӣ? Аз дӯстии ман маҳрум мешавӣ, агар мағлуб гардӣ, лекин агар ту ғолиб оӣ, он гоҳ дӯстии ман ба душманӣ мубаддал мешавад. Бовар кун ба гапам, пархош ҷустан бо касе – василаи дилхоҳи ба зане маъқул шудан нест, зане, ки он касро дӯст медорад. Не, Фернан, ту ба андешаҳои нохуш дода намешавӣ. Модом, ки ман зани ту шуда наметавонам, ту ба нигаристани ба ман чун ба дӯсте, чун ба хоҳарат одат мекунӣ. Ғар аз ин охир, – барафзуд вай бо чашмони аз оби дида тараш, – таъҷил накун, Фернан: ту худат ҳоло гуфтӣ, ки баҳр пурмакр аст, мана чор моҳ мешавад, ки ӯ рафтааст, дар ин чор моҳ чӣ қадар тӯфонеро баршумурдам ман!
Фернан сард монд: ӯ ба пок кардани ашк аз сари рухсораҳои Мерседес сайъ накард; ҳол он ки ба ҳар қатраи ашки вай қодир буд як қошуқ хунашро ҳадар кунад. Лекин ин ашк ба ёди дигаре фурӯ мерехт!
Ӯ бархост рӯ–рӯи кулба қадам мезаду дар муқобили Мерседес қарор гирифт; чашмонаш шарар мепошиданд, муштонаш фишурда.
– Гӯш кун, Мерседес, – гуфт ӯ, – бори дигар ҷавоб деҳ: ин қарор қатъист?
– Ман Эдмон Дантесро дӯст медорам, – осуда ҷавоб дод духтарак, – ва ба ҷуз Эдмон каси дигаре шавҳари ман намешавад.
– Ту ҳамеша ӯро дӯст хоҳӣ дошт?
– То рӯзи мурданам.
Фернан ба нолиш даромад, – мисли касе, ки охирин умедро аз даст додааст; баъд якбора сар боло карду, дандон қиричонда, пурсид: – Агар ӯ мурад чӣ?
– Дар он сурат ман ҳам мемирам.
– Агар вай туро фаромӯш карда бошад чӣ?
– Мерседес! – овози шоду хурраме аз паси дар ба гӯш расид. – Мерседес!
– Оҳ!.. – нидо баровард духтарак, аз саодату аз ишқ худашро гум карда. – Ана дидӣ, вай маро фаромӯш накардааст, вай ин ҷост!
Ӯ ҷониби дар ҳаво хӯрду овоз бароварда боз кард онро: – Ба ин ҷо, Эдмон! Ман дар ин ҷо!
Фернан рангпаридаву саропо ларзон, ба мисоли мусофири аз сари роҳаш нохост мор баромадае худро ақиб кашид ва ба курсии худаш бархӯрда, бефараҳ болои он фурӯ нишаст.
Эдмон ва Мерседес ҳар ду якдигарро ба оғӯши ҳам андохтанд.
Офтоби шӯълавари Марсел аз дари боз ба дарун роҳ ёфта, ҳар дуро ғарқи нур кард. Дар ибтидо онҳо дар атроф ҳеҷ чизро намедиданд. Бахти беандоза онҳоро аз олам барканор медошт; онҳо суханони берабте мегуфтанд, ки чунин тараби ногаҳонӣ ба он боис шуда, ранги ифодаи дарду аламро мегирад.
Нохост Эдмон чеҳраи тираи Фернанро, ки аз фазои нимторик берун меомад, пайхас кард, ки чеҳрааш рангпаридаву таҳдидбор буд; каталонии ҷавон ғайри ирода даст ба корде медошт, ки дар камараш овехта буд.
– Бубахшед, – гуфт Дантес чин ба абрӯ андохта, – ман пайхас ҳам накардаам, ки мо ин ҷо се нафарем.
Сипас ба Мерседес рӯ оварда, пурсид ӯ:
– Кист ин ҷаноб?
– Ин ҷаноб беҳтарин дӯсти шумо мешавад, Дантес, чун ки ин дӯсти ман аст, бародари ман, Фернан, ҳамон касест, ки баъди шумо, Эдмон, дар олам аз ҳама дӯсттараш дорам. Магар шумо ин касро нашинохтед?
– Оре, шинохтам, – ҷавоб гардонд Эдмон ва дасти Мерседесро раҳо накарда, аз самими қалб дасти дигарашро ҷониби ҷавони каталонӣ дароз кард.
Аммо Фернан, ба ин кӯшиши дӯстона посух надода, чун ҳайкале хомӯшу беҳаракат мондан гирифт.
Он гоҳ Эдмон санҷишкорона ба Мерседеси саропо ларзон ва Фернани тираю хашмгин назар кард.
Бо як назар ҳамаашро дарёфт Дантес. Ӯ аз ғазаб даргирифт.
– Ман намедонистам, Мерседес, ки ба назди ту шитофта, душман меёбам ин ҷо.
– Душман! – нидо зад Мерседес, бо ғазаб ҷониби амакбачааш нигариста.
– Душман дар ҳузури ман, дар хонаи ман! Агар чунин гумон медоштам ман, аз дасти ту мегирифтаму Марсел мерафтам, якумрӣ ин хонаро тарк мекардам.
Ҷашмони Фернан шарар пошиданд.
– Агар ба ту фалокате мерасид, Эдмони азиз, – давом дод ӯ бо лоуболии бераҳмонае, ки тарзи гуфтораш ба Фернан собит мегардонд, ки Мерседес ба қаъри дили ӯ сар фурӯ бурда, аз андешаҳои носавобаш огоҳӣ ёфтааст, – ман ба теппаи димоғаи Моржион мебаромадаму аз сари шах худамро фурӯ меафкандам.
Ранги Фернан мурда барин канд.
– Лекин ту иштибоҳ кардаӣ, Эдмон, – барафзуд Мерседес, – ин ҷо душмане нест туро; ин ҷо фақат бародари ман Фернан ва ҳоло ин чун дӯсти содиқ дасти туро мефушурад.
Ва духтарак нигоҳи омиронаашро ба ҷавони каталонӣ равона кард, ки мисли сеҳршудае ба тааннӣ ҷониби Эдмон рафта даст ба ӯ дароз кард.
Адовати ӯ чун мавҷи хурӯшон, вале нотавон сар ба таҳаккуми ғайри қобили таҳаммуле зад, таҳаккуме, ки ин духтарак бар вай дошт.
Вале дасташ ба дасти Эдмон расидан баробар пай бурд, ки он чӣ дар қудраташ буд, кардааст ва аз хона бадар тохт.
– Хок бар сарам! – нолиш мекард ӯ, аз навмедӣ ба худ печида. – Кӣ маро раҳоӣ медиҳад аз ин шахс! Хок бар сарам!
– Ҳой, каталонӣ! Ҳой, Фернан! Куҷо метозӣ? – садо зад ӯро овози касе.
Фернан якбора бозистод, ба атроф чашм давонд ва Кадруссро дид, ки ҳамроҳи Данглар сари миз зери дарахтон нишастааст.
– Хӯш чаро назди мо намеоӣ? – гуфт Кадрусс. – Ё ту инқадар шитоб дорӣ, ки фурсати ба дӯстони худ саломалек кардан надорӣ?
– Хусусан, вақте ки шишаи пеши ин дӯстон ҳоло қариб пур аст! – илова кард Данглар.
Фернан дили бедилон ҷонибашон назар афканду дар ҷавоби онҳо ҳарфе ба забон наёвард.
– Вай тамоман сари калобаашро гум кардааст, – гуфт Данглар, бо пояш Кадруссро тела дода. – Агар мо иштибоҳ карда бошему қатъи назар аз гумони мо, Дантес пирӯзиашро тантана дошта бошад чи?
– Ҳозир мефаҳмем, – ҷавоб гардонд Кадрусс ва ба ҷавонмард рӯ оварда, гуфт:
– Хӯш, читу каталонӣ, мебиёӣ ё не?
Фернан арақи рӯяшро пок карду ба соябон даромад, сояи он гӯё изтиробашро андаке таскин дод, фазои салқин бошад, ба тани хастааш ҳаловат бахшид.
– Саломалекум, – гуфт ӯ, – шумо, ба хаёлам ҷеғ задетон маро?
Ва ӯ аз бефараҳӣ ба яке аз курсиҳои дар гирди миз истода фурӯ нишаст.
– Ман аз он туро ҷеғ задам, ки ту ақлбохта барин метохтӣ ва ман тарсидам, ки мабодо, худатро ба баҳр напартоӣ, – гуфт хандакунон Кадрусс. – Арвоҳ занад! Ба дӯстон на фақат май пешниҳод мекунанд; баъзан ба оби зиёде фурӯ бурданашон монеъ ҳам мешаванд.
Фернан маълум набуд, ки оҳ гуфт ё ниҳа кашид, сар ба рӯи дастонаш афканд.
– Медонӣ чӣ мегӯям ба ту, Фернан, – давом дод Кадрусс, гапро аз кушодагӯии дурушти мардуми оддӣ сар карда, ки аз фарти кунҷковӣ айбу шармро аз хотир мебароранд. – Медонӣ, ту ба оҳкаше монанд астӣ, ки ӯро партофта рафтаанд!
Ва ӯ қоҳ–қоҳ хандаро бардошт.
– Не, – ҷавоб гардонд Данглар, – ин хел йигит на барои он халқ шудааст, ки дар ишқ ноком бошад. Ту шӯхӣ мекунӣ, Кадрусс.
– Ҳаргиз шӯхӣ намекунам, ту беҳтараш гӯш андоз, чӣ хел оҳ мекашад. Хӯш кани, Фернан, биниатро бардору ҷавоб деҳ ба мо. Вақте ки дӯстон аз саломатии кас ҷӯё мешаванд, ба пурсишашон посух надодан аз рӯи одоб нест.
– Тани ман сиҳат, – гуфт Фернан, муштонашро гиреҳ карда, вале сар набардошта.
– Ҳа! Мебинӣ, Данглар, – гуфт Кадрусс, ба ошнояш чашмак зада, – гап дар сари чист: Фернане, ки ту ин ҷо дида истодаӣ, каталонии некдилу бавиҷдон, яке аз беҳтарин моҳигирони Марсел, ба Мерседес ном соҳибҷамоле дил додааст, вале, мутаассифона, нозанин, аз дигар ҷониб, зоҳиран, ба ёвари нохудои «Фиръавн» ошиқ будааст, азбаски «Фиръавн» имрӯз ба бандар боз гашт, пас... мефаҳмӣ? – Не, намефаҳмам, – гашта гуфт Данглар.
– Фернани бечора истеъфо гирифтааст, – ҷавоб дод Кадрусс.
– Хайр чӣ шудааст? – гуфт Фернан сар боло кардаву ба Кадрусс назар андохта, мисли касе, ки баҳона мекофта бошад, то аламашро аз кӣ гирад; – Мерседес вобаста ба касе нест, гапам рост аст? Ва ҳар касе, ки ба табъаш форад, дӯст доштан мегирад.
– Агар ақидаи ту чунин бошад, ин гапи дигар аст! – гуфт Кадрусс. – Боз ман гумон кардаам, ки ту каталониӣ; вале ба ман ҳикоят карда буданд, ки каталониҳо аз он тоифае нестанд, ки дилдодаашонро кашида гирифтан осон бошад; ба болои ин ҳатто боз мегуфтанд, ки Фернан дар роҳи интиқом бераҳм аст.
Фернан бо танаффур табассум кард.
– Каси ошиқ ҳеҷ гоҳ бераҳм нест, – гуфт ӯ.
– Бечора! – лаб монд Данглар, вонамуд карда, ки аз самими қалб раҳми ӯро мехӯрад. – Акнун чӣ бояд кард? Ин умедвор набуд, ки Дантес ин қадар зуд баргашта меояд. Ин гумон дошт, ки Дантес, шояд мурда бошад, бевафоӣ карда бошад, – чӣ донад кас? Ин гуна зарбаҳо аз ин ҷиҳат ҳам сангин астанд, ки ҳамеша ғайри чашмдошт пеш меоянд.
– Ҳар чӣ бошад ҳам, – гуфт Кадрусс, ки якзайл май менӯшид ва таъсири майи малгӣ ба вай зоҳир шуда истода буд, – ҳар чӣ бошад ҳам, сиҳату саломат гашта омадани Дантес на ба як Фернан алам карда истодааст, ҳамин тавр не Данглар?
– Ҳамин тавр ва ман зоминам, ки оқибати ин барои вай бад анҷом меёбад.
– Бо вуҷуди ҳамин, – давом дод Кадрусс, ба Фернан май рехта ва бори ҳаштум ё даҳум истакони худашро пур карда, ҳол он ки Данглар майи худашро қариб ки ба лаб набурда буд, – бо вуҷуди ҳамин вай ба Мерседеси нозанин хонадор мешавад; ба ҳар ҳол вай барои ҳамин гашта омад.
Дар тамоми ин муддат Данглар бо нигоҳи заррабинаш ба Фернан менигарист ва дид, ки суханҳои Кадрусс ба қалбаш чун сурби гудохта мерасанд.
– Хӯш арӯсиаш кай будааст? – суол кард Данглар.
– Оҳ! Ҳоло кор то ба арӯсӣ нарасидааст! – зери лаб гуфт Фернан.
– Оре, лекин мерасад, – гуфт Кадрусс. – Ин ҳам мисли он муқаррар аст, ки Дантес нохудои «Фиръавн» мешавад. Ҳамин тавр нест, Данглар. Данглар баробари ин ҳамлаи ногаҳонӣ як қад парид, ҷониби Кадрусс баргашту бо диққат ба вай нигарист, то бифаҳмад ин суханон қасдан гуфта шуданд ё не, вале ӯ дар ин чеҳраи аз таъсири мастӣ алакай аблаҳнамо гардида, ба ҷуз ҳасад чизи дигаре нахонд.
– Ҳамин тавр, – гуфт ӯ, истаканҳоро пур карда истода, – барои нохудо Эдмон Дантес, шавҳари каталонидухтари дилрабо менӯшем! Кадрусс бо дасти вазниншудааш истаконро ба лаб бурду бо як нафас хушк кард. Фернан истакони худашро лоҷуръа нӯшиду ба замин зада майда–майда кард.
– Истед! – гуфт Кадрусс. – Вай чӣ бошад он ҷо болои теппаи сари роҳи деҳаи Каталониҳо? Нигоҳ куни чи, Фернан, чашмони ту беҳтар мебинанд. Ҳар чиз дар назари ман алакай ду намуда истодааст. Ту медонӣ, май – хоин аст. Мисле ки ду дилдода даст ба даст гирифта ҳампаҳлу меоянд. Оҳ, худоҷоне! Онҳо бехабар аз он, ки мо дида истодаему вале бӯсобӯсӣ доранд!
Дарглар ҳар як ҳаракати Фернанро назора мекард; тарҳи рӯи ӯ баръало вайрон шудан гирифт.
– Шумо онҳоро мешиносед, Фернан? – пурсид ӯ.
– Ҳа, – ҷавоб гардонд вай бо овози хафа, – инҳо Эдмону Мерседес.
– Ҳа! Ана гап дар куҷо будааст! – гуфт Кадрусс. – Ман бошам, нашинохтаам онҳоро. Ҳой, Дантес! Ҳой нозанин! Кани ин ҷо биёеду бигӯед ба мо, оё тӯй қариб аст. Фернан бисёр якрав, ба мо гуфтан намехоҳад.
– Э ту хомӯш меистӣ ё не? – гапи ӯро бурид Данглар, вонамуд карда, ки гӯё Кадруссро бозмедошта бошад; Кадруссеро, ки ба якравии мастона аз соябон баромаданӣ буд. – Эҳтиёт кун, наафтӣ ва ошиқонро ба ҳолашон гузор. Аз Фернан ибрат гирӣ намешавад; ин ба ҳар ҳол мулоҳизакор аст.
Шояд Фернани бо таҳрики Данглар аз эътидол баромада чун буққа дар саҳни тамошо худдорӣ карда наметавонист, зеро вай алакай бархоста буд ва аник–манак нагуфта ба ҳарифаш ҳамлавар мешуд, аммо Мерседеси вақтчоқу бетакаллуф каллаи дилкашашро боло карду бо нигоҳи некбинаш ҳамаро аз назар гузаронд. Фернан таҳдиди ӯро ба ёд овард, ки гуфта буд, мемирад, агар Эдмон бимирад, – ва хастаҳолона болои курсӣ фурӯ нишаст.
Данглар ба мусоҳибаш назар андохт – ба оне, ки аз май ақлаш тира шуда буд ва ба оне, ки ишқ маҳву моташ карда буд.
– Аз ин аҳмақон ҳеҷ чиз ба даст оварда наметавонам ман, – зери лаб гуфт ӯ, – метарсам, ки корам ба майпарасту буздиле афтодааст. Инаш ҳасуде, ки кораш май рехта хӯрдан, ҳол он ки боист заҳр мехӯрд; ваяш бошад, аз таги фукаш дилдодаашро зада бурдаанду мисли кӯдак кораш ашк рехтану шиква кардан. Ҳол он, ки мисли испаниҳову ситсилиҳо ва калабриҳо, чашмони шарарбор дорад, ки ҷудо устокорона интиқом меситонанд; чунон муштҳое дорад ин, ки каллаи буққаро аз ҳар гуна мӯҳраи табар аниқтар зарба талқон мекунад. Яқинан бахт ба рӯи Эдмон механдидагӣ барин; вай бо соҳибҷамоле арӯсӣ мекунад, нохудо мешавад ва ба ҳоли мо механдад, магар ки... – табассуми даҳшатборе лабони Дангларро каҷу килеб кард, – магар ки худам дахолат кунам.
– Ҳой! – ҳамчунон дод мезад Кадрусс, нимхез шудаву мушташро ба миз такя дода. – Ҳой, Эдмон! Намебинӣ магар дӯстонатро, ё чунон мағрур шудаӣ, ки бо мо ҳамгап шуданро ҳам ҷоиз намебинӣ?
– Не, Кадрусси азиз, – ҷавоб гардонд Дантес, – ман тамоман мағрур нестам, ман хушбахтам, лекин бахт, аз афташ, касро аз ғурур ҳам зиёдтар кӯр мекардааст.
– Ана халос! – гуфт Кадрусс. – Мана ин арзи ҳол! Саломалекум, хонум Дантес!
Мерседес бо тамкин таъзим кард.
– Ман ҳанӯз чунин номе нагирифтаам, – гуфт ӯ. – Мардуми мо мегӯянд, ки духтарро ба исми шавҳаршавандааш ном гирифтан хосият надорад, агар ин шавҳаршаванда ҳанӯз шӯи духтар нашуда бошад; бинобар ин маро Мерседес номед, илтимос аз шумо.
– Ҳамсояи ман Кадрусс он қадар айбдор ҳам нест, – гуфт Дантес, – чандон иштибоҳ накардааст вай!
– Пас, маълум мешавад, ки ба қарибӣ тӯй мешудааст–дия? – пурсид Данглар, таъзими ҷуфти ҷавонро ба ҷо оварда.
– Ҳар чи барвақттар гузаронданӣ. Имрӯз дар ҳузури падарам ноншиканон, пагоҳ ё пасфардо, на дертар аз он, дар ҳамин ҷо, дар «Резерв» наҳор ба шарафи фотиҳаи мо. Умед аст, ки ҳамаи дӯстон ҷамъ меоянд: ин чунин маъно дорад, ки шумо даъват шудаед, ҷаноби Данглар; ин чунин маъно дорад, ки туро ҳам нигаронем, Кадрусс.
– Фернан чӣ? – пурсид Кадрусс, бо хандаи мастона қоҳ–қоҳ зада. – Фернан ҳам меояд?
– Бародари зани ман – бародари ман аст, – гуфт Эдмон, – мо ҳам, Мерседес ва ман, сахт хафа мешудем, дар чунин дақиқаҳо агар вай ҳамроҳамон набошад.
Фернан хост ҷавобе гӯяд, вале овоз дар гулӯяш печид, ва ӯ ҳарфе ба забон оварда натавонист.
– Имрӯз ноншиканон... пагоҳ ё пасфардо ақди никоҳ... ҷин занад, аз ҳад шитоб карда истодаед, нохудо!
– Данглар, – ҷавоб гардонд Эдмон бо табассум, – ман ҳам ба шумо он чиро мегӯям, ки ҳозир Мерседес ба Кадрусс гуфт: унвонеро ба ман нисбат надиҳед, ки ман ҳоло шарафёб нашудаам; ин ягон нохушие меоварад ба ман.
– Маъзур доред, – ҷавоб гардонд Данглар. – Ман фақат як даҳан гуфтам, шумо хеле шитоб доред. Охир фурсат фаровон–ку: «Фиръавн» камаш баъди се моҳ ба баҳр мебарояд.
– Ҳамеша кас шитоб мекунад, ки хушбахт бишавад, ҷаноби Данглар, – ҳар ки бисёр азоб кашидааст, ба душворӣ бовар мекунад ба хушбахтии худаш. Аммо ин на фақат худбинӣ аст, – ман бояд Париж равам.
– Ана гап! Ба Париж! Ва шумо бори аввал ба ин шаҳр рафта истодаед?
– Бале.
– Дар он ҷо коре доред?
– Кори худам не: бояд вопасин хоҳиши нохудои бечораамон Леклерро ба ҷо оварам. Шумо мефаҳмед, Данглар, ки иҷрои васият кори хайр аст. Воқиан, осуда бошетон, ман мераваму зуд гашта меоям.
– Бале, бале, мефаҳмам, – шунаво гуфт Данглар.
Баъд дар таги дилаш илова кард:
«Дар Париж, номаеро, ки маршал ба ин дода буд,ба ҷои таъйиншуда мерасонад. Ҷин занад! Ин нома ба андешае водор мекунад маро. Ҳа, Дантес, дӯстам! Ту ҳоло дар рӯихати ҳайати «Фиръавн» зери рақами якум сабт нагардидаӣ?» Ва ӯ аз ақиби Эдмони дур шуда истода нидо зад:
– Роҳи сафед!
– Ташаккур, – ҷавоб гардонд Эдмон, аз сари китфаш баргашта назар кардаву дӯстона калла зада.
Ва дилдодагон осудаву саодатманд чун ду нафар баргузидаи самовот роҳашонро давом доданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё