Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
«Чӣ тавр, ту дар Марселӣ?» – гуфтам ба вай.
«Оре, чунон ки мебинӣ».
«Боз ман гумон кардам, ки ту дар Смирноӣ».
«Метавонистам дар он ҳам бошам, чунки рост аз он ҷо омада истодаам».
«Пас Эдмони ко куҷост?» «Ҳа, муқаррар дар назди падараш будагист», – ҷавоб дод Данглар.
Инак ман омадам, – давом дод Кадрусс, – ки дӯстамро дуруд гӯям.
– Кадрусси номвар, то чӣ дараҷа дӯст медорад ин моро! – гуфт пирамард.
– Набошад чи, дӯст медорам ва илова бар ин ҳурмат ҳам мекунам, зеро одамони поктинат ниҳоят каманд... Лекин ту аз афташ бадавлат шудаӣ–ку, дӯстам? – давом дод дарзӣ, бо қирраи чашм ба тӯдаи тиллову нуқраи болои миз фурӯ рехтаи Дантес назар карда.
Навҷавон шарораи ҳирсро, ки дар нигоҳи чашмони ҳамсояаш падидор шуда буд, пайхас кард.
– Ин пули ман не, – ҷавоб гардонд ӯ беэътиноёна. – Ман ба падарам гуфтам, хавф доштам, ки мабодо туро мӯҳтоҷ ёбам, ин кас бошад, то ки маро осуда гардонад, ҳар чӣ дар ҳамёнаш буд, рӯи миз фурӯ рехт. Баҷо кунед, пулатонро, дада, магар ки ба ҳамсояи мо лозим набошад.
– Не, дӯстам, – гуфт Кадрусс, – ба ман ҳеҷ чиз лозим нест; худоро шукр косибро пеша сер медорад. Пулакатонро эҳтиёт кунед, ин чиз ҳеҷ гоҳ зиёдатӣ намешавад. Бо вуҷуди ҳамаи ин ман аз пешниҳоди ту на камтар аз он миннатпазирам, ки агар аз ин таклиф истифода мебурдам.
– Ман бо дилу ҷон таклиф кардам, – гуфт Дантес.
– Шубҳае надорам. Инак ту бо Моррел ҷудо дӯсти қарин будаӣ–дия, ӯ маккоре!
– Ҷаноби Моррел ҳамеша ба ман меҳрубон буд, – гуфт дар ҷавоби ӯ Дантес.
– Ин тавр бошад, беҳуда таклифи наҳорро рад кардӣ.
– Чӣ хел таклифи наҳорро рад кардӣ? – пурсид пирамард Дантес. – Магар ӯ туро ба наҳор хонда буд?
– Бале, дада, – ҷавоб дод Дантес ва аз шунидани хабари ба чунин даъвате шарафёб шудани писараш болидани падарро дида табассум кард ӯ.
– Хӯш чаро рад кардӣ, писарам? – пурсид пирамард.
– То ки зудтар ба назди шумо оям, дада, – ҷавоб дод ҷавонмард. – Ман ба дидори шумо иштиёқманд будам.
– Моррел, аҷаб не, ранҷида бошад, – ҷавоб дод Кадрусс, – агар ҳадафи кас нохудо шудан бошад, набояд гапи соҳибкорро ду кунад.
– Ман сабаби рад карданамро фаҳмондам ва ӯ, дилам пур аст, ки мақсади маро фаҳмид.
– Барои нохудо шудан андак ба хӯҷаинҳо хушомад задан лозим.
– Ман умед дорам, ки бе ин ҳам нохудо шавам, – ҷавоб гардонд Дантес.
– Нуран алонур! Ин ҳамаи дӯстони дерини туро шод мекунад. Он ҷо бошад, дар паси дижи ҳазрати Николай ман як касеро медонам, ки махсусан хушҳол хоҳад шуд.
– Мерседесро мегӯӣ? – пурсид пирамард.
– Оре, дада, – гуфт Дантес. – Ва акнун, ки ман шуморо дидам ва медонам, ки шумо саломат ҳастеду ҳама чизи зарурро доред, ман аз шумо хоҳиш мекунам рухсат диҳед ба Каталанҳо равам.
– Бирав, фарзандам, бирав, – ҷавоб гардонд Дантеси пир, – худованд туро ба дидори занат бирасонад, чунон ки маро ба дидори писарам расонд.
– Дидори занаш! – гуфт Кадрусс. Ин қадар шитоб доред шумо; вай ба ин гӯё ки ҳоло зан нашудааст.
– Не ҳоло, вале, ба эҳтимоли қавӣ, ба қарибӣ мешавад, – ҷавоб гардонд Эдмон.
– Ҳар чӣ бошад ҳам, – гуфт Кадрусс, – ту хуб кардӣ, ки тезтар гашта омадӣ.
– Барои чӣ?
– Чунки Мерседес – нозанин, ба нозанинҳо бошад, дӯстдорон қаҳт нестанд; ба Мерседес – хусусан; ба вай дилкашол як гала.
– Ҳамтуя? – гуфт Дантес бо табассум, ки дар ин табассум хаёле бесариштагӣ пайхас мешуд.
– Бале, бале, – давом дод Кадрусс, – ва илова бар ин хостгорони хеле хуб, вале худат медонӣ, ки ба қарибӣ нохудо мешавӣ ва ба ту гумон аст, ки не гӯяд.
– Аз ин мебарояд, – гапи ӯро қувват дод Дантес табассумкунон, ки базӯр бесариштагиашро пинҳон медошт, – аз ин мебарояд, ки агар ман нохудо намешудам...
– Ҳм! Ҳм! – ғӯлингхоӣ кард Кадрусс.
– Лекин, – гуфт ҷавонмард, – ақидаи ман назар ба шумо дар ҳаққи занҳо умуман беҳтар аст, хусусан дар ҳаққи Мерседес ва ман итминон дорам, ки нохудо мешавам ё не, вай ба ман вафодор мемонад.
– Боз беҳтар, – гуфт Кадрусс, – боз беҳтар! Ҳар гоҳ кас зан гирифтанӣ шавад, ба зан бовар доштан бояд аз дасташ ояд; вале ба ҳар ҳол, дӯстам, ман ба ту мегӯям, фурсатро аз даст надеҳ, бирав, омаданатро ба вай эълом деҳ ва умедвор буданатро изҳор кун.
– Меравем, – ҷавоб гардонд Эдмон.
Ӯ падарашро бӯсид, ҷониби Кадрусс сар хам кард ва аз дар баромад. Кадрусс боз андаке пеши пирамард нишаст, баъд, бо вай хайру маъзур карда, низ аз дар баромаду ба назди Данглар баргашт, ки ӯро дар хамгашти кӯчаи Сенак нигарон буд.
– Хайр, читу? – пурсид Данглар. – Ту ӯро дидӣ?
– Дидам, – ҷавоб дод Кадрусс.
– Ва ӯ ба нохудоӣ умедвор будани худашро ба ту гуфт?
– Вай аз ин хусус тарзе сухан ронд, ки гӯё аллакай нохудост.
– Наход! – гуфт Данглар. – Ҷудо ҳам шитоб доштааст!
– Аммо Моррел ба ӯ аз афташ ваъда кардааст...
– Пас вай хеле хурсанд будагист?
– Ҳатто густохвор; вай аллакай хидматашро ба ман пешниҳод кард, мисли кадом–як шахсияти олимақоме; ба ман пул пешниҳод кард, чун бонкдоре.
– Ва ту рад кардӣ?
– Рад кардам. Лекин метавонистам қарз гирам аз вай, чунки маҳз ҳамин ман, на ягон каси дигар, пули дар умрам бори аввал дидаро ба ӯ қарз дода будам. Вале акнун ҷаноби Дантес ба ҳеҷ кас мӯҳтоҷ нахоҳад шуд: вай ба қарибӣ нохудо мешавад!
– Хайр, вай ки ҳоло нохудо нест!
– Рости гап, хуб мешуд, агар вай ба ин вазифа нарасад, – давом дод Кадрусс, – вагарна, бо вай ҳамсӯҳбат шудан ҳам мумкин намегардад.
– Агар мо хоҳем, – гуфт Данглар, – вай дар вазифаи ҳозирааш мондан мегирад ва мумкин аст, аз ин ҳам пасттар равад.
– Чӣ мегӯӣ ту?
– Ҳеҷ чӣ, ман худ ба худ гап зада истодаам. Ва ӯ ҳоло ҳам ошиқи каталондухтари соҳибҷамол бошад?
– Ақлбохтаи ӯст; худаш ҳам ба назди ӯ тохт. Аммо ё ман сахт иштибоҳ мекунам, ё аз ин сӯ нохушие ӯро дар камин аст.
– Возеҳтар гап зан.
– Чаро?
– Ин хеле муҳимтар аз он аст, ки ту гумон дорӣ. Охир ту Дантесро хуш надорӣ, ҳамту не?
– Ман аҳли такаббурро хуш надорам.
– Пас ҳар чӣ аз хусуси каталонидухтар медонӣ, бигӯ ба ман.
– Ман ягон чизи аниқ намедонам, вале он гуна чизҳое дидаам, ки мабодо ба нохудои оянда дар сари роҳи Бемористони Кӯҳна нохушие пеш наояд.
– Хӯш чӣ чиз дидӣ? Кани гап зан.
– Ман дидаам, ҳар боре, ки Мерседес ба шаҳр меояд, ӯро бӯзбалаи қоматбаланди каталоние гусел мекунад, чашмонаш сиёҳ, чеҳрааш сурх, сиёҳмӯ, хашмгин. Духтарак ӯро амакбача меномад.
– Ҳамтуя!.. Ва ту гумон дорӣ, ки ҳамин бародаршавандааш аз ақиби ӯ кашола шуда мегардад?
– Тахмин дорам, – миёни бӯзбалаи бистсолаву нозанини ҳабдаҳсолае дигар чӣ алоқае буда метавонад?
– Ва ту мегӯӣ, ки Дантес ҷониби Каталанҳо рафт?
– Дар пеши назари худам рафт.
– Агар мо низ ҳамон ҷо равем, дар «Резерв» таваққуф карда метавонему дар сари як истакон майи малгӣ дар интизори воқиаҳои нав мешинем.
– Лекин ин воқиаҳои навро кӣ хабар медиҳад ба мо?
– Мо роҳашро мепоем ва аз қиёфаи Дантес пай мебарем, ки чӣ воқиа рӯй додааст.
– Рафтем, – гуфт Кадрусс, – лекин фақат музди майро ту мепардозӣ.
– Бадеҳист, – ҷавоб гардонд Данглар.
Ва ҳар ду зуд–зуд қадам зада ба ҷои таъйингардида равон шуданд. Ба трактир расида, фармуданд, ки як шиша майу ду истакон диҳанд. Аз пирамард Памфил фаҳмиданд, ки як–даҳ дақиқа пеш аз ин Дантес аз пеши трактир гузашта будааст.
Дар Каталанҳо будани Дантесро шунида, онҳо дар сояи баргҳои наврустаи дарахтони чинору анҷир ҷой гирифтанд, ки дар шохаи онҳо селаи мурғони хушҳол дар васфи яке аз рӯзҳои беғубори навбаҳор нағмасароӣ доштанд.
III. КАТАЛОНИҲО
Ягон сад қадам дуртар аз ҳамон ҷое, ки ҳар дуи ҷӯраҳо гӯшҳоро сих карда, чашм аз роҳ наканда, аз майи шарарбори малгӣ ҷуръа–ҷуръа нӯш мекарданд, дар паси тали луб–лучи офтобхӯрдаву бодлесида деҳкадаи Каталониҳо пай афканда буд.
Як замоне аз Испониё кадом–як муҳоҷирони пурасроре берун омада, дар ҳамин хиттаи замин маскан гирифта буданд, ки то ба ҳол ин ҷо умр ба сар мебаранд. Онҳо аз ким–куҷое пайдо шуда буданд ва ба забони ноошное ҳарф мезаданд. Яке аз сарваронашон, ки забони провансалиро медонист, аз шаҳри Марсел барои тасарруф кардани димоғаи бедолу дарахт иҷозат пурсиду ба одати дарёнавардони қадим сафинаҳояшонро кашида бароварданд. Эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, хоҳишашонро рад накарданд ва баъди се моҳ дар атрофи даҳҳо сафина, ки ин лӯлиёни баҳриро оварда буд, деҳкадаи на чандон калоне пайдо шуд. Дар ин деҳкадаи ба худ хоси хушманзараи ниммавританию нимиспонӣ то ба ҳол авлоди ҳамин мардум умр ба сар бурда, ба забони аҷдодии худ ҳарф мезананд. Дар тӯли се ё чор аср онҳо ба димоғаи худашон, ки чун селаи мурғони баҳрӣ фуруд омада буданд, содиқ монданд; бо сокинони Марсел асло наёмехтанд, заношӯӣ фақат дар байни худашон сурат мегирад ва хулқу атвор ва тарзи либоспӯшии диёри бобоиашон, ҳамчунин забони он диёрро маҳфуз доштаанд.
Хонандаро даъват мекунем, бо ягон кӯчаи деҳа аз паси мо ба роҳ афтаду ба яке аз хонаҳо ворид шавад; офтоб девори ин хонаро аз берун ба ранги барги хазонрасидаи ба тамоми иморатҳои қадимаи он сарзамин хос якхела ранг кардааст, вале аз дарун лифи рангмол лавни сафед бахшидааст, ки ин ягона зинати «posadass»–и испониҳост.
Ҷавондухтари соҳибҷамоле, ки мӯи қир барин сип–сиёҳу чашмони базеби махмалии шабеҳ ба чашми ғизол дошт, ба девор такя карда меистод ва бо ангушти нафиси гӯё ба санъати ҳайкалтарошони антиқ эҷод шудааш навдаи тамоман безарари халанҷро ғиҷим мекард; шукуфаю баргҳои рехта алакай фаршро пӯшонда буданд; дастони то оринҷ бараҳнаи офтобхӯрдааш, ки гӯё нусхаи дастони Венераи Арлӣ бошанд, аз ҳаяҷон меларзиданд, як пои сабукбори баландпошнаашро бесаброна тарзе ба фарш тук–тук мезад, ки соқҳои нозуки базебашро дидан мумкин буд, соқҳои ҷӯлоби сурхи хатҳои хокистарию кабуддор пӯшидаашро. Дар масофаи се қадам аз ӯ бӯзбалаи хушқадуқомати бист– бистудусолае рӯи курсӣ алвонҷ хӯрдаву оринҷашро ба ҷевони қӯҳнае такя дода хотирпарешон ва бо ҳасрат ба ӯ менигарист; дар чашмонаш суол буд, аммо нигоҳи қатъию матини духтарак ба мусоҳиб маҷоли гап задан намедод.
– Гӯш кун, Мерседес, – мегуфт ҷавонмард, – ба қарибӣ пасха, барои ҷашни арӯсӣ айни муддао... Ҷавоб те охир ба гапам!
– Ман алакай сад бор ҷавоб додам ба ту, Фернан ва ту худат ба худат душман будаӣ, агар боз бипурсӣ аз ман!
– Хайр бори дигар такрор кун, зорӣ дорам ба ту, бори дигар такрор кун, то ман бовар карда тавонам. Бори садум бигӯ ба ман, ки рад мекунӣ ишқи маро, хостгории маро, ки фотиҳаи сафед дода буд модарат, маро маҷбур кун бифаҳмам, ки ту бо хушбахтии ман бозӣ карда истодаӣ ва ҳаёт ё мамоти ман барои ту – як пул! Худоё! Даҳ сол кас умедвор бошад, ки шавҳари ту мешавад, Мерседес, ва ин умедро аз даст диҳад, умеде, ки ягона мақсади ман буд дар зиндагӣ!
– Ақалан ман ин умедро дар дили ту қавӣ намекардам–ку, – ҷавоб медод Мерседес, – ту ба ман эрод гирифта наметавонӣ, ки ман ягон вақт туро дилгармӣ бахшида бошам. Ман ҳамеша ба ту мегуфтам, ки чун бародар дӯстат медорам, вале ҳеҷ гоҳ ба ҷуз ҳамин дилбастагии бародарвор чизи дигаре талаб накун, зеро ман дил ба каси дигаре додаам. Магар инро нагуфта будам ба ту, Фернан?
– Медонам, медонам, Мерседес, – сухани ӯро бурид ҷавонмард. – Оре, ту ҳамеша нисбат ба ман бераҳмона кушоду равшан гап мезадӣ, лекин фаромӯш мекунӣ, ки барои каталониҳо никоҳ фақат миёни худиҳо қонуни муқаддас аст.
– Ту иштибоҳ мекунӣ, Фернан, ин қонун нест, балки фақат таомул аст, тамом вассалом, – ва бовар дошта бош ба ман, туро ҳоҷати ба ин таомул истинод кардан нест. Ту қуръа кашидӣ, Фернан. Агар ту ҳоло дар озодӣ бошӣ, ин фақат тағофул асту бас; имрӯз набошад, фардо метавонанд ба хизмат даъват кунанд. Лекин агар ту ба хизмати сарбозӣ дароӣ, бо ин ятими бенаво чӣ кор мекунӣ, ятими сарсахти бепуле, ки ба ҷуз кулбаи вайронаи дарунаш тӯрҳои кӯҳна ҳеҷ чиз надорад – мероси нокироие, ки аз падарам ба модараму аз модарам ба ман мондааст? Мана як сол мешавад, ки модарам мурд, як андеша кун, Фернан, охир ман қариб аст, ки ба садақа рӯз мегузаронам! Баъзан ту вонамуд мекунӣ, ки гӯё ман ба ту ёрӣ медиҳам ва ин барои он, ки ба тақсим шудани ҳосили сайди ту ҳақ дошта бошам; ман ҳам инро қабул дорам, Фернан, чунки падари ту бародари падари ман буд, чунки мо бо ҳам калон шудаем ва хусусан барои он, ки рад кардани ман ниҳоят хафа мекард туро. Вале ман ҳис мекунам, пуле, ки аз фурӯши моҳии ту ба даст меовараму ба он барои тӯрбофӣ ба ту канаб мехарам, – садақа асту бас.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё