Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

VII. ФЕҲРИСТИ ҲАБСХОНА

Фардои он рӯз баъд аз он, ки дар роҳи миёни Белгарду Бокер сӯҳбати тасвир кардаи мо ба амал омад, шахси ягон сисолаи дар танаш фраки кабуди кушод, шалвори карбоси зардча ва камзӯлчаи сафед, аз рӯи афту башара ва тарзи гуфтораш ингилиси асил, ба назди мэри Марсел ҳозир шуд.

– Ҷаноби бокарам, – гуфт ӯ, – ман гумоштаи калони бонкирхонаи Томсон ва Френчи Рим мебошам; даҳ сол мешавад, ки бо тиҷоратхонаи «Моррел ва Писар»-и Марсел доду гирифт дорем. Мо бо ин ширкат ба маблағи то сад ҳазор франк муомила дорем ва ин дам, ки шунидем, ӯро хатари варшикастагӣ будааст, бесаришта шудем. Бинобар ин ҳам ба қасде аз Рим баромада омадам, ки аз шумо илтимос кунам, дар бораи ин тиҷоратхона иттилое бидиҳед.

– Ҷаноби бокарам, – ҷавоб гардонд мэр, – ба ман воқиан маълум аст, ки солҳои охир ҷаноби Моррелро мисле ки мусибат пайгирӣ дорад, ӯ паиҳам чор панҷ киштиро талаф дод ва аз чанд варшикасте зиён дид. Вале гарчанде ки вай аз худи ман ҳам даҳ ҳазор франк қарздор аст, бо вуҷуди ҳамин дар бораи вазъи молияи ӯ ба шумо додани ягон хел маълумотеро ба худ раво намебинам. Агар шумо аз ман ҳамчун мэр бипурсед, ки дар бораи ҷаноби Моррел чӣ ақида дорам, ман ба шумо ҷавоб медиҳам, ки ин шахсест ниҳоят бавиҷдон ва то ҳол тамоми ӯҳдадориҳояшро бе каму кост ба ҷо оварда меояд. Он чи дар бораи ӯ гуфта метавонам, ҳамин аст. Агар ин ба шумо кифоят набошад, ба ҷаноби де Бовил, бозраси ҳабсхонаҳо муроҷиат кунед: кӯчаи Ноайл, хонаи рақами понздаҳ. Ӯ ба ин ширкат, агар ман иштибоҳ накунам, дусад ҳазор франк гузошта буд, ва воқиан барои аз ягон ҷиҳат хавф бурдан асосе мавҷуд бошад, дар он сурат азбаски ин маблағ назар ба пули ман хеле зиёд аст, шумо, эҳтимол, доир ба ин масъала аз вай маълумоти муфассалтаре гирифта тавонед.

Марди ингилис, зоҳиран, назокати муомилаи ӯро қадршиносӣ кард, ки таъзимашро ба ҷо оварду аз дар баромад ва ба тарзи хиромидани бритонии асил ҷониби кӯчаи таъйин кардаи ӯ ба роҳ афтод.

Ҷаноби де Бовил дар дафтархонаи худаш нишаста буд. Марди ингилис ӯро дида, ҳаракати тааҷҷубоваре кард, мисле ки бозрасро на бори аввал медида бошад. Аммо ҷаноби де Бовил ба чунон навмедие афтода буд, ки ақлу ҳуши ӯ ба ягона андешае банд буд ва ҳамин андеша на ба ҳофизааш ва на ба хаёлоташ маҷол намедод, ки ба гузашта пардозад. Марди ингилис ба хунсардии хоси миллиаш ба вай тақрибан айни ҳамон суолеро дод, ки ба мэри Марсел дода буд.

– Оҳ, тақсир! – нидо зад ҷаноби де Бовил. – Бадбахтона, хавфи шумо беасос нест ва шумо дар рӯбарӯи худ шахси ба навмедӣ расидаеро дида истодаед. Дар ихтиёри ҷаноби Моррел дусад ҳазор франки ман дар доираи гардиш буд; ин дусад ҳазор аз бисоти духтари ман иборат буд, ки ман дар нияти баъди ду ҳафта ба шавҳар додани ӯ будам. Ӯ вазифадор буд дар ду мӯҳлат бипардозад: понздаҳуми ҳамин моҳ ва понздаҳуми моҳи оянда. Ман ҷаноби Моррелро огоҳ карда будам, ки хоҳиши ҳатман дар мӯҳлати таъйиншуда гирифтани пулро дорам ва оё шумо тасаввур мекунед, ки ҳамин ним соат пеш ӯ ба наздам омадааст, ба ман хабар диҳад, ки агар киштии «Фиръавн»-аш то рӯзи понздаҳум нарасад, вай аз имконияти ба ман гашта додани пул маҳрум мешудааст.

– Ин ба тамдиди мӯҳлати пардохт ҷудо ҳам монанд аст, – гуфт марди ингилис.

– Беҳтараш гӯед, ки ин ба варшикаст монанд аст! – хитоб кард ҷаноби де Бовил сарашро дошта.

Марди ингилис ба андеша рафту сипас гуфт:

– Бинобар ин ҳам, санадҳои қарз оё як дараҷа хавфе талқин мекунанд ба шумо.

– Ман инҳоро беилоҷ ҳисоб мекунаму бас. – Ман онҳоро мехарам аз шумо.

– Шумо?

– Бале, ман.

– Лекин, эҳтимол, хеле арзонтар аз нархаш мехарида бошед?

– Не, ба дусад ҳазор франк; тиҷоратхонаи мо, – барафзуд марди ингилис хандакунон, – ба чунин муомилае машғул нест.

– Ва шумо ба ман...

– Пули нақд медиҳам.

Ва марди ингилис аз киса як қабза пуле баровард, ки шояд, аз он маблағе, ки ҷаноби де Бовил хавфи аз даст додан дошт, ду баробар зиёд буд. Шодӣ чеҳраи ҷаноби де Бовилро мунаввар кард; аммо, вай худашро ба даст гирифту гуфт:

– Ҷаноби бокарам, ман бояд шуморо огоҳ кунам, ки шумо, ба эҳтимоли қавӣ, аз ин маблағ шаш фоиз ҳам ба даст оварда наметавонед.

– Ин ба ман дахл надорад, – ҷавоб гардонд марди ингилис, – ин кори бонкирхонаи Томсон ва Френч аст, ки ман аз номаш амал мекунам. Шояд, тезондани қашшоқии фирмаи рақобаткунанда ба манфиати ӯ бошад. Ҳар чи бошад ҳам, ман тайёрам бо гирифтани таҳвилхати шумо ҳозир ин маблағро ба шумо баршуморам; вале ман орзуи аз шумо ширинкома гирифтан дорам.

– Ҳа, албатта! Айни адолат аст ин орзуи шумо! – хитоб кард ҷаноби де Бовил. – Ширинкома маъмулан аз якуним фоиз иборат аст; шумо ду? се? панҷ? ё бештар аз ин мехостагистед! Гап занед!

– Ҷаноби бокарам, – гашта гуфт хандакунон марди ингилис, – ман – мисли ширкати худамон; ман ба ин гуна корҳо машғул нестам; ман мехостам ба тарзи дигар ширинкома гирам.

– Гап занед, гӯшам ба шумо.

– Шумо бозраси ҳабсхонаҳоед?

– Понздаҳ сол мешавад, ки дар ин вазифаам.

– Феҳристи ҳабсхонаҳоро тартиб медиҳетон?

– Албатта.

– Дар ин феҳристҳо, эҳтимол, доир ба маҳбусон қайдҳое мавҷуд бошанд?

– Дар бораи ҳар як маҳбус парвандае ҳаст.

– Хӯш ки бошад, ҷаноби бокарам, дар Рим мураббие доштам ман, як аббате, ки ногаҳон ғоиб шуд. Баъдтар фаҳмидам, ки дар қалъаи Иф будааст; мехостам доир ба марги ӯ як дараҷа иттилоъ ёбам.

– Номаш чӣ буд?

– Аббат Фариа.

– О, хеле хуб дар ёд дорам ӯро, – нидо зад ҷаноби де Бовил, – вай девона буд.

– Бале, ман инро шунидаам.

– Вай, бешубҳа, девона буд.

– Мумкин; девонагиаш дар чӣ зоҳир мешуд?

– Вай гуфта мегашт, ки ҷои ким-кадом ганҷеро медонад, ганҷи беҳисобе ва барои озод карданаш ба ҳукумат маблағи ҳангуфте пешниҳод карда буд.

– Бечора! Ва мурд ӯ?

– Оре, ним сол пеш аз ин, моҳи феврал.

– Шумо ҳофизаи олиҷанобе доштаед.

– Ман инро аз он дар ёд дорам, ки бо марги аббат як ҳодисаи ғалатие алоқаманд аст.

– Оё ман метавонам бифаҳмам, ки чӣ ҳодисае будааст он? – пурсид марди ингилис бо ваҷоҳати кунҷковона, ки мушоҳидагари бамулоҳиза бо тааҷҷуб дар чеҳраи хунсарди ӯ пай бурда метавонист.

– Марҳамат: камераи аббат дар масофаи ягон панҷоҳ фут аз дигар камерае воқеъ гардида буд, ки дар он собиқ гумоштаи бонопартиён, каси ниҳоят ҷасуру хатарнок, яке аз онҳое, ки ба гашта омадани ғосиб дар соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум аз ҳама зиёдтар мусоидат карда буд, боздошта мешуд.

– Наход ҳамин тавр бошад?

– Бале, – ҷавоб гардонд ҷаноби де Бовил, – дар соли як ҳазору ҳашт саду шонздаҳум ё як ҳазору ҳашт саду ҳабдаҳум шахсан дидани он кас ба ман иттифоқ афтода буд; ба камераи ӯ фақат бо як взвод сарбоз фуромада будем; он кас ба ман таассуроти қавие бахшида буд; ман қиёфаи ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Дар лабони марди ингилис табассум дамид.

– Ва шумо мегӯед, – гуфт ӯ, – ки ҳар дуи ин камера...

– Аз якдигар дар масофаи ягон панҷоҳ фут буданд. Лекин, аз афташ, ҳамон Эдмон Дантес...

– Номи ҳамон шахси хатарнок...

– Эдмон Дантес буд. Оре, тақсир, аз афташ, ҳамон Эдмон Дантес олот пайдо кардааст ё худаш сохтааст онҳоро, зеро нақбе ошкор карда шуд, ки ба василаи он маҳбусон ба назди якдигар рафту омад мекардаанд.

– Ин нақб эҳтимол, барои он кофта шуда бошад, ки онҳо бигрезанд.

– Бадеҳист; аммо ба бадбахтии онҳо аббат Фариаро тоса гирифтаасту мурдаст вай.

– Мефаҳмам; ва ин фирор карданро имконнопазир мегардонад.

– Барои мурда – ҳа, – ҷавоб гардонд ҷаноби де Бовил, – аммо на барои зинда. Баръакс. Дантес дар ин василаи тезондани фирорро дид. Вай, бояд, гумон карда бошад, ки маҳбусони дар қалъаи Иф мирандаро дар гӯристони муқаррарӣ дафн мекунанд; вай майитро ба камераи худаш гузарондаасту худаш ба ҷои ӯ ба халта даромадааст, халтае, ки майитро андохта дӯхта буданд ва лаҳзаи дафнро нигарон шуда истодааст.

– Ин иқдоми ҷасуронае будааст, ки далели як дараҷа диловарист, – гӯшрас кард марди ингилис.

– Ман ба шумо гуфтам-ку, вай бисёр шахси хатарнок буд; хушбахтона, вай худаш ҳукуматро аз ташвиш халос кард.

– Ба чӣ тариқ?

– Наход худатон пай набурда бошед?

– Не.

– Дар қалъаи Иф гӯристон вуҷуд надорад; мурдагонро ҳамту ба баҳр мепартоянд, ба пояш санги сиюшашфунтӣ баста.

– Хайр банданд чӣ?... – бо ваҷоҳати гӯлнамо гуфт марди ингилис.

– Ана ба пои ҳамон ҳам санги сиюшашфунта бастаанду ба баҳр партофтаанд.

– Э наход! – хитоб кард марди ингилис.

– Бале, тақсир, – давом дод суханашро бозрас. – Худатон тасаввур бикунед, чӣ гуна ҳайрон шудагист гуреза, даме ки аз сари шах ҳаво доданашонро ҳис мекунад. Мехостам чеҳраи ӯро дар ҳамон дақиқа бубинам.

– Ин кори душвор мебуд.

– Ба ҳар ҳол, – гуфт ҷаноби де Бовил, ки дилпурии гашта гирифтани дусад ҳазор франк табъашро хеле чоқ гардонда буд, – ба ҳар ҳол ман ӯро ба худ тасаввур мекунам!

Ва ӯ қоҳ-қоҳзанон ханда кард.

– Ман ҳам инчунин, – гуфт марди ингилис.

Ва ӯ ҳам бо як кунҷи лабаш ба хандидан даромад, он тавре, ки мардуми ингилис механданд.

– Ҳамин тавр, – давом дод марди ингилис, якум шуда ба ҳолати хунсардиаш баргашта, – ҳамин тавр, гуреза ба қаъри баҳр фурӯ рафт.

– Ба мисли калид.

– Ва қутволи қалъаи Иф ба як бор ҳам аз девона халос шуду ҳам аз маҳбуси хатарнок?

– Маҳз ана ҳамин тавр.

– Лекин дар бораи ин рӯйдод, ба эҳтимоли қавӣ, санаде тартиб додагистанд? – пурсон шуд марди ингилис.

– Бале, бале, шаҳодатномаи вафот. Шумо мефаҳмед, хешовандони Дантес, агар хешу таборе дошта бошад, метавонанд манфиатдор бошанд, то зинда ё мурда буданашро муқаррар кунанд.

– Баъди ин метавонанд осуда бошанд, агар баъд аз сари вай умедвори меросе бошанд. Ӯ бебозгашт талаф шудагист.

– Талаф ҳам гап! Ҳамин ки талаб карданд, шаҳодатномаро бароварда медиҳанд ба онҳо.

– Ҷояш ҷаннат шавад, – гуфт марди ингилис, – хайр баргардем ба феҳристҳо.

– Гапатон ҳақ. Ҳикояти ман аз мақсад дур кашид шуморо. Бахшиш мепурсам.

– Хӯш барои чӣ? Барои ҳикоят? Бепарво бошед, ин ба назарам хеле ғалатӣ намуд.

– Дар ҳақиқат ҳам ин ғалатист. Хӯш, шумо ҳар он чи ба аббати берӯзиатон алоқаманд аст, дидан мехоҳед; худаш ҳам ҷудо фурӯтан буд.

– Шумо хеле миннатдор мекунед маро.

– Рафтем ба коргоҳи ман, ҳамаашро нишон медиҳам ба шумо.

Ва онҳо ба коргоҳи де Бовил рафтанд.

Бозрас рост мегуфт: тартиби ҳама чиз намунавӣ буд; ҳар як ҳуҷҷат рақами хос дошт; ҳар як парванда дар ҷои худаш гузошта шуда буд. Бозрас марди ингилисро дар курсии нарми худаш шинонд ва ҷузъгири мутааллиқ ба қалъаи Ифро пешаш гузошт, монд ки бемалол кову чов кунад, худаш бошад, дар як гӯша нишасту ба рӯзномахонӣ саргарм шуд.

Марди ингилис коғазҳои ба аббат Фариа дахлдорро бе заҳмат пайдо кард; вале аз афташ, ҳодисаи ҳикоят кардаи де Бовил диққати ӯро сахт ба худ кашида будааст; зеро, ба он коғазҳо чашм давонду варақ гардондани парвандаро давом дод, то ин ки ба ҳуҷҷатҳои Эдмон Дантес расид. Ин ҷо вай ҳама чизро дар ҷои худаш ёфт: маълумотномаи махфӣ, протоколи истинтоқ, аризаи Моррел бо қайди де Вилфор. Ӯ ноаён маълумотномаи махфиро қат карду ба кисааш андохт, протоколи истинтоқро хонду дид, ки номи Нуартйе дар он ёд нашудааст, аризаи аз 10 апрели соли 1815-умро аз назар гузаронд, ки дар он Моррел бо маслиҳати ёвари додситони подшоҳӣ бо нектарин нияте, – зеро дар он айём Наполеон дар тахт буд, – хидматҳои дар ҳақи Империя кардаи Дантесро муболиға карда буд, ки бо имзои Вилфор тасдиқ ёфтааст. Ин дам вай ҳамаашро фаҳмид. Ин аризаи ба номи Наполеон навишта шуда, ки Вилфор маҳфуз доштааст, дар давраи реставратсияи дуюм дар дастаи додситони подшоҳӣ силоҳи пурдаҳшате буд. Бинобар ин вай дар ҳуҷҷат эзоҳи зеринро дида ҳайрон нашуд.

ЭДМОН ДАНТЕС Бонопартисти гузаро, дар бозгашти ғосиб аз ҷазираи Элба фаъолона иштирок кардааст.

Пӯшида доштани сир сахт риоя шавад; назорат аз болояш суст нашавад.

Дар зери ин сатрҳо ба дасти каси дигаре илова шудааст:

«Ҳеҷ кор кардан имкон надорад».

Аз лиҳози тарзи навишт эзоҳу қайду аризаи Моррелро муқоиса карда, вай итминон ҳосил кард, ки эзоҳ ба ҳамон дасте навишта шудааст, ки қайдро сабт кардааст, яъне ба дасти Вилфор.

Марди ингилис дарёфт, ки иловаи зери эзоҳ ба дасти бозраси маҳбас анҷом ёфтааст, бозрасе, ки дар тақдири Дантес иштироки яклаҳзагие доштаасту ба сабаби эзоҳи фавқуззикр аз имкони дурусттар зоҳир кардани иштирокаш маҳрум мондааст.

Ҷаноби де Бовил, чунон ки гуфтем, аз рӯи одоб ва халал нарасондан ба ковишҳои шогирди аббат Фариа дар як гӯша нишаста буду «Парчами сафед»-ро мутолиа мекард.

Бинобар ин ҳам вай қат кардану ба киса андохтани маълумотномаи махфиро, ки Данглар дар зери соябони «Резерв» навиштаву бо мӯҳри почтаи Марсел муҷаҳҳаз гардида буду далолат ба он дошт, ки соати 6-и бегоҳи 27 феврал аз қуттӣ гирифта шудааст, пайхас накард.

Воқиан, агар пайхас ҳам мекард, худашро нодида мегирифт, зеро ба ин коғазпора он қадар эътибор намедод, ки ба дусад ҳазор франки худаш медод, то ба марди ингилис халал бирасонад, гарчи рафтори ӯ хилофи ҳар гуна қоидаву тартиб буд.

– Ташаккур ба шумо, – гуфт марди ингилис, бо садо ҷузъгирро пӯшонда. – Ман ҳар он чи лозим буд, пайдо кардам. Акнун навбати ман ба ваъда вафо кардан; аз ҷониби шумо таҳвилхате кофист, дар он тасдиқ кунед, ки маблағро пурра гирифтед ва ҳамонзамонӣ ман пулро ҳисоб карда медиҳам.

Ва ӯ ҷояшро дар сари мизи таҳрир ба де Бовил вогузошт, ки ӯ бе такаллуф нишасту бетаъхир навиштаи лозимаро ба ҷо овард, дар ин миён марди ингилис дар гӯшаи миз пулҳои коғазиро мешумурд.

пешина
аз 99
навбатӣ