Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

VIII. ТИҶОРАТХОНАИ МОРРЕЛ

Агар ягон каси аз тиҷоратхонаи Моррел бохабар чанд соле аз Марсел баромада мерафту дар замоне, ки мо тасвираш карда истодаем, гашта меомад, ӯ тағйироти зиёдеро дарёфт мекард.

Ба ҷои хушҳолию рафоҳият ва саодатмандӣ, ки гуфтан мумкин, тиҷоратхонаи кораш баравнақ аз худ зоҳир мекунад; ба ҷои чеҳраҳои шодон, ки аз пардаи тирезаҳо ҳар дам намоён шуда меистанд; ба ҷои ходимони сердавуғеҷи коргоҳ, ки қаламро пушти гӯш гузошта, дар роҳравҳо давутоз карда мегарданд; ба ҷои рӯи ҳавлиҳои пур аз ҳар гуна тойҳову қоҳ-қоҳи ханда ва шавқуну ҳаммолон, – вай муҳити бекасию беназоратиро меёфт. Аз хидматчиёни сершуморе, ки як вақтҳо сокини коргоҳ буданд, дар роҳравҳои холиву дар ҳавлии беодам монда фақат ду кас боқӣ буданд: ҷавонмарди ягон бистусесолаи Эммануел Эрбо ном, ошиқи духтари ҷаноби Моррел, ки бар хилофи пофишории волидайнаш ширкатро тарк накарда буд ва собиқ дастёри хазинадор, ки як чашмаш олус буда, Коклес1 лақаб дошт; ин лақабро ба вай ҷавонон дода буданд, ки як замоне ин занбӯрхонаи азими сермағалро пур карда буданду ин дам қариб, ки беодам мондааст, ҳол он ки ин лақаб чунон ҷои номи ҳақиқиашро гирифтааст, ки вай, эҳтимол, ҳатто ки баргашта назар намекард, агар ягон кас номашро гирифта ҷеғ мезад.

Коклес дар хидмати ҷаноби Моррел истод ва дар мақоми ин ҷавони поквиҷдон тағйироти ғалатие ба амал омад; вай дар айни як вақт то ба рутбаи хазинадор баланд баромаду то ба унвони хидматгор паст фуромад.

Вале, сарфи назар аз ҳамааш, ба ҳар ҳол вай ҳамон Коклес мондан гирифт – некдил, пурғайрат, вафодор, лекин ҳар он чи дахлдор ба ҳисобу китоб буд, вай устувор меистод: масъалаи ҳисобу китоб ягона масъалае буд, ки вай тайёр буд дар ин боб ба як ҷаҳони тамом муқобил истад, ҳатто ки ба ҷаноби Моррел ҳам; ӯ фақат ба ҷадвали зарб, ки онро аз ёд медонист, бовар дошт; ҳар қадар ин ҷадвалро чапаю роста гардонанд, ҳар қадар ӯро ба иштибоҳ андохтанӣ шаванд, муроде ҳосил намешуд аз ин.

Дар миёни яъсу навмедие, ки аҳли хонаводаи Моррелро фаро гирифта буд, танҳо Коклес орому ботамкин буд. Аммо набояд гумон бурд, ки ин оромию тамкин натиҷаи камии ихлос аст; баръакс, ин натиҷаи имони комил буд. Чунон ки калламушҳои киштии маҳкуми фано, пеш аз он ки лангар бардорад, пешакӣ аз киштӣ бадар мераванд, ҳамчунин ҷамеи хизматчиёну кормандони кантӯр, ки рафоҳияти ин ҷаҳониашон ба ширкати соҳибкор вобаста буд, батадриҷ, чунон ки болотар гуфтем, коргоҳу анборҳоро тарк карданд; аммо Коклес, фирори ҳамагонро дида, ҳатто дар сари он андеша накард, ки инро боис чист; барои вай ҳама чиз маънои рақамро дошт, ва азбаски дар муддати хидмати бистсолааш дар тиҷоратхонаи Моррел вай ба дидани он одат карда буд, ки пардохтҳои пулӣ дар ниҳояти аниқӣ ба ҷо оварда мешуданд, ба хаёлаш роҳ намедод, ки ин пулпардозиҳо як рӯз ба поён мерасида бошанд, чунон ки осиёббоне, ки осиёбашро қувваи ҷараёни оби дарёи азим гардон мекунад, ба андешааш роҳ дода наметавонад, ки ин дарё якбора аз ҳаракат бозмонда метавониста бошад. Воқиан ҳам то ба ҳол ягон чиз боварии Коклесро такон надода буд. Пардохти моҳонаи охир бенуқсон аниқ ба ҷо оварда шуд. Коклес бар зарари худаш ҳафтод сантим ғалат кардани ҷаноби Моррелро ёфт ва худи ҳамон рӯз ин чордаҳ суи аз будаш зиёд додаи ӯро бурда дар пешаш гузошт. Ҷаноби Моррел бо табассуми ғамолуд онро гирифту дар қуттии қариб ки холии касса монд.

– Нағз, Коклес; шумо ҳалолкортарин хазинадори олам астед.

Коклес ҳам бо табъи болидае баромада рафт, зеро таърифи ҷаноби Моррел, ки дар Марсел бавиҷдонтарин касе буд, барои вай аз мукофоте ба маблағи панҷоҳ эку бақадртар буд.

Аммо баъди ҳамин пардохти охирин, ки ин қадар бамурод анҷомида буд, барои ҷаноби Моррел рӯзҳои вазнине пеш омаданд; барои бо қарзхоҳонаш баробар кардани ҳисоб вай тамоми маблағашро ғун карду аз бими он, ки мабодо муфлис гардиданаш дар Морсел овоза шавад, – агар ба чунин чораҳои ниҳоӣ даст заданашро бинанд, – шахсан ба ярмаркаи Бокер рафта, яктаю нимта маснуоти заргарии мансуб ба занашу духтараш ва як қисми симинаи ошхонаашро бифурӯхт. Дар баҳои ин қурбонӣ ин дафъа барои тиҷоратхонаи Моррел ҳама корҳо бахайр гузашт; лекин касса битамом тагшупон шуд. Қарз, аз овозаҳо рамида, бо худбинии одатии хосаш аз вай рӯ тофт; ва барои он ки ба ҷаноби де Бовил понздаҳуми моҳи ҷорӣ сад ҳазор франку понздаи моҳи оянда боз сад ҳазор франк бидиҳад, ҷаноби Моррел фақат ба гашта омадани «Фиръавн» умед баста метавонист, ки ба сафар баромаданашро киштии баробари ӯ лангарбардоштаву ин дам ба муроди дил ба бандари Марсел расида хабар дод.

Лекин ин киштии ба мисли «Фиръавн» аз Калкатта берун омада ду ҳафта пеш аз ин омада расида буд, ҳол он ки аз «Фиръавн» ҳеҷ дарак нест.

Чунин буд вазъи корҳо, даме ки гумоштаи бонкирхонаи Томсон ва Френчи Рим фардои рӯзи боздидаш бо ҷаноби де Бовил ба назди ҷаноби Моррел ҳозир шуд.

Ӯро Эммануел пазиро шуд. Ҷавонмард, ки ҳар як шахси нав ба ҳарос меовардаш, зеро ин маънои қарзҳои наверо дошт, ки аз овозаҳо ба ташвиш афтодаасту барои маълумот гирифтан ба назди сардори ширкат омадааст, хост валинеъматашро аз мулоқоти нохуш раҳоӣ бахшад; ӯ меҳмонро пурсуҷӯ кардан гирифт; вале ӯ изҳор кард, ки гапи ба ҷаноби Эммануел мегуфтагӣ надорад ва хоҳиши шахсан бо ҷаноби Моррел ҳамгап шудан дорад.

Эммануел оҳ кашида Коклесро ҷеғ зад; Коклес ҳозир шуд ва ҷавонмард фармуд, ки меҳмонро ба назди ҷаноби Моррел барад.

Коклес пеш даромад; меҳмон аз ақибаш равон шуд.

Сари зинапоя онҳо ҷавондухтари нозанини тақрибан шонздаҳсолаеро диданд, ки бо хавотир ҷониби марди ношинос назар андохт.

Коклес ин ваҷоҳати ӯро пайхас накард, вале аз марди ношинос, зоҳиран пинҳон намонд он.

– Ҷаноби Моррел дар дафтари худашон бошанд, мадемуазел Жули? – пурсид хазинадор.

– Ҳа, эҳтимол, – ҷавоб гардонд дилнопурона ҷавондухтар. – Як хабар гиред, Коклес, агар падарам он ҷо бошанд, омадани меҳмонро бигӯед ба он кас.

– Расидани маро хабар додан беҳуда коре мебуд, – гуфт марди ингилис. – Ҷаноби Моррел номи маро намедонанд; ҳамин қадар гуфтан кофист, ки ман гумоштаи калони ширкати Томсон ва Френч мебошам, ки тиҷоратхонаи падари шумо бо он доду ситад дорад.

Ранг аз чеҳраи ҷавондухтар гурехту аз зинапоя поён фуромадан гирифт, дар ин миён Коклес ва марди ношинос боло баромаданд.

Жули ба коргоҳе ворид шуд, ки ҷойгоҳи Эммануел буд; Коклес бошад, бо калиде, ки дар ихтиёраш буда, далели ба назди хоҷаи худ озодона дарою баро доштанаш буд, дари воқеъ дар як гӯшаи сари зинапояи ошёнаи сеюмро боз карда, меҳмонро ба даҳлез даровард, баъд дари дигареро кушода, сипас аз пасаш баста фиристодаи ширкати Томсон ва Френчро дақиқае танҳо гузоштау дере нагузашта боз гашта омад, ба вай имо кард, ки метавонад дарояд.

Марди ингилис даромад; ҷаноби Моррел сари мизи таҳрир нишаста буду аз ҳаяҷон қуташ кандагӣ, бо даҳшат ба рӯйхати қарзҳояш менигарист.

Ҷаноби Моррел марди ношиносро дида дафтари ҳисобу китобашро пӯшонд, аз ҷой бархост, ба вай курсӣ пешниҳод кард, сипас, даме ки меҳмон нишаст, гашта ба курсии нарми худаш фуруд омад.

Дар зарфи ин чордаҳ сол тоҷири некном хеле тағйир ёфтааст; дар оғози достони мо ӯ сиюшашсола буд, ҳоло бошад, синнаш ба панҷоҳ дакка мехӯрад. Ба мӯяш сафедӣ афтодааст; аз ташвиши рӯзгор дар ҷабинаш чинҳо пайдо шудаанд; нигоҳи собиқан устувору қатъияш ин дам хира гардида итминонро аз даст дода буд, мисли ин ки аз мутаваҷҷеҳ шудан ба андешае ё нигаристан ба чеҳрае бим дошт.

Марди ингилис бо кунҷковие, ки сахт омехтаи дилсӯзӣ буд, ба вай менигарист.

– Ҷаноби бокарам, – гуфт ҷаноби Моррел, ки аз нигоҳи бодиққати меҳмон изтиробаш бештар гардида буд, – шумо хостед бо ман гуфтугӯ кунед?

– Оре, тақсир. Оё аз ҷониби кӣ омадани ман ба шумо маълум аст?

– Аз ҷониби бонкирхонаи Томсон ва Френч; ҳамин қадарашро хазинадорам гуфт ба ман.

Комилан дуруст аст. Бонкирхонаи Томсон ва Френч дар муддати наздиктарин ду моҳ бояд дар Фаронса аз сесад то чорсад ҳазор франк пардозад; дар масъалаи пардохт ниҳоят дақиқкор будани шуморо дониста истода, бонкирхона тамоми аҳдномаҳои бо дасти шумо ба имзо расидаро, ки дар доираи имкон буд, гирд оварду ба ман супурд, ки баробари поён ёфтани мӯҳлати ин аҳдномаҳо мувофиқи асноди қарз маблағи мавриди пардохтро аз шумо гирифтаву харҷ кунам.

Моррел оҳи бадард кашида, ҷабини тарашро молид.

Пас, – пурсон шуд Моррел, – санадҳои қарзи ба дасти ман имзо шуда дар дасти шумост?

– Оре ва ба маблағи ниҳоят зиёде.

– Канӣ чӣ қадар будааст? – пурсид Моррел, зӯр зада оромтар гап заданӣ шуда.

– Аввалан, – гуфт марди ингилис, аз киса бастаи коғазҳоро бароварда истода, – мана таҳвилхат ба дусад ҳазор франк, ки ҷаноби де Бовил, бозраси ҳабсхонаҳо барои ширкати шумо навиштааст. Оё шумо ба ин қарзи ҷаноби де Бовил иқрор мекунед?

– Оре, вай ин маблағро бо фоидаи чору ним фоиз панҷ сол пеш аз ин ба ихтиёри ман дода буд.

– Ва шумо боист ин маблағро дар мӯҳлати...

– Як қисмашро понздаҳуми ин моҳ, қисми дигарашро понздаҳуми моҳи оянда гардонда медодам.

– Комилан дуруст. Баъд, мана ин санадҳои қарз ба сию ду ҳазору панҷсад франк, ки мӯҳлати пардохташ охири ҳамин моҳ аст. Инҳоро шумо имзо кардаед ва соҳибонашон ба мо супурданд.

– Ман ин санадҳоро эътироф дорам, – гуфт Моррел, дар сари андешаи он аз хиҷолат сурх шуда, ки эҳтимол, дар умраш бори аввал қудрате наёбад, ки қарзашро бипардозад. – Ҳамааш ҳамин аст?

– Не, тақсир; дар дасти ман боз санадҳои қарзе ҳастанд, ки мӯҳлати пардохташон охири моҳи оянда ба поён мерасад; ин санадҳоро тиҷоратхонаи Паскал ва тиҷоратхонаи Уайлд ва Тэрнер ба маблағи қариб панҷоҳу панҷ ҳазор франк ба мо доданд; ҳамагӣ ду саду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад франк.

Моррели сарсахт дар тӯли ҳисоб додани марди ингилис азоби гӯрро аз сар гузаронд.

– Ду саду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад франк, – ғайри ихтиёр такрор кард ӯ.

– Оре, тақсир, – ҷавоб гардонд марди ингилис. – Лекин, – давом дод ӯ суханашро баъди андаке сукут, – ман аз шумо пинҳон намедорам, ҷаноби Моррел, ки сарфи назар аз ин ҳама эҳтиром ба ростқавлии шумо, ки то ҳол ҳаргиз мавриди эрод нагардидааст, дар Марсел овозае паҳн шудааст, ки анқариб шумо ба пардохтани қарзҳоятон қодир нахоҳед гардид.

Аз чунин изҳороти қариб ки дағалона ранги рӯи Моррел сахт канд.

– Ҷаноби бокарам, – гуфт ӯ, – то ба ҳол, – ин дам зиёда аз биступанҷ сол мешавад, ки падарам ширкати моро, ки дар тӯли сиюпанҷ сол сардораш буд, ба ман таслим кардааст, – то ба ҳол ягон аҳдномаи бо имзои Моррел ва Писар супурда шуда бе пардохт намондааст.

– Оре, ман инро медонам, – ҷавоб гардонд марди ингилис, – лекин рӯирост гап мезанем, чунон ки шоистаи мардуми поквиҷдон аст. Бигӯед: оё шумо аз рӯи ин аҳдномаҳо бо ҳамон дақиқкории собиқ пул пардохта метавонед?

Моррел як қад парид, вале устуворона ба рӯи мусоҳибаш назар кард.

– Ба чунин суоли рӯирост рӯирост боист ҷавоб гардонд, – гуфт ӯ. – Оре, тақсир, ман аз рӯи инҳо пул дода метавонам, агар, чунон ки умед дорам, киштии ман бамуроди дил бирасад, зеро расидани вай маблағеро ба ман бармегардонад, ки нокомиҳои рухдода маро аз ин маҳрум карда буданд; аммо агар «Фиръавн», охирин умеди ман, ба фалокат дучор ояд...

Дар чашмони соҳибкори берӯзӣ ашк ҳалқа зад.

– Хӯш, – гуфт марди ингилис, – агар ҳамин умеди охирин ба шумо нокомӣ оварад?..

– Дар он сурат, – давом дод Моррел суханашро, – ҳарчанд ки душвор аст ба забон оварданаш... вале, мани ба мусибат одат карда бояд ба шармандагӣ ҳам одат кунам... дар он сурат, эҳтимол ман маҷбур мешавам пардохтанро бас кунам.

– Оё шумо дӯстоне надоред, ки ба шумо ёрӣ карда битавонанд?

– Дар корҳо, тақсир, дӯстон намешаванд, шумо инро медонед; фақат номанависон ҳастанд.

– Ин гапи рост; – гуфт зери лаб марди ингилис. – Пас, ба шумо фақат як умед боқӣ мемонад?

– Фақат як умед.

– Умеди охирин?

– Умеди охирин.

– Агар ин умедатон барбод равад...

– Ман нобуд шудам, беамон нобуд шудам.

– Ҳангоме ки ман ба назди шумо меомадам, кадом-як киштие вориди бандар мешуд.

– Медонам, тақсир; яке аз хизматгузорони ман, ки дар мусибатам ба ман вафодор мондааст, рӯзи дароз дар шаҳнишини болои бом ба умеде қарор дорад, ки якум шуда хушхабаре орад ба ман. Вай расидани киштиро хабар дода буд.

– Ва ин киштӣ аз они шумо набудааст?

– Не, ин «Жиронда», киштие аз Бордо. Ҳамон ҳам аз Ҳиндустон омадааст; лекин ин аз они ман не.

– Шояд вай дар куҷо будани «Фиръавн»-ро донад ва аз хусуси вай ягон хабаре оварда бошад?

– Иқрор кунам ба шумо? Ман қариб ҳамон қадар аз хабар ёфтани дар бораи киштиам бим дорам, ки аз бехабарии он. Бехабарӣ – ба ҳар ҳол умед аст.

Каме хомӯш истода ҷаноби Моррел бо овози баста афзуд:

– Чунин таъхир кардан барои ман норавшан аст: «Фиръавн» аз Калкатта панҷуми феврал берун омада буд; зиёда аз як моҳ қабл аз ин бояд ба ин ҷо мерасид.

– Чист ин, – нохост гуфт марди ингилис гӯш фаро дошта, – ин чӣ мағалест?

– Э худоҷон! Э худоҷон! – ба ранги мурда қут аз рӯяш канда нидо зад Моррел. – Боз чӣ ҳодиса шуда бошад?

Аз зинапоя воқиан шавқуни баланде ба гӯш мерасид; мардум пасу пеш метохтанд; ҳатто нолиши шикваомези касе баланд гардид.

Моррел хост бархоста дарро кушояд, вале мадораш хушк шуда буд ва ӯ гашта ба курсии нарм фурӯ нишаст.

Ҳар ду дар рӯбарӯи якдигар ҳамчунин менишастанд, Моррел – саропо ларзон, марди ношинос – бо ваҷоҳати саршор аз тараҳҳум нигарон ба ӯ. Шавқун басанда гардид, вале Моррел, аз афташ, ким-чиро нигарон буд: ин садоҳо сабабе дошт, ки ошкор бояд мешуд.

Ба назари марди ношинос чунин расид, ки касе хамӯш аз зинаҳо баромада истодааст ва сари зинапоя чанд касе бозистоданд.

Баъд ӯ чӣ тавр ба қулфи дари якум дароварда шудани калид ва чӣ тавр ғарчос задани ошуқмаъшуқҳои дарро шунид.

– Фақат ду нафаре калиди ин дарро доранд, – гуфт зери лаб Моррел, – Коклес ва Жулӣ.

Дар ҳамин дақиқа дари дуюм боз гардиду дар сари остона рангпаридаву ашкбор Жулӣ намудор шуд.

Моррел тамоми аъзо ларзон, бархосту ба дастаки курсии нарм такя намуд, то наафтад. Хост лаб ба сухан кушояд, аммо овоз дар гулӯяш печид.

– Дада, – гуфт духтарак, илтиҷоомез дастонашро пеши бар гирифта, – аз гуноҳи духтаратон бигзаред, ки хабари нохуш меоварад ба шумо!

Қути Моррел сахт канд; Жулӣ худашро ба оғӯши ӯ андохт. – Дада, дадаҷон! – мардонагиро аз даст надиҳед!

– «Фиръавн» нобуд шудааст? – пурсид Моррел бо овози гирифта.

Жулӣ ҷавобе надод, аммо ба имои сари рӯи синаи падар хамаш тасдиқ кард.

– Ҳайати киштӣ чӣ? – пурсид Моррел.

– Наҷот ёфтаанд, – гуфт Жулӣ, – киштии бордоӣ, ки навакак вориди бандар гардид, наҷот додааст онҳоро.

Моррел бо ваҷоҳати фурӯтанию миннатдории лобаён даст ба сӯи осмон бардошт.

– Сипос туро, э Худованд! – гуфт ӯ, – ки ғазабатро ба як худи ман равона кардӣ!

Марди ингилисро бо ҳама хунсардӣ ашк дар чашмон ҳалқа зад.

– Дароетон, – гуфт Моррел, – дароетон; ман пай бурда истодаам, ки дар паси даретон ҳамаи шумо.

Баробари аз даҳонаш баромадани ин суханон, навҳакунон хонуми Моррел даромад; аз паси ӯ Эммануел вориди хона гардид. Ақибтар, дар даҳлез чеҳраҳои андӯҳбори ҳафт-ҳашт маллоҳи абгору нимбараҳна намоён буд. Баробари дидани ин касон марди ингилис як қад парид. Ба назар чунин расид, ки ӯ хост наздашон равад, вале худдорӣ кард ва баръакс, ба як кунҷи торику дуртари хона кашид худашро.

Хонуми Моррел ба курсии нарм фурӯ нишасту дасти шавҳарашро ба каф гирифт, вале Жулӣ ҳамчунин сараш рӯи синаи падар хам рост меистод. Эммануел дар миёнҷои хона истодан гирифт, мисле, ки ҳалқае буд миёни силсилаи хонадони Моррелу маллоҳоне, ки дами дар ғун шуда буданд.

– Ин ҳодиса чӣ тавр рух дод? – пурсид Моррел.

– Пештар оед, Пенелон, – гуфт Эммануел, – ва ҳикоят кунед. Маллоҳи куҳансоли дар зери офтоби минтақаи ҳорра сип-сиёҳ сӯхтагӣ пораҳои кулоҳ дар даст даврзанон пеш омад.

– Саломуалайкум, ҷаноби Моррел, – гуфт ӯ, мисле ки дирӯзакак аз Марсел бадар рафтаву аз сафари Экс ё Тулон баргашта бошад.

– Ваалайкум ассалом, дӯстам, – гуфт хоҷааш, беихтиёр табассум карда бо чашмони пурашк, – аммо нохудо куҷост?

– Нохудо бошад, ҷаноби Моррел, андак нотоб шуда дар Палли монд;

вале, ба меҳрубонии худованд ба қарибӣ дуруст мешудагист ва чанд рӯзе пас мою шумо барин бардам мешавад.

– Хуб шудааст... Акнун ҳикоят кунед, Пенелон, – гуфт ҷаноби Моррел.

Пенелон сақичро аз лунҷи росташ ба чап гузаронду бо даст даҳонашро дошта, ба дигар сӯ гашт, оби даҳони сиёҳчатобро як қулоч ба даҳлез черт кард, як пояшро пеш гузошт ва алвонҷ хӯрда-алвонҷ хӯрда, ба гап даромад:

– Хуш ки бошад, ҷаноби Моррел, ҳамин тавр мо миёни димоғаи Бланко ва димоғаи Боядор равон будем ва шамоли ҷануби ғарбӣ мевазид, баъди он ки як ҳафтаи озод беҳаракат будем; ва нохост нохудо Ҳомар наздам омад (вале, бояд гуфт, дар сари суккон меистодам) ва ба ман гуфт:

«Амаки Пенелон, аз хусуси ҳо он абрҳое, ки дар уфуқ пайдо шуда истодаанд, чӣ андеша доред?».

Ман бошам, худам ба онҳо назар мекардам.

пешина
аз 99
навбатӣ