Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чаро ин тавр?

– Чун ки корашон омад кард, кори одамони ҳалол бошад ҳаргиз омад намекунад.

– Кори Данглари гунаҳкори асосӣ ба чӣ расид? Охир иғвогар вай аст, ҳамин тавр нест?Кораш ба чӣ расид? Ӯ аз Марсел бирафт ва бо тавсияи ҷаноби Моррел, ки аз ҷинояти вай хабар надошт, ба хидмати як бонкдори испанӣ даромад. Дар замони ҷанги Испаниё ӯ ба таҳвили лавозимоти ҳарбии артиши Фаронса машғул буд ва сарвате андӯхт; баъд дар бозии биржа шарик шуд ва ба ҳамин тариқ сармояашро ба тартиб овард, занаш, духтари хоҷаи бонкдори худашро талаф дода, ба як бевазан, хонуми де Наргонн, духтари дарбории олирутбаи шоҳи ҳозира, ҷаноби де Сервё, ки аз лутфу марҳамати билониҳояи шоҳ бархурдор аст, хонадор шуд. Ӯ миллионер гардид, унвони баронӣ додандаш, бинобар ин ҳоло вай барон Данглер аст; дар кӯчаи Монблан ҳавлӣ, дар саисхона даҳ сар асп, дар даҳлезаш шаш нафар хидматгор дорад ва инашро намедонам, ки дар сандуқҳояш чанд миллион пул дошта бошад.

– Ана гап! – гуфт аббат бо лаҳни ғалатие. – Хайр чӣ тавр, хушбахт бошад?

– Хушбахт бошад? Кӣ метавонад бидонад инро? Хушбахт аст ё бадбахт, инро деворҳо медонанд; девор гӯш дораду забон не. Агар бахт аз сармоя иборат бошад, дар он сурат Данглар хушбахт аст.

– Фернан чӣ?

– Оҳ, кори Фернан аз ин бештар омад кард.

– Лекин моҳигири бенавои каталонии таҳсилнадидае ба чӣ тариқ сарват андӯхтаю ба қатори мардум даромада бошад? Рости гап ин маро ба ҳайрат меоварад.

– Ин ҳамаро ба ҳайрат меоварад; эҳтимол, дар зиндагиаш розе бошад, ки ҳеҷ кас намедонад онро.

– Лекин ба кадом роҳҳои назаррас ба сарманзили сарвати ҳангуфт ё мақоми баланде расида бошад?

– Ӯ ҳам ба инаш расиду ҳам ба онаш, ҷаноби аббат, ҳам сарват ёфту ҳам мақоми баланде.

– Ин тавр фақат дар афсонаҳо шуданаш мумкин!

– Ростӣ, ин ба афсона монанд аст, лекин гӯш кунед ва худатон ҳамаашро хоҳед фаҳмид.

Чанд рӯз пеш аз баргаштани император Фернан ба сарбозӣ афтода буд. Бурбонҳо ба вай кордор нашуданд. Вале Наполеон ки баргашт, дар бораи аскаргирии фавқулъода фармон содир шуд ва ба Фернан лозим омад ба артиш равад. Ман ҳам рафтам; лекин азбаски ман аз Фернан ба син калонтар будам ва навакак ба зани берӯзиам хонадор шуда будам, маро ба посбонии соҳил таъйин карданд, вай бошад, ба артиши амалкунанда афтода, ҳамроҳи полк ба сарҳад рафт ва дар набарди назди Лин иштирок кард.

Дар шаби баъди набард вай ба як генерале, ки бо душман алоқаи пинҳоние доштааст, ординарӣ мекард. Худи ҳамон шаб генерал бояд гурехта ба тарафи ингилисҳо мегузашт; ӯ ба Фернан пешниҳод мекунад, ки ӯро ҳамроҳӣ намояд. Фернан розӣ шуда, постгоҳро тарк мекунаду аз паси генерал меравад.

Кирдоре, ки агар Наполеон дар тахт мемонд, барои он кори Фернан бояд ба маҳкамаи ҳарбӣ оид мешуд, дар аҳди Бурбонҳо хизмати шоиста ҳисоб шуд. Ӯ ба Фаронса бо сардӯшиҳои подпоручик баргашт ва азбаски ҳамон генерал аз ҷониби шоҳ лутфу марҳамати зиёде доштаву ӯро пуштибонӣ мекард, дар соли як ҳазору ҳашт саду бисту сеюм, дар давраи ҷанги Испониё, яъне дар худи ҳамон соле, ки Данглар дар тиҷорат даст ба ҳаннотӣ зада буд, ӯро капитан бардоштанд. Фернан аслан испонӣ буд; бинобар ин ба Мадрид фиристода шуд, то бифаҳмад, табъи мардуми хирадманд чӣ гуна аст. Он ҷо вай бо Данглар вохӯрд, ҳар ду забон як карданд, ба генерали худ дар пойтахту дар музофот мусоидат кардани роялистонро ваъда дод, аз ҷониби вай ваъдаю ваъиди зиёде ба даст овард, худаш баъзе ӯҳдадориҳо ба зимма гирифт, полкро бо дарае, ки роҳашро як худаш медонисту аз ҷониби роялистҳо посбонӣ мешуд, гузаронд – хуллас ин юриши кӯтоҳмуддат чунон корномаҳое ба субут расонд, ки баъд аз фатҳи Трокадеро ӯро полковник бардоштанд ва бо салиби афсари Легиони фахрию унвони графӣ сарфароз карданд.

– О қисмат, қисмат! – ба забон овард аббат зери лаб.

– Оре, вале гӯш кунед, ҳамааш ҳамин не. Ҷанги Испониё ба итмом расид, сулҳи дуру дароз, ки эҳтимоли дар Аврупо ҳукмрон гардидан дошт, метавонист ба боло рафтани мартабаи Фернан зиён оварад. Танҳо як худи Юнон ба муқобили Туркия бархоста буд ва барои истиқлолият ҷанг сар кард; диққати ҳамагон ба Афина равона гардид. Он вақт юнониёнро раҳмхӯрӣ кардану тараф гирифтан одат буд. Ҳукумати Фаронса рӯирост онҳоро пуштибонӣ накарда, чунон ки ба шумо маълум аст, ёрии хусусӣ расонданро ба худ раво дид. Фернан барои ба Юнон рафтан иҷозат хост, ҳамчунин дар айни замон ба ҳисоби артиш мондан гирифт.

Баъд аз муддате фаҳмиданд, ки граф де Морсер, – ӯ ҳомили ин ном буд, – дар рутбаи генерал-инструктор ба хизмати Алӣ-пошо даромадааст. Алӣ-пошо, чунон ки ба шумо маълум аст, ҳалок гардид; вале пеш аз маргаш олиҳимматвор мукофотонид Фернанро; Фернан ба Фаронса баргашт ва дар рутбаи генерал-лейтенант тасдиқ ёфт.

– Бинобар ин акнун?.. – пурсид аббат.

– Бинобар ин акнун, – давом дод суханашро Кадрусс, – вай дар як ҳавлии мӯҳташаме дар Париж, дар кӯчаи Элдер, рақами бисту ҳафт истиқомат дорад.

Аббат ким-чие гуфтанӣ шуд, вале дар тараддуд монд, оқибат, ба зӯрӣ пурсид:

– Мерседес чӣ? Ман шунидам, ки вай ғоиб шудааст?

– Ғоиб шуд! – ҷавоб гардонд Кадрусс. – Бале, чунон ки қурси офтоб ғоиб мешавад, то саҳар аз нав пайдо шавад бо шаъшаъаи бештаре.

– Мабодо бахт ба рӯи вай ҳам нахандидааст-ку? – пурсид аббат, кинояомез табассум карда.

– Мерседес аз ҷумлаи нахустхотунҳои ҷомиаи Париж аст, – гуфт Кадрусс.

– Давом диҳед, – гуфт аббат, – ман мисле ки ҳикояти кадом-як хоббиниеро шунида истодаам. Лекин худи ман ин қадар рӯйдодҳои ғайри одатро дидаам, ки ҳикояти шумо чандон ба ҳайрат намеоварад маро.

– Мерседес дар ибтидо аз зарбаи ногаҳоние, ки аз фурқати Эдмон ба вай расида буд, ба навмедӣ афтод. Ман пеш аз ин аз хусуси зорӣ карданаш ҷаноби Вилфорро ба шумо гуфта будам. Навмедии ӯро дарду алами нав қувват дод; ба полк рафтани Фернан буд ин дарду аламро боис; Мерседес аз ҷинояти ӯ хабар надошт ва чун бародар дӯст медошт варо.

Фернан бирафт. Мерседес танҳо монд.

Се моҳ оби дидааш хушк нашуд; на аз Эдмон, на аз Фернан ҳеҷ гуна хабаре набуд; ба ҷуз пирамарди аз ғаму андӯҳ дар дами марг ҳамдаме надошт.

Як дафъа, аз рӯи одат, дар сари дуроҳаи аз Марсел ба Каталонҳо раванда як рӯзи дароз нишаста, бегоҳ аз ҳарвақта бештар кулфатзада ба хона баргашт; на дилдодааш, на дӯсташ бо ягонтое аз ин ду роҳ ба наздаш наёмаданд, на аз ину на аз онаш хабаре нарасид.

Нохост шарфаи пои шиносе ба гӯшаш расид. Вай бо ҳаяҷон баргашта назар кард, дар боз гардид, ва ӯ дар рӯбарӯи худ Фернанро дар мундири подпоручик дид.

Агарчи духтарак на дар ёди вай ғусса мехӯрду ашк мерехт, вале ба назараш чунин тофт, ки порае аз зиндагии собиқаш гашта омад. Мерседес бо чунон шодию тараб аз дасти Фернан дошт, ки вай ин муомиларо ишқ гумон бурд, аммо ин фақат шодии андешае буд, ки вай дар олам якаву танҳо нест ва оқибат, баъди рӯзҳои тӯлонии бекасӣ дар рӯбарӯи худ дӯстро мебинад. Ва илова бар ин боист гуфт, ки дидори Фернан ҳаргиз нафрате талқин намекард ба вай; ӯ ба ин ишқ талқин намекард, ҳамин вассалом. Меҳри Мерседес моил ба каси дигар буд, вале ин каси дигар дур буд... ғоиб гардида буд... мурда буд, эҳтимол. Дар сари ҳамин андеша Мерседес ашк мерехт ва дар ҳолати навмедӣ даст ба сар мезад. Аммо ин андеша, ки пештар ба дил роҳ намедодаш, ҳар гоҳ ягон кас ба забон орад, акнун худ ба худ ба сараш омад. Пирамард Дантес ҳам беист талқин мекардаш: «Эдмони мо мурдагист, агар зинда мебуд, гашта меомад ба наздамон».

Чунон ки ман ба шумо гуфтам, пирамард мурд. Агар вай зинда мебуд, дар он сурат, шояд, Мерседес ҳаргиз ба дигар кас намерасид. Пирамард ба бевафоӣ таъна мезад варо. Фернан мефаҳмид инро. Аз вафоти пирамард хабар ёфта, гашта омад ӯ. Ин дафъа дар рутбаи подпоручик пайдо шуда буд. Дар омадани аввалаш ба Мерседес аз боби ишқ ҳарфе нагуфта буд; бори дуюм ёдрас кард, ки дӯст медорад ӯро. Мерседес аз вай боз нимсоли дигар барои он мӯҳлат хост, ки Эдмонро нигарон шавад ва ба ёдаш ашк резад.

– Рост, – гуфт аббат бо заҳрханде, – охир аз байн якуним соли расо гузашта буд-ку! Боэҳтиростарин дӯстдоре ҳам дигар чӣ талаб карда метавонад? – Ва ӯ дар таги дил алфози шоири ингилисро барафзуд ба он: «Frailty, thу name is voman!»1.

– Баъди ним сол, – давом дод суханашро Кадрусс, – дар калисои Аккул никоҳ шуданд онҳо.

– Ин худи ҳамон калисоест, ки вай бояд бо Эдмон никоҳ мешуд, – зери лаб гуфт аббат, – вай домодшавандаро бадал кард вассалом.

– Ҳамин тавр, Мерседес шавҳар кард, – давом дод суханашро Кадрусс. – Агарчи вай дар назар осуда буд, дами аз пеши «Резерв» гузаштан аз ҳуш рафт, ҳамон трактире, ки дар он якуним сол пеш ҷашни фотиҳааш бо оне барпо гардида буд, ки вай ҳоло ҳам аз таҳти дил дӯсташ медошт.

Фернан саодат ёфт, вале на осоиш; ман ҳамон шабу рӯз ӯро дида будам; вай доимо аз гашта омадани Эдмон дар ҳарос буд. Бинобар ин шитоб дошт занашро дуртар барад, худаш ҳам биравад аз ин ҷо. Дар Каталонҳо аз ҳад зиёд хатар буду аз ҳад зиёд ёддошт.

Баъди як ҳафтаи арӯсӣ бирафтанд онҳо.

– Лекин баъд ягон вақт бо Мерседес дучор омадед? – пурсид марди рӯҳонӣ.

– Оре, ман ӯро дар вақти ҷанги Испониё дар Перпинян, ки Фернан он ҷо монда рафта будаш, дида будам; вай он вақт ба таълиму тарбияи писараш машғул буд.

Аббат як қад парид.

– Писараш? – суол кард ӯ.

– Бале, – ҷавоб гардонд Кадрусс, – Албери хурдакак.

– Лекин агар вай писарашро таълим медода бошад, – давом дод суханашро аббат, – аз ин мебарояд, ки худаш маълумоте таҳсил карда будааст? Ёд дорам, Эдмон ба ман гуфта буд, ки вай духтари як моҳигири оддӣ, соҳибҷамол, вале таҳсилнадида аст.

– Наход вай арӯси худашро он қадар хуб намедониста бошад? – гуфт Кадрусс. – Мерседес ба шаҳбонугӣ расида метавонист, ҷаноби аббат, агар тоҷ ҳамеша сари зеботарину аз ҳама оқилтарин касонро оро медод. Қисмат ӯро боло мебурд, худи ӯ ҳам рӯз ба рӯз боло мерафт. Ӯ сураткаширо омӯхт, ҳама чизро омӯхт. Воқиан, гап байни худамон монад, ба хаёлам, вай ба ҳамаи ин чизҳо фақат барои он машғул мегардид, то ҳар гуна андешаҳоро ба сараш роҳ надиҳад, худашро дур дорад аз онҳо. Вай майнаашро пур мекард, то ҳар он чиро, ки қалбаш аз он саршор буд, нашнавад. Вале акнун бояд парвои ин чизҳо надошта бошад, – давом дод суханашро Кадрусс, – сарвату иззат, эҳтимол ба дилаш тасалло бахшида бошад. Ӯ сарват дорад, обрӯ дорад, лекин бо вуҷуди ҳамин...

Кадрусс таваққуф кард.

– Чӣ? – пурсон шуд аббат.

– Бо вуҷуди ҳамин ман итминон дорам, ки вай бадбахт аст, – гуфт Кадрусс.

– Барои чӣ ин тавр гумон доред шумо?

– Ана барои чӣ: даме ки ман ба нодорӣ дучор шудам, ба дил гуфтам, оё дӯстони собиқам дастгирие мекарда бошандам. Ман ба манзили Данглар рафтам, ҳатто напазируфт маро. Сипас ба назди Фернан рафтам: вай ба воситаи хидматгораш сад франк фиристод ба ман.

– Яъне ки на инашро дидед, на онашро?

– Не; аммо графиня де Морсер дид маро.

– Ба чӣ тариқ?

– Даме ки аз дар мебаромадам, пеши поям ҳамёне афтод; дарунаш бисту панҷ луидор буд. Ман зуд сар боло кардаму Мерседесро дидам: вай тирезаро мепӯшонд.

– Хӯш ҷаноби де Вилфор чӣ? – суол кард аббат.

– Ин шахс ҳеҷ гоҳ дӯсти ман набуд, вале ман тамоман намешинохтам ӯро ва аз ӯ чизе талаб кардан наметавонистам.

– Оё намедонед, ки кори вай ба чӣ расида бошад ва дар мусибати ба сари Эдмон омада иштироки вай аз чӣ иборат бошад?

– Не; фақат медонам, ки пас аз муддате, баъд аз он, ки вай Эдмонро ҳабс кард, ба мадемуазел де Сен-Меран хонадор шуд ва дере нагузашта аз Марсел бирафт. Эҳтимол бахт, чун дигарон, ба рӯяш хандида бошад; аз афташ, вай Данглар барин сарватманду мисли Фернан дар мақоми баланде қарор дорад; дида истодаед, ки танҳо ман қашшоқ мондаам, нодораму аз ёди худо баромадаам.

– Шумо иштибоҳ мекунед, дӯстам, – гуфт аббат. – Ба назари мо чунин метобад, ки худованд аз ёдаш баровардааст моро, даме ҳукми адлаш ба таъхир меафтад; аммо зуд ё дер ӯ ба ёд меоварад моро ва инак мана исбот варо.

Инро гуфта истода аббат алмосеро аз киса бароварду ҷониби Кадрусс дароз кард.

– Мана дӯстам, – гуфт ӯ, – бигиред ин алмосро, ба шумо тааллуқ дорад ин.

– Чӣ тавр! Ба як худи ман? – нидо зад Кадрусс. – Э не, ҷаноби аббат! Оё мазоҳ карда истодаед шумо маро?

– Ин алмосро лозим буд миёни дӯстони Эдмон тақсим кард.

Эдмон фақат якто дӯст доштааст, пас ҳоҷат ба тақсим нест. Ин алмосро бигиреду бифурӯшедаш; чунон ки пеш аз ин ба шумо гуфтам, арзиши ин алмос панҷоҳ ҳазор франк аст ва ин пул, умед аст, ки аз қашшоқӣ наҷот медиҳад шуморо.

– Ҷаноби аббат, – гуфт Кадрусс, беҷуръатона як дасташро дароз кардаву бо дасти дигараш арақи ҷолаю борон барин аз рӯяш шорида истодаро пок карда, – ҷаноби аббат, бо саодату навмедии одам шӯхӣ накунед!

– Ман ҳам аз саодат хабар дораму ҳам аз навмедӣ ва ман ҳаргиз бо ин ду эҳсос шӯхӣ нахоҳам кард. Хӯш бигиред, вале ба ивазаш...

Кадрусс, ки алакай дасташ ба алмос расида буд, пас кашид онро. Аббат табассум кард.

– ... ба ивазаш, – давом дод ӯ суханашро, – ҳамон ҳамёни рӯи бухории пирамард Дантес мондаи ҷаноби Моррелро ба ман диҳед, шумо гуфтед, ки вай ҳоло ҳам дар дасти шумост.

Кадрусс то рафт ҳайрон шуда, назди ҷевони калони чӯби булут рафт, онро кушод ва ҳамёни дарози шоҳии сурхи рангпаридаи бандакҳояш ду ҳалқаи мисини як замоне зарҳалин доштаро ҷониби аббат дароз кард.

Аббат ҳамёнро гирифту алмосро ба Кадрусс дод.

– Шумо дар воқеъ марди фариштахӯе будаед, ҷаноби аббат! – хитоб кард Кадрусс. – Охир ҳеҷ кас намедонист, ки Эдмон ин алмосро ба шумо додааст ва метавонистед инро худатон соҳиб шавед.

«Аҳа! – гуфт ба дил аббат, худи ту, маълум, ки чунин рафтор мекардӣ!».

Аббат бархост, кулоҳу дастпӯшакҳояшро гирифт.

– Гӯш кунед! – гуфт ӯ. – Ҳар он чи ба ман ҳикоят кардед, оё ҳақиқати воқеист? Пурра бовар карда метавонам ба гапатон?

– Мана ҷаноби аббат, – гуфт Кадрусс, – ин ҷо дар кунҷи хона таслиби муборак овехтагӣ; он ҷо, болои ҷевон, Инҷили занам истодааст. Кушоед ин китобро, ман дар рӯбарӯи таслиб ба он қасам мехӯрам, ба ҷонам, ба имоне, ки ба парвардигор дорам, қасам мехӯрам, ки ҳар чи он тавре ки буд, айнан гуфтам ба шумо, чунон ки фариштаи нигаҳбон инро фардои қиёмат дар гӯши худованд мегӯяд!

– Хуб шудааст, – гуфт аббат, самимияти дар лаҳни гуфтори Кадрусс садо дода ба ҳаққонияти гуфтораш итминон бахшида буд, – хуб шудааст; дилам мехоҳад, ки ин пул ба суди шумо харҷ шавад! Хуш бошед.

Ман боз худамро аз одамоне, ки ба якдигар ин қадар бадӣ мекунанд, канора мегирам.

Ва аббат аз боэҳтирос дил холӣ кардани Кадрусс худро базӯр халос карда, худаш ғалақаи дарро бардошт, берун баромад, ба асп савор шуд, бори дигар тарафи соҳиби трактир, ки дар хайрбод гуфтан суханро дареғ намедошт, таъзим кард ва бо ҳамон роҳе, ки омада буд, сари аспро сар дода бадар рафт.

Кадрусс баргашта, Карконтаи дар ақибаш истодаро дид, ки аз ҳарвақта дида рангпаридатару танаш ларзон буд.

– Оё дуруст фаҳмидам ман? – гуфт ӯ.

– Чиро? Онро ки вай алмосро танҳо ба як худи мо дод? – гуфт Кадрусс аз шодӣ қариб мадҳуш гардида.

– Оре.

– Ҳақ асту рост, алмос дар дасти ман.

Занаш ҷониби ӯ назар кард, баъд бо овози баста гуфт:

– Агар қалб бошад чӣ?

Ранг аз рӯи Кадрусс париду як такон хӯрд.

– Қалб мегӯӣ! – пичирос зад ӯ. – Қалб ... Хӯш барои чӣ вай алмоси қалб медодааст?

– То ки сирри туро муфт кашида гирад, каллаварам!

Кадрусс, ки аз ин тахмин моту мабҳут гардида буд, дар ҷояш шах шуд. Дақиқае пас вай кулоҳашро гирифту аз болои рӯмолчаи сурхи ба гирди сараш бастагӣ пӯшид.

Ҳозир мо инро мефаҳмем, – гуфт ӯ.

– Чӣ хел?

– Дар Бокер ярмарка рафта истодааст; он ҷо заргарони аз Париж омадае ҳастанд; рафта алмосро ба онҳо нишон медиҳам. Ту, занак, хонаро назорат кун; баъди ду соат гашта меоям ман.

Ва Кадрусс хез зада сари роҳ баромаду ба самти муқобили он тарафе, ки марди ношинос рафта буд, тозон ба роҳ афтод.

– Панҷоҳ ҳазор франк! – ғурунгос зад Карконта, ки танҳо монда буд. – Ин пул аст... вале на сарват.

пешина
аз 99
навбатӣ