Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Шумо, – пурсид ӯ, сар боло карда, ва маълум буд, ки агар Дантес рост гуфта бошад, он гоҳ навмедии шарикаш дер намепояд. – Хӯш чиро ёфтед шумо?
– Роҳраве, ки шумо бурида гузаштед, оё ба ҳамон самте тӯл мекашада, ки долони хориҷӣ тӯл кашидааст?
– Бале.
– Масофаи байни онҳо бояд ягон понздаҳ қадам бошад.
– Зиёд бошад ҳамин қадар будагист.
– Хӯш ана: аз миёнҷои роҳрав мо дар зери кунҷи рост роҳ мекушоем. Ин дафъа шумо ҳисобу китобатонро аниқтар мекунед. Мо ба долони хориҷӣ мебароем, посбонро мекушем ва мегурезем. Барои ин фақат мардонагӣ мебояд, ки доред шумо онро, ва қувват, ки ин қувват дар ман кофист. Дар бораи тоқат гап намезанам, – шумо аллакай дар амал собит кардед тоқати худатонро, ман бошам, кӯшиш мекунам тоқат доштани худамро ба исбот расонам.
– Сабр кунед, – гуфт аббат, – шумо намедонед, ки мардонагии ман чӣ гуна аст ва ман нияти ба чӣ коре сарф кардан дорам қувватамро. Тоқати ман, аз афташ, кофист: ман ҳар саҳар кори шабонаамро аз сар мегирифтам ва ҳар шаб – заҳмати рӯзонаамро. Вале он дам ба назари ман чунин мерасид, – ба суханони ман диққат диҳед, ҷавонмард, – он дам ба назари ман чунин мерасид, ки ман ба озод кардани яке аз он офаридаҳои худованд, ки бегуноҳ асту набояд маҳкум мешуд, саъй карда хидмати худовандро ба ҷо меоварам.
– Лекин ҳозир магар ин тавр нест? – пурсид Дантес. – Ё аз он даме, ки мо ба ҳам расидем, шумо худатонро гунаҳкор ёфтед?
– Не, аммо намехоҳам, ки гунаҳкор бишавам. То ин дам ман фақат бо ашё сару кор доштам, шумо бошед, бо одамон сару кор доштанро пешниҳод мекунед. Ман тавонистам деворро бишкофам ва зинапояеро ботил кунам, вале ман сандуқи дилеро набишкофаму умри якеро ботил нахоҳам кард.
Дантес бо ҳайрат ба ӯ нигарист.
– Чӣ тавр? – гуфт ӯ. – Агар шумо наҷот ёфта метавонистед, чунин мулоҳизаҳо магар бозмедошт шуморо?
– Лекин худи шумо чӣ, – гуфт Фариа, – чаро худатон зиндонбонро бо пояи курсӣ зада куштаву либоси ӯро пӯшида ва кӯшиши гурехтан накардед?
– Чун ки ин ба хаёли ман наёмада буд, – ҷавоб гардонд Дантес.
– Чун ки табиат дар ниҳоди шумо нисбат ба одамкушӣ нафрате ҷо додааст: ҳамин гуна нафрате, ки шумо дар ин хусус ҳатто фикр ҳам накардед, – давом дод пирамард, – дар корҳои содаву ҷоиз майли табиӣ моро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Бабрро, ки барои хунрезӣ зоида шудааст, – кори ӯст ин, вазифаи ӯст, – фақат як чиз лозим: то ки қувваи бӯйфаҳмиаш наздик будани тӯъмаро хабар диҳад ба вай. Ӯ ҳамонзамонӣ ба вай ҳамлавор мешаваду пора–порааш мекунад. Ин савқи табиии ӯст ва ӯ итоат мекунад ба ин савқ. Аммо инсонро, баръакс, хун боиси кароҳат аст; на қонунҳои ҷамъият, балки қонунҳои табиат бозмедорандаш аз хунрезӣ.
Дантес изо кашид. Суханони аббат он чиро ба вай шарҳ доданд, ки бешуурона дар майнааш пайдо шуда буд, аниқтараш гӯем, ба дилаш хутур карда буд, зеро баъзе фикрҳо дар майна пайдо мешаванду баъзеашон ба дил хутур мекунанд.
– Ғайр аз ин, – давом дод Фариа, – дувоздаҳ сол дар ҳабс нишаста, ман ҳамаи фирор карданҳои овозадорро аз хаёлам гузарондам. Ман медидам, ки ин фирор карданҳо ба нудрат даст додаанд. Фирорҳои хушбахтонаи бо муваффақияти тамом анҷом ёфта, ин он фирорҳоеанд, ки дар сари онҳо хеле майна об кардаанд, ба таанӣ омодааш кардаанд. Ҳамин тавр герсог Бофор аз қлъаи Венс гурехта буд, аббат Дубукуа аз Фор– Левек, Латуд бошад, аз Бастилия. Боз фирорҳои тасодуфие ҳастанд; ин – аз ҳама беҳтараш, бовар кунед ба ҳарфам, мавриди мусоидро нигарон шуда меистем ва агар чунин маврид пеш ояд, истифода мекунем аз он.
– Шумо метавонистед–дия нигарон шуданро, – сухани аббатро бурид Дантес оҳ кашида, – меҳнати дурударозатон дақиқаҳо машғул медошт шуморо, лекин ҳангоме, ки дастатон банд набуд, умед тасалло мебахшид ба шумо.
– Ман на фақат ба ин кор машғул будам, – гуфт аббат. – Боз чӣ кор мекардед?
– Менавиштам ё саргарми шуғле мешудам.
– Магар ба шумо коғазу қалам ва ранг медиҳанд?
– Не, – гуфт аббат, – вале ман инҳоро худам муҳайё мекунам.
– Шумо коғазу қалам ва ранг тайёр мекунед? – хитоб кард Дантес. – Оре.
Дантес ба аббати кӯҳансол бо ҳавас назар кард; вале ӯ ба ҳарфи вай пурра бовар намекард. Фариа пай бурд, ки ӯ шубҳа дорад.
– Вақте ки шумо назди ман меоед, – гуфт ӯ, – ман иншоямро ба шумо нишон медиҳам, самараи тафаккурам, пажӯҳишам, андешаҳои якумриамро, ки дар сояи Колизей дар Рим, дар таги пояи сутунҳои ҳазрати Марк дар Венетсия, дар соҳилҳои Арно дар Флоренсия, дар сари он ба фикр рафтаам, бегумон аз он, ки зиндонбонҳоям ба ман фароғате пеш меоваранд, ки инро дар чордевори қалъаи Иф таҳрир бикунам. Ин «Рисола дар боби имконияти давлати шоҳии ягона дар Итолиё». Ин рисола як ҷилди ғавси in – quarto–ро ташкил медиҳад.
– Ва шумо онро навиштед?
– Дар сафҳаи ду пироҳан. Ман моддае ихтироъ кардам, ки катонро чун коғази равғанӣ сайқалноку мустаҳкам мекунад.
– Пас шумо кимиёӣ ҳастед?
– Қисман. Ман бо Лавуазйе шиносо будам ва бо Кабанис дӯстӣ доштам.
– Аммо барои таълифи чунин асаре шумо ба маводи таърихие эҳтиёҷманд будед. Шумо кутубе доштед?
– Дар Рим ман кутубхонае доштам дорои панҷҳазор китоб. Ман ин китобҳоро ба такрор хонда, итминон ҳосил кардам, ки аз як саду панҷоҳ асари баргузидаи хуб хулосаи мукаммали донишҳои инсонӣ ҳосил нашавад ҳам, мутолиаи ин миқдор китоб ақаллан он чиро ба кас медиҳад, ки донистанаш аз манфиат холӣ нест. Ман се соли умрамро ба омӯхтани ин садупанҷоҳ ҷилд бахшидам ва дами маро ҳабс карданашон онҳоро қариб аз ёд медонистам. Дар ҳабсхона, бо андак зӯри хотира, ман ҳамаи онҳоро ба ёд овардам. Ман ба шумо Фукидид, Ксенофонт, Плутарх, Тити, Ливий, Татсит, Страда, Иорнанд, Данте, Монтен, Шекспир, Спиноза, Макиавелли ва Боссюэро аз ёд хонда метавонистам. Ман ба шумо фақат шахсиятҳои нахустдараҷаро номбар карда истодаам.
– Шумо чандин забонро медонистагистед?
– Пан ба панҷ забони зинда гап мезанам: ба олмонӣ, ба фаронсавӣ, ба итолиёвӣ, ба ингилисӣ, ба испонӣ; бо ёрии юнонии қадим забони ҳозираи юнониро мефаҳмам; рост аст, ки ман ҳоло ба ин забон дуруст гап зада наметавонам, вале ман онро омӯхта истодаам.
– Шумо забони юнониро омӯхта истодаед?
– Оре, ман луғатномаи калимаҳои ба худам маълумро тартиб додам; ман ин калимаҳоро бо тамоми воситаҳои имконпазир тарзе ҷо ба ҷо гузоштам, ки барои ифодаи афкорам кифоят кунанд. Ман тақрибан ҳазор калимаро медонам, аз ин зиёдаш бароям даркор ҳам нест, агар чи дар китобҳои луғат қариб ки сад ҳазор калима мавҷуд аст. Суханпардоз нахоҳам шуд, вале ҳарфи маро бемалол хоҳанд фаҳмид, барои ман ҳамин қадараш кофист.
Эдмон то рафт ба таҳайюр афтода, қобилияти ин марди аҷоибхилқатро хориқуттабиат меёфтагӣ шуд. Ӯ варо аз ягон бобе ба гап задан водор карданӣ шуд ва суханро давом дод:
– Лекин агар ба шумо қалам надода бошанд, пас шумо чунин китоби ғафсро бо чӣ навиштед?
– Ман ба худам қаламҳои хеле хубе сохтам, – агар аз чунин қаламҳо воқиф мешуданд, бар қаламҳои париқозӣ тарҷеҳашон медоданд – аз ғузруфи сари моҳиёни азимҷуссае, ки баъзан дар рӯзҳои ғизои бе гӯшт ба мо медоданд. Ва ман чоршанбею ҷумъаю шанберо хеле хуш дорам, зеро ин рӯзҳо захираи қалами маро афзун мегардонанд, муаллафоти таърихии ман бошанд, рости гап, шуғли дилпазири мананд. Ба гузашта ғутавар шуда, аз хусуси имрӯза фикр намекунам ман; озодонаву ба майли худ сайри таърих карда, ман фаромӯш мекунам, ки дар зиндонам.
– Рангро чӣ? – пурсид Дантес. – Аз чӣ тайёр кардед рангро?
– Камераи ман пештар бухории деворие доштааст, – ҷавоб гардонд Фариа. – Мӯриашро маҳкам кардаанд, зоҳиран, андак пештар аз он, ки ман ба он ҷо кӯчидаам, лекин дар тӯли солҳо оташ мегирондаанд ва саросари леворҳои мӯрӣ пури дуда аст. Ман ин дударо дар майе, ки рӯзҳои якшанбе ба ман медиҳанд, маҳлул мекунам, ва бадин тариқ ранги хеле хубе ҳосил мекунам. Барои баъзе қайдҳое, ки бояд назаррас бишаванд, ба ангуштам сӯзам мезанаму бо хун менависам.
– Лекин кай дидани ҳамаи ин мум кин мегашта бошад ба ман? – пуррсид Дантес.
– Ҳар гоҳ ки хоҳед, – гуфт Фариа.
– Худи ҳозир!
– Хӯш аз паси ман оед, – гуфт аббат.
Ӯ ба роҳи зеризаминӣ фуромаду ғоиб шуд; Дантес аз паси ӯ ба роҳ афтод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё