Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XVII. КАМЕРАИ АББАТ

Дантес бо роҳи зеризаминӣ бо миёни дуто бошад ҳам, хеле ба осонӣ гузашта ба охири роҳраве расид, ки аббат кофта буд.Ин ҷо гузаргоҳ танг шуда буд ва дилғеҷ базӯр мегузашт кас. Замини камераи аббат бо тахтасангҳо фарш шуда буд; дар гӯшаи аз ҳама торики он як тахтасангро бардошта ба кори душвораш сар карда буд вай, ки Дантес анҷом ёфтанашро дид.

Эдмон ба камера роҳ ёфтаву қоматашро рост карда, бо кунҷковӣ ба атроф чашм давондан гирифт. Дар назари аввал дар ин хона ягон чизи ғайри муқаррарие набуд.

– Хӯш, – гуфт аббат, – акнун соат аз дувоздаҳ фақат як рубъ гузашт, мо боз чанд соате фурсат дорем.

Дантес ба атроф нигариста соатеро мекофт, ки аббат аз рӯи он вақтро ин қадар аниқ муқаррар карда буд.

– Ба шӯълаи офтоб нигаред, – гуфт аббат, – шӯълаи аз тиреза даромадаю ба ин хатти дар девор кашидаи ман. Аз рӯи ин хатҳо ман вақтро аниқтар муқаррар мекунам, назар ба он ки агар соат медоштам, чун ки вайрон шудани соат мумкин аст, вале офтобу замин якзайл бенуқс давр мезананд.

Дантес аз ин шарҳ додани вай ҳеҷ чиз нафаҳмид; аз паси кӯҳ баромадану ба баҳри Миёназамин фурӯ рафтани офтобро дида, вай доимо гумон мекард, ки офтоб ҳаракат мекунад, на замин. Ҳаракати барои вай ноаёни дуҷиҳатаи кураи замин, ки ӯ дар рӯяш умр ба сар мебурд, ба назараш аз ҳақиқат дур менамуд; дар хар сухани мусоҳибаш асрори илм дар лавҳи хаёли ӯ пайдо мешуд, асрори то ҳамин дараҷа сеҳрогини шабеҳ ба кони тиллову алмосе, ки вай дар замони бачагиаш ҳангоми сафари Гуҷароту Гулканду дида буд.

– Ман бесаброна, – гуфт ӯ ба аббат, – дороии шуморо дидан мехоҳам.

Аббат назди оташдон рафту бо мадади исканае, ки аз дасташ фурӯ намегузошт, сангеро бардошт, ки як вақтҳо ба сифати тобаи оташдон хид мат мекард ва чоҳчаи як дараҷа кушодеро панаҳ медошт; дар ҳамин чоҳча он чизҳое, ки вай ба Дантес гуфта буд, нигаҳдорӣ мешуданд.

– Чӣ чизҳоро аввал нишон диҳам ба шумо? – пурсид ӯ.

– Таълифоти доир ба давлати мутлақаи Итолиёро нишон диҳед. Фариа аз ниҳонгоҳ чор лӯлапечи ба мисоли варақҳои дастнависи бостонӣ печонда шудаеро берун овард. Лӯлапечҳо аз тасмаҳои катонии барашон ду дюйму қаддашон тақрибан ҳаждаҳдюймӣ иборат буданд. Тасмаҳо батартиб рақамгузорӣ шуда буданд ва Дантес безаҳмат чанд сатреро хонд. Асар ба забони модарии Аббат, яъне ба итолиёӣ навишта шуда буд, Дантес бошад, ҳамчун зодаи Прованс ин забонро хеле хуб мефаҳмид.

– Дидед, ин ҷо ҳамааш; як ҳафта пеш аз ин ман дар тасмаи шасту ҳаштум «таммат» гузошта будам. Ду пероҳану ҳамаи дастрӯмолҳои ман ба ин сарф шуданд; агар ягон вақт ман ба озодӣ бароям, агар дар Итолиё ношире ёфт шавад, ки ҷуръат карда китоби маро ба табъ расонад, ман шӯҳрат меёбам.

– Оре, – гуфт Дантес, – дидам. Акнун, илтимос, қаламҳоеро ба ман нишон диҳед, ки бо онҳо ин китоб навишта шудааст.

– Мана нигоҳ кунед, – гуфт Фариа.

Ва ӯ ба Дантес чӯбчаи дарозиаш шашдюймаю ғафсиаш нимдюймагиеро нишон дод; дар сари он бо ришта ғузруфи ранголуди моҳӣ баста шуда буд; ғузруф тез кардаву чун нӯки парқалами муқаррарӣ дукафон шуда буд.

Дантес қаламро муоина карду чашм давонда олотеро меҷуст, ки онро ин қадар нағз тарошида буд.

– Шумо қаламтарошро меҷӯед? – гуфт Фариа. – Ин боиси фахри ман аст. Ман ҳам қаламтарош ва ҳам ин корди калонро аз шамъдони кӯҳна сохтам.

Кордча поку барин тез буд, афзалияти корд бошад, боз дар он буд, ки ҳам хидмати кордро ба ҷо оварда метавонист, ҳам аз они ханҷарро.

Дантес ҳамаи ин чизҳоро бо чунон кунҷковие аз назар мегузаронд, ки баъзан дар дӯконҳои нодирафурӯшии Марсел олоти сохти одамони ваҳшии аз ҷазираҳои ҷануб овардаи нохудои сафарҳои баҳрии дурдастро тамошо мекард.

– Рангро бошад, – гуфт Фариа, – шумо медонед, ки ман аз чӣ ҳосил мекардам; ман рангро ба он миқдоре тайёр мекунам, ки зарурат меафтад.

– Акнун ман фақат аз як чи ҳайронам, – гуфт Дантес, – ки барои ҳамаи ин чизҳо рӯзҳо чӣ хел кифоят кардаанд.

– Ман шабҳо ҳам кор кардам, – гуфт Фариа.

– Шабҳо? Чӣ, чашми шумо мисли гурба магар шабона ҳам мебинад? – Не; лекин худо ба инсон ақл додааст, ки номукаммалии қувваи ҳисро пурра мекунад; ман барои худам чароғе дуруст кардам. – Ба чӣ тариқ?

– Аз гӯшти гове, ки ба ман медиҳанд, пиҳашро бурида мегираму об мекунам; мана чароғи ман.

Ва аббат пилсӯзеро ба Дантес нишон дод, мисли машъалҳое, ки дар рӯзҳои бошукӯҳ бо онҳо кӯчаҳоро чароғон мекарданд.

– Оташро чӣ?

– Мана ду занду қавс, ки аз латтапораҳои курта тайёр шудааст.

– Гӯгирдро чӣ?

– Ман баҳона кардам, ки баданам дарди хориш дорад ва сулфур илтимос кардам; доданд ба ман.

Дантес ҳама чизро рӯи миз гузошту сар хам кард, вай аз бурдборию қувваи ақли ин мард моту мабҳут шуда буд.

– Ин ҳоло кам, – гуфт Фариа, – зеро тамоми ганҷашро як ҷо ниҳодани кас раво нест. Маҳкам мекунем ин ниҳонгоҳро.

Онҳо сангро ба ҷои аввалааш ғеҷонданд; аббат ба рӯи он хок пошиду бо пояш молиш дод, то аз ҷояш беҷо шудани санг маълум нагардад; баъд назди кат рафту онро як тараф тела дод.

Дар ҷониби сар сӯрохе буд, ки санге қариб ҷафс пӯшонда медошт онро; дар ин сӯрох ресмоннардбони дарозиаш тақрибан сӣ фут ниҳода шуда буд. Дантес санҷида дид; вай ҳар гуна вазнеро мебардошт.

– Барои ин нардбони хеле зебо ресмонро аз куҷо пайдо кардед шумо? – пурсид Дантес.

– Аввалан, аз куртаҳои худам, сониян, аз ҷойпӯшҳое, ки дар тӯли се сол медарондам, ҳине ки дар Фенестрел ҳабс будам. Вақте ки маро ба ин ҷо гузарониданд, ман тадбире ёфта маводи омода кардаамро ҳамроҳ овардам; дар ин ҷо ман корро давом додам.

– Ва чок шудани ҷойпӯшҳоятонро магар касе пайхас накард? – Ман лаби онҳоро медӯхтам.

– Бо чӣ?

– Мана бо ин сӯзан.

Ва аббат аз зери ҷиғдаҳои пӯшокаш устухони моҳии дарозу тези ришта гузаронда шудаеро баровард.

– Гап дар сари он, – давом дод Фариа, – ки ман аввал хостам панҷараро арра карда, аз тиреза гурезам, тирезаи ман хеле кушодтар назар ба они шумо, чунон ки мебинед; дар ҳини гурехтан ман инро боз ҳам васеътар мекардам, вале пай бурдам, ки ин ба ҳавлии дарун мебаромадааст ва аз ниятам гаштам. Вале ман нардбонро ба он эҳтимол нигоҳ доштам, ки яке, чунон ки ба шумо гуфтам, имкони гурези ғайри чашмдоште пеш ояд.

Лекин Дантес, нардбонро муоина карда истода, фикраш тамоман дар ҷои дигар буд. Дар майнаи вай андешаи наве пайдо шуд. Шояд ин шахси ин қадар оқилу ихтироъкор ва олим сарриштаи бадбахтии ӯро, ки барои худаш олами зулмоние буд, ёфта тавонад.

– Шумо дар чӣ андешаед? – пурсид аббат бо табассум, андешамандии Дантесро ниҳояти ба ваҷд омадан гумон бурда.

– Аввалан дар андешаи онам, ки барои ба мақсад расидан чӣ қадар қувваи ақл сарф кардаед. Чӣ корҳоеро ба субут мерасондед бо ин ақл дар озодӣ.

– Шояд ҳеҷ кореро. Ман ақли худамро ба майда–чуйдҳо сарф мекардам. Фақат бадбахтӣ асрори сарвати ақли инсонро ошкор мекунад; Барои он, ки борут таркише биёварад, онро фишурдан лозим. Маҳбас тамоми истеъдоди маро, ки дар самтҳои мухталиф пароканда буд, муҷтамеъ сохт; байни ин истеъдодҳо дар фосилаи танге тасодум ба амал омад, – лекин шумо медонед, ки аз тасодум ин ҷо барқ тавлид мегардад, – аз барқ – оташак, аз оташак – равшанӣ.

– Не, ман ҳеҷ чизро намедонам, – ҷавоб гардонд Дантес, ки аз ҷаҳолати худаш рӯҳафтода шуда буд. – Баъзе суханони шумо барои ман ҳеҷ гуна маъное надоранд. Чӣ хушбахтиест мисли шумо чунин донишманд будан!

Аббат табассум кард.

– Лекин шумо боз аз хусуси ким–чие ба фикр рафта будед?

– Оре.

– Якашро гуфтед ба ман, дуюмаш чӣ буд?

– Дуюмаш ана чӣ буд: шумо зиндагии худатонро ҳикоят кардед ба ман, лекин аз они маро намедонед.

– Зиндагии шумо ҳоло чунон кӯтоҳ, ки воқиаҳои муҳиммеро дар бар гирифта наметавонад.

– Ин зиндагӣ бадбахтии зиёдеро дар бар гирифтааст, – гуфт Дантес – бадбахтие, ки ман ҳаргиз мустаҳиққи он набудам. Ва ман мехостам, то дигар ҳаргиз ба худо осӣ нашавам, итминон ба он дошта бошам, ки дар бадбахтии ман одамон гунаҳкоранд.

– Пас шумо худатонро дар он ҷинояте, ки ба гарданатон бор кардаанд, гунаҳкор намешуморед?

– Ман гунаҳкор нестам, қасам ба ҷони онҳое, ки дар дунё аз ҳама азизтар астанд бароям: қасам ба ҷони падарам ва ба ҷони Мерседес.

– Хуб шудааст, – гуфт аббат ниҳонгоҳро маҳкам кардаву катро ба ҷои аввалааш тела дода. – Саргузаштатонро ҳикоят кунед ба ман.

Ва Дантес он чиро, ки аббат саргузашт номид, ҳикоят кард; ин саргузашт бо сафари Ҳиндустону ду–се бор ба Шарқ рафта омадан маҳдуд мегардид, дар бораи сафари охиринаш, марги капитан Леклер, супориш ба маршал, вохӯрдан бо ӯ, номаи вай ба ҷаноби Нуартйе ҳикоят кард; дар бораи баргаштан ба Марсел, мулоқот бо падараш, ишқи худашу Мерседес, ҷашни фотиҳа, ба ҳабс гирифта шудан, истинтоқ, ҳабси муваққатӣ дар бинои маҳкама ва ниҳоят, зиндонӣ гардиданаш дар қалъаи Иф ҳикоят кард. Дигар вай ҳеҷ чиз намедонист; ҳатто намедонист, ки чанд вақт боз дар зиндон аст.

Аббат ҳикояти ӯро шунида, сахт ба андеша рафт.

– Дар илми ҳуқуқ, – гуфт ӯ, андаке хомӯш монда, – оқилона як қоидаи бебаҳсе ҳаст, ки ман онро пеш аз ин ба шумо гуфта будам; ба ҷуз он ҳодисаҳое, ки табоеъи фосид боиси андешаҳои носавоб мегарданд, инсон аз ҷинояткориҳо канораҷӯӣ мекунад. Аммо тамаддун эҳтиёҷот, иллатҳо ва дархостҳои сунъиеро ба мо расондааст, ки баъзан нияти некро дар ниҳодамон пахш карда, боиси бадӣ мегарданд. Аз ин ҷо қоидае бар меояд: агар ҷинояткорро ёфтан хоҳӣ, онеро биков, ки ҷинояти ба вуқӯъ омада ба вай манфиат оварда метавонист. Ғоиб гардидани шумо ба кӣ манфиат оварда метавонист?

– Ба ҳеҷ кас. Ман он қадар каси муҳимме набудам.

– Шитобкорона ҷавоб нагардонед; дар ҷавоби шумо на мантиқ асту на фалсафа. Дар олам ҳама чиз нисбист, дӯсти азизам, аз шоҳ сар карда, ки ба валиаҳдаш халал мерасонад, то идоранишине, ки ба мирзои берун аз рӯихати маошхӯрон халал мерасонад. Ҳар гоҳ шоҳ бимирад, валиаҳдаш ба тахту тоҷ соҳиб мешавад; ҳар гоҳ идоранишин бимирад, мирзо соҳиби як ҳазору дусад ливр маош мегардад. Ин як ҳазору дусад ливр – маблағи ратибаи хонаводаи ӯст. Ин маблағ ба вай он чунон зарур аст, ки дувоздаҳ миллион ба шоҳ. Аз боло то поёни нардбони ҷомиа ҳар як шахс дар атрофи худаш оламаки манфиатҳое ба вуҷуд меоварад, ки чун дар оламҳои Декарт гирдбод ҳам дораду атомҳои чангакмонанд ҳам. Ҳар қадар ба зинаи баландтар расанд, ин оламҳо ҳамон қадар калонтар шудан мегинанд. Ин илтивои поскунест, ки ба туфайли дорбозӣ дар гирди нуқтаи мувозинат дар сари сӯзане қарор дорад. Инак, ба олами шумо бармегардем. Шуморо нохудои «Фиръавн» таъйин кардан хостанд?

– Оре.

– Шумо ба духтари соҳибҷамоле хонадор шуданӣ будед?

– Бале.

– Оё ба ягон кас лозим буд, ки шуморо нохудои «Фиръавн» таъйин накунанд? Оё ба ягон касе лозим буд, ки шумо ба Мерседес хонадор нашавед? Аввал ба суоли якум ҷавоб диҳед: пайдарҳамӣ – мифтоҳи ҳама гуна муаммост. Оё ба ягон кас лозим буд, ки шуморо нохудои «Фиръавн» таъйин накунанд?

– Ба ҳеҷ кас; маро аҳли киштӣ хеле дӯст медоштанд. Агар ба маллоҳон иҷозат медоданд, ки сардор интихоб кунанд, онҳо, ман итминон дорам ба ин, маро интихоб мекарданд. Фақат як кас барои ба мартаба нарасидани ман сабаб дошт: ман бо вай хархаша кардам, ба дуэл даъваташ намудам, вале ӯ рад кард.

– Оҳо! Номаш чӣ буд?

– Данглар.

– Дар киштӣ чӣ вазифае дошт?

– Муҳосиб буд.

– Ҷои нохудоро ишғол карда, дар ҳамон вазифааш нигоҳ медоштед ӯро?

– Не, агар ба ман вобаста мебуд ин кор.

– Хайр. Оё ҳини сӯҳбати охирини шумо бо нохудо Леклер ягон кас ҳозир буд?

– Не; мо танҳо будем.

– Оё ягон кас гуфтугӯи шуморо шунидан метавонист?

– Оре, дар боз буд... ва ҳатто... сабр кунед... бале, бале, айнан дар ҳамон лаҳзае, ки капитан Леклер пакети барои маршалро ба ман медод, Данглар аз дами дар гузашта истода буд.

– Бисёр хуб, изашро дарёфтем мо. Ҳангоми ба ҷазираи Элба фуромадан оё ҳамроҳатон ягон касро гирифта будед ё не?

– Ҳеҷ касро.

– Номаро ҳамон ҷо супурданд ба шумо?

– Оре, маршал супурд.

– Чӣ кор кардед шумо онро.

– Даруни ҳамёнам мондам.

– Хӯш дар ёнатон ҳамён доштед шумо? Ба чӣ тариқ ҳамёни дарунаш мактуби расмӣ дошта дар киссаи маллоҳ меғунҷидааст?

– Гапатон ҳақ, ҳамён дар каютаи ман истода буд.

– Хӯш, аз ин мебарояд, ки шумо фақат дар каютаатон номаро даруни ҳамён монда будаед? – Бале.

– Аз Порто–Ферайо то киштӣ нома дар куҷо буд?

– Дар дасти ман.

– Вақте ки шумо ба «Фиръавн» мебаромадед, оё дар дастатон будани номаро ҳар кас дида метавонист? – Бале.

– Данглар ҳам дида метавонист?

– Оре, Данглар ҳам дида метавонист.

– Акнун бо диққат гӯш кунеду зӯр зада ба хотир оваред; оё дар ёдатон ҳаст, ки гузориши махфӣ чӣ тавр навишта шуда буд?

– Оҳ, бале; ман онро се маротиба хондам ва ҳар як калимааш дар хотирам нақш бастааст.

– Такрор кунед онро ба ман.

пешина
аз 99
навбатӣ