Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XVI. ДОНИШМАНДИ ИТОЛИЁӢ

Дантес ин дӯсти навашро, ки ин қадар муддат ва бо ин қадар бесабрӣ интизор буд, ба сандуқи дилаш пахш карду назди равзана бурд, то нури хирае, ки ба зиндон роҳ меёфт, саропояшро равшан кунад.

Ин як шахси на он қадар қадбаланди мӯи сараш на ин ки аз пирӣ, балки ғолибан, аз мусибат, сафед шудаву чашмони борикбинаш дар зери абрувони сафедӣ бар он афтодаи сермӯяш панаҳ ва риши ҳанӯз сиёҳаш то ба сари сина расидае буд; чеҳраи камгӯшти пур аз ожангҳои амиқу баҷуръату гӯёяш аз шахсе дарак медоданд, ки назар ба қувваи ҷисмонӣ ба машқ додани қувваи рӯҳониаш бештар одат карда будааст. Дар ҷабинаш арақ ҷорӣ буд. Агар гап аз хусуси пӯшокаш равад, пай бурдани тарзи буришу дӯхти ибтидоиаш ҳеҷ имкон надошт; аз он ҷандае боқӣ монда буду бас.

Аз рӯи қиёфаи зоҳирӣ синнаш на камтар аз шаступанҷсола менамуд, ҳаракатҳояш ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ чолокона буданд, то кас тахмин карда тавонад, ки сабаби фартутияш синну сол набудааст, балки, эҳтимол, чандон солхӯрда набошад ва дуру дароз зиндонӣ будан абгораш кардааст.

Ба вай шодии пур аз шавқу завқи ҷавонмард, аз афташ, хуш омад; гӯё дили яхбастааш лаҳзае гармӣ пайдо карду аз расидан ба дили шӯълавари Дантес об шуд. Вай аз пазироии кушодарӯёнаи ҷавонмард гарму ҷӯшон миннатдорӣ кард, агарчи ноумед шуданаш ҳам беҳад буд, даме ки ба ҷои умеди озодӣ фақат зиндони дигаре ёфта буд.

– Пеш аз ҳама, – гуфт ӯ, – бубинем, панаҳ доштани нақби ман аз посбонҳоямон имкон дорад ё не. Тамоми осоиши минбаъдаи мо ба ҳамин вобаста аст.

Ӯ ҷониби сӯрох хам шуд, сангро бардошту сарфи назар аз вазниниаш бе заҳмати барзиёд ба ҷои пешинааш гузошт.

– Шумо ин сангро ниҳоят беэҳтиётона кандаед, – гуфт ӯ, калла ҷунбонда. – Магар олоте надоред?

– Шумо доред магар? – пурсид Дантес бо ҳайрат.

– Ман барои худам баъзе чизҳо сохтам. Ба ғайр аз сӯҳон, ҳар чӣ даркор аст, дорам ман: искана, анбӯр, фишанг.

– Ин қадар дилам мехоҳад ба ин самари тоқату санъати шумо нигарам, – гуфт Дантес.

– Марҳамат – ана искана.

Ва ӯ оҳанпораи сахту сараш тез карда шудаи дастааш олаширо нишон дод.

– Аз чӣ сохтед инро? – пурсид Дантес.

– Аз ҳалқаи катам. Бо ҳамин олат кофтам ман нақберо, ки ба ин ҷо расидам, роҳи тақрибан панҷоҳ футро.

– Панҷоҳ фут! – нидо зад Дантес ба ҳарос афтода.

– Пасттар гап занед, ҷавонманд, пасттар гап занед; аксар вақт дар паси дари маҳбусон гӯш карда меистанд.

– Охир як кас будани маро медонанд–ку.

– Ба ҳар ҳол.

– Ва шумо мегӯед, ки ба масофаи панҷоҳ фут роҳ кушодед?

– Оре, тақрибан ҳамин қадар масофа аст байни камераи ману шумо; фақат ман каҷхаттаро нодуруст ҳисоб кардаам, чун ки асбоби ҳандасӣ надоштам, то миқёсро муқаррар кунам; ба ҷои чиҳил фути байзоӣ панҷоҳ баромад. Ман гумон доштам, чунон ки ба шумо гуфтам, то девори берун мерасаму онро сӯрох мекунам ва худро ба баҳр ҳаво медиҳам. Ман баробари роҳраве кофтаам, ки камераи шумо ба он мебарояд, ба ҷои он ки аз тагаш гузарам; ҳама заҳматам баръабас рафт, зеро ин роҳрав ба рӯи ҳавлӣ мебарад, ки пури посбонон аст он ҷо.

– Ин дуруст, – гуфт Дантес, – лекин роҳрав фақат аз як паҳлуи камераи ман мегузарад, ҳол он ки ин чор паҳлу дорад.

– Бадеҳист; лекин мана ин деворро шахе ташкил медиҳад; даҳ конкан, бо тамоми олоти зарура, гумон аст, ки дар даҳ сол кофта тавонад; он девор такя бар пойдевори иморати қутвол дорад; бо ин роҳ мо ба таҳхона мерасем, ки бе шак дараш қулф аст ва моро дастгир мекунанд; лекин ин девор бошад... Сабр кунед!.. Ин девор ба куҷо мебаромада бошад?

Дар ин девор тиркаше монда буданд, ки аз он рӯшноӣ медаромад; ин тиркаш, танг шуда, аз мағзи девори ғафс мегузарад; аз он кӯдак ҳам зӯр зада баромадан наметавонист; бо вуҷуди ҳамин барои муҳофизат ба он се қатор сихи оҳанӣ шинонда буданд, бинобар ин бадгумонтарин зиндонбон аз гурехтан биме надошт. Меҳмон, суолашро иброз дошта, мизро ҷониби равзан тела дод.

– Болои миз рост истед, – гуфт ӯ ба Дантес.

Дантес сар фуроварда, болои миз баромад ва мақсади рафиқашро пай бурда, пушт ба девор дода ҳар ду кафи дасташро кушода дошт. Сипас пирамарде, ки худашро бо рақами камерааш номида буду номи воқеиашро Дантес ҳоло намедонист, чобуктар аз он ки чашм метавон дошт, чун гурба ё калтакалос сабук ҷаста, аввал болои миз, баъд аз рӯи миз ба кафи дастони Дантес баромада, аз он ҷо по ба сари китфаш гузошт; хам шуда, зеро равоқи паст, ки ба қомат рост карданаш монеъ мешуд, сарашро аз миёни сихҳо гузаронду поён нигарист. Дақиқае пас вай зуд сарашро ақиб кашид.

– Оҳо! – гуфт ӯ. – Гумонам рост баромад.

Ва ӯ аз сари китфи Дантес рӯи миз фуромад, аз болои миз бошад, ба рӯи фарш ҷаст.

– Чӣ будааст? – пурсид Дантес бо хавотир, аз паси ӯ аз болои миз поён ҷаста.

Пирамард ба андеша рафт.

– Оре, – гуфт ӯ. – Ҳамин тавр будааст; девори самти чоруми камераи шумо ба долони хориҷӣ мебаромадаст, як навъ роҳрави нимдоира барин, ки нигаҳбонҳои гаштӣ равуо мекунанду постбонон меистанд.

– Шумо итминон доред ба ин?

– Ман кулоҳи сарбозу сари яроқашро дидам; бинобар он ҳам сарамро ақиб кашидам, то вай пайхас накунад маро.

– Хайр чӣ кор мекунем? – гуфт Дантес.

– Худатон дида истодаед, ки ба воситаи камераи шумо гурехтан имкон надорад.

– Пас чӣ бояд кард? – давом дод Дантес.

– Пас, – гуфт пирамард, – худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мешавад!

Ва дар чеҳрааш мутеияти томе ифода ёфт.

Дантес бо ҳавас ба шахсе назар мекард, ки ин қадар осуда даст аз умед бардошт, умеде, ки ин қадар солҳо дар дил мепарварид.

– Акнун бигӯед ба ман, кистед шумо? – пурсид дантес.

– Хайр, марҳамат, агар ин дам ҳоло ҳам ба донистан иштиёқ дошта бошед, даме ки ба шумо ҳеҷ фоидае намерасад аз ман.

– Шумо ба ман тасаллову қувват бахшида метавонед, зеро шумо ба назарам пурқувваттарин касе метобед. Зиндонӣ заҳрханде кард.

– Ман аббат Фариа ҳастам, – гуфт ӯ, – ва дар қалъаи Иф. чунон ки медонед, аз соли як ҳазору ҳашт саду ёздаҳум боз сокин астам; лекин пеш аз ин се сол маҳбуси дижи Фенестрел будам. Дар соли як ҳазору ҳашт саду ёздаҳум маро аз Пйемонт ба Фаронса оварданд. Дар ин ҷо фаҳмидам, ки фалак он вақт, ба назарам, ки гардиши фалак зери итоати Наполеон буд, ба вай писаре ато кардааст ва ин писар дар гаҳвора ба шоҳии Рим номзад шудааст. Он вақт ман он чи аз шумо шунидам, пешбинӣ накарда будам; тасаввур намекардам, ки баъди чор сол баҳодур сарнагун хоҳад шуд. Кӣ ин дам дар Фаронса бар тахти шоҳист? Наоплеони Дуюм?

– Не, Лудовики Ҳаждаҳум.

– Лудовики Ҳаждаҳум, бародари Лудовики Шонздаҳум! Ҷодаи қисмат ниҳон аз чашми банда аст. Бо чӣ мақсаде паст кард онеро, ки баланд шуда буд ва баланд кард онеро, ки паст гардонда буд?

Дантес аз ин шахс, ки қисмати худашро фаромӯш карда, аз қисмати олам андеша меронд, чашм барнамедошт.

– Бале, бале, – давом дод ӯ, – мисли Инглистон; Баъди Карли Якум – Кромвел; баъди Кромвел – Карли Дуюм ва, шояд, баъди Якови Дуюм – кадом–як додарарӯс ё дигар хешованд, кадом як шоҳзодаи Оранӣ; собиқ волӣ шоҳ мешавад ва онгоҳ боз – гузашт ба мардум, машрута, ҳуррият! Шумо ҳоло инро мебинед, ҷавонмард, – гуфт ӯ, ҷониби Дантес баргашта ва бо чашмони аз илҳом шӯълавар, ки бояд пайғамбарон ин гуна чашмоне дошта бошанд. – Шумо ҳоло ҷавонед, шумо мебинед инро!

– Оре, агар раҳо ёбам аз ин ҷо.

– Рост, ҷавоб гардонд аббат Фариа. – Мо дар зиндонем, вале дақиқаҳое пеш меоянд, ки ман инро аз ёд мебарорам ва гумон мекунам, ки озодам, чун ки чашмони ман деворҳои ин маҳбасро шикофта берун менигаранд.

– Лекин барои чӣ зиндонӣ карданд шуморо?

– Маро мегӯед? Барои он, ки дар соли як ҳазору ҳашт саду ҳафтум ман он чиро орзу доштам, ки Наполеон дар соли як ҳазору ҳашт саду ёздаҳум амалӣ кардан мехост; барои он, ки ман, мисли Макиавелли ба ҷои князиҳои хурд–хурде, ки саросари Итолиёро фаро гирифта буданду мустабидони заифе дар сараш буданд, хостам давлати ягона, бузург, яклухт ва муқтадиреро бинам; барои он, ки ба назарам чунин тофт, ман Сезари Борҷиаи худамро дар симои аблаҳи тоҷбасаре ёфтаам, тоҷбасаре, ки худашро бо фикри ман розӣ нишон додааст, то хиёнат карданаш ба ман осон шавад. Ин нақшаи Александри Шашум ва Клименти Ҳафтум буд; ин нақша маҳкум ба нокомӣ буд, онҳо баръабас ба амалӣ гардонданаш камар баста буданд ва ҳатто Наполеон натавонист онро ба поён расонад; ҳаққо ки Итолиё дар наҳс мондааст!

Пирамард сар ба сандуқи дил фуруд овард.

Ба Дантес фаҳмо набуд, ки чӣ тавр кас метавонад ба хотири чунин ангезаҳое ҷон дар хатар андозад; ростӣ агар вай Наполеонро медонист, зеро ки Дантес ӯро дидаву бо вай ҳамгап шуда буд, ҳол он ки дар бораи Клименти Ҳафтуму Александри Шашум зарае тасаввур надошт.

– Оё шумо ҳамон касе нестед, – пурсид Дантес, ба ақидаи дар қалъаи Иф оммавӣ гардида дода шуда, – оё шумо ҳамон марди рӯҳоние нестед, ки гумон доранд... беморед?

– Девонаед, мехостед бигӯед?

– Ман ҷуръат накардам, – гуфт Дантес бо табассум.

– Оре, – ба забон овард Фариа бо заҳрхандае, – оре, маро девона ҳисоб мекунанд; ман кайҳо боз барои аҳли ин қалъа хандахаришам ва кӯдаконро ҳам механдондаам, агар дар ин маъвои дарди бедармон кӯдакон мебуданд.

Дантес ноҷунбон рост меистоду хомӯш буд.

– Хӯш шумо аз фирор даст мекашед? – пурсид ӯ.

– Ман боварӣ ҳосил кардам, ки гурехтан имкон надорад, ба кори ғайри имкон иқдом кардан – яъне ки исён кардан аст бар худо.

– Ноумед шудан чӣ лозим? Комёбии бетаъхир хостан – ин ҳам аз қисмат зиёдталабӣ кардан аст. Магар ба самти дигар нақб кофтан мумкин нест?

– Оё медонед, ба чӣ арзише афтод ба ман ин нақб? Оё медонед, ки фақат ба сохтани олот чор сол сарф кардам ман? Оё медонед, ки замини хоро барин сахтро ду сол кандам? Оё медонед, ки сангҳоеро кашида баровардам, ки пештар аз ҷояшон ҷунбонда наметавонистам; ки ман рӯзҳои дарозро дар кори пурзаҳмат ба сар мебурдам; ки баъзан, рӯз ки бегоҳ мешуд, худамро хушбахт ҳисоб мекардам, агар як дюйми мураббаъ оҳаки санг барин сахтшударо кандан муяссар мешуд ба ман? Оё медонед, ки барои пинҳон кардани хоку санге, ки мекандам, ба ман лозим омад, деворро бишкофам ва ҳамаи инро таги зинапоя ҳаво диҳам ва акнун он ҷо аз хоку санг лаб ба лаб шудагӣ, бинобар ин дигар ҷое надоштам, ки як каф хокро панаҳ кунам? Оё медонед, ки ман гумон карда будам, ба мақсад расидам, ҳис мекардам, қуватам фақат ба он мерасад, ки корро анҷом диҳам ва нохост худованд мақсадро на фақат дур мекунад аз ман, балки маълум не ба куҷо мебарад? Не! Ман ба шумо гуфтам ва бори дигар такрор мекунам: аз ҳамин дам сар карда ҳатто даст намерасонам ба коре, зеро хости парвардигор чунин аст, ки ман умрбод аз озодӣ маҳрум бошам!

Эдмон сарашро хам кард, то ба пирамард нишон надиҳад, ки шодии ӯро рафиқи худаш ёфтан ба ҳамдардӣ кардан ба мусибати марди зиндонӣ ба ҳадди лозим монеъ шуда истодааст, зиндоние, ки гурехтан ба вай муяссар нашудааст.

Аббат Фариа рӯи бистар фурӯ нишаст.

Эдмон ҳаргиз дар андешаи гурехтан набуд. Баъзе иқдомот чунон ношуданӣ метобанд, ки ҳатто андешаи пеш гирифтанашон ба хаёли кас намеояд; ким–кадом ғаризае касро вомедорад, ки аз чунин иқдомот канораҷӯӣ кунад. Ба масофаи панҷоҳ фут нақб кофтан дар зери замин, се солро сарфи ин заҳмат кардан, то ки дар ҳоли комёб шудан то лаби ҷарии баҳр кофта равад кас; аз баландии панҷоҳ, шаст ё ҳатто сад фут худро поён афкандан, то сари худро ба сахраҳо зада маҷақ кунад кас, агар қабл аз ин тири посбон накушадаш ва агар аз ҳамаи ин мухотара раҳоӣ ёфтан ба кас муяссар шавад, як мили тамомро шино кардан, – ин кофитар аз он буд, ки ба амри ногузир тан диҳад кас, ва мо итминон ҳосил кардем, ки ҳамин тан додан Дантесро ба сари остонаи марг расонда буд.

Аммо, Дантес пирамардеро, ки бо чунин қуввату ғайрат ба зиндагӣ дармеовехт ва сабақи бебокӣ медод, дида, ба андеша рондану андоза гирифтани мардонагии худаш сар кард. Каси дигар кӯшиш кардааст кореро ба сомон расонад, ки вай орзу ҳам накарда буд; каси дигаре нисбат ба худаш солхӯрдатар, камқуваттар, камҳаракаттар бо заҳмату тоқат ин ҳама олоти ба чунин иқдоми таҳамтанвор зарурро пайдо кардааст, иқдоме, ки фақат дар асари рух додани иштибоҳе дар ҳисобу китоб натиҷаи дилхоҳ надодааст; каси дигаре ҳамаи ин корро кардааст, аз ин мебарояд, ки барои ӯ ҳам ҳеҷ чизи берун аз имкон набудааст. Фариа панҷоҳ фут нақб кофтааст, ӯ сад фут мекобад: Фариаи панҷоҳсола се сол заҳмат кашидааст, ин аз Фариа ду баробар ҷавонтар аст ва шаш сол кор мекунад; Фариаи аббат, олим, ходими калисо ирода кардааст масофаи аз қалъаи Иф то ҷазираи Дом, Ратонно ё Лемерро ба шино тай кунад; вале ин, Дантеси маллоҳ, ғаввоси ҷасур, ки борҳо барои шохчаи марҷон ба қаъри баҳр ғутавар шудааст, наход ки масофаи як милро ба шино тай карда натавонад? Барои як милро ба шино тай кардан чӣ қадар вақт мебояд? Як соат? Хӯш магар ба вай воқеъ нашудааст, ки соатҳои дароз ба соҳил набаромада рӯи мавҷҳо алвонҷ хӯрда гардад? Не, не, ба вай фақат ибрате мебоист, ки рӯҳбаландаш кунад. Ҳар он чи каси дигар кардааст ё карда метавонад, Дантес ҳам метавонад бикунад.

Ӯ ба андеша рафт, баъд гуфт:

– Ман он чиро ёфтам, ки шумо дар ҷустуҷӯяш будед.

Фариа як қад парид.

пешина
аз 99
навбатӣ