Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Сар шуд, – гуфт қутвол дар гӯши бозрас.

– Ана барои чӣ ман аз дидори шумо шодам, – давом дод аббат, – агарчи ба натиҷагирии ман дар ҳисобе халал расондед, натиҷаи ҳисобе, ки агар бо муваффақият барояд, аҷаб не, кулли манзумаи Нютонро дигаргун кунад. Оё барои ҳамроҳатон яка ба яка гуфтугӯ кардан аз шумо иҷозат пурсида метавонам?

– Чӣ гуфта будам ба шумо? – зери лаб гуфт қутвол ба бозрас.

– Шумо бошандагони қалъаатонро медонистаед, – гуфт бозрас табассумкунон, баъд ба аббат рӯ овард: – Ман хоҳиши шуморо ба ҷо оварда наметавонам.

– Лекин агар гап дар бораи он равад, ки барои ба даст овардани маблағи ҳангуфте, масалан панҷ миллион ба ҳукумат имкон диҳад чӣ?

– Ғалатӣ, – гуфт бозрас, ба қутвол рӯ оварда, – шумо ҳатто миқдори маблағро пешакӣ гуфтед.

– Майлаш, – давом дод аббат, тараддуди рафтан доштани бозрасро дида, – ман метавонам яка ба яка наборшад ҳам гапамро гӯям; ҷаноби қутвол метавонанд дар сӯҳбати мо ҳузур дошта бошанд.

– Азизам, – бурид гапи ӯро қутвол, – мутаассифона, мо чӣ гуфтани шуморо пешакӣ ва аз ёд медонем. Гап дар бораи ганҷи шумо меравад, оё ҳамин тавр аст?

Фариа ба мазоҳкунанда бо чашме нигарист, ки назоратгари беғараз дар он бешак ақли расову софдилиеро медид.

– Бадеҳист, – гуфт аббат, – дигар аз чӣ хусус гап зада метавонам ман?

– Ҷаноби бозрас, – давом дод қутвол, – ман ин воқиаро на бадтар аз аббат ҳикоя кардан метавонам ба шумо; панҷ сол мешавад, ки муттасил мешунавам ман инро.

– Ин далели он аст, ҷаноби қутвол, – ба забон овард аббат, – ки шумо ба он тоифае мансуб астед, ки дар бобашон дар Китоби муқаддас омадааст: чашм доранду намебинанд, гӯш доранду намешунаванд.

– Ҷаноби бокарам, – гуфт бозрас, – давлат сарватманд аст ва шукри худо, ба пули шумо эҳтиёҷ надорад; пулатонро то замоне, ки шуморо аз ҳабс ҷавоб медиҳанд, эҳтиёт карда монед.

Чашмони аббат калонтар кушода шуданд; ӯ аз дасти бозраст дошт.

– Агар ман аз маҳбас набароям чӣ, – гуфт ӯ, – агар маро, бар алайҳи адолат, дар ин зиндон боздоранд, агар ман сиррамро ба касе васият накарда ин ҷо мирам чӣ – пас ин ганҷ беҳуда нобуд мешудааст–дия? Оё беҳтар нест, ки онро ҳукумат истифода кунад ва якҷоя бо ӯ ман ҳам? Ман ба шаш миллион розиям; оре, ман шаш миллионро гузашт карда, ба мондагиаш қаноат мекунам, агар маро ба озодӣ сар диҳанд.

– Ҳурмати виҷдон, – гуфт бозрас зери лаб, – агар касе надонад, ки ин девона аст, гумон бурданаш мумкин аст, ки ин ҳама рост аст: ин қадар бо итиминон гап мезанад.

– Ман девона нестам ва айни ҳақиқатро гуфта истодаам, – ҷавоб гардонд Фариа, ки бо гӯши шунавои ба зиндониён хосаш ҳар он чӣ бозрас гуфт, шунида буд. – Ганҷе, ки ман мегӯям, воқиан вуҷуд дорад ва ба шумо пешниҳод мекунам, ки бо ман қарордод бандед ва мувофиқи ҳамин қарордод шумо маро ба мавзее мебаред, ки ман таъйин мекунам, дар пеши назари мо ҳафр мекунанд; агар ман дурӯғ гуфта бошам, агар ҳеҷ чиз наёбанд, агар, ба қавли шумо, ман девона бошам, он гоҳ маро боз гашта ин ҷо оред, ба ҳамин зиндон, ва ман абадан ҳамин ҷо мемонам, ҳамин ҷо мемирам, ва на шумо, на ягон каси дигарро бо дархостҳои худам дарди сар намедиҳам.

Қутвол ханда кард.

– Хӯш ганҷи шумо дур аст аз ин ҷо? – пурсид ӯ.

– Ягон сад мил будагист аз ин ҷо, – гуфт Фариа.

– Ёфтагиаш бад не, – гуфт қутвол, – агар ба хаёли ҳамаи маҳбусон меомад, ки зиндонбононро ба сайри садмила машғул доранд ва агар зиндонбонон ба ин розӣ мешуданд, он гоҳ барои маҳбусон аз ин осонтар коре набуд, ки дар аввалин лаҳзаи қулай бигрезанд. Ҳини сайри тӯлонӣ пеш омадани чунин лаҳза аз эҳтимол дур нест.

– Ин василаи маъруф, – гуфт бозрас, – ва ҷаноби аббат ҳатто худситоӣ ҳам карда наметавонад, ки ин ихтирои ӯст.

Баъд ба аббат рӯ оварда гуфт ӯ:

– Ман аз шумо пурсида истодаам, ки оё хурду хӯрокатон хуб аст?

– Ҷаноби бокарам, – ҷавоб гардонд Фариа, – ба номи Исои Масеҳ қасам мехӯрам, ки маро озод мекунед, агар ман ба шумо рост гуфта бошам ва ман ҷои ганҷ гӯр карда шударо нишон медиҳам ба шумо.

– Оё хӯрду хӯрокатон хуб аст? – такрор кард бозрас.

– Бо чунин шарт шумо ҳеҷ чиз гум намекунед: ва шумо дида истодаед, ки ман барои гурехтан маврид намеҷӯям; то ёфта шудани ганҷ ман дар маҳбас меистам.

– Шумо ба суоли ман ҷавоб надодед, – бозрас бесаброна бурид сухани ӯро.

– Лекин шумо ба дархости ман! – хитоб кард аббат. – Лаънат бод ба шумо, чун ба ҳамаи он бехирадоне, ки ба ман бовар кардан нахостанд! Шумо зари маро намехоҳед, – он бо ман мемонад, озодӣ бахшидан намехоҳед, – парвардигор мефиристад онро ба ман. Биравед, дигар гуфтанӣ надорам ба шумо.

Ва аббат кӯрпаро аз китфаш партофту, пораи оҳакро бардошт, боз даруни доира нишасту ба нақшакашиву ҳисоби худаш машғул гардид.

– Ин чӣ кор карда истодааст вай? – пурсид бозрас аз дар баромада истода.

– Ганҷашро ҳисоб карда истодааст, – ҷавоб гардонд қутвол.

Фариа ба ин ришханд бо нигоҳе ҷавоб гардонд, ки саршор аз нафрати бепоён буд.

Онҳо баромаданд. Посбон аз пасашон дарро баст.

– Шояд ӯро дар воқеъ ким–чӣ хел ганҷ будааст? – гуфт бозрас, аз зинапоя баромада истода.

– Ё вай онро дар хоб дидаасту, – лаб монд қутвол, – саҳар девона бедор шудааст аз хоб.

– Ростӣ, – гуфт бозрас бо содадилии каси ришватхоре, – агар вай дар воқеъ сарватманд мебуд, ба маҳбас намеафтод.

Кор бо ҳамин барои аббат Фариа поён ёфт. Вай дар зиндон мондан гирифт ва баъди ин боздид шӯҳрати девонагии булъаҷаби вай боз бештар таҳким ёфт.

Ганҷҷӯёни номӣ Калигула ё Нерон, ки дар орзуи сарвати бенишон буданд, агар суханони ин марди сарсахтро мешуниданд, ба гапаш бовар карда ба вай ҳавое ато мекарданд, ки талаб дошт, фазое пеш меоварданд, ки дар иштиёқаш буд ва озодие мебахшиданд, ки дар ивазаш ин қадар баланд музд пешниҳод карда буд. Аммо ҳукмфармоёни айёми мо, ки маҳдуди доираи эҳтимолиянд, ихтиёри ҷасоратро аз даст додаанд, онҳо аз гӯше бим доранд, ки фармоишоташонро мешунавад, аз чашме хавф мебаранд, ки кирдорашонро ба назора мегирад; онҳо дигар афзалияти табиати малакутиашонро эҳсос намекунанд, – онҳо мардуми тоҷбасаранд вассалом. Як замоне онҳо худашонро писарони Юпитер мешумурданд ё ҳеҷ набошад чунин меномиданд ва аз ягон ҷиҳат ба падари улвии худашон шабоҳате доштанд; ба он чи дар паси абрҳо ба амал меояд, бовар кардан чандон осон нест; ин дам ҳукмфармоёни заминӣ дастрасанд. Вале азбаски ҳукумати мустабида ҳамеша аз нишон додани оқибатҳои маҳбасҳову шиканҷа дар рӯзи равшан худдорӣ мекунад, азбаски мисолҳо ба нудратанд, то ки қурбоншудаи ҳар як дастгоҳи шиканҷа устухонҳои шикаставу ҷароҳатҳои хуншорашро ба оламиён намоиш дода тавонад, бинобар ин захми девонагӣ ҳам, ки дар муҳити ифлоси маҳбас бо азобу уқубати рӯҳӣ тавлид гардидааст, ҳамеша эҳтиёткорона дар он ҷое панаҳ дошта мешавад, ки ба миён омадааст ва агар ин гуна бемор аз он ҷо берун ояд ҳам, дар ин сурат ӯро дар ягон бемористони тирае пинҳон мекунанд, ки пизишкон баръабас дар он ҷасадҳои абгор, ки зиндонбонон оварда ба онҳо медиҳанд, симои инсонию тафаккури инсонӣ меҷӯянд.

Аббат Фариа, дар маҳбас идрокашро аз даст дода, бо девонагии худаш ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардида буд.

Лекин аз хусуси Дантес бошад, бозрас қавли ба вай додаашро ба ҷо овард. Ба кабинети қутвол баргашта, вай рӯйхати маҳбусонро талаб кард. Қайди роҷеъ ба Дантес чунин мазмуне дошт:

ЭДМОН ДАНТЕС Бонопартисти ашадӣ; дар баргаштани ғосиб аз ҷазираи Элба фаъолона иштирок дошт; Ин сир қатъӣ пинҳон дошта шавад, маҳбус зери назорати сахт гирифта шавад.

Қайд на ба он хат ва на бо он ранге сабт ёфта буд, ки қисми дигари рӯйхат навишта шудааст; ин собит мекард, ки онро баъди дар маҳбас муқайяд гардидани Дантес илова кардаанд.

Айбе, ки ба гардани ӯ монда буданд, чунон қатъӣ буд, ки ҷои баҳс надошт; бинобар ин бозрас барафзуд:

«Коре кардан аз имкон берун аст».

Боздиди бозрас ба Дантес ҷон бахшид. Аз лаҳзаи муқайяд гардиданаш дар маҳбас ҳисоби рӯз аз ёдаш рафта буд, аммо бозрас рӯзу моҳро гуфт ба вай ва Дантес онро фаромӯш накард. Бо як тикка оҳаке, ки аз сақф афтода буд, дар девор сабт кард: 30 июли 1816 ва аз ҳамон дам ҳар рӯз қайде мегузошт, то ҳисоби вақтро гум накунад.

Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо сипарӣ мешуданд; Дантес якзайл умедвор буд; аввал барои худаш дуҳафтаина мӯҳлат муқаррар кард. Агар бозрас ҳатто нисфи он дилсӯзиеро, ки зоҳиран, дар замираш пайдо шуда буд, дар ҳаққи ӯ ба ҷо меовард, дар ҳамин ҳол ҳам ду ҳафта кифоят буд. Даме ки ин ду ҳафта гузашт, Дантес ба дил гуфт, беҳуда як коре мебуд, фикр кардан, ки бозрас пеш аз ба Париж баргаштанаш ба тақдири вай пардозад; ба Париж бошад, вай танҳо баъди анҷом додани тафтише хоҳад баргашт, ки ба ӯҳдааш гузоштаанд, вале ин тафтиш метавонист як моҳ ё ду моҳ тӯл кашад. Бинобар ин вай мӯҳлати нав таъйин кард – се моҳ ба ҷои ду ҳафта. Вақте ки ин се моҳ поён ёфт, мулоҳизоти наве дастгираш шуд, ва ӯ ба худаш нимсол мӯҳлат дод; вале пас аз сипарӣ шудани ин ним сол маълум шуд, ки агар рӯзҳоро бишморад, вай алакай нӯҳу ним моҳ интизорӣ кашидааст.

Дар ин моҳҳо дар вазъи кори ӯ ягон тағйироте ба амал наёмад; ба вай ягон хабари тасаллобахше нарасид; зиндонбон пешина барин лол буд. Дантес бовариро нисбат ба ҳиссиёташ гум кард, ба дил гуфт, ки бозии хаёлро далолати хотир гумон бурдааст ва он фариштаи тасаллобахш, ки дар зиндон пайдо шуда буд,/ дар боли хоб ворид гардида будааст.

Баъди як сол қутволро бадал карданд; ба қутволи аввала дижи Гамро супурданд; вай баъзе аз тобеонро бо худаш бурд, аз ҷумла зиндонбони Дантесро ҳам.

Қутволи нав омад; аз хаёлаш гузашт, ки дар хотир доштани номи маҳбусон дилбазан як корест; ба ёд овардани фақат рақами онҳоро ҷорӣ кард. Ин меҳмонсарои дахшатбор аз панҷоҳ ҳуҷра иборат буд; бошандагонро бо тартиби рақам ишорат мекардагӣ шуданд ва навҷавони сарсахт аз номи Эмону исми хонаводагии Дантес маҳрум гардид, – вай рақами сиючорум шуд.

пешина
аз 99
навбатӣ