Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XIV. МАҲБУСИ ДЕВОНА ВА МАҲБУСИ БЕХУД
Тақрибан баъди як соли гашта омадани Лудовики XVIII бозраси кулли ҳабсхонаҳо тафтиш сар кард.
Дантес дар зиндонаш садои гурсасу ғарчасе шунид, ки дар боло хеле баланд буд, вале дар поён фақат гӯши маҳбус пайхас мекард онро, маҳбусе, ки дар сукути шаб ба садои тор танидани анкабут одат карда буду ба муназзам фурӯ чакидани қатраҳои обе, ки соате мебоист, то дар шифти зиндон фароҳам шавад.
Ӯ дарёфт, ки зиндаҳо ҷунбу ҷӯле доранд; вай ин қадар муддате дар гӯр буд, ки ҳақ дошт худашро мурда номад.
Бозрас хонаву якахона ва зиндонҳоро ба навбат давр мезад.Баъзе маҳбусон ба пурсуҷӯ мушарраф гардиданд: ин маҳбусон аз ҷумлаи онҳое буданд, ки аз хоксорӣ ё бефаҳмӣ илтифоти сардоронро ба даст оварда буданд. Бозрас аз онҳо мепурсид, ки оё хӯрду хӯрокашон хуб аст ва оё ягон дархосте доранд. Ҳама ба як овоз ҷавоб мегардонданд, ки хӯрду хӯрокашон расвост ва онҳо озодӣ тавақӯъ доранд. Он гоҳ бозрас пурсид, ки оё боз ягон гапе доранд. Онҳо ба ишораи рад калла ҷунбонданд. Зиндониён ғайр аз озодӣ чӣ таваққӯъе дошта метавонанд?
Бозрас табассумкунон ба қутвол рӯ оварду гуфт:
– Намефаҳмам, ба кӣ лозим бошад ин тафтиши бефоида? Ҳар ки як маҳбасро дида бошад, садтаашро дидааст; ҳар ки арзи як маҳбусро шунида бошад, арзи ҳазортаашро шунидааст; дар ҳама ҷо гапашон якто: хӯрду хӯрокашон бад, онҳо бегуноҳанд. Дигар маҳбус надорем?
– Боз маҳбусони хавфнок ё ақлбохтае ҳастанд, ки мо дар таҳхона ҷо кардаем.
– Хайр, – гуфт бозрас бо қиёфаи шахси ниҳоят хастаҳоле, – вазифаамонро то охир ба ҷо меоварем – ба таҳхона мефуроем.
– Маъзур доред, – гуфт қутвол, – ақаллан ду нафар сарбозро ҳамроҳ бурдан даркор; баъзан маҳбусон ба кирдори бебоконае ҷуръат мекунанд, ақаллан барон он, ки нисбат ба зиндагӣ ҳисси нафрат доранд ва мехоҳанд, ки ба қатл маҳкум шаванд. Шумо метавонед қурбони суиқасде бишавед.
– Ин тавр бошад, барои эҳтиёт чораҷӯӣ кунед, – гуфт бозрас.
Ду нафар сарбоз ҳозир шуданд ва ҳама аз чунин як зинапояи бадбӯи ифлосу рутубатноке поён фуромадан гирифтанд, ки фақат як худи фуромадан аз он барои ҳавоси панҷгона малолангез буд.
– Бало занад! – гуфт бозрас, таваққуф карда. – Кӣ будааст, ки дар ин ҷо зиндагӣ доштааст?
– Суиқасдгари ниҳоят хатарнок; моро огоҳ карданд, ки ин шахс ба ҳар коре қодир аст. – Ӯ танҳост?
– Бадеҳист.
– Кай боз дар ин ҷост?
– Қариб як сол шуд.
– Ва ҳамонзамонӣ дар таҳхона ҷо кардетонаш?
– Не, баъд аз он, ки посбонро қасди куштан кард, посбоне, ки ба вай ғизо мебурд.
– Вай посбонро куштан хост?
– Оре, ҳаминеро, ки ҳозир ба мо чароғ дошта рӯшноӣ карда истодааст. Дуруст мегӯям, Антуан? – пурсид қутвол.
– Айнан ҳамин тавр, вай маро куштан хост, – ҷавоб гардонд посбон. – О вай девона будааст–ку!
– Аз девона ҳам бадтар, – ҷавоб гардонд посбон, – вай ифрити тапа– тайёр!
– Агар хоҳед, метавонед аз болояш шикоят кунед, – гуфт бозрас ба қутвол.
– Ҳоҷат надорад; вай бе ин ҳам хуб ҷазо дид; илова бар ин вай қариб аст девона шавад, ва мо аз таҷриба медонем, ки аз байн ягон сол нагузашта тамоман девона мешавад.
– Барои худаш нағз мешавад, – гуфт бозрас, – вақте ки девона шуд, камтар азоб мекашад.
Чунон ки мебинед, бозрас каси башардӯсте буд ва ба вазифаи накӯкоронааш пурра мувофиқат дошт.
– Шумо комилан ҳақ астед, – ҷавоб гардонд қутвол, – ва суханонатон собит мегардонад, ки шумо маҳбусонро хуб медонистаед. Ин ҷо дар мо, низ дар таҳхона, ки зинапояи дигаре ба он ҷо мебарад, як пирамарди аббат хоб аст, сардори кадом–як фирқае дар Итолиё; вай аз соли як ҳазору ҳашт саду ёздаҳум боз ин ҷост; аз он дам ин ҷониб тамоман дигар шуд, ба дараҷае, ки шинохтан маҳол аст ӯро; пештар доимо гиря мекард, ҳозир бошад, механдад; пештар лоғар шуда буд, ҳозир бошад, фарбеҳ шуда истодааст. Мехоҳед, ба ҷои ин ӯро бинед? Девонагии вай вақтчоқкунанда аст ва ҳаргиз зиқ намекунад шуморо.
– Ман ҳам инашро мебинам, ҳам ваяшро, – ҷавоб гардонд бозрас, – вазифаи хидматиро аз рӯи виҷдон ба ҷо овардан даркор.
Бозрас ин дам бори аввал ҳабсхонаҳоро аз назар мегузаронд ва хост, ки сардорон аз вай розӣ шаванд.
– Биёед аввал назди инаш равем, – илова кард ӯ.
– Бифармоед, – ҷавоб гардонд қутвол ва ба посбон ишорате кард. Посбон дарро кушод.
Шарақоси ғалақаҳову ғиҷироси дар сари чангакҳо давр гаштани часпакҳои зангзадаро шунида Дантес, ки дар як гӯша нишаставу бо лаззати лобаён шуои борики равшаниро назора мекард, сарашро бардошт.
Бо дидани шахси ношинос, ду посбони машъалбадаст, ду сарбоз ва қутволи кулоҳ дар даст Дантес дарёфт, ки гап чист, ва оқибат барои рӯ овардан ба сардорони олимақом мавридро мусоид ёфта, бо тавозӯъ дастонашро рӯи ҳам гузошта, пеш рафт.
Сарбозон бо гумони ин ки маҳбус ба нияти бад ба бозрас ҳамлавар шуд, дар як он сарнайзаҳоро чилиқ карданд.
Бозрас ғайри ихтиёр як қадам ақиб рафт.
Дантес дарёфт, ки ӯро шахси хатарноке муаррифӣ кардаанд.
Он гоҳ вай ба нигоҳи худ ин қадар фурӯтанӣ бахшид, ки дар қалби инсон имкони ғунҷидан дорад ва бо илтиҷои ҳалимонае, ки ҳозиронро дар ҳайрат гузошт, хост дили меҳмони олитаборро ба риққат оварад.
Бозрас дарди дили Дантесро то ба охир шунида истод; баъд ҷониби қутвол баргашт.
– Ин оқибат ба порсоӣ мерасад, – гуфт ӯ зери лаб, – ин аз ҳоло майл ба фурӯтанию оромиш дорад. Дидед, тарс бегона нест ба ин; сарнайзаҳоро дида қафо рафт, ҳол он ки девона аз ҳеҷ чиз барнамегардад. Ман дар ин бобат дар Шарантон мушоҳидаи хеле ғалатие карда будам.
Баъд вай ба маҳбус рӯ овард:
– Хулласи гап, чӣ дархосте доред шумо?
– Мехоҳам ба ман бигӯед, ки чи ҷинояте содир кардаам ман; дархости ман мурофиа, тафтиш, ниҳоят, тирборон кунанд, агар гунаҳкор бошам, ва озод бикунанд, агар соф бошам.
– Оё ғизоятон хуб аст? – пурсид бозрас.
– Ҳа. Эҳтимол. Намедонам. Вале ин муҳим нест. Муҳим на фақат барои мани зиндонии бадбахт, инчунин барои ҳукуматдорони соҳибадлия ва барои шоҳи ҳукмрони мо он аст, ки бегуноҳе қурбони хабаркашии номарде нагардад ва дар зери қалъа ҷаллодони худро нафринкунон намирад.
– Имрӯз шумо хеле фурӯтанед, – гуфт қутвол, – шумо на ҳамеша ин тавр будед. Шумо тамоман тарзи дигар сухан мерондед, даме ки посбонро куштанӣ будед.
– Ин рост аст, – гуфт Дантес, – ва ман аз самими дил узр мехоҳам аз ин шахс, ки нисбат ба ман хеле меҳрубон аст... Лекин чӣ мехоҳед шумо? Ман он вақт ақлбохтае будам, девона будам.
– Магар акнун ин тавр нестед?
– Не, маҳбас руҳамро шикаст, маҳв кард. Аз ин ҷо буданам ин қадар вақте гузашт!
– Ин қадар вақте?.. Кай шуморо ҳабс карда буданд? – пурсид бозрас.
– Бистуҳаштуми феврали соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум, дар соати дуи зӯҳр.
Бозрас ба ҳисоб кардан даромад.
– Имрӯз сиюми июли соли як ҳазору ҳашт саду шонздаҳум аст.
Чиҳо мегӯед шумо? Шумо ҳамагӣ ҳабдаҳ моҳ боз дар ҳабсхонаед.
– Ҳамагӣ ҳабдаҳ моҳ! – такрор кард Дантес. – Шумо намедонед, ки чӣ гуфтанӣ гап аст ҳабдаҳ моҳи ҳабсхона, – ин ҳабдаҳ сол, ҳабдаҳ аср! Хусусан барои ман барин касе, ки соати саодаташ ин қадар наздик расида буд, тараддуди ба духтараки дилхоҳаш хонадор шудан дошт, арсаи ифтихорие дар рӯбарӯяш буд, – ва аз ҳамааш маҳрум шуд; барои касе, ки рӯзи нуронӣ ба шаби зулмонӣ табдил ёфтааст, касе, ки дида истодааст, ояндааш барбод рафтааст, касе, ки намедонад, оё дӯсташ медошта бошад оне, ки дӯст медошт варо, оё зинда бошад пирамарди падараш! Ҳабдаҳ моҳи маҳбас барои оне, ки ба ҳавои баҳр, ба озодӣ, ба паҳнои бекарон хӯ гирифта буд! Ҳабдаҳ моҳи дар маҳбас! Ин ҳатто барои он ҷиноятҳое, ки забони одамӣ ба кареҳтарин номҳое таъбирашон мекунад, аз ҳад зиёд аст. Пас тараҳҳум кунед ба ҳолам ва барои ман шафқат не, балки сахтгирӣ, лутфу марҳамат не, балки мурофиа дархост кунед; довар мехоҳам ман, довар; довархоҳиро ба айбдоршаванда рад кардан номумкин аст.
– Хуб шудааст, – гуфт бозрас, – мебинем.
Баъд ба қутвол рӯ оварда гуфт ӯ:
– Дар воқеъ, ба ин бечора раҳмам меояд. Гашта боло ки баромадем, парвандаи инро ба ман нишон медиҳед.
– Бадеҳист, – ҷавоб гардонд қутвол, – вале метарсам, ки шумо он ҷо дар борааш номусоидтарин маълумоте хоҳед ёфт.
– Ман медонам, – давом дод Дантес, – ман медонам, ки шумо бо ихтиёри худ маро озод карда наметавонед; вале шумо метавонед илтимоси маро ба сардорони болотаре расонед, шумо метавонед тафтиш гузаронед, шумо метавонед, ниҳоят, кори маро ба маҳкама супоред. Маҳкама! Аз ҳамин иборат дархости ман, бигзор ба ман гӯянд, ки чӣ ҷинояте содир кардаам ва ба кадом ҷазое маҳкум шудаам. Охир маҷҳулият бадтар аз ҳар гуна ҷазоест дар олам!
– Ман такдор мекунам, – гуфт бозрас.
– Ман аз овозатон шунида истодаам, ки гапҳои ман ба шумо асар кард! – нидо зад Дантес. – Ба ман бигӯед, ки умедвор шуда метавонам!
– Ман гуфта наметавонам инро ба шумо, – ҷавоб гардонд бозрас, – ман фақат ба шумо ваъда медиҳам, ки парвандаатонро аз назар мегузаронам.
– Ин тавр бошад, озод шудам ман, наҷот ёфтам!
– Кӣ ба ҳабсатон фармон дод? – пурсид бозрас.
– Ҷаноби де Вилфор, – ҷавоб гардонд Дантес. – Бо он кас вохӯред.
– Ҷаноби де Вилфор дигар дар Марсел нест; мана як сол мешавад, ки вай дар Тулуза.
– Ин тавр бошад, ҷои ҳайрат нест! – зери лаб гуфт Дантес. – Ягона пуштибони ман дар ин ҷо набудааст!
– Ҷаноби де Вилфор барои бад дидани шумо оё ягон сабабе дошт? – пурсид бозрас.
– Ҳеҷ гуна сабабе; он кас, баръакс, нисбат ба ман хеле меҳрубон буданд.
– Пас оё ман ба он маълумоте, ки де Вилфор дар бобати шумо додааст ё ба ман мегӯяд, эътимод баста метавонам? – Комилан.
– Хуб шудааст. Интизор бошед.
Дантес ба зону афтод, даст сӯи осмон бурду дуо кардан гирифт, зимни дуо ба худо зорӣ мекард, ки ба ин мард хайр диҳад, марде, ки ба зиндони ӯ фуромадааст, ба мисоли фариштаи наҷотбахше, ки ҷони касонро аз дузах раҳоӣ мебахшад.
Дар аз паси бозрас баста шуд, вале умеде, ки вай ҳамроҳаш оварда буд, дар яккахонаи зиндони Дантес боқӣ монд.
– Шумо руихати маҳбусонро ҳозир майли дидан доред? – пурсид қутвол. – Ё мехоҳед ба зиндони аббат фуроед?
– Аввал муоинаро ба охир мерасонем, – ҷавоб гардонд бозрас. – Агар боло бароям, шояд, барои бори дуюм поён фуромадан ғайратам нарасад.
– Оҳ, аббат ба ин монанд нест, девонагии вай хурсандибахш, на ин ки чун ҳамсояаш тафаккурманд.
– Девонагиашро боис чист?
– Андешаҳои ғалатӣ: вай худашро соҳиби ганҷи беҳисоб метарошад. Дар соли якум ба ҳукумат як миллион пешниҳод кард, агар озод кунандаш, дар соли дуюм – ду миллион, соли сеюм – се миллион ваҳоказо. Ин дам панҷ сол мешавад, ки зиндонист; вай изн мехоҳад, ки бо шумо якка ба яка гуфтугӯ кунад ва панҷ миллион пешниҳод мекунад.
– Ин воқиан ҷолиб будааст, – гуфт бозрас. – Хӯш чӣ ном дорад ин миллионер?
– Аббат Фариа.
– Рақами бистуҳафтум! – гуфт бозрас. – Оре, вай ин ҷост. Боз кунед, Антуан.
Посбон фармоишро ба ҷо овард ва бозрас бо кунҷковӣ ба таҳхонаи «аббати девона» сар халонд, ки ин маҳбусро девонааш ном мебурданд ҳама. Дар миёнҷои якахона, даруни доирае, ки бо оҳакпораи аз девор баркандае харошида шуда буд, шахсе мехобид, қариб бараҳна, – пӯшокаш ба чиғдапораҳое табдил ёфта буд. Вай даруни ин доира ба сарохат хатҳои ҳандасие мекашид ва ҳамчунин саргарми ҳалли масъалае буд, чун Архимед дар он дақиқае, ки сарбози Мартселла кушта будаш. Бинобар ин ҳангоми ғаричаси дар ҳатто рагаш наҷунбид ва танҳо даме ба ҳуш омад, ки шӯълаи машъалҳо бо нури ғайри одатӣ фарши тареро равшан кард, ки дар рӯяш вай машғули кор буд. Ин дам ӯ баргашту бо ҳайрат ба меҳмонони сершуморе назар кард, ки ба зиндони вай фуромда буданд.
Вай зуд тохта хесту ба кӯрпаи дар поёни бистари ҳақиронааш афканда чанг зад ва шитобкорона онро ба китф андохт, то дар пеши омадагон худашро дар ҳайати андак муносибтаре арз диҳад.
– Чӣ талабе доред? – пурсид бозрас, қоидаи маъмулашро дигар накарда.
– Чӣ талабе дорам? – гашта пурсид аббат бо ҳайрат. – Ҳеҷ талабе надорам ман.
– Шумо мақсади маро аз афташ нафаҳмидед, – давом дод бозрас, – ман аз тарафи ҳукумат барои муоинаи маҳбусҳо фиристода шудаам ва шикояти маҳбусонро пазиро мешавам.
– Ҳа! Ин гапи дигар, – бо рӯҳбаландӣ нидо зад аббат, – ва ман аминам, ки мо якдигарро мефаҳмем.
– Ана дидед, – гуфт қутвол, – тарзе сар шуда истодааст, ки ба шумо гуфтам.
– Ҷаноби бокарам, – давом дод маҳбус, – ман аббат Фариа, дар Рим ба дунё омадаам, бист сол дабири кардинал Роспилозӣ будам; маро ҳабс карданд, худам намедонам барои чӣ, дар ибтидои соли якҳазору ҳашт саду ёздаҳум ва аз ҳамон дам ин ҷониб аз ҳукуматҳои Итолиёву Фаронса баръабас озодӣ талаб мекунам.
– Барои чӣ аз ҳукумати Фаронса? – пурсид қутвол.
– Барои он, ки маро дар Помбино дастгир карданд, ва ман гумон мекунам, ки Помбино, мисли Милану Флоренсия ба шаҳрҳои асосии кадом–як иёлати Фаронса табдил ёфтагист.
Бозрасу қутвол бо табассум ба якдигар назар карданд.
– Хӯш азизам, – гӯшрас кард бозрас, – маълумоти шумо доир ба Итолиё чандон нав нест.
– Ин маълумот ба он рӯзе дахл дорад, ки маро ҳабс карда буданд, – ҷавоб гардонд аббат Фариа, – ва азбаски дар он давра аълоҳазрати император барои писари фалак ато кардааш давлати шоҳии Римро барпо карда буд, ман гумон кардам, ки аз ғалабаҳояш баҳраманд гардида ба орзуи Макиавелли ва Сезари Боржиа ҷомаи амал пӯшонда, тамоми Итолиёро ба давлати яклухти қисматнопазир муттаҳид кардагист.
– Хӯшбахтона, – гашта гуфт бозрас, – қазо ин нақшаи бузургро андак тағйир дод, ки аз афташ, боиси таассуфи шумо хоҳад шуд.
– Ин ягона василаи ба давлати пуриқтидор, соҳибистиқлол ва саодатманде табдил ёфтани Итолиё мебошад, – гуфт аббат.
– Шояд, – ҷавоб гардонд бозрас, – вале ман ин ҷо на барои он омадаам, ки ҳамроҳи шумо самти сиёсати Итолиёро баррасӣ кунам, балки баҳри он омадам, ки аз шумо бипурсам, оё қонеъ ҳастед аз манзилу аз хӯрду хӯрокатон ва ҳамин суолро иброз доштам ба шумо.
– Хӯрду хӯрок дар ин ҷо ба мисоли ҳамаи маҳбасҳо, яъне ки биёр бад, – ҷавоб гардонд аббат, – манзил бошад, чунон ки мебинед, намнок ва аз сиҳатӣ дур аст, лекин барои зиндон хело баҷо. Гап дар сари ин не, балки дар сари сирри ниҳоят муҳиммест, ки ман ба ҳукумат хабар дода метавонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё