Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XV. РАҚАМИ 34 ВА РАҚАМИ

Дантес тамоми азобу шиканҷаеро, ки зиндониёни узлатгузини маҳбасҳо аз он лаззатёб мешаванд, аз сар гузаронд.

Вай аз ғурур сар карда буд, ки умеду эҳсоси бегуноҳ будани кас инро ба миён меоварад; баъд вай ба бегуноҳии худаш шубҳа мекардагӣ шуд, ки як дараҷа назарияи қутволро роҷеъ ба девонагӣ тасдиқ кард; оқибат вай аз авҷи кибраш ба зер омад, илтиҷо мекардагӣ шуд – ба худо набошад ҳам ба одамон; худованд – паноҳгоҳи охирин. Инсон дар мусибат бояд пеш аз ҳама ба худо рӯ оварад, вале Дантес фақат баъди барбод рафтани дигар умедҳояш мекардагӣ шуд ин корро.

Ӯ илтимос кард, ки варо ба дигар зиндон гузаронанд, аз ин ториктару намноктар бошад ҳам майлаш. Табдил ба бадтаре аз асл бошад ҳам табдил аст ва чанд рӯзаке фориғ медошташ. Вай илтимос кард, ки ба сайр иҷозаташ диҳанд, ҳаво илтимос кард, китоб, олот. Ҳеҷ чиз надоданд ба ӯ, вале ӯ ҳамчунин илтимос мекард. Вай бо зиндонбонаш гап заданро ёд гирифт, агар чи зиндонбонаш нав шудаву аз аввалааш ҳам лолтар буд, агар лолтар будан аз лол имкон дошта бошад; ба ҳар ҳол ҳамгап шудан бо инсон, ҳатто бо инсони лол, боиси дилхушист. Дантес гап мезад, то ки овози худашро шунавад; вай дар танҳоӣ гап зада дид, вале дар ин ҳол дили худаш бим кард.

Баъзан дар айёми озодӣ камераҳои даҳшатбори ҳабсхона дар тасаввури Дантес пайдо мешуданд, ки дар он ҷо сакалтуҳо, роҳзанон ва қотилон дар хушҳолии қабеҳ дӯстии пурхатарро тантана доштанду ваҳшивор ишрат мекарданд. Акнун вай аз афтоданаш ба яке аз чунин фосиқхонаҳо хурсанд мебуд, то ки ғайр аз башараи хунсарду бесадои зиндонбон ақаллан чеҳраи ягон касро бинад, афсӯс мехӯрд, ки вай каторгашудаи либоси нангинпӯши завлона дар пою сари китфаш тамғадоре нест. Каторгашудагон дар ҷамъияти худашон барин касоне умр ба сар мебаранд, аз ҳаво нафас мекашанд, осмонро мебинанд, – каторгашудагон мардуми хушбахтанд.

Ӯ ба зиндонбон зорӣ кард, ки ба вай рафиқ диҳанд, ҳар ки бошад, майлаш, ақаллан ҳамон аббати девонаеро, ки дар борааш шунидааст. Дар замири зиндонбони зоҳиран сахтгир, ҳатто сангдилтарин кас бошад ҳам, андак одамияте ҳамеша ниҳон аст. Зиндонбони Дантес, агарчи зоҳир намекард, баъзан дар дил ба ҳоли ҷавони бечора, ки маҳбусиашро ин қадар ба азоб ба сар мебурд, раҳмаш меомад; вай илтимоси рақами 34–ро ба қутвол расонд; вале қутвол бо эҳтиёткории ба ходими сиёсӣ шоиста, рад кард, гумон бурд, ки Дантес мехоҳад маҳбусонро ба шӯр оварад ё барои гурехтан шарик пайдо кунад.

Дантес тамоми воситаҳои инсониро ба харҷ дода буд. Бинобар ин вай ба худо рӯ овард.

Он дам тамоми фикру зикри порсоёнае, ки бадбахтони поймоли қисматгардида бо он зиндаанд, ба вай рӯҳ бахшиданд; вай дуоҳоеро, ки модараш ёд дода буд, ба хотир овард, ва дар онҳо маъние пайдо кард, ки то ин дам ба вай маълум набуд; зеро барои мардуми хушрӯзӣ дуо якнавохту силсилаи каломи хушку холӣ боқӣ мондан мегирад, то даме ки мусибат дар каломи муассир маънои амиқе ворид мекунад, каломе, ки ба василаи он шахси бадбахт ба худо муноҷот мекунад. Вай на бо ҷаҳд, балки бо хашм ибодат мекунад. Бо садои баланд ибодат карда, вай дигар аз овози худаш намеҳаросад; ва дар сари ҳар калимае, ки ба забон меовард, ким–чӣ хел ба ҳаяҷон меомад, ҷамоли худовандро медид; тамоми рӯйдодҳои зиндагии оҷизонаву умри барбодрафтаашро ба хости худованди қодиру тавоно нисбат дода, аз онҳо ибрат мегирифт, тавбаю тазарруъ мекард ва дар поёни ибодаташ алфози тамаъкоронае ба забон меовард, ки бо ин алфоз инсон бештар ба одамон муроҷиат мекунад, нисбат ба он ки ба худованд рӯ оварад: ва қарзи моро бар мо бубахшо, чунон ки мо ба қарздорони худ мебахшоем.

Бо вуҷуди гарму ҷӯшон ибодат карданаш Дантес дар зиндон мондан гирифт.

Он гоҳ рӯҳаш тира шуд ва гӯё пеши чашмашро ғубор гирифта бошад. Дантес одами оддии таҳсилнадидае буд; пардаеро, ки ба рӯи гузашта фурӯ кашида шудааст, илм барои вай барнадошта буд. Вай дар гӯшаи узлати маҳбас ва дар халои тафаккур натавонист асрҳои рафтаро бозоварад, халқҳои сипарӣ шударо эҳё гардонад, шаҳрҳои бостонро зиндагӣ бахшад, ки тасаввур ба онҳо азамату нафосат ато мекунад ва мисли лавҳаҳои тасвири вавилонии Мартин мунаввар бо машъали осмонӣ дар мадди назари ботин пайдо мешаванд. Дантес фақат гузаштаи кӯтоҳ, ҳозираи тира ва ояндаи маҷҳул дошт; нуздаҳ соли равшан дошт, ки дар сари он андеша рондан дар шабҳои шояд нопайдоканоре дар пеш буд! Бинобар ин вай ба ягон чизе саргарм шуда наметавонист, – ақли чораҷӯи вай, ки парвозашро ба қаъри асрҳо бо ин қадар хушҳолӣ ҷавлон дода буд, чун уқоб дар қафас, дар муҳити танге афтода буд. Ва он гоҳ вай чанг ба домани як андеша зад, андешаи бахти бе сабаб аз як тасодуфи манҳус барбод рафтааш; дар сари ҳамин андеша вай майна об мекард, ба ҳар мақом мегардонд, агар яунин таъбир кардан ҷоиз бошад, ба дандон мегазид, чунон ки дар ҷаҳаннами Дантес Уголинои бераҳм ҷумҷумаи усқуфи аъзам Руҷиерро мегазад. Дантес фақат имони нопойдоре дошт, ки бар андешаи роҷеъ ба қудрати кул асос ёфта буд; вале дере нагузашта онро аз даст дод, чунон ки дигарҳо ба ком расида аз даст медиҳанд онро. Лекин фақат ӯ ба комёбӣ нарасида буд.

Ба ҷои порсоӣ ошуфтагӣ омад. Вай ин қадар куфр мегуфт, ки зиндонбон аз даҳшат «ло ҳавлу вало қувват» мегуфт; аз андак нороҳатие, ки аз кадом–як андак гарде, хасе, вазиши ҳавое ба вай мерасид, сар ба деворҳои маҳбас мекӯфт. Маълумотномаи махфие, ки вай онро дида буд, ҳамон маълумотномае, ки Вилфор ба ӯ нишон дода буду вай онро дар дасташ нигоҳ дошта меистод, муттасил ба ёдаш мерасид;1ҳар сатри он бо ҳуруфи оташинаш дар девор чун «Мене, Текел, Фарес» –и Валтасар медурахшид. Ӯ ба худ мегуфт, ки адовати одамон ба варта афкандаш, на ғазаби худованд; вай ин одамони барояш маҷҳулро ба дасти ҳама гуна қатле месупурд, тарзҳои қатле, ки хаёлоти шӯълавари ӯ ба эҷод карданаш қудрате дошт ва онҳоро аз ҳад илтифоткорона меёфт, ва асоситар аз ҳама – чандон давомнок набуданд дар назараш: зеро баъди қатл марг фаро мерасад, дар марг бошад – осоиш набошад ҳам, ақаллан беҳиссие буд, ки шабеҳ ба осоиш аст.

Пайваста, ҳушу ёдаш пеши душманон ва ба дил таъкид кардан, ки марг – ин осоиш аст ва барои интиқоми бераҳмона ба марг расондан кам аст, вай ба ҳолати кобусию беҳиссие афтода, фикри худкушӣ ба сараш зад. Вой бар ҳоли касе, ки дар роҳи ғам ба чунин андешаҳои тира дучор мегардад! Ин – мурдобест, ки мусаффои лоҷувардӣ метобад обаш, вале дар он шиновар ҳис мекунад, ки пояш ба лойқаи часпак ғӯтидааст, ки мекашад, фурӯ мебарад ва нобудаш мекунад. Агар фалак ба додаш нарасад, кораш тамом, ва ҳар як зӯр задан баҳри наҷот боз чуқуртар ба коми марг мебарадаш.

Ва ба ҳар ҳол ин ҳолати назъи рӯҳонӣ чандон ҳайбатноке нест, ки азобу шиканҷаи собиқаш ва он ҷазое, ки шояд, дар дунболи ин бошад; дар он тасаллои хумороварест, ки даҳони бози вартаро менамояд ба кас, вале дар таҳти он варта – олами фаност. Эдмон дар сари ҳамин андеша тасалло ёфт; тамоми ғуссааш, тамоми дарду аламаш, тамоми силсилаи руъёву хаёлоташ, ки доманкашон бо худ бурдан доштанд, гӯё аз он гӯшаи зиндон бархоста буд, ки малакулмавт дар тараддуди фуруд омадан ва нарм–нарм пой бар замин гузоштан буд. Дантес ба зиндагии гузаштаи худаш осуда назар афканд, ба ояндааш – бо даҳшат ва он чиро интихоб кард, ки паноҳгоҳ метофт дар назараш.

– Дар айёми сафари баҳрии дарозмуддат, – мегуфт ба худаш, – даме ки ман ҳоло инсон будам ва он инсон инсони озоду муқтадире буду ба дигар касон фармонҳое медод, ки ҳамонзамонӣ ба иҷро мерасиданд, ба ман дидани он чи иттифоқ афтода буд, ки абрҳо осмонро фаро мегирифтанд, мавҷҳо ба туғён меомаданд, дар канори осмон тӯфон бармехосту ба мисоли уқоби азимҷуссае дар фазо болафшонӣ мекард, он вақт ман ҳис мекардам, ки киштиям – сарпаноҳи фарсудаест, зеро вай гӯё дар рӯи кафи ғӯли азамат паре бошад, алвонҷ хӯрда, дир–дир меларзид; дар зери валвалаи муҳиби амвоҷ ман ба теғаи шахҳо, ки аз марг дарак медоданд, менигаристаму марг ба даҳшат меовард маро ва бо тамоми қувват кӯшиш мекардам рад кунам онро ва тамоми қудрати инсону маҳорати марди баҳрнавардро як ҷо ғун карда ба ҷанги яка ба яка бо худо дар мешудам!.. Вале он дам ман хушбахт будам; он вақт баргаштан ба сӯи зиндагӣ, баргаштан ба сарманзили саодат буд; он марг марги маҷҳул буд ва ман онро ба хости худ пазиро намешудам; ман намехостам дар бистари обсабзҳову сахраҳо ба хоби абад равам ва бо хашм ба дил мегуфтам, ки наход мани ба шаклу сурати худованд ҳалқшуда тӯъмаи зағану моҳихӯрак гардам. Ин дам гапи дигар: ман аз ҳар он чизе, ки ба василаи он бо зиндагӣ ҳамбастагӣ доштам, маҳрум гаштам, акнун марг ба ман табассум дорад, чунон ки доя ба тифл суруди алла мехонад; акнун ман ихтиёран мемирам, хаставу шалпар ба хоб меравам, чунон ки баъди хуруҷи яъсу ҷунун ба хоб мерафтам, даме ки дар ин зиндон то се ҳазор дафъа давр мегаштам – се ҳазор қадам, тақрибан даҳ лёст!

Даме ки ин андеша дар дили Дантес ҷо гирифт, вай ҳалимтару хушҳолтар шуд; бо бистари сахту нони сиёҳ ба осонӣ тоб меовардагӣ шуд; камтар ғизо мехӯрд, тамоман намехобид, ин зиндагиро, ки ҳар лаҳза метавонист аз баҳраш гузарад, чунон ки пӯшоки фарсударо бармеафкананд, мӯътадил меҳисобид.

Ду тарзи мурдан мавҷуд буд; якаш ниҳоят осон: дастрӯмолчаро ба панҷараи тиреза бастану худро даровехтан; дуюмаш аз он иборат, ки кас фақат вонамуд кунад, ки ғизо мехӯрад ва аз гуруснагӣ бимирад. Ба тарзи якум Дантес нафрат дошт; вай дар рӯҳияи адоват ба роҳзанони баҳрӣ тарбият ёфта буд, ки дар сутуни киштӣ ба дор мекашидандашон; бинобар ин ҳалқаи дор барояш қатли нангин буд ва ӯ рад кард онро. Вай ба василаи дуюм тасмим гирифт ва худи ҳамон рӯз ба амалӣ кардани он камар баст.

То даме, ки аз миёни ин ҳама машаққатҳо гузашт, тақрибан чор сол сипарӣ шуд. Дар поёни соли дуюм Дантес дар девор хат кашиданро бас кард ва боз, чун қабл аз омадани бозрас, ҳисоби рӯзҳоро гум кард.

Вай ба худ гуфт: «Ман мехоҳам бимирам», – ва худаш навъи маргро интихоб кард, он гоҳ вай ҳамаашро бо диққат бияндешид ва то ин ки аз нияти худаш барнагардад, қасам ёд кард, ки аз гуруснагӣ бимирад. «Вақте ки ба ман хӯроки наҳор ё шом меоваранд, – қарор дод ӯ, – ман ғизоро аз равзана берун меандозам; гумон мекунанд, ки ман ҳамаашро хӯрдаам».

Ҳамин тавр ҳам мекард. Рӯзе ду маротиба аз шабакаи панҷара, ки аз миёни он фақат як пора осмонро медид, вай ғизои овардаашонро берун меафканд, аввал шодон, баъд андешаманд, оқибат, бо таассуф; фақат ёди қасам дар роҳи мақсади мудҳиш ба вай қувват мебахшид. Айни ҳамин ғизоеро, ки пештар ба вай кароҳат талқин мекард, офати гушнагӣ дар назараш дилкашу лазиз тасвир мекард; баъзан вай як соати тамом табақчаро дар даст дошта меистод ва ба гӯшти гови гандида ё моҳии бадбӯ ва тиккаи нони сиёҳи пӯпанакзада бо чашмони ҳарис назар карда меистод. Ва вопасин талеаҳои зиндагӣ ба савқи табиӣ дар вуҷудаш муқобилат менамуданд ва бар қатъияти ӯ дастболо мешуданд. Он гоҳ зиндон ба назараш чандон пурвоҳима нанамуд, қисмати вай – на он қадар беилоҷ; вай ҳанӯз ҷавон аст, синнаш, эҳтимол, аз биступанҷ– бистушаш боло набошад, боз ягон панҷоҳ сол умр диданаш мумкин, пас ду баробар зиёдтар аз он, ки ба сар бурдаааст. Дар ин мӯҳлати беохир ҳар як рӯйдод метавонист дарҳои маҳбасро барканад, деворҳои қалъаи Ифро бишканад ва озодиашро баргардонад ба вай. Он гоҳ вай ғизоеро ба даҳон мебурд, ки ваи Тантал ба майли худ аз хӯрданаш худдорӣ мекард; вале ҳамон дам қасами хӯрдааш ба ёдаш расиду аз бими он, ки дар чашми худаш хор мешавад, тамоми мардонагиашро як ҷо монда, тоб овард. Бо матонат ва бераҳмона дар ниҳоди худаш вай шарораи зиндагиро хомӯш мекард ва рӯзе фаро расид, ки барои бархостану хӯроки шомро аз равзана берун андохтан мадораш нарасид.

Фардои он рӯз ҳеҷ чизро намедид, базӯр мешунавид. Зиндонбон гумон кард, ки вай сахт бемор аст; Эдмон ба марги анқариб умед баста буд.

Ҳамин тавр як рӯз гузашт. Эдмон ҳис мекард, ки вуҷудашро ким–чӣ хел карахтии ҳаяҷонбахш, воқиан, хеле гуворое, фаро гирифта истодааст. Тоб задани шикамаш қариб сипарӣ шуд; ташнагӣ дигар азобаш намедод; ҳар гоҳ чашмонашро фурӯ мебаст, дар пеши назараш силсилаи нуқтаҳои тобон давр мезад, мисли алови аҷинаҳо, ки шабҳо дар болои ботлоқ пайдо мешавад – ин шафақи ҳамон олами пурасроре буд, ки маргаш меноманд.

Нохост бегоҳ, соатҳои нӯҳ, дар он тарафи деворе, ки кати вай дар паҳлӯяш истода буд, садои бастае ба гӯшаш расид.

Ин қадар ҷонвари манфуре дар ин маҳбас гаштугузор доштанд, ки Эдмон батадриҷ одат карда буд ба ин чизҳои беҳуда эътибор надода хобидан гирад; вале ин дафъа, шояд аз он бошад, ки гуруснагӣ қувваи ҳиссиёташро афзуда буд, ё аз он, ки садо аз садоҳои одатӣ баландтар буд, ё, ниҳоят, аз он, ки дар вопасин лаҳзаҳои ҳаёт ҳама чиз аҳамияте пайдо мекунад, Эдмон сар бардошту гӯш фаро дошт.

Ин садо ба як маром харошидани санг буд, ки оё бо нохуни барзангие, ё бо дандони қавие, ё бо ягон олате ба ҷо оварда мешуд.

Андешае, ки ҳаргиз маҳбусонро тарк намекунад, – озодӣ! – дар як мижазадан майнаи ғуборолуди Дантесро бишкофт.

Ин садо дар ҳамон дақиқае ба гӯшаш расида буд, ки тамоми садоҳо барои вай абадан бояд хотима меёфтанд, ва ӯ ғайри ихтиёр аз дил гузаронд, ки оқибат, ба ранҷу азоби вай раҳми худо омадааст ва ин садоро фиристодааст, то ӯро дар лаби гӯре, ки як пояш истодааст, боздорад. Чӣ донад кас, шояд, ягон нафаре аз дӯстонаш, ягон нафаре аз он азизонаш, ки то аз ҳол рафтан ҳушу ёдаш пеши онҳо буд, ин дам дар ғами онанд, ки тафриқаи байнашонро камтар кунанд?

Ин маҳол аст, эҳтимол, ҳамту аз хаёлаш гузашта бошад, ва ин фақат хобест, ки дар сари остонаи марг ҷилва дорад.

Аммо Эдмон ба ҳар ҳол ҳамчунин гӯш меандохт. Харошидан ягон се соат давом кард. Баъд Эдмон шунид, ки ким–чие фурӯ шорид, баъди ҳамин якбора хомӯшӣ ба миён омад.

Баъди чанд соат садо баландтар ва аз наздиктар шунида шуд. Эдмон хаёлан дар ин кор иштирок дошт, ва акнун худашро танҳо ҳис намекард; ҳамин дам нохост зиндонбон даромад.

Аз он даме ки Дантес тасмим гирифт бимирад, як ҳафта гузашта буд, инак чор рӯз боз ҳеҷ чиз нахӯрдааст; дар ин муддат вай ягон бор бо зиндонбон ҳамгап нашудааст, вақте мепурсид, ки чӣ дард дорад, ҷавоб намедод ва ҳар гоҳ аз ҳад диққат карда ҷонибаш менигарист. Эдмон рӯяшро тарафи девор мегардонд. Лекин акнун масъала ранги дигар гирифт: зиндонбон метавонист садои бастаро бишнавад, гумони бад барад, охирин шарораи андак умедеро, ки фақат ёди он дар тани Дантеси ҳолати назъ ҷон дамида буд, фурӯ кушад.

Зиндонбон ношто оварда буд.

Дантес сари ҷогаҳ хесту овозашро баланд карда, ҳар чи ба даҳонаш меомад, гуфтан гирифт – аз хусуси ғизои нобоб, аз боби рутубат; ӯ ғур– ғур мекарду дашном медод, то барои гулӯ даронда арос задан баҳонае дошта бошад; ин ба зиндонбон, ки навакак барои бемор як табақча обгӯшту нони мулоим талабида буд, сахт алам мекард. Хушбахтона, вай гумон кард, ки Дантес ҳазён дорад, чун ҳарвақта ношторо рӯи мизи пояш лиқон гузошту аз дар баромад. Эдмон оҳи сабук кашиду бо вақти хуш ба гӯш кардан даромад.

Овоз ин қадар басароҳат буд, ки вай акнун зӯр назада мешунид онро. – Шубҳае нест, – гуфт ӯ ба дил, – модом ки ин садо рӯзона ҳам давом дорад, ин, муқаррар, ягон мисли ман маҳбуси сарсахт будагист, ки баҳри озодиаш ҷон меканад. Агар ман дар паҳлуяш мебудам, чӣ қадар ёриаш медодам!

Баъд гумони ногаҳонӣ ба мисоли абри сиёҳ пеши офтоби умедашро гирифт; ақли бадомӯз, ки ба мусибат хӯ гирифта буд, ба шодии инсонӣ танҳо ба душворӣ имон мебахшид. Дар дили вай қариб шубҳае намонд, ки ин тақ–тақи коргаронест, ки барои шикасту рехти ҳуҷраи ҳамҷавор қутвол фиристодагисташон.

Ба ин итминон ҳосил кардан душвор набуд, лекин чӣ кор кунад, ки бифаҳмад? Албатта осонтар аз ҳама гашта омадани зиндонбонро интизор шуда, ӯро аз садо хабардор кардану ба рӯяш нигаристан, ки ба чӣ ваҷоҳате гӯш медиҳад ба тақ–тақ; вале ин оё чунин маъное надорад, ки ба хотири қонеъ кардани кунҷковии яклаҳзагӣ кас имкони, шояд, раҳо ёфтанашро зери хатар мегузорад? Сари Эмон чарх зад; вай чунон бефараҳ шуда буд, ки фикрашро ба як нуқта муҷтамеъ сохта наметавонист. Эдмон барои сароҳат бахшидан ба фикраш фақат як васила дид: чашмаш ба ноштои ҳанӯз хунук нашудае афтод, ки зиндонбон рӯи миз гузошта буд, бархосту калавида–калавида, худро ба он ҷо расонд, тосчаро гирифт, ба лабаш бурду обгӯштро бо эҳсоси баённопазир ҳузур карда ошомид.

Вай тавонист ба ҳамин қадараш қаноат кунад; ӯ шунида буд, ки ҳар гоҳ маллоҳони киштишикастаи аз баҳр гирифта шуда ҳарисона худро ба таом мезаданд, аз ин кор мемурданд. Эдмон нонеро, ки ба даҳон бурданӣ буд, гашта рӯи миз гузошту боз дароз кашид. Вай акнун мурдан намехост.

Дере нагузашта вай ҳис кард, ки ақлаш ба ҷояш омада истодааст, тафаккури мубҳами бешууронааш аз нав дар соҳати он тахтаи шатранҷи мӯъҷизаосое ба тартиби лозим даромада истодааст, ки дар он як ҷои холӣ, шояд, афзалияти инсонро бар ҳайвон таъйин бикунад. Вай акнун метавонист фикр кунад ва фикри худашро бо мантиқ тақвият диҳад.

Ҳамин тавр вай ба худ гуфт:

– Ягон касро фош накарда фаҳмидан лозим. Агар ҳамоне, ки он ҷо ковиш дорад, ҳамту корагр бошад, деворро кӯфтани ман кифоят аст, ки ҳамонзамонӣ корро бас кунад ва ба андеша меравад, ки деворкӯб кисту чаро мекӯбад. Лекин азбаски кораш на фақат бо иҷозат, балки аз рӯи фармоиш аст, боз онро давом медиҳад. Вале, агар, баръакс, ин кори маҳбус бошад, деворкӯбии ман ӯро рам медиҳад; вай метарсад, ки дар сари кор даст мегирандаш, канданро бас мекунад, на барвақттар аз шаб ба кор машғул мешавад, даме ки, ба ақидаи вай, ҳама дар хобанд.

Эдмон ҳамонзамонӣ аз кат бархост. Акнун дар пойҳояш мадор пайдо шуда буд, чашмонаш сиёҳӣ намезаданд. Вай ба кунҷи хона рафту як санги аз рутубат фит шударо канду дар ҳамон ҷое, ки гурс–гурс басароҳаттар шунида мешуд, ба девор кӯфт.

Бо аввалин зарба гурс–гурс басанда шуд, гӯё ҷоду шуда бошад.

Эдмон ба тамоми аъзо гӯш гардид. Як соат гузашт, ду соат гузашт – садое нест. Эдмон дар он тарафи девор хомӯшии том ба миён овард.

Эдмон, ки ин умед ба вай болу пар бахшида буд, каме нон хӯрд, як ҷуръа об нӯшид ва ба туфайли тани сиҳати бенуқсонаш, ки табиат ба вай ато карда буд, қариб қувваташро барқарор кард.

Рӯз поён ёфт, хомӯшӣ ҳамчунин халалдор намешуд.

Шаб фаро расид, аммо тук–тук барқарор нагардид.

«Ин маҳбус будаасат», – аз дил гузаронд Эдмон бо шодии тасвирнопазир. Вай дигар беҳавсалагӣ ҳис намекард; зиндагӣ дар замираш аз нав бо қувваи наве ба ҷунбиш омада буд – зиндагии фаъоле буд ин.

Шаб бо оромии том поён ёфт.

Як шаби дароз Эдмон мижа таҳ накард.

Чашми рӯз кафид; зиндонбон субҳона овард. Дантес алакай бақияи наҳори дирӯзаро хӯрда тамом карда буд ва бо ҳирс ба сари таом нишаст. Ӯ бо диққат гӯш фаро медошт, ки тук–тук пайдо мешуда бошад ё не, дар сари андешаи он, ки мабодо, якбора гум нашавад, ба ҳаяҷон меомад, рӯ–рӯи зиндонаш масофаи даҳ–дувоздаҳ лёро тай мекард, соатҳои дароз аз панҷараи равзана дошта такон медод, кӯшиш дошт бо машқҳои кайҳо ба фаромӯшӣ додааш мустаҳкамию қуввати мушакҳояшро барқарор кунад, то ки дар набарди шадид бо қисмат комилан омода бишавад; паҳлавон ҳам ба майдон баромаданӣ шуда, ба танаш равған мемолад, дасту бозуяшро ҳаракат медиҳад. Баъзан вай таваққуф мекарду гӯш меандохт, оё тук–тук мебарояд ё не, аз эҳтиёткории зиндонӣ аламаш меомад, зиндоние, ки бехабар буд, ба кораш мисли худаш як зиндоние монеъ шудааст, ки ҳамчунин ташнаи озодист.

Се рӯз, ҳафтоду ду соати маргбор сипарӣ шуд, ки ҳар дақиқааш ба ҳисоб буд!

Ниҳоят, як бегоҳ, баъд аз рафтани зиндонбон, даме ки Дантес ягон дафъаи садум гӯш ба девор монд, ба гумонаш чунин омад, ки дар сари ба сангҳои сокит ҷафс кардааш хаёле ларзиш аксандоз шуда истодааст.

Дантес худашро дур кашид, то майнаи ба ларзиш омадааш таскин ёбад, чанд дафъа атрофи камерааш давр заду боз гӯшашро ба ҳамон ҷои аввала гузошт.

Ҷои шубҳа набуд: дар он тарафи девор чӣ гапе ҳаст; аз афташ зиндонӣ пай бурд, ки тарзи кори собиқаш хатарнок аст ва роҳи дигареро пеш гирифт; то ин ки оромона корашро давом дода тавонад, ӯ зоҳиран, исканаро ба фишанг бадал карда буд.

Эдмон аз кашфиёташ рӯҳбаланд шуда, каташро дур кашид, зеро, маҳз дар паси он, чунон ки ба назараш расида буд, кори озодӣ ба сомон мерасид, ва ба атроф чашм давондан гирифт, оё деворро бо чӣ чизе ковад, оҳаки намнокро фурӯ резонад ва сангро кашида гирад.

Лекин вай ҳеҷ чиз надошт, дар ихтиёраш на корд буд, на ягон олоти тезе; дар камерааш фақат симҳои панҷараи равзана буданд; аммо вай ба мустаҳкамии онҳо он қадар итминон ҳосил карда буд, ки ба кӯшиши лиққон кардани онҳо ҳоҷат ҳам набуд.

Тамоми чизу чораи хонаи ӯ аз кат, як курсӣ, як миз, як сатил ва як кӯза иборат буд.

Кат ҳалқаҳои оҳанӣ дошт, вале онҳо бо мурват тоб дода ба чӯб мустаҳкам карда шуда буданд. Барои кушодани мурватҳову гирифтани ҳалқаҳо мурваттоб лозим буд.

Мизу курсӣ ҳеҷ чиз надоштанд, сатил пештар даста дошт, вале онро ҳам кушода гирифтанд.

Ба Дантес фақат як роҳ монда буд; кӯзаро шикастану бо сафолакҳои қирраноки он кор кардан.

Ӯ кӯзаро рӯи фарш ҳаво дод: кӯза пора–пора шуд.

Дантес ду–се сафолпораи қиранокро ҷудо карда гирифту даруни бистар руст кард, боқимондаашро монд рӯи фарш истодан гирад. Кӯзаи шикаста – кори муқаррарӣ, шубҳае ба миён овардан наметавонад.

Эдмон метавонист шаби дароз кор кунад; лекин дар торикӣ кор нағз пеш намерафт; лозим меомад дастфиреч амал кунад ва дере нагузашта пай бурд, ки олати нокироии вай ба санги сахт расида кунд мешавад. Вай боз каташро тарафи девор тела дода, тасмим гирифт фаро расидани рӯзро нигарон шавад. Ҳамвора бо умед таҳаммул ҳам баргашт ба ӯ.

Шаби дароз кори зери заминиро, ки дар паси девор ба амал меомаду то худи саҳар қатъ намегашт, гӯш карда баромад.

Саҳар фаро расид; даме ки зиндонбон ҳозир шуд, Дантес ба вай гуфт, ки шабона об хӯрдан хост, кӯза аз дасташ афтоду шикаст. Зиндонбон ғур–ғуркунон, ҳатто сафолпораҳоро нағундошта, барои кӯзаи нав рафт.

Дере нагузашта гашта омаду насиҳат кард, ки эҳтиёткор бошад ва аз дар баромад.

Дантес бо хурсандии лобаён шарақи маҳкам шудани қуфлро шунид, пештар ҳар бори ба гӯшаш расидани ин садо дилаш таҳ мекашид. Ҳамин ки шарфаи пои зиндонбон хомӯш гардид, тарафи кат ҳаво хӯрда, онро як сӯ тела дод ва дар зери нури хираи офтоб, ки ба зиндони ӯ роҳ ёфта буд, дид, ки ним шаб баръабас заҳмат кашида будааст – вай ба санг мезадааст, ҳол он ки атрофи сангро кофтан даркор будааст.

Рутубат оҳакро мулоим кардааст.

Дили Дантес аз шодӣ тапидан гирифт, вақте дид ки андова мехестааст; дуруст аст, ки он чи канда мешуд, регрезае беш набуд, вале ҳамту бошад ҳам, дар як рубъи соат Дантес як кафи тамом канд. Марди риёзӣ метавонист ба ӯ бигӯяд, ки ба ин тарз ду сол кор карда, метавон, агар аз пеш шах набарояд, нақбе ду фути мурабаъу дарозиаш бист футро кофт.

Ва Дантес сахт афсӯс хӯрд, ки чаро соатҳои беохири гузаштаро, ки баръабас ба умеди бесамар, ибодат ва навмедӣ барбод рафта буд, ба ин кор сарф накард.

Дар шаш соле, ки дар ин зиндон ба сар бурд, чӣ коре, ҳатто ҳар қадар пурзаҳмат бошад ҳам, дар ин муддат ба сомон мерасид!

Андешаи ин чиз ғайрати ӯро дуболо кард.

Дар се рӯз, ниҳоят бо эҳтиёт кор карда вай тамоми андоваро кандаву сангро луч карда тавонист. Девор аз санги бинокорӣ бароварда шуда буд, ки дар миёнааш, ҳар ҷо – ҳар ҷо, барои мустаҳкам шудан, тобасанг гузоштаанд. Яке аз ҳамин гуна тобасангҳоро луч карда буд вай ва акнун онро ҷунбонак кардан мебоист.

Дантес кӯшиш куарда дид нохунҳояшро ба кор барад, вале маълум шуд, ки бефоида будааст.

Вақте ки вай сафолакҳоро ба тарқиши сангҳои девор дароварда чангаквор зӯр зад, сафолакпораҳо шикастан гирифтанд.

Як соати расо азоб кашида, Дантес навмед шуда аз баҳри кор баромад.

Наход ба вай аз ҳар гуна кӯшиш даст кашидану бекор нигарон шуда нишастан рост меомада бошад, то ки худи ҳамсояаш корро ба сомон расонад.

Нохост фикри наве ба майнааш зад; ӯ бархосту арақи ҷабинашро пок карда истода, табассум намуд.

Ҳар рӯз зиндонбон дар дегчаи мошини тунукагӣ ба вай шӯрбо меовард. Дар ҳамин дегча, зоҳиран, ба дигар маҳбус ҳам шӯрбо мебурданд: Дантес пайхас кард, ки дегча гоҳ пур меомаду гоҳ нима, вобаста ба он, ки зиндонбон аввал расамати киро медод – аз они Дантесро ё аз они ҳамсояашро.

Дегча дастаи оҳанине дошт; ба Дантес ана ҳамин дастаи оҳанӣ лозим буд, ва ӯ, бо шодию тараб, даҳ соли умрашро қурбон мекард ба он.

Зиндонбон, чун ҳарвақта, мӯҳтавиёти дегчаро ба табақчаи Дантес холӣ кард. Ин табақчаро, баъди бо чумчаи чӯб ошомидани шӯрбо, худи Дантес мешуст ҳар рӯз.

пешина
аз 99
навбатӣ