Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

3.3. Дарди сина (дард дар қафаси сина)

Дарди сина дар кори ҳаррўзаи табибон зиёд ба назар мерасад. Ин дард беморро метарсонад ва диққати табибонро низ ҷасб мекунад, зеро вай аксар вақт симптоми бемории хатарнок буда метавонад.

3.4. Ҳангоми пайдо шудани дард дар сина дар навбати аввал инфаркти миокард истисно карда мешавад.

3.5. Ҳолати таҳдидкунанда бо дарди сина – ин инфаркти миокард, тромбоэмбосияи шарёнии шуш, аневризми ҷудошавандаи абҳар (аората), пневмоторакси шадид аст.

3.6. Инфаркти миокардро аз стенокардия, аневризми ҷудошавандаи абҳар, перикардит, эзофагоспазм, рефлюкс эзофагит, синдлроми гипервентилятсионӣ дифференсатсия

(фарқ) бояд кард.

3.7. Дар ташхиси ИБС нақши ҷамъоварии анамнези хеле калон аст. Махсусан муқарра кардани бавуҷудоии симптомҳо муҳим аст: масалан, барои стенокардия он хос аст, ки хуруҷҳо ҳангоми ҳамаи як сатҳи сарборӣ пайдо мешаванд.

Ташхис

Ҳангоми дарди сина дар навбати аввал стенокардияро истисно мекунанд ва агар дард зиёда аз 15 дақиқа давом кунад, инфаркти миокардро низ истисно мекунанд.

Сабабҳои асоситари пайдо шудани дард дар сина – халалёбиҳои рўҳӣ (психикӣ) ва иллатнок шудани дастгоҳи ҳаракату такя аст. Ба инҳо синдроми Титсе, илтиҳоби тағоякҳои қабурғаҳо, садама дидани мушакҳо, остеахандроз ва остеоартрози қисмҳои поёнтарин ва болои синаи сутунмўҳра дохил мешаванд. Бемориҳои мушакҳо, устухонҳо ва буғумҳо аксар вақт номаълум ё ношинохта боқи мемонанд (ташхиси барғалати фибромиалгия ё неврологияи байниқабурғавӣ гузошта мешавад).

Ҳангоми дарди сина бар иловаи истисно кардани инфаркти миокард, ҳамчунин аневризми ҷудошавандаи абҳар, тромбоэмболияи шарёни шуш, сироятҳо ва номияҳои (омосҳои) бадсифатро низ истисно мекунанд. Аневризми ҷудошавандаи абҳар, тромбоэмболияи шарёни шуш маъмулан ҳангоми бемориҳои системаи дилу рагҳо дида мешаванд.

Дар мардҳои лоғарандом пайдо шудани пневмоторакси худзо имконпазир аст.

Дард ҳангоми саратони шуш вақте пайдо мешавад, ки агар омос дар асабҳо ва баъзан ҳароммағз бисабзад. Дарди синаро ҳангоми пневмания, плеврит, перикардит ва медиастинит низ мушоҳида намудан мумкин аст.

Ғалатҳо ҳангоми ташхис

Мутаассифона, то ҳол ҳангоми ташхис кардани стенокардия ва инфаркти миокард ба ғалатҳо роҳ дода мешавад. Як қисми ғалатҳо ба ташхиси бемориҳои сутунмўҳра, махсусан ҳангоми дар қисмҳои пеши қафаси сина ҷойгиршавии дард, табхоли (герпеси) гирдогирд то пайдо шудани доначаҳо, эзофагоспазм, рефлюксоэзофагит, холесистит, сулфа аз шикастани қабурғаҳо (дар ин маврид дарди синаро асосан ба бемории асосии шуш ва плевра вобаста медонанд) иртибот доранд. Танҳо дар асоси аломатҳои клиникӣ фарқ кардани стенокардия ва бемории сурхрўда номумкин аст. Дар занҳое, ки тахикардия доранду натобанд, ҳангоми зуд-зуд дар сина пайдо шудани дард пролапси клапани митлариро истисно мекунанд. Дарди пролапс кўтоҳмуддат ва халанда аст, дар фосилаи байниқабурғавии чорум ва панҷум дар равиши хати чапи мобайни охўрак ба амал меояд ва ба сарбории ҷисмонӣ вобастагӣ надорад.

Механизми пайдошавии дард номаълум аст.

Сабабҳои асосии ғалаткуниҳо

Надонистани эпидемиологияи ИБС

Ташхис карда натавонистани остеахандроз ва астеоартрози сутунмўҳра, махсусан қисми поёнии он.

Гиперташхиси неврозҳо, ҳангоми бо таҳлука, тарсу ваҳм ва дарди шадиди қитъаи сина ҳамроҳ будан.

Бовари доштан ба он, ки ҳар кадом дарди сина, ки бо сатҳи дарунии дасти чап паҳн мешавад, стенокардия аст.

Надонистани он, ки тромбоэмболияи шарёни шуш ва инфаркти миокард дар 20%-и ҳолатҳо, махсусан дар пиронсолон, бе симптом мегузарад.

Дарди сина аксар вақт ҳангоми астеоартрози ва баъзан ҳангоми остеохандроз ба назар мерасад. дарди решачаҳо камтар дида мешавад.

Дарди пушт дар натиҷаи шикоятҳои патологии сутунмўҳра (аз сабаби астеопороз ё метастазҳо) пайдо мешавад.

Дарди психогенӣ асосан халанда ва давомнок аст (то якчанд шабонарўз), мавқеи муайян надорад, метавонад, ки бошиддат бошад.

Маъмулан якҷоя бо дилзанӣ, нафастангӣ, сустӣ, тремор, изтироб ва таҳлука ба амал меояд. Дард ҳангоми сарбории эмотсионалӣ, таҳлука ва депрессия пайдо мешавад.

Ташхиси тафриқӣ ҳангоми дардҳои сина

Дар навбати аввал инфарти миокард истисно карда мешавад.

Сабабҳои асоситарин

Бемории мушакҳо, буғумҳо, қабурғаҳо,

Дарди психогенӣ

Стенокардия

Бемориҳои нисбатан хатарнок

Бемориҳои дилу рагҳо

Инфаркти миокард Аневризмат ҷудошавандаи абҳар (аорта)

Тромбоэмболияи шарёни шуш

Омосҳои бадсифат

Саратони шуш

Омосҳои ҳароммағз

Сироятҳо

Плеврит

Пневмания

Медиастинит

Перикардит

Пневмоторакс

Сарчашмаҳои ташхиси барғалат

Пролапси клапани митралӣ

Эзофагоспазм

Рефлюкс – эзофагит

Табхоли (герпеси) гирдогирд

Сулфаи қабурғаҳои шикастагӣ

Остеохандроз ва остеоартрози сутунмўҳра

Сабабҳои нодир

Миалгияи эпидемӣ (плевродиния)

Истеъмол кардани кокани

Сабабҳои асосии дард дар сина

Ҳолати таҳдидкунанда Ҳолати таҳдиднакунанда

Бемориҳои узвҳои миёндефор

Медиастинит

осеби сурхрўда

Бемориҳои рагҳо

аневризмаи ҷудошавандаи абҳар (аорта)

тромбоэмболияи шарёни шуш

Халалёбиҳои таҳлукадор, аз ҷумла синдроми гипервентелятсионӣ

Бемории қисмҳои гардани ё синагии сутунмўҳра Бемориҳои дил

инфаркти миокард

стенокардия

перикардия

Бемории узвҳои нафаскашӣ

инфаркти шуш

пневматоракс

пневмания

Осеби қафаси сина

зарбхўрӣ

шикастани қабурғаҳо

илтиҳоби тағоякҳои қабурғаҳо,

синдроми титсе

Сироятҳо

табхоли (герпеси) гирдогирд

миалгияи эпидемӣ

Бемориҳои роҳҳои ҳозима

эзофагит

эзофагоспазм

решмараз «меъда ва рўдаи 12- ангушта»

аэрофагия

бемории талхадон

Таҳқиқотҳо

Анамнез

Мавқеи пайдоиш ва паҳншавӣ, хусусият шиддат, давомнокӣ, вақти пайдошавии дард ва симптомҳои ҳамроҳшударо муайян мекунанд.

Дақиқ мекунанд, ки чӣ дардро ба вуҷуд меорад ва чӣ боиси сабук шудани дард мешавад. Аз бемор дар хусуси бемориҳои аз сар гузаронидааш, бемориҳое, ки айни замон дорад мепурсанд, махсусан муайян кардан муҳим аст, ки оё оё диабети қанд, синдроми Марфан, бодхўрдаи сурхи системавӣ дорад ё не. Дар ҳолати шадид будани дард анамнезро аз суханони хешовандон бояд ҷамъоварӣ кард.

пешина
аз 37
навбатӣ