Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Симптомҳои ҳамроҳшуда

Бехўшшавӣ – истисно кардани инфаркти миокард, тромбоэмюолияи шарёни шуш ва аневризмаи ҷудошаванда абҳар Шиддат гирифтани дард аснои нафасгирӣ – истисно кардани плеврит, перикардит, пневмоторакс, бемориҳои мушакҳо, устухонҳо ва буғумҳои қафаси сина. Дарди пушт – истисно кардани бемориҳои сутунмўҳра, инфаркти миокард, стенокардия, аневризмаи ҷудошавандаи абҳар, перикардит, решмарази меъда ва рўдаи 12-ангушта, эзофагоспазм, холесистит.

Таҳқиқотҳои физикалӣ

Аломатҳои зоҳирии атеросклерозро муайян мекунанд: камони пиронаи қарния сахтшавӣ ва ғафсшавии шарён.

Маълум мекунанд, ки оё ягон бусуроти (доначаҳои) ба табхоли (герпеси) гирдогирд ягон чиз хос нест.

Набзи шарёнҳои соиду оринҷро месанҷанд.

Фишори хун ва ҳароратро чен мекунанд.

Қафаси сина ва шохаҳои нўгтз мўҳраҳоро мепалмосанд.

Дарднокии маҳдудшуда, шикастагиҳо, симптомҳои дардҳои сутунмўҳраро муайян мекунанд. Қафаси синаро гўш мекунанд (то ин ки пневмотораксро истисно кунанд).

Пойҳоро муоина мекунанд. Тромбозҳои варидҳои амиқро истисно кардан лози меояд.

Аускултатсияи дил ва шушҳо гузаронида мешавад:

- набудани нафас ва ларзиши садо – пневмоторакс,

- шавшуви соҳиши плевра (перикард)- плеврит (перикардит),

- хир-хирҳои намнок дар қисмҳои поёнии шушҳо норасоии дил

- шавшуви систоликӣ дар қулла – пролапси клапани митралӣ

- шавшуви диастоликӣ дар болои абҳар – ҷудошавии абҳари болоистода

Шикамро палпатсия мекунанд. Дарди ноҳияи сари дил

(эпигастрия) ҳангоми бемориҳои талхадон, меъда, рўдаи 12- ангушта дида мешавад.

Ҳангоми инфаркти миокард ва аневризмаи ҷудошавандаи абҳар аксар вақт шок пайдо мешавад. Беморон рангпаридаанд, қабатҳои пўст сард, намнок ва часпаканд. Ҳангоми инфаркти миокардниз кунд будани лаҳни дил, ритми галоп (ё садои чорхез) ва шавшуви системикӣ шунида мешавад, ҳангоми ҷудошавии абҳар набудани набз дар шарёнҳои рон, шавшуви диастоликӣ дар болои абҳар ба назар мерасад.

Таҳқиқтоҳои физикалӣ

Гипотонияи шарёнӣ

Пўсти рангпарида, хунук ва намнок

Дард ҳангоми сарро давр занондан, ҳаракатнокии маҳдуд – дарди дафъшаванда. бемориҳои қисмҳои гарданӣ ва синагии сутунмўҳра.

Шавшуви диастоликӣ дар болои абҳар ҷудошавии қисми болоистодаи абҳар

Лаҳнҳои кунди дил, садои чорхез (ритми галоп) инфаркти миокард

Брадикардия

инфаркти миокард

Шавшуви соиши перикард

перикардит

Дард ҳангоми палпатсияи қафаси сина

синдроми Титс илтиҳоби тағоякҳои қабурғаҳо

табхоли (герпеси) гирдогирд

Шавшуви соиши плевра

плеврит

инфаркти шуш

Дард ҳангоми палпатсияи шикам

решмаразии меъда ва рўдаи 12-ангушта

Набудани набз дар шарёнҳои рон

аневризмаи ҷудошудаи абҳар

Тромбози варидҳои амиқ

тромбоэмбалияи шарёнҳои шуш

Таҳқиқотҳои лабораторӣ ва инструменталӣ

Дар аксари мавридҳо барои гузоштани ташхис ЭКГ дар ҳолати оромӣ, рентгенографияи қафаси сина ва муайян кардани фаъолнокии ферментҳои хун кофӣ мебошанд. Дигар намудҳои таҳқиқот низ вуҷуд доранд, вале мураккаб мебошанд ва асосан дар статсионарҳои махсус анҷом дода мешаванд ЭКГ дар ҳолати оромӣ

ЭКГ ҳангоми ташхис кардани ишемияи шадид ва инфаркти миокард нисбат маълумоти бештар медиҳад. Дар ёд доред, ки дар дақиқаҳои авали сар шудани хуруҷҳои дард ҳангоми инфаркти миокард дар ЭКГ мумкин аст, ки тағйиротҳо ба назар нарасанд.

ЭКГ барои ташхиси тафриқии инфаркти миокард ва тромбоэмболияи шарёнҳои шуш ва перикардит мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳангоми тромбоэмболияи массивӣ шарёни шуш меҳвари электрики дил ба тарафи рост майл мекунад. Ҳангоми перикардитамплитудаи дандонҳо кам мешавад ва дар баъзе ё тамоми дуркуниҳобаландшавии сегменти ST ба назар мерасад.

ЭКГ-и сарборидор – намуна

Сарбории ҷисмонӣ (тредмил, велоэргометрия) арзиши ташхискунии ЭКГ-ро ҳангоми ИБС хелел баланд мебардорад, вале ҳангоми инфаркти миокард қатъиян мумкин нест.

Стсинтиграфияи миокарда ҳангоми сарбории С 201 Е

Имконият медиҳад, ки перфузияи миокард таҳқиқ карда шавад.

Арзиши ташхисии инсулт назар ба усулҳои зикршуда пасттараст.

Усули рентгенологӣ

Рентгенографияи қафаси сина

Рентгенографияи қисмҳои гарданӣ ва синагии сутунмўҳра.

Мониторинги холтеровии ЭКГ

Мониторинги Холтеровский (шабонарўзии) ЭКГ махсусан ҳангоми ишемияи бедарди миокард, стенокардияи вазоспазматикӣ ва аритмияҳо маълумоти зиёд дода метавонад.

Муоинаи умумии биохимиявии хун

Ҳангоми инфаркти миокард аз кордиомиоситҳо ба хун ферментҳои дохилиҳуҷайравӣ дохил мешаванд. Аҳамияти ташхисро муоинаи фаъолнокӣ доро мебошад:

КФК, аз ҷумла франсияи МВ-и он

АсАТ

ЛДГ

Эхокардиография

Ҳангоми гузаронидани эхокардиография халалдор шудани ёзандаагии қитъаи ишемишуда муайян карда мешавад. Ин усул ҳатто дар марҳилаҳои барвақти инфаркти миокард, вақте, ки тағйиротҳои ЭКГ ва баланд шудани фаъолнокии ферментҳо ҳоло нестанд, низ маълумоти зиёд дода мешаванд.

пешина
аз 37
навбатӣ