Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Масалан, ҳангоми дар ҳолати оромӣ ногаҳон пайдо шудани нафастангӣ нишонаи тромбоэмболияи шарёни шуш ё пневмоторакс аст:нафастангии вазнин, ки дар 1-2 соат пайдо мешавад ба норасоии дил ва астмаи бронхиалӣ хос мебошад. Ташхиси тафриқии астмаи бронхиалӣ ва норасоии дил асосан душвор нест, барои астмаи бронхиалӣ хуруҷҳои нафастангӣ, ки қаблан бо сулфа ҳамро ба амал меомаданд, хос буда, барои норасоии дил бошад, ҳангоми аускултатсияи дил вуҷуд доштани шавшув хос мебошад.

Нафастангӣ ҳангоми астмаи бронхиалӣ метавонад, ки дар ҳолати оромӣ, дар бемориҳои музмини инсидодии шушҳо бошад, ҳангоми сарбории ҷисмонӣ бештар ба вуҷуд биёяд.

Шикоятҳо аз буғшавӣ (хафашавӣ) аломати нафастангии функсионалӣ мебошанд.

Таҳқиқотҳои физикалӣ

Ҳангоми аз нафастангӣ шикоят кардани бемор гузаронидани таҳқиқоти муфассали физикалӣ ҳатмист: муоина, палмосида, аускултатсия маъмулан барои вуҷуд доштан ва дараҷаи возеҳи осеби шуш кофи мебошанд.

Дар вақти муоина бемор бояд то миён урён карда шавад. Ба вазъи шуур, мавҷуд будани сианоз, деформатсияи ангуштон ба монанди чўбчаҳои нақора, нафастангӣ аснои оромӣ, дар нафаскашӣ иштирок доштани мушакҳои ёрирасони нафасгирӣ, фурурафтагӣ ё варам кардани фосилаҳои байниқабурғавӣ, деформатсияи қабурғаҳо ва туш диққат дода мешавад. Ҳангоми гипоксия тремори миқёсаш бузург ба назар хоҳад расид.

Тавассути аускултатсия (гўшкунӣ) маълумоти бештар ба даст овардан мумкин аст, вақте ки бо даҳони боз чуқур нафас мегирад, дар ин ҳангом шавшувҳои иловагӣ ё манфӣ хубтар шунида мешаванд. Хир- хирҳои хушк, маъмулан ҳангоми нафасбарорӣ хубтар шунида мешаванд.

Хир-хирҳои намнокро дар охири нафасгирӣ беҳтар шунида мешавад ва ва шавшуверо ба хотир меорад, ки ҳангоми мўйро дар гўш соиш додан шунида мешавад. Дар вақти пневмаанияи ҳиссачавӣ ва пневмосклерози диффузӣ маъмулан хир-хирҳои сулфидан нест намешаванд. Хир-хирҳои ҳубочаҳояшон миёнаро аксар вақт ҳангоми норасоии дил, хир-хирҳои ҳубочаҳояшон калонро ҳангоми дар бронхҳои калон ҷамъ шудани балғам мушоҳида кардан мумкин аст.

Таҳқиқотҳои лабораторӣ ва инструменталӣ

Ҳангоми аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ гумонбар шудан дар навбати аввал рентгенографияи қафаси сина ва таҳқиқоти нафаси беруна гузаронида мешавад.

Таҳқиқоти функсияи нафаси берунӣ:

Пневмотахометрия. Барои ошкор кардани инсидоди (маҳкамшавии) роҳҳои нафас дар вақти астмаи бронхиалӣ ва бронхити музмин пеневамаметрия (таҳқиқи суръати баландтарини селаи ҳаво ҳангоми нафасбарорӣ) қулай мебошад. Дар ҳар як ҳолат на камтар аз се андозагирӣ гузаронида мешавад; натиҷаи беҳтарини ҳосилшударо ҳақиқӣ меҳисобанд. Суръати селаи ҳаво аз ҷинс, синну сол, қаду баст ва меъёрҳои дар ҷадвалҳои махсус овардашуда вобаста аст.

Спирометрия. Нишондиҳандаҳои муҳимтьарини вентилятсияи шушҳо – ғунҷоиши бештарини ҳаётии шушҳо ва нафасбарории босуръати ҳаво дар сонияҳои аввал мебошанд. Ин нишондиҳанда аз ҷинс, синну сол ва инкишоф вобастаги дорад. Дар ҳолати меъёрӣ дар одами болиғ ҳаҷми нафасбарории босуръат дар сонияи аввал зиёда аз 70%-и ҳаҷми бештаринӣ ҳаётии шушро ташкил медиҳад. Паст шудани ин нишондод аз халалдор шудани гузаронандагии бронхиалӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ҳангоми сприромертрия низ ҳҷми нафас ва ҳаҷми ҳаётии шушро муайян мекунанд.

Таҳқиқи қобилияти дифузионии шушҳо. Ин таҳқиқот бо ёрии газоанализаторҳо гузаронида мешавад. Қобилияти диффузионии шушҳо аз рўи СО арзёбӣ карда мешавад. Вай аз захомат ва ёғафсии ғишои (пардаи) алвеолярӣ-капиллярӣ92 вобаста аст ва ҳангоми эмфиземаи возеҳ ва пневма склероз, анемия ва норасоии дил паст мешавад.

Суръати афзудани нафастангӣ ҳангоми бемориҳои гуногун

Дар давоми якчанд дақиқа ҷисми бегона дар роҳҳои нафас пневматоракси худзод тромбоэмболияи шарёни шуш

Дар давоми якчанд соат астмаи бронхиалӣ кетоатсидози диабетӣ алвеолити экзогении аллергӣ бемории кўҳӣ норасоии шадиди дил (варами шушҳо) тампонади дил заҳролудшавӣ

Дар давоми якчанд шабонарўз ва ҳафта норасоии музмини дил плеврити инсидодӣ (эксудатӣ) саратони шуш ё трахеа

Дар давоми якчанд моҳ ё сол бемориҳои инсидодии музмини шуш сил алвеолити фиброзӣ пневмокониоз камхунӣ тиреотоксикоз чарбсорӣ Меъёр Астмаи бронхиалӣ (хуруҷ)

Эмфиземаи шушҳо

Сахт шудани бофтаҳои шуш (пневмонияи ҳиссачавӣ)

Ателектази ҳамаи шуш

Ателектази қитъаи шуш

Тарашшўҳоти Натиҷаҳои таҳқиқотҳои физикалӣ ҳангоми бемориҳои узвҳои нафаскашӣ

Трахея Ҳаракатнокии қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ

Садои перкуторӣ

Нафас дар шушҳо (аускултативӣ)

Ларзиши садо

Дар хати мобайнӣ

Баробар Возеҳи шушӣ

Везикулярӣ Якхела дар болои қисмҳои симметрӣ ва қафаси сина

Дар хати мобайнӣ

Симметрӣ паст аст

Қуттичавӣ Сахт Мўътадил ё суст

Дар хати мобайнӣ

Симметрӣ паст аст

Қуттичавӣ Сусти везикулярӣ

Суст Дар хати мобайнӣ

Дар тарафи иллатнок паст аст

Кунд аст Бронхиалӣ Дар болои қитъаи иллатнок сахт аст

Ба тарафи шуши иллатнок меравад

Дар тарафи иллатнок паст аст

Кунд аст Бронхиалӣ Дар болои қитъаи иллатнок сахт аст

Дар хати мобайнӣ

Мумкин аст, ки паст бошад

Дар болои қитъаи часпидагӣ кунд аст

Бронхиалӣ Бошиддат Ба тарафи Дар тарафи Кунд аст Нест ё суст аст Нест ё суст Шавшувҳои иловагии нафасгирӣ

Нест

Хир-хири паҳншудаи ҳуштакӣ

Нест

Хир-хирҳои хурдҳубобчадор

Хир-хирҳои калонҳубобчадор

Нест

Нест плевра (зиёда аз 50 мл) шуши солим меравад иллатнок паст аст

Пневмоторакси массив

Ҳангоми пневмоторакси бошиддат ба тарафи шуши солим меравад

Дар тарафи пневмоторакс паст аст

Қуттичагӣ Нест Пневмосклерози паҳнёфта

Дар хати мобайнӣ

Ба таври симметрӣ паст аст

Меъёр Сахт (дурушт) Бронхоэктаз Дар хати мобайнӣ

Шояд пастбошад

Возеҳи шушӣ, қуттичагӣ ё кунд

Бронхиалӣ аст

Нест Шояд пуршиддат бошад

Меъёр ё пуршиддат

Нест

Хир-хирҳои хурдҳубобчадор

Хир-хирҳои гуногунҳаҷми намнок Намунаи гистаминӣ

Бо ёрии намунаи гистаминӣ баланд шудани ҳассосияти бронхҳо нисбатан ба аллергенҳо муайян карад мешавад, ки аломати муҳимтарини астмаи бронхиалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми халалёбиҳои функсияҳои шуш ин намуна зиддинишондод (нораво) аст. Намуна бехатар нест, аз ин рў, онро танҳо дар вақти ҳузур доштани табиб иҷро мекунанд.

Таҳқиқотҳои дигар

Ба таври интихобӣ гузаронида мешаванд:

Муоинаи умумии хун (сатҳи гемоглобин, гемоткрит, миқдори эритроситҳо, лейкоситҳо, формулаи лейкоситарӣ).

Таҳқиқоти СОЭ

Таҳқиқоти гази хуни шарёнӣ

Пулоксиметрия (барои муайян кардани аз гемоглобин бой бой будани оксиген дар хуни шарёнӣ).

Таҳқиқи системаи дилу рагҳо:

- ЭКГ ва ё ЭКГ –и сарборидор – намуна

- эхокардиография (ҳангоми эмфиземаи возеҳ душвор аст).

- вентрикулографияи изотонӣ,

- муайян кардани фаъолнокии АсАТ, АлАТ, КФК, ЛДГ

Томография компютерии қафаси сина

МРТ қафаси сина

Стсинтиграфияи вентилятсионӣ – перфузионии шуш (ҳангоми гумонбар шудан аз трамбоэмболияи шарёни шуш).

Фибробронхоскопия

Тазриқи (пунксияи) плевра ва биопсияи плевра

Ловапси (шўстани) бронхоалвеолярӣ

Биопсияи кушодаи шуш

пешина
аз 37
навбатӣ