Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аспашро ба ихтиёри ду зани солманд гузошта, худ дар байни асирон пиёда мерафт. Ангор пас аз гузарондани даъвати бақояш оқсақол аз дунё дасту дил шуста бошад.

Корвон аз канори деҳаи калоне гузашта, ба саройи камодаме расид. Он аз Файзобод ду фарсанг дурӣ дошта, ҳама «Шуғнисарой»-аш мегуфтанд. Дар ин ҷо мусофироне манзил мегирифтанд, ки ё барои даромадан ба шаҳр шитоб надоштанд ё аз шаҳр дер мебаромаданд. Оқсақол амр кард, ки шабро дар Шуғнисарой гузаронанд.

Гашти рӯз буду ҳаво гарм. Абрҳои сафеди захим халтаҳои бузурги овезони чаккаро ба ёд меоварданд. Аз чор тараф бӯйи гиёҳҳои гуногун ба машом мезад. Шамолаки сабуксайр ҳам гоҳ-ногоҳ пар кашида, ба сару рӯйи одамон дамаки сарде пошида, табъашонро чоқ мекард. Дар сарой ба ғайр аз корвониёни шуғнӣ дигар мусофире набуд. Соҳибони сарой – марди газгӯшти миёнсоли бедандон бо ду писари худ меҳмононро пешвоз гирифтанд. Меҳмонон барои шабгузаронӣ на дохили бино, балки сабзазори зери дарахтонро интихоб намуданд. Пас аз он ки ҳама ҷо гирифтанд ва такудав ба охир расид, оқсақол

Исҳоқ ба ҳамсафаронаш рӯ овард:

– Бародарону хоҳарон! Акнун ки қариб ба Файзобод расидем, муддаои дили худро мекушоям. Маро шоҳ Муҳаббатхон маҷбур кард, ки шуморо ба асорат барам. Аввал хостам илоҷе ёфта, ин фурумоягиро ба гардан нагирам. Лекин агар ман рад мекардам, ӯ ба каси дигар вогузор менамуд. Он гоҳ кӣ медонад, бо шумо чиҳо мекарданд. Дар Шуғнон шуморо чӣ қисмате интизор буд, аз ман беҳтар медонед. Ин кофармоҷаро аз хун серӣ надорад. Ман чунин салоҳ донистам, ки шуморо ба баҳонаи фурӯхтан дар Файзобод аз марги яқин раҳо созам. Инак, шумо озодед, озод! Ба ҳар куҷо, ки поятон бикашад, биравед.

Оқсақол тоқиашро гирифту арақи сарашро бо кафи даст пок кард. Ҳозирон аз чунин пешомади ғайриинтизор моту мабҳут ба ӯ менигаристанд. Пас аз чанд лаҳзаи сукут навкари калонсол банохост бархост ва камонашро ба синаи Исҳоқ рост карда, бонг зад:

– Э ақсаққал, ту дивана шудӣ? Шаҳ саратра мебурад!

Қарлуқи ҷавон ҳам даст ба камон бурд. Исҳоқ оромона ҷавоб дод:

– Камонҳоятон тир надоранд, бачамардҳо! Ман шаб халтаҳои тиратонро гирифтам. Медонам, ки дар назди шоҳ бояд ҷавоб диҳед. Асиронро раҳо мекунему ман ҳамроҳи шумо ба

Шуғнон бармегардам. Барои Муҳаббатхон чи аҳамият дорад, ки мо асиронро фурӯхтем ё на. Ба шоҳ пул даркор. Ман пулашро медиҳам, вассалом!

– Агар шаҳ данад, ки ма асиранра азат кардим, мара сиясат микунад, – гуфт қарлуқи ҷавон.

– Шумо нагӯед, вай намедонад, – ҷавоб дод Исҳоқ.

– Ниятат озод кардани мо бошад, барои чӣ дар худи Шуғнон ё Шева накардӣ, оқсақол? Акнун куҷо биравем ва чӣ кунем? – эътирозомез гуфт марде.

– Фаромӯш накунед, ки шоҳ дар ҳама ҷо ҷосус дорад, – посух дод Исҳоқ, – навкар мефиристод ва ҳамаатонро мекушт. Ба Файзобод намефиристад.

Ҳозирон гапи оқсақолро мулоҳиза карда, маъқул донистанд. Навкарон ҳам аз сари даъво гузаштанд. Исҳоқ чун дид, ки ҷамоат аз рафтораш қаноатманд аст, давоми нақшаашро ба миён гузошт:

– Дониста бошед: аз рӯзе, ки дар Саройи санг шоҳ шуморо нарх гузошт, маро ҳам маъзул сохт. Гумон накунед, ки ман вазифадораму шумо мазлумонед. Ман ҳам ба мисли шумо шуғнии ҷафокашидаи бефарёдрасам. – Исҳоқ буғзи гулуяшро фуру бурд ва нутқашро давом дод: – На фақат ман, балки ягон вазифадори шуғнонӣ – на девонбегӣ, на оқсақол, на муҳассил, на афсар, на каси дигар хушбахт нест. Мо ҳама бадбахтем!

Сукути ҳузнангези гарон аз он шаҳодат медод, ки сухани Исҳоқ ба ҳамсафаронаш чи таъсири амиқе дорад. Онҳо акнун эҳсос карданд, ки гаронтарин бор дар корвон бар дӯши Исҳоқ аст. Оё аз беватан кардани пайвандон кори миёншикане дар олам вуҷуд дорад?!

Занон мегиристанд, мардон музтару ҳайрон дар интизори сарнавишти талхтаре дандон ба дандон ниҳода, чи карданашонро намедонистанд. Хомӯшии гаронро худи Исҳоқ шикаст: – Аммо дилро ба дасти шайтон супурдан фазилат нест.

Охирин коре, ки аз дасти ман мебарояд, ҳамин ҳоло бастани ақди никоҳи Сабзқадаму Сабзагул аст.

Ин хушхабар ҳамаро якбора ба ҷунбиш овард. Нидоҳои хушнудӣ баланд шуданд. Гиряи занон қатъ гардид.

– Савобтарин кор мекунӣ, оқсақол!

– Аҳсан ба ту барин инсон!

– На фақат никоҳ, балки хурсандӣ ҳам мекунем.

Исҳоқ аз саройдор хоҳиш кард, ки барои навхонадорон ба муддати як ҳафта ҳуҷра ҷудо созад. Ӯ аввал пули ҳуҷраро ба дасти саройдор дод, сипас падарвакилиро худ ба уҳда гирифту

Додмаҳмадро илтимос кард, ки хутбаи никоҳи ҷавононро бихонад. Корвониён барои гузарондани чунин хурсандии ногаҳонӣ ҳама бо рағбат ба такудав даромаданд. Бо раҳнамоии соҳибони сарой озуқа харида, дар се деги калон ба пухтани хӯрок оғоз карданд. Занон духтарро ба ҳуҷра дароварда, шустушӯ доданд. Ҳар кас чизе аз пӯшоку зевар дошт, ба арӯс тақдим намуд. Хӯрок пухту арӯс ҳам ба никоҳ омода гашт.

Мардон шаҳмардро бо доираву суруд сартарошон карданд ва ҷомаву салла пӯшонда, ба ҳуҷраи арӯс бурданд. Ангор ҳузневу андӯҳе вуҷуд надошт. Додмаҳмад хутбаи никоҳ хонд. Базму зиёфат то дергоҳи шаб давом ёфт. Баъдан, вақте ки ҳама хаста шуда, хурсанду масрур ҳар кас дар ҷойе хоб рафт, Исҳоқ низ бемадору шалпар рӯ ба осмони пурситора сар ба болин гузошт.

Садоҳои доду фарёд ва гирудор Исҳоқро бедор карданд. Ӯ чашм кушода, аз ҷо барҷаста буд, ки саворе ба сараш расид ва ба синааш лагаде кӯфт. Исҳоқ ду-се газ парида, пуштнокӣ ба дарахте, ки дар зераш хобида буд, бархӯрд ва афтид. Дақиқае ҳуш бохт, вале зуд ба худ омад ва нохудогоҳ ба таёқаш такя карда, бархост ва бонг зад:

– Роҳзанонро бизанед!

Аммо дер шуда буд. Чанд савори мусаллаҳ ҳамсафарони ӯро миёнагир карда, даст ба пушт мебастанд.

– Таёқат кор намеояд, мӯйсафед, – гуфт оне, ки ӯро аз пой дароварда буд. – Беҳтараш бигӯ, ки оқсақол Исҳоқ кист?

– Ман, – ҷавоб дод Исҳоқ синаи зарбхӯрдаашро молида, – маро лозим дошта бошед, бигиред, вале ба ин бечорагон ғараз накунед.

– Ҳамаатон лозимед, – гуфт он он мард ва амр дод: – Пеш дароед! Зуд бошед!

Навкарон дасти мардонро баста, ба занону кӯдакон фармуданд, ки чизу чораи аҳли корвонро ба аспҳо бор кунанд.

– Шумо кистед? Ман ба ҳокими мулк шикоят мебарам, – таҳдид кард Исҳоқ.

– Мӯсафед, агар вақти мурданат нарасида бошад, гапро дароз накуну пеш даро! – хитоб кард саркарда.

Ин ҳангом саройдор расид ва ба саворон салом доду гуфт:

– Афсар сойиб, ман муздамро нагирифтаам.

Саркарда дар нимторикии саҳар саройдорро синча карду гуфт:

– Дар дохил ҳам шуғниҳо ҳастанд?

Дами Исҳоқ дарун зад, дили бемораш ғалаён кард. «Худоё, Худовандо, навҷавононро дар паноҳат нигаҳ дор!» – дар дилаш илтиҷо кард Исҳоқ.

– На хайр, сойиб, каси дигаре нест, – ҷавоб дод саройдор.

– Рост мегӯяд? – ба Исҳоқ рӯ овард саркарда.

Исҳоқ филфавр тасдиқ кард:

– Бале, сойиб, рост мегӯяд. Пуламон фақат ба иҷораи ҳамин чаманзор расид.

– Эҳ шуғниҳои осмонҷул! – бо заҳрханд хитоб кард саркарда, – ба ғайр аз сурати хуб дигар чизе надоред. Бирав, пули саройро бидеҳ. Исҳоқ, ки чунин гузаштро аз саркарда интизор набуд, аввал нобоварона, сипас бо қатъият аз паси саройдор равон шуд.

– Зуд бош, мӯйсафед! – таъкид кард саркарда аз паси ӯ.

Баробари ба сарой даромадан Исҳоқ ба саройдор миннатдорӣ изҳор кард:

– Ҳазор раҳмати Худо бар гузаштагонат, эй мусулмони барҳақ! Бисёр мард будаӣ.

– Агар даруни саройро мекофтанд, тамом, – гуфт мард, – Ман нахостам навхонадоронро ба дасташон супорам. Барои ҳамин, вақте ки инҳо даст ба ғалаба заданд, ман домоду арӯсро ба каҳдон бурдам. Навкаронатон шаб дар ҳуҷраи ман буданд. Вақте бигирубизан сар шуд, дум хода карданд.

– Худо лаънаташон кунад, – бо нафрат гуфт Исҳоқ, – дуруст карданд, ки гурехтанд. Илтимос, сойиб …, исмат чист?

– Гулмурод, вале маро мардум ҳама Меҳмондор мегӯянд.

– Лақаби муносиб, – гуфт Исҳоқ. – Ман Исҳоқам, аз маркази Шуғнон. Агар тақдир раво дид, бармегардам ва он ду ҷавонро бо худ мебарам. Агар не, инҳоро ба зинҳори ту месупорам.

Акнун муздатро баршумор.

– Сойиб, – гуфт Гулмурод, – пуле, ки дирӯз ба ман додӣ, бас аст. Боз ин қадар озуқа аз сур боқӣ монд. Он ҳам ба ман мемонад, ҳам ба харҷи навхонадорон медиҳам. Ман ба баҳонаи пул гирифтан хостам туро огоҳ созам, ки ин саворон навкарони духтари шоҳи Бадахшонанд, на роҳзану дузд. Шумо бо инҳо тундиву ҷанг накунед, ки табоҳатон мекунанд.

Исҳоқро ин хабар тамоман ҳайрон кард. Духтари шоҳи Бадахшон ба онҳо чӣ кор дорад? Худо бигирад ин чархи ҳодисазоро! Ӯ бо Гулмуроди меҳрубон паноҳбахудо карду ба назди корвониён омад ва ба саркарда рӯ овард:

– Агар моро ғорат карданӣ бошед, бидонед, ки ба ҷуз либоси тан дигар чизе надорем.

Саркарда гуфт: – Савор шав, оқсақол! Агар мо ғорат мехостем, ҳоло дар танат либос намемонду дар ин дашт аз мо гарде. Рафтем ба хайр!

Исҳоқ ба асп нишаст ва асирони дубора асирафтода аз паси ӯ, ӯ аз паси навкарон ба роҳ уфтоданд.

Офтоб қади як найза баланд шуда буд, ки корвон ба шаҳри Файзобод даромад. Даҳ-понздаҳ дақиқа қад-қади рӯдхона роҳ гашта, ба чап тоб хӯрданд ва ба боғи калони шиғбандие расида, қарор гирифтанд. Навкарон зуд пиёда шуданд ва сардорашон ба хаймаи сияҳфоме, ки дар як гӯшаи серсояи боғ рост карда буданд, даромада, аз назар ғоиб гашт. Исҳоқ ҳам аз асп фаромаду дар қатори ҳамсафарони аз бозии нави сарнавишт лолу ҳайрон рост истод. Дилаш гувоҳӣ медод, ки имтиҳони навбатии сангине интизораш аст.

Муддате пас аввал саркардаи шинос, аз паси ӯ марди қоматбаланди хушлибоси шамшердор аз хайма баромада, ҷониби онҳо омаданд.

– Худоё, Юсуфалихон! – ба нимовоз нидо баровард Исҳоқ.

Ӯ ба чашмонаш бовар намекард, ки дар рӯ ба рӯяш шоҳи гурезаи Шуғнон – Юсуфалихони овозадор истодааст.

Юсуфалихон асиронро бо диққати тамом аз назар гузаронд ва дар охир нигоҳашро ба рӯйи Исҳоқ қарор дода, ба забони шуғнонӣ гуфт:

Исҳоқ сар дар пеш афканду посух надод. Юсуфалихон ба сардори навкарон рӯ оварда, гапашро давом дод:

– Падари ин танхоҳхори ман буд. Вай марди дурусте буд, вале вақте ба ин хабис вазифа додам, ғаллаи деҳқононро кам нишон дод. Ман аз муҳассилӣ маъзулаш кардам. Батхони лаъин ба ин кор дод. Ҳатто фурӯхтани асиронашро ба ин беобрӯ кадом шамолат паронда бошад?

Чанд кас овардӣ?

– Ҳамин қадар, – ҷавоб дод Исҳоқ.

– Ягон кас нагурехт?

– Ду навкар гурехтаанд.

Юсуфалихон ба ӯ наздиктар омад, ба чашмони хастааш хеле нигоҳ кард ва бо зарда гуфт:

– Бисёр мехоҳам дар пеши ҳамин шуғниҳои кафангадоят саратро бурида, танатро ба бузкашон бидиҳам. Лекин як андеша маро бозмедорад…

Юсуфалихон таваққуф кард, то таъсири суханашро ба

Исҳоқ бисанҷад. Исҳоқ ноҷунбону бефарқ ба ӯ менигаристу садое намебаровард.

– Не, баҳшорӣ, ту фикр накун, ки дар ягон гӯшаи синаам шарораи раҳм шуъла зада бошад. – Ба гапаш давом дод Юсуфалихон. – Ман туро барои он намекушам, ки ба ватанат баргардиву қудрати маро бибинӣ, ки аз дасти ман чиҳо меояд! Ва бовар кунӣ, ки на ту, на шоҳат, на мардумат ба нохуни поям намеарзед.

Исҳоқ боз чизе нагуфт.

– Чаро гап намезанӣ, бетармолӣ? – аз хомӯшии Исҳоқ ба танг омада, дӯғ зад Юсуфалихон.

Исҳоқ ба шоҳ бо нафрати шадид назаре карду оромона посух дод:

– Ман гап надорам.

Шоҳ лаб хоида, дақиқае фикр кард ва гуфт:

– Ин ҷулҳундиҳоятро соате пас мефурӯшам. Ту худи ҳозир баргарду бирав.

Асирон аз ғояти тарс ҳамагӣ ба даҳон об гирифта буданд.

Исҳоқ қафо гашта, бо нигоҳҳои пуралам бо ҳамдиёрони хору залили худ паноҳбархудо карду сар ҷунбонд ва бе он ки ба сӯяш нигарад, ба Юсуфалихон хитоб кард: – Аспамро, албатта, мегирӣ…

– Туро озод кунам, аспатро бидиҳам, ба ман чӣ мемонад?

Ҳар чи зудтар поятро бикан, ки аз фикрам нагардам.

Исҳоқ хурҷинашро аз қоши зин гирифту дигар ба қафо нигоҳ накарда, бо қадамҳои гарон ва сари хам боғро тарк намуд.

Овози гиряи занон ва наврасон аз байни тӯдаи асирон баланд шуд. Юсуфалихон ба афсар фармон дод:

– Ин ифлосонро обтанӣ бурда, ҷаллобони зобулиро даъват кун.

пешина
аз 44
навбатӣ