Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҷир ҳам бе лаъбу диранг асп ба майдони масоф ҷаҳонд, дар мобайни он истод ва фарёд кашид:

– Эй Ҷаҳонгири пири ношуд, мардӣ аз туву номардӣ аз ман! Ба майдон баро! Ҷаҳонгир Занҷири демурғониро чун ба он ҳайбату салобат дид, гуфт:

– Ин оқипадари кундабун ҳам зани шоҳро гирифту майдондор шуд. Соати маргаш расида бошад?

Касе ин гапро шунид, аз ханда худдорӣ карда натавонист.

Занҷир ҳамоно дод мезад:

– Эй Ҷаҳонгири беҷону бемадор, мабодо номардӣ карда, касеро фиристӣ. Ман ба ҷанги ту омадаам. Агар чизе аз мардӣ дар танат боқӣ монда бошад, баро!

Чанд нафар хостанд ба майдон бароянд, вале Ҷаҳонгир эътироз кард:

– Агар касе аз шумо ба майдон равад, ин фурумоя гумон мекунад, ки ман тарсидам. Аз ин тамоми лашкари шоҳ рӯҳбаланд мегардад.

Ҷаҳонгир пиёда бо шивезну шамшер ба майдон пой гузошт ва дар баробари Занҷир истод. Занҷир шамшер баркашиду ба сари ӯ асп монд. Ҷаҳонгир бо шивезнаш ба сари асп зарбае зад ва худро канор гирифт. Асп аз шуддати дард чанд бор дар гирди худ давр зад. Занҷир бо илоҷе ҷонварро ором карда, бонг зад:

– Ту ба ҷанги ман баромадаӣ, ё ба ҷанги асп?

– Нахостам, ки дар ҳуҷуми нахуст ҷонатро бигирам, ноҷинси хиёнаткор!

Занҷир ба паҳлуи асп маҳмез зад ва ба сари Ҷаҳонгир ронд.

Ҷаҳонгир шивезнашро бардошт ва ҳине асп ба ӯ баробар шуд, ба дасти шамшердори Занҷир зарбае зад. Вай, дард ёфта бошад ҳам, шамшерро нигоҳ дошта тавонист. Вақте асп даҳ-дувоздаҳ қадам онсӯтар истод, Ҷаҳонгир гуфт:

– Имкон медиҳам, ки ягон касро ба ёри даъват кунӣ. Дудаста ки коре аз ту набаромад, якдаста чӣ мекунӣ?

Аммо Занҷир шамшерашро бардошт ва боз ҳуҷум кард. Ин бор ҳар ду бо ҳам хеле чакочак карданд. Дерпоии Занҷир аз он буд, ки чун Ҷаҳонгир ба ӯ ҳуҷум меовард, савориашро чанд қадам дур меронд ва ҳамоно боз шамшер мекашид. Ниҳоят зарбаи шивезни Ҷаҳонгир ба рони Занҷир расиду ӯ аз шиддати дард фарёде баровард. Турсунбой инро ишора барои ҳуҷум дониста, ба сипоҳаш амри ҳамла дод. Даҳҳо навкар савору пиёда ба сари Ҷаҳонгир рехта, ӯро аз чор тараф задан гирифтанд.

Гулпочо аз ин сурати муҳориба аввал каме даступо хӯрд, вале чун дид, ки Мирзоазиз ҷониби бобояш давид, фармон дод:

– Ҳуҷум кунед!

Ҷанги мағлубаи шадид даргирифт. Аввал шӯришиён зӯр оварданд. Мирзоазиз худро ба бобояш, ки аз паҳлуи росташ шамшер хӯрда буд, расонд ва ҳар ду ҷангкунон аз ҳалқаи душман баромаданд. Азбаски хун бисёр рехт, мадори паҳлавони пир хушк шуд. Мирзоазиз ӯро савор карда, ба Мулло Хишол ва як нафари дигар гуфт, ки ба хона бурда, ҷароҳаташро банданд. Сипас ба майдони ҷанг асп ронд ва бо нидои «Қасос барои Ҷаҳонгир!» худро ба қалби сипоҳи шоҳ зад. Шӯришгарон аз ин рафтори Мирзоазиз рӯҳбаланд гашта, ба душман фишор оварданд. Ин асно аз Демурғон ҳам панҷоҳ нафар бо нидои «Нест бод Муҳаббатхон!» расида, ба ҷанг пайвастанд ва лашкари шоҳ маҷбур шуд, ки то дарвозаи Саройи санг ақиб нишинад. Вақте Муҳаббатхон дид, ки шӯришгарон ба дарвоза наздик омаданд, амр дод, то табли осоиш навозанд.

Худи ҳамон рӯз Қозӣ-девонбегӣ низ дар муқобили ҳамдеҳагонаш лашкар орост. Аммо офтоб ду найза баланд шуда бошад ҳам, аз муҳофизони Нимдеҳ дараке набуд.

«Ин ҷиянам ҳам аз аблаҳтарин касон баромад-ку, – бо асабоният аз дил гузаронд Қозӣ. – Наход корро шӯхӣ гумон карда, одамонашро ба майдон наандозад?»

Аз ин дертар истодан боиси пайдо гаштани шубҳаву гумони бад дар байни навкарон мегашт. Бинобар ин, Қозӣ амр дод, ки ду савор ба ҷониби деҳа рафта, вазъи шӯришгаронро муайян кунанд. Саворон хабар оварданд, ки шӯришгарон дар мавқеи дирӯзаашон истодаанд ва шояд лашкари шоҳро дар ҳамон ҷо мунтазиранд. Қозӣ аз фариғболии Хуршедшо ба хашм омад. Аммо боз андешид, ки шояд сабаби ҷиддие ӯро ба тағйир додани нақшааашон маҷбур кардааст.

Вай афсаронро ба маслиҳат даъват карда буд, ки аз ҷониби Баҳшор саворе расид.

– Сойиб, – арз кард савор, – Ҷаҳонгир ба қалъа ҳуҷум кард.

Шоҳ ба ту дастур дод, ки кори ин ҷоро зуд тамом карда, ба дарбор баргардӣ.

– Ба шоҳ бигӯ, ки амрашро иҷро мекунам, – посух дод Қозӣ.

Савор рафт. Қозӣ ба андеша афтод, ки чи кор кунад. Агар Ҷаҳонгир пирӯз гардад, ба ҷангбозии ӯ дар Сарчашма ҳоҷат намемонад. Лекин агар шикаст хӯрад, маҷбур аст, то расидани дастури Юсуфалихон бо ҷиянаш мушу гурбабозӣ кунад.

– Ҷони шоҳ дар хатар аст, – гуфт Қозӣ. – То пешин сабр мекунем, агар ёғиҳо қалъаро ба муҳосира гиранд, мо ба онҳо аз қафо зарба мезанем.

Девонбегӣ бисёр мехост донад, ки барои чӣ бародарзодааш ба ҷанги ӯ наомад. Аз ин сабаб, ба сипоҳ дастури омодабош доду худ бо ду навкар роҳи Нимдеҳро пеш гирифт. Ба талоя расиду талаб кард, ки Хуршедшоро ба гуфтушунид даъват намоянд.

Чанд дақиқа пас Хуршедшои мусаллаҳ бо камон ва шофи худсохти ба қоши зин овезон дар рӯбарӯи амакаш қарор гирифт.

– Ту барои чӣ аҳдро вайрон карда наомадӣ? – бе салому муқаддима пурсид Қозӣ.

– Ту гумон дорӣ, ки ман ба гапат бовар кардам? Ҷанг мехоҳӣ, ҳуҷум кун, – посух дод ӯ.

– Гӯш деҳ, маҳмаддонои мағрур! Ту бо чунин рафторат ҷони тамоми мардуми Сарчашмаро зери хатар мегузорӣ. Бо кадом ақл лашкари шоҳро ба даруни деҳа мекашӣ? Медонӣ, инҳо бо занону духтарони мо чӣ мекунанд?

– Ман ягон навкари кӯсаи тангчашматро ба деҳа роҳ намедиҳам, фаҳмидӣ, хоин!

– Чӣ гуфтӣ? – ба гӯшҳояш бовар накарда, пурсид Қозӣ.

– Хоин! Ватанфурӯш! Беномус! – дод зад Хуршедшо.

– Буздили худозада! – хитоб кард Қозӣ. – Ман дирӯз магар бо девор гап задам? Ту тарсида, аз деҳа берун наомадӣ.

Барои он ки тарсу буданат ошкор нашавад, акнун маро хоину беномус баровардӣ? Туӣ, ки ба мардумат хиёнат дорӣ, на ман!

Ақлатро ба сар бигиру фардо дастаатро ба ҷое биёр, ки маслиҳат кардем.

– Ту, дар ҳақиқат, гумон мекунӣ, ки ман тарсуям? Фардо мебинем! – бонг зад ҷавонмард ва сари аспашро гардонда, маҳмез зад.

Навкарон чизе нафаҳмида, бо изтироб баробар суол карданд:

– Ин мард чӣ мегӯяд?

– Мегӯяд, ки фардо ҳуҷум мекунанд.

Қозӣ ва ҳамроҳонаш ба урдугоҳ баргаштанд. Раҳораҳ фикр кард, ки агар дар ҷойи Хуршедшо мебуд, ӯ ҳам чунин рафтор мекард. Дар ҳар сурат, як рӯзи ҷангбозӣ ба охир мерасид ва Қозӣ нарехтани хунеро фоли нек гирифт.

Ӯ барои фаҳмидани вазъият навкареро ба Баҳрпанҷа фиристоду худ ба каппае, ки барояш дар лаби рӯд сохта буданд, ба истироҳат нишаст. Пас аз соате навкари фиристода баргашту хабар овард, ки муҳориба дар назди Саройи санг ба вуқӯъ пайваста, аз ду тараф чанд тан кушта ва чандин нафар, аз ҷумла паҳлавон Ҷаҳонгир, захмӣ шудаанд. Аз шунидани ин хабари нохуш девонбегӣ ба ташвиш афтод, зеро агар Ҷаҳонгир аз бозӣ баромада бошад, иҷрои нақшаи ӯ зери суол мемонад.

Дар ин сурат, барои нобуд кардани Муҳаббатхон тадбири нав бояд ҷуст. Ширинбек дери дер бояд ду рӯз пас пайғоми Юсуфалихонро ба ӯ расонад. Барои он ки дар дили Муҳаббатхон шубҳае пайдо нагардад, фардо коре бояд кунад, ки ба дили шоҳ роҳ ёбад. Девонбегӣ то расидани шом дар лаби рӯди Панҷ қадам зада, тарҳи амалиёти минбаъдаро дар зеҳнаш кашид.

Ранги рӯйи паҳлавон абри сафеди тобистонро мемонд.

Охирин рамақ ҷони хастаашро тарк мекард. Дурдонамо бо овози паст мегирист. Мирзоазиз дасти рости бобояшро гирифта, бо чашмони моломоли андӯҳу дард онро ба рухсорааш мемолиду мебӯсид. Мулло Хишол хуни ҷароҳати ӯро дам ба дам пок мекарду зери лаб дуо мехонд. Гирду атрофи хона аз одам пур буд. Шӯришгарон шаҳидонро ҳам аз майдони ҷанг рост ба боғи Ҷаҳонгир оварда буданд. Сардори тозаинтихоби лашкар Гулпочо ва халифаи Баҳшор чунин амр доданд.

Ҷаҳонгир бо азоби алим чашмонашро кушод ва пичиррос зад:

– Халифаву Гулпочоро ҷеғ занед.

Мирзоазиз онҳоро ба айвон даъват кард. Ҳар ду дар сари болини Ҷаҳонгир дузону нишастанд. Ҷаҳонгир ҳар як ҳарфро базӯр сари забон оварда, лаб ба васият кушод:

– Акнун номуси Шуғнон… дар дасти шумо. Қафо нагардед, ки алаф барин… медараванд. Якҷо шавед. Ба гапи Саид Фаррухшо кор кунед. Ӯ медонад… Азизмо, духтарам, ту ба Мулло Хишол шавҳар кун… Не нагӯ, ин ормони ман аст, духтарам…

Тамом… Мирзои ман, ту корамро давом деҳ…

Ҷаҳонгир ба рӯйи наберааш нигоҳи пурмуҳаббат афканду ҷони ширин бадани нозанинашро тарк намуд. Мирзоазиз сари боборо ба канор гирифта, зимоми гиряи талхро сар дод.

Модараш навҳаву фиғон бардошт. Ҷаҳонгири овозадор - Рустами Шуғнонзамин, пешкори ҷавонмардон, ҳимоягари камбағалон, марги муфоҷои душманон ва қуввати дилу чароғи маҳфили дӯстон шаҳди шаҳодат чашид.

Хабари марги ӯ чун бошаи тезпарвоз аз деҳ ба деҳ, аз даҳон ба даҳон гузашт ва ҳар касе, ки шунид, кору борашро партофта, ба ҷанозаи ӯ шитофт. Аз деҳаҳои дуру наздик, аз дараҳои Сучон, Ғунд, Дарморахт, Шохдара, Поршинев, ҳатто Ишкошиму Рӯшон хешовандону пайвандон, паҳлавонони номдору деҳқонони комёр, рӯҳониёну дарвешон роҳи деҳаи Баҳшор – пойтахти Шуғнонро пеш гирифтанд. Ҳама мехостанд қаҳрамони худро ба роҳи охирин гусел кунанд, ба ҳамин баҳона ашки аз бедоди золимон дар банди ҷигар ғуншударо аз дидаҳо равон созанд, ба ғаму андӯҳи саъби умумихалқӣ шарик шаванд.

То фаромадани торикӣ дар Баҳшор беш аз ду ҳазор одам ҷамъ омад. Онҳо дар таги дарахтон, харсангҳо, лаби дарё, дар хонаҳои хешовандон ҷой гирифтанд. Аз теъдоди бешумори одам хавф бурда, Муҳаббатхон амр дод, ки посбононро даҳчанд афзоянд. Вай ҳеҷ гумон надошт, ки хабари марги Ҷаҳонгир ҳангомаи дигаре барпо намуда, издиҳоми хатарнокро дар назди қалъа ҷамъ меорад.

Ҳар хонаводаи баҳшорӣ, чизе ки дошт, рӯйи дасторхон гузошт. Аммо аз шиддати андӯҳ чизе аз гулуи касе намегузашт.

Наъши Ҷаҳонгирро ҳам ба боғ бароварда, дар паҳлуи шаҳидони дигар, онҳое, ки имрӯз ҳамроҳи ӯ ҷангида, ҷони худро аз даст дода буданд, гузоштанд.

Шуғнон мотами сартосарӣ дошт. Пас аз намоз занон дар атрофи шаҳидон нишастанд. Онҳо бо навбат рубоӣ месуруданд ва якҷоя овоз андохта, навҳа мекашиданд. Дар ҳалқаҳои мардон ё шахси доное дар бораи азизону авлиёву анбиё қисса мекард ё сайидозае аз гӯру қиёмат мегуфт, ё овозхоне бо рубоб мадҳия месароид. Рӯз равшан шуда буд, ки аввал овозаи омадани Сайид Фаррухшо ба гӯши Мирзоазиз расид, сипас худи ӯ ҳамроҳи чанд нафар ба боғ даромад. Ба эҳтиромаш ҳама аз ҷо бархостанд. Пас аз вохӯрдӣ бо калонсолон Сайид Фаррухшо рост ба назди Мирзоазиз омад, сари ӯро ба синаи фарохаш пахш кард ва гуфт:

– Ризои Худованди таборак ва таоло чунин будааст, писарам. Ҷаҳонгир аз Мавлоно Алӣ буд, хушбахтии он ҳазрат насибаш гардид.

Мирзоазиз чунин чеҳраи гарми нуронӣ ва чашмони меҳрбору заковатмандро бори аввал медид. Дар ҳамин як лаҳзаи муошират бо Сайид Фаррухшо эҳсос кард, ки дилаш қувват гирифт, чашмонаш равшан гаштанд, марги бобои азизаш маънии тозаи дигаре пайдо кард. Ӯ ба умқи ин маънӣ нарасад ҳам, эҳсоси ифтихор аз шаҳодати бобояш дар кадом гӯшаи дилаш чароғак зад.

Сайид Фаррухшо ба сари мурдаи Ҷаҳонгир омад, рӯяшро кушод ва рухсораашро бӯсид. Сипас гуфт:

– Аллоҳи таоло туро бо марги биҳиштиён аз байни мо рабуд, Ҷаҳонгири шерафкани соҳибқирон!

Ва рӯйи шаҳидони дигарро ҳам кушода диду номи ҳар якеро пурсида, дар ҳаққашон сухане гуфта, нишаст ва дуое карду даст ба рӯй кашид. Ҳозирон омин гуфтанд. Бо илтимоси халифаҳо намози ҷанозаро Сайид Фаррухшо хонд. Пеш аз адои намоз вай ба ҷамоат чунин хитоб кард:

– Ҷаҳонгири паҳлавон нигаҳдорандаи суботу салоҳи мулки Шуғнон буд. Ӯ, писаронаш Маҳмаднасиму Маҳмадазим ва падараш Фаромурз сарлашкарони шоҳони мо буданд. Вақте ки ин бузургмардон теғ аз наём мекашиданд, мурғон дар ҳаво аз парвоз ва моҳиён дар об аз шино бозмемонданд. Аз дами шамшеру зарбаи шивезнашон мардони филзӯру гурдони шерафкан ҷони худоӣ металабиданд. Инҳо ҳар яке Амир Ҳамзаи соҳибқирон, Алии шери Худо, Соми Наримон, Рустами Дастон ва Исфандиёри рӯинтани даврони худ буданд. Ба зимомдорони замон на сухани Худованд, на насиҳати аҳли фазл таъсир надорад. Ин тоифаро танҳо дасту панҷаи хорошикан ва теғу найзаи ҷоншикори паҳлавонони ғаюр ва ҷасур аз зулму тааддӣ, мардумозориву худпарастӣ нигоҳ медорад. Пайғамбари мо Ҳазрати Муҳаммад салӣ ало алайҳи ва олиҳи ва саллам ба имоми мо ҳазрати Алӣ алайҳиссалом фармуда, ки «Ё Алӣ, золим се аломат дорад: ба зердастон бо қаҳру ғалаба рафтор кунад, он чи тавонад, аз моли мардум бирабояд ва аз ҳар куҷо бихӯрад, бок надорад». Ва боз мефармояд: «Ё Алӣ, сангдил се аломат дорад: бар нотавон тараҳҳум накунад; ба андак насозад; панду андарз дар ӯ суд нагузорад». Пас агар дуруст биандешем, оё хулоса намекунем, ки подшоҳи мо золим ва сангдил аст?! Оё он нишонаҳое, ки пайғамбар барои шахси золим ва сангдил баршумурдааст, дар Абдураҳимхон набуд ва оё дар Муҳаббатхон нест? Вақте панду андарз дар ҳоким суд нагузорад, умеди растагорӣ аз зулмаш танҳо ба як чиз мемонад: зарбаи шамшер! Инҳое, ки барои кӯтоҳ намудани дасти шоҳи золим аз гиребони мардон ва домани занонамон сар ба болини хок мондаанд, сарафрозтарин бандагони Худоянд.

Сайид Фаррухшо сухан мегуфту ҷисму ҷони Мирзоазиз меболид. Ҳар калимааш ба навҷавон неруи ниҳоние мебахшид; вай эҳсос менамуд, ки баданаш аз тавоноӣ пур мегардад, ҳатто болу пар бароварда, парвоз кардан мехоҳад.

Тобути Ҷаҳонгир ва ёрони сафари охираташро издиҳоми беохири мардон шона ба шонаву китф ба китф ба қабристони Баҳшор бурданд. Аз тамоми хонаҳо, боғҳо ва киштзорони деҳ нолаи ҷонгудози занон ба дарёву кӯҳҳо ҳамнаво гашта, ба қуллаҳо мепечид ва аз фарози қуллаҳо ҷониби фалакҳо мерафт. Онҳо бо ҷигарҳои хаста рубоӣ мемӯиданд:

Вой аз ману вой аз ману вой аз ҷонум,

Ин ҳазрати Азроил шудаст меҳмонум.

Ин ҳазрати Азроил, ки ҷон металабад,

Шояд ки ба осонӣ барорад ҷонум.

Мо панҷ бародарем, як бобои пир,

Ҳар панҷ камон дорем, ҳар панҷмон тир.

Дар об шиноварем, дар кӯҳ нахчир,

Дар ҷанг баҳодурем, дар марг асир.

Дараҳои танг, фарозу нишебҳои мушкилгузар ва ҳамзамон хушманзар пушти сар шуданд. Корвон ба Файзобод, ба пойтахти Бадахшон мерасид. Пуштакӯҳҳо пур аз дарахту буттаҳои ҳархела буданд. Кӯҳу водиҳои ин диёр бо ҷилваи анвои рангҳои ба ҳам омехтаи гулу гиёҳ ва хоку сангаш чашми бинандаро пурнур ва қалбашро пурсурур мегардонд.

Вале ин манзараҳо дили корвониёни оқсақол Исҳоқро хурсанд намекарданд. Чи қадаре ки водӣ фарохтару Файзобод наздиктар мешуд, соати фироқу фурӯхта шудан ба ғуломӣ ва тақдири номаълуми оянда ҳар як асирро ҳамон қадар бештар ба изтироб меовард. Исҳоқ тамоман камгап ва хаёлзада шуд.

пешина
аз 44
навбатӣ