«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Ӯ ба ақиб нигоҳ кард. Қот он қадар шоху барги зич дошт, ки маълум набуд дар пушти он чи бошад. Пеш рафтан баробари марг аст! Қубодхон бунлағжон ақибнокӣ худро ба гӯшаи муқобил расонд ва шохаеро оҳиста бардошту роҳи гурезашро аз назар гузаронд. Буттаҳои ҳархела ва алафи баланд имкон медоданд, ки ноаён аробаи худро кашад.
Вақте Қубодхон ба боғи кӯшк даромад, нафаси сабуке кашиду ором шуд ва ҷониби хона рафт. Падараш бо шахси ношиносе саргарми суҳбат буд. Чун писарашро дид, норозиёна гуфт:
– Дар куҷо мегардӣ?
– Ба сайри пушта баромадам, – сар пеш афканда, ҷавоб дод писар.
– Ин писарам Қубодхон, – ба шахси ношинос рӯ овард шоҳ,
– хеле ғаюру батадбир аст.
Марди ношинос «Ҳай, борагаллоҳ!» - гӯён чанд бор сар ҷунбонд ва ду қадам сӯйи Қубодхон гузошта, дузону зад.
– Ассалому алайгум, шоҳписари зебо ва бофарру нишон, – гуфт он мард, – Яздони пог ифтихорро аз сарат, иқболро аз дарат, нигини давлатро аз афсарат, биму тарсро аз оби ханҷарат барганор нагунод! Сари банда хоги дари падарат, ҷонам фидои ҳар тори мӯйи сарат, эй азизтарин азизони мулги Шуғнон!
Қубодхон, ки дар умраш чунин сухани малеҳу ҳарфи саҳеҳро аз касе нашунида буд, моту мабҳут монда, чи карданашро намедонист.
– Бо амакат салом намекунӣ? – овози падар Қубодхонро ба худ овард ва ӯ ба меҳмон даст дароз кард.
Меҳмон дасти шоҳбачаро се бор бӯсид, се бор ба чашм молид ва гуфт:
– Худоро ҳазорон шугру сипос, ки мушарраф шудам.
– Қубод, ту ба хона даро ва нон фармо, мо баъдтарак меоем, – амр кард шоҳ.
Қубод сар ҷунбонду ҷониби хона рафт.
Марде, ки бо гуфтору рафтораш Қубодхонро ба ҳайрат гузошт, Ғазанфари ошност, ки соате пеш худро ба ҳузури Юсуфалихон расонда буд. Вақте посбон ба Юсуфалихон аз расидани марде ба номи Ғазанфар хабар дод, шоҳ ҳайрон монд. Ӯ Ғазанфарро дар айёми наврасиаш дар Ёрканд дида буд ва ҳеҷ гумон намекард, ки бо ӯ вомехӯрад ва он ҳам дар Файзобод. Чун аз мақсади ташрифи ногаҳонаш воқиф гардид, бештар ба ҳайрат афтод. Албатта, Юсуфалихон бо ҷону дил мехост бародарашро нобуд созад ва чунон ки медонем, ба ин мақсад кӯшиши бенатиҷае ҳам кард. Вале ба ин тарз саҳлу сода ҳал гаштани муамморо ҳеҷ чашмдор набуд. Вай метарсид, ки найранге дар ин кор ниҳон набошад.
То фанд набошад андар ин кор,
Дунба чӣ кунад даруни шудгор?
– Ҳеҷ бовар намекунам, ки давонбегӣ, баландпоятарин мансабдори дарбор, хостори нобуд кардани Муҳаббатхон шуда бошад. Ин бетармолӣ чӣ ғараз дорад? Шояд худаш ба тахт нишастан мехоҳад?
– Тасаддуқ, шоҳам, қурбони ҷадди бузургворат, ги намедонам. Аммо он ги Муҳаббатхон хуни мардумро аз дами шамшераш мелесад, муссалам ва яқин аст. Ҷони гасе дар амон нест, на аз агобир, на аз асогир, на аз деҳқон, на аз чӯпон. Дар Шева корвони асиронро дарёб гардам, ки Муҳаббатхон ба фӯрухтани онҳо дар Файзобод амр додааст…
– Асирон? – шоҳ сухани Ғазанфарро бурид, – Наход? Чанд нафар?
– Аз сад зиёданд, аълоҳазрат.
Аз ҷавоби савол дида, «аълоҳазрат» гуфтани ҳамсуҳбаташ Юсуфалихонро бештар хурсанд кард. «Чӣ марди хушсухане будааст, – аз дил гузаронд ӯ, – барои гуфтушунид бо давлатдорон аз ин беҳтар шахсе надидам».
– Аз сад зиёд? Хеле хуб, – гуфт нимғурма шоҳ ва лаҳзае пас афзуд: – яъне, хеле бад…
Ғазанфар чизе нафаҳмид. Аз сукути шоҳ истифода бурда, исту бисти ӯро аз назар гузаронд. Қаду қомату тарҳи рӯяш ба Муҳаббатхон монанд. Аммо пешонии Муҳаббатхон васеътару пешонии бародараш андак барҷаста, чашмонаш калонтар.
Ришаш ҳам паҳнтару торҳои сафедаш бештар. Китфу бозувони тавоно ва қомати расои баландаш аз он шаҳодат медоданд, ки дар паҳлавониву майдондорӣ ҳунарманд аст.
– Хууб, Ғазанфар, ман ба ту бовар мекунам, – ниҳоят овоз баровард шоҳ, – лекин сирри подшоҳонро нигоҳ надоштан бо сари худ бозӣ кардан аст.
– Бале, шоҳам, тасаддуқи ҷоҳу ҷалолат, медонам, – таъзим намуд Ғазанфар.
– Пас аз хӯрок ман ба ту заҳр медиҳам. Агар касе дар фикри фиреби ман бошад, ҳамон беҳтар, ки худ бихӯрад.
– Чи панди хирадмандонае! – нидо кард Ғазанфар. – Ман онро ба гӯшам ҳалқа мегунам. Зиҳӣ хиради шоҳона!
Онҳо дар айвон хӯрок хӯрда, аз ҳар дар суҳбат карданд. Чун Юсуфалихон донист, ки дӯсти овони бачагиаш дар Ғунд сукунат ихтиёр карда, ба деҳқониву тиҷорат бо Кошғар машғул аст, хеле хурсанд шуд. Дар охири зиёфат Ғазанфар як бозубанди зарринро, ки бо ҳуруфи чинӣ навиштаҷоте дошт, ба Юсуфалихон ҳадя карду гуфт:
– Шумо хоҳ дар ин ҷо бошед, хоҳ дар Шуғнон, барои ман шоҳед. Ман иззати шуморо чи дар Помирзамин, чи дар Чин нигоҳ медорам.
Юсуфалихон ба гуселаш баромад ва гуфт:
– Бори аввал мешунавам, ки як нафарро «шумо» гӯянд. Ин чӣ лафзест?
– Лафзи геҳтарон бо меҳтарон, шоҳам. Одоби сухан гуфтан дар назди шоҳон чунин аст.
Шоҳ ба китфаш даст гузошт ва ҳамёни хокистарранге ба кафаш ниҳоду гуфт:
– Эҳтиёт кун, ки нарезад ё тар нашавад. Заҳри мор. Дар як шабонарӯз мекушад. Роҳи сафед, оби соф!
Ғазанфар таъзим карда, ба аспи бодпояш савор шуд ва башаст рафт. Шоҳ аз дунболаш хеле назар дӯхту ба айвон бозгашт ва Қубодхонро фарёд кард. Шоҳписар зуд ҳозир шуд ва мунтазири амр истод.
– Ду надимро бигиру гармоба бирав. Фардо никоҳ дорӣ.
Ин гап чун теғ то мағзи устухони Қубодхонро ба дард оварда бошад ҳам, сар ҷунбонд ва айвонро холӣ кард.
Барфи калони чашмхиракунанда дар чор сӯ сафедӣ мезанад. На пуштае, на ҷарие, на дарахте, на хонае. Аёс он гуна заминро пахш кардааст, ки ҷарангоси пасти тӯлонии ҳузури онро шунидан мумкин. Аз куҷое овози хастаи пиронае ба гӯши Муҳаббатхон мерасад. Ба ҳамон ҷониб меравад. Овоз равшантар мегардад. Муҳаббатхон мебинад, ки падараш то миён дар барф ғарқ шуда, фарёд мекашад: «Номам чист?» Аз чор тараф ба сару рӯяш ғандолҳо1 мерезанд. Онҳое, ки ӯро ме1. Ғандол – кулӯлаи барф зананд, намудор нестанд. Хандаҳои масхаромез дар фазо танин меандозанд. Баробари садо додани онҳо Абдураҳимхон ба худ мепечад ва ҷонҳавл фарёд мекашад: «Ёрӣ диҳед, номамро фаромӯш кардаам». Дили Муҳаббатхон ба ҳоли падар месӯзад, фарёд мекашад, ки «Номат Абдурҳимхон аст!», вале мӯйсафед намешунавад. Муҳаббатхон наздиктар меравад. Ҳар қадар пеш равад, ба наздаш намерасад. Тамоми қувваашро дар садопардаҳо ҷамъ оварда, дод мезанад: «Абдураҳимхон!!!»…
– Ба ту чӣ шуд?
Овози Сарвиноз Муҳаббатхонро бедор кард. Ӯ чашм кушода, дар рӯбарӯяш чашмони хумории занашро диду дилаш ором гирифт.
– Хоби бад дидам, Ноз.
– Номи падаратро ба забон овардӣ?
Муҳаббатхон арақи сарди сару танашро пок карда, пичиррос зад:
– Ҳамин хобро бори дуюм мебинам… Тавқи лаънат…
– Ба ман нагӯ, аввал ба оби равон гӯй, дилат равшан мешавад.
Муҳаббатхон сар ҷунбонду бархост. Чашми рӯз мекафид.
– Ту бихоб, ман обтанӣ карда, ба боргоҳ меравам. Рӯзи сангине дар пеш аст.
Сарвиноз дасти шавҳарашро бӯсида, ӯро бо нигоҳҳои меҳрбор гуселонд.
Вақте шоҳ ба боргоҳ даромад, Бонак хоболуд аз рӯйи қолини пеши дар бархоста, салом дод.
– Ту дар бағали занат хоб намекунӣ? – норозиёна пурсид шоҳ.
– Наметавонам, шоҳам, – бо гардани каҷ посух дод Бонак.
– Чиро наметавонӣ?
– Зандориро, шоҳам. Ман ба танҳоӣ одат кардаам.
Шоҳ даме ба руйи Бонак чашм давонда, ба рухсораш шӯхиомез ҳуппоқе заду амр кард: – Занҷиру даҳаҳоро даъват кун.
– Ҳозир?
– Худи ҳозир.
Бонак шитобон рафт. Шоҳ дасту по ҷунбонда, рахт шикасту либоси ҷангӣ пӯшид.
Соате пас афсарон аз шоҳ супориши омодагӣ ба ҷанг гирифтанд. Муҳаббатхон ҳамаро ҷавоб доду Занҷирро маътал кард.
– Занҷирбек, кореро, ки сар кардӣ, имрӯз бояд анҷом диҳӣ.
Агар то бегоҳ Ҷаҳонгирро ҳалок накунӣ, бо дастони худам туро ба дарвозаи қалъа меовезам.
Занҷир гуфт:
– Шоҳам, иҷозат деҳ, филҳол ҳуҷум барем. Онҳо субҳи барвақт зарбаи моро чашмдор нестанд.
Шоҳ ба китфи Занҷир тап-тап заду гуфт:
– Офарин ба ақлу фаросатат! Ту хаёл мекунӣ Ҷаҳонгир бо дастааш сар рӯйи кунда гузошта, мунтазир аст, ки Занҷири ҷаллод кай омада, ӯро гардан мезанад!? Аз ту аблаҳтар одамеро надидаам. Дирӯз дар ҳамин майдони кушод ба шумо фурсат надод, ки тире холӣ кунед, пас имрӯз, ки бузургтарин қалъаи Шуғнон бо дувист навкари мо ва бештар аз сад ҷангии худаш дар ихтиёри ӯст, ту бо кадом ақл аз бурҷу бораи Баҳрпанҷа мегузарӣ ва Ҷаҳонгирро мекушӣ?!
– Наход лашкари худамон ба тарафи ӯ гузашта бошад, шоҳам? – бо таҳайюр суол кард Занҷир ва ҳамоно аҳмақона будани пурсишашро фаҳмида, забон хоид.
– Эй лелаи ноқисулақл, ту бо кадом ҷойи баданат фикр мекунӣ?
– Узр, шоҳам, ман донистагиамро гуфтам.
Муҳаббатхон бо заҳрханди ҷонхарош дар рӯбарӯйи вай истод, ба сандуқи синааш муште зад ва бо овози паст, вале хашмолуду таҳдидомез ғуррид: – Ӯро сари номус биёру ба ҷанги тан ба тан даъват кун. Магар ту дар назди ман лоф назада будӣ, ки каллаашро бо ҳамин панҷаҳои худат меканӣ? Ё ман нодуруст шунидам?
– Не, дуруст шунидӣ, шоҳам. Ман аз қавлам нагузаштаам.
– Хеле хуб. Акнун замони панҷа заданат бо Ҷаҳонгир расид.
Лашкар бигиру то равшан шудани рӯз дар пеши Баҳрпанҷа бош.
Ба овози баланд Ҷаҳонгирро ба ҷанг хон. Натарс, ӯ бо ҳама нерумандӣ пир аст, зуд хаста мешавад. Ҷангро кашол деҳ ва афгораш кун. Он гоҳ бо ишораи ту лашкар тохт меорад ва ҳалокаш месозад.
Фаҳмо?
– Фаҳмидам, шоҳам, – хурсанд нидо дод Занҷир. – Тадбири ниҳоят оқилона андешидӣ.
Муҳаббатхон сар ҷунбонд ва ӯро ба сӯйи дар тела дод.
– Бирав, бигӯ ба навкарон хӯрок диҳанд.
Занҷир оҳи сабуке кашиду бадар рафт. Муҳаббатхон бо танаффур аз қафояш туф карда, шамшери ҳиндияшро ба ғилоф андохт.
Субҳи он рӯз ҳарорати ҳаво якбора чанд дараҷа фаромад.
Баданҳои ба гармо одаткарда серунии ҷонафзоро даррав ҳис карданд. Ҷаҳонгир дарёфт, ки моҳи ношпаз барои харбузапаз ҷой холӣ намудааст. Аз ҳушёрхобии шабона сараш каме гиҷ, посбононро иваз кард ва амр дод, ки ҳама ба муҳориба омода шаванд. Сипас бо Гулпочо аз дари зиндон, ки дусад нафар навкари Муҳаббатхонро бо сипаҳсолори онҳо болоиҳам дар он ҳабс карда буд, хабар гирифт. Чун ба маҳкам будани он бовар кард, фармуд, ки асиронро ҳам аз таҳтӯл бенасиб нагузоранд.
Баъд бо Мулло Хишолу Мирзоазиз вузу гирифтанду намоз гузоштанд. Пас аз намоз мағзи сараш равшан гашт. Ӯ ба пову сари Мирзоазиз марҳам молида, аз нав баст ва гуфт:
– Паҳлавони ҳақиқӣ набояд ба дард тан диҳад.
– Шохи барзаговро меканам, – гуфт Мирзоазиз. – Сиҳатам, бобо.
Субҳ надамида, Ҷаҳонгир дастаашро аз қалъаи Баҳрпанҷа берун овард. Барои муҳофизати он понздаҳ нафарро муваккал гузошт. Як савораро ба Демурғон, савораи дигарро ба Сарчашма фиристод, то аз оғози ҷанг бо лашкари шоҳ мардумро огоҳ намоянд. Ба боғи калон расида буданд, ки лашкари шоҳ низ аз Саройи санг баромад. Муҳаббатхон Турсунбой ном афсари ҷангдидаро фармондеҳи сипоҳ таъйин карда буд. Худаш ба табақаи дуюм баромад, то ҳаракати лашкарро наззора кунад.
На Муҳаббатхон, на Турсунбой ҳеҷ гумон надоштанд, ки Ҷаҳонгир бо дастаи на он қадар калонаш аз Баҳрпанҷа баромада, роҳи сипоҳро дар назди Саройи санг мегирад. Бинобар ин, Турсунбой баробари дидани шӯришгарон чи кор карданро надониста, амр дод, ки сипоҳ биистад. Ҷаҳонгир чун сипаҳдори пуртаҷриба медонист, ки агар душман роҳи қалъаро бигирад, дастаи ӯ ба муҳосира меафтад ва муҳориба ба дарозо кашида, шоҳ бартарӣ пайдо мекунад. Вай роҳҳои ёрӣ ба шӯришгаронро қатъ намуда, онҳоеро, ки Ҷаҳонгиру ҳамроҳонаш ба хотири ҳимояи манфиаташон ба даст силоҳ гирифтаанд, тарсондаву кушта, дастаи ӯро аввал рӯҳан, баъд ҷисман набуд месозад.
Муҳаббатхон аз болохона сипоҳи Ҷаҳонгирро диду аз ғояти ғазаб ба гардани панҷаи ҳамроҳаш муште фаровард. Ӯ бо алам медид, ки чи гуна Ҷаҳонгир нақшаашро дар оғоз, ҳатто гуфтан мумкин ки оғоз накарда, барбод дод! Акнун тамоми умед ба Занҷири демурғонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё