«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
– Аҷаб кори баде, – ғурунгос зад Исҳоқ, – номзадат монду худат овора…
– Не, номзадам ҳам бо мост, – гуфт ҷавон.
– Чӣ хел? Ӯро ҳам гирифтанд? – хавотиромез пурсид Исҳоқ.
– Ӯ ва модарашро гирифтанд, – гуфт Сабзқадам, – падараш гурехта, ба ёғиёни Сарчашма пайваст.
– Падараш кист?
– Дегрези таҳмевӣ.
– Шинохтам, чилимдори худораҳматӣ қозӣ Давруқ буд, – ғамангез гуфт оқсақол ва андешакунон пешонӣ молида, гапашро давом дод: – Ҳеҷ гап не, беғам ба Файзобод бирасем, худам суратонро мегузаронам.
– Чӣ хел? – бо ҳайрат пурсид Сабзқадам.
– Ҳамин тавр, – ҷавоб дод Исҳоқ. – Лекин ба касе дар ин бора даҳан накушо. Он тарафаш – кори ман.
– Хуб шудаст, – хурсандона тасдиқ кард ҷавон ва бо рағбати бештар ба хорумоли ӯ машғул шуд.
Ин асно овози ширадори зане баланд гашт. Ӯ бо нолаву ҳасрат замзама мекард:
Афсӯс, ки дар дашту биёбон мурдем,
Дур аз ватану ҷудо зи хешон мурдем.
Як пора хате навис, эй дӯсти азиз,
Дар хат бинивис, ки мо пурармон мурдем.
Эй баччаи хуртекуки барги гулакум,
Меҳри ту навиштаанд даруни дилакум.
Фардо, ки шавад хоки сиё манзилакум,
Кирмо биканан меҳри туро аз дилакум.
Аз шунидани ин рубоиҳои ғамангез табъи оқсақол аз нав хира гашту дилаш боз сих зад. Андешаи гарони дигар ба хаёлаш роҳ ёфт: сабабгори бадбахтии ин асирон ӯст! Онҳоро аз ёру диёр ҷудо карда, ба истиқболи сарнавишти номуайян мебарад.
Муҳаббатхон фарсахҳо дур монд. Фосила аз Шуғнон ҳар қадар зиёд мешуд, шабаҳи сиёҳи шоҳ ҳамон қадар хиратар мегашт.
Ҷойи онро оқсақол Исҳоқ гирифт. Акнун тақдири бештар аз сад асир дар дасти ӯст. Аҷаб дунёе! Ҳоло заҳри зулму беадолатии шоҳро бояд ӯ бикашад. Аз кадом соҳибгуфторе шунида буд, ки ҳар кас парҳезкор набошад, Худо ӯро ба хидмати ҳокими золим гирифтор месозад. Чи ҳикмате омӯзанда! Чандин сол қабл, вақте ки шунидаш, лаҳзае ҳам дар маънии он андеша накард.
Ҳоло ки ба ёдаш омад, барои зиндагиаш дигар коре намедиҳад.
Афсӯс …
Гӯсфандонро оварданд. Оқсақол онҳоро бо диққати тамом аз назар гузаронд. Қучқорони фарбеҳу чанбаршох писандаш омаданд. Сипас ба Додмаҳмад, ки дар фароизи суннатӣ донишу таҷриба дошт, рӯ овард:
– Бародари азиз, мехоҳам, ки ин ду гӯсфандро забҳ карда, даъвати бақо гузаронӣ.
Додмаҳмад сахт ба шигифт омад:
– Даъвати бақо? Сари саҳро?
– Бале, магар аз ин ҷойи беҳтаре дар дунё ҳаст?
– Худоии одӣ кардан мумкин, лекин даъвати бақо барои чӣ? – боз суол кард Додмаҳмад, ки гапи оқсақол ҳеҷ дар ақлаш намегунҷид
– Илтимос, рад накун, Дод, – дасташро ба китфи ӯ гузошта, хоҳиш кард Исҳоқ. – Кӣ медонад, умрам чӣ қадар мондааст.
Мехоҳам чароғамро равшан кунӣ.
Додмаҳмад чи гуфтанашро надониста, бо ҳайрат сар ҷунбонд.
– Ин кори нав нест-ку? Дар мазҳаб равост, – суханашро давом дод Исҳоқ.
– Равост, лекин… – Додмаҳмад давоми гапашро фуру бурд.
– Ягон «лекин» қабул нест, бародар. Сар кун.
Додмаҳмад ва навкарон аҳли корвонро зери садаи сершо1. Даъвати бақо – маросими азо ҳангоми барҳаёт будани шахс.
Муқобили «даъвати фано», ки пас аз вафоти пайравони мазҳаби исмоилия гузаронда мешавад. ху барг хонданд. Вақте асирон фаҳмиданд, ки оқсақол даъвати бақо доданист, моту мабҳут шуданд.
Додмаҳмад фармуд гӯсфандро забҳ кунанд. Худ аз санги нимковоке чароғдон дуруст карду бо дуову дуруд ба сохтани фатила пардохт. Баробари ситорарух сукути подоманаҳои кӯли бузурги Шеваро ҳамсароии аҳли корвон халалдор сохт:
Бишнос ба ҷону дил Худоро,
Султони ҳабиби анбиёро,
Ёрони ҷамеъи авлиёро,
Хуш гӯ салавот Мустафоро…
Даъвати бақо бо наъту мадҳияхонӣ қарибиҳои ситорапар ба охир расид. Ҳозирон, ҳар кас чи дарде, чи аламе, чи ашке, чи ғаме, чи ҳасрате дар ниҳонгоҳи сина дошт, бо гиряву дурудхонӣ бадар оварданд. Сипас боҷ хӯрданду насиба ҳам тақсим шуд. Оқсақол амр кард, ки то чоштгоҳ бихобанд, чун пас аз маросими тӯлонӣ ба роҳ баромадан душвор буд.
Корвониён ба зери дарахтон хазиданд.
Ширинбек медонист, ки чи масъулияти хавфнокро ба зимма гирифтааст. Агар чархи тақдир ба коми ӯ нагардад, аз сад як ҷонаш ҳам наҷот намеёбад. Вале барои дафъ намудани шарри шоҳи золим аз сари мардум ҷасорат лозим аст. Бадбахтиҳое, ки Муҳаббатхон ба дӯши ҳамватанони ӯ афканд, ҳатто тоқати мансабдорону надимонашро тоқ кардааст. Кадом девонбегӣ сарашро зери теғ гузошта, ба муқобили шоҳаш суйиқасд меандешад?! Маълум, ки косаи сабри ӯ ҳам лабрез шудааст.
Ширинбек барои гуфтушунид бо Юсуфалихон дӯсти деринаи худ Ғазанфарро интихоб кард. Ин мард забоне дошт, ки бо он ба сангинтарин қалб ҳам роҳ ёфта метавонист. Ғайр аз ин, вай Юсуфалихонро шахсан мешинохт. Вақте ки Юсуфалихон дар Ёрканд фирорӣ буд, Ғазанфар ва падараш пайваста онҳоро хабар мегирифтанд.
Пас аз чошт Ширинбек ба писараш гуфт, ки ба Виёд меравад, то миқдори ҳосили имсоларо муайян кунад. Вай дар пуштаҳои ин деҳа замини лалмӣ дошт. Онро ба чоряккоре дода буд ва соле ду-се маротиба ба он ҷо мерафт. Ӯ ба кумайти тезтакаш савор шуда, дар дуроҳаи Дарморахт ба ҷойи Виёд лаб-лаби Панҷ роҳи Дарморахтро пеш гирифт.
Ҳисобаш дуруст баромад: Ғазанфар дар деҳаи Докхона дар манзили ягона сокини он – Девонашои меҳмонкӯб буд. Девонашо марде буд қавиҳайкали паҳлавон, бебок, девкор, заҳматкаш. Ӯ бар зидди шоҳи Вахон Муҳаммад Каримхон исён бардошта, шикаст мехӯрад. Муҳаммад Каримхон ӯро дастгир карда, ба дор кашидан мехоҳад. Девонашо аз таъқиби шоҳ гурехта, ба ҳамин деҳаи хушобу ҳаво мерасад. Деҳа замоне обод будааст, вале дар пайи кадом ҳодиса вайрону валангор шуда буд.
Девонашо дар ин деҳа хона сохта, аз Дарморахт духтареро ба занӣ мегирад ва дар муддати кӯтоҳ соҳиби фарзанд, молу гов ва ғаллаву мева мешавад. Бо сахову дасткушодӣ дар тамоми Шуғнон ном мебарорад, вале айбаш ин будааст, ки ҳангоми гусел меҳмононашро мезадааст. Боре марди тақводоре аз ноилоҷӣ шабро дар хонаи вай рӯз мекунад. Сохибхона иззати бисёр карда, саҳар тӯшаву туҳфа дода, ӯро мегуселонад. Меҳмон даст бардошта, дар ҳаққи ӯ ва аҳли хонаводааш дуои нек карда, тарсону нигарон бадар меояд. Девонашо ӯро то баромадгоҳи деҳа гусел ва сипас хайрухуш мекунад. Меҳмон чун мебинад, ки мизбон ӯро назад, ҳайрон шуда, бармегардад ва мепурсад, ки барои чӣ ӯро назадааст? Девонашо ҷавоб медиҳад:
– Ман меҳмони носипосро мезанам. Ту аз ин қабил нестӣ.
– Носипосаш чӣ хел мешудааст?
– Оне, ки ба ивази меҳрубонӣ дар хонааат дуо намекунад.
Ба ҳамин сабаб Девонашо бо лақаби бимноки «Меҳмонкӯб» дар тамоми водиҳои гирду атроф машҳур гашта буд.
Соҳибхона оқсақолро дар сари замини ҳазорзаҳ1 дучор омаду бо бағалкашиву чашмбӯсӣ пешвоз гирифт. Гоҳе гузори Ширинбек ба ин тарафҳо меафтид ва, албатта, Девонашо ӯро ба тановули як хурма ҷурғоти фараҳбахш ҳам даъват менамуд.
– Дар пуштат алов дорӣ, ки ин қадар саросема метобӣ? – пурсид Девонашо пас аз салом.
– Дар дидаҳот ҷонам, – посух дод Ширинбек, – Ғазанфарро кор дорам.
– Наход як ғундии ангатхор ҳам ба оқсақоли олитабор лозим шавад, – мутоибаашро давом дод Девонашо. – Вай дар лаби рӯд сабад мебофад.
– Машғулияти аҷибе барояш ёфтаӣ, паҳлавон. Ғазанфар бекор монад, тоқиаш дуд мекунад.
– Рафтем, ман туро ба назди ӯ мебарам, – гуфт Девонашо ва пеш даромад. – Хуб шуд, ки ҳамин рӯз омадӣ, пагоҳ рафтанӣ буд.
Онҳо ба назди Ғазанфар расиданд. Дӯстон ҳамдигарро канор гирифта, гарм ҳолпурсӣ карданд. Ғазанфар аз ташрифи андуволаш каме хавотир ҳам шуд.
– Дар хона тинҷист? Хоҳарам шифо ёфт? – пурсид ӯ.
– Баъди дидори худат, ростӣ, ваҳмакаш гум шуд. Чи пойи қадами неке дорӣ, андувол!
– Дуогӯ – хурсанд шуд Ғазанфар, – нафаси ман ба ҳама таъсир мегунад, ба ғайр аз ҳамин девбарзангӣ. – Ӯ ба ҷуссаи бузурги Девонашо ишора карда, хандид. – Чи қадар даму дуо гунам, заррае сафед намешавад. Девонашо қоҳ-қоҳзанон хандид ва гуфт:
– Сари саҳро ки хуш омадед, лекин беҳтараш ба хона равем.
– Қуллуғ, худам омадаам1, ҷавоб дод Ширинбек, – ман фурсати нишастан надорам, дӯстам. Лекин ҷурғоти валъамататро ёд кардаам.
– Ҳо, шумо кордорони ҳукумат, – кинояомез гуфт Девонашо, – аз бефурсатии худ Шуғнонро аз бандазод холӣ кардед.
Шумо аз дидори ҳам сер шавед, ман хӯрданӣ меорам.
Девонашо рафт. Ширинбек мақсади омаданашро ба Ғазанфар гуфт. Ғазанфар пешниҳоди ногаҳонии дӯсташро тааммул намуду посух дод:
– Рафтани ман ба пеши Юсуфалихон гори шубҳанок нест, легин агар дар Шуғнон сирро нигоҳ дошта натавонанд, ман ги мегурезам, легин сари худат тарбузи ғелон мешавад.
– Гап дар байни ману туст. Ба Девонашо бигӯ, ки ман туро ба Ғорон барои он фиристодам, ки аз галаи шоҳӣ асп биёрӣ.
– Дар бозгашт маро бе асп бинад, чӣ гӯям?
– Ба роҳи Ғорҷвин баргард.
– Юсуфалихон одами хеле дарундору нофаҳмост. Ягон балоро ба сарам наорад? – дар чашмони калони айёри Ғазанфар лаҳзае шуълаи нобоварӣ барқ зад.
– Ғазанфар, вай ҳоло ташнаи хуни бародари худ аст. Ҳар касе барои ба тахт баргаштан ӯро ёрдам кунад, ҳабибу азизаш мешавад. Наход дар ҳамин кори равшан шубҳа кунӣ?
Ғазанфар сари тосашро хорида, ҷавоб дод:
– Андувол, бимам аз ин аст, ки подшоҳон мисли ману ту дуруст фигр намекунанд. Легин ман гапи туро ба замин намемонам. Ҳозир гӯйӣ, ба роҳ мебароям.
– Зиёфати Девонашоро ки хӯрдем, ба роҳ баро. Ман ҳам бояд зуд баргардам, ки касе шубҳа накунад.
Девонашо дар ду сабадак хӯроки ҳархела, аз ҷумла шӯрбои шавдегӣ овард. Дӯстон соате бо ҳам сари дасторхон суҳбат карданду бо деҳхудои дасткушоду меҳрубон паноҳбархудо карда, ба ду самти муқобил – Ғазанфар ҷониби Файзобод, Ширинбек сӯйи Баҳшор асп ронданд.
Аз баландӣ на танҳо ҳавз, балки гирду атрофи сербуттаву сердарахти он ҳам чун дар кафи даст намоён буд. Вай аз чашмаи сероби пуштакӯҳи шимоли Файзобод сероб мегардид.
Обаш чун гавҳараки чашм шаффоф, ҳарораташ тобистону зимистон қариб як хел. Мувофиқи нақли мардум онро кадом як шоҳи Бадахшон барои тафреҳи худ ва муқаррабонаш канда, ҷӯй кашида, як қисми оби чашмаро ба он сар додааст. Бо мурури замон ин мавзеъ ба фароғатгоҳи дарбориён ва меҳмонони шоҳу мансабдорони ӯ табдил меёбад. Дар ҷангалзори атрофи он ҳайвоноти ваҳшии хурд, ба мисли рӯбоҳ, кафтор, заргӯш, саги обӣ, мири мушонро дучор омадаву шикор кардан мумкин буд. Паррандагони гуногун низ бо ҳузури пурсурури худ онро пурлатофаттар мекарданд. Дар дохили ҳавз ҳам зиндагӣ ҷӯш мезад: селаи мурғобиву қуҳои гардандарози сафед бо шавқуну беқарориҳои хеш гӯё одамонро ба тамошо даъват менамуданд. Сабоҳи барвақт моҳиён ҳар ҷо-ҳар ҷо бозикунон рӯ-рӯи об хез зада, сонияе бадани чун шир сафеди худро намоиш дода, боз шалаппосзанон ғӯта хӯрда, ба умқи ҳавз мерафтанд.
Имрӯз ҷумъа аст. Дар ин рӯз наздики чоштгоҳ занону духтарони аҳли дарбор, ҳатто шаҳбону ва духтаронаш оббозӣ меомаданд. То бозгашти занон ҳеҷ марде ҳақ надошт ба ин ҷо қадам гузорад. Як даста канизони мусаллаҳ дар гирду атроф гашта, занонро аз ҳузури номаҳрамон муҳофизат мекарданд.
Аз камингоҳи Қубодхон ҳаракати ҳар як зан дар беруну даруни ҳавз равшан намудор буд. Ӯ аз зери буттаи қоти сершоху барги мевааш жолаборон онҳоро бо диққат назора мекард. Ангор шикорчие дам ба дарун зада, галаи оҳувонро бо нигоҳаш таъқиб менамуд, то дар лаҳзаи даркорӣ куланги камонро бехато зер карда тавонад.
Падараш ҳафтаи дуюм боз ӯро назарбанд кардааст. Агар донад, ки ба хонаи Ишратӣ қадам гузоштаааст, тамом: каппааш дуд мекунад! Аммо Қубодхон як рӯз бадани занро набинад, орому қарорро аз даст медиҳад. Хотираш парешон мегардад, ҳатто гоҳе аз мӯйи сар то пошнаи пояш мехорад. Шаш рӯз ба ин минвол гузашт. Имрӯз эҳсоси шаҳват чунон бар тану ҷонаш ғалаба кард, ки ба баҳонаи сайри боғ пинҳон аз чашми ҳама беихтиёр роҳи ҳавзро пеш гирифт. Хеле чену бар карда, ҳамин буттаи қотро интихоб намуд. Баробари даромадан ба таги он панҷ-шаш харгӯш гуррӣ аз паҳлуяш гузаштаву лонаи худро ба ихтиёри ӯ гузошта, ба ҳар тараф гурехтанд.
Инак, дар соҳили ҷониби Қубодхон як даста зану духтар бо либосҳои рангоранг болои регзор нишаста, машғули суҳбатанд. Вай гапашонро равшан намешунид, лекин коҳ-коҳ хандидани онҳо ба гӯшаш расида, ҷони ташнаашро навозиш мекард. Муддате пас чор духтар либосашонро рӯи рег ҳаво дода, лучи модарзод бо шавқун худро ба об андохтанд. Аз дидани пайкарҳои сафеди онҳо қалби Қубодхон аввал гӯё аз тапиш бозистод ва дақиқае баъд чунон сахт зад, ки зарбаҳои онро дақиқ мешунид. Духтарон чобук дастаку почак мезаданд, сабқат мекарданд ва ба сару рӯйи ҳамдигар хандазанон об мепошиданд. Оби шаффофи кӯл латофати баданашонро на ин ки намепӯшонд, балки назаррабову шевотар ба ҷилва меовард.
Пас аз як ҳафта падараш Қубодхонро зан доданист. Лекин вай намехоҳад. Дурусташ, пойбанди як зан шудан намехоҳад. Кадом як духтарро ба бағали ӯ меандозанду озодиашро кашида мегиранд. Қубодхон мехоҳад, ки шабу рӯз дар ҳалқаи духтарони гуландоми норпистон бошад. Шароб хӯраду масту махмур онҳоро ба канор кашад, рӯяшонро бӯяд, баданашонро эҳсос кунад. Наход писари шоҳи як мамлакат шуда, аз чунин муъҷизаи ҳаёт маҳрум монад?!
Духтарон қаду қомат ва синаҳои таранги худро чамондаву ларзонда, аз ҳавз баромада, дар рӯйи рег ба шикам дароз кашиданд. Ду зани калонсол ҷонибашон дастафшон чизе гуфтанд. Онҳо баланд хандиданд. Қубодон аз тамошояшон ҳанӯз сер нашуда, занони дигар ҷониби ҳавз рафтанд. Аз ин даста танҳо як ҷавонзан урён шуд, дигарон бо пироҳан ба об даромаданд. Ин ҷавонзан пӯсти сиёҳранг, андоми пурра, қади баланд ва мӯйи дарози ғӯлӣ дошт. Вақте либосашро барканд, мӯйи то зону баданашро чун пероҳан пӯшонд. Ӯ хиромон ба об даромаду бо ҳаракоти зебо обро гӯё миннатдор карда, чун моҳӣ ба шино пардохт. Он қадар орому зебо қанотак мезад, ки гӯё арғушт мерафт. Мӯйи дарози ғайриодӣ гоҳе аз пайкараш ҷудо шуда, дар рӯйи об мавҷ мезад, гоҳе ба баданаш мечаспиду гоҳе парешон гашта, арғушти ҷавонзанро мазмуну маънии тоза мебахшид.
Падари бешафқаташ Қубодхони аз чунин неъмати дунё сернашударо ба ҳаҷ фиристоданист. Чи зулме! «Ё зан мегирӣ, ё ба ҳаҷ меравӣ!» – ба ёд овард ӯ таъкиди Юсуфалихонро. Писар маҷбур шарти аввалро қабул кард. Бистсола нашуда, аблаҳист ҳаҷ рафтан!
«Худаш ҳаҷ равад, – бо нафрат аз дил гузаронд шоҳбача, – ба домани чил расидааст. Ба ҷойи андешаи гӯру қиёмат дар фикри ба даст овардани тахти шоҳист. Гӯё фарзи мусулмонӣ ба ӯ дахл надорад. Ҳатто намоз намехонад».
Духтарони дарозкашида якбора бархоста, аз нав худро ба оғӯши об заданд. Қубодхон аз ғалаёни лаззату шамотат қариб фарёд мекашид, вале дар куҷо буданашро ба ёд оварду дамашро дарун зад. Хайрият худдорӣ кард. Як лаҳза баъд дар пеши назараш ду зани шамшердор пайдо шуданд ва бе овоз аз назди камингоҳи ӯ гузашта, ба лаби ҷар рафтанд.
«Гурехтан даркор!» – ҳаросон аз дил гузаронд Қубодхон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё