«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Банохост шеъре, ки ду соат пеш дар ҳузури шоҳ хонд, ба ёдаш расид:
Мулк вайрон шуд, туро номус ку?
Халқ ҳайрон шуд, туро номус ку?
Девонбегӣ акнун амиқ эҳсос кард, ки дар ин шеър чи қадар нафрат ба шоҳу аҳли дарбор ниҳон аст! Офарин ба ҷуръати гӯяндааш! Дар замоне ки аз чор сӯ ба сари фуқаро борони зулму тааддӣ, таҳдиду ҳақорат ва тиру теғ мерезад, ин гуна шеър навиштан магар мардонагӣ нест? Кӣ чунин ҷасорат дорад?
Девонбегӣ аз дасти як ҷавон ба дод омадани навкарон ва Занҷири ҷаллодро ба ёд оварда, ришханде кард. «Аз тухми Ҷаҳонгири гурд буданаш ошкор аст, – хурсандона аз дил гузаронд Қозӣ. – Боракаллоҳ, шуғнии ҳақиқӣ!»
Чӣ бояд кард? Муҳаббатхон тамоми ҳадҳоро гузашт. Дар қаламрави Шуғнон ягон пир сиёсати ӯро ҷонибдорӣ намекунад. Сайид Фаррухшо ҳатто никоҳашро нагузаронд. Ба сураш ҳам наомаду ҳадя ҳам нафиристод. Беандешагии вай ҳамин тавр давом кунад, дарбориён низ рӯй мегардонанд. «Барои он ки ҳам ҷони ман, ҳам ҷони мардум аз ин Намруди хунхор халос шавад, – бо қатъият андешаҳояшро хулоса кард девонбегӣ, – ӯро куштан лозим! Куштани ин бадзот ягон гуноҳ ҳам нест, балки савобу воҷиб аст!»
Қозӣ қарор дод, ки бо сад нафар навкар ба Вуж меравад ва дар он ҷо бо сардори дастаи шӯришгарон, ки ҷиянаш буд, пинҳонӣ забон як карда, ҷангро кашол медиҳад. Дар ин байн одами дилпуреро ба Файзобод, назди Юсуфалихон мефиристад, то ӯ илоҷи аз сари тахт дур кардани бародарашро ёбад.
Дар Шуғнон ҳама хуб медонанд, ки Юсуфалихон мунтазири фурсати муносиб аст. Агар аз ҳазор лоақал як имкон даст диҳад, онро истифода бурда, Муҳаббатхонро бо дастони худ пӯст меканад. Лекин агар ҷуръат накунад, Қозӣ нақшаи дигар ба кор медарорад: неруҳои исёнгарро муттаҳид намуда,
Муҳаббатхонро бо вафодоронаш торумор карда, ҳукуматро ба ихтиёри худ мегирад. Албатта, аз дасти сулолаи бадахшиёну туркон гирифтани ҳокимият кори сахту хавфнок аст, вале месазад, ки ба хотири чунин мақсади наҷиб кас ҷонашро ба хатар андозад.
Қозӣ-девонбегӣ, давоми ним соат дар ҳуҷрааш қадам зада, амалиёти ояндаи худро муайян намуд. Сипас фармон дод, ки сад навкар ба ҷанг омода гардад. Худ савор шуду ба баҳонаи пеш аз ҷанг зиёрат намудани остон роҳи Демурғонро пеш гирифт.
Дар тамоми Шуғнон ягона нафаре, ки Қозӣ ба ӯ куллан эътимод дошт, оқсақоли Демурғон Ширинбек буд. Ин мард вазифаи худро софдилона иҷро карда, ба баду неки халқ кор намегирифт, ба муноқишаҳои аҳли дарбор ҳамроҳ намешуд.
Девонбегӣ ҳис мекард, ки ӯ ба Муҳаббатхон нафрат дорад, вале ошкор намесозад. Дар фурсати танге, ки Қозӣ дар ихтиёр дошт, танҳо ба ёрии Ширинбек умед мебаст.
Ширинбекро дар хонааш ёфт. Вай аз банохост пайдо шудани чунин шахси муътабари Шуғнон дар рӯйи ҳавлии худ ба ҳайрат омад. – Девонбегӣ-сойиб, маро ин қадар сарафроз кардӣ. Ба хона даро, меҳмонат гирам.
Девонбегӣ аз асп нафаромада, бо оқсақол салом карду гуфт:
– Вақт нест, Ширин. Ман ба зиёрати остон омадаам. Савор шаву маро ҳамроҳӣ кун.
Ширинбек донист, ки девонбегӣ гапи махфӣ дорад. Ҳарфе нагуфту як ба хона даромад ва сипас аспашро зин зада, ҳамроҳи ӯ ба сари остон рафт. Ҳар ду пиёда шуда, рӯ ба ҷониби санги муқаддас дузону заданд. Девонбегӣ дуо хонду ҳар ду расми зиёрат – се бор панҷа ба санг бурдану ба пешонӣ ниҳоданро баҷо оварданд.
– Ягон пора нон дорӣ, ки фурсати таҳтӯл ҳам надоштам? – пурсид Қозӣ.
Оқсақол аз қоши зин халтае фаровард ва фӯтаи миёнашро ба замин паҳн кард. Аз халта нон, гӯшти қадит ва санҷиду бодом бароварда, ба дасторхон ниҳод. Даст ба сина гузошту меҳмонро муроот кард:
– Бифармо, сойиб.
Қозӣ нону гӯшт хӯрд ва чун меъдааш ором гирифт, гуфт:
– Ширинбек, ман наздат ба зинҳор омадам.
Бо ин сон ҳарф ба назди касе омадан дар Шуғнон чунин маънӣ дошт, ки шахс обрӯву эътиборашро дар пеши одами эътимодбахш ба гарав гузоштанист.
Ширинбек пурсид:
– Бифармо, сойиб, чӣ кунам?
Девонбегӣ дарди дилашро назди оқсақол як-як шумурд ва нақшаашро ошкоро гуфт.
– Ман лашкар гирифта, ба Сарчашма меравам. Агар муддаои диламро фаҳмида бошӣ, ягон одами зинҳордорро ба назди
Юсуфалихон фирист, то чораи корро ёбад. Пас аз се рӯз одаматро интизор мешавам. Сарам ҳам равад, ман ин сирро бо худ ба гӯр мебарам. Дигар ихтиёр ба туст.
Ширинбек гапҳои девонбегиро дар тарозуи ақл санҷид ва ҷавоб дод:
– Ин корест ниҳоят сахт, аммо савоб, сойиб. Агар чунин ҷуръат карда бошӣ, ман хоҳишатро иҷро мекунам. Як одам ҳаст, ки ин сафоратро хуб анҷом дода метавонад. Ман бо ӯ маслиҳат мекунам.
Девонбегӣ хайрухуш карду аспашро ҷониби Баҳрпанҷа давонд. Аз қалъа сад нафар сипоҳӣ гирифта, бо аҷала ҷониби Сарчашма ронд. Вақте ба Нимдеҳ ворид шуд, ба навкарон амр дод, ки дар баромадгоҳи деҳа дар римзорони лаби дарё, ки ҷойи серун буд, қарор гиранд.
– Аввал бо шӯришиён гуфтушунид кунем, агар кор надод, ба ҷанг мегузарем, – шарҳ дод Қозӣ. – Гапи маро гиранду таслим шаванд, кор бе хунрезӣ анҷом меёбад.
Пас аз он ки лашкар қарор гирифт, Қозӣ ду даҳаро, ки забони шуғнонӣ намедонистанд, гирифт ва ҷониби қароргоҳи шӯришгарон раҳсипор шуд. Дар даромадгоҳи деҳа талоядорон роҳашонро гирифтанд. Пас аз гуфтугӯйи кӯтоҳе онҳо девонбегӣ ва ҳамроҳонашро дар мушоияти се нафар ба хонаи Хуршедшо оварданд. Хуршедшо, сардори осиён, фарзанди писари амакаш буд. Дар боғи тоза даравшудаи сипаҳдор дар ҳудуди сесад нафар ҷангиёни ихтиёрӣ ҷамъ омада буданд. Хуршедшо амакашро бедимоғ пешвоз гирифт. Ба вохӯрӣ ҳам даст надод.
– Омадӣ, ки хешу таборатро бикушӣ, – бо заҳрханди пуркароҳат гуфт ӯ. – Мо ба ту ва шоҳат чӣ бадӣ кардаем?
– Ба хона даро, як ба як гап занем.
Хуршедшо сар ҷунбонду пеш даромад. Қозӣ ҳамроҳи навкаронаш аз паси ӯ ба хона даромаданд.
Қозӣ гуфт:
– Гапат дуруст, Хуршед. Омадам, ки якҷоя тадбири ин қис1. Рим - сафедор саро андешем.
– Агар дилат таслим шудани мо бошад, хато мекунӣ.
– Инро ман аз ту беҳтар медонам. Омадам, ки дар ин ҷо ҳамроҳи ту як ҳафта ҷанги бардурӯғ ташкил кунам.
– Чӣ хел «бардурӯғ»? – бештар ба ғазаб омад ҷавон.
– Дар ин муддат шоҳро ба илоҷе бояд бикушанд, – ором ҷавоб дод девонбегӣ. – Бовар кун, ин хунхор аҳли дарборро ҳам ба ҷон расондааст, – пешниҳоди худро тақвият бахшид Қозӣ.
– Ҳама безор шудааст.
– Агар нобудаш карда натавонанд, чӣ? – шубҳаомез пурсид ҷиян.
– Он гоҳ ба Ҷаҳонгир мепайвандем.
– Ҷаҳонгир хабар дорад?
– Не
– Барои чӣ?
– Ҷаҳонгир ҳама вақт ба ин кор омодааст, лекин агар сир фош шавад, кор бар ману ту сахт мегардад.
– Магар ҳамин ду марди камонбадаст гапамонро ба хари калон намерасонанд? Ё ту маро ин қадар сода гумон кардӣ? – боз ғазаб кард Хуршедшо.
– Инҳо як калима шуғнӣ намедонанд. Махсус бо худ овардам, ки шоҳиди гуфтугӯйи тундутези мо бошанд.
– Барои чӣ?
– Шоҳ дар байни навкарон ҷосус дорад. Бигзор, ба ӯ хабар диҳанд, ки ману ту ба сари ҳам хуб дод задем ва оқибат ба ҷанг бархостем.
Хуршедшо магар мақсади амакашро пай бурд, ки ҳар чи тунду хашмолуд ба сари ӯ дод зад:
– Нест бод Муҳаббатхони малъун! – ва шамшерашро аз ғилоф кашида, ба ҳаво бардошт. – Мо ҳамаатонро туъмаи теғ мекунем.
Қозӣ ҳам шамшерашро бараҳна кард ва бонг зад: – Мард дар майдон маълум мешавад, на дар хонаи худ. Пагоҳ лашкаратро интизор мешавам.
Даҳагон низ даст ба камон бурданд. Хуршедшо ба порсӣ гузашт ва фарёд кашид:
– Ба як тири шумо бо сад тир ҷавоб медиҳам, девонбегӣ!
Ҳоло ин рӯбаҳҳоятро гиру аз назарам дафъ шав, ки ба куштанатон амр надиҳам.
Қозӣ ҳам ба порсӣ дод зад:
– Фардо субҳ мебинем, ки чӣ мардие дорӣ. – Ва ба ҳамроҳонаш амр дод: – Рафтем, фардо таслим нашаванд, чароғашонро худам равшан мекунам.
Девонбегӣ ва афсаронаш ҳангоми ғуруб ба Нимдеҳ баргаштанд. Ӯ фармуд, ки шаб талоя барпо дошта, ба ҷанг омода шаванд.
Даъвати бақо Пуштакӯҳҳои Шуғнону саҳроҳои васеи подоманаҳои кӯли овозадори Шева пушти сар шуданд. То Файзобод – ҳанӯз якрӯза роҳ. Чизе ки ба корвониён дар ин ҷо писанд омад, серунии ҳаво буд. Одамоне, ки аз гаршуми1 дамгири гармо дилтангу бетоқат шуда буданд, мехостанд аз ин водии хушҳавою сералаф ба ҷое қадам нагузоранд. Оқсақол Исҳоқ амр дод, ки шабро дар ҳамин ҷойи ҷаннатмисол гузаронанд.
Онҳо қад-қади наҳри серобе, ки чун осмон софу шаффоф буд, дар зери дарахтон ҷой гирифтанд. Исҳоқ ба ду навкаре, ки асиронро ҳамроҳӣ мекарданд, амр дод аз ягон чӯпон ду гӯсфанд харида бикушанд. Навкарон хоҳиш карданд, ки аз байни асирон нафареро ба онҳо ҳамроҳ кунад. Оқсақол сабаб пурсид:
– Ма лапзи парсӣ намдонем, – шарҳ дод яке аз онҳо ба забони шикастаи шуғнонӣ.
– Шумо чӣ қавмед? – пурсид Исҳоқ.
– Мо қарлуқ ҳастем, туркӣ гап мезанем, – ҷавоб дод яке.
– Ҳамин шуғнира аз маҷбурӣ кам-кам яд гириптем, – афзуд дигаре.
– Шумо чӣ қадар қавм доред? – бо ҳайрат пурсид Исҳоқ.
– Ман чиғатою узбакашро медонам, лекин қарлуқро бори аввал мешунавам.
– Ма ҳар хел қабилаву қавм дарем, – гуфт оне, ки солманду бузургҷусса буд. – Қатаған, муғул, лақай, қунғурот, қалмиқ, барлос, қарлиғ, ҳазора, қирғиз, қипчоқ… Расташра гӯям, ҳамаашра худам ҳам намданам.
– Дар Эрону Хуросон ҳам ҳукумат дар дасти шумост? – пурсид оқсақол. Ин фикр ҳамин ҳоло, пас аз ҷавоби қарлуқ, дар зеҳнаш шарора зад.
– Эшан, дар Эран набудам, лекин дар Бухараву Хурасану Бадахшан амиран ҳама аз маанд.
– Пас тоҷик дар куҷо подшоҳӣ мекунад? – аз ҳайрат даст ба гиребон бурд Исҳоқ.
– Тажик? – пурсид қарлиқ ва каме фикр карду ҷавоб дод:
– Тажик, ашна, дамуллагӣ, шаирӣ, катибӣ, ҳапизӣ мекунад. – Пас аз сукуте илова кард: – Деҳқанӣ ҳам кари тажик аст.
Ё аз таъсири сухани навкар, ё аз ғояти хастагӣ дили Исҳок сих зад. Ӯ бемадор дар ҷояш нишаст ва ба навкарон ишора кард, ки аз пайи кор шаванд.
– Ақсаққал, аз бандиён кира ба худ бигирем? – пурсид навкар.
– Додмаҳмадро, – бо садои шикаста ҷавоб дод Исҳоқ ва афзуд: – Сабзқадамро гӯй, пеши ман ояд.
Навкарон рафтанд. Исҳоқ болои сабза якпаҳлу зад ва ҷониби марғзорони фарохи водӣ чашм дӯхт. Шунида буд, ки дар паси кӯли Шева сарзамини афсонавии Ҳиндустон сар мешавад, ки зимистон надорад. Дар дилаш хоҳише пайдо шуд, ки ин корвони бадбахтонро дар ҳамин ҷо раҳо кунаду ба Ҳиндустон гурезад. Аммо афсӯс, сад афсӯс, ин фикр ботил асту иҷро нашуданӣ. Муҳаббатхон аҳли хонаводаашро сари чанд тир мекунад! Чархи фалакро бибин чи қудрате дорад: Исҳок бо ду дасти адаб хешу таборашро ба Файзобод бурда мефурӯшад!
Магар инсон аз ин номардтар буда метавонад? Нафурӯшад, чӣ? Аз ин андеша дили оқсақол боз сих зад. Ҳис кард, ки дасти чапаш аз сари шона то оринҷ карахт шудааст. Нимхез шуда, дар ҷояш нишасту бозуяшро молида-молида, ин фикри тоза ба сараш омадаро дар хаёлаш паҳлугардон кард.
Исҳоқ ба чунин хулоса омад, ки асиронро ба Файзобод расонда, озод мекунад. Барои он ки Муҳаббатхон ба хонаводааш зарар нарасонад, ба Ҷаҳонгир қосид мефиристад, ки онҳоро зери ҳимояи худ бигирад ё ба назди ӯ ба Файзобод фиристад. Охир, қариб ҳамаашон хешу ақрабои ӯву Ҷаҳонгиранд.
Дар дунё аз одам ё номи нек боқӣ мемонад ё бад. Беҳтар он ки ба некӣ номат баранд!
Сабзқадам омад ва сулфиду Исҳоқро аз баҳри андешаҳо ба соҳили воқеият кашид.
– Писарҷон, дастамро молиш деҳ, – хоҳиш кард оқсақол, – чунон вазнин шудаст, ки гӯё аз худам набошад.
Сабзқадам ба хору моли дӯшу дастони Исҳоқ шурӯъ кард.
Падари ин ҷавон аз гирудори ногаҳони навкарони шоҳ дар куҷое пинҳон шуду писараш ба банд афтид.
– Падарат ба ту зан доданӣ буд, чӣ шуд? – пурсид Исҳоқ.
– Ҳамин ҳафта бояд арӯсӣ мекардам, – ҷавоб дод ҷавон, – лекин… насиб набудааст.
Аз ин гапи ҷавон нафаси оқсақол танг гардид. Ишора кард, ки ҷавон аз молиш бозистад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё