Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар Хуршедшо бо сар задани нахустин анвори хуршед ба ҷанги девонбегӣ баромад. Дашти санглохи даромадгоҳи Нимдеҳ ба макони муҳориба табдил ёфт.

Қозӣ навкареро пиёда ба майдон фиристод. Ба муқобили ӯ ҷавонмарди ҳузарбе майдон гирифт. Ҳарифон то чоштгоҳ занозан карданд. Ниҳоят навкар ҳамоварди худро бо зарби шоф аз по даровард ва худ ҳам аз хастагӣ поҳояшро базӯр кашола карда, ба урдугоҳ баргашт. Сарчашмаиҳо ҷанговари нимзиндаи худро ба ақибгоҳ бурданд. Марди дигаре ба майдон даромад ва ҳариф хост. Вале Қозӣ ба баҳонаи гарм шудани ҳаво фарёд кашид, ки муҳорибаро баъди пешин давом медиҳанд.

Хуршедшо ҳам он марди ҷангталабро аз майдон бозхонд.

Пас аз пешин Қозӣ худаш пиёда ба майдон даромад ва бонг зад:

– Эй Хуршедак, вақти он расид, ки худат ба ҷанги ман бароӣ, то бидонӣ, ки ба муқобили шоҳ шамшер гирифтан чи ҷазое дорад!

Хуршедшо ҳам шоф сари китф ба истиқболи амакаш рафт ва дар рӯбарӯяш истод. Қозӣ теғ аз ғилоф баркашид ва гуфт:

– Бодиққат гӯш кун. Агар хоҳем, ки халқамонро аз ин аждаҳои одамхор наҷот бидиҳем, ман бояд туро баста, ба қалъа барам. Натарс, ба ҷонат хатаре нест. Туро, ки гирифтам, ба одамонат амр кун, ки гурезанд. Мард бош!

– Ман ба гапат бовар надорам, – эътироз кард Хуршедшо, – ин корат фиребе беш нест.

– Э бача, агар ман шикасти шуморо мехостам, дар рӯзи аввал барои маслиҳат намеомадам ва ин корро мекардам. Гумон накун, ки кордори дарбор шуда, аз хешу ақрабои худ рӯй гардондаам. Ман ҳамон амакат ки будам, ҳастам. Ба гапи ман кор кун, набошад, шоҳ аз ман дар гумон меафтад. Он гоҳ ҳам сари ман барбод мераваду ҳам сари шумо.

Оҳанги гапзании Қозӣ тавре буд, ки дар дили Хуршедшо дигар шакку гумоне намонд. Вай сар ҷунбонду шофашро ба кор андохт. Амаку ҷиян гоҳе шамшер мезаданду гоҳе мушту лагад. Ҷанги онҳо дер гоҳ давом кард. Сипоҳиёни ҳар ду ҷониб дилтангу афсурда шуданд. Банохост Қозӣ Хуршедшоро сари дӯш бардошту ба замин зад ва аз гиребонаш дошта, ба по рост кард. Хуршедшо, ҳар чи қувват дошт, фарёд кашид:

– Гурезед, ки ҳамаатонро мекушанд!

Қозӣ ҳам дод зад:

– Ҷаҳонгир дар Баҳшор кушта шуд. Шоҳ бо лашкари калон ба ин ҷо меояд. Гурезед, ки хонахез кушта мешавед.

Ин сухан кор дод. Шӯришгарон аз дастгир шудани сипаҳдор ба воҳима афтода, рӯ ба деҳ оварданд. Қозӣ дастони Хуршедшоро баста, ба лашкаргоҳ овард ва фармон дод, ки ба Саройи санг баргарданд. Ӯ ба гардани ҷиянаш каманд андохта, ба қоши зин баст ва ба асп нишасту пеш-пеши сипоҳ ба роҳ даромад. Шаб ним шуда буд, ки бе ҳеҷ монеа ба кӯшк расиданд.

Посбонон аз болохона овоз бароварданд, ки «наздик наоед, мепарронем».

Қозӣ бонг зад:

– Ман девонбегиам. Аз ҷанг баргаштам. Ба шоҳ хабар диҳед, ки душманро саркӯб кардам ва саркардаи шӯришро асир овардам. Пас аз муддате дарвозаро кушоданд ва Қозӣ бо асиру сипоҳаш ба кӯшк ворид шуд. Муҳаббатхон Қозиро дар назди дарвоза пешвоз гирифт. Шаб ним шуда бошад ҳам, шоҳ либоси ҷангӣ дар бар дошт ва дар равшании моҳи шомхӯрда пурсалобаттар метофт.

– Боракаллоҳ, Қозӣ! – нидои хурсандонаи Муҳаббатхон аз табъи болидаи ӯ дарак медод. – Ғалаба муборак!

– Худо муборак! – дасти ба ӯ дарозкардаи шоҳро фишурда, посух дод девонбегӣ. – Теғат бурро, душманат ҳамеша зери по бошад.

Муҳаббатхон Қозиро дар канор гирифту ҳолпурсӣ кард.

– Касе ба давлати мо кӯрнамакӣ кард, ба молики дӯзах супурда шуд, – суханашро давом дод Муҳаббатхон. – Аз Ҷаҳонгири худпарасти бадзот ҳам халос шудем.

– Шукри Худо, аҳсан, шоҳам, – хушгапӣ кард Қозӣ, – ин ҳама ба туфайли ситораи иқболи туст, набошад, ҳеҷ кас дар ёд надорад, ки Ҷаҳонгир дар майдон муште хӯрда бошад.

Хуршедшоро ба маҳбас бурданду навкарон ба сарбозхона рафтанд. Қозӣ ва Муҳаббатхон то субҳи козиб дар саҳни кӯшк дар ҳавои серуни шаб гардиш ва суҳбат карданд. Шоҳ нақшаи несту нобуд кардани душманонашро батафсил ба девонбегӣ нақл кард. Девонбегӣ дар таърифи шоҳ сухани бисёр гуфт, вале хаёлаш ба он банд буд, ки бо кадом роҳ ӯро бикушаду қасоси қавмашро бигирад.

– Каме роҳат кун, – гуфт шоҳ пеш аз он ки ба шабистон равад, – ва панҷоҳ навкарро бигиру ба Сарчашма баргард. Ду рӯз дар он ҷо бош, халқро ором кун, баъд биё. Онҳоеро, ки муқобилат мекунанд, бикуш, ё асир гирифта биёр. Дастонам мехоранд.

– Албатта, шоҳам, – бо мамнуният сар ҷунбонд Қозӣ, зеро худ ҳам ба баҳонаи пирӯзии пурра бар шӯришгарон ду рӯзи дигар дар Сарчашма истоданро илтимос кардан мехост. Барои он ки ба Сарчашма дилкашол набудани худро ба шоҳ маълум насозад, гуфт: – Вале бисёр мехостам, ки Баҳрпанҷаро аз баҳшориён холӣ кунам.

Шоҳ хоҳишашро рад кард:

– Ин корро, албатта, мекунем. Дар Баҳшор халқи қиёмат ҷамъ шудаст, пароканда шаванд, баъд...

Шоҳ ба ҷойи хатми сухан, панҷаашро ба шакли шоф ба гарданаш бурд. Қозӣ нешханде заду сар ҷунбонд ва гуфт:

– Албатта, гардан мезанем, – ва пурсид: – Шоҳам, бо ин асири нав чӣ кор кунам?

– Чанд ҳамроҳи дигараш биёр, баъд модар набинад дарди фарзандро1. Вақте ки ин хел муртадҳоро бо дасти худам бӯғӣ мекунам, ҷонам ором мегирад.

Аз рӯзе, ки хунёгари солхӯрда аз қалъаи Вомар бо зани ҷавон баргашт, хонааш гӯё ба мазор табдил ёфт. Аз он на садои дилнавози ғижак меояду на овози форами сурудхонӣ. То маҳбус шуданаш Шодаврони яккаву танҳо шӯхӣ мекард, суруд мехонд, арғушт мерафт, маъракаҳои хурсандии мардумро ба ид табдил медод. Дар кадом суре иштирок кунад, кӯву барзан аз тамошобин пур мегашт. Овози хушу шодибарангезаш шунавандаро ба ваҷд меовард. Ғижакаш нозуктарину бориктарин торҳои дилро ба ҷунбиш меовард, рӯҳро менавохт, ҷонро ваҷд мебахшид. Рӯзе набуд, ки дар хонааш базм барпо нашавад. На зан дошт, на фарзанд, вале намедонист, ки танҳоӣ чист. Эҳтиромаш чунон зиёд буд, ки ҳатто косаи хӯрокашро намешуст. Ҳамсояҳояш, чи хешу чи бегона, хонаву ҳавлиашро мерӯфтанд, кишташро об медоданд, меваашро мечиданд, ғаллаашро даравида мекӯфтанд, бому деворашро ҳар сол андова мекарданд. Ӯ ба одамон ҳунари худододашро тақдим мена1. Ибораи рехта ба маънои ҷазои сахт додани касе. муд, онҳо дар иваз барояш як навъ зиндагии борифоҳ муҳайё карда буданд.

Ҳоло чӣ? Ба қавле, дар хонаш бум ҳам бонг намезанад. Шодаврон дигар намехонад. Ангор зани ҷавон ӯро қасам додааст, ки аз баҳри суруду рақс гузарад. Вақте аз маҳбас зандор шуда баргашт, ҳатто раво надонист, ки наздиктарин ҳамсояҳоро даъват карда, ноне диҳад.

Шодаврони маъракадӯсту маъракаоро одамгурезу дарундор шуд. Занаш ҳам қариб ба кӯча намебаромад. Ҳамсояҳо низ пойи рафторро аз хонаи Шодаврон канданд. Онҳо намедонистанд, ки бо ҳофизи маҳбубашон чи мегузарад. Аз шикастахотирии ӯ ба ташвиш омада буданд, аммо чи карданро намедонистанд. Барои он ки ба дили Шодаврон роҳ ёбанд, аз сардори табақ1 маслиҳат пурсиданд. Вай, ки марди рӯзгордидаву хирадманд буд, чунин маслиҳат дод:

– Созандаи мо дучори кадом ғами гарон шудааст. Ӯро ба ҳоли худаш гузоред. На ӯро, на занашро такпурсӣ накунед.

Дуди хонаро равзан медонад. Шодаврон дар ҳақиқат андӯҳи бузург дошт. Ҳамсояҳо аз куҷо медонистанд, ки гоҳу ногоҳ ҷосусе шабона аз дарбор омада, ба хонааш медаромад ва месанҷид, ки зану шӯй дар як бистар хобанд ё ҷудо. Ҳатто вақт ба вақт аз равзан ҳам шабона ҳамбистар будан ё набудани онҳоро назорат мекунанд.

Соҳиби зани ҷавон шудан кори зишт ба шумор наояд ҳам, Шодаврон сахт ғусса мехӯрд. Виҷдонаш азоб мекашид. Худро куҳрии даргоҳи Худову халқ, радди ҳама гуна маърака мешумурд. Вақте ки бо амри Муҳаббатхон Беҷодамои чиҳил сол аз ӯ ҷавонтарро барояш никоҳ карданд, аз ғояти шармандагӣ қариб ҷонаш мебаромад. Субҳе, ки ҳамроҳи арӯс ба хона омад, рӯяш ба мисли лахча месӯхт. Метарсид, ки мабодо ҳамсояе онҳоро бинад. Хайрият бо касе вонахӯрд. Мардум аз дасти бедоди навка1. Табақ – иттиҳоди чанд хонавода барои гузарондани маъракаҳои тӯйу азо рони Муҳаббатхон ба ҳар кӯҳу санг гурехта буд. Ба хонаи ҳашт моҳ боз маҳкамаш даромаду андаке ба худ омад. Ба духтар ишора кард, ки бар пӯстаки чаҳлак бишинад. Духтар нишаст ва сар ба зер афканду рӯйи худро бо рӯймол пӯшонд. Шодаврон ба либоси тозаву озодааш, ки дар ҳарамсарой ба ӯ лоиқ дониста буданд, ба андоми зебову қади расои ӯ назар карду гуфт:

– Духтарам, иншоллоҳ, аз чанги ин золимон халос хӯрдем…

Бо шунидани калимаи «духтарам» банди дили Беҷодамо ларзид, нафас дар гулуяш раҳгум зад. Ӯ ҳеҷ гумон надошт нахустин гапе, ки аз забони шавҳараш мешунавад, «духтарам» бошад. Лолу ҳайрон рӯяшро нимво кард ва ба мӯйсафед нигарист. Шодаврон ба гапаш давом дод:

– Ту ҳар кас, ки бошӣ, хеле иқбол кардӣ, ки аз чанги ин гургон бе осеб раҳо гаштӣ. Лекин дониста бош, ки акнун духтари қиёматии ман ҳастӣ. Ман фарзанд надорам. Худованди бузург ба чунин васила раво донист, ки духтардор шавам. Дар дарбор метавонистам, ки гарданшах шуда, никоҳашонро рад кунам, лекин туро дида, зоҳиран розӣ шудам. Агар чунин намекардам, ин золими кофархӯй маро мекушту ба сари ту, намедонам, чи балое меовард.

Шодаврон ришашро асабиёна чанд бор кашид, гӯё мехост онро биканад. Чанд қатра ашк аз чашмонаш ҷӯш зада, ба рухсори пуроҷангаш шорид. Беҷодамо намедонист чи гӯяд.

Чеҳраи мӯйсафед дар назараш якбора нуронӣ тофт. Гӯё офтоб аз паси абрҳои захими сиёҳ баромаду рӯйи ӯро мунаввар сохт.

Лаҳзаи дигар духтар нохудогоҳ аз ҷо барҷаст, ба гардани Шодаврон овехт ва ҳунгосзанон домани гиряро сар дод:

– Ҳо, падар, падарҷон, чи инсони неку наҷибе ҳастӣ… Ман медонистам, ки ту марди худотарсу покизаӣ… Ҳой, падари азизам, ман туро дубора ёфтам… Бале, одами обрӯманд беобрӯӣ карда наметавонад…

Духтар сар ба синаи Шодаврон ниҳод ва гиристу гирист. То охирин қатра оби дидаашро ба риши паҳну парешони Шодаврон рехт. Шодаврон ҳам хомӯш ашк мерехту сари Беҷодамои шӯрбахтро силаву навозиш мекард.

Ҳамин тавр, зиндагии духӯраи Шодаврону Беҷодамо оғоз ёфт. Аз тарси ҷосусони шоҳ зери як бом буданд, вале дар муддати шаш сол падару духтар боқӣ монданд. Шодаврон волидайни Беҷодаморо хеле хуб мешинохт, дар намозаш ба онҳо дуо мекард ва аз Худованд барои ин «рӯсиёҳии охири умраш» омурзиш металабид.

Беҷодамо, ки устухонаш дар молдорӣ шах шуда буд, аз хешу табораш дар рӯзҳои килоғузғуз1 яктоӣ бузу гӯсфанд ва ҳатто ғуноҷин талабида, дар муддати ду сол рӯзгорашро хеле обод намуд. Хонаи падарии худро ҳам аз ёд набаровард. Ҳар моҳ якду маротиба онро мерӯфт, аммо дилаш намекашид, ки шаберо дар дохилаш рӯз кунад. Хотираҳои мағшуш дилашро тала мекарданд. Синааш моломоли ғуссаи дарди ятимӣ ва фироқи бародараш Камонгиру ошиқи содиқаш Доробшо мегардид.

Духтар номи Доробшоро дар назди падархондаш ба забон намеовард. Борҳо аз ӯ савол карданӣ буд, ки дар маҳбас бо Дороб ном ҷавон дучор омадааст ё не. Аммо шарму ҳаё ҳар бор ӯро аз сари забон овардани ин савол бозмедошт. Моҳҳову солҳо гузаштанд, Беҷодамои ҳаждаҳсола ба бисту чаҳор қадам гузошт. Вале меҳри Доробшову орзуи расидан ба дидори ӯ соате ҳам дилашро тарк намекард.

Вомари валангору аз аҳолӣ қариб тиҳигашта батадриҷ боз ободу серодам шуд. Муҳаббатхон ҳокимиятро ба даст оварда, муддате дар Рӯшон истод. Корро мувофиқи табъи дили худ ба роҳ монду писараш Мавҷудхонро ҳоким таъйин карда, худ ба Шуғнон рафт. Таъқибу фишор се соли расо давом кард ва дар соли чаҳорум андаке суст шуд. Мардуми фирорӣ ба хонаҳои худ баргаштанд, вале аз Доробшою Камонгир дараке набуд.

Шодаврон ба Беҷодамо мегуфт, ки то Муҳаббатхон дар сари тахт аст, Камонгир барнамегардад.

– Муҳаббатхон кай аз подшоҳӣ меравад? – пурсид рӯзе Беҷодамо.

Шодаврон хандае карду ҷавоб дод:

– Духтарам, то Худо нагирадаш, аз ӯ халосӣ нест.

– Худо кай мегирадаш? – пурсид дилтангона духтар.

– Рӯзе, ки дар хонаи халқ сур мешавад, – ҷавоб дод мӯйсафед.

Аҳолӣ афзуд. Беҷодамо ҳам ба кӯча камтар мебаромад. Ӯ аз саволҳои мардум метарсид:

– Шавҳарат чӣ хел?

– Барои чӣ шӯятро дар сурҳо намебинем?

– Шавҳарат чанд сол аз ту калон?

– Ин қадар сол ақаллан як бача назоидӣ?

Ва монанди инҳо.

На Беҷодамо, на Шодаврон гуфта наметавонистанд, ки онҳо на зану шавҳар, балки духтару падаранд. Гоҳе ба ҳоли худ мегиристанд, гоҳе механдиданд. Аммо Шодаврон мегуфт:

– Рӯзе мерасад, ки халқ кӣ будани моро медонад, духтарам.

Маъюс нашав, то туро ба шавҳар дода, дар сурат ашӯла нахонам, дунёро тарк намекунам. Мо назди Худои таоло ва Мавлои замон ростем. Одами рост ҳама вақт растагор аст.

Шодаврон дар назди Беҷодамо ошкор накунад ҳам, дарун-дарун ғусса мехӯрд. Аз баҳри маъракаҳои хурсандӣ билкул гузашт. Танҳо ба маросимҳои азо мерафт. Ғижакашро ба рубоб иваз кард ва бо он мадҳияву наът месуруд. Дар дили шабҳо бармехост, таҳорат мекард ва рубоб мегирифту нохун мезад. Сарахбори мадҳияро бо рубоии ҳазине шурӯъ мекард.

Баъд бо овози ширину беғубораш ба ситоиши Худову расул мегузашт. Мехонду донаҳои сиришк аз дидагонаш чун зарраҳои симоб ҷӯш зада, ба рухсораҳояш медавиданд. Вақте ба оҳанги дилошӯби «Ҳайдарӣ» мерасид, чашмони масташро пӯшида, мустағриқи олами руъё мегардид. Месуруду аз зери ангуштонаш навоҳои туғёнӣ пар мекушуданд ва фазоро гирд гашта, ба қалби Беҷодамо менишастанд. Навоҳои малакутӣ Беҷодаморо аз олами хоб ба дунёи бедорӣ мекашиданд. Бо лаззати онҳо чашм мекушод ва зери лаб ба падархонди азизаш ҳамовоз мегашт.

Онҳо ҳар рӯз субҳгоҳонро ҳамин тавр пешвоз мегирифтанд.

Беҷодамо дар ин муддат тамоми ашъореро, ки Шодаврон месуруд, азбар кард. Гоҳу ногоҳ андармони ягон кор беихтиёр пораеро аз ягон мадҳия замзама мекард. Рӯзҳое ҳам дар набудани Шодаврон рубоб гирифта, дар тақлид ба ӯ оҳангеро навохтанӣ мешуд. Аввал ноуҳдабаро захма мезад, баъдҳо ангуштонаш ба пардаҳо ошно шуданд ва духтар навохтани оҳанги мураттабро ёд гирифт.

Рӯзе Шодаврон ба хона даромаду Беҷодаморо машғули машқи навозиш ёфт. Духтар ӯро дида, аз шарм суп-сурх шуду рубобро як сӯй гузошт. Шодаврон даме ҳайратзада дар сари ӯ истод, сонӣ рубобро ба дасташ доду гуфт:

– Канӣ навоз, духтарам, дар ҷонат садқа.

– Наметавонам, – сар хам карда гуфт Беҷодамо.

– Тавонистӣ ку, ман шунидам, – исрор кард Шодаврон, – навоз.

– Шарманда шудам, падар, – арақи пешониашро бо нӯги рӯсарӣ пок кард духтар.

– Навохтан чӣ айб дорад? Илтимос, бинавоз.

Духтар гапи падархондашро нашикасту оҳанги сабуки «Раҳпой»-ро навохт. Мӯйсафед ҳайрон ба ӯ нигоҳ мекард.

– Хеле хуб, духтарам, офарин, – хурсандона каф ба ҳам зад Шодаврон.

Дар рагу пайи мӯйсафед гӯё шарори ҷавонӣ афтода бошад, чеҳрааш шукуфту қоматаш рост шуд. Ангор кӯзаи пури зар ёфта бошад, хушбахтона нидо кард:

– Чи бахти бузургу иқболи баланд! Як умр орзу мекардам, ки писаре дошта бошаму ҳунарамро ба ӯ омӯзам. Худованд маро тавфиқ надод. Акнун аз даричаи дигар ба ман назар кард. Туро ба ман расонд. Шукр, ҳазор бор шукр.

– Охир ман духтарворисам, падар. Мегӯянд, ки суруду рақс кори занон нест.

Шодаврон бо меҳри бепоён ба Беҷодамо нигаристу гуфт:

– Моро ба ин гапҳо чӣ муносибате? «Ба гапи мардум гӯш, ба дили худ кор» гуфтаанд. Бинавоз, бисарой, духтарҷон, инро ман – падарат ба ту мегӯям!

Беҷодамо рубобро ҷӯр карду ба оҳанги «Даргилик» ин абётро хонд:

Духтар месуруду чашмонаш нам мезаданд. Гоҳе овозаш меларзид. Шодаврон гӯш дода, дилаш гоҳ ғунча мешуду гоҳ шукуфа. Ӯ дарди носуреро дар хониши Беҷодамо эҳсос кард.

Медонист, ки аз овози хушу навозиши хуб шунаванда, албатта, мафтун мешавад. Вале чизе, ки шунавандаро ба ваҷд меоварад, дарди ниҳони гӯянда аст. Шодаврон андешид, ки духтар дарди ҷудоии бародари азизашро менолад. Ӯ намедонист, ки Беҷода ба ҷуз дарди фироқи бародар дарди ҷигарсӯзи дигар ҳам дорад.

Духтар сурудро фароварду рубобро рӯйи зонувонаш гузошт. Чашмонаш моломоли ашк имдодталабона ба падархондаш дӯхта шуданд. Шодаврон сари ӯро ба канор гирифту аз пешониаш бӯсид ва гуфт:

– Олиҷаноб, духтарам, хеле олӣ! Шаш сол бо ҳамему ман акнун аз ҳунарат бохабар шудам-а?! Чи инсони сангдиле ҳастам, Худоё! Вой бар ман, бади дунё ба сарам!

Духтар аз баҳои падархонд ба ҳунараш чунон шод гашт, ки дасташро бӯсид. Ҳеҷ бовар надошт, ки аз созандаву навозандаи номии Рӯшонзамин чунин баҳои баланд мегирад.

– Ман ягон ҳунар-пунар надоштам. Ба туфайли ту ёд гирифтам, пидҷон, – гуфт Беҷодамо.

Шодаврон рубобро се бор болои сари Беҷодамо давр гардонда, ба дасташ доду гуфт:

– Худованд чизе аз ҳунар ба ман ато карда буд, ба ту бахшидам. Рӯшон ватани суруду рақс аст, духтарам. Кеши мо кеши шодиву нишот овардан ба дилу манзили халқи Худост.

Ман дигар ормоне дар ин дунё надорам.

Духтар рубобро чун кӯдаки навзод ба сандуқи синааш пахш карду домани гиряро сар дод. Шодаврон ӯро танҳо гузошт.

Ҳамин тавр, дар соли шашуми ҳамхонагии маҷбурӣ Беҷодамо бо рағбати тамом ба созандагиву навозандагӣ даст зад. Шодаврон ба духтархондаш навохтани ғижак ва ҳатто тарзи сохтани зилро ҳам ёд дод. То расидани баҳор вай дар ҳунар тамомдаст шуд.

Рӯзе Шодаврон аз тоқ китобчаеро гирифта, варақгардон карду гуфт:

– Духтарам, чашмонам хира шудаанд, ҳарфҳоро базӯр фарқ мекунам.

Беҷодамо ба наздаш омад, диккак нишаст ва пурсид:

– Ман ба ту чӣ ёрдам карда метавонам, падар?

– Ҳоло ҳеҷ. Лекин дар оянда метавонӣ, агар хондану навиштанро ёд гирӣ.

Духтар аз ғояти фараҳ аз ҷояш парида хест.

пешина
аз 44
навбатӣ