«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Пас аз он ки Муҳаббатхон бародараш Юсуфалихонро ба фирор маҷбур месозад, Юсуфалихон мехоҳад модарандарашро бо худ ба Бадахшон барад, аммо Муҳаббатхон зид мебарояд. Ба ҳамин тариқ, Қурбонгули сиёҳтолеъ дар ҳарами писархонди худ мемонад.
Дили Беҷодамо чунон ба ҳоли ин зани тирарӯз сӯхт, ки азобҳои кашидаи худаш дар назди машаққатҳои ӯ ночиз намуданд. Ӯ ба ин зани парӣ барин сафедпӯсти хушандоми некдил, ки аз чиҳил сол зиёд надошт, нигоҳ мекарду ҳеҷ бовараш намеомад, ки зани подшоҳ низ ин қадар паршикаставу азияткашида мешуда бошад. Дар тасаввураш шоҳбону дар қасри боҳашамат зиндагӣ карда, даҳҳо ғулому каниз дорад. Ҳар рӯз базме меорояду муғанниён барояш суруд мехонанду раққосон дар чор тарафаш бо ҳазор усул арғушт мераванд. Афсӯс, зан, хоҳ зани шоҳ бошад, хоҳ зани гадо, дар ҳама ҳолу дар ҳама ҷо бадбахт мешудааст.
Ними шаб занмард омаду Беҷодаморо саросема ба ҳузури шоҳ бурд. Муҳаббатхон ба муносибати пирӯзии мутлақ бар бародараш базми омонкаф барпо карда буд. Толори бузурги қалъаро чандин чароғи пурсӯзи хушбӯй равшан месохт. Мансабдорони дарбор ва оқсақолони навамал дилхушӣ, созандаву навозандагони машҳури Рӯшон ҳунарнамоӣ доштанд. Бо амри меҳтари қалъа Шодаврони овозадорро ҳам шустушӯ дода, либоси тоза пӯшонда, ба маҷлис оварда буданд.
Шодаврон базмро чунон тафсонд, ки Муҳаббатхони сархуш ҳам ба рақс даромад ва амр дод, ки занону духтарони мансабдорони Юсуфалихонро ба мансабдорони тозатаъйин тақдим намоянд. Ва дар поёни базм ба Шодаврон рӯ оварда, гуфт:
– Мӯйсафед, аз ман ҳар чи мехоҳӣ, бихоҳ.
Шодаврон наздаш дузону зад ва гуфт:
– Шоҳам, маро аз зиндон озод кун. Дигар хоҳише надорам.
Муҳаббатхон сар пеш андохт, пешониаш чин зад.
– Хоҳишатро пазируфтам, – шоҳ нимғурма овоз баровард,
– вале ба як шарт. Медонам, ки падарам туро аз зани дӯстдоштаат бенасиб гардонд. Ман як духтари шоистаи рӯшониро никоҳи ту медарорам. Розиӣ?
Ин пешниҳоди ғайричашмдошт аҳли нишастро мутаҳаййир сохт. Шодаврон гаранг шуд. Хеле фикр кард ва ҷавоб дод:
– Шоҳам, ман ба чунин меҳрубонӣ сазовор нестам. Нафаси озод кашам, бароям давлати калон.
Муҳаббатхонро чунин посух писанд наомад. Аз чилимаш пайи ҳам ду қуллоби амиқ гирифта, норозиёна гуфт:
– Ҳар чи мерасад аз дӯст, накӯст. Магар маро дӯсти худ намешуморӣ? Ман духтареро, ки ҳатто ба доманаш даст нарасондаам, ба ту мебахшаму ту ба ҷойи он ки сар ба зонуям бисоӣ, нафаси озод мехоҳӣ?
Шодаврон фаҳмид, ки шоҳ бо ин «ҳадя» ё ӯ ё он духтарро ҷазо доданист, вале чун виҷдонаш намебардошт, ба оҳанги ҳарчи мулоимтар ҷавоб дод:
– Шоҳам, қариб чил сол танҳоям. Чи будани занро фаромӯш кардаам. Зани аввалину охиринам ҳамон буд, ки аз дасташ додам. Аз шаст гузаштам, дигар барои зан коромад ҳам нестам.
– Аҷаб мӯсафеди мазанг будаӣ, – шӯрид шоҳ. – «Гул ба пирон хуш аст» гуфтаанд. Ту некиро намедонӣ? Занро фаромӯш карда бошӣ, ба ёд меоварӣ!
Қаҳқаҳаи мастонаи аҳли базм баланд шуд. Шодаврон сар пеш андохту дигар чизе нагуфт. Шоҳ ба меҳтар ишора кард, ки духтарро ҳозир кунанд.
Занмард Беҷодаморо даруни маҷлисгоҳ тела дод. Меҳтар аз дасти духтар гирифта, ӯро миёни маърака бурд. Нигоҳҳои масту махмур аз чор тараф ба духтар ҳамла оварданд.
Шоҳ пурсид:
– Номат чист, духтар?
Беҷодамо ларзидаву тарсида номашро гуфт.
– Ту аз ҳамин соат эътиборан зани ана ҳамин ҳофизи номдор, яъне Шодаврон ҳастӣ. Фаҳмидӣ?
Духтар аз хиҷолату ҳайрат карахт шуд.
– Ризоияти духтарро намепурсанд. Шодаврон, аз фардо дер накарда, никоҳаш мекунӣ. Никоҳ, ки кардӣ, боз як шарт дорам: агар бо духтар хуфтухез накунӣ, сари ҳардуятонро аз тан ҷудо мекунам! – Ва фарёд кашид: – Ҳамаатон ба ин ҳарфам бодиққат гӯш диҳед: касе бо зане, ки ба ӯ медиҳам, хуфтухез накунад, каллаи ӯ ва занашро мебурам! Ҳар кӣ гапи маро нафаҳмида бошад, як қадам пеш гузорад.
Хомӯшии гарон толорро фаро гирифт. Шоҳ қадамзанон ҳозиронро як-як аз назар гузаронда, ҷониби дар ишора кард ва бонг зад:
– Акнун монед, ки каме истироҳат кунам.
Шодаврон ғижакро даруни ҷилд андохта, пеши Беҷодамо омад. Бедимоғу тирарӯ дасташ гирифта, ҷониби дар бурд.
Меҳтар дар дафтаре ёддошт мекарду ғуломон занони бахтбаргаштаро аз ҳарам бароварда, ба дасти шавҳарони навашон месупурданд. ДАР кӯчАИ ИшРАтӣ
Оби нарми рӯд пайкари Манзаршоро роҳат бахшид. Ӯ каллағӯта зада, то бунаш расиду чашмонашро боз кард. Рег, санг, лой, ҳатто моҳиҳо ҳам кабуд метофтанд. Дақиқае ба тамошои селаи моҳии даргурез истоду баъд ба боло шитофт. Сарашро таконду нафаси амиқе гирифт ва ҷониби соҳил дасту по зад.
Охири моҳи ахавҷен1 рӯзҳо он қадар гарм набошанд ҳам, сардии об шикаста буд. Оби дамидаи Кӯкча ҳанӯз тира наметофт.
Манзаршо дар лаби рӯд каме қавоид2 кард. Камонгир яктаҳу шалвори ӯро аз болои харсанг бардошта омад.
– Қубодхон ҳоло ҳам нест? – пурсид Манзаршо.
– Пайдо нест-ку, сойиб.
– Ахтахонаро тоза кардед?
– Панҷ нафарро ба ин кор муваккал кардам, дигарон либос мешӯянд.
– Дирӯз наомад, агар имрӯз ҳам наояд, аз шоҳ гап мешунавам, – гуфт бо ташвиш Манзаршо. – Чӣ кунем?
Камонгир пушти сар хорид. Манзаршо либос пӯшид, пойтобаҳояшро бодиққат печонда, мӯза ба по кард ва амр дод:
– Андувол, агар омадан мехост, ҳоло мерасид. «Ё хар ба пеши бор, ё бор ба пеши хар» гуфтаанд. Маҷбурем, ки мо ба суроғаш биравем.
Манзаршову Камонгир ба бошгоҳ рафтанд. Ин қалъаи куҳнаро шоҳи Файзобод Ҷаҳонгиршо ба ихтиёри сипоҳи Юсуфалихон гузошт. Он дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Файзобод воқеъ гашта, макони орому хилвате буд. Юсуфалихон ва аҳли хонаводаи ӯ дар маркази шаҳр дар кӯшки боҳашамате зиндагӣ мекарданд. Пас аз он ки Юсуфалихон дар Рӯшон аз бародараш Муҳаббатхон шикаст хӯрд ва дар қалъаи Вомар дар муҳосира монд, хоҳараш – зани шоҳи Файзобод аз кашмакашҳои нангини бародаронаш хабар ёфта, писараш Сулаймонро барои оштӣ додани онҳо ба Рӯшон фиристод. Вай, пас аз давуғеҷи зиёд байни тағоҳояш, Юсуфалихонро розӣ намуд, ки ба Файзобод кӯч бандад.
Манзаршо ба навкарон супоришҳо доду худ ҳамроҳи Камонгир савор шуда, ба суроғи Қубодхон рафтанд. Онҳо ба маркази шаҳр нарасида, ба тангкӯчаи серғавғои пур аз гадову қаландар даромаданд. Камонгир ҳайрон буд, ки барои чӣ сипаҳсолор шоҳзодаро дар маҳаллаи бенавоён меҷӯяд. Онҳо дар охири кӯча, ба чап тоб хӯрда, назди дарвозаи дуқабатаи сиёҳи баланде истоданд. Манзаршо занҷир ба дарвоза кӯфт. Ҷавонмарди қоқинаи кӯсае сар берун карду пурсид:
– Чӣ лозим доред?
– Ман сипаҳдори шоҳам, коко Ишратиро бигӯ зуд бадар ояд.
Ҷавон сар ҷунбонду ғайб зад. Манзаршо ва Камонгир пиёда шуданд.
– Ҳоло бо фосиқтарин мардуми Файзобод шинос мешавӣ,
– гуфт Манзаршо ва бо кароҳат ба девор туф кард.
Камонгир чизе нафаҳмид, аммо пурсиданро ҳам айб донист.
Базудӣ дар пушти дарвоза касе пайдо шуд ва овоз дод:
– Дароед.
Манзаршову Камонгир ба ҳавлӣ даромаданд. Марди хомфарбеҳи миёнақади ишкамкалон, ки ҷомаи кабуди гулдӯзӣ ва саллаи бунафши шалғамшакл ба сар дошт, онҳоро бо тавозӯъ пешвоз гирифт.
– Ҳоо, ассалом, бифармоед, қадаматон болои дида, тасаддуқ, банда навкари шумо.
Мардак даст дароз кард, вале Манзаршо даст надода, пурсид:
– Валиаҳд ҳамин ҷост?
– Бале, бале коко Манзар, сойиб шаб омада буд, истироҳат дорад.
Манзаршо рӯ турш кард ва омирона гуфт: – Бедораш кун, бигӯ зуд барояд.
Мард таъзимкунон қафонокӣ ба хона даромад.
– Ишратии базмиаш ҳамин лаънатист, – шарҳ дод Манзаршо, – сармоядори номдори Файзобод. Медонӣ, даромадаш аз куҷост?
Камонгир бо ишораи инкор сар ҷунбонд.
– Аз оворагардону гадоёни шаҳр ҳар рӯз андоз мегирад.
Ғайр аз ин, чанд фоҳишахона дорад. Занони бероҳа ва писарони лӯтиро ба хизмати лаънаткардагони Худо мегузорад.
Камонгир гиребон дошт. Ӯ дар ҳаёташ бори аввал мешунид, ки дар мамлакати мусулмонобод ба чунин амали нораво даст мезананд.
– Мир, мо киро интизорем? – пурсид Камонгир.
– Қубодхонро.
– Шоҳзода Қубодхонро? – ба гӯшаш бовар накарда, пурсид Камонгир.
– Бале, худи худаш. Чанд моҳ боз пинҳонӣ ба ин ҷо омада, айшу ишрат мекунад. Ду ҳафта қабл аз пасаш одам монда, ин сиррашро ошкор кардам. Ана ҳамин хел шоҳзода дорем!
Пас аз чоряк соати интизорӣ аввал Ишратӣ, аз пасаш Қубодхон аз хона бадар омаданд.
Манзаршову Камонгир ба шоҳзода салом доданд. Ӯ хоболуду рангпарида метофт. Дасти Манзаршоро пас аз вохӯрдӣ дар дасташ нигоҳ дошту узрхоҳона гуфт:
– Ҳа…, ҳа…, хеле инсони хубестӣ, Манзар, бародарам астӣ…
Ростӣ, ту набошӣ, ба ман касе намерасад…– ва амр кард, –Ишратӣ, аспамро биёр.
Ишратӣ «ба чашм!» гуфта, ба саисхона давид.
Манзаршо ба Қубодхон гуфт:
– Ростӣ, ин корат ба ман намефорад, шоҳзода. Ягон рӯз балое ба сарат ояд, ба шоҳ чӣ ҷавоб медиҳам?
– Ягон хел ҷавоб надеҳ, – посух дод Қубодхон ва Камонгир маст будани шоҳзодаро акнун дарк кард, – ҷавоб… ман медиҳам. Ба ростӣ, ту инсони хубестӣ, Манзар, лекин, охир… ба ғайр аз ҷангу ҷанҷол … ин ҳам даркор. – Шоҳзода хандаи пасте кард ва Камонгирро нишон дода, пурсид: – Ин кист?
– Ин даҳаи ман – Камонгири вомарӣ. Парво накун, ҷавонмарди зинҳордор аст.
Қубодхон сарашро номафҳум ҷунбонду гуфт:
– Хай, худат беҳтар медонӣ, бо оташ фақат оташхорон бозӣ карда метавонанд. Мутмаин бошад, хеле … хуб…
Ишратӣ аспи Қубодхонро овард. Манзаршо аввал Қубодхонро савор кард ва чун бовар ҳосил намуд, ки шоҳбача рӯйи зин устувор аст, худ низ савор шуду пеш-пеши Қубодхон ба роҳ даромад. Камонгир аз қафои онҳо асп ронд.
Манзаршоро рафтори сабукмағзонаи шоҳзода мушавваш сохта буд. Юсуфалихон аз байни писаронаш маҳз Қубодхонро валиаҳди худ дидан мехоҳад, аммо ӯ ба ҷойи машқи майдондориву фармонравоӣ ба айшу ишрат рӯ овардааст.
«Бо ин хел валиаҳд тақдири Шуғнон чӣ мешуда бошад? – савол медод ба худ Манзаршо, – барои мо шоҳе лозим, ки дар андешаи фуқаро бошад, на дар пайи ҳавову ҳавас».
Вақте ба бошгоҳ расиданд, хуршед ба қиём омада буд.
Шоҳзода хӯрок хост. Манзаршо бо ӯ сари дасторхон нишаст.
Қубодхон бо иштиҳо ба хӯрдани барракабоб ва кабкшӯрбо даст зад. Манзаршо даҳон ба насиҳат кушодан хост, вале чашмони хумори шоҳзода ӯро аз раъяш баргардонданд.
Қубодхон понздаҳ сол дошт. Ҷавоне буд баландқомат, тангчашм, гандумгун, пастпешонӣ, кӯтоҳабрӯ. Бинии баланду лабони нозук ба манаҳи паҳну даҳони калонаш номутаносиб афтода буданд. Мӯйи сар наметарошид, вақте аз китфонаш мегузашт, мебурид; дар чеҳрааш ҳанўз осоре аз риш надошт.
Манзаршо дар вуҷуди Қубодхон салобати мардонагӣ намедид. Аз ин рӯ, дилтанг мешуд. Дар кунҷи дилаш аз шоҳи
Шуғнон шудани чунин шахс ор мекард. Вале чӣ илоҷ? Раъйи Юсуфалихонро касе дигар карда наметавонист. Қубодхон номи бобои шоҳро дошту шоҳ бисёр мехост, ки ҳамноми бобояш пас аз ӯ фармонфармои Шуғнон бошад.
Пас аз сарфи таом шоҳзода гуфт:
– Мир, медонам дилат ба машқу қавоид кашол аст, лекин ман заррае майл надорам. Дар қоши зинам даруни халта шароб дорам. Дилам рафъи хумор мехоҳад.
Шоҳзода борҳо дар назди ӯ шароб хӯрда бошад ҳам, Манзаршо хост аз ин нияташ боздорад.
– Дӯстам, ту ба ҷони ҷавонат ин қадар ҷабр мекунӣ. Фардо шоҳ ҳунаратро бисанҷад, ман чӣ ҷавоб медиҳам? – пурсид Манзаршо.
Шоҳзода, ба лӯлаболишт такя карда, пӯзханде зад ва посух дод:
– Мир, бобокалонам паҳлавон Ҷаҳонгир дошт, ҳамномам –
Маҳмадазим. Падарам Манзаршо дорад, сипаҳсолори ман ҳам ту хоҳӣ буд. Тамом? Тамом, вассалом! Ё ту бо ман нестӣ?
Манзаршо донист, ки баҳс суде надорад, гардан фаровард.
– Албатта, шоҳам, албатта, – гуфт Манзаршо ва бархосту барои овардани шароб ба ахтахона рафт. Вақте баргашт, Қубодхон дар ҷойи нишасташ хуррок мекашид. Манзаршо кӯзачаи шаробро ба дасторхон гузошту худ берун баромад. Гапи охирини шоҳзода сипаҳсолорро мушавваш сохт. Дилаш ба ёди
Рӯшони азизаш, ба ёди Бибианори дилбандаш, ба ёди Меҳтаршои нозанинаш гум зад. Ӯ камарбандашро таранг кашид, дастаи шамшерашро палмосид ва нимшунаво гуфт:
– Рӯзи қасос ҳам мерасад. Касе амон нахоҳад ёфт: на Муҳаббатхон, на Булато, на каси дигар! Ниёиши ПАҳлавОНИ ПИР
Бобову набера ба деҳа надаромада, чор навкари савораро диданд, ки аз боғи калон гузашта, ҷониби хонаи Мазҳабшо ба баландӣ мебароянд. Аз хона садои гиряву зорӣ ба фалак мепечид. Ҷаҳонгир лаҷоми аспро ба ҳамон сӯ тоб дод ва маҳмез зад. Мирзоазиз аз қафои бобояш давида, пеш аз вай ба хонаи
Мазҳабшо расид. Манзарае, ки дар саҳни ҳавлии Мазҳабшо дид, ниҳоят ваҳшатнок буд. Дар рӯйи замин ду ҷасад бо кафанҳои хунолуд мехобиданд. Навкарон ба аҳли оилаи Мазҳабшо дарафтода, онҳоро бо худ бурданӣ буданд. Мардум чӣ кор карданашро намедонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё